Ҷашни Сада яке аз идҳои миллии тоҷикон буда, аз ибтидои моҳи феврал то аввали моҳи март давом мекунад. Мумкин давраи таҷлили он қариб сад рӯзро дар бар гирад, бинобар ин, чунин номгузорӣ карда шудааст. Ин ҷашн ба хотири он таҷлил карда мешавад, ки аввали моҳи феврал давраи саршавии фаъолияти деҳқонон, махсусан, боғпарварон, айёми шинонидани дарахтон, буридани шоху навдаҳои осебёфта (касал, беҳосил, суст инкишофёфта), шаклдарорӣ, нарм намудани бехи дарахтон, яхобмонӣ, коркарди байни қаторҳо сар мешавад.
Дар ин марҳила ҳаво хеле сард мешавад, бинобар ин, дарахтон дар ҳолати оромии биологӣ қарор мегиранд. Ин марҳила барои шинонидан ва ба шакл даровардани дарахтон беҳтарин давра ба ҳисоб меравад. Канда шинонидан ва буридани шоху навдаҳои беҳосил ба дарахт зарари ҷисмонӣ намерасонад, чунки дар ин давра дарахт ҷисман дар марҳилаи карахтӣ қарор мегирад. Ҷойи осебёфтаи решаи дарахти кандашуда ва шоху навдаи буридашуда дар муддати кӯтоҳтарини сармои зимистон (кам будани касалиҳои занбӯруғӣ ва бактериологӣ) ба зудӣ сиҳат мешаванд. Дар ин вақт қисми зеризаминии дарахтон ва буттаҳо низ дар ҳолати оромии нисбӣ қарор мегиранд, ки канда шинонидан ба ҳолати физиологии онҳо таъсир намерасонад. Бинобар ин, мӯякрешаҳои (решаҳои ҷаббанда) дарахтони дар ин давра шинонидашуда то давраи гармшавии замин ба фаъолият даромада, барои бештар ҷаббидани обу нуриҳои маъданӣ барвақттар омода мегарданд. Ҳамаи ин аломатҳои биологии дарахтонро деҳқонони мо аз рӯйи таҷрибаҳои гузаштагонамон хеле дақиқ ба ҳисоб гирифта, онро ҳамчун ҷашни Сада, яъне саршавии шинонидани дарахтон таҷлил мекарданд. Таҷрибаи чандҳазорсолаи деҳқониро ҷамъбаст намуда, аз замонҳои қадим Садаро ҳамчун иди деҳқон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамуданд, то ки соли нави бунёди боғпарвариро саривақт оғоз карда, ин марҳилаи шинонидани дарахтонро самаранок истифода баранд. Натиҷаи гузаронидани ин чорабинӣ дар вақту замони худ ба ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда оварда мерасонад. Ба хотири самаранок истифода намудани оғози соли нави деҳқонӣ мо бояд дар ин давра дарахтони пайвандии мевадиҳанда, ороишӣ, сояафкан ва дигар аломатҳои хуби биологидоштаро тайёр намуда, онҳоро пешкаши деҳқонону кишоварзон гардонем, то ки ватани биҳиштосоямонро боз ҳам зеботар ва дастархони деҳқониамонро ғанитар намоем.
Шароити обу ҳаво, таркиби хок, кам будани намнокӣ, маҳдудияти боришот дар фаслҳои гуногуни сол, баланд будани ҳарорат дар фасли тобистон, релефи гуногуни ноҳамвори кӯҳсор мардуми моро дар тӯли ҳазорсолаҳо водор намуд, ки бештар ба парвариши боғҳои мевадиҳанда машғул гарданд. Аз ин сабаб дар баъзе мавзеъҳо ба парвариши боғҳои зардолу, себ, чормағз, тут, гелос, ноку нашпотӣ, анору анҷир, дар дигар мавзеъҳо ба кишти ғалладонагиҳо, аз қабили гандум, нахӯд, наск, мош, шолӣ, зағир, пахта, дар мавзеъҳои дигар ба чорводорӣ машғул шаванд. Бинобар мухталиф ва зиёдҷабҳа будани чунин тарзи хоҷагидорӣ, он доду гирифти байниҳамдигариро ба вуҷуд овард ва ин ба ҷараёни зиндагии мардум таъсири мусбат расонид, аз хориҷ бошад, фақат як миқдори либосворӣ ва ҷавоҳирот ворид мегардиду халос. Дар замони соҳибистиқлолӣ, дар мавзеъҳои гуногун тавассути корҳои селексионӣ ба вуҷуд овардани навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаи таҳҷоӣ, сол ба сол беҳтар гардидани сифату масоҳати боғҳои дарахтони мевадиҳанда, ки ин раванд имрӯзҳо вусъати тоза пайдо кардааст, диққати меҳмонони хориҷӣ ва сайёҳонро афзун гардонидааст. Дар баробари иди Сада машҳуртарин, пуршукӯҳтарин ва куҳантарин ҷашни миллии мо Наврӯз мебошад, ки он дар тамоми гӯшаю канори кураи арз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Муддати таҷлили ҷашни Наврӯз марҳилаи дуюми гузаронидани кишту кори ғалладонагӣ, баландшавии ҳарорати хок, неш задани дони киштшуда ва дар умум, бедоршавии табиат мебошад. Бинобар ин, марҳилаи кишту кори пошидани дони ғалладонагӣ баъди 21 март, яъне давраи баробаршавии шабу рӯз оғоз мегардад, ки онро низ деҳқонони мо ботантана ва хушнудии зиёд таҷлил менамоянд.
Ҷамъбасти соли кишоварзӣ, яъне ҷамъоварии ҳосил бо давраи таҷлили ҷашни Меҳргон дар фасли тирамоҳ анҷом меёбад, ки дар он намоиши ҳосили ҷамъоваришуда гузаронида мешавад. Мо дар ин ҷашн ҳосил, яъне натиҷаи заҳмати яксолаи худро ҷамъоварӣ намуда, онро ба маърази эҳтиёҷмандон мегузорем, ки дар мавзеъҳои гуногуни меҳанамон парвариш намудаем. Ин ҷашн то як андоза ҳисоботи ҳосили деҳқонони мо дар давоми сол мебошад. Ба ин се марҳилаи оғозу анҷоми гузаронидани чорабиниҳои кишоварзӣ дар давоми сол, ки аз шинонидани дарахтону кишти ғалладонагиҳо оғоз гардида, ба ҷамъоварии ҳосили бадастомадаи деҳқон хотима меёбад, деҳқонони тоҷик хеле дақиқ ва нозукона аҳамияти медиҳанд ва онҳоро дар шакли ид бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамояд. Кишоварзони асил нишон медиҳанд, ки чигунагии ҳосили яксола аз ду марҳилаи ҷашни аввал вобастагӣ дорад ва онро бояд маҳз дар ҳамин давраҳо гузаронид, ки ҳар яки ин марҳилаҳо нозукиҳои махсуси худро доранд. Бинобар зуҳури чунин аломатҳо технологияи шинонидани дарахтон ва кишти ғалладонагиро ба назар гирифта, деҳқонони мо ин марҳилаҳои ҷудогонаи онро дар алоҳидагӣ мегузаронанд. Аҳсан ба он деҳқонони таҷрибакоре, ки ин ду давраро аз нуқтаи назари таҷрибаи деҳқонӣ (илми халқӣ) дар алоҳидагӣ ҳамчун ҷашни деҳқонӣ ботантана мегузаронанд. Бинобар ин, дар аксар мавзеъҳои меҳани маҳбубамон — Тоҷикистони биҳиштосо навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда ва ғалладонагҳои таҳҷоии ба иқлими он мутобиқгашта ва селексияшуда шинонида ва кишт карда мешаванд.
Сафарбек РАҲИМОВ —
доктори илмҳои биологӣ,
профессори кафедраи ботаникаи ДМТ