Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҳошияи ин суханони пурҳикмату меҳровари Пешвои миллат менигорем, ки забони давлатӣ, шаҳодатномаи шинохти миллат дар тӯли таърихи башарият ва пойдевори устувори насли дирӯз, имрӯз ва фардои миллати тоҷик аст. Миллати тоҷик дар дарозои таърих барои нигоҳдории ин мероси модарӣ тамоми шебу фароз ва фишорҳои ҳукуматдорони замонро тоқат намуд. Ин боварбахшӣ ба забони миллӣ аз такягоҳи устувори фарзонафарзандони баору номус ва фидоии ин забону ин миллат буд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дубора эҳё гардида, дар хонаваодаи миллати тоҷик лафзи модарӣ танинандоз гардид. Таърих мисолҳои зиёдеро дар хотир дорад, ки масъалаи густариши забони модарӣ, нигоҳдорӣ, рушд ва нашъунамои он ҳамеша дар мавриди таваҷҷуҳи давлатдории мо будааст. Барои пайдо намудани заминаи ҳуқуқӣ ва татбиқ намудани ин меъёр аввалин маротиба дар замони соҳибистиқлолии кишвар забони давлатӣ эҳё гардид. Исботи ин гуфтаҳо дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 6 ноябри соли 1994 қабул гардидааст, нишон дода шудааст. Ин санади олӣ арзиши забони миллии мардуми Тоҷикистон ва миллатҳоеро, ки дар Тоҷикистон зиндагонӣ менамоянд, танзим менамояд. Иқтибосро аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овардан айни муддаост: «…Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
Дар даврони Истиқлолият бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли зиёи кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 5 октябри соли 2009 қабул гардид. Ин сана расман «Рӯзи забони давлатӣ» эълон гардидани забони тоҷикиро эълон намуда, онро ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид намуд. Имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки забони давлатӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти Ҳукумати кишвар ва мардуми шарифи он фаъолона роҳандозӣ гардидааст.
Дар давоми даҳсолаҳои охир забони давлатии мардуми Тоҷикистон — забони тоҷикӣ (модарӣ) ба феҳристи забони сиёсат, коргузорӣ, илм, адабиёт ва равобити дипломатӣ дохил шуда, имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар тамоми сохторҳои давлатӣ забони коргузорӣ, қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, илми таълиф эътироф гаридааст, ки ин ифтихори басо бузург мебошад.
Даврони Истиқлолият марҳилаи эҳё ва рушди забони тоҷикиро дар миқёси олам муаррифӣ намуд. Аз ҷумла суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки аз ин минбари бонуфузи ҷаҳон аз забони Пешвои миллати тоҷикон забони ноби тоҷикӣ садо дод. Метавон хулоса намуд, ки Пешвои миллати тоҷикон бо сарфарозӣ ва фтихори бузург аз соҳибватанӣ ва соҳибзабонӣ изҳори ақида намуда, масоили марбутаи ҷаҳони муосирро бо забони бузурги тоҷикӣ иброз дошт. Истиқлолияти давлатӣ қулфкушоиро дар тамоми самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар во намуд. Ва ин робитасозиҳо муаррификунандаи таъриху забони миллати тоҷикон гардид. Барои исботи ин донишмандон ва муҳақиқони дунё барои кашф ва муайяносозии миллати тоҷик тадқиқотҳо анҷом додаанд.
Тавре ки дар суханронии Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ санаи 5 октябри соли 2019 иброз шуд, «…Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд. Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд».
Таърихи башарият асарҳои бисёр нобиғаҳои олами илму адаби форсу тоҷикро ба ёд дорад, ки бо ин забон эҷод шудаву хазинаҳои пур аз ганҷи ниёгон ба ин забон рӯйи қоғаз омада, то ба мо расидаанд.
Ин забон осори бузургонеро ба қалами назму наср овардааст, ки дунё имрӯз аз онҳо истифода мебарад. Бузургтарин донишмандони мо – Абуалӣ ибни Сино бо таълифи «Донишномаи Алоӣ» ва «Ал Қонун» ва Абурайҳони Берунӣ бо таълифи «Китоб-ут-тафҳим» ва “Осор-ул-боқия” бунёдгузорони забони илмии тоҷикӣ ба шумор мераванд, ки ин анъанаи ватанхоҳона дар асрҳои баъдӣ аз тарафи донишмандони маъруф Насируддини Тӯсӣ, Умари Хайём ва то Аҳмади Дониш идома пайдо кард. Ҳамчунин иброз шуд, ки «…боиси сарфарозиву ифтихори мо – ворисон аст, ки забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст», — иброз гардидааст дар суханронии охирини Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ.
Бояд иброз дошт, ки тайи солҳлои охир забони тоҷикӣ бомаром рушд карда, барои ҳифзи асолати забони тоҷикӣ дар кишвар имрӯз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоиҳи Рӯдакӣ фаъолият намуда истодаанд. Бешубаҳа, ин имконият барои таҳкими минбаъаи рушди забони давлатӣ заминаи асосиро мегузорад. Бо фаъолияти босамари ин ду боргоҳи илмӣ ҷиҳати устувор намудани пояҳои забони давлатӣ нақшаву барномаҳои муассир таҳия ва барои миллати тоҷик эҳдо мегарданд.
Дар анҷом бо ин суханрониҳои Пешвои миллат ҳамроҳ мешавем, ки гуфта: «Ин забони қадиму асил сарвати бебаҳо ва аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мост. Мо, соҳибзабонон дар назди наслҳои фардо барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он масъулият дорем ва онро бояд ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ кунем ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода барем.
Қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем.»
Адолат НУРОВА — омӯзгори
мактаби № 11 ба номи Ф.Зарифов,
ноҳияи Рӯдакӣ