Муаррифӣ: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соли 1978 ҳамчун шуъбаи қӯрғонтеппагии Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (айни ҳол ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) таъсис ёфта, соли 1991 тибқи Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 1991 ва фармоиши Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1991 ба Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа табдил ёфт. Соли 1992 донишкада ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа табдили мақом карда, ба номи шоир ва файласуф Носири Хусрави Қубодиёнӣ гузошта шуд. Бо сабаби ба шаҳри Бохтар иваз шудани номи шаҳри Қӯрғонтеппа, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145» аз 31 июли соли 2018, №362 Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав» минбаъд ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» тағйири ном кард. Дар 9 бинои таълимии донишгоҳ 14 факултет, 45 кафедра, 416 ҳуҷра, 33 озмоишгоҳи таълимӣ, 2 озмоишгоҳи таълимӣ-таҳқиқотӣ, коллеҷи омӯзгорӣ, литсей, маркази касбомӯзии калонсолон дар ноҳияи Хуросон ҷойгир шудаанд. Дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён дар хоҷагии таълимӣ-таҷрибавӣ (масоҳаташ 5 га) баргузор мешаванд. Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав узви Шабакаи донишгоҳҳои Авруосиё мебошад.
Суҳбати мо бо ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои биологӣ, профессор Сайфиддин Давлатзода дар атрофи фаъолияти донишгоҳ дар шароити имрӯза ва нақшаҳо барои оянда ҷараён ёфт.
- Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар тайёр кардани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат, аз ҷумла, соҳаи омӯзгорӣ нақши муҳим дорад. Мехостем дар ин хусус маълумот медодед.
- Бале, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногуни кишвар 45 сол аст, ки фаъолият мекунад. Айни ҳол дар донишгоҳ раванди таълим аз рӯйи 71 ихтисос дар 14 факултет ва 45 кафедра ба роҳ монда шудааст. Соли таҳсили 2022-2023 дар донишгоҳ ихтисосҳои англисиву хитоӣ кушода шуд. Барои соли таҳсили оянда бо дастгирии Агентии назорат дар соҳаи маориф ба таълими 23 ихтисоси дигар иҷозат дода шудааст.
Барои омӯзгорони донишгоҳ заруртар аз ҳама, пайваста баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбиашон мебошад. Аз ин ҷиҳат, раёсати донишгоҳ соли равон бо иштироки мутахассисони шуъбаи такмили ихтисоси Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дар факултетҳои забони англисӣ, забон ва адабиёти рус курси такмили ихтисоси омӯзгоронро ба роҳ монд, ки дар анҷоми он 19 нафар омӯзгор аз рӯйи ихтисоси забон ва адабиёти рус ва 27 нафар аз ихтисоси забони англисӣ соҳиби шаҳодатномаи такмили ихтисос гардиданд. Илова бар ин, 4 нафар омӯзгори факултети забони англисӣ дар даври аввали курси такмили ихтисоси забони англисӣ дар Донишгоҳи Осиё дар шаҳри Душанбе иштирок карданд. Инчунин, аз ҷониби раёсати донишгоҳ курси такмили ихтисос аз рӯйи равияҳои педагогӣ, психологӣ, забони англисӣ баргузор гардид, ки 81 нафар омӯзгори равияҳои ғайриомӯзгорӣ, 114 нафар омӯзгор аз фанҳои технологияи информатсионӣ, забони англисӣ, физика, технология курсҳои кӯтоҳмуддат, ҳамчунин, 50 нафар омӯзгори факултетҳои химия ва биология, физика, математика-информатика аз курси сайёри Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузашта, соҳиби ҳуҷҷат гардиданд. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Олтой тӯли як ҳафта дар донишгоҳ омӯзиши дарсҳои забони русӣ баргузор гардид (аз ҷумла, дарсҳои онлайнӣ), ки баъд аз супоридани тест ва суҳбати шифоҳӣ 120 нафар омӯзгору донишҷӯ соҳиби сертификат гардиданд. Ҳамзамон, 19 нафар омӯзгор соҳиби сертификати шурои Амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ шуданд. Дар соли таҳсили 2022-2023 дар кластери амалкунандаи курси тайёрии назди донишгоҳ 68 нафар таҳсил мекунанд.
Дар робита ба Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар соли таҳсили анҷомёфта, дар донишгоҳ 16 гурӯҳи таълимашон бо забони русӣ ва 2 ихтисоси таълимашон бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.
- Донишгоҳ махзани илм дониста мешавад. Дар ин даргоҳ аз илм дур кор кардан ғайриимкон мебошад. Муҳити илмӣ барои талаботи замон созгор аст ё монеаҳо дар ин самт ҷо доранд?
- Сиёсати давлат дар ин самт омӯзгорони донишгоҳро водор мекунад, ки пайваста корҳои зиёди илмиро ба анҷом расонанд. Айни ҳол дар донишгоҳ 20 нафар доктори илм, 167 нафар номзади илм фаъолият доранд ва дар маҷмуъ пояи (потенсиали) илмии донишгоҳ 34,4%-ро ташкил медиҳад.
Таълифоти илмӣ ҳам тавассути мақолаҳо ва ҳам тавассути дастуру китобҳо ва суханронӣ дар конфронсҳои дохилӣ ва берунии кишвар аз натиҷаи фаъолияти олимони донишгоҳ шаҳодат медиҳад. Баргузории конференсияҳои сатҳи гуногун ва мизҳои мудаввар дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромадааст. Айни замон ҳайати профессорону устодони донишгоҳ ба пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ ва илмию методӣ машғул мебошанд. Имкониятҳо барои пешбурди фаъолияти олимони донишгоҳ рӯз то рӯз бештар мегарданд. Бо ибтикори раёсати донишгоҳ моҳи январи соли 2023 маркази омӯзиши илмӣ-таҳқиқотии “Мактаби сарварии Пешвои миллат” ба фаъолият шуруъ кард. Баъди таъсис ёфтани маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» муҳаққиқон, аспирантону унвонҷӯён ва олимони донишгоҳ имконияти бештари нашри корҳои илмии худро пайдо намуданд. Маҷалла ба феҳрасти маҷаллаҳои КОА-и Федератсияи Русия ва феҳрасти КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, дар саҳифаҳои он ҳар сол зиёда аз 700 мақолаи илмии муҳаққиқони кишвар ва хориҷа нашр мешавад.
Омода кардани мутахассисон дар зинаи магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисоси доктор PhD ҳам аз ворид будани донишгоҳ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад. Бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди донишгоҳ айни замон ду Шурои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯйи ихтисосҳои математика, физика ва информатика ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз руйи ихтисоси 13.00.08 — Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ, фанҳои табиӣ, риёзӣ, фанҳои ҷадид ва таърихи илм ва техника фаъолият дорад.
- Самти дигари рушди фаъолияти илмии донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо донишгоҳу муассисаҳои фарҳангии кишвар ва берун аз он дониста мешавад.
- Дар баробари бо таълим фаро гирифтани шаҳрвандони ҷумҳурӣ, яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти ҳар як мактаби олӣ хуб ба роҳ мондани робитаҳо бо хориҷ аз кишвар мебошад, ки ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ ва азхудкунии илмҳои муосир ва ғайраро дар бар мегиранд.
Донишгоҳ ҳамкории худро бо марказҳои таълимӣ ва илмӣ- таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ дар асоси созишномаҳои тарафайн ва тавассути лоиҳаҳо ва барномаҳои муассисаҳои таълимиву илмии дигар донишгоҳу донишкадаҳо сол то сол вусъат дода истодааст. Натиҷаи чунин ҳамкориҳо ҳатто дар амалӣ гардондани барномаҳои давлатӣ мусоидат менамоянд. Масалан, ташкили “Гӯшаи Амрико”, «Центр русского языка и литературы», “Русский клуб” ва ҳамкорӣ бо ташкилоти “Ҳамсояи хуб” барои таъмини донишҷӯдухтарони маъюб бо компютерҳо, ҳамкорӣ бо 22 МТОК дар соли таҳсили 2022-2023, сохтмони хобгоҳи донишҷӯён ва харидории таҷҳизоти таълимӣ дар доираи лоиҳа ва грантҳо оид ба рушди таҳсилоти олии касбӣ аз ҷумлаи ин ҳамкориҳост.
Ҳамчунин, байни ДДБ ба номи Носири Хусрав ва китобхонаи илмии электронии Россия таҳти рақами 803-12/2014 шартномаи дуҷониба ба имзо расидааст. Тибқи он ҳар як шумораи нави маҷаллаи «Паёми ДДБ ба номи Носири Хусрав» ба ин муассиса ирсол мегардад. Шумораҳои нашршудаи маҷалла аз соли 2008 (солҳои аввал бо номи «Масъалаҳои педагогика ва психология») дар сомонаи китобхонаи электронии Россия (http://eLibrary.ru), сомонаи донишгоҳ (www.btsu.tj) ва сомонаи худи маҷалла (www.btsu. vestniki.tj.) мавҷуданд.
Донишгоҳ барои инъикоси дастовардҳо ва фаъолияти худ миёни ҷомеа ва ВАО ҳам нашрияе бо номи «Фурӯғ» дорад, ки он асосан инъикосгари рӯйдодҳо ва масъалаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии донишгоҳ мебошад. Дар ҳар шумораи ҳафтанома дар баробари тозатарин хабарҳо, инчунин, таълифоти устодон, донишҷӯён ва дигар алоқамандон пайваста ба нашр расида, дастраси хонандагон мегардад. Теъдоди нашри он имсол ба 10 000 расид, ки ин миёни нашрияҳои донишгоҳҳои кишвар нишондоди хуб аст.
- Аз беҳтарин имконоте, ки барои такмили дониш ва худомӯзии донишҷӯёну омӯзгорон фароҳам оварда мешавад, ба фаъолияти китобхона дар донишгоҳ рабт дорад. Дар ин хусус чӣ мегӯед?
- Дар соли равон илова ба корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди бинои асосии донишгоҳ сохтмони китобхонаи донишгоҳ пурра ба анҷом расонида, ба истифода дода шуд. Ин иншооти навбунёд аз таҳхона ва 2 ошёна иборат буда, таҳхона барои нигоҳдории китоб ва озмоишгоҳҳои самти техникӣ ва технологӣ, аз қабили коркарди чӯб, технологияи дӯзандагӣ, озмоишгоҳи ихтисоси сохтмон ва стандартизатсия, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст, ки масоҳати умумии бино 2910м2 – ро ташкил медиҳад.
Дар таҳхонаи бино махзани китобҳои анъанавӣ бо теъдоди зиёда аз 250 ҳазор нусха ҷойгир аст. Дар хонаи якум ва дуюми ҳамин қисмат ду толори хониш вобаста ба намоиши нусхаҳои адабиёти тавсиявӣ номинатсияҳои озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат, “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ва дастовардҳои олимони донишгоҳ бо ғунҷоиши 350 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад. Китобхонаи электронӣ дорои 200 адад компютер, 150 ҳазор нусхаи китобҳои электронӣ ва комплекси таълимии омӯзгорон вобаста ба фанҳои таълимӣ, 20 адад смартэкранҳо ва камераҳои назоратӣ мебошад. Маблағи умумӣ барои сохтмони китобхонаи донишгоҳ бо тамоми таҷҳизоташ аз суратҳисоби махсуси донишгоҳ сарф шудааст. Бинои нави китобхона ва маркази компютерӣ дар донишгоҳ рӯзи 21-уми марти соли 2023 бо иштироки Ҷамшед Ҷӯразода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ва Файзулло Баротзода, раиси шаҳри Бохтар, дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Инчунин, дар доираи корҳои ободонӣ бо иштироки Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ва Файзулло Баротзода, раиси шаҳри Бохтар, барои бунёди хобгоҳи донишгоҳ маросими гузоштани санги асос сурат гирифт. Хобгоҳи донишҷӯён тибқи лоиҳаи иншоот аз 7 ошёна иборат буда, масоҳати умумии сохтмони он 5810 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ин иншоот барои 460 нафар донишҷӯ ба нақша гирифта шудааст.
– Мусаллам аст, ки тарбия бо таълим тавъаманд ва яке бе дигаре рушд намекунад. Дар донишгоҳ ба самти тарбия муносибат чӣ тавр аст?
- Корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ ҷиддӣ роҳандозӣ гардида, бо мақсади дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ тарбия намудани донишҷӯён корҳои назаррас ба анҷом мерасанд. Дар соли таҳсили 2022-2023 аз ҷониби намояндагони шуъбаи тарбия баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои қудратӣ зиёда аз 150 чорабинии сатҳи донишгоҳиву вилоятӣ баргузор гардид. Инчунин, аз ҷониби зиёда аз 100 нафар омӯзгору донишҷӯ мақолаҳо доир ба мавзуъҳои терроризм ва экстремизм дар матбуоти даврӣ рӯйи чоп омаданд.
Яке аз самтҳои тарбия ба ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани донишомӯзон маҳсуб меёбад. Дар назди факултети техникӣ ва технологӣ маҳфили “Дастони моҳир” бо ҷалби 100 нафар донишҷӯдухтар, ки ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, амал менамояд. Инчунин, дар маркази касбомӯзии ноҳияи Хуросон дар заминаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои калонсолон касбҳои ошпазӣ ва барқчӣ омӯзонида шуда, соҳиби шаҳодатнома мегарданд.
Бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси худшиносии шогирдон ташкили саёҳат ба мавзеъҳои таърихии диёр омили хубест. Дар робита донишҷӯён барои ошноӣ аз мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ омӯзгорону донишҷӯёни риштаҳои сайёҳӣ ва таъриху бостоншиносии факултетҳои химия -биология, филологияи тоҷик ба ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод, тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, мадрасаи Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритус, муҷассама, мақбараи рамзӣ ва осорхонаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ, мавзеи таърихии «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, «Боғи ботаникӣ»-и шаҳри Кӯлоб сафарбар гардиданд.
Гармхона барои парвариши лиму ва растаниҳои дигар дар мавзеи таълимӣ-таҷрибавии «Зағертут», таҳия ва тасвиби санаду ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар ин мавзеи таълимӣ-таҷрибавӣ аз тадбирҳоеанд, ки ба тарбияи кории донишҷӯён равона гаштаанд.
Яке аз тадбирҳои муҳимме, ки барои тайёр кардани мутахассисон бояд мо аз он истифода барем, ба назар гирифтани илму амал аст. Аз ин ҷиҳат донишгоҳ мекӯшад, ба давраи таҷрибаомӯзии донишҷӯён диққати бештар диҳад. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён тибқи нақшаҳои таълимии амалкунанда дар асоси шартномаҳои тарафайн гузаронида мешаванд. Бояд ҳаминро қайд кард, ки раёсати донишгоҳ то имрӯз барои гузарондани таҷрибаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ бо зиёда аз 70 корхонаи давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ, инчунин, барои гузаронидани таҷрибаи педагогӣ бо зиёда аз 32 муассисаи таълимии шаҳри Бохтар, Леваканд ва ноҳияҳои Кӯшониён ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд қарордодҳоро ба имзо расонидааст. Инчунин, аз литсейи назди донишгоҳ ва коллеҷи омӯзгорӣ низ бо ин мақсад истифода бурда мешавад.
- Бунёдкорӣ дар соҳаи маориф сол то сол вусъати тоза пайдо мекунад. Ин, аз як ҷониб, беҳтар шудани вазъи зиндагии ҷомеаро ифода кунад, аз дигар ҷониб, баланд шудани талаботи замон ҳам аст.
- ДДБ ба номи Носири Хусрав дар баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии кормандону устодон ва васеъ намудани пойгоҳҳои таълимӣ дар байни муассисаҳои олии ҷумҳурӣ мақоми хос дорад. Ҳамчунин, дар ихтиёри донишҷӯён ду адад майдонча, 2 толори варзишӣ, як маҷмааи варзишӣ ба ҳамаи шароити замонавӣ қарор дорад. Корҳои кабудизоркунӣ дар саҳни донишгоҳ пайваста роҳандозӣ шуда, зиёда аз 10000 адад гули мавсимӣ шинонда шуд. Ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти донишгоҳ бо гулҳои мавсимию ороишӣ дар назди факултети химия ва биология гулхона ва мавзеи парвариши ниҳолҳои ороишии ситрусӣ омода гардидааст. Риояи талаботи санитарӣ ва ва хатти об ҳам хуб ба назар гирифта шудааст.
Ҳамасола маблағҳои шартнома дар донишгоҳ мақсаднок истифода бурда мешаванд. Раёсати донишгоҳ ба хотири рушди минбаъда ният дорад, ки вобаста ба имкониятҳои мавҷуда дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохтмони бинои нави хобгоҳи 7-ошёна барои донишҷӯён, бинои 9-ошёнаи хонаи истиқоматӣ барои кормандон, таҷдиди парки технологӣ, сохтмони синфхона ва озмоишгоҳҳои саҳроиро барои коркарди маводи илмии муҳаққиқонро сохта, ба истифода диҳанд.
– Ҳавасмандӣ, қадршиносӣ ва эътирофи донишу маҳорат омили муҳимтарини рушди фаъолияти шахс аст. Аз ин ҷиҳат назари шумо чист?
- Ҳавасмандии омӯзгорону донишҷӯён, қадршиносии меҳнати онҳо вазифаи мост. То ин дам 12 маротиба дар 10 соли охир музди меҳнати кормандон афзоиш ёфтааст. Инчунин, 20% музди меҳнати кормандони хоҷагӣ ва техникӣ аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ баланд бардошта шудааст. Ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандӣ ба 112 корманд роҳхат ба осоишгоҳҳои ҳудуди ҷумҳурӣ ва 14 нафар фарзанди онҳо роҳхат ба истироҳатгоҳҳо дода шуд. 17 нафар устоди донишгоҳ барои заҳмати босамар бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Дар донишгоҳ дар айни ҳол 451 нафар ҷавон тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд. 60%-и донишҷӯёни таҳсилоти рӯзонаи донишгоҳ аз буҷети давлат стипендия мегиранд. Инчунин, 8 нафар стипендияи Президентӣ, 7 нафар стипендияи раиси вилоят, 15 нафар стипендияи раиси шаҳри Бохтар, 10 нафар стипедияи Иттифоқи касабаи донишгоҳро сазовор гаштаанд.
Дастовардҳои донишҷӯёни донишгоҳ дар самтҳои мухталиф хеле назаррас мебошанд. Соли 2022 донишҷӯёни донишгоҳ, ҷой дар озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника», 5 ҷой дар олимпиадаи ҷумҳурявӣ миёни донишҷӯёни МТОК, 3 ҷой дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», 5 ҷойи ифтихорӣ дар озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявиро соҳиб гардиданд. Аз ҷумла, 14 нафар донишҷӯёни донишгоҳ 18-уми майи соли 2023 дар давраи ниҳоии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда, 5 нафари онҳо: Ирматова Мадина, соҳиби ҷойи 1 аз фанни забон ва адабиёти рус, Шамсзода Ҷамила, ҷойи 2-юм аз фанни сиёсатшиносӣ, Исмоилов Шаҳобиддин, ҷойи 2-юм аз фанни фалсафа, Темиров Шоҳидод, ҷойи 3-юмро аз фанни назарияи иқтисод ба даст оварданд. Дар соли таҳсили 2022-2023 34 нафар донишҷӯ соҳиби дипломи аъло гардиданд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.
Таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф моро водор менамояд, ки тамоми неруи ақлонию зеҳнии худро барои беҳбудӣ бахшидан ба сифати таълим, корбасти навтарин усулҳо дар таълими дарсҳо, истифодаи технология ва техника дар раванди таҳсилот, омода намудани мутахассисони варзидаву дорои ахлоқи ҳамидаи ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ равона созем.
– Ҷиҳати рушд ва пешрафт гардидани соҳаи маориф чӣ пешниҳодҳо доред?
1.Омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар самти беҳтарсозии стандартҳои давлатӣ.
- Бо мақсади воридшавии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ таъсиси гурӯҳҳои таҳсилашон бо забонҳои русиву англисӣ;
- Зарурати истифодаи асарҳои илмии профессор Саймумин Ятимов (1,2,3,4) дар самти таълим ва илм бо мақсади амнияти илмию эҷодӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити бархӯрди тамаддунҳо;
- Таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ-илмии муштарак байни МТОК ва пажӯҳишгоҳҳои илмии сохторҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои сохторӣ;
- Ташкили интегратсия ва интернализатсияи раванди илмию таълимӣ бо истифода аз технологияи рақамӣ омилҳоеанд, ки метавонанд дар рушди соҳаи маориф таъсиргузор бошанд.
- Нигоҳи шумо ба маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон”, маслиҳати шумо ба мо дар робита ба шаклу мазмун ва ҳамкории омӯзгорони донишгоҳ бо маҷалла?
- Сафҳа гардондани ҳар нашрия вобаста ба шаклу мазмуни он аст. “Маорифи Тоҷикистон” аз ин ҷиҳат муваффақ аст. Мазмуне, ки дар муқоваи маҷалла ифода ёфтааст, аз кордониву масъулиятмандии кормандони маҷалла ва нигоҳи хоси онҳо ба ороиши маҷалла ва мутобиқати шаклу мазмун гувоҳӣ медиҳад. Мумкин аст, дар саҳифаҳои маҷалла баъзе паҳлуҳои муҳимми дигари соҳа сарфи назар шаванд, аммо дар ин маврид аз камҳавсалагии омӯзгорону муҳаққиқони соҳибқалам, соҳибназар ва соҳибмактаб бояд гиламанд шуд. Бовар дорам, маҷалла бо фаъолияти бавусъате, ки дорад, дар давраҳои наздик мақоми боз ҳам баландтарро соҳиб мешавад. Устодон ва кормандони Доншгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав минбаъд барои ҳамкории бештар бо маҷалла пешниҳоди мақолаҳои судмандро дар назар мегиранд.
Мусоҳиб Саидаи ФАЗЛ,
махсус барои маҷаллаи
“Маорифи Тоҷикистон”