
Дилшод САФАРЗОДА –
муовини вазири маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яке азз омилҳои муҳимме, ки ба пешрафти мактабу маориф мусоидат мекунанд, таъмини шароити фаъолият ва дастгирии молиявӣ ба шумор меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир карда, масъалаҳои ҳалталабро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Сабабҳое, ки моро барои ислоҳи мушкилоти мавҷуда дар ин росто таҳрик мебахшанд, рӯй додани ҳодисаҳои табиӣ, ба ҳолати садамавӣ мувоҷеҳ шудани биноҳои соҳа, маҳдуд будани имконоти молӣ барои масъулин дар музофот рабт доранд. Фаразан, бар асари боришоти зиёд омадани селу ярч дар кишвар ташвишҳои зиёдро ба бор меорад. Албатта, аз ин хатар биноҳои муассисаҳои таълимӣ наметавонанд дур бошанд. Бо дарназардошти тағйирёбии иқлим баҳори имсола сербориш омад ва тибқи гузоришҳои мақомоти дахлдору расонаҳои иттилоотӣ, дар бархе аз деҳаҳои кишвар омадани селу ярч ба қайд гирифта шуд. Вобаста ба ин, тибқи дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии тамоми сардорону мудирони сарраёсат, раёсат, шуъба ва бахшҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо мактуби дастурӣ ирсол гардида, аз ҳисоби шахсони роҳбарикунанда гурӯҳи корӣ таъсис ёфт. Гурӯҳи корӣ дар ҳолатҳои фавқулода, хусусан, зимни шамоли сахту боришоти зиёд ва хавфи омадани селу ярч дар маҳалли муассисаи таълимӣ ҷойгирбуда вазъиятро зери назорат қарор дода, ҳамарӯза ба Вазорати маориф ва илм гузориш пешниҳод менамояд. Хушбахтона, то имрӯз ягон ҳолати ҷиддие, ки боиси зарар дидани муассисаҳои таълимӣ ва ё осеб ба хонандагон гардида бошад, ба қайд гирифта нашудааст.
Дар назди Вазорати маориф ва илм ва тамоми муассисаҳои соҳавӣ ситоди фаврӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамарӯза вазъи муассисаҳои таълимиро зери назорат қарор дода, аз натиҷаи корҳои анҷомёфта ба вазорат гузориш пешниҳод мекунанд. Дар баробари ин, бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ба низом даровардани соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таълимӣ таҳия гардида, ҳамасола як қатор корҳо анҷом дода мешаванд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти уму-мии озмоишӣ фармоиши директорони таълимгоҳҳо оид ба татбиқи барно-маҳои таълимии омӯзиши қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор тавассути дарсҳои иловагӣ дар ҳамаи синфҳо бо нишондоди масъулони (омӯзгорон ва роҳбарони синфҳо) иҷрои он ба тасвиб расонидаву назо-рати он ба зиммаи роҳбарияти таъ-лимгоҳҳо гузошта шуд. Дар маҷмуъ, ба таълими мудофиаи шаҳрвандӣ дар синфҳо 6 соат ҷудо шудааст, ки ба шумори ин соатҳо омӯзиши муҳофизат аз заминларза, сӯхтор ва сел ворид гардидааст. Инчунин, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ барои огоҳии хонандагон аз роҳҳои раҳоӣ ёфтан аз сӯхтор, заминларза ва ғайра баргузории Рӯзи мудофиаи гражданӣ ба нақша гирифта шудааст. Зимни баргузории ин гуна чорабиниҳо хонандагони муассисаҳои таълимӣ дониш, маҳорат ва малакаи амалии худро, ки дар натиҷаи омӯзиш ба даст овардаанд, намоиш медиҳанд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 тасдиқ шудааст, корҳои назаррасро анҷом дод. Аз ҷумла, бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.04.2024, №412 Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 тасдиқ ва инчунин, дар назди вазорат ситоди махсус таъсис дода шудааст. Роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорону мудирони сарраёсат, раёсат, шуъба, бахшҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо, ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии мақоми ҷумҳуриявидошта уҳдадор шудаанд, ки нақшаи чорабиниҳои мазкурро ба роҳбарӣ гирифта, аз натиҷаи корҳои иҷрошуда то 25-уми ҳар моҳ ба Вазорати маориф ва илм маълумот пешниҳод намоянд.
Бояд қайд намуд, ки талаботи муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, дар маҷмуъ, ба 55690,2 тонна ангишт, 54176,1 м3 ҳезум ва 116810 литр сӯзишвории дизелӣ буда, ба ҳолати 8 июли соли 2024 – 13730 тонна ангишт (25%), 9462 м3 ҳезум (17%) ва 7404 литр сӯзишвории дизелӣ (6%) иҷро гардидааст. Ҳамзамон, дар муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ 1177 адад дегхонаи хурду бузург, 21541 адад гармкунаки барқӣ ва 44421 адад печи аловӣ барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омода гардидааст. Барои гузарондани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, дар маҷмуъ, 36419 метри мураббаъ шишабандии дару тирезаҳо ба нақша гирифта шуда, иҷрои он зери назорат қарор дорад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, интернатҳо, литсейҳо ва мактабҳои Президентӣ барои гузарондани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 (моҳҳои сентябр-феврал) талаботи асосии маводи ғизоӣ, аз ҷумла, орд 903 тонна, равған 225 тонна, биринҷ 299 тонна, шакар 297 тонна, картошка 1001 тонна, пиёз 475 тонна, сабзӣ 439 тонна ва 71033 қуттии консерва ба нақша гирифта шудааст, ки иҷрои он аз моҳи сентябр оғоз мегардад.
Пӯшида нест, ки ҳамасола баробари анҷом ёфтани соли таҳсил дар расонаҳо, хусусан, шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба мавзуи мазкур ҳар гуна баҳсу мунозираҳо сурат мегиранд. Аммо як нуктаро бояд таъкид кард, ки муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ шуруъ аз соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №505 ба низоми маблағгузории меъёрии сарикасӣ гузаронда шудаанд. Айни замон меъёрҳои сарикасии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ индексатсия (афзоиш) дода мешаванд, ки ин, дар маҷмуъ, ба ғайр аз таъмири фарогир (капиталӣ) ва хароҷоти сафархарҷии такмили ихтисоси омӯзгорон, ҳамаи хароҷоти муассисаро дар бар мегирад. Яъне, аз ин бармеояд, ки тибқи сметаи хароҷотии муассиса, маблағ барои таъмири ҷорӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ» хароҷот ва азхудкунии маблағҳои дар сметаи муассиса пешбинигардида, аз ҷумла, барои таъмири ҷории муассиса ба зиммаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор карда шудааст. Агар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия маблағи пешбинишударо ба муассисаи таълимӣ ҷудо намояд ва роҳбари муассисаи таълимӣ маблағҳои мазкурро самаранок истифода намоянд, гумон мекунам, ҳоҷат ба ҷамъоварии зиёдатии маблағ аз падару модарон ва ё хонандагон намемонад.
Бояд ҳар узви ҷомеа дониста бошад, ки бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва таъмини хонандагон ба ҷойи нишаст дар шаҳру ноҳияҳо тибқи сархати 5, моддаи 35-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ уҳдадор буда, бояд шароити мусоидро барои инкишофи заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф таъмин намояд. Новобаста аз ин, Вазорати маориф ва илм дар доираи маблағҳои пешбинигардида ҳамасола аз 10 то 15 ҳазор ҷойи нишасти муассисаҳои таълимиро таъмин менамояд. Агар ба маълумоти оморӣ таваҷҷуҳ намоем, соли 2024 дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 370 бино ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 76 532 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 18 бино ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 2276 ҷойи нишаст сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Инчунин, айни замон дар ҷумҳурӣ 313 бинои муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 350 бинои муассисаи таълимӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад.
Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вобаста ба сохтмону азнавсозии иншооти соҳаи маориф ва норасоии ҷойи нишаст бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин, бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар ин самт пайваста тадбирҳои судманд амалӣ менамояд.