Масъалаи тоза нигоҳ доштани забон, истифодаи калимаю таркибҳои хушоянду фасеҳи тоҷикӣ, худдорӣ аз истеъмоли бемавриди вожаю луғатҳои туркию арабӣ, дурусту саҳеҳ номгузорӣ намудани кӯчаву хиёбонҳо, марказҳои савдою фурӯшгоҳҳо, идораю муассисаҳои давлатию шахсӣ ва амсоли инҳо аз вазифаю рисолати ҳирфаии кормандону масъулони раёсати шуъбаҳои иртиботманди забон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва пойтахти кишвар ба шумор меравад.
Ин нуктаро дар таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гунаи махсус қайд намуда, андешидани тадбиру чораҳои заруриро дар ин самт аз идораю мақомоти дахлдор талаб намуданд. Дар воқеъ, масъалаи мазкур тайи солиёни дарозест, ки чун мушкили рақами аввал дар ҷумҳурӣ боқӣ мондааст ва ҳалли он, мутаассифона, тӯл мекашад. Ин, аз як тараф, бепарвоию сатҳи пасти донишу фаҳмиши соҳибони марказҳои тиҷоратӣ, фурӯшгоҳҳо, бозорҳо, муассисаҳо, корхонаҳои хусусӣ ва ғайра бошад, аз тарафи дигар, вазифаю масъулияти бар дӯш доштаи худро ба таври бояду шояд иҷро накардани идораю мақомоти дахлдори кишвар ва шахсони мутасаддӣ мебошад. Вагарна ҳолатҳои фаровоне ба мушоҳида мерасанд, ки аз хондани номи идораю муассисаҳо, ширкату корхонаҳои гуногун (чи давлатию чи хусусӣ), дукону марказҳои савдо, ошхонаю нуқтаҳои дилхушӣ ҳайрон мешавед, ки бо вуҷуди талошу таъкидҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназмию муносибати сарду фориғболона дар масъалаи тозагии забон ва ҳусни баён ҳамчунон идома ёфта истодааст. Чаро ин тавр? Аз далелу арқому мисол дида шоҳиди ҳол чист? Аввалан, дар хусуси номгузории кӯчаю хиёбонҳо чанд сухан иброз менамоем. Бахши аъзами номҳое, ки ба кӯчаю паскӯча ва хиёбонҳо гузошта шудаанд, дар лавҳаву овезаҳо ғалат сабт гардидаанд. Номгузорӣ ба дараҷае хандаовару музҳик аст, ки дар бисёр мавридҳо насаб навишта шудааст, вале аз номи шахс (албатта, онҳо одамони соҳибобрӯ, аҳли илму фарҳанг, арбоби давлатию сиёсӣ ва ғайра мебошанд) дараке нест. Дар пойтахт кӯчаҳои маъруфе ҳастанд бо номи Муҳаммадиев, Шамсӣ, Саидмуродов ва амсоли инҳо. Пурсида мешавад, ки инҳо киҳоянд? Кадом Муҳаммадиев, кадом Шамсӣ, кадом Саидмуродов?! Яқинан, манзури номгузорон аз насаби Муҳаммадиев Фазлиддин Муҳаммадиев мебошад. Пас, чаро исми нависандаи бузурги тоҷик дар навиштаҷот дарҷ нагардидааст? Ку масъулият? Гунаҳкор кист? Мутаассифона, ин мисоли ягона набуда, дар ҳар қадам бо чунин муғлақбаёнӣ, булъаҷабӣ ва масхараю таҳқири забони модарӣ бархӯрд мекунем. Дар аксари номгузориҳо, ки ба исму насаби шахс пайвандӣ доранд, ҳолати дигар, вале ба мисолҳои боло монанд ба чашм мерасад. Ин вазъро дар муассисаю идораҳо ва пажӯҳишгоҳу институтҳои илмӣ бисёртар вомехӯрем Аз ҷумла, дар рӯ ба рӯи Комбинати полиграфии пойтахт Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраев ва Институти физикаю техникаи ба номи С.Умаров ҷой гирифтаанд. Мо борҳо шоҳиди гуфтугӯҳои сарироҳии одамоне шудаем, ки аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ба ин қисмати шаҳр ташриф овардаанд. Онҳо аз ҳамдигар мепурсанд, ки С.Умаров, А.Ҷӯраев кистанд? Мутаассифона, ҳақиқати талх аст ин ҳол ва ҳеҷ масъулу мутасаддие парвои ислоҳи ин норасоиро надорад. Охир, ному насабро пурра навиштан зарур аст, бародарон! Султон Умаров ва Абдулҳамид Ҷӯраев аз поягузорони илмҳои физикаю математика дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ин роҳ хидматҳои шоистаю мондагорро анҷом додаанд ва миллати тоҷик бо номи ин фарзонафарзандони худ ифтихор мекунад. Пурраву мукаммал сабт нанамудани ному насаби ин бузургони соҳаи илм дар ҳаққи онҳо таҳқир аст, на чизи дигар. Афсӯс, ки чунин бебандуборӣ дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ фаровон ба чашм мерасад. Камбудии ҷиддии дигар дар номгузории шаҳру навоҳӣ дида мешавад. Аввалан, ҳангоми навишт дар саҳифаҳои нашрияҳои гуногуни давлатию мустақил номи шаҳру навоҳӣ бояд ба таври пурра оварда шавад. Ҷойи нигаронист, ки дар бахши зиёди нашрияҳо (ва ин номгузорӣ аз тариқи садою симо низ садо медиҳад) номи ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бобоҷон Ғафуров ва ғайра ба таври пурра талаффуз кардаву навишта намешаванд. Пурсида мешавад: чаро қоидаҳои имло ва рукнҳои номгузорӣ аз ҷониби ВАО-и кишвар ва умуман, аҳли қалам риоя карда намешавад? Вақте ки эҷодкорон-рӯзноманигорону қаламбадастон навишти чунин номҳои машҳурро ба масхара мекашанд, аз мардуми одӣ дар ин бобат чӣ таваққуе метавон кард? Мушкили дигаре, ки дар тамоми шаҳру навоҳӣ бо он дучор мегардем, аз рӯйи стереотипҳои куҳнаю маъмулӣ, якрангу қолабӣ номгузорӣ намудани марказҳои шаҳраку ҷамоатҳо, деҳаҳо ва монанди инҳо мебошад.
Чаро ин тавр? Магар дигар калимаю вожаҳои хушсадои пуробуранг ва гӯшнавози тоҷикӣ каманд, нодиру ноёбанд? Чаро масъулони иртиботманди бахши забони тоҷикии шаҳру ноҳияҳо аз заҳмату талош дурӣ меҷӯянду нонашонро ҳалол карда намехӯранд? Онҳо метавонанд аз мафҳумҳои рамзии пурмаъно истифода кунанд. Аз ин ҳама бигзарему баргардем сари калимаҳои хандаовар, ки музахрафоте беш нестанду дар пештоқи ину он фурӯшгоҳ ва ошхона гузошта шудааст. Чандест, ки вожаҳои сохтаю маснӯии «тезтайёр», «тезпухт» ва «тезпаз» бар ивази «бистро» пайдо шудааст. Ба ин монанд, ибораю таркибҳои баргардон аз забони русии «ивази равған», «олами қолинҳо», «шустушӯйи нақлиётҳо», «таҷҳизотҳои сохтмонӣ», «мо кушода шудем», «бозори «Ховарон» (саҳеҳаш «Ховар») ва бисёр-бисёри дигар, ки аслан, аз ҷиҳати сохтор ва қавоиду қавонини сарфу наҳви тоҷикӣ ба забони ноби тоҷикӣ бегонаанд, ба чашм мерасанд. Беэътиноӣ ва ба инобат нагирифтани меъёрҳои забон ба он оварда расондааст, ки номҳое чун «Алас», «Маркази савдои Султан», маркази дилхушии кӯдаконаи «Карамелька» ва садҳо мафҳуми ғароибу нестандарҷаҳони бо забони русию англисӣ махлути аз мантиқ ва табиати забони тоҷикӣ фарсахҳо дур буда, ҷойи исму номҳои зебову шево ва фасеҳу балеғи тоҷикиро танг кардаанд, ки бо ин ҳол набояд муросо кард. Дар хусуси имло ва тарзи дурусту саҳеҳи навишти калимаҳо ба такрор гуфтаанду ибрози назар намудаанд. Аммо дар ин боб низ бенизомӣ ва хараҷу мараҷ ҳамчунон боқӣ мондааст. Чанд гоҳи охир иддае аз соҳибзабонон ҳудаю беҳуда, фаҳмидаю нафаҳмида дар навишти калимаҳо булфузулӣ нишон дода, гӯё кашфиёт карда бошанд, дар вожаҳои «оин», «оила», «ҳамоиш» ва чанди дигар овози «й»-ро ворид намуда, ин калимаҳоро ба таври «ойин», «ойила», «ҳамойиш» менависанду талаффуз мекунанд, ки барои аксари мардум бегонаю номафҳум мебошад. Агар барои ба ин тарз навиштани калимаҳои мазкур далели муътамаде мавҷуд бошад, ҷойи шакку тардиде дар истеъмоли онҳо нахоҳад буд. Аммо ҳар нафар имрӯз, ҳар тавре ки мақбули завқи ӯст, ину он калимаро истифода менамояд ва «санги ман –даҳ ман» гӯён худро дар ин маврид ҳақ бароварданӣ мешавад, ки дуруст нест. Чизи дигар, ин корбасти нодурусту дағали пасвандҳои ҷамъбандӣ дар навишти таркибу ибораҳо мебошад, ки мутаассифона, ислоҳ нашуда истодааст. Дар саҳифаҳои ҳафтаномаю маҷаллаҳо бо чунин таркибҳо, аз қабили «чандин корхонаҳо», «якчанд мактабҳо», «истгоҳи нақлиётҳо», «ахборотҳо», «мушкилотҳо», «таҷҳизотҳо», «меваҷотҳо», «сабзавотҳо» ва ғайраи дигар дучор мешавем, ки комилан ғалат ва хилофи меъёрҳои забони тоҷикӣ мебошанд. Чунонки маълум аст, имрӯзҳо муҳокимаю баррасии лоиҳаи қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ дар идораю вазоратхонаҳо ба роҳ монда шудааст.
Зарур аст, ки олимону муҳаққиқон, омӯзгорон, адибону рӯзноманигорон ва кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, идораю муассисаҳо, вазорату ширкатҳо, агентиҳо ва ғайра вобаста ба қабул ва нашри нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» фикру андешаҳои судманду муассир баён намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилию ноҳамвориҳо дар истеъмолу истифодаи калимаву таркибҳои забони тоҷикӣ ҳиссаи мондагори худро гузоранд. Дар акси ҳол, боз ҳам дар истифодаи вожаҳое, ки овози «ӯ» доранд, баҳсҳову бигӯ-магӯҳо зиёд гардида, беохир давом меёбаду дар навишти калимаи «паша» бо аз баҳри як ҳарфи «ш» гузаштан ҳангомаи дигаре барпо мекунем. Ба ин норасоию дарҳам — барҳамиҳо вақт аст нуқтаи таммат гузошт.
Шодӣ РАҶАБЗОД –
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон