
Муҳоҷирати аҳли савод аз масъалаҳоест, ки бештари мамлакатҳоро метавонад ба ташвиш орад. «Фирори мағзҳо» имрӯз дар кишвари мо ҳам нигарониҳое ба миён оварда. Дар робита ба ин масъала ва паҳлуҳои гуногуни он мо мусоҳибае доштем бо сардори раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, доктори илми фалсафа Абдураҳмон Қурбонов, ки муҳтавои онро манзури хонандагон мегардонем.
— Тавре медонем, масъалаи «фирори мағзҳо» имрӯз чун падидаи иҷтимоӣ густариш ёфта, дар раванди ҷаҳонишавӣ мавқеи чашмрас пайдо намудааст. Дар робита ба ин падида имрӯз дар ҷумҳурии мо низ нарасидани мутахассисон ва кормандони илмию педагогӣ эҳсос карда мешавад. Назари шумо ба моҳият ва мазмуни ин раванд чӣ гуна аст?
— Барои дарки ҳамаҷонибаи масъала, пеш аз ҳама, ба мафҳуми «фирори мағзҳо» ё «муҳоҷирати зеҳнҳо» ва таърихи ташаккули раванди мазкур бояд сарфаҳм равем. Бояд зикр намуд, ифодаи “фирори мағзҳо” дар ибтидои солҳои 1950-ум дар Британияи Кабир вобаста ба муҳоҷирати оммавии олимони ин кишвар ба ИМА тавлид шудааст. Зеро баъди ба итмом расидани Ҷанги Дуюми Ҷаҳон теъдоди зиёди олимони ин кишвар барои ба ИМА рафтан тасмим гирифтанд.
“Фирори мағзҳо” равандест, ки зимни он олимон, мутахассисон ва кормандони соҳибтахассус бо сабабҳои иқтисодӣ, баъзан сиёсӣ, динӣ ва ё ягон сабаби дигар аз як кишвар ё минтақа барои зиндагию фаъолият ба кишвар ё минтақаи дигар мераванд. Дар луғатҳо ин истилоҳ ҳамчун “муҳоҷирати кадрҳои дорои таҳсилот ё тахассус аз як кишвар, гузаштан аз як бахши иқтисод ба дигараш, одатан барои дарёфти маош ё шароити арзандаи зиндагӣ” муайян шудааст.
Мавриди зикр аст, ки «муҳоҷирати зеҳнҳо» ё «фирори мағзҳо» ҳамчун падидаи иҷтимоӣ маҳсули имрӯз набуда, таърихи қадим дорад. Ҳанӯз дар Юнони қадим бо зарурати омӯзиши илм муҳоҷирати донишмандон аз як кишвар ба кишвари дигар вуҷуд дошт. Масалан, Фалеси юнонӣ барои омӯзиши ҳандаса як муддат дар Миср зиндагӣ кард. Пифагор аз Самоса ва Демокрит аз Абдера барои аз худ кардани илми мардуми Шарқ муддати дуру дароз дар Мисру Вавилон ва Ҳинду Эрон зиндагӣ ихтиёр намуданд. Намунаи дигари муҳоҷирати олимон дар давраи қадим дар асри 5 ба сарзамини форсҳо, ба Академияи Гунди Шопур омадани теъдоди зиёди гурезагони масеҳӣ аз Афина буд, ки минбаъд дар рушди илми ин маркази бузургтарини илми давраи тоисломии Шарқ саҳми муҳим гузоштанд. Мисоли Академияи Гунди Шопур собит месозад, ки ҳанӯз дар замонҳои пеш муҳоҷирати зеҳнҳо вуҷуд доштааст ва ба замми ин, барои ҷалби олимону файласуфони дигар кишварҳо сиёсати махсуси давлатӣ ба роҳ монда мешуд. Чунончи, шоҳи машҳури сосонӣ Хусрави Анӯшервон гурезаҳои афинагиро хуб пазируфт ва барои дар ин маркази илм ҷой додани онҳо мусоидат намуд.
Лекин, бояд зикр намуд, ки вусъат ёфтани ташаккули марказҳои илмӣ ва равандҳои муҳоҷирати зеҳнӣ ба давраи ташаккулёбии университетҳо дар Аврупо рост меояд. Университетҳои аввалини аврупоӣ дар асрҳои 11-12 дар атрофи олимону донишмандоне, ки аз минтақаҳои гуногун омада буданд, ташаккул меёфтанд. Онҳо теъдоди муайяни донишҷӯёнро дар атрофи худ ҷалб намуда, мактабҳои хурди илмиро таъсис медоданд, ки ин мактабҳои илмӣ бо гузашти вақт ба университетҳо табдил ёфтанд. Масалан, ташкилёбии Университети Париж (асри 12) ба фаъолияти омӯзгории Пер Абеляр, ки зодаи Британия мебошад, мансуб аст.
Миёни донишгоҳҳо рақобати шадиде вуҷуд дошт, ки он боиси қабули тадбирҳои ҷиддӣ дар масъалаи гузаштани донишҷӯёну омӯзгорон аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар гардид. Масалан, дар асри 13 (соли 1274) вобаста ба ин, аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳи Болония қарорҳое қабул гардиданд, ки бо мақсади кор ва таҳсил ба дигар донишгоҳҳо гузаштани донишҷӯёну омӯзгоронро манъ мекард. Ҳатто барои ашхосе, ки муҳоҷирати олимону донишмандонро қасдан тарғибу ташвиқ мекарданд, ҳукми қатл муқаррар гардида буд. Вале ба ин нигоҳ накарда, муҳоҷирати олимону донишмандон дар шаклҳои гуногун дар тӯли асрҳо идома дошт.
Тавре аз манбаъҳо бармеояд, барои пешгирӣ намудани раванди «фирори мағзҳо» аз ҷониби давлатдорон чораҳо низ андешида мешуданд. Масалан, ба кишварҳои дигар рафтани ҳунармандони венетсиягие, ки тарзи тайёр кардани шишаҳои қиматбаҳоро медонистанд, мамнӯъ буд ва барои ошкор сохтани сирри истеҳсоли ин навъи маҳсулот ҳукми қатл муқаррар шуда буд.
Мавриди тазаккур аст, ки ҳанӯз аз давраи таъсис ёфтани Иёлоти Муттаҳидаи Америка муҳоҷирати мутахассисони баландихтисос, пеш аз ҳама, аз худи Британия оғоз гардид. Дар ин давра барои пешгирӣ намудани муҳоҷирати кормандони баландихтисос ба ИМА чораҳои қатъӣ андешида мешуд. Ҳар шахсе, ки хоҳиши ба самти Америка шино кардан дошт, бояд дар хусуси он ки ӯ мутахассиси соҳаи коркарди пашм, оҳан, пӯлод, соатҳо ва мошин набуда, ҳеҷ гоҳ дар ин соҳа фаъолият накардааст, ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод мекард. Барои ашхосе, ки чунин муқарраротро риоя намекарданд, маҳбас ё мусодираи молу мулк муқаррар шуда буд. Дар Олмони асри ХIХ барои пешгирӣ намудани фирори «мағзҳо» ба ИМА аз воситаи дигари мубориза, бештар аз ташвиқу тарғиб истифода мебурданд. Масалан, мақомоти расмии давлатӣ зарари имконпазирро аз рафтани мутахассисон эҳсос намуда, муҳаррирони рӯзномаҳоро вазифадор менамуданд, ки оид ба зиндагии «қашшоқона ва даҳшатнок»-и муҳоҷирони олмонӣ дар Америка мақолаҳои махсус таҳия ва нашр намоянд. Америка бошад, дар ҷавоб ба ин амали олмониҳо чораҳои ҷавобӣ меандешид. Аз ҷумла, ҳукуматдорон аз муҳоҷирони олмонӣ хоҳиш менамуданд, ки дар мактубҳояшон ба хешону наздикон аз зиндагии воқеӣ ва фаъолияти кори худ нависанд. Аз ин бармеояд, ки баъзе кишварҳо барои пешгирӣ намудани «фирори мағзҳо» кӯшиш менамоянд ва кишварҳои дигар бошанд, барои ба манфиати худ ҷалб намудани онҳо талош меварзанд.
Дар нимаи дуюми асри 20 бошад, мафҳуми «бозори кадрҳои илмӣ» ба вуҷуд омад, ки айни ҳол дар бозори ҷаҳонии меҳнат барои ба даст овардани сарвати зеҳнӣ миёни кишварҳо рақобати шадиде вуҷуд дорад. Кишварҳои рушдёфта, аз ҷумла ИМА ва кишварҳои аврупоӣ, барои ба даст гирифтани сарвати зеҳнӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода, ҷойҳои холии корхонаю озмоишгоҳҳои илмиро аз ҳисоби ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби хориҷиён, яъне муҳоҷирони дорои қобилият ва истеъдоди баланди зеҳнӣ пур мекунанд. ИМА, ки шояд аз шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ огаҳӣ дошт, аллакай соли 1990 қонун дар бораи муҳоҷиратро қабул кард, ки барои муҳоҷирони ба Америка воридшаванда, хусусан, мутахассисони лаёқатманд, имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла додани шаҳрвандии Америкаро пешбинӣ намуд, ки боиси ба ин кишвар рӯ овардани теъдоди зиёди муҳоҷирони соҳибмаълумот, аз ҷумла олимони ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ ва дигар кишварҳои низоми сотсиалистӣ гардид. Бо шикасти сохти Шӯравӣ на танҳо дар ҷумҳуриҳои собиқи он, балки дар дигар кишварҳои режими сотсиалистӣ низ муҳоҷирати зеҳнҳо ба дигар кишварҳо оғоз гардид. Масалан, аз Полша-15%, Булғория-10%, Югославия-10% корманди меҳнати фикрӣ ин кишварҳоро тарк намуданд. Ин нишондод дар худи Россия аз ҳама зиёдтар аст. Чунончи, аз теъдоди 56 фоиз муҳоҷирони баландихтисоси ин кишвар 16% онро номзадҳо ва докторҳои илм ташкил медиҳанд.
—Албатта, ҳар замон вобаста ба махсусиятҳояш донишмандону мутахассисонро барои муҳоҷират ба минтақа ва кишварҳои дигар водор менамояд. Оё метавонем фаҳмем, ки ин омилҳо кадомҳоанд ва аз ҳам чӣ тафовуте доранд?
— Аз давраи қадим то имрӯз муҳоҷират дар маҷмӯъ ва хусусан, муҳоҷирати «зеҳнҳо» дар ду шакл сурат мегирифт-ихтиёрӣ ва маҷбурӣ. Донишварон ба хотири таҳсил, омӯзиш аз марказҳо ё мактабҳои илмии нисбатан камнуфуз ба мактабҳои илмии бонуфузтар аз як шаҳр ба шаҳри дигар ё аз як кишвар ба кишвари дигар мерафтанд. Инро дар рӯзгори донишмандони Юнони қадим, мутафаккирони асрҳои миёнаи тоҷик, баъдтар дар кишварҳои аврупоӣ ва ғ. мушоҳида намудан мумкин аст. Дар асри 19 ва аввалҳои асри 20 теъдоди зиёди сокинони Бухорои Шарқӣ ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро барои таҳсил рафта, 15-20 сол дар он ҷо мемонданд ва баъди хатми таҳсил қисми муайяни онҳо ба зодгоҳашон бармегаштанд ва қисми дигарашон дар ин шаҳрҳо муқимӣ мешуданд.
Ба хотири «қудрат» будани илм Иван Грозний 19 нафар фарзандони дворянҳоро барои таҳсил ба хориҷа фиристод, зеро Россияи феодалӣ ба донишмандон эҳтиёҷ дошт, вале ягон нафари онҳо ба ватан барнагаштанд. Баъдтар ин иқдомро Пётри I амалӣ намуд. Ӯ 200 нафар ҷавонони боистеъдодро ба Аврупо барои таҳсил фиристод, ки баргашта омадани онҳо ба рушди соҳаи илму фарҳанги Россия такони ҷиддӣ бахшид. Яъне ҳадаф аз муҳоҷирати зеҳнҳо дар он замон аслан таҳсил ва омӯзиш буд.
Муҳоҷирати зеҳнҳо дар замони муосир бештар заминаи иҷтимоӣ дорад. Набудани шароити мусоиди кор ва маоши арзанда олимону мутахассисонро маҷбур месозад, ки ҷою макони мувофиқтарро интихоб намоянд. Мутахассиони варзидаро кишварҳои рушёфта харидорӣ мекунанд, бо шароити хуби корӣ ва музди кори баланд таъмин мекунанд. Ҳамин аст қоидаи «бозори кадрҳои илмӣ». Масалан, имрӯз мутахассисони соҳаи технологияи ядроии Россияро кишварҳои Эрон, Ҳиндустон, Покистон ва ғ. бо маблағҳои калон харидорӣ мекунанд. Табибони тоҷик ҳамчун мутахассисони варзида ва эътирофшуда имрӯз дар Россия ва кишварҳои арабӣ кору фаъолият менамоянд. Ин гуна мисолҳо хеле зиёданд.
—Мусаллам аст, ки Тоҷикистони мо низ аз ҳар гуна мушкилоти ҷаҳонӣ берун буда наметавонад. Лутфан мегуфтед, ки «муҳоҷирати зеҳнҳо» ё тавре ки мегӯянд, «фирори мағзҳо» дар ҷумҳурии мо дар кадом ҳолат аст?
— Мушкили асосӣ сари он аст, ки дар мақомоти расмии Тоҷикистон оид ба миқдори умумии муҳоҷирон, аз ҷумла олимону мутахассисон рақами аниқ вуҷуд надорад. Дар бораи шахсияти ҳар як муҳоҷир дастрас кардани маълумот ғайриимкон аст. Яъне барои муқаррар намудани миқдори муҳоҷирони баландихтисос шахсияти ҳар муҳоҷирро донистан лозим аст. Аз ин рӯ, бо таассуф метавон гуфт, ки дар ҷумҳурии мо оид ба муҳоҷирати зеҳнҳо маълумоти оморӣ вуҷуд надорад ва ин раванд аз назорати мақомоти расмии давлатӣ, дар мадди аввал аз назари Хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ берун мондааст. Лекин аз рӯи мушоҳидаҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки аз ҷумҳурии мо низ дар ин давра олимону мутахассисони зиёде ба хориҷи кишвар рафтанд. Ба он нигоҳ накарда, ки ҳар сол дар ҷумҳурӣ тақрибан 250 нафар рисолаи номзадию докторӣ ҳимоя мекунанд, имрӯз нарасидани мутахассисони баландихтисос ва олимон дар тамоми соҳаҳо ва муассисаҳо эҳсос карда мешавад. Ҷойҳои холӣ пурра намешаванд, зеро ки рафта истодаанд, ҳам аз соҳаи илм ба соҳаҳои дигари фаъолият дар дохили ҷумҳурӣ ва ҳам ба хориҷа. Дар ҳар сурат, ин масъала таҳлили ҷиддиро мехоҳад.
Бояд ёдовар шуд, ки раванди «муҳоҷирати зеҳнҳо» дар тамоми кишварҳои дунё зери назорати давлат аст ва ҳар кишвар барои нигоҳ доштани чунин сарват чораҳои ҷиддӣ меандешад.
— Ҳама гуна зуҳуроте, ки дар ҷомеа пайдо мешаванд, андешаву назарҳои мухталифро ба бор меоранд. Аз ин ҷиҳат назари шахсии Шуморо ба раванди «фирори мағзҳо» ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ донистан мехоҳем.
— Бояд гуфт, ки арзёбии масъалаи муҳоҷирати олимону мутахассисони варзида, чи дар ҷумҳурии мо ва чи дар кишварҳои дигар, собит месозад, ки он ҳам оқибатҳои мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Таҳлили назариявии муҳоҷирати зеҳнҳо дар адабиёти ҷаҳонӣ аз рӯи ду равия сурат мегирад. Равия ё мактаби аввал ҷонибдори роҳи интернатсионалии рушд буда, ба «муҳоҷирати зеҳнҳо» назари хушбинона доранд. Ба андешаи онҳо, ҳангоми дар муҳоҷират будан, олим ё мутахассиси соҳибистеъдод барои рушди илми кишвари худ низ манфиат меорад, зеро ӯ барои илм дар масштаби ҷаҳонӣ кор мекунад. Илова бар ин, дар давраи буҳронӣ, ки ҷомеа аз сар мегузаронад, роҳу василаи ягонаи амалӣ намудани мақсадҳо (нақшаҳо)-и илмӣ ва рушди касбият (ё баланд бардоштани сатҳи тахассус) барои ҳар як корманди илмӣ идома додани фаъолияти илмӣ дар кишварҳои нисбатан рушдёфта мебошад.
Ҳамин тариқ, пайравон (ё намояндагон)-и мактаби интернатсионалӣ ба муҳоҷирати олимону мутахассисони болаёқат ба кишварҳои рушдёфта назари некбинона доранд ва ҳатто, инро барои кишварҳои содиркунанда манфиатовар арзёбӣ мекунанд. Лекин бояд зикр намуд, ки аксари кулли намояндагони мактаби «интернатсионалистҳо» шаҳрвандони Аврупои Ғарбӣ ва ИМА, яъне кишварҳои қабулкунанда, ки худашон вобаста ба масъалаи талаф додани олимону мутахассисони миллӣ мушкиле надоранд, маҳсуб мешаванд. Ҳамзамон қисми дигари коршиносон, аксаран коршиносони Россия ба равияи «миллӣ» мансуб буда, равандҳои муҳоҷирати олимону мутахассисонро барои кишварҳои содиркунанда ҳамчун талафоти сарвати зеҳнӣ арзёбӣ намудаанд. Таҳқиқи ин раванд собит месозад, ки муҳоҷирати зеҳнҳо метавонад ба давлат дар се самт зарари ошкоро расонад.
Якум, олимону мутахассисоне, ки дар кишварҳои бегона фаъолият менамоянд, мехоҳанд ё намехоҳанд, барои рушди неруи илмии кишвари қабулкунанда ё худ кишвари бегона мусоидат менамоянд. Таҷрибаҳо собит месозанд, ки кишварҳои қабулкунанда на ҳамеша омода ҳастанд, ки дастовардҳои илмиро дастраси ҷомеаи ҷаҳонӣ созанд. Аксари кишварҳои рушдёфта дар муносибат ба соҳаҳои муҳими илмғунҷо-чун истеҳсоли нимноқилҳо, рушди комплексҳои кайҳонӣ, микробиология, низомҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ғайра, ки дар рушди иқтисоди муосир нақши муҳим доранд, сиёсати протексионистиро амалӣ намуда, барои дастраси кишварҳои дигар нагардидани он аз тамоми воситаҳо истифода мебаранд. Зеро имрӯз маҳз иттилоот ва дониш кафили қудрат ва нуфузи ҳар як кишвар аст ва ҳеҷ давлату миллат намехоҳад чунин сарватро аз даст диҳад.
Дуюм, аз кишвар рафтани олим ё мутахассиси болаёқат ба иқтисоди он зарари мустақим мерасонад. Тибқи ҳисобҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз рафтани як доктори илм, вобаста ба хароҷот барои тарбияи як мутахассис ва зараре, ки бо аз кор рафтани ин мутахассис ба истеҳсолот мерасад, мамлакат тақрибан 300 ҳазор доллар зарар мебинад. Бо аз кор рафтани як мутахассиси варзида як коллектив ва корхона аз роҳбарӣ маҳрум мегардад, самаранокии илмӣ ва истеҳсолии он паст мешавад, вақту заҳмат ва хароҷоти зиёде зарур мешавад, ки мутахассиси нав тарбия ва ба кори асосӣ ҷалб карда шавад.
Сеюм, зарари иҷтимоӣ-психологӣ мебошад, ки бо рафтани корманди баландихтисос нуфузи илми ватанӣ дар арсаи ҷаҳонӣ паст мешавад ва ин ба ҳавасмандии олимони ҷавон ва ҷалби ҷавонон ба илм таъсири манфӣ мерасонад.
— Фикр мекунам, дар ин кор ба назар гирифтани танзим ва чораҳои ҷавобӣ амри зарурист. Вобаста ба раванди «фирори мағзҳо» дар ҷумҳурӣ ин паҳлуи масъаларо чӣ гуна арзёбӣ кардан мумкин аст?
-Бояд тазаккур дод, ки ба вазъи имрӯзаи молиявӣ нигоҳ накарда, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт баъзе тадбирҳо амалӣ шудаанд, ки барои пурра намудани ҷойҳои муҳоҷирон дар чанд соли охир то андозае мусоидат хоҳанд кард. Тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад андешидашуда, аз ҷумла қабул намудани як силсила қарор ва санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ, эътирофи баробарии дипломҳо, муқаррар намудани квотаҳо аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар, таъсиси стипендияи Президентӣ барои аспирантон, таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва ғ. барои ҷалби ҷавонон ба илм то андозае мусоидат намуданд.
Ҳамчунин, соли 2005 бо Фармони Президенти мамлакат стипендияи аспирантон якбора 4 маротиба баланд бардошта шуд ва хобгоҳи замонавӣ барои аспирантону докторантҳо (дорои 270 ҷой) ба истифода дода шуд. Маҳз ин амали саривақтии Ҳукумат боиси он гардид, ки солҳои минбаъда қабул ба аспирантура аз рӯи озмун сурат гирад.
Инчунин, як силсила барномаҳои давлатӣ, аз қабили «Барномаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ», «Барномаи рушди илмҳои дақиқ», «Консепсияи рушди илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғ., ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тасвиб расиданд, барои ба роҳ мондани фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбия намудани кадрҳои илмӣ мусоидат менамоянд. Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус борҳо таъкид намудаанд ва дар яке аз суханрониҳояшон зикр карданд, ки воситаи асосии ҳимояи мо ракетаю танку тӯп не, балки қувваи зеҳнии миллати мост. Аз ҷумла, дар вохӯрӣ бо ҷавони кишвар моҳи майи соли 2013 таъкид намуданд, ки «… дар асри бистуяк пешрафт ва бойигарии кишварҳоро на аз рӯи шумораи аҳолӣ ва захираву сарватҳои табиӣ, балки аз рӯи қобилияти зеҳнӣ, сатҳи маърифат ва огоҳиву дастрасӣ доштани аҳолӣ ба техникаву технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки онҳо муайян менамоянд». Ҳатто зимни мулоқот бо намояндагони рӯҳониёни ҷумҳурӣ Президенти кишвар аз онҳо хоҳиш намуданд, ки «…агар Сарвари давлатро дастгирӣ мекунед, танҳо бо дастгирии илму маориф дастгирӣ кунед». Ин суханони Сарвари давлат барои ҳар фарде, ки дар ин самт масъулияте дорад, бояд шиори асосӣ ва дастури амал бошанд. Зеро, тарбия ва нигоҳдории захираи зеҳнӣ- ин сарвати гаронмоя кафили рушди ҳар давлату миллат ва омили муҳимтарини амнияти он маҳсуб мешавад.
Мусоҳиб
Саидаи ФАЗЛ