Саидаи ФАЗЛ –
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Хотираҳо аз даргоҳи муқаддас)
Ҷашни солгарди ҳар шахс, нашрия ё ниҳод хотираҳоро тагурӯ мекунад. Ҳамчун 90- солагии “Омӯзгор”. 10 сол пеш мо 80-солагии онро дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил карда будем. Аз он рӯз то имрӯз хотираҳо ғанитар ва рангинтар гаштанд. Шояд хонандаи ҳушманди мо кунҷковӣ ҳам кунад, ки чӣ хотираҳо барои ман азизанд? Ё киҳо дар ин муддат хотираҳои маро хушрангу пурмазмун гардонданд? Мебинем…
Аввалин чизе, ки илҳомбахши кори ман гардид, чопи навиштаҳоям дар саҳифаҳои “Омӯзгор” буд. Зеро дар солҳои 90-ум ва аввали солҳои 2000 муаллифон чун теъдоди нашрия кам буданд. Ва “Омӯзгор” чун гоҳнома ягон-ягон ба музофот мерасид. Маро ба навиштан падару бародарони маорифпарварам таҳрик медоданд, бахусус, акои Сироҷиддин, ки роҳбарии мактабамонро бар дӯш дошт. Хислати беҳтарини акоям руҳбаланд гардондани кормандонаш аст, ба навиштаи андакам ҳай баҳои баланд медод… Аввалҳо дар рӯзномаи ноҳиявӣ, баъдтар дар “Омӯзгор”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Ҷумҳурият”…
Акои Саидқосим, Ҷумъахон ва Исомиддини донишҷӯ (бародарзодаам) мақолаҳои маро ба марказ меоварданд, ки хизмати эшон арзиши баланд дошт он замон.
Гӯед, ки навиштаҳоямро дар саҳифаҳои “Омӯзгор” кӣ чоп мекард?
Устоди равоншодам, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор” Самиюлло Сайфуллоев, ки умрашро то ба нафақа дар як даргоҳ сипарӣ карда буд! Нафареро, ки дар вохӯрии аввалин маро ба кор ҷалб ва дар вохӯрии дуюм қабул кард, магар метавон аз хотир баровард? Ҳаргиз! Устод баъди суҳбати бардавоми самимӣ бароям ҳуҷраи алоҳида, шароити беҳтарини эҷод, маоши хуб ваъда кард ва… баробари ба бинои нав кӯчидан дуоям дод. Устод дар кор сахтгиру серталаб буд, аммо на бо дуруштӣ, балки бо ҷиддияту самимият, бо амали намунавияш, бо муносибаташ, ки ҳар ҳамсуҳбатро қонеъ мегардонид. Ниҳоят меҳрубон буд… Вақте падарам барояш нома фиристод ва ӯро ба фарзандӣ пазируфт, ҳаққи бародариро бештар риоя мекард, ки инро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунам. Устод бароям меъёру талаботи навиштани хабар ва таҳрирро омӯзонд. Рафтору гуфтораш дарси дигаре буд… Ёдаш ба хайр!
Чизи дигаре, ки дар “Омӯзгор” хотираҳои маро рангин гардондааст, ба муносибати ҳамкорон рабт дорад.
Бузургоне, ки дар як ҳуҷра бо эшон кор мекардам, устодон Дорои Дӯст, Мирзо Боқӣ, Ғуломҳайдар Муродалиев ва Сайёд Ғаффор буданд. Устод Дорои Дӯст ҳамеша аз чизе нороҳат (ангор, аз дардҳои ҷомеа) буданд, ки ҳар вақт доруе истеъмол мекарданд. Устод аз муносибати баъзеҳо дар робита ба забону миллату фарҳанг дилгир шуда мегуфтанд: “Вақте ба масъалаҳои кучак менигарем, ба масъалаҳои калон назар карда наметавонем”.
Шодравон Мирзо Боқӣ таъкид мекарданд, ки суханҳои бузургро дар ҳаққи шахсони бузург бояд гуфт… Чизе, ки имрӯз тақрибан ба назар гирифта намешавад.
Устод Ғуломҳайдар Муродалиев, журналисти соҳибназар ва инсони нексиришт, ҳамеша саъй мекарданд, фазои корӣ озод ва поку беолоиш бошад. Бо мо падарвор муносибат доштанд.
Сайёд Ғаффор як инсони покзамиру некандеш, хушҳол, хушкалому хушқалам ва ба ҳамкорон хеле меҳрубон буданд. Чакидаҳое, ки дар ҳаққи ҳар кадоми мо дар ҷашни 80-солагӣ навишта буданд, дар дафтари хотиротамон бо хатти заррин сабт хоҳанд гашт.
Бо Марямбону мо ду сол дар як ҳуҷра кор кардем, аз як нигоҳ мақсаду идомаи ҳарфи ҳамдигарро мефаҳмидем. Ӯ эҷодкорест, ки дар адабиёт соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст. Навиштаҳояш ҷолибанд, забони содаву дилчасп ва мазмуни ҳаётӣ доранд. Суҳбаторост, бо ҳар нафар дарҳол ҳамсуҳбат шуда метавонад ва мавзуи суҳбат меёбад.
Абдурауф Муродӣ барои ман як дӯсту рафиқу бародару ҳамкори хубе шуд. Ӯ ғайр аз журналист будан, омӯзгор, ҳаҷвнигор ва эҷодкорест, ки дар ҳар жанр қувва меозмояд. Зарофатгӯиҳояшро шунавӣ, гумон мекунӣ, ҳамеша ҳамин гуна аст: механдаду механдонад, аммо.. на… Дар кор хеле ҷиддист, рӯйи хотир диданро намеписандад, зеро медонад, ки бо ин роҳу шева кор пеш намеравад. Ӯ барои ҳафтанома чун муҳаррик хидмат карда, ташкилотчӣ аст, ҳам дар кори идора ва ҳам дар ҳамкориву дӯстӣ.
Муҳаммадшарифи Рустам дӯсту бародари дигари мост, ки дар ҳамкорӣ метавон бо ӯ ҳазор сол кор кард, на меранҷад ва на меранҷонад! Дигар чӣ метавон гуфт? Ӯ ба ҳайси котиби масъул ва масъули шуъбаи макотиби олӣ фаъолият мекард.
Вазифаи котиби масъул чанд соли баъд ба дӯши Бахтиёри Абдураҳим, ки воқеан, ҷавони бозаковату бофаросату хушахлоқ ва донишманд аст, афтод. Агар Муҳаммадшариф бо садову шӯхиҳояш муҳитро зинда нигаҳ медошт, Бахтиёр ба тамкиниву оромӣ, меҳнатдӯстӣ ва маҳсули зиёди кораш ҳамкоронро ба иҷрои вазифаашон водор менамуд.
Эҳсони Хушбахт аз ҷавонтарин кормандони эҷодии ҳафтанома, ки чанд сол сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм буд, маҳз дар ҳамин даргоҳ тарбия ёфт, қаламаш бурро ва номаш маълум гашт. Сабаби интиқолаш ба ин вазифаи пурмасъул ба донишу маҳорату корбариаш рабт дошт. Дар муносибат бо ҳамкорон самимӣ, хушсуҳбат, вале дар иҷрои вазифааш ҷиддист. (Имрӯз самуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” аст)
Дар ҳаёти эҷодии “Омӯзгор” ба кор пардохтани устод Маҳмадшариф Бобошоев (Бобошоҳзода), ки вазифаи сармуҳаррирӣ бар дӯшаш бор шуд, нақши муҳим дорад. Ба он хотир ки маҳз дар давраи фаъолияти ӯ гуногунрангии шаклу мазмун, масъалагузориҳои ҷиддӣ дар ҳар шакл сурат гирифтанд. Дуруст аст, ки солҳои пеш ҳам мизи мудаввар, мусоҳибаҳо, гузоришу мусоҳибаҳо ба табъ мерасиданд, аммо ниҳоят кам. Баъди чанд соли таваққуф бо намои нав ин жанрҳо, ба вижа, суҳбатҳои гирди миз (мизи мудаввар) зуҳур карданд. Мо иқдом гирифтем ва пардохтем ба ҷамъ кардани мутахассисон ва ташкили суҳбати эшон гирди як миз.
(Ин кор дар давраи фаъолияти Ноилшоҳ Нурализода вусъати бештар пайдо кард.) Агар қаблан аз баргузории чорабиние як хабар омода ва чоп мешуд, акнун масъалагузориҳо васеътару фарогиртар баррасӣ мегаштанд. Ғайр аз ин, устод фазои созгору хушҳолӣ ташкил мекард, бо он ки сиёсати хуби роҳбарӣ дошт, суҳбату аксиягӯиҳояш бо Абдурауф илҳомбахши кори мо мегашт.
Ба сари кор омадани Ноилшоҳ Нурализода тағйироти бештар ба миён овард: шуъбаҳо фаъолияти ҷиддитарро пеш гирифтанд ва теъдоди кормандон афзуд. Чорабиниҳо, сафарҳои эҷодӣ бештару шавқовартар шуданд. Ба Панҷакент аҳлона сафар анҷом додан дунёи эҷоду руҳияи кормандонро батамом дигар кард. Маҳз дар давраи фаъолияти ӯ ҳафтанома соҳиби сомонаи хоси худ гашт, маҳз дар ҳамин давра ҳафтанома ду маротиба ғолиби озмуни “Нашрияи сол” гардид, маҳз дар ҳамин давра се корманди ҳафтанома соҳиби Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва як нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гардиданд. Маҳз дар ҳамин давра як нафар муаллифи китоби дарсӣ, як нафар номзади илм ва як нафар соҳиби нишони ИНТ — “Сухан” шуда тавонистанд. Маҳз дар ҳамин давра китобхонаи “Омӯзгор” теъдоди зиёдтари китоб чоп кардаву озмунҳо бештар барпо гардиданд.(Имрӯз Ноилшоҳ Нурализода ба ҳайси мушовири вазири маориф ва илм фаъолият дорад.)
Дарвоқеъ, дар ин давра соҳиби замима шудан ва боло рафтани теъдоди чопи ҳафтанома низ шоистаи таҳсину ифтихор аст. Имрӯз ҳафтанома бо теъдоди 40 ҳазор, замимаи он – “Пайрав” бо теъдоди 40 ҳазор бештар ба дасти хонандагон мерасанд. Роҳбарии “Пайрав”-ро устод Хайрандеш ба уҳда дошта, дар кори таълифу ороишу таҳриру тасҳеҳи он шогирдони хушзеҳнаш – Рамазону Санҷар, Фирӯзу Наврӯз, Наврӯзу Сайфиддин, Муниру Рамзан… саҳми муносиб мегузоранд.
Дилафрӯз Қурбонӣ – ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки тавонист “Омӯзгор”-ро тавассути интернет муаррифӣ намояд. Бонуи эҷодкор, хушахлоқ ва хеле самимист. Чанд соли фаъолият дар ин даргоҳ собит кард, ки дар эҷод метавонад муваффақ гардад. Хонандагонаш зиёданд, чун фаъолияташ чандрасонаист. (Имрӯз Дилафрӯз вазифаи сармуҳарририи рӯзномаро бар дӯш дорад.)
Шодӣ Раҷабзод (Малахов) аз ҷумлаи беҳтарин қаламкашонест, ки барои “Омӯзгор” бозёфт маҳсуб меёбад. Ӯ нависанда аст, хеле сермаҳсул буда, навиштаҳояш ҳамеша боҷуръатонаанд ва оҳанги даъват доранд. Нақши ӯ дар рушди ҳафтанома дар алоҳидагист. Аксарияти мақолаҳои таҳлилии соҳа дар чанд соли охир ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Офаринаш!
Ҳотами Ҳомид аз журналистонест, ки баъдтар ба мо пайваст, аммо гӯё сад сол боз бо мост, ба як нигоҳ дӯст. Ҳамин хел инсон аст. Ҳисси кунҷковияш ӯро ба дарёфти иттилооти наву ҷолиб ва таҳияи кроссворду чайнворд бештар равона месозад. Саҳифаҳои нашрия бо ин ҳунари ӯ бештар хонданбобу шавқовар мегарданд.
Насриддин Охунзода аз ҷавонтарин кормандони ҳафтанома буда, вазифаи котиби масъулро бар дӯш дорад. Ин вазифаи андак нест дар нашрия, одами андак ҳам дар ин вазифа кор карда наметавонад. Аммо Насриддин… баробари дипломро ба даст гирифтан ба фаъолият пардохт ва ба зудӣ ин масъулиятро ба ӯ бовар карданд, чун масъулиятшиносу баҳушаш дарёфтанд. (Имрӯз ин вазифаро Сайфиддин Муродов, ҳамкори ҷавону воқеан, самимии мо бар дӯш дорад.)
Аминҷон Гулмуродзода саҳифабанд буд, аммо саводи хуб, забони таҳрир ва дониши баланди технологӣ мақомашро аз будаш фаротар нишон медод. Аминҷони оромтабиат кори худашро хуб медонист ва бо истеъдоду ҳунараш диққати бисёриҳоро ҷалб мекард. (Ин вазифаи ӯро муддате Боймурод Шарифов, як инсони бомаърифату самимӣ, Тоҷиддин, ҷавони шӯхтабъу суҳбаторо, Саъдулло, ҷавони чаққону сертараддуд ҳам хуб ба субут расонданд. Имрӯз Суҳроб – ҳамкори хушкори мо ин вазифаро бар дӯш дорад.)
Самандар Искандаров, Толиб Сафаров, Убайдулло Раҳимов (руҳаш шод бод!) низ чанд муддат ҳамкори мо буданд ва дар инъикоси фаъолияти соҳа бо хабару навиштаҳояшон нақш мегузоштанд. Мо дар ин муддат аз ҳамкоронамон дар манотиқи кишвар низ таассуроти нек дорем. Раънои Муҳаммад, Нуъмон Раҷабзода, Яздонқул Мавлонов, Неъмат Неъматов дар вилояти Суғд, Темуршоҳи Файзалӣ, Шарифи Абдулҳамид, Саъдулло Мирзоев, Суҳроб Азизӣ дар Хатлон, Ҷонибек Қозибеков дар ВМКБ ба мо аз фаъолияти аҳли маорифи шаҳру навоҳии кишвар иттилоъ медоданду чанде аз эшон ҳоло ҳам бо “Омӯзгор”-анд.
Апаи Шаҳло – бонуе, ки ба қавле 40 соли ҳаёташро дар “Омӯзгор” сипарӣ кард, ҳамагӣ ҳуруфчин буд, аммо миёни аҳли илму адаб эътибори баланд дошт. Чунки босаводона ҳуруфчинӣ ва ҳатто ғалатгирӣ мекард. Меҳнативу оқила ва дар пасту баланди ҳамкорон ҳозир буданаш ӯро муътабар гардонда буданд.
Гавҳару Муҳаммадӣ муддате дар вазифаи сармуҳосиб, Ситораву Сабоҳат, Фарангису Ҷамила, Нурияву Шаҳноза ба ҳайси ҳуруфчин фаъолият карда, ҳар кадом дар ёди мо ба таври худ нақш бастаанд. Имрӯз кори онҳоро Дилорому Мадина ва Салима идома медиҳанд. Дилором як бонуи озодакору маҳфилоро ва самимиест, ки набуданаш дарҳол эҳсос мегардад, дар коргузорӣ ҳуқуқ, дар ҳисобу китоб иқтисодро хуб дарк мекунад. Салима шеър менависад, қироат мекунад ва бо хушгӯиҳо канор меояд. (Имрӯз ба ҳайси муҳаррири шуъбаи мактабҳо ва масъули сомонаи “Омӯзгор” фаъолият мекунад.)
Суҳроб, ба қавли худаш, сарсаҳифабанд аст, хушгапиву хушкорияш писанди ҳар ошнову ноошност. Замоне Икром ном ҷавони мисли ӯ шӯхтабиат ба ҳайси ронанда кор мекард, ки ҷудо шуданаш аз кормандони “Омӯзгор” барояш хеле сангин афтода буд.
Ситорабону Назарова аввалин маъмури сомонаи “Омӯзгор” — бонуи кордону забондон, аз технологияи замон огаҳ, дар суханварӣ ва фаъолмандӣ истеъдоди хоса дошт.
Анора муддати 11 сол сармуҳосиб кор кард. Ин бонуи собиқадор, дар ҳақиқат, корашро хуб медонад, низоми корро меписандад ва аз зердастонаш ҳаминро тақозо дорад. Раҷабалӣ (муҳосиб), Набиҷон (хоҷагидор) ва Саодатбону (хазинадор) аз самимитарин ва беғаразтарини инсонҳо шинохта шудаанд. Дар хоксорӣ, риояи одобу муносибат ва руҳбаланд кардани дӯстон “ман”-и худро доранд. (Имрӯз Анора ҷойи дигар фаъолият дорад.)
Мавлуда айни ҳол аз ҳама бештар дар идора собиқаи корӣ дорад. Ниҳоят хоксору ботавозуъ ва ботақвост, агарчи шармгиниву беҷуръатияш ботини ӯро пурра нишон дода наметавонанд, ҳамкорон ӯро хуб шинохтаву эҳтиром мекунанд.
Акаи Амирхон аз беҳтарину самимитарин инсонҳост, ки солҳо вазифаи муҳофизиро дар идора адо мекунад. Ӯ инсони меҳнатӣ, дар кор содиқ ва ба ҳамкорон боэҳтиром.
Аз муҳимтарин паҳлуҳои фаъолияти банда дучор шуданам ба устодони соҳибном, ки ҳамзамон, аз муаллифони фаъоли ҳафтанома маҳсуб меёфтанду меёбанд, рабт дорад. Дар ин даргоҳ ман устоди равоншод Ҳабиб Искандаровро шинохтам. Имрӯзҳо дар посухи бисёр саволҳое, ки ба идораи маҷалла ворид мешаванд, душворӣ мекашам ва ҳис мекунам: ягона шахсе, ки ба тамоми саволҳоям ҷавоб дода метавонист, устоди азизи ману шумо буданд (дардо, ки оламро падруд гуфтанд). Қомуси зиндаи маориф буданд устод. Ёдашон ба хайр!
Маҳмадулло Лутфуллоев аз педагогҳои машҳури даврони Истиқлолро, ки дар тарбияи ҳазорон нафар хаттиву шифоҳӣ саҳм доранд, дар ин ҷо аз наздик шинохтам. Устод ба ҳама меҳрубонанд, аммо ҳар нафар фикр мекунад, ки танҳо ба ӯ меҳрубонанду халос. Китобҳои устод ва навиштаҳояшон тарбиягару раҳнамои ҳар омӯзгор ва хонандаанд.
Сайдамир Аминов, устоди ҳақталабу заҳматкаш, муаллифи китобҳои “Забони тоҷикӣ” барои синфҳои 7,8,10, аз ҳамкорони сермаҳсулу боҷуръати ҳафтаномаи “Омӯзгор” — анд. Нафаре, ки бандаро ба таълифи китоб ҷалб кард, дар такмили маҳорати баёни афкори илмӣ ба ман таъсири нек гузошт.
Наметавонам дар ин рӯз аз фаъолияти муаллифони фаъоли ҳафтанома Қаюм Сангов, Сайфулло Маҳкамов, М. Заробеков (руҳашон шод бод!), А.Байзоев, И.Холназаров, Ҳакималӣ Назаралӣ, Шариф Исматӣ, Мирзоалӣ Содиқов, Ҳ.Содиқов, Шарифи Мирзоҳотам, Мукаррам Мелиев, Маъруфи Ҳисом, Қурбони Ҷомӣ, Ҳ.Бӯриев, Д.Имомназаров, як қатор мутахассисони дигари соҳа ёд накунам. Зеро ин устодон бо навиштаҳояшон ба мо илҳом ва ҷуръат мебахшиданду мебахшанд.
17 сол боз бевосита бо “Омӯзгор” — ам. Табиист, ки хотираҳо кам нестанд. Зимнан, фақат ишора ба онҳое шуд, ки муҳити кори маро рангин гардонда тавонистанд. Ҳар кадом хотира ё хотираҳои зиёдтаре ба ман боқӣ гузоштанд. Умр вафо кунад, хотираҳо навишта мешаванд. Арзанда аст, агар номи “Омӯзгор” ва ҳар корманди он дар саҳифаҳои таърихи матбуоти кишвар ва хотироти ҳар қаламкаш бо хатти заррин навишта шавад.
90 сол барои ҳафтанома умри бобаракатест. Ифтихормандам, ки аз ҳамин даргоҳ ба роҳи васеътар қадам мондаву аз суҳбату маслиҳату дастгирии дӯстону ҳамкорону устодони хушномам то ҳол баҳравар мегардам. Бошад, ки умри “Омӯзгор”, ҳар корманд, хонанда ва алоқаманди он бобаракат ва пурнишот гузарад!