(Чаро омӯзгорон аз уҳдаи тартиб додан ва таҳияи Нақшаҳои тақвимӣ баромада наметавонанд?)
Маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” дар асри технология имконияти бештари робита бо муштариёнро пайдо кард. Дар робита ба ин, фаъолияти гурӯҳи ҳамном дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” масъалаҳои муҳимму ҳалталаби соҳаро мавриди таваҷҷуҳи корбарон пайваста қарор медиҳад ва ахиран пешниҳод ва хулосаи онҳоро тариқи матбуот манзури масъулин мегардонад.
То аввалҳои моҳи октябр гурӯҳ 23 900 корбар дошт ва дақиқан ин теъдод рӯ ба афзоиш дорад, ки ифтихори мост. Дар ин сурат маълум аст, ки баҳсҳо ҳар гуна сурат мегиранд: гоҳе ҳадафмандона ва самаранок ва гоҳе бесамар. Ин аз баҳсу ибрози назари истифодабарандагонон вобаста аст. Як роҳе, ки мо барои дарёфти роҳҳои ислоҳи мушкилоти соҳа ба кор мебарем, истифода аз саволнома аст. Бо дарназардошти ин матлаб ва ҷиҳати ислоҳи он чанде пеш дар гурӯҳи маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук пурсишеро матраҳ сохта будем: “Чаро омӯзгорон аз уҳдаи тартиб додан ва таҳияи нақшаҳои таълимӣ баромада наметавонанд?” Ин пурсиш асосан ба эроди зикршуда — бархе омӯзгорон аз уҳдаи таҳияи нақшаи тақвимӣ аз фанҳое, ки дарс медиҳанд, намебароянд ва пайваста аз дигарон нақшаи тақвимӣ мепурсанд, нигаронида шуд. Гузашта аз ин, барои омӯзгорон роҳнамо ва барномаи таълимӣ ҳам дастрас нест, чаро? Баробари оғози соли таҳсил тариқи паёмак ва телефонӣ талаботи омӯзгорон аз ин ҷиҳат бештар гашт.
Дар пурсиш ҳудуди 147 нафар овоз доданд, аз ҷумла, 74 нафар ба ин боваранд, ки омӯзгорон нақша тартиб дода метавонанд, аммо раёсату шуъбаҳои маориф ва мушовирон онро эҳтимол қабул намекунанд; 43 нафар муътақиданд, ки худи омӯзгорон хунукназарӣ ва саҳлангорӣ мекунанд; 11 нафари дигар масъаларо омил медонанд; 6 нафар мегӯянд, ки дар донишгоҳ ин масоилро намеомӯзонанд ва 5 нафар мегӯянд, ки барои роҳбари иттиҳодияи методӣ маош таъйин кунанд, баъд назорат ҷиддитар мешавад.
Ҳамчунин, корбарони гурӯҳ ба саволи матраҳгардида шарҳҳои қобили мулоҳизае навиштанд. Аксар шореҳон ба ин боваранд, ки роҳу усули тартиб додани нақшаву барномаҳо дар донишгоҳҳо омӯзонида намешаванд ё оид ба ин мавзуъ камтаваҷҷуҳӣ зоҳир мегардад. Аз ҷумла, Набӣ Қодиров менависад: “Сабаби таҳия карда натавонистани нақшаҳо асосан муассисаҳое, ки омӯзгор тайёр мекунанд ва худи омӯзгорон мебошанд. Ман ҳам ба ин фикр розӣ ҳастам. Кафедраҳои методикаи аксари муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коллеҷҳои омӯзгорӣ дар ин масъала бо ду пой меланганд. Дар ин кафедраҳо барои омӯзгор шудани донишҷӯ қариб ягон чиз дода намешавад. Ҳамон назарияи куҳнаи қалбиро ба таври лексия мехонанду халос. Тамоми қувваи асосии муассисаро ба ҳамин кафедраҳо вобаста кардан зарур аст. Ин кафедраҳо бояд бо мутахассисони варзида таъмин карда шаванд, зеро донишҷӯ дар ҳамин кафедра ба омӯзгор табдил меёбад”.
Набӣ Қодиров дар идома пурсишҳоеро матраҳ сохта, таълим ва фарогирии онҳоро масъулияти кафедраи методикаи таълими донишгоҳу донишкада, коллеҷҳо ва равияҳои омӯзгорӣ медонад. Ӯ мегӯяд: “Мавзуе, ки барои муҳокима гузошта шудааст – “Чаро омӯзгорон аз уҳдаи тартиб додан ва таҳияи нақшаҳо баромада наметавонанд?” ё чӣ гуна тартиб додани нақшаи тақвимиро наход дар кафедраи методикаи таълими фан ба донишҷӯ наомӯзонанд? Стандарти фан чист? Барномаи таълимии фан чист? Чӣ гуна аз рӯйи барномаи таълими фан нақшаи тақвимӣ таҳия кардан лозим аст? Нақшаи яксоатаи дарс чист ва чӣ гуна таҳия карда мешавад? Ҳамаи ин бояд дар кафедраи методикаи ин ё он муассисае, ки омӯзгор тайёр мекунанд, ба донишҷӯён омӯзонда шаванд”.
Эраҷ Сафаров, истифодакунандаи дигари шабака низ ақида дорад, ки дар донишгоҳҳо ба қадри кофӣ ба ин мавзуъ аҳамият дода намешавад. Ӯ мепурсад: “Кадом нақшаҳо? Агар нақшаҳои тақвимиро дар назар дошта бошед, ба фикри ман, дар донишгоҳҳо ба ин самт аҳамияти кофӣ намедиҳанд”. Мустафо Шодиев, ки худро донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент муаррифӣ кардааст, муассисаҳои таълимиро ба фасодзадагӣ муттаҳам мекунад ва мавҷудияти коррупсияро омили ноуҳдабароии бархе омӯзгорон медонад: “Дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент таҳсил карда истодаам, дар гурӯҳ 30 нафарем, аммо дар дарс 12-15 нафар иштирок мекунанд, 10-15 нафари дигар кай дар дарс иштирок карда буданд, дар хотир надорам. Комиссия меояду пул гирифта меравад, аз ин маълум мешавад, ки бисёр омӯзгорон дипломҳои худро мехаранд. Баъд, нақшаю дониш аз куҷо?!”.
Муҳамадтоҳир Охунзода зимни ёдоварӣ аз даврони донишҷӯии худ, донишгоҳро ба банкомате ташбеҳ кардааст, ки нисбат ба таълими донишҷӯён саҳлангорӣ менамояд. Ӯ ёдовар мешавад: “Ба хотир дорам, ки ҳангоме дар коллеҷи омузгории ноҳияи Мастчоҳ мехондам, устодонам оид ба таҳия ва омода намудани нақшаи тақвимӣ бисёр чизҳоро меомӯзонданд. Имрӯз дар мактаб, нақшаҳои таълимию тарбиявиамро худам тайёр мекунам. Аммо дар ҳайрат мемонам, ки баъди тамом кардани донишгоҳ бисёриҳо нақшаи тақвимиро аз нақшаи яксоатинаи дарсӣ фарқ карда наметавонанд. Куҷо фурсат аст, то нақшаҳоро тартиб диҳанд. Имрӯз донишгоҳҳо мисли банкомат ҳастанд, аз як тараф, пул мегиранду аз тарафи дигар, бо квитансия диплом дода гусел мекунанд. Пас, маҷбуранд, мушовирон барои ин гуна ашхос нонро тайёр кунанд. Набошад, то омадани нақша “Ин кори мушовирон-ку”, — гуфта мегарданд. Омӯзгорӣ эҷодкориро талаб мекунад. Ҳамеша бояд созанда, бунёдкор ва дар ҷустуҷӯ бошем!”
Бархе корбарон омӯзгоронро масъул медонанд ва ба ин боваранд, ки агар омӯзгор аз пайи омӯзиши мунтазам бошад, аз уҳдаи тартиб додан ва таҳияи нақшаҳо баромада метавонад. Аз ҷумла, Моҳинав Сафарова менависад: “Агар омӯзгор шавқу завқ нисбат ба касбаш дошта бошад, ҷустуҷӯ мекунад, меомӯзад, ёд мегирад. Омӯзгор худаш бояд нақшаи тақвимиро дар мувофиқа бо барномаи таълимӣ, стандарти давлатӣ таҳия карда тавонад”. Замира Ирматова низ ин корро аз омӯзгор вобаста медонад: “Ба худи омӯзгор вобаста аст. Омӯзгор доимо дар пайи худомӯзӣ ва таҷрибаомӯзӣ бояд бошад”.
Набӣ Қодиров яке аз сабабҳои дигари аз уҳдаи тартиб додани нақша набаромадани омӯзгорро ба бепарвоӣ вобаста медонад ва ҳамкории омӯзгорони ҷавон бо омӯзгорони таҷрибадорро дар ин самт муҳим арзёбӣ менамояд: “Сабаби дигар, бепарвоии худи омӯзгорон аст. Баъзе омӯзгорони ҷавон масъаларо намедонанд (дар мактаби олӣ ё коллеҷ наомӯхтаанд), аммо аз пурсидан шарм медоранд. Ҳар як омӯзгори ҷавон ё камтаҷриба бояд дар муассисаи таълимие, ки кор мекунад, барои худ “шеф” дошта бошад. Яъне ин гуна омӯзгорон бояд шахсони пуртаҷрибаро барои худ устод гиранд. Дар акси ҳол оқибатии ногувори ин ба насли наврас — кӯдакони мактабхон мерасад”.
Ба андешаи бархе корбарон, иддае аз омӯзгорон ба гирифтани маводи тайёр одат кардаанд ва заҳмати ин корро ба худ раво намебинанд. Масалан, Файзиддин Убайдзода мегӯяд: “Ба андешаи инҷониб, муаммо дар сари нақшаҳои намунавии тайёр меравад, ки омӯзгорони ҷавон онро истифода мебаранд. Ҳама чизе, ки тайёр бошад, кас дар таҳияи он заҳмат намекашад. Нақшаи тақвимӣ он тараф истад, ҳоло омӯзгорони ҷавон нақшаи тақвимии тайёр (электронӣ) суроғ доранд”. Номбурда дар шарҳи дигаре изҳор медорад, ки омӯзгоронро танбал кардаем, нақшаҳои тайёрро аз раёсату шуъбаҳои маориф ба омӯзгорон мефиристанд. Вақте нақшаи тайёр омад, омӯзгор аз он истифода мекунад ва албатта, аз ҷустору мустақилият мемонад. Зулфия Зулфия низ чанд омилеро шарҳ медиҳад. Чунончи: “Омӯзгорон аз уҳдаи тартиб додан ва таҳияи нақшаҳо баромада наметавонанд, чунки: 1) Шӯрои методӣ ва иттиҳодияи методии фаннӣ дар муассиса дуруст ё тамоман фаъолият намекунад; 2) муносибати хунукназаронаи маъмурият ва омӯзгорони таҷрибадоре, ки ба мутахассисони ҷавон вобаста шудаанд; 3) омӯзгороне, ки аз давраи мутахассиси ҷавон буданашон ба гирифтани маводи тайёр одат кардаанд ва ғайра”. Шореҳон омӯзгоронро ба саҳлангориву танбалӣ айбдор мекунанд. Суҳроб Шаъбонов андеша дорад, ки “Дар ҳақиқат, ҳатто, баъзан масъулини соҳа байни барномаи таълимӣ ва нақшаи таълимӣ фарқе гузошта наметавонанд, ҳол он ки барномаи таълимӣ барои ҳар як фан ва синф алоҳида ва нақшаи таълимӣ барои тамоми фанҳои таълимӣ пешниҳод мешавад. Нақшаи таълимӣ-тақвимӣ аз тарафи худи омӯзгор тартиб дода шуда, албатта, мувофиқ бо барнома ва нақшаи таълимии барои солҳои охир қабулшуда тартиб дода мешавад.
Дар байни шореҳон омӯзгорони ҷавоне низ ба назар мерасиданд, ки мушкилро дар тартиб дода натавонистани нақша не, балки дар амал татбиқ намудани он мебинанд. Аз ҷумла, омӯзори ҷавон Муҳаммадсиддиқ Ғафуров чунин изҳори назар мекунад: “Агар сухан дар мавриди нақшаи тақвимӣ равад, омӯзгорон онро тартиб дода метавонанд. Аммо дар амал, дар татбиқи ин нақшаҳо танқисӣ мекашанд. Шояд сабаб он аст, ки омӯзгорон аз таҳти дил ба шогирдон дарс гуфтанӣ нестанду ғараз аз дарсгузарӣ ба даст овардани хостаҳои моддии худашон аст. Шояд… Ин чизро мо дар рафти дарсҳое, ки ба мо гуфта мешаванд, хуб мушоҳида менамоем. Аммо барои ман — омӯзгори ҷавон, ки ҳамагӣ чандрӯза таҷрибаи корӣ дорам, татбиқи нақшаҳои дарсӣ аз дигар нигоҳ мушкил гаштааст. Аввал ин ки, дар як синф ё гурӯҳ теъдоди зиёди хонандагон (33-35) таҳсил мекунанд. Омӯзгор барои он ки аз рӯи нақша амал кунад, мебояд бо ҳар хонанда дар алоҳидагӣ иртибот дошта бошад. Зеро аз нигоҳи психологӣ равандҳои маърифатӣ дар ҳар кас ҳар гуна мушоҳида мешавад. Сониян, вақт барои бо ин теъдод хонандагон иртибот барқарор кардан хеле кам аст. Тасаввур кунед, вақте шумо омӯзгореду ба толибилмон дарс мегӯед, агар онҳо мазмуни дарсро фаҳманд, ҳатман дар зеҳнашон саволҳое ба миён меояд, ки бояд ба он посухи илмӣ гиранд. Чи хеле ки қайд карда будем, хусусиятҳои психологии ҳар фард ҳар гуна аст. Аз ин рӯ, агар посухи ин саволҳоро ба толибилмон фаҳмонед, вақти ҷудокардашуда барои ин қисми нақша на танҳо ба итмом мерасад, балки дигар қисматҳои дарс низ барои фаҳмонидани моҳияти ин суолҳо нокифоягӣ мекунад”.
Дар идомаи баҳс, корбари дигар Бахтиёр Иноятов, ки омӯзгор аст, дӯст доштани касбро дар ин росто муҳим арзёбӣ мекунад: “Агар омӯзгор касбашро дӯст дорад, ҳатман аз омӯзгорони пуртаҷриба, роҳбари иттиҳодияи методии худ пурсон шуда, худомӯзӣ мекунад ва бо ин роҳ мутахассиси ҷавон дониши худро такмил медиҳад. Агар ин корҳоро ба анҷом нарасонад, нақшаи дарсии яксоатаро мустақилона тартиб дода наметавонад. Ман нақшаи тақвимӣ, ҷадвали дарсҳо, тарификатсия ва дигарро худам дуруст мекунам”.
Собиқадори соҳа Хайринисо Темирова омилҳоро гуногун қаламдод намуда, решаҳои асосии мушкилро дар замони таҷрибаомӯзии донишҷӯёни риштаи педагогӣ мебинад, ки таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ё худ таҷрибаомӯзии педагогиро сатҳӣ сипарӣ намудаанд: “Омӯзгорон аз уҳдаи тартиб додан ва таҳияи нақшаҳо баромада наметавонанд, чунки педпрактика дар мактабҳо рӯякӣ гузаронида мешавад, устодони донишгоҳҳо ва роҳбари педагогӣ ба ин масъала кам таваҷҷуҳ доранд, баъзе хатмкардагон ва муаллимони дар мактабҳо кор мекардагӣ нақшаи таълимро аз барнома фарқ намекунанд ва омилҳои дигари бисёр аст”.
Омӯзгори ҷавон Муҳаммад Шодизода бошад, пурсиши мазкурро таҳлил намуда, омилҳои зайлро номбар мекунад: 1. Барномаҳои таълими тозанашр ба ҳама дастрас нестанд; 2. Стандарти давлатии таҳсилот ба ҳама дастрас нест (агар истифода бурда тавонанд, аз шабакаҳои интернетӣ метавон ёфт); 3. Методикаи таълими фанҳо ба таври ҷиддӣ омӯзонида намешавад ё худи корафтодаҳо дуруст намеомӯзанд; 4. Мутахассисон, махсусан, ҷавонон кори тайёрро (ҳатто) дар шакли электронӣ мехоҳанд, то ин ки худро азоб надиҳанд; 5. Донишҳои кофии базавиашон ба талабот мувофиқ нест ва ғайра.
Дидгоҳи бархе шореҳон тамоман дигар аст. Онҳо иддао доранд, ки аз раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо нақшаҳои тайёр дастраси омӯзгорон мешаванду нақшаи тартибдодаи омӯзгорро тасдиқ намекунанд. Корбарон Убайдулло Сангинов ва Азизхони Восеъ ин нуктаро дар шарҳҳои худ таъкид менамоянд. Аз ҷумла, Азизхони Восеъ менависад: “Омӯзгор метавонад, лекин аз раёсату шуъбаҳои маорифи ноҳия нақшаи тайёкардаашонро дуруст ҳисобида намегузоранд, истифода барад”. Шаҳзод Абдуллоев, новобаста аз омӯзгор набуданаш, мегӯяд: “Фикри ман, омӯзгор набошам ҳам, ҳамин аст, ки агар мушовирони фаннӣ дар шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаи таълимиро ба иттиҳодияи методии ин ё он фан дар муассиса месупориданд ва агар мутахассиси ҷавон бошад, ба ӯ роҳбар дар муддати се моҳ вобаста ва дар охир корҳои иҷрошударо санҷида баъд дарс медоданд, беҳтар мешуд Омӯзгор ҳам корро меомӯхт, ҳам нақшанависиро. Боз дар ин раванди таҷрибаомузӣ, агар ҳам муттахасиси ҷавон вобаста ба буҷети муассиса маблағи муайян барои пешбурди фаъолият ва куратори ҳамон мутахассиси ҷавон, ки омӯзгори таҷрибадори муассиса ҳаст, каме бошад ҳам, маблағи иловагӣ мегирифт, олам гулистон мешуд ва маориф пеш мерафт.”
Ҳамин тавр, корбарони дигар андешаҳои худро доир ба саволи матраҳшуда баён медоранд, яке мушкилиро дар суст будани назорат ва талабот ва ба кори мустақилона одат накардани омӯзгорон мебинад. Дигаре пешниҳод мекунад, ки омӯзгорони ҷавонро барои таҷрибаомӯзии кӯтоҳмуддат ба кишварҳои пешрафта бояд фиристод, то табодули таҷриба сурат гирад ва методҳои навини дарс доданро аз худ кунанд.
Бархеи дигар мушкилро дар фаъолияти сусти Шӯрои методии муассиса медонанд. Мушарраф Тӯраева бар ин бовар аст, ки “дар мактабҳо кори Шӯрои методиро пурзӯр кардан даркор, ки роҳбараш аз ҳисоби омӯзгорони пуртаҷриба бошад. Зеро вазифаи аввалиндараҷаи шӯро расонидании ёрии методӣ ба муаллимон, хусусан, омӯзгорони ҷавони бетаҷриба барои таҳияи нақшаҳои таълимӣ мебошад.
Судобаи Бахтиёр таҷрибаи худро чунин баён мекунад: “Нақшаи тақвимиро аввал аз рӯйи барнома ва баъдан аз рӯйи китоби дарсӣ тартиб додам. Беҳтарин усул. Ягон ҷойи нофаҳмӣ надорад. Як бор ҳама мавзуъҳоро аз назар мегузаронӣ, агар мавзуи калон бошад, ду тақсим мекунӣ ва дар ду дарс мегузарӣ. Чашмбандӣ нест. Бояд ба пеш қадами устувор бимонӣ, на ба ақиб!”.
Бо баррасӣ ва омӯзиши фикру мулоҳизаҳои шореҳон ба хулосае меоем, ки омилҳои аз уҳдаи таҳияи нақша баромада натавонистани бархе омӯзгорон гуногун буда, барои ислоҳи ин омӯзгори ҷавонро зарур аст, ки касби хешро дӯст дорад, аз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа бархӯрдор бошад, аз дастурҳои таълимиву методӣ васеъ истифода намояд, дар кори Шӯрои методӣ ва иттиҳодияҳои методӣ иштирок намояд, ҳамеша дар пайи омӯзиш бошад ва адабиёти илмӣ, таълимӣ ва методиро мунтазам мутолиа намояд, бо омӯзгорони дигар табодули таҷриба намояд, худомӯзӣ кунад ва ҳамқадами замон бошад. Зеро
Ҳар рӯз рӯзи таҷрибаву илми тозаест,
К-имрӯзро ба куҳнаи дирӯз кор нест.
Нав кун салоҳи илм, ки дар арсаи ҳаёт,
Илми куҳан барандаи ин корзор нест.
Ҷуз олими замон натавонад муаллимӣ,
К-айём ҷуз ба илми замон номдор нест. (Содиқ Сармад)
Дар ин росто, муассисаҳои таълимиро низ зарур аст, ки фаъолияти Шӯрои методиро пурзӯр намуда, устодони соҳибтаҷрибаро вобастаи омӯзгорони ҷавон ва барои рушду пешрафти омӯзгорони ҷавон заминаҳои мусоидро фароҳам намоянд. Донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳое, ки равияҳои педагогӣ доранд, бояд рӯйи методикаи таълим бештар кор кунанд, то аз он боргоҳҳҳои маънӣ омӯзгорони асил шаҳодатномаи камол ба даст оваранд ва фаъолияташон зери суол наравад. Дар низоми дурусти кор роҳбарӣ ва пешсафии хадамоти методӣ, бахусус, Маркази ҷумҳуриявии таълимив методии назди Вазорати маориф ва илми ҶТ омили муҳимми таъсиррасон маҳсуб меёбад. Умедворем, хулосаи чунин машваратҳои фосилавӣ дар рафъи монеаҳои ҷойдошта ва рушди соҳа таъсири мусбат мерасонад.
Санҷар АМРИЕВ –
“Маорифи Тоҷикистон”