Дар замони пешрафти босуръати илму техника расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод ба омӯзиши техникаю технологияи навин вобаста мебошад. Роҳи асосии расидан ба ин ҳадаф аз таълиму тарбияи босифати хонандагон ва маҳорати касбии омӯзгорон вобаста аст. Муваффақияти мактаб бештар аз он вобаста аст, ки онро кӣ ва дар кадом сатҳ идора мекунад. Нақши директори мактаб дар идораи он, махсусан, муҳим мебошад, нуфуз ва маҳорате, ки директори мактаб дорад, барои эътирофи таълимгоҳ муҳим аст.
Волидон, пеш аз ҳама, мактаберо интихоб мекунанд, ки ба талаботи онҳо, ниёзҳои фарзандонашон ҷавобгӯ бошад. Директор бояд на танҳо кадрҳоро дуруст интихоб карда тавонаду фаъолияти таълимии мактабро муназзам ба роҳ монад, балки онро ба таври самарабахш анҷом диҳад. Аз ин рӯ, ҳамарӯза ӯ қарорҳои муҳимми идоракунӣ қабул мекунад: аз ёфтани роҳҳои пурсамари таълиму тарбия то баланд бардоштани сифати таълим.
Ба гуфтаи Н.Н. Прянишникова “… директори мактаб будан нисбат ба роҳбари ширкати тиҷоратии муосир будан хеле мушкилтар аст: захираҳои камтар ва вазифаҳои бештар.” К.М. Ушаков далел меорад, ки “яке аз вазифаҳои асосии директор таҳияи рисолати ташкилот ва онро ба кори шахсии ҳама табдил додан аст, кори муаллимӣ бидуни дарки рисолат имконнопазир аст.”
Талаботи муосир барои таълим мавқеи роҳбари мактабро ҳамчун менеҷер тағйир медиҳад. Акнун ба шумо дониши менеҷменти молиявӣ ва иқтисодиёти мактаб лозим аст. Барои ин шумо бояд тафаккури стратегӣ дошта бошед, инчунин, раванди таълимро хуб донед. Омӯзиши ин хусусият сифати таълимро баланд мебардорад, ки ин вазифаи асосии мактаби муосир мебошад.
Барои рушди фаъолияти инноватсионӣ дар мактаб азхудкунии таълими босалоҳият ва маҳорати технологияҳои нав зарур аст. Роҳбари мактаби муосир масъалаи вазифаи асосӣ — таъмини хусусияти пешгӯии таълимро ҳал мекунад: вазифаҳоеро ба миён гузоштан лозим аст, ки имрӯз муҳиманд ва фардо боз ҳам муҳимтар хоҳанд шуд ва аз ҳама асоситар, роҳҳои ҳалли онҳоро ёфта тавонистан аст.
Фаъолияти роҳбарияти мактаб на танҳо барои идоракунии самараноки кадрҳо, ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо дар самти ноил шудан ба ҳадафҳо, вазифаҳо, қарорҳои қабулшуда, инчунин, барои ташкили назорат ва таҳлили иҷрои супоришҳо зарур аст. Дар шароити тағйироти босуръат амалишаванда дар соҳаи маориф моҳият ва заминаҳои меъёрӣ, тағйирот дар заминаи қонунгузории танзимро хуб донистан лозим аст. Тақдири таҳсилоти Тоҷикистон ва дар ниҳояти кор, ояндаи Тоҷикистон аз қобилияти қабул ва татбиқи ғояҳои асосии навсозӣ дар таълимгоҳҳо вобаста аст.
Директор ҳайати омӯзгорону хонандагон ва масъулиятмандии волидонро идора мекунад. Барои ин ӯ бояд муаллим ва ташкилотчӣ бошад, дониши ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дошта бошад. Вай бояд дар бораи тақвияти нақши муаллим дар дастаи худ ғамхорӣ кунад, ба такмили ихтисоси муаллимон кумак расонад, барои инкишофи қобилияти эҷодии онҳо шароит фароҳам оварад. Барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълим дар мактаб, ба ӯ дониши васеи педагогиву психологӣ ва техникии гуногун лозим аст. Инчунин, ҳар як роҳбар бояд дорои сифатҳои шоистаи шахсӣ бошад, ки ин василаи дигари муваффақияти фаъолияти идоракунист. Самаранокии фаъолияти мактаб аз услуби идоракунии гурӯҳ низ вобаста аст. Маҳз дар услуби менеҷмент сифатҳои шахсии роҳбар зоҳир мешаванд. Роҳбар бо инкишоф ва такмил додани сифатҳои шахсии худ, бартарсозии усули роҳбарӣ метавонад самаранокии муассисаи таълимиро баланд бардорад.
Салоҳияти касбии роҳбари мактаб имрӯз сифатҳои идоракунӣ, педагогӣ, коммуникатсионӣ, ташхисӣ ва тадқиқотиро дар бар мегирад, самаранокии кори ӯ аз сатҳи ташаккули дониш ва малакаҳои касбӣ, дараҷаи рушди касбияш муайян карда мешавад. Сифатҳои ҳамидаи шахсӣ барои татбиқи вазифаҳои идоракунӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои пешбинишуда заруранд.
Яке аз хислатҳои ҳатмии шахсии роҳбар эътимод ба худ аст. Роҳбари боваринок барои тобеон онест, ки дар вазъияти душвор ба ӯ умед баста метавонанд. Бо чунин роҳбар дар бораи оянда фикр кардан осонтар аст, ӯ неруи муайяни психологӣ мебахшад, ҳавасмандиро ба кор таъмин ва афзун мекунад.
Мувозинати эмотсионалӣ ва муқовимат ба стресс барои роҳбар ҳатмӣ аст. Роҳбар бояд зуҳуроти эҳсосотии худро назорат кунад. Вай доимо дар иҳотаи одамон аст ва бо ҳамаи онҳо, сарфи назар аз рӯҳияи корӣ ва рӯҳияи шахсӣ, бояд муносибатҳои кории ҳамвор дошта бошад. Ғайр аз он, номутавозунии эҳсосӣ метавонад эътимоди шахсро паст кунад ва ба ин васила фаъолияти роҳбарии ӯро низ коҳиш бахшад.
Роҳбари оқил дарк мекунад, ки сарвати асосие, ки дар ихтиёр дорад, тобеонаш мебошанд. Ӯ ба онҳо нисбат ба дигар одамон бартарӣ медиҳад.
Роҳбар танҳо ба шарофати зердастонаш ба чизе ноил мешавад. Аз ин рӯ, яке аз омилҳои асосии самаранокии кори роҳбар қобилияти дарк кардани одамон, дониш, хусусиятҳои хислати онҳо мебошад.
Аз таҷрибаи 25-солаи кориам хулоса баровардам, ки саҳми роҳбари муассисаи таълимӣ дар рушди сифати таълиму тарбия, воқеан ҳам, беандоза калон мебошад. Дар тӯли фаъолияти кориам дар муассисаи таълимии №33-и ноҳияи Сино шаш нафар роҳбар иваз шуд. Дар давраи роҳбарии ҳар яки онҳо тартибу интизом, сифати таълиму тарбия ба куллӣ фарқ дошт, чунки роҳбароне, ки салоҳияти касбӣ доштанд, барои обрӯ ва эътибори муассиса кӯшиш менамуданд, нисбат ба омӯзгорон ва хонандагон ғамхору сахтгир буданд, бо волидон дар алоқаи зич қарор доштанд, дар муассиса тартибу интизоми корӣ, таълиму тарбия, сифати дониш хело назаррас буд. Баръакс дар давраи роҳбарони бетаҷриба, қобилияти роҳбарӣ надошта, салоҳияти касбиашон нокомил тартиботи корӣ, таълиму тарбия, сифати таҳсилот дар дараҷаи паст қарор дошт.
Барои рушди таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таълим дар мактаб омилҳои зерин таъсиррасонанд:
— таъйин намудани роҳбари босалоҳият;
— ҳавасмандии моддию маънавии омӯзгорону хонандагон;
— таъмини воситаҳои техникии таълим;
— дар синфхонаҳои фаннӣ гузаронидани дарс;
— муътадил будани шумораи хонандагон дар синф.
Агар дар муассисаи таълимӣ ҳамаи шароит мавҷуд бошаду дилгармӣ ба кор, масъулияту ҳавасмандӣ дар ниҳоди омӯзгорон набошад, таълиму тарбия самаранок намешавад.
Марям РАВОҚОВА –
омӯзгори мактаби №33,
ноҳияи Сино