
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад. Вобаста ба ин мо дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба сармояи инсонӣ диққати аввалиндараҷа додаем. Зеро дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳ ба неруи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ аҳамияти беш аз пеш пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири амиқ мерасонад.”
Сарвари давлат дар Паёми қаблии худ ба Маҷлиси Олии кишвар саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намуданд. Аз ин сабаб бе ташаккулу такомули неруи зеҳнӣ ва дониши фанҳои бунёдии аҳли ҷомеа ба ин ҳадаф расидан, хоса, дар замони илму техникаи бо суръати кайҳонӣ рушдкардаистода на танҳо мушкил, балки ғайриимкон аст. Аз рӯйи маълумоти расонаҳои ахбор ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки аксари давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикардаву имрӯза бозори ҷаҳониро бо маҳсулоти саноатии худ соҳибӣ намуда ба рушди иқтисодӣ на аз сабаби канданиҳои фоиданоки зиёду захираҳои табиии бой доштан расидаанд, балки неруи зеҳнии ҷомеаи худро ҳамчун муҳаррику сармояи асосии иқтисодиёти худ қарор доданд. Ва барои рушду такомули ҳамин неру аз тамоми имконияту шароити мавҷудаи худ самаранок истифода бурда, хоса дар давраи ташаккулёбиаш, ки ба даврони мактабхонии насли наврас рост меояд, диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Вақте неруи зеҳнии инсонӣ аз ибтидо дар як самти муайян ҳадафноку бонизом парваришу ташаккул дода мешавад, дар сурати ҳамчун сармояи асосӣ қарор додану танҳо ба ҳамин неру такя намудан дар ҳалли масъалаҳои хоҳ иқтисодӣ, хоҳ иҷтимоӣ, ё дигар ҷанбаҳои ҷомеа ё пешорӯйи ҳодисаҳои табиию техногенӣ, албатта, ин неру нақши калидӣ мебозад. Зеҳни инсон ҳамон вақт тамоми қувваю иқтидори худро дар сурати истеъдод намоиш медиҳад, ки донишу маълумоти гирифтааш дар амалия машқу тамрини пайваста кардаву хулосаҳои гирифтааш аз донишҳои назариявӣ тавассути таҷрибаҳои пай дар пайи системанок санҷида шуда бошад. Ҳақ ба ҷониби он нафарест, ки панҷ дар сади истеъдодро фитрӣ, яъне модарзодӣ дониста, наваду панҷ дар сади онро натиҷаи меҳнату заҳмату ғайрату талошҳои шабонарӯзии устоду шогирд донистааст. Нақши муассисаҳои намуди нав, ки аксари шогирдони онҳо қобилияти махсуси дарккунии донишҳоро дороанд, дар дарёфти панҷ дар сади аввала бениҳоят калон аст, зеро ҳангоми дохилшавӣ ба ин навъи мактабҳо, пеш аз ҳама, зеҳну идроки хонанда тавассути тесту имтиҳонот ва суҳбатҳои равонӣ ҳаматарафа санҷида шуда, қобилияти фитрии даркнамоии ӯ ба ин ё он фан муайян карда мешавад. Агар дар гимназияҳо ба омӯзиши фанҳои ҷамъиятиву гуманитарӣ бештар диққат дода, ҳангоми қабули хонанда қобилияти сухандонию суханварӣ, луғатфаҳмию забондонӣ, ба ҳодисаю воқеаҳо аз рӯйи мантиқ баҳо дода тавонистани дараҷаи саводнокиаш муайян карда шавад, пас дар литсейҳо ба омӯзиши чуқури фанҳои дақиқу табиӣ эътибор дода, ҳангоми қабул ба литсей асосан ба ду ҷиҳат: сатҳи дониши математикӣ ва қобилияти дарки математикӣ доштани хонанда бештар эътибор дода мешавад. Зеро фанни математика минбаъд барои хонанда дар омӯзиши илмҳои дақиқ роҳро росту ҳамвор мекунад. Вазифаи ҷонии мактабҳои намуди нав ҳам маҳз ҳамин аст: ҷустуҷӯ, дарёфт, муҳайё намудани шароит барои рушди қобилияту истеъдодҳо. Ин қобилиятҳо фонди тиллоии миллату давлат ба ҳисоб рафта, аз тарбияву парвариши ҳаматарафаи имрӯзаи он рушди ояндаи мамлакат вобастагии қавӣ доранд. Тарбия намудани хонандагони ҳунарманд ё лаёқати махсуси донишандӯзидошта нақшаи мукаммали тарҳрезишудаи инфиродиеро, ки дар иҷроиши бандҳои алоҳидаи он масъулияти маъмурияти муассисаи таълимиву роҳбари синф, омӯзгори фанниву падару модар, равоншиносу китобдор, ташкилоту созмонҳои хонандагӣ, кумитаҳои падару модари хонандагони синфу умумимактабӣ, ҷомеаҳои меҳнативу шахсони алоҳидаи саховатпеша мушаххас қайд шудааст, талаб мекунад. Баҳри ба ҳадафрасии ин нақша, ки меҳвари асосии тарҳрезии он рушди қобилияту истеъдод аст, ҷалби репититору омӯзгори соҳибтаҷрибаи дигар мактабҳо, мудирони кабинети фанниву озмоишгоҳҳои дар шакли пурра муҷаҳҳази муассисаҳои таълимии дар ҳудуди шаҳру ноҳия воқеъ буда низ заруру ҳатмист. Аз ин лиҳоз раёсати маориф нақшаи таълимии инфиродии хонандаи болаёқатро ба роҳбарӣ гирифта, назорати иҷрои бандҳои онро ба зиммаи маркази рушди истеъдоди шаҳр ё ноҳия мегузорад. Тарбияи ин қабил хонандагон низ диққати махсусро талаб менамояд, лекин парвандаву рӯйихати онҳо дар қайди марказҳои рушд қарор мегирад. Аз ҳисоби ҳамин хонандагон дар назди маркази рушди истеъдодҳо мувофиқи шавқу завқ ва қобилияти онҳо ба ин ё он фан новобаста аз синну сол гурӯҳҳо ташкил намудан мумкин аст. Гузаронидани озмуну олимпиадаҳои фаннӣ танҳо як самти фаъолияти ин марказҳо буда, ҳангоми банақшадарории ҷараёни кори марказ ба ташкили вохӯрӣ бо олимону ихтироъкорон, ташкили семинарҳои омӯзишӣ, конференсияҳои илмию маърифатӣ, ташкили экскурсия ба корхонаҳои саноатӣ, донишкадаву донишгоҳҳо, ташкили мизҳои мудаввар, маҳфилу факултативҳои кӯтоҳмуддат, машғулияти иловагии ёрирасони таълимӣ ва ба ҳамаи он намуди фаъолияти таълимию тарбиявие, ки ба ташаккули қобилияти бача мусоидат мекунад, бештар аҳамият бояд дод. Аз рӯйи гуфти равоншиносон, ҳар як қобилияту истеъдод дар мағзи сари инсон нуқтаҳои худро дошта, ба рушду инкишофи он масъулу ҷавобгар аст. Масалан, рушди қобилияти биноии шахс аз фаъолияти ҳамон нуқтаи мағзи сар, ки кори чашмро таҳти назорати худ қарор додааст, вобастагӣ дорад. Онҳо боз аз рӯйи фаъолияти ҳамин нуқтаҳои мағзи сар қобилияти инсониро ба нуҳ навъ табақабандӣ намудаанд: – қобилияти сухандонию суханварӣ, яъне ақли каломӣ; қобилияти мантиқиву математикӣ, яъне ақли математикӣ; қобилияти биноӣ, яъне қудрати дида тавонистани фазои сеченака ва ҷудо карда тавонистани тамоми рангҳои он; қобилияти ҷисмонӣ, яъне истифода бурда тавонистани қудрати имкониятҳои ҷисми худу ҷисмҳои гирду атроф; қобилияти муошират, яъне муносибат карда тавонистан бо одамоне, ки ӯро иҳота намудаанд, ақли одамшиносӣ; қобилияти худогоҳиву хештаншиносӣ, яъне ақли ба худ баҳо дода тавонистан; қобилияти ақли дарки рисолати мавҷудият; қобилияти кору муносибат бо табиат, яъне бо растанию ҳайвонот; қобилияти шунавоӣ, яъне ҷудо карда тавонистани овозҳову садоҳо ва оҳангҳои мусиқӣ, то ба дараҷаи навохтану эҷоди он. Боз ин олимон таъкид кардаанд, ки инсони имрӯза аз сад дар сади имконияти фаъолияти мағзи сараш ҳамагӣ то 20%-ро истифода мебараду халос. Ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки инсони беқобилият нест ва ҳар як шахс дорои як ё ду-се қобилияти ба дараҷае инкишофёфтаи хосе аст. Ҳангоми омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти бузургони аҳли фарҳангу илму адаби миллатамон маълумамон гардид, ки инсон дар натиҷаи машқу тамрини пайвастаи баъзе қобилиятҳои зикршуда метавонистааст дорои якчанд фазилати хос гардад, ки тавассути онҳо дар ҷомеа мақому мартаба ёфта, ягонаи даврон гардад. Имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ, хосса дар мактабҳои намуди нав коре кард, ки ба қавли Саъдӣ, “ин “ҷавҳари қобил” дар асари тарбия фардо ба қудрату тавоноӣ мубаддал гардад”. Дар китоби нависандаи булғор, олим-педагог Г.Данаилов “Мотсартро қатл накунед” («Не убить Моцарта»), ки нашриёти “Педагогика”-и шаҳри Москав, соли 1986 аз чоп бароварда буд, масъулияти насли калонсолро дар ташаккулёбии шахсияти кӯдак бениҳоят калон арзёбӣ намуда, таъкид менамояд, ки аз муносибати саҳлангоронаю бетарафона, беэътиноиву боғаразонаи падару модар, аҳли ҷомеа ё касоне ки бевосита ба таълиму тарбияи кӯдак машғуланд, ҳар рӯз ё дар хона, ё дар мактаб, ё дар кӯча даҳҳо “Мотсартҳои оянда” ба “қатл” мерасанд. Ин миллате, ки дар шараёни қалбаш имрӯз ҳам хуни Синову Розӣ, Борбаду Беҳзод, Фирдавсию ал-Хоразмӣ, Айнию Ғафуров барин садҳо нобиға ҷӯш мезанад, қудрате дорад, ки боз нобиғаҳои навро тарбия карда ба воя расонад. Ин ҷо ривоятеро барои мисол овардан бамаврид менамояд. Марди сарватманде писарашро барои ёд гирифтани ҳунари рассомӣ ба назди рассом меорад. Рассом баъд аз се-чор рӯзи санҷиш падари шогирдро даъват намуда, мефаҳмонад, ки фарзанди шумо қобилияти рангҷудокунӣ надорад, аз фарзанди шумо рассоми маҷбурӣ сохтан мумкин аст, вале бо меҳнати сахту вазнин, зеро ӯ ба ин намуди ҳунар на шавқ дораду на завқ. Падар ба рассом ба дар ин рӯзҳо вақти қиматашро барои санҷидани қобилияти расмкашии фарзандаш сарф намудан изҳори миннатдорӣ намуда, маблағ ҳам медиҳад, ки вақти фарзандаш бо шарофати санҷиши рассом сарфа шуд. Ӯ писарашро ба назди олими математик мебарад. Ин олим низ баъд аз се-чор рӯзи санҷиш падарро даъват намуда, мефаҳмонад, ки тарафи чапи косахонаи майнаи сари бача инкишоф наёфтааст. Аз ин рӯ, дарки мафҳумҳои математикӣ ба душворӣ ба даст омада истодааст. Барои ҳалли мисолу масъалаҳои одии математикӣ вақти бисёре сарф мекунад. Ин шахси сарватманд ба математик низ изҳори сипос намуда, барои санҷидани қобилияти математикии фарзандаш, ки ин муддат овора шудааст, маблағ медиҳад. Ҳамин тавр бой писарашро як-як ба назди ҳайкалтарош, мӯзадӯз, ошпаз, ҳуқуқшинос мебараду онҳо ҳам аз набудани қобилияту шавқу завқи писар ба ин ҳунарҳо мегӯянд. Ӯ ин ҳунармандонро низ барои гирифтани санҷишу дар ин рӯзҳо бо фарзандаш овора буданашон розӣ намуда, босаброна, боре ҳам асабониву ғамгин нашуда, ҳамаи инро ҳамчун як ҳодисаи маъмуливу табиӣ қабул карда, писарро ба назди мусиқишинос меорад. Мутриб баъд аз як ҳафта падарро даъват намуда мегӯяд, ки фарзанди шумо қобилияти хуби шунавоӣ дорад. Ҳар як овозро аз ҳамдигар ҷудо карда метавонад. Ба замми ин, дар бача шавқу завқи навохтани оҳангҳо тавассути асбобҳои мусиқии торӣ зиёд аст. Вақти зиёди худро бе ягон талқинкунию иҷборӣ бо машқу тамрин мегузаронад. Агар мо ин қобилияташро аз ҳоли ҳозир инкишоф диҳем, фардо аз ин писар ё навозандаи моҳире, ё оҳангсози хубе ба воя расиданаш мумкин аст. Мутаассифона, на ҳама падару модарон дар дарёфти қобилияти фарзандашон масъулият эҳсос мекунанду ҳатто ба шавқу завқи бача мароқе ҳам зоҳир намесозанд. Эҳсосоти онҳо танҳо баҳри он равона шудааст, ки фарзанди ҳамсояаашон, ё дӯсташон, ё наздиконашон дар олимпиадаи математикӣ ҷой гирифтаасту бачаи онҳо не. Ё ин ки фарзандашон аз ягон фан пайваста баҳои “2” гирифт, зуд ӯро ба қатори хонандагоне, ки қобилияти сусти донишазхудкунӣ доранд, мегузоранду ҳукм ҳам мебароранд, ки ин бача, “ношуданист”-у ояндаи дурусте надорад. Аксар вақт ин ҳукмбарориҳои беасос ба он оварда мерасонад, ки бача дар худ бовариашро гум мекунад. Беҷуръату тарсу ба воя мерасад. Дар гумони хандахариш нашудан худро доимо аз дигарон ба канора гирифта, камгапу дамдузд мешавад. Лекин боре ҳам намеандешем, ки мо дигар қобилиятҳои бачаро сарфи назар намуда, танҳо аз сабаби надоштани қобилияти дарки математикӣ, ё қобилияти суханварӣ, ё қобилияти оҳангҷудокунӣ ба ҳамин баҳо сазовор кардаем. Мумкин ӯ математики хуб нест, вале мумкин аст, дар ниҳоди ӯ байтори хуб, ё деҳқони моҳире нуҳуфта, ки ҳоло пайхас карда натавонистаем. Ё қобилияти хуби кор бо ҷисм дорад. Аз таҷриба мисол меорам, боре ба хонандагон супориш додам, ки аз сабаби дар рӯйи миз набудани ҷойи махсус барои қаламгузорӣ ҳар кас баҳри худ қаламдони хурди рӯйимизӣ созад. Таъкид ҳам кардам, ки супориш озмунӣ буда, ғолиби он бо дипломи “Ҳунарманди синф” қадрдонӣ карда мешавад. Аз кадом чиз сохтан ихтиёрӣ буда, бештар ба кори онҳое эътибор дода мешавад, ки қаламдонро аз чизҳои истифодашудаю партовҳо созанд. Медонед, ғолиб кӣ баромад? Хонандае, ки мо ӯро ба қатори сустхонҳо ворид намуда будему дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол набуд, аз ҳезуми зардолу чунон қаламдони хурди базебе сохтааст, ки ҳангоми гузоштани қаламу ҷадвалу ручкаҳо шаклҳои гуногуни аҷиберо мегирифт. Рӯзи ҷамъбасти озмун падару модари хонандагон ҳам даъват карда шуданд, вақте писар дар назди падараш дипломи ғолибро гирифт, ҳисси ифтихору хурсандии онҳо ҳадду ҳудуд надошт.
Акбарбек АСАДУЛЛОЕВ – директори литсейи №6, шаҳри Исфара