
Саид Нуриддин САИД —
раиси Кумитаи телевизион ва
радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор
Амнияти иттилоотӣ, ҳарчанд мафҳуми нисбатан нав ба назар расад ҳам, аммо аз замонҳои хеле қадим, вақте инсоният аз сохти ҷамъияти ибтидоӣ ба низоми давлатдорӣ гузашт, моҳиятан шакл пайдо кардааст. Чунки давлатҳои навзуҳур барои ҳифзи манфиатҳояшон ба фазои мафкуравию муҳити маънавии хос ниёз доштанд ва чунин фазоро пайваста таҳти назорат қарор медоданд. Ҳамин тариқ, вобаста ба зарурату таҳаввулот дар муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ шаклу мазмуни ин самти муносибати давлатдорӣ такмил ёфт ва қолабу усулҳои нав касб намуд, ки инро метавон марҳилаи пайдоиш ва ташаккули падидаи мазкур номид.
Марҳилаи дуюми авҷи ҷангҳои иттилоотӣ ва зарурати таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳамчун василаи ҳифзу таҳкими давлатдории миллӣ, ба андешаи муҳаққиқон, ба давраи рушди аввалин давлатҳои миллӣ дар Аврупо, дар мубориза зидди мафкураи динии насронӣ ва муносибатҳои ҷамъияти феодалӣ, ҳамчунин, ба давраи саноатикунонии кишварҳои ғарб, яъне ба асрҳои XVII – XIX рост меояд. Марҳилаи сеюми шиддати ҷангҳои иттилоотӣ пас аз ғалабаи Инқилоби кабири сотсиалистии октябр шуруъ гардид ва баъди анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон ба таври фавқулода шиддат гирифт. Ин марҳила бо номи “ҷанги сард” мафҳумбандӣ шуда, аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ ва Амрико бар зидди низоми коммунистӣ роҳандозӣ шуд, ки нуқтаи кулминатсионии он “Буҳрони Кариб” маҳсуб мешавад. Маълум аст, ки “ҷанги сард” бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз байн рафтани низоми дуқутба, ташаккул ва тантанаи ҷаҳони якқутба дар муносибатҳои ҷаҳонӣ зоҳиран хотима ёфт ва то оғози ҳазораи нав хусусияти муътадил касб кард. Оғози ҳазорсолаи сеюмро метавон марҳилаи чоруми ҷангҳои иттилоотӣ номид. Дар ин давра ба вуҷуд омадани давлатҳои нави миллӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон, ба тадриҷ зуҳур кардани қудратҳои нав, таъсис ва таҳкими фаъолияти ташкилоту созмонҳои сиёсию иқтисодӣ ва ҳарбии минтақавию байналмилалӣ ва тағйир ёфтани манфиатҳои геосиёсию геоиқтисодӣ дар арсаи байналмилалӣ гардид ва он ногузир боиси шиддатёбии ҷангҳои иттилоотӣ шуд. Омӯзишу таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар ҷангҳои иттилоотӣ танҳо рақобати расонаҳои хабарии маъмулӣ манзур набуда, он тамоми самту соҳаҳоро фаро мегирад. Аммо воситаҳои ахбори омма, ҳамчун воситаи асосии таъмини амнияти иттилоотӣ, барои қудратҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳояшон ҳамчун василаи муҳим, асосӣ ва муассир хидмат кардаанд. Чунончи:
- Агар аз ин дидгоҳ ба таърихи ҷангҳои иттилоотӣ назар намоем, марҳилаи якуми ташаккули он ба пайдоиши аввалин ибодатгоҳҳо, калисоҳо, масҷидҳои ҷомеъ ва нахустин рӯзномаҳои воқеӣ дар ғарбу шарқ алоқамандӣ дорад. Ин тамоюл, ҳамзамон, раванди ҳаракатҳои миссионериро дар Шарқ суръат бахшидааст. Масалан, дар Тоҷикистон қадамҷойи садҳо нафар миссионери дини ислом далели ин гуфтаҳост.
- Ҷангҳои иттилоотии давраи дуюм бо пайдоиши агентиҳои иттилоотӣ ва радиову телевизион алоқаманд гардид ва рушду нумӯ кард.
- Хусусияти асосии давраи сеюми авҷ гирифтани ҷангҳои иттилоотӣ, рушди имкониятҳои техникии воситаҳои ахбори омма ва бо забонҳои гуногуни олам пахш намудани иттилоот ба шумор меравад.
- Марҳилаи чоруми ҷангҳои иттилоотӣ аз давраҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дошта, дар ин давра дар баробари рушди имкониятҳои техникию эҷодии расонаҳои маъмулии хабарӣ: матбуоти даврӣ, агентиҳои иттилоотӣ ва радиову телевизион, ба майдони муборизаҳои мафкуравӣ, экспансияи фарҳангӣ, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияи рақамӣ ворид гардид. Инсон ба объекти асосии муборизаҳои иттилоотӣ ва мафкуравӣ табдил ёфт.
Ҳамин тариқ, дар замони муосир нақши иттилоот ба таври бесобиқа боло рафта, воситаҳои ахбори умум ба аслиҳаи пуриқтидори таблиғоти сиёсӣ ва воситаи хеле неруманди таъсиррасонӣ ба мафкура ва фаъолияти инсон мубаддал гардид. Ҳоло дар муборизаҳои иттилоотӣ аз роҳу усулҳое истифода мегардад, ки дарки пасманзари онҳо барои бинандаю шунаванда ва хонандаи одӣ хеле душвор аст. Ин роҳу усулҳо бо дарназардошти дурнамо сурат гирифта, тарҳрезии идеяҳо ҳатто барои фанои идеологияҳои бузург мусоидат мекунанд ва ба ин васила мақсаду ҳадафҳои нопок, аз ҷумла нооромсозии суботи кишварҳо, барангехтани нобаробарию мухолифатҳои динию мазҳабӣ, костагардонии ахлоқу фарҳанг, нодида гирифтани арзишу суннатҳои миллӣ аз ҷумлаи шаклҳои муосири ҷангҳои иттилоотӣ маҳсуб меёбад. Зиёда аз ин, имрӯз байни се минтақаи технологии ҷаҳон, аз ҷумла, минтақаҳои шарқи Осиё, Аврупо ва Амрико муборизаҳои технологӣ, бактериологӣ, геосиёсӣ, иттилоотӣ ва экспансияи фарҳангӣ, ки амну суботи оламро зери хавфу хатар мегузорад, ошкору ниҳон доман паҳн кардааст. Ин таҳаввулот дар муносибатҳои нави байналмилалӣ ҳифзи фазои иттилоотии давлатҳои миллиро боз ҳам мураккабтар сохт. Тавре, зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизионҳои “Варзиш”, “Синамо” ва “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Махсусан дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаи шабакаҳои иттилоотӣ зиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму оинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ, ҳифзи асолату тозагии он ва зимнан, мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористию эктремистӣ, хурофоту бегонапарастӣ, ҳифзи асолат, фарҳанг ва забони миллӣ рисолати муҳими воситаҳои ахбори омма ба шумор меравад”.
Бояд гуфт, ки бо мақсади рушду нумӯи воситаҳои амнияти иттилоотӣ, аз ҷумла, соҳаи телевизиону радио ва ба ин васила таъмин намудани амнияти иттилоотӣ дар мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ, бахусус, пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ зери таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор тадбирҳои саривақтию судманд андешида шуд.
Мавриди зикр аст, ки соли 1992 барои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон давраи ҳассосу сарнавиштсоз ва буҳронӣ ба ҳисоб меравад. 20-уми январи соли 1992 Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонӣ ба Ширкати давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон табдил ёфта бошад ҳам, тағйироти ҷиддӣ дар барномасозӣ ва сохтори Ширкат амалан ба амал наомад, аммо вазъи мураккаби сиёсии замон ба расонаҳо таъсири амиқ расонд. Дар ин давра васоити ахбори омма бештар тобиши сиёсӣ касб намуда, ВАО манфиати иҷтимоиро пурра ифода карда наметавонист. Мавҷуд набудани низоми ягонаи устувор ва рақобатпазир дар муқобили ҳамлаҳои иттилоотии ҷонибҳои манфиатҷӯ вазъиятро боз ҳам печидатар мегардонд. Халои зиёд дар фазои иттилоотӣ ба паҳн гардидани буҳрони сиёсиву маънавӣ мусоидат мекард.
Бо дарназардошти таъмини амнияти иттилоотӣ дар кишвар, 21 октябри соли 1992 Ширкати давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон барҳам дода шуд ва дар ҷойи он Кумитаи давлатӣ оид ба телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Вазъи фаъолияти расонаҳои хабарӣ низ баъд аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон оҳиста – оҳиста ба танзим дароварда шуд. Аз ҷумла, бо мақсади барқарор намудани низоми муайян дар сиёсати таблиғотии давлат ва ба ин васила, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ, 21 феврали соли 1994 қарори махсуси Шӯрои Олии Тоҷикистон дар бораи ба низом даровардани фаъолияти телевизион ва радио дар ҷумҳурӣ ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор, ба Кумитаи давлатӣ оид ба телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки барои ба низом даровардани фаъолияти кумитаҳои вилоятӣ оид ба телевизион ва радио чораҳои мушаххас андешад ва пахши пурраи барномаҳои телевизиону радиои марказиро дар қаламрави Тоҷикистон таъмин намоянд. Бо ҳамин қарор аз тариқи телевизион ва радио пахши филмҳои шаҳвонӣ, филмҳое, ки зӯроварию бераҳмиро тарғибу ташвиқ менамуданд, инчунин, барномаҳое, ки ба расму оини ниёгон ва ахлоқи ҳамидаи умумибашарӣ мухолиф буданд, манъ карда шуданд.
Таъсиси барномаи «Хоки Ватан» дар Радиои Тоҷикистон нахустин қадами мусбат барои сарҷамъ намудани миллат буд. Барномаи «Хоки Ватан» аз соли 1993 то моҳи декабри соли 1996 беш аз 800 маротиба садо дода, рисолати таърихии худро иҷро кард. Силсиланамоиши «Во ғарибӣ»-и телевизиони Тоҷикистон низ дар таҳкими субот ва бозгардонидани фирориён хидмати бузург кардааст. Ин ду барнома дар дохил ва хориҷи мамлакат тавонистанд фазои ягонаи мафкуравиро ба вуҷуд оварда, ба садҳо матолиби иғвогаронаи хоинону душманони давлату миллати тоҷик ҷавоби қотеъу сазовор диҳанд ва дар таъмини амнияти иттилоотии кишвар нақши такрорнашаванда гузоранд. Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсии мамлакат, ҷомеа ба расонаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ниёзи бештар пайдо кард, зеро ба вуҷуд омадани расонаҳои дорои хислати фарҳангӣ-фароғатӣ барои рафъи «хастагии сиёсии ҷомеа» мусоидат карда метавонист. Бо дарки ҳамин матлаб, ҳифзи фазои мафкуравӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ аз моҳи августи соли 1998 Радиои Тоҷикистон ба пахши шабонарӯзии барномаҳо шуруъ намуд, ҳаҷми барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ зиёд карда шуд. Аммо ин барои аудиторияи Радиои Тоҷикистон ва таъмини амнияти иттилоотӣ басанда набуд ва бо назардошти ҳифзи фазои иттилоотӣ, таъмини ниёзи мардум ва қонеъ намудани талаботи шунавандагон соли 1999 дар заминаи Гуфторҳо барои сокинони шаҳри Душанбе шабакаи мустақими «Садои Душанбе» таъсис ёфт, ки таҳаввулоти назаррасе на танҳо дар радиои тоҷик, балки дар таъмини амнияти иттилоотии кишвар ва фазои расонаии даврони Истиқлолияти давлатии кишвар мебошад. Шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе» ба хотири пур намудани фазои фарҳангӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ ҳамарӯза барномаҳои иттилоотию омӯзишӣ, сиёсию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва мусиқиро пахш мекард. Ҳамин тариқ, радиои Тоҷикистон ба як сохтори воҳиду тавонои воситаи амнияти иттилоотии кишвар табдил ёфта, ҳаҷми пахши барномаҳо аз 34 соати соли 1990 дар як шабонарӯз ба 54 соат расид. Таҳаввулоти мукаммал дар рушди воситаҳои амниятии иттилоотии Тоҷикистон аз соли 2001 шуруъ гардид. Дар ин давра дар фазои иттилоотии мамлакат радиоҳои маҳаллии «Авис Плюс» (ш. Истаравшан), «Пайванд» (ш.Хуҷанд), «Садои Хуҷанд» (ш. Хуҷанд), «Садои Панҷакент» (ш. Панҷакент), «Замон» (н. Б.Ғафуров), «Исфара» (ш.Исфара) ба пахши барномаҳо шуруъ намуданд, ки падидаи замони истиқлол буда, дар мукаммалсозии фазои иттилотии мамлакат нақши сазовор мебозанд.
Ҳамин тавр, дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади таъмини амнияти иттилоотӣ дар баробари системаи расонаҳои давлатӣ, инчунин дар фазои иттилоотии ҷумҳурӣ низоми радиоҳои хусусӣ фаъол шуд ва системаи нави расонаҳои электронии ахбори Тоҷикистон ба вуҷуд омад. Бо назардошти мукаммалсозии фазои иттилоотии мамлакат, таъмини амнияти иттилоотӣ ва қонеъ гардондани талаботи шунавандагон аз соли 2005 таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шабакаҳои радиоӣ дучанд афзуд. Дар сохтори Радиои Тоҷикистон ду шабакаи нав – «Овози тоҷик» (2007, бурунмарзӣ) ва “Фарҳанг” (2008) таъсис ёфт, ки пахши барномаҳоро бо 8 забон: тоҷикӣ, дарӣ, форсӣ, русӣ, узбекӣ, арабӣ, англисӣ ва ҳиндӣ барои ҳамзабонони бурунмарзӣ ва ихлосмандони фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик шуруъ намуданд.
Яке аз масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ ин истифодаи техникаву технологияи замонавии пахши барномаҳо, фарогирии бештари ҳудудҳои ҷумҳурӣ бо мавҷи шабакаҳо, таъмини аудитория бо барномаҳои хушсифат ва истифода аз имкониятҳои муосири техникӣ мебошад. Бо ин мақсад тибқи дастуру Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2007 тамоми шабакаҳои Радиои Тоҷикистон бо техникаи рақамӣ муҷаҳҳаз гардида, фарогирии пахши барномаҳо ба 70%-и қаламрави мамалакат расонда шуд. Соли 2009 бошад, шабакаҳои радиоии «Садои Душанбе» ва «Овози тоҷик» ба пахши шабонарӯзии барномаҳо гузаштанд. Ҳоло чор шабакаи радиои ҷумҳуриявӣ: Радиои Тоҷикистон, «Садои Душанбе», «Овози тоҷик» ва “Фарҳанг” дар як шабонарӯз бо ҳашт забон 96 соат барнома таҳия ва пахш намуда, дар тарбияву ташаккули афкори ҷомеа ва таъмини амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ нақши муассир мегузоранд. Бо мақсади ҳифзи фазои мафкуравӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ соли 2011 дар назди Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Корхонаи воҳиди давлатии радиои «Ховар» ташкил карда шуд, ки имрӯз яке аз маҳбубтарин радиоҳои кишвар маҳсуб меёбад. Ин радио ба хотири саҳм гузоштан дар таъмини амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ пайваста хабарҳоро оид ба муҳимтарин ҳодисаву рӯйдодҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон ба сокинони кишвар мерасонад. Ҳамзамон, дар тамоми гӯшаю канори олам тариқи сомонаи Агентӣ дар Интернет шунидани барномаҳои радиои «Ховар» имконпазир аст. Ба хотири таъмини амнияти иттилоотии мамлакат дар замони Истиқлоли давлатӣ дар баробари шабакаҳои радиоӣ, телевизиони давлатии Тоҷикистон, ки дар аввал танҳо аз як шабака иборат буд ва дар як рӯз ҳамагӣ аз 6 то 8 соат барнома пахш мекард, ба таҷдид, бозсозӣ ва ба таҳаввули бунёдӣ рӯ ниҳод. Бо дарки ҳамин масъала, соли 1998 дар телевизиони тоҷик тағйироти ҷиддӣ ба амал оварда шуд. Ҳайати арзёбии сифати наворҳо ва тасвирҳо созмон ёфта, маркази продюссерӣ ва гурӯҳи таҳлилӣ ташкил карда шуд, ки ба пешбурди кор мусоидат намуданд. Бори нахуст дубляжи филмҳои мустанад, филмҳои телевизионӣ ва тасвирӣ ба роҳ монда шуд. Бо ин мақсад дар сохтори ин расона идораи дубляж ташкил гардид, шоу-барномаҳо рӯйи кор оварда шуданд. Дар ин давра бо мақсади мунтазам таъмин кардани бинандагон бо барномаҳои иттилоотию маърифатӣ, ҷолибу диданӣ ва ба ин васила, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ ҳаҷми пахши муназзами барномаҳо дар як рӯз ба 9 соат расонда шуд. Барои амалӣ намудани нақшаҳои эҷодӣ, ҳифзи фазои иттилоотӣ, манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти иттилоотии кишвар тағйироти ҷиддӣ дар соҳаи телевизион аз соли 2005 оғоз шуд. Дар муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2005 Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», соли 2006 Муассисаи давлатии “Телевизиони кӯдакону наврасон – “Баҳористон” ва соли 2008 Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» таъсис дода шуд, ки фазои иттилоотии ҷумҳурӣ боз ҳам мукаммал гардида, ба таъмини амнияти иттилоотӣ мусоидат намуданд. Аввалин омилҳои рақобатпазирӣ дар майдони муборизаҳои иттилоотӣ ба вуҷуд омада, эътимоду боварии мардум ба ВАО-и дохилӣ афзуд. Инчунин, 26 июни соли 2006 дар телевизиони Тоҷикистон пахши барномаҳо бо таҷҳизоти рақамӣ оғоз шуд, ҳаҷми пахши барномаҳо аз 9 ба 18 соат расид, телевизион ба низоми моҳвора пайваст, системаи нави телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ташкил ва тақвият ёфт. Муҳимтарин нукта он аст, ки дар ин давра ташаккули фазои расонаии замони Истиқлоли давлатӣ асосан ба анҷом расида, ба таҳким, тавсеа, ҳифз, амният ва мукаммалсозии он иқдом гирифта шуд. Соли 2006 Муассисаи давлатии “Телевизионии Сафина” тариқи пахши рақамӣ ба моҳвора пайваста, соли 2017 ба формати дорои дақиқияти баланди HD (Эйч Дӣ) гузашт ва имрӯз барномаҳои худро тавассути таҷҳизоти муосир бо сифати баланд пешкаши бинандагон мегардонад.
Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат масъалаи тарбияи мутахассисони соҳибмаълумот, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ ва густариши тафаккури техникии кӯдакону наврасонро дар мадди аввал гузошта буд. Бо ин мақсад, яъне тарбияи наврасон дар рӯҳияи дуруст ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори аввалинҳо бо ташаббуси Сарвари давлат 1 августи соли 2006 барои кӯдакону наврасони мамлакат телевизиони махсус – Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — «Баҳористон» таъсис дода шуд. Мақсад аз таъсиси муассисаи мазкур мукаммал намудани фазои иттилоотии ҷумҳурӣ, дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ тарбия намудани кӯдакону наврасон, шиносоӣ бо арзишҳои волои милливу умумибашарӣ ва қонеъ гардонидани талаботи бадеию эстетикии онҳо мебошад. Барномаҳои шабака аз аввали таъсис то соли 2008 дар ҳаҷми 8 соат пахш мегардиданд. Аз ин пас муассиса бо техникаи нави рақамӣ гузашта, минбаъд дар як шабонарӯз дар ҳаҷми 12 соат барнома пахш мекард ва ҳамчунин, пахши шабака тавассути моҳвора ба роҳ монда шуд. Имрӯз бо шарофати дастгириҳои пайвастаи Ҳукумат ва муҳайё сохтани шароити созгори корӣ имконият пайдо шуд, ки барномаҳои Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — «Баҳористон» аз соати 7.00 то соати 22.00 идома ёбанд. Барномаҳои шабака асосан бо забони давлатӣ таҳия шуда, бо забонҳои русӣ ва англисӣ низ мавод пахш мегардад.
Асри ХХ1 қарни иттилоот ва гуфтугӯйи тамаддунҳост. Таъмини ҷомеа бо иттилооти саҳеҳу боэътимод, баланд бардоштани сифат ва фаврияти иттилоот дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ, илму фарҳанг, бозтоби ахбори муҳим аз мамолики хориҷи дуру наздик ва таъмини амнияти иттилоотӣ самти муҳимтарини кори телевизионҳои муосири иттилоотӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон дар ин самт аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад ва бо назардошти ин 31 октябри соли 2008 Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» бо мақсади мукаммалсозии фазои иттилоотӣ ва таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ба фаъолият шуруъ намудани телевизиони иттилоотӣ таҳти унвони Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо”, ки шабакаи чаҳоруми телевизионии умумиҷумҳуриявӣ буда, шаборӯз мардумро бо хабарҳои наву тоза аз дохил ва хориҷи кишвар бо чор забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ ошно месозад, рӯйдоди навбатии дорои аҳамияти таърихӣ дар фазои иттилоотию маънавӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Ин телевизион равзанае дар шинохти ҷаҳони муосир барои тамошобин ба шумор меравад. Телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар муддати кӯтоҳ мақоми хоси худро пайдо карда, ба хотири таъмини амнияти иттилоотӣ фазои иттилоотии кишварро ба муддати 24 соати дигар комилтар намуд. Муассисаи мазкур ҳоло бо шабакаҳои телевизионии «Ал-ҷазира»-и давлати Қатар, «Пресс-ТВ»-Ҷумҳурии Исломии Эрон, «Раша Тудей»-и Федератсияи Россия, «Нурин» ва «Орзу»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бахши форсии шабакаи «Би-Би -Си»-и Британияи Кабир, “Евронюс”-и Иттиҳоди Аврупо ва ғайраҳо ҳамкории хуб дорад. Дар шабакаи “Ҷаҳоннамо” дар баробари барномаҳои иттилооотӣ, ҳамзамон, барномаҳои таҳлилӣ низ таҳия ва пахш мегарданд. Барномаҳои таҳлилии ин шабака бештар фарогири мавзуъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ буда, дар инъикос ва ифшои камбудиҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ саҳми босазо доранд.
Бо назардошти шиддат ёфтани ҷангҳои иттилоотӣ, муборизаҳои мафкуравӣ ва зарурат ба таҳкими амнияти иттилоотӣ, 8 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли эҷод, аз ҷумла, кормандони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат мулоқот намуданд. Дар ҳамоиш масоили инъикоси мавзуъҳои мубрами ҷомеа дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла, вазъи энергетикии кишвар ва татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ баррасӣ шуд. Сарвари давлат аҳли эҷоди мамлакат, пеш аз ҳама, намояндагони воситаҳои ахбори оммаро дар инъикоси воқеъбинона ва дурусти ҳадафҳои мазкур, дар сатҳи баланди касбӣ ва диду нигоҳи тоза омода кардани барномаҳои радиоию телевизионӣ ва матолиби хабарию таҳлилӣ даъват намуданд.
Ҳамин тариқ, бо мақсади боз ҳам мукаммал намудани фазои иттилоотии мамлакат, таъмини амнияти иттилоотии он, таъмини аудитория бо маълумоти расмию созанда, рақобатпазирии соҳаи телевизиону радиои ҷумҳурӣ ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ, соли 2016 дар соҳа якбора се муассисаи нав: муассисаҳои давлатии телевизонҳои “Синамо”, “Варзиш” ва “Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон” мавриди истифода қарор дода шуд. Таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” аз иқдомҳои наҷибу созанда ва ғамхорию дастгириҳои Пешвои миллат баҳри рушди соҳаҳои синамо, телевизион ва фарҳанг мебошад. Дар оғоз барномаҳои телевизиони “Синамо” дар як шабонарӯз танҳо 18 соат пахш мегардид. Аз 1 марти соли 2019 телевизиони “Синамо” ба пахши шабонарӯзӣ гузашт, яъне ҳаводорони ин шабака минбаъд давоми 24 соат беҳтарин филмҳои гуногужанр ва барномаҳои ҷолибу рангинро аз шабакаи дӯстдоштаашон тамошо менамоянд. Ифтитоҳи Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” аз он ҷиҳат муҳим буд, ки аудитория ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, ташвиқи чарабиниҳои варзишӣ ва ба ин васила, барои оммавӣ намудани намудҳои гуногуни варзиш мароқи беандоза дошт. Зеро варзиш як самти муҳимми сиёсати Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” аз 1 марти соли 2016 бори аввал ба формати FULL HD (дақиқияташ пурраи Эйч Дӣ) корро оғоз намуд. Мухлисон ва ҳаводорони варзиш имкон пайдо намуданд, ки мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ, амсоли бозиҳои олимпӣ, чемпионатҳои ҷаҳону Осиё ва Аврупо, мусобиқаҳои ҷудо, баскетболу хоккей ва амсоли инҳоро бо забони тоҷикӣ тамошо кунанд.
Вазифаи Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон тарбияи мутахассисони болаёқати воситаҳои ахбори оммаи мамлакат, кормандони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ бо мақсади саҳм гузоштан дар муборизаҳои мафкуравӣ ва таъмини амнияти иттилоотии кишвар мебошад. Бо мақсади ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани услуби фаъолияти воситаҳои ахбори омма, Академия омӯзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои пешрафтаро дар самти пешбурди корҳои тарғиботиву иттилоотонӣ, омодасозии кадрҳо ва истифодаи технологияҳои муосир ба роҳ мемонад. Муҳимтар аз ҳама, бо таъсиси Академия сатҳи касбӣ ва завқи бадеии кормандони соҳа такмил дода шуда, рушди воқеии воситаҳои ахбори оммаи мамлакат то андозае таъмин гардид. Дар ин боргоҳи илму маърифат бо ҷалби мутахассисони шинохтаи дохиливу хориҷӣ табодули таҷрибаи пешқадам ва сабку услуби муосир, гузаронидани семинару симпозиюмҳо ҳамоишҳои касбии дохиливу байналмилалӣ пешбинӣ шудааст, ки ин омил дар тарбияи кадрҳои касбии соҳа нақши муҳим хоҳад гузошт. Таъсиси Академияи воситаҳои ахбори омма тадбири зарурӣ буда, чунин ниҳоди илмиву таҳқиқотӣ воситаи асосии таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисоси касбӣ ба шумор меравад. Дар заминаи Академияи воситаҳои ахбори омма дар баробари баланд бардоштани малакаи касбӣ ва такмили ихтисос, инчунин, барои омода намудани муҳаққиқону таҳлилгарони сиёсӣ, мунаққидону коршиносон ва олимоне, ки дар мавзуъҳои воситаҳои ахбори омма, бахусус, телевизион ва радио рисолаҳои илмӣ ҳимоя мекунанд, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ба ифтихори эълон шудани соли 2017 ҳам чун Соли ҷавонон шабакаи нави телевизионии “Футбол” таъсис ёфт, ки ҳадафи он муаррифии наврасону ҷавонони болаёқати кишвар, футболи миллӣ, оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолии кишвар мебошад. Бозтоби мусобиқаҳои варзишӣ, ҷалби аҳолӣ ба намудҳои гуногуни варзиш ва тарғиби сиёсати Сарвари давлат дар риштаи варзиш аз самтҳои муҳимтарини кори шабака ба ҳисоб мераванд. Пурра таъмин намудани аҳолии мамлакат бо мавҷи шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ дар пахши рақамӣ ҳамчун воситаи муҳими таъмини амнияти иттилоотӣ, яке аз масъалаҳои муҳим мебошад, ки ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Бо мақсади таъмини аҳолии кишвар бо иттилооти ватанӣ, аз соли 2010 ба инҷониб ду барномаи давлатии пахши телевизиони рақамӣ қабул гардидааст. Дар натиҷаи татбиқи “Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015” фарогирии аҳолии мамлакат бо мавҷи шабакаҳои давлатии телевизион ба бештар аз 65% расид. Соли 2019 бо мақсади пурра дастрасӣ пайдо намудани сокинони мамлакат бо барномаҳои шабакаҳои телевизион бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 август, №437 барномаи дуюми давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ барои солҳои 2020-2024 қабул шуд. Дар марҳилаи якуми иҷрои барномаи мазкур, ки соли 2020-ро дар бар мегирифт, 21 фиристандаи гуногуниқтидор ва мувофиқ ба минтақа дар маркази шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Шаҳритус, Балҷувон, Муъминобод, Айнӣ, Мастчоҳ, Лахш, Рӯшон, Ёвон, Роғун, Дарвоз, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб ва деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик, Туланазари ноҳияи Хуросон, Ворӯхи ноҳияи Исфара, Зумудги ноҳияи Ишкошим, Нӯшори поёни ноҳияи Тоҷикобод, Шайдони ноҳияи Ашт насб ва ба истифода дода шуданд. Ҳамин тариқ, дар охири соли 2020 фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион дар пахши рақамӣ ба 72% расонда шуд ва марҳилаи якуми барномаи мазкур 100% иҷро гардид. Дар соли 2020, ҳамзамон, фоизи фарогирии аҳолӣ бо пахши барномаҳои Радиои Тоҷикистон 3,25%, шабакаҳои радиоии “Овози тоҷик” 2,77%, “Садои Душанбе” 2,34% зиёд карда шуд. Дар доираи иҷрои марҳилаи дуюми барнома дар соли 2021 насби 24 фиристандаи гуногуниқтидор дар назар дошта шудааст. Ҳоло фиристандаҳои гуногуниқтидор тибқи нақша дар маҳалҳои Навдонаки ноҳияи Рашт, Зуманди ноҳияи Варзоб, Ҷайралии ноҳияи Темурмалик, Сари Хосори ноҳияи Балҷувон, маркази шаҳри Истиқлол, маркази ноҳияи Спитамен, Купрӯкбошии ноҳияи Лахш, Кӯҳсори шаҳри Турсунзода, Хумдони ноҳияи Нуробод, Сучони ноҳияи Шуғнон, Колхозчиёни шаҳри Панҷакент, маҳалҳои Муни ноҳияи Шуғнон, Техарви ноҳияи Ванҷ, Ростровути ноҳияи Деваштич, Ашти поёни ноҳияи Ашт, Хундара ва Қашқараки ноҳияи Файзобод, Сангтӯдаи ноҳияи Данғара, Кулдараи ноҳияи Ховалинг, маркази ноҳияи Шаҳристон, маркази ноҳияи Сангвор, Шуҷанди ноҳияи Рӯшон, Теми шаҳри Хоруғ ва Рӯҳафзои ноҳияи Темурмалик насбу васл гардиданд. Корҳои анҷомшуда боис гардид, ки фоизи фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои давлатии телевизион ва радио дар сатҳи ҷумҳурӣ дар пахши рақамӣ аз 72%-и қаблии соли 2020 ба 78,5% расонида шуда, марҳилаю дуюми татбиқи барнома дар соли 2021 низ 100% иҷро гардид. Инчунин, ҷиҳати беҳтар намудани фарогирӣ бо пахши барномаҳои радиои давлатӣ соли равон дар мавҷи FM дар маҳали Нефтеободи ноҳияи Исфара ва дар маркази ноҳияи Ванҷ фиристандаи радиоӣ насб гардид.
Ҳамчунин, бо мақсади таъмини амнияти иттилоотӣ, таҳким бахшидани корҳо дар самти ҳифзи фазои мафкуравӣ, рушду густариши соҳаи телевизион ва радио, ҳамқадами замон будан, таъмини аҳолӣ бо мавҷи шабакаҳои телевизион ва радио, бо сифати баланди техникӣ пешниҳод намудани барномаҳо ва тарбия намудани мутахассисони касбии соҳа 30 июли соли 2020 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба тасвиб расид. Барномаи мазкур самтҳои асосӣ, афзалиятнок ва амалишавии сиёсати давлатро дар соҳаи телевизион ва радио мушаххас сохта, барои баланд бардоштани сатҳу сифат, мазмуну муҳтавои маводи аудиовизуалӣ ва татбиқи технологияи муосири соҳа шароит фароҳам меорад. Амалишавии Барнома низоми идоракунии соҳаро такмил дода, мундариҷаи ғоявии барномаҳои телевизион ва радиоро ғанӣ мегардонад ва барои таҳияи барномаҳои рақобатпазир дар бозори воситаҳои ахбори омма шароити муносибро фароҳам месозад. Татбиқи барнома ба муҳлати панҷ сол пешбинӣ гардида, маблағгузории он дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ, даромадҳои иловагии Кумита ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад. Соли равон бо мақсади ҳифзи фазои мафкуравӣ дар мамлакат ва таъмин намудани амнияти иттилоотӣ дар доираи татбиқи марҳилаи якуми “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” як қатор корҳо ба анҷом расонда шуд. Аз ҷумла, тавассути ташкили курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои омӯзишӣ як гурӯҳ сенариянависон, коргардонҳо, наворбардорон, тасвирбардорон, пардозгарон, танзимгарони видео ва садо, рассомон, дизайнерон, декораторон, муҳандисони техникӣ, муҳандисони студияҳои телевизион, студияи сайёри телевизион, равшанидиҳандагон, рассом-нурпардоз, ороишгарони касбии студияҳои телевизионӣ, коргардонҳои овоз, ороишгарони садо, муҳандисони радиошунавонӣ, журналистони соҳавӣ ва тадқиқотгар шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ, ки аз ҳадафҳои барномаи мазкур мебошад, ба такмили ихтисос ва омӯзиши дастовардҳои нави соҳа фаро гирифта шуданд.
Ҳамин буд, ки дар шабакаҳои телевизион ва радио шумораи такроршавии барномаҳо ба маротиб кам гардида, дар онҳо барномаҳои нав бо диду тарзи пешниҳоди тоза рӯйи кор омаданд, ки ҳамарӯза манзури бинандагону шунавандагон мегарданд. Дар доираи татбиқи марҳилаи якуми барномаи мазкур, инчунин, фаъолияти бунгоҳҳои хабарии шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат тақвият бахшида шуд.
Дастгоҳҳои идора ва пахши барномаҳои 4 шабакаи радиоии ҷумҳуриявӣ: Радиои Тоҷикистон, “Садои Душанбе”, “Овози тоҷик” ва “Фарҳанг” бо навтарин технологияи соҳа ва дастгоҳҳои муосири истеҳсоли Италия иваз карда шуданд. Дар баробари ин, ҷиҳати мусоидат ба фаъолияти шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ ба телевизион ва радиои шаҳри “Кӯлоб” дастгоҳи идора ва пахши барномаҳо, компютер ва мизу курсиҳо дастрас ва насб гардиданд. Дар ин давра ҳайати эҷодию техникии шабакаҳо дар ҳаҷми садҳо соат филми мустанад, илмӣ-оммавӣ, силсилафилмҳо ва филмҳои аниматсионӣ таҳия ва сабт намуданд, ки тавассути шабакаҳои телевизион ва радио пахш гардиданд. Ҳамчунин, як қатор таҷҳизоти сабт ва танзими барномаҳои телевизионӣ, танзим ва тақвияти овоз, камераҳои наворбардорӣ, инчунин, таҷҳизоти техникӣ, равшанидиҳӣ ва суфлёр барои студия харидорӣ гардида, ба шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ, телевизионҳои “Илм ва табиат” ва “Шаҳнавоз” тақдим карда шуд.
Зимнан, бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати барномаҳо, баланд бардоштани малакаю маҳорати кормандон, тақвияти неруи зеҳнӣ, баланд бардоштани маҳорати эҷодию суханварӣ ва малакаи касбию ҳунари ровигӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва ба ин васила саҳм гузоштан дар таъмини амнияти иттилоотӣ бори аввал дар байни кормандони воҳидҳои сохтории Кумита озмуни адабии “Эъҷози сухан” баргузор гардид, ки дар он кормандони воҳидҳои сохтории Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд. Бо ин мақсад, ҳамзамон, дар Кумита бори аввал даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир карда шуд, ки дар он беш аз 300 нафар корманди воҳидҳои сохторӣ ширкат варзида, 10 нафар ба даври ноҳиявии озмуни мазкур роҳ ёфтанд ва аз 10 нафари пешниҳодгашта ҳамаашон бо гирифтани ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва роҳхат ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд. Дар даври шаҳрӣ (вилоятӣ, минтақавӣ) бо гирифтани ҷойҳои якум (3 нафар), дуюм (2 нафар), сеюм (1 нафар) ва барои иштироки фаъолона (1 нафар), дар маҷмӯъ, 7 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳ ёфтанд. Инчунин, бо мақсади мунтазам баланд бардоштани завқи китобхонию шеърдонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, баланд бардоштани маҳорати эҷодию суханварӣ ва малакаи касбию ҳунари ровигӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавии кормандон ва беҳтар намудани сатҳу сифати барномаҳо, дар Кумита маҳфилҳои илмию адабии “Сеҳри сухан” (барои дӯстдорони сухану ҳунари ровигӣ), “Навқалам” (барои алоқамандони шеъру шоирӣ) ва “Хирадмандон” (барои дӯстдорони китобу китобхонӣ) ташкил гардид, ки чорабиниҳои онҳо ҳар моҳ як маротиба баргузор мешаванд.
Ҳамин тариқ, марҳилаи якуми “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” то имрӯз беш аз 95% иҷро гардида, барои татбиқи пурраи он Кумита тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ меандешад. Бояд гуфт, ки ҷалби шаҳрвандан, бахусус насли наврасу ҷавони мамлакат ба фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологӣ яке аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Бо ин мақсад ва ба хотири мукаммалсозии фазои мафкуравию таъмини амниятии иттилоотии ҷумҳурӣ 25 августи соли 2020 телевизиони нави соҳавӣ – Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» таъсис дода шуд, ки дар як шабонарӯз 18 соат барнома пахш менамояд. Таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабару гузоришҳои илмӣ, барномаҳои таълимӣ ва табиатшиносӣ, чорабиниҳое, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он доир мегарданд, инчунин, ташкил намудани чорабиниҳо ҷиҳати рушди равияҳои илм ва паҳлуҳои кашфнашудаи табиат, бедор кардани завқи омма, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ, ки барои баланд бардоштани рушди равияҳои илм ва табиатшиносӣ, зудудани хурофот ва фанатизм мусоидат менамоянд, аз ҳадафҳои асосии Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» мебошанд. Бо мақсади рафъи норасоиҳо, таъмини талаботи аудитория, ҳифзи фазои иттилоотии мамлакат аз ҳар гуна хабару маълумоти ғаразнок соли 2021 бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду падидаи дигари муҳимми фарҳангӣ – муассисаҳои давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва “Шаҳнавоз” таъсис дода шуданд, ки мақсади онҳо баланд бардоштани нуфуз ва ҷолибияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, таъмини аҳолӣ бо хабару гузоришҳо ва барномаҳо оид ба соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии дохил ва хориҷи кишвар, ташкил намудани чорабиниҳо ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ташаккули талаботи аҳолӣ ба ҳунарҳои мардумӣ, бедор кардани завқи ҷомеа ба он, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ, ки барои баланд бардоштани рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ равона карда шудаанд, тарғиби шаклҳои дастаҷамъонаи ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби васеи табақаҳои гуногуни ҷомеа ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ, тарғиби фаъолияти ҳунарҳои мардумӣ оид ба касбу кори гуногун, мусоидат ба равияҳои солими сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва тарғиби мусиқии касбиву анъанавӣ мебошад. Ҳаводорони савту наво имкон пайдо доранд, ки ҳамарӯза ба муддати 24 соат барномаҳои ҷолиби тафреҳиву озмуниро аз телевизиони “Шаҳнавоз” тамошо намоянд. Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” низ ба фаъолият пардохта, барои минбаъд талаботи бинандагонро қонеъ хоҳад намуд. Ҳамзамон, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар баробари телевизиониҳои ҷумҳуриявӣ, бо мақсади пуррасозии фазои иттилоотӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар маркази вилоятҳо телевизионҳои маҳаллӣ таъсис дода шуданд, ки барои пуррасозии фазои иттилоотии ҷумҳурӣ ва таъмини амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ хизмат мекунанд. Аз ҷумла, телевизиони “Бадахшон” дар заминаи радиои “Бадахшон” ба кор шуруъ намуд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон телевизион ва радиои “Бадахшон” бамаротиб рушду пешрафт кард. Дар рӯзҳои ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ соли 2010 бинои дуошёнаи телевизиони “Бадахшон” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бо дастури Пешвои миллат аз соли 2019 пахши барномаҳои телевизиони вилоятӣ тариқи моҳвора ба роҳ монда шуд, ки имрӯз 32 кишвари олам қисман ва 16 давлати ҷаҳон пурра аз намоиши барномаҳои телевизиони “Бадахшон” бархурдор мебошанд. Аз баракати истиқлолу озодӣ сокинони ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, Рӯшону Шуғнон, Роштқалъаю Ишкошим ва Мурғоб низ аз намоиши барномаҳои телевизиони вилоятӣ бархӯрдор шуданд, ки тавассути он пайваста аз пешрафту тарақиёти вилоят огоҳӣ пайдо менамоянд. Телевизиони вилояти Суғд яке аз аввалин телевизионҳои вилоятӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, барномаҳои худро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ омода менамояд. Соли 1992 рафти баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд доир гардид, ки телевизиони вилоят онро пурра сабт намуда, пешниҳоди аҳолии ҷумҳурӣ гардондааст. Телевизиони вилояти Суғд дар ибтидо тариқи шабакаи Телевизиони Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 соат барнома пахш мекард. Аз соли 2007 соҳиби шабакаи алоҳида гардида, ба пахши 8-соатаи барномаҳо ва моҳи декабри соли 2016 ба пахши 18-соатаи барномаҳо шуруъ намуд. 24 октябр соли 2019 шабака пахши барномаҳояшро дар формати дақиқияташ баланди HD (Эйч Ди) оғоз намуд. Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон дар ҳудуди вилоят ягона муассисаи иттилоотии давлатии вилоятӣ маҳсуб ёфта, меваи замони истиқлол мебошад. Муассиса 24-уми августи соли 1993 таъсис ёфта, солҳои нахустини фаъолият аз тариқи шабакаи «Тоҷикистон» дар ҳаҷми якуним соат барнома пахш мекард. Нақши телевизиони Хатлон дар пойдории сулҳу субот, тинҷиву оромӣ, баҳам овардани мардум, тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумат, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон бағоят бузург аст. 27 июни соли 2008 телевизиони Хатлон соҳиби шабакаи алоҳида шуд. То соли 2018 агар барномаҳои телевизионӣ аз 4 то 16 соат пахш мегардиданд, пас, шуруъ аз моҳи майи соли 2018 соати пахши барномаҳои телевизиони Хатлон ба 18 соат расонда шуд. 4 августи соли 2019 пахши телевизионҳои вилоятии “Бадахшон”-у “Хатлон” ва минтақавии “Кӯлоб” тавассути моҳвора оғоз ёфт. Пахши барномаҳои телевизиони Хатлон аз 18 ба 21 соат ва шуруъ аз 9 сентябри соли 2020 дар ҳаҷми 24 соат, яъне ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуд.
Телевизиони “Кӯлоб” низ падидаи даврони истиқлол аст. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар мушкилтарин давраи давлатдории миллати тоҷик – 14 майи соли 1992 дар собиқ вилояти Кӯлоб телевизиони “Кӯлоб” ҳамчун телевизиони хусусӣ таъсис дода шуд. Албатта, дар ин давраи басо ноором ташкил намудани чунин расонаи муҳимми таблиғотӣ кори осон набуд. Новобаста аз набудани одитарин таҷҳизотҳои техникӣ, дар ҳамин давраи барои мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла, аҳолии вилоятҳои Кӯлобу Бохтар (собиқ шаҳри Қурғонтеппа) хело мушкил ин расона самти фаъолияти худро баҳри оромии ҷомеа, барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ, якпорчагии Тоҷикистон, пойдории ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, баргардонидани ҳамватанони иҷборӣ равона намуд. 7 сентябри соли 2001 телевизиони “Кӯлоб” ҳамчун телевизиони минтақаи Кӯлоб ба сохтори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шуд. Ин тадбир имкон дод, ки вазъи фаннии телевизион беҳ гардад, сифати таҳияву пахши барномаҳо боло равад, минтақаи пахш васеъ шавад. Ҳамчунин, соли 2006 бинои телевизион бо тарҳи наву замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзи ҷомеа мавриди истифода қарор дода шуд.
Ҳамин тариқ, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти иттилоотӣ ва тарғиби соҳаҳои алоҳидаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мардум телевизионҳои соҳавиро таъсис дод, ки он ба рушди ҳам телевизион ва ҳам як соҳаи алоҳида хизмат мекунад. Барои мисол, таъсиси телевизиони «Сафина» ҳамчун шабакаи фарҳангӣ бо мақсади рушди фарҳанги миллӣ ва арзишҳои мардумӣ таъсис дода шуд. Телевизиони «Баҳористон» ба хотири тарбияи насли наврас ва рангину зебо намудани дунёи кӯдакон роҳандозӣ шуд. Телевизиони “Ҷаҳоннамо” дар самти пахши иттилооти саҳеҳу дақиқу боэътимоди сареъ, телевизиони “Шаҳнавоз” барои рушди мусиқӣ ва тарғиби мусқии касбӣ ва суннатӣ, инчунин телевизиони “Илм ва табиат” ҷиҳати муаррифии дастовардҳои олимон, шиносоӣ бо натиҷаи пажӯҳиши олимони ҷаҳон ва тарғиби зебоиҳои кишвари ҳамешабаҳори Тоҷикистон, телевизиони “Синамо” баҳри таблиғи соҳаи кино нақши бориз доранд. Телевизиони «Варзиш» бо ҳадафи инъикоси дастовардҳои варзишгарони тоҷик, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар кишвар таъсис дода шудааст.
Аммо, бовуҷуди марҳила ба марҳила беҳтар гардидан вазъи таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ имрӯз фазои иттилоотии кишвари мо аз таҳдиду хатарҳои кибертерроризм, онлайн-экстремизм, шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷангҳои равонӣ ва набардҳои иттилоотӣ эмин буда наметавонад. Зеро хатарҳои афзояндаи фазои ҷаҳони иттилоотии муосир, ки Тоҷикистон ҷузъи ҷудонопазири он аст, бо ҳар роҳу восита ба ҷомеаи мо низ ворид мегарданд. Раванди зиёд шудани таҳдидҳои киберӣ давлатҳоро вазифадор месозад, ки ба амнияти иттилоотии давлати худ диққати махсус дода, аз уҳдаи таъмини он баромада тавонанд, зеро дар асри ХХ1 амнияти миллии ҳар як кишвар аз амнияти иттилоотии он вобастагии бевосита дорад. Ҷойи инкор нест, ки ин таҳоҷум бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ (интернет) неру низ пайдо намуда истодааст, ки аз ҷониби дигар, натиҷаи мусбату манфии он аз сатҳи маърифати аудитория низ вобастагӣ дорад. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат барои комил гардидани фазои иттилоотӣ, бо иттилоъ ва фароғат ғанӣ гардонидани он шабакаҳои нави давлатии телевизион ва радиоро таъсис дод. Бо мақсади ҳамқадами замони муосир ва рақобатпазир будан дар баробари пешрафти технологияҳои навин дар ҷумҳурӣ зарурати ташкили низоми нави фаъолияти эҷодиву техникии телевизион ва радио пеш омад ва бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз 8-уми сентябри соли 2017 шабакаи «Телевизиони Тоҷикистон» ва баъдан дигар шабакаҳои телевизиони давлатӣ ба пахши рақамӣ ва формати дорои дақиқияти баланди Эйч Дӣ гузаштанд. Гузариши «Телевизиони Тоҷикистон» ва дигар шабакаҳои телевизионӣ ба формати Эйч Дӣ тақозои замони муосир буда, барои рақобат бо технологияҳои навин дар фазои расонаии мамлакат, пешниҳоди барномаҳо бо кайфияти баланд, таблиғи дастовардҳои Тоҷикистон дар замони истиқлол, шакл додани афкори миллӣ дар фазои иттилоотӣ, тавассути воситаҳои навтарини иттилоотӣ тарғиб намудани забон, фарҳанг, урфу одатҳои миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, башардӯстӣ ва ваҳдатафзо ва дар амал татбиқ гардидани сиёсати иттилоотии Пешвои миллат мусоидат хоҳад кард. Ба хотири таъмини амнияти иттилоотӣ маҳз бо ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлол низоми нави расонаҳои Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард. Дар баробари шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ, инчунин, шабакаҳои хусусии «Симои мустақили Тоҷикистон», «Мавҷи озод», «Азия», «Ҷаҳоноро», «Ғулакандоз», «Симо ТВ», «Гули бодом», «Азия плюс», «Ватан», «Имрӯз», «Азия FM», «Тироз», «Авис» ва ғ. таъсис ёфтанд, ки дар комилсозии фазои иттилоотии кишвар саҳм мегиранд. Истиқлоли давлатӣ марҳилаи наверо дар ташаккули расонаҳои электронии ахбори Тоҷикистон фароҳам овард. Агар дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ як шабакаи телевизионӣ ва ду шабакаи радиоӣ вуҷуд дошт, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 шабакаи нави телевизионӣ ва 10 шабакаи радиои давлатӣ фаъолият мекунанл. Айни ҳол дар мамлакат 94 шабакаи давлативу хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз ҷумла 14 телевизиону 10 радиои давлатӣ, 18 телевизиони хусусӣ, 14 телевизиони ноқилӣ, 3 телевизиони АйПӣ (IP), 21 радиои хусусӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият дорад. Бештари расонаҳои иттилоотӣ ғайридавлатиянд, ки ин яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз мавҷуд будани озодии баён дарак медиҳад. Ҳамаи ин расонаҳо новобаста ба шакли моликият дар ҳамбастагӣ барои комилсозии фазои иттилоотии мамлакат ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд. Сол то сол доираи фарогирии мавҷҳои радио ва телевизион васеъ мегардад. Ҳоло дар дурдасттарин минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон аҳолӣ бо мавҷҳои радио ва телевизиони миллӣ дастрасӣ дошта, корҳои беҳтар намудани фарогирӣ пайваста идома дода мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо», ва «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» барҳақ, таъкид намуда буданд, ки: «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд».
Хислати дигари фазои иттилоотии замони истиқлол дар он зоҳир мегардад, ки дар баробари рӯйи кор омадани низоми нави телевизион ва радио, шаклҳои нави расонаҳои дастаҷамъӣ – интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бозори расонаӣ батадриҷ мавқеъ пайдо намуда, дар муддати кӯтоҳ нуфуз пайдо карданд. Интернет бо имкониятҳои густурда ва фаврият дар бозори расонаии замони истиқлол мақоми пешсаф касб карда, ахбор ва рӯйдодҳои тозаро нисбат ба дигар шакли расонаҳо пештар дастраси аудитория мегардонад. Дар чандрасонаӣ гаштани тамоми шаклҳои журналистика ҳеҷ гоҳ таъсири амиқи интернет қатъи назар нест.
Дар воқеъ, ҳифз ва таъмини амнияти иттилоотии мамлакат дар раванди ҷаҳонишавии мураккаб ногузиру муҳим ба ҳисоб рафта, дар ин самт ҳушёрии сиёсии тамоми аҳли ҷомеа нақши бориз дорад. Вобаста ба ин, рисолати ВАО имрӯз даҳчанд бузург гардида, сипари боэътимод гардидан аз таҳдиду хатарҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ нисбат ба забон, фарҳанг, таърих, анъанаҳои мардумӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлол вазифаи муқаддаси ҳар як журналисти ватандӯст ба шумор меравад. Бояд дар хотир дошта бошем, ки амнияти фазои иттилоотӣ, пеш аз ҳама, амнияти Тоҷикистони соҳибистиқлол аст!