
Дар ҷомеи навини мо, тоҷикон, саҳм ва нақши фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҷаста аст.
Ҳамчунин, бисёр касон барои расидан ба ваҳдат дар ҷомеа нақш ва саҳми босазои худро гузоштаанд. Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ ва чанд тани дигар ҷони худро нисори давлату миллат кардаанд. Таърихро хотираи инсоният меноманд. Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин, марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ, расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург, шахсиятҳои оламшумули қавму қабилаҳои хеш огаҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди баруманди замони худ шуда наметавонанд. Халқи тоҷик шоҳиди аст, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ оғоз гардид.
Дар ҳамин лаҳзаҳои душвори зиндагӣ дар Тоҷикистон Анҷумани “Пайванд” 28 октябри соли 1989 бо ибтикори аҳли ҷомеа ва равшанфикрони ҷумҳурӣ таъсис ёфт. Дар ҳисоботи солонаи ҷамъияти “Пайванд” сабт гардидааст, ки соли 1991 вазифаи асосии ҷамъият контингенти тамоми аҳолии тоҷикзабонро, ки дар давлатҳои хориҷӣ қарор доранд, тартиб додан буд. Дар ҳамон солҳо берун аз Тоҷикистон дар давлатҳои собиқ Шӯравӣ зиёда аз 10 миллион тоҷик зиндагонӣ мекарданд ва аксарияти онҳо (тақрибан 6-8 миллион аҳолии тоҷик) дар давлати Афғонистон сукунат доштанд. Ва ин беш аз ҳама вазифаи асосии “Пайванд” ба шумор меравад, ки бо ҷомеаи Афғонистон робита барқарор намояд. [2, с.6]
Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 садҳо ҳазор тоҷикону тоҷикистониён маҷбур шуданд ватани азизи худро тарк намоянд. Бар асари нооромиҳои сиёсиву иқтисодӣ теъдоди фирориёни тоҷик ба кишварҳои ҳамсоя хеле афзуд. Чунончи, профессор Мансур Бобохонов дар китоби “Таърихи мухтасари анҷумани “Пайванд” (Душанбе – 2012) нишон медиҳад, ки дар ибтидои соли 1995 дар Россия фирориён аз Тоҷикистон 22,5 фоиз, Гурҷистон 15,4 фоиз, Озарбойҷон 13 фоиз, Ӯзбекистон 11,6 фоиз ва аз навоҳии худи Россия 13 фоизро ташкил медоданд. [4, с.61]
Зимистони қаҳратуни солҳои 1992 – 1993 беш аз сад ҳазор нафар ҳаммеҳанҳои пиру ҷавони мо бо душвориҳои зиёде аз дарёи Панҷ гузашта, дар Афғонистон макон гирифтанд. Барои дарёфтан ва кумак намудан ба оилаҳое, ки наздикони худро гум карданд, ҷамъияти “Пайванд” ба барномаи “Хоки Ватан”- и Радиои тоҷик ва ниҳодҳои дигари дахлдор мактуб навишт. Аз рӯи маълумоти муҳаррири барномаи “Хоки Ватан” Сафаралӣ Нозимов, аз ибтидои соли 1993 тавассути барномаи “Мо ва шунаванда” эълон дар бораи шахсони гумном то охири моҳи март пахш ва шумораи зиёди фирориён ба Ватан баргардонида шуданд. 29-уми марти соли 1993 бо ташаббуси Шӯрои Вазирон ва раиси ҳамонвақтаи Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Иброҳим Усмонов нахустбарномаи “Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар” таъсис ёфт ва дар он муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми иҷборан тарки ватанкарда рӯи мавҷ дар тӯли 30 дақиқа пахш гардид. [5] Маҳз баъди ҳамин муроҷиат фирориён ва хешу ақрабои онҳо ба Радиои тоҷик дарди дил мекарданд.
Ҳамин тариқа, дар давоми солҳои фаъолияташ ин ҷамъият кӯшиш менамуд, ки муносибати хешро бо дигар марказҳо вусъат диҳад ва дар якҷоягӣ як созмони байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳонро ташкил намояд. Девони Вазирони Тоҷикистон қарор қабул кард, ки аз 9 то 15 сентябри соли 1992 нахустин Анҷумани тоҷикон ва кулли форсизабонони ҷаҳон баргузор гардад. Моҳи сентябри соли 1992 Анҷумани якуми тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ таҳти раёсати академик Х.М.Саидмуродов баргузор гашт. Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе 375 меҳмон аз 17 кишвари хориҷӣ гирд омаданд. Дар анҷуман Барнома ва Оинномаи Анҷумани Байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон тасдиқ гардида, академик Муҳаммад Осимӣ аввалин раиси Ҷамъияти “Пайванд” интихоб шуд. Дар ҷараёни кори Анҷуман меҳмонон аз бисёр шаҳрҳои ҷумҳурӣ (Хуҷанд, Исфара, Ӯротеппа (Истаравшан), Норак…) дидан карда, бо тарзи зисту зиндагии мардум ошноии комил пайдо намуданд. Ба иштирокчиёни анҷуман ҳатто аз сарони давлатҳо барқияҳо дастрас мешуданд. Аз ҷумла, Муҳаммад Осимӣ барқияи раиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон И.Каримовро ба номи Раиси Шӯрои Олӣ А.Искандаров қироат намуд. [5]
Дар давоми фаъолияти худ Муҳаммад Осимӣ дар ҷамъияти “Пайванд” баҳри барқарор намудани робитаҳо бо тоҷикони бурунмарзӣ корҳои назаррасро анҷом дод. Инчунин, робитаро бо ҷамъиятҳои милливу фарҳангии дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба роҳ монд. Намояндагони Ҷамъияти “Пайванд” дар Анҷумани IV умумиҷаҳонии «Родина»-и Белоруссия ширкат варзиданд. Соли 1992 ба идораи «Пайванд» тақрибан 190 шаҳрванди Тоҷикистон ва даҳҳо нафар тоҷикони хориҷи кишвар оид ба ёфтани хешу ақрабо дар хориҷ ва дар Тоҷикистон муроҷиат намуда кумак пурсидаанд. [7, с. 37]
Ҷамъияти «Пайванд», сарфи назар аз маҳдудиятҳои молиявӣ, тавонист, ки аз ҳисоби сарпарастҳо намояндагони худро ба маҳалҳои тоҷикнишини давлатҳои дуру наздик фиристад. Дар тӯли 5 сол (1991-1996) 19 намояндаи «Пайванд» ба давлатҳои Афғонистон (7 ҳайат), Эрон (3 ҳайат), ИДМ (3 ҳайат) ва якнафарӣ ба ИМА, Инглистон, Фаронса, Туркия, Миср ва Чин сафарбар карда шуда, бо ҳаммеҳанони худ мулоқот оростанд. [7, с.37]
Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар яке аз семинарҳои форум гуфтаанд: “Кумитаи иҷроияи Анҷумани “Пайванд” бояд фаъолияти худро дар роҳи ҳарчӣ бештар ва беҳтар шинохтани ҳамқавмҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ боз ҳам вусъат диҳад. Имрӯз тоҷиконро қариб дар ҳамаи кишварҳои олам метавон пайдо кард, ки бо сабабҳои гуногун ҷилои Ватан намуда, дар кишваре ихтиёри иқомат кардаанд ва мудом дар ёди Ватани аслии худ мебошанд. Ба ҳар васила онҳоро ёфтан, бо онҳо робита барқарор кардан ва доим аз ҳоли онҳо огоҳ будан аз муҳимтарин вазифаҳои мо ба шумор мераванд. Барои ин аз ёрдами марказҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои миллии тоҷикон, агар дар он ҷойҳо чунин созмонҳо бошанд, истифода кардан лозим аст. Аз ин рӯ, робита ва ҳамкории Кумитаи иҷроияи Анҷуман бо намояндагиҳои “Пайванд” ва созмонҳои ҷамъиятии онҳо бояд ҳамеша барқарор ва фаъол бошад. Мутаассифона, на бо ҳамаи марказҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятии миллӣ робита барқарор аст ва агар бошад ҳам, чунон заиф аст, ки аз фаъолияти онҳо ба таври бояду шояд наметавон огоҳ шуд. Ин аст, ки дар баъзе маҳалҳои Россия, аз қабили Екатеринбург, гурӯҳҳое ба вуҷуд омадаанд, ки худро ҳамчун маркази фарҳангӣ ё ҷамъияти миллии тоҷикон ба қалам дода ва ҳатто номи “Пайванд”-ро гирифта, ба амалҳои нораво даст мезадаанд. Мо барои барҳам додани чунин рӯйдодҳои номатлуб чораҳои фаврӣ бояд пешбинӣ намоем”. [7, с.38]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба шарафи ҳафтумин солгарди истиқлолият иброз дошта буданд, ки ҳатто дар марҳилаҳои барои Тоҷикистон ҳассос ва душвор дар баробари ҳалли масъалаҳои таҳкими сулҳу салоҳ, осоиштагию амнияти мардум Ҳукумати Тоҷикистон фурсате пайдо кард, ки тоҷикони аз Ватани аҷдодӣ дурафтодаро ҷӯё шавад ва бо онҳо робита барқарор намояд. Ин рафтору гуфтори муассиру шоистаи Президенти давлат дар таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва бедории сиёсии тоҷикон нақши барҷаста бозидааст.
Мактубҳо ба унвони Анҷумани “Пайванд” бисёр меомаданд ва онҳо то имрӯз дар бойгонии ин Анҷуман маҳфуз нигоҳ дошта шудаанд. Аз муҳтавои онҳо бармеомад, ки аксари фирориёни тоҷик дар нимаи аввали солҳои 90 –ум сокини Афғонистон гашта, дар шароити хеле душвори моддӣ ва санитариву экологӣ умр ба сар мебурданд. Теъдоди онҳо дар соли 1992 зиёда аз 200 ҳазор нафарро ташкил медодааст. Ин ҳолат ҷомеаи онрӯзаи ҷумҳурӣ, сохторҳои давлатӣ ва Парлумони мамлакатро водор мекард, ки онҳоро аз ин вазъи сангин раҳо диҳанд. Масъалаи фирориён дар Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт ва Иҷлосия ба Ватан баргардонидани онҳоро зарур шуморид. Роҳбари давлат аз минбари Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба халқи шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда гуфта буданд: “Имрӯз халқи тоҷик дар Ватани худ номи гурезаро касб карда, садҳо ҳазор одамон бехонаву ҷо ва сарсону саргардон шудаанд. Таърих ёд надорад, ки халқи тоҷик деҳу деҳкада ва шаҳристонҳоро бо дасти худ оташ зада, ба харобазор табдил дода бошад. Фоҷиаи падарон, модарон ва хоҳарону барадарони мо фоҷиаи миллат аст. Ҳамон миллате, ки ҳазорсолаҳо инҷониб бо тамаддуни оламшумул ва фарзандони нобиғаи худ машҳури ҷаҳон гардидааст.” [7, с. 44]
Сарвари ҷумҳурӣ дар ҳамон лаҳзаҳо тасмим гирифтанд, ки тамоми фирориёнро ба шаҳру деҳот ва манзили худ бармегардонад, онҳоро бо сару либос, хӯрокворӣ таъмин менамоянд, барои обод кардани харобазорҳо шароит фароҳам меоваранд. Президенти кишвар дар муроҷиати худ (12.12.1992) ба халқ, аз ҷумла, гуфта буданд: “Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки Шумо, дар давраи барои Ватани хеш душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони баруманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.” [8, с. 5-6]
Дар ҳалли масъалаи ба Ватан баргаштани тоҷикону ҳаммеҳанҳо ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ, (шаҳри Москва, 27 – уми июни соли 1997) нақши бузург дорад. Муқовимати сиёсӣ ва ҷанги шарҳрандӣ, ки дар Тоҷикистон давом кард, бидуни ғолибу мағлуб ба анҷом расид. Неруҳои сиёсӣ ва мардуми кишвар муттаҳид шуда, 18 – уми июли соли 1997 Ҳаракати Ваҳдати миллиро созмон доданд. [7, с. 51] Ин ҳама барои ба Тоҷикистон баргаштани фирориён мусоидат карданд. Дар ин раванд нақши Пешвои миллати мо ва Анҷумани “Пайванд” барҷаста аст.
Мунзифа ПӮЛОТОВА – омӯзгори
кафедраи фанҳои ҷамъиятии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон
Адабиёт:
- Э.Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Д.,2009. – С. 5-7.
- Аз бойгонии ҷамъияти «Пайванд», папкаи «воридотӣ» – соли 1989
- Паём. -2000. -№1 (6)
- Хоки Ватан. Китоби якум. – Душанбе: “Сурушон”, 2002, мактуби №11. – С.61.
- Папкаи соли 1992. Протоколи хотимавии Анҷумани тоҷикон ва ҳаммеҳмонони бурунмарзӣ аз 15.09.1992.
- Ассоциация «Родина» телефонограмма № 1213 АР с 4 октября 1991г Адрес: 103062, Москва, К-62, Б.Харитоньевский пер., 10 Папка 1991г общ. Пайванд.
- М.Бобохонов. Таърихи мухтасари анҷумани Пайванд.Нақши «Пайванд» дар бозгашти фирориён ба Ватан. Душанбе. Ирфон.2012. – С.37-38,39,44,51.
- Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ, ҷилди 1.- Душанбе: “Ирфон”, 2001.- С.5-6,130,177,161
Аз идора: Мақола аслан ба истиқболи 30 – солагии Анҷумани “Пайванд” ба идораи маҷалла ворид шуда буд, агарчи чопаш каме таъхир ёфт, вале аҳамияти таърихияш зиёд аст.