Суруди миллии Тоҷикистон дурдонаест дар уқёнуси бепоёни шеъру адаби форсӣ- тоҷикӣ. Гар ин дурри маъниро бар мизони арӯз ва саноеи шеърият баркашем, аз он асроре ҷило менамояд, ки дар хеш созу наво, таровишу эъҷози сабки хуросонӣ ва накҳати ҳарфу ҳиҷои Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, вазну танини ҳикмату хирад ва балоғати ҳамосаи ватандории паёмбари шеъри Аҷам ҳаким Фирдавсиро ба гӯши ҷону набзи бедори аҳли дил бирасонад.
Баёни ин гуна шеъри мондагор дар мизони саҳли мумтанеъ дар назар осон менамояд, вале саҳлу сода нест. Чуноне аҳли илми арӯз борҳо ишораҳо намудаанд, ин гуна шеър бо савту оҳанги хоса аз қудрату заковати фитрӣ, вусъати ҷаҳони андеша ва захираи луғавии шоир вобаста аст, то маънии баландро бо калимаҳои содаю фаҳмо, халқию решагии забони модарӣ баён намояд. Бузургию шаҳомати шеъри устод Рӯдакӣ ва асрори умри абад ёфтану ба дилҳо маскан гирифтани он маънии ҳакимона дар либоси калимаву ибораҳои асили мардумӣ бо баёни содаву равон бе такаллуфу муғлақбаёнӣ буда, ба хурду бузург, олиму омӣ фаҳмову дилрас аст. Ҳақиқат он аст, ки баъди 1150 сол ҳам ворисону наберагони устод Рӯдакӣ ашъори ӯро мехонанду бе луғат дарки маънӣ мекунанд. Чунончи, дар ин чакомаи ҷовидона:
Шод зӣ бо сиёҳчашмон, шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод!
З-омада шодмон бибояд буд,
В-аз гузашта накард бояд ёд…
Боду абр аст ин ҷаҳони фусус,
Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо, бод! …
Чӣ фалсафаву чӣ бардошти ҳакимона дар қолаби калимаҳои сирф тоҷикии оммафаҳм дар ин баёни шоирона аст. Дар шарҳи ин абёти ҷовидона ҳазор китобхона китоб кам асту садҳо донишгоҳу пажӯҳишгоҳ, лек бузургии устод Рӯдакӣ дар он аст, ки ҳазор китобхона маъниро дар як шеър ғунҷонидааст. Сабки хуросонӣ ё хусравонӣ услуби асилу нағзи тоҷикӣ буда, росту равон чу шири модарону чакочаки чашмаҳои кӯҳсорон аст. Ба устод Гулназар рӯҳи бузургони шеъри порсӣ илҳом бахшида, то чунин муъҷизаи асили миллиро эҳдои миллат намояд. Ин шеър, ки бо сабки хуросонист, чун суруде аз навои ниёишу фарёди қалбҳои чандин ҳазорсолаи ақвоми ориёӣ ба ҷӯш омада, бо шарофати истиқлолияти миллӣ чун хуршеди ҷонбахшой дурахшид ва чун пайки симурғи аҳуроӣ аз ханҷараи шоири покзамиру некманиш булуғ кард. Ба иқрори устод Гулназар ин шеър ё суруд кайҳост боз моли ӯ нест, балки моли ҳалоли миллати арҷманди тоҷик гардидааст. Оре, ин ниёише зи яштҳост, ин паёми ростону озодагон аст. Ин ниёиши Зардушт бар Аҳурамаздост, ин суруши Куруши Кабир бар инсонгароист, ин ғиреву хурӯши таҳамтан Рустами Дастон бар пояи Албурзкӯҳ аст, ин ниёиши ҳафтсаду ҳафтод пушти ниёгони мост баҳри Ватан. Танини мисраъҳои Диёри арҷманди мо, Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод! ба рӯҳу ҷон ромиш, ба дида нур, ба дилҳо сурур меоранд. Ҳар мисраъ бори бузурги маънӣ мекашаду муроҷиатест қатъӣ, орзуву ниёишест устувор (Саодати ту, давлати ту бегазанд бод!) бар Кирдугор. Миллате, ки газанд (чӣ лутфи шоиронае, малеҳ), ҷабр, зиёни таърихро зи дасти бодиёну кӯчиён, барбарону ғосибон бисёр дидааст, сари ҷон меларзад баҳри саодати хеш, яъне рӯзи саид, некрӯзӣ ва давлати навини худ. Оре, ин миллате, ки аз дуродури замонаҳо ниҳоят ба истиқлол расида ба зери парчами озодӣ, пирӯзӣ, ягонагӣ саф кашидааст, шукрона менамояд:
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Муъҷизаи ин шеър, ин суруд ба чанд далели дигар низ рӯшан аст, се банди панҷмисраъгии шеърӣ ва ду мисраи нақароти такрор баъди ҳар як банди шеърӣ, ҷамъ се банди ҳафтмисраъгӣ, ҷамъулҷамъ бистуяк мисраъ. Ҳафт рақами муқаддас асту бистуяк низ, зеро «Авасто» — и муқаддас аз 21 наск қисм иборат буду ҳар мисраи Суруди миллӣ як ҷилди «Авасто» бо эҳёи навин аст. Дигар муъҷизаи Суруди миллӣ дар вазни арӯзии он аст. Бо фармудаи арӯзшиносон дар «Тарҷумон–ул-балоға» ва «Маҷмаъ-ус-саноеъ» назокати шеъри баланд ба таносуби қонунияти арӯз, ороиши тасвири бадеӣ, санъатҳои лафзию маънавии ғайритакаллуфӣ вобаста аст. Аз ин дидгоҳ дар Суруди миллӣ таносуби калом, ҷойгоҳи калимаву таркибҳо сареҳан мавзун омадаанду бори маънӣ мекашанд, такаллуфе, ҳарфи ворастае, норавое нест, ҳама озодавор пироста омада. Бори маънӣ, ҳадаф, баёни далел, руҷӯи таърихӣ, зарурат пеш оварда, то шоир мизони шеър, рукнҳои онро ҳадафмандона бишканад. Ин паёми Раббонӣ бо пиндори нек, бо гуфтори неку дар баҳри ҳаҷаз гавҳар баста. Ҳаҷаз баҳри шеъриест дар арӯз, ки оҳанги хуш, навои форамро бо он тараннум менамоянд. Рукни аслии ҳаҷаз мафоилун, яъне овози садонок, ҳамсадо боз садоноку ҳамсадост, ки паси ҳам меоянд (V-V-). Зиҳофи он (тағйироти овозии он) мақбуз аст. Чун тақтеъ (ба рукнҳо тақсим намудани шеър) созем, муъҷизаеро дармеёбем ва ба маҳорати шоирии устод Гулназар аҳсан мехонем, ки тавониста мисраи аввалро бо баҳри ҳаҷази мақбузи мусанно бо ду рукн-мафоилун мафоилун оғоз намуда, дар мисраъҳои дуюму сеюм се рукни солими мақбуз-мафоилун мафоилун мафоилун ва як рукни аҳтам (кӯтоҳ) фаӯлро корбаст намояд. Мисраи чорум бо се рукни комили баҳри ҳаҷази мақбуз-мафоилун мафоилун мафоилун ороста шудааст. Мисраи панҷум ҳаҷази мақбузи мураббаъ (чор рукн) -мафоилун мафоилун мафоилун мафоилун аст, ки дар ҳар се банди панҷмисраъгии Суруди миллӣ ин қоидаи мизони арӯз риоя шудаанд. Нақароти Суруди миллӣ (Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!) дар вазн инқилоб карда, мисраи якуми нақарот дар ду рукни баҳри ҳаҷази аштар-фоилун фоилун (-V-) ҷойгузин шуда, мисраи дуюм бо се рукни баҳри ҳаҷази аштар-фоилун фоилун фоилун ороста шудаанд, ки маҳорати баланд ва салиқаи бузург дар суханварист. Аз нигоҳи сабки хуросонӣ Суруди миллӣ оҳанги вазни ҳиҷоии чакомаҳои ориётоҷикиро дораду чун навои Готҳои авастоӣ ба гӯш мерасад ва зарбу навои дилангезе дорад-муғона. Муъҷизаи назарраси дигари Суруди миллӣ хушоҳангӣ ва дилрасии он аст, ки аз кӯдаки нав забони модариро омӯхта то пири садсола бе душворӣ калимаву таркибҳои онро талаффузу ба хотир мегиранд ва дарку фаҳм мекунанд. Ҳанӯз се аср пеш Суруди миллии франсавиҳо «Марселёза» (Ф. Руже) оҳанги инқилобӣ дошту марши ҳарбӣ буд ва дар муттаҳидии он миллат саҳме гузошт мондагор, то франсавиҳо тавонистанд на танҳо муттаҳиду нигоҳбони марзу буми худ бошанд, балки империяи хешро бисозанду чандин мустамликаҳоро ба даст оранд. Мақоми Суруди миллӣ дар сохтани миллатҳо, ягонагию муттаҳидии онҳо, бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ ва дарку масъулияти ватандории наслҳо хеле бузург аст. Имрӯз садо додани Суруди миллӣ дар радифи афроштани Парчами миллӣ василаи дарёфти обрӯ, ифтихор, қадршиносӣ, шинохти дастовардҳо, қаҳрамониҳо, пирӯзиҳо дар ҳамаи ҳамоишу мусобиқаҳои илмиву фарҳангӣ ва ҳунарию варзишӣ дар ҷаҳон гардида, бори дигар ҷойгоҳи як рамзи муқаддасро дар мақоми давлатдорӣ ва бақои миллат нишон медиҳад.
Иқдоми оқилонаи аҳли зиёи Бадахшон дар боби садо додани Суруди миллӣ пеш аз оғози дарс некманишонаву дурбинона буда, дар тарбияи насли навин ва бо ин васила бедор сохтани ифтихороти миллӣ, хештаншиносӣ ва масъулияту дарки ватандорӣ, ки арзишманду лоиқи дастгирист. Бигзор, Суруди миллии Тоҷикистон чун аллаи модарон доимо дар ҳамаи хонадон танинандозу чун зангӯлаи бедорӣ дар гӯши ҷонҳо дар наво бошад ва оҳанги он аз минбарҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ садо бидиҳад. Суруди миллии тоҷикон чун ниёиши миллат аз қуллаҳои Боми ҷаҳон, аз ин маъбади аҳуроии муғон ба фалак бар гӯши Яздони меҳрубон бирасад ва истиқлолу озодии моро пойдору Тоҷикистони азизро ба сӯи амалишавии орзуҳои чандинҳазорсолаи ниёгони арҷманди миллат бирасонад.
Аминҷон ЗАРИФӢ — устоди коллеҷи
политехникии н. Зафаробод