
Аз бозе ки низоми хусусигардонӣ дар ҳаёти ҷомеаи мо ҷорӣ гардидааст, сару садоҳои ҳархела зиёд гаштаанд. Яке тарафдор, дигаре муқобил, саввумӣ дар тааҷҷуб. Вақте хусусигардонӣ ба соҳаи маориф раҳ ёфт, аҷаб фазое моро фарогир гашт. Иддае, ки дасткӯтаҳанд, дар қабули чунин тартиб хеле дилтанг шуданд. Вақте имкони пардохти ҳаққи меҳнати устодонро надоранд, маҷбуранд натиҷаҳои матлуби онро ҳам сарфи назар намоянд. Тадриҷан дар ҷомеаи мо талаботи як қисми мардум ба ин шакли таълим афзуд ва вобаста ба ин дар мо фаъолияти мактабҳои хусусӣ, муаллимони хусусӣ ва дарсҳои хусусӣ вусъат ёфтан гирифтанд. Чунин талабот миқдори омӯзгорони хусусӣ (репититорҳо)-ро миёни мо зиёд кард. Воқеан, чаро бо вуҷуди монеаҳои молиявӣ ниёзи мардум ба ин низом афзуд? Дар ин маврид бори аввал дар ҷумҳурӣ Маркази дастгирии ислоҳоти маориф («Пулс») масъалаи мазкурро мавриди таҳқиқ қарор дод.
Ҳадафи таҳқиқро асосан ҷанбаҳои қонунгузорӣ, сиёсӣ ва иқтисодии инкишофи репититории хусусӣ дар ҶТ, муайян кардани миқёс, сабаб, оқибатҳои бозори хизматҳои репититорӣ ва омилҳои ташаккули он дар бар мегирад. Таҳқиқоти мазкур дар ДДМТ, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишкадаи забонҳо ва Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа миёни донишҷӯёни соли аввал (соли 2006) сурат гирифта буд. Яъне тадқиқоти доирнамудаи «Пулс» мавзӯи мазкурро дар давраи гузариш аз системаи таҳсилоти миёна ба олӣ фаро гирифтааст. Таҳқиқот зимни пурсиши сотсиологӣ ва мусоҳиба бо истеъмолкунандагони дарсҳои хусусӣ шакл гирифта, бартарӣ ва монеаҳои фаъолияти репититориро дар Тоҷикистон муайян намудааст. Ҳамаи мо медонем, ки дохил шудан ба муассисаҳои мавриди таҳқиқ на ба ҳар кас муяссар мешавад. Аксари онҳо дастпарварони литсею гимназияҳоянд. Ин аст, ки 28,3 фоизи пурсидашудагон сабаби истифода накарданашонро аз дарсҳои хусусӣ дар хуб арзёбӣ кардани дониши худ медонанд.
Дар ҷараёни пурсиш ғайр аз донишҷӯён волидон ва устодони мактабҳои миёна, устодон ва донишҷӯёни макотиби олӣ низ иштирок намуданд. Аслан репититорӣ баъди тезутундшавии буҳрони иқтисодӣ дар системаи маориф ба талаботи бозори меҳнат табдил ёфт. Вале тавре Маркази дастгирии ислоҳоти маориф «Пулс» қайд кардааст: «Азбаски ҳеҷ як мақоми давлатӣ ва ё ғайридавлатӣ ин падидаро назорат намекунад, табиист, ки дар ин бобат маълумоти аниқи оморӣ вуҷуд надорад». Дар робита ба ин маълумотҳои аввалин дар Тоҷикистон зимни тадқиқоти «Пулс» ба мо муяссар гаштаанд.
Агар ба ҷиҳати қонунии ин масъала диққат кунем, ба моддаи 47-и Қонун «Дар бораи маориф» такя кардан мебояд. Қонун мавриди таҳсилоти иловагӣ назари махсус дорад. Дар нашри пешинаи он (соли 2004) агарчи мафҳуми омӯзгори инфиродӣ шарҳ ёфтааст («Омӯзгори инфиродӣ-омӯзгоре, ки ба хонандагон ва ё донишҷӯён ба таври инфиродӣ, берун аз вақти корӣ дар мактаб ва ё донишгоҳ таълим медиҳад»), бобати паҳлӯҳои фаъолияти шахси масъул (берун аз муассисаи таълимӣ) чизи мушаххасе зикр нагардидааст. Аз рӯи гуфтаи мутахассисон фаъолияти омӯзгори инфиродӣ тибқи ишораи мазкур фаъолияти худи муаллимони муассисаҳои таълимиро дар назар дорад. Фаъолияти омӯзгори инфиродӣ бо ифодаи дигар дар нашри тозаи қонун (соли 2006) чунин омадааст: таълими иловагии пулакӣ. Таҷриба нишон медиҳад, ки имрӯз талаботи мардумро дар ин маврид репититорҳо бештар қонеъ гардонда метавонанд. Имрӯз, ки зарурати хизмати омӯзгори хусусии пулакӣ дар мо афзудааст, бубинем, ки бозори он чӣ гуна аст.
Пӯшида нест, ки бо сабабҳои маълум, аз ҷумла норасоии мутахассисон, хуб набудани сатҳи зиндагӣ ва шароити кори онҳо дониши хатмкунандагони макотиби миёна барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ қонеъкунанда нест. Ин вазъият зарурати ба омӯзгорони хусусӣ рӯ оварданро бештар гардондааст. Мусаллам аст, ки омили пешрафти зиндагӣ имрӯз ба омӯзиши фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва компютер иртиботи бештар дорад. Вобаста ба ин, таваҷҷӯҳи мардум ҳам мавриди саводомӯзии фарзандон ба ҳамин самт бештар нигаронида шудааст. Тавре таҳқиқоти «Пулс» муайян кардааст, аз пурсиши дар чор мактаби олии шаҳрҳои Душанбею Қурғонтеппа суратгирифта -32,3 фоизи истеъмолкунандагон аз забонҳои хориҷӣ, 23,8 аз математика, 8,6 аз забони тоҷикӣ ва 7,6 аз забони русӣ дарсҳои иловагӣ мегиранд. Тавре тадқиқот нишон додааст, мақсади омӯзиши дарсҳои хусусӣ ҷанбаҳои гуногунро дар бар мегирад. Масалан, барои хубтар фаҳмидани фанне, ки дар мактаб таълим дода мешавад (19,2 фоиз), барои дар хотир нигоҳ доштани мавзӯъҳои пешина (4,5), барои мустаҳкам намудани дониш (15,9), фақат барои омодагии пурра ба имтиҳонот (9,0), бо дархости падару модар (2,2), бо мақсади пайравӣ ба дигарон (2,0), номукаммалии системаи маориф (4,8), мақсадҳои дигар (1,4) интихоби дарсҳои хусусӣ сурат гирифтааст. Аксаран дарсҳои хусусӣ ба таври мавсимианд, қисме мунтазам ва қисми дигар номунтазам. Дар ташкил ва гузаронидани дарсҳои хусусӣ устодони макотиби олӣ, омӯзгорони мактабҳои миёна, мутахассисоне, ки берун аз муассисаи таълимӣ фаъолият мекунанд, инчунин марказҳои таълимӣ саҳмгузоранд. Аз ҳама бештар шавқмандон ба дарсҳи муаллимони мактабҳои миёна зиёдтар мушоҳида мешавад (73,1 фоиз). Аз муқоисаи натиҷаи дарсҳо бармеояд, ки дарсҳои муаллимони одӣ арзонтар ва самараноктаранд. Масалан, агар устоди мактаби олӣ барои як соати астрономӣ (дар соли 2006) 4-5 доллари амрикоӣ талаб мекард, талаботи муаллими одӣ 1-2 долларро ташкил медод. Алҳол муаллимони инфиродӣ дар ҷомеаи мо мавқеи зиёд пайдо карда истодаанд. Онҳо ба ивази 5 доллари амрикоӣ (дар як соат) шогирдонро барои дохилшавӣ ба мактаби олӣ комилан омода мекунанд. (Айни ҳол ин нишондод ҳам меъёри ягона шуда наметавонад). Таълим дар марказҳо дар назари аввал нисбатан барои истеъмолкунандагон манфиатноктар аст. Зеро ҳам нарх арзонтар аст ва ҳам баъди хатми курси таълимӣ шунавандагони курс соҳиби шаҳодатнома мешаванд. Бо вуҷуди ин, ба гуфти падару модарон сифат ва самараи дарс дар ин марказҳо нисбат ба дарсҳои хусусӣ пасттар аст. Ин аст, ки натиҷаи хубро аз гаронии нарх муқаддам дониста, бисёриҳо ба омӯзгорони хусусӣ рӯ меоранд.
Дар ин маврид гуфта намешавад, ки дастрасӣ ба дарсҳои хусусӣ дар мо зиёд аст. Не. 85,9 фоизи пурсидашудагон сабаби истифода набурданро аз дарсҳои хусусӣ дар гаронии нарх донистаанд. Дар робита ба ин онҳое аз чунин дарсҳо истифода мебаранд, ки аз лиҳози иқтисодӣ оилаашон таъминоти хуб дорад. Яъне дар мо оилаҳои миёнаҳол ва сарватманд имкони вобаста кардани фарзандони худро ба дарсҳои хусусӣ дошта бошанд, оилаҳои камбизоат аз чунин имконият асосан маҳруманд. Аслан мавзӯъҳои дарси иловагӣ бояд берун аз барномаи таълимӣ интихоб шаванд. Мутаассифона, дар мо то ҳанӯз имкони пурра ба инобат гирифтани ин меъёр пайдо нашудааст. Аз як тараф, худи муаллимон тартиби корро дуруст намедонанд, аз дигар тараф, вақте дониши бача дар доираи барномаи таълимӣ муайян нест, муаллими инфиродӣ ҳам наметавонад аз он зиёдтар ба бача дониш диҳад. Ӯ маҷбур аст нақшаи иловагии худро бо назардошти вазъияти мавҷуда ва дар иртибот бо барнома тартиб диҳад. Имрӯз дар ҷомеаи мо дарсҳои иловагии пулакӣ берун аз муассисаи таълимӣ (сарфи назар аз мактабҳои шартномавӣ) бештар «мӯд» шудаанд. Ба он хотир ки дар онҳо ягон монеа, фишор, талабот ва ё маҳдудият дида намешавад. Дар ин маврид ҳам падару модарон ва ҳам худи бачаҳо ҳавасманданд. Табиист, ки чунин ҳавасмандӣ муносибати омӯзгорро ба шогирдон нисбат ба шогирдоне, ки дарси хусусӣ намегиранд, хубтар мегардонад. Ҳикмати мардумӣ «Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар мекунад» мувофиқи ҳамин ҳол аст. Яъне эҳтиёҷи зиндагӣ дар тағйир ёфтани сифатҳои педагогии ӯ бе таъсир намемонад. Дар ҳақиқат, муаллимоне, ки аз лиҳози иқтисодӣ чандон муҳтоҷ нестанд, худро озор додан намехоҳанд. Масалан, муаллимаи яке аз гимназияҳои шаҳри Душанбе дар рафти таҳқиқот чунин баён кардааст: «Ман аз иҷрои сарбории худ дар мактаб хеле хаста мешавам ва дигар барои дарсҳои иловагӣ мадорам намемонад. Бисёр мехоҳам, ки вақти боқимондаро дар хона, бо фарзандону наберагонам гузаронам. Ғайр аз ин, саробони оилаам шавҳарам ва ҳам духтару додарам ҳам кӯмак мекунанд, аз ин рӯ ин чиз ба ман умуман лозим нест». Ғайр аз хонандагони макотиби миёна донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва баъзе хоҳишмандони дигар табақаҳо низ хоҳиши истифода аз чунин дарсҳоро доранд. Қисмати зиёдро хатмкунандагони мактабҳои миёна (40,7 фоиз) ташкил медиҳанд. Зеро онҳо барои соҳиби баҳои хуб шудан манфиатдоранд. Дар ин маврид мисоли овардаи «Пулс» исботи раднашаванда шуда метавонад: Модари ду донишҷӯ (курсҳои якум ва чорум) чунин мегӯяд: «Вақте ки писарам мактабро тамом мекард, муносибатҳои ӯ бо муаллимаи химия бад шуд. Муаллима намехост, ки ба ӯ аз баҳои «3» бештар гузорад. Танҳо баъд аз он ки мо ба муаллима барои дарсҳои иловагӣ пул супоридем, баҳои чоряк ва солонаи ӯ «5» шуд. Айнан чунин мушкилӣ бо муаллими риёзӣ бо духтарам низ ба амал омада буд. Барои дохил шудан ба мактаби олӣ мо устодеро аз ДСТР барои дарсҳои хусусӣ даъват кардем, вале барои он ки дар шаҳодатнома баҳои «5» дошта бошад, духтарам ба муаллими мактаб гӯё «барои иштирок дар дарсҳои иловагӣ» пул дод…»
Ба ҳар сурат, таваҷҷӯҳи хатмкунандаҳоро дар ин маврид як навъ кӯшиш ва роҳ ҷустан барои дохилшавӣ ҳам арзёбӣ кардан мумкин аст. Хонандагони синфҳои ибтидоӣ ҳам то андозае ба таълими дарсҳои иловагӣ ҷалб гардидаанд. Чун падару модарон зарурати устувории «хишти аввал»-ро дар ин давра ба хубӣ мефаҳманд, кӯшиши бевоситаи худи онҳо бештар мушоҳида мегардад. Аз ҳама ташвишангез муносибати ҳам падару модарон ва ҳам муаллимон бо хонандагони зинаи миёнаи мактабист. Тибқи нишондоди таҳқиқоти «Пулс» 40,7 фоизи пурсидашудагон аз хизмати омӯзгорон ва марказҳои пулакӣ истифода мебаранд. Мусаллам аст, ки таълими хусусӣ дар тамоми мамолики пешқадам эътибори расмӣ дорад. Вале бо таассуф, дар мо ин шакли таълим низоми ягона надорад. Дар мамлакатҳои хориҷӣ репититорҳо тибқи муқаррарот ҳаққи меҳнати худро талаб мекунанд. Вале дар мо асосан тартиби дуруст ва ягона ҷорӣ нест. Алҳол дарсҳои инфиродӣ ҳам шакли гурӯҳиро касб карда истодаанд. Ин бесабаб нест. Гап дар сари он ки теъдоди зиёди хоҳишмандон ва танг будани вақт ба омӯзгор имкон намедиҳад, ки барои ҳар хоҳишманд соати алоҳида таъйин кунад. Ин ҳолат моро боз ҳушдор медиҳад, ки фаъолияти омӯзгорони хусусӣ ва умуман, хизматҳои пулакии омӯзгориро берун аз муассисаҳои таълимӣ ба низом дарорем. Бигзор, чунин навъи фаъолият шакли қонунӣ гирад. Барои ҳар омӯзгор меъёри муайяни фаъолият вуҷуд дошта бошад. Он гоҳ ҳам ба буҷаи давлат пул ворид мегардад ва ҳам меҳнати омӯзгор аз тарафи давлат қадрдонӣ мешавад. Дуруст аст, ки аз чунин ранг гирифтани кор бисёриҳо дар назари аввал нороҳат мешаванд. Сабаб он аст, ки омӯзгорони мактабҳо ва устодони мактабҳои олӣ ба талаботи қонунгузорӣ оид ба омӯзгории инфиродӣ шинос нестанд. Фикр мекунанд, ки шакли қонунии чунин дарсҳо ба сифати кор халал ворид месозад. Аз рӯи пурсиши доиршуда аён гашт, ки дар ин маврид қонунгузории ҷорӣ оид ба андоз номуносиб аст. Вале агар мо баробариро ба мамолики пешқадам меҷӯем, илоҷи дигар надорем. Ҳар чӣ карда масъулият ва ҳавасмандиро зиёд кардан даркор аст. Имрӯз дар мо ғайр аз падару модарон, ягон қадрдонӣ ба меҳнати омӯзгорони хусусӣ дида намешавад.
Хуллас, имрӯз, ки фаъолияти омӯзгории хусусӣ (репититорӣ) дар шаҳр ривоҷ ёфтаву дар деҳот маҳдуд аст, мо бояд сари ин масъала қароре дошта бошем. Дар ин маврид «Омӯзгор» андешаи мутахассисону донишмандони соҳа ва умуман, соҳибназаронро интизор аст.
Саида НАБИЕВА –
ҳафтаномаи «Омӯзгор»
с.2008