Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 сентябри соли 2020 5500-солагии яке аз ёдгориҳои таърихии миллати тоҷик — Саразми бостонӣ дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Саразм ҳамчун нодиртарин ёдгории тамаддуни бостонии Осиёи Миёна маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар таърих ҷойгоҳи махсус дорад.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҳқиқоти шаҳраки Саразм ба марҳалаи нав ворид гардид. Нахустқадршиноси Саразм Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солиёнест, ки ба ин кори муҳимми таърихию давлатӣ кумаки моддию маънавӣ мерасонанд. 1-уми сентябри соли 2000 бо Фармони Президенти кишвар ёдгории 5500-солаи Саразм маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунар ва шаҳрсозии тоҷикон, мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносӣ эълон карда шуд.
Боиси зикр аст, ки саҳм ва хизматҳои шоистаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзу ободонии ёдгориҳои бостоншиносии кишвари тоҷикон, махсусан, шаҳраки қадимаи Саразми Панҷакент ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани онҳо хеле назаррас мебошад. Санаи 19-уми марти соли 2018 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо зиёиён чунин таъкид намуданд: «Дар шароити феълӣ, ки бархӯрди тамаддунҳо дар ҷаҳон торафт тезутунд мешавад, омӯхтан ва таҳқиқ кардани мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳиммтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни кишвар мебошад. Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод, мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад.»
Бояд зикр намуд, ки ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №391, аз 21 сентябри соли 2000-ум мақоми ҳуқуқии «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ» — ро соҳиб гардидааст.
Дар баробари ин Саразм бо қарори №198 аз 19 апрели соли 2001, таҳти роҳбарии олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми базаи бостоншиносии Панҷакентро гирифтааст ва аз ҷониби Ҳукумат барои корҳои ҷустуҷӯиву бостоншиносӣ ва ободу барқарор кардани он ҳамасола маблағ ҷудо мешавад.
31 июли соли 2010 Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст. Ин тасмим дар иҷлосияи Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки аз 25-уми июл то 3-юми августи соли 2010 дар Бразилия идома дошт, гирифта шудааст. Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи давлатии таҷдиди ёдгории Саразм барои солҳои 2012 — 2020 қабул шудааст. Мутобиқи он барои амалишавии Барнома аз буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 64 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Бояд зикр намуд, ки ёдгории Саразм таҷассумгари дигаргуниҳои бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва пайдоиши ҳунармандиву кишоварзӣ дар ҳаёти аҷдодони қадими ориёии мо дар асри биринҷӣ ба шумор меравад.
Саразми тоҷикон далели барҷастаи ҳамбастагиҳову робитаҳои устувори иқтисодию фарҳангии халқҳои Осиёи Миёна мебошад. Саразм аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ, намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд буда, асоси ибтидоии тамаддуни Саразми антиқа, сариншооти илмии тамаддуни ориёию тоҷикӣ мебошад.
Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна — Зарафшон, дар баландии 910 м аз сатҳи баҳр 15 км аз ш. Панҷакент ва 45 км дуртар аз ш. Самарқанд ҷойгир аст. Ба ақидаи барҷастатарин донандаи забони суғдӣ В.А. Литвитс Саразм маънои «Сари замин»-ро дорад. Ин шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфта, дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва муносибатҳои мардуми тоҷикро таҷассум карда, ёдгории беназир ҳисобида шудааст. Саразми бостон ба солҳои 3400-2000 пеш аз мелод мансуб аст.
Дар натиҷа онҳо хулосаи муҳаққиқи ин мамнӯъгоҳ Абдуллоҷон Исҳоқовро оид ба таърихи 5000-5500 — солаи тамаддуни Саразм ҷонибдорӣ намуданд ва сатрҳои зерин таълифоти якҷояи онҳост: «Саразм на фақат яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандии Мовароуннаҳри Осиёи Миёна, балки тамоми Шарқи Наздик — Эрон, Балуҷистон, Афғонистону Ҳиндустон низ ба шумор меравад.»
Кофтуковҳои бостоншиносӣ самари хуб доданд ва тақвияти он навиштаи зери бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов мебошад: «То имрӯз аз қаъри замин зиёд аз 150 хонаи истиқоматӣ, 4 оташкадаи оташпарастон, як анбори ғалланигоҳдории ҷамъиятӣ, бӯстонсаро бароварда шуданд. Маълум шуд, ки сокинони Саразм бо ҳавлиҳои кушод, кӯчаву тангкӯчаҳо байни худ рафтуо доштанд. Ҳоло мо дар даҳҳо ҳавлию 3 кӯчаи аробагард ва 2 тангкӯчаи пиёдагарди шаҳраки Саразм роҳ гашта, аз завқи баланди маданияти шаҳрсозии ниёгонамон ҳаловат мебарем. Бозёфтҳо асосан аз анҷоми рӯзгор, зебу зиннати тиллоӣ, нуқрагӣ, мисӣ, биринҷӣ, сангҳои гуногун ва устухонҳои ҳайвоноту парандаҳо иборатанд. Зарфҳои сафолини мунаққашу сангини суфташуда ва порчаҳои нақшҳои деворнигорҳо аз санъати баланди ҳунармандии гузаштагонамон шаҳодат медиҳанд.»
Дар асл мавзеъгоҳи Саразм зиёда аз 100 гектарро фаро гирифта, дар замонаш майдони калони ғайримуқаррарӣ маҳсуб меёфт. Маҳз ҳамин далел боиси пайдоиши фарзияи илмӣ оид ба пойтахти Суғди қадим будани Саразм гардид. Барои илми бостоншиносӣ, умуман барои кулли инсоният кашфи бошишгоҳи Саразм бозёфти беназир будааст. Ёдгории таърихии Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқӣ кашф гардид. Бо амри тасодуф пиронсоле, як сокини одӣ, хокпоши деҳаи Авазалии ноҳияи Панҷакент Ашӯралӣ Тайлонов табарзин меёбад ва пас аз шаш соли андеша оқибат онро ба Исҳоқӣ медиҳад ва сирри Саразм рӯшан мешавад. Акнун бахти археолог механдад ва ковишҳо шурӯъ мегарданд, яъне ин табари биринҷӣ саҳфаи тозае кушод дар илми бостоншиносии шӯравӣ ва баъдан ҷаҳонӣ.
Шаҳри Саразм дорои қаср ва маъбад, маҳаллаҳо ва кӯчаҳо буд. Саразмиҳо бо кишоварзӣ ва чорвопарварии хонагӣ машғул буданд. Истеҳсол ва коркарди фулузот низ хеле инкишоф ёфта буд, маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. Ҳини ҳафриёт кӯраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёи биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, мӯҳри сурбӣ, ашёи тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Пармаҳо, пармачаҳо, исканаҳо, метинҳои сангӣ, сангҳои тарозу, маснуоти заргарӣ, зарфҳои дастӣ ва дар чарх сохташуда дар бораи тахассусмандии пешаҳо шаҳодат медиҳанд Заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буданд. Саразмиҳо бо сокинони ҷанубу шарқии Туркманистон, шимоли Эрон ва Балуҷистону Сиистон иртиботи фарҳангӣ доштаанд.
Осори дар Саразм ёфтшуда бо тамоми марказҳои мадании он давра — Намозгоҳу Олтинтеппа, Мундигаку Шаҳри Сӯхта, Миргару Пирак, Хараппа ва Ҳисору Тӯронтеппа робитаи бевосита дорад. Муҳаққиқони Саразм тахмин мекунанд, ки дар ибтидои ҳазораи 2 қабл аз милод дар шаҳрак 8 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ доштааст.
Дӯконҳои ҳунармандӣ дар шафати биноҳои маъмурӣ ва кӯчаҳои асосӣ воқеъ будаанд. Нақшаи биноҳои истиқоматӣ аз маъмурӣ фарқ доштанд. Биноҳои истиқоматӣ дар атрофи ҳавлӣ воқеъ буданд, ки ин анъанаи хонасозӣ имрӯз ҳам дар тоҷикон идома дорад. Ҳамаи хонаҳо дорои ҳуҷраҳои хоб, анборхона ва ошхона мебошанд. Хонаҳои истиқоматиро аз якдигар тангкӯчаҳо ҷудо мекарданд. Биноҳои маъмурӣ аз толорҳои калони даҳлездор иборат буда, рӯи таҳкурсии хиштин қарор доштанд.
Дар Саразм чанд бинои хиштин кашф шуданд, ки онҳоро маъбад номидан мумкин аст. Ибодатгоҳҳо меҳроби мудаввар ё чоркунҷаи баробарпаҳлу доранд. Дар маркази меҳроб Ҷарфие мавҷуд аст, ки дар он оташ нигоҳ дошта мешуд. Маъбад ба бузургдошти оташ бахшида шуда буд.
Дар Саразм хумдони зарфпазии дуқабата кашф шудааст, ки дар он зарфҳои гуногуни сафолӣ пухта мешуданд. Вуҷуди хумдони мазкур далели мавҷуд будани кулолгарии касбӣ мебошад. Дар Саразм ҳунармандӣ, аз ҷумла коркарди мис, сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, заргарӣ равнақ ёфта будааст.
Дар тамоми сайёраи Замин ҳанӯз дар миёнаи дуюми ҳазораи IV ва ибтидои ҳазораи III қабл аз мелод дар Шумеру Акад ва Мисру Ҳиндустон, дар ҳазораи III-II дар Чин, ҳазораи I дар Мезоамерика ва танҳо дар ҳазораи II пеш аз милод дар Аврупои шарқӣ оғоз шудаанд. Саразми Панҷакенти Тоҷикистон ҳам дар охири ҳазораи IV пеш аз милод вобаста ба хамун сол рушд кардаасту инкишоф. Ба чандин далел метавон Саразмро шаҳри қадима чи ки, ҳатто пеш аз қадима номид. Биноҳои монументали, кӯчаҳои сангфаршуда, нобаробарии молумулкӣ, ба табақаҳои иҷтимоӣ ҷудошавии ҷомеа, савдову тиҷорат, дӯконҳои сонеӣ, кишоварзӣ, чорводории айлоқӣ ва хонагӣ, кӯлолгарӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, заргарӣ, бофадандагиву ресандагӣ, чармгарӣ, сангтарошӣ ва коркарди чӯб, хуллас, ҳама чи ки он вақт буд, ҳоло ҳам ин пешаҳо маъмуланд. Ҳамин аст рукнҳои шаҳрсозӣ, ки хоси Осиё мебошанд.
Дар масоҳати беш аз 100 га Саразмро бунёд кардаанд ва аҳолии он аз 3000 нафар иборат буда, дар марҳилаи интиҳоӣ ба 10000 мерасад. Замони заволи Саразм аниқ аст, аммо сабабаш не. Танҳо тахмин кардан мумкин аст, ки ё аз хушк шудани сойи болои шаҳристон мардум ин ҷоро тарк кардаанд ва ё ҳодисаи табиие ба мисли Шарораи ҳозира онро ба харобазор табдил додаст.
Ҷашни 5500-солагии Саразм, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мегардад, мояи худшиносӣ ва меҳанпарастии тоҷикон хоҳад гашт. Зеро дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Тоҷикистон таҷлили 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразмро қарзи сокинони мамлакат дар назди таърих ва наслҳои оянда арзёбӣ намуданд.
Тавре Сарвари давлат иброз намуданд, ин ҷашн имкон медиҳад, ки мо фарҳанги беш аз 5500-солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоем. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем.
Бо ташаббуси Сарвари давлати тоҷикон солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Дар ин раванд ҳифз намудани ёдгориҳои таърихӣ ва ба зиёратгоҳи сайёҳон табдил додани онҳо вазифаи муҳимми ҷомеа мебошад.
Амоншо ПАЛАВОНОВ — омӯзгори
коллеҷи информатика ва техникаи
компютерии шаҳри Душанбе