
Ғуломносир ҚУРБОНОВ –
Аълочии маорифи Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ
Масъалаи сифати таҳсилот, ки хонандагон дар муассисаи таҳсилоти умумӣ ба он соҳиб мешаванд, дар ҳар давру замон муҳим буд. Аммо дар тафсири мафҳуми «сифати таҳсилот» ва «сифати таълим» дар байни аҳли маориф ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд.
Баъзан дар зери мафҳуми сифати таҳсилот қисми хонандагоне фаҳмида мешаванд, ки бо баҳои «4» ва «5» таҳсил мекунанд, қисми дигар сифати таҳсилотро ҳамчун сифати таълим ва тарбия шарҳ медиҳанд. Сеюмӣ дар зери ин мафҳум дараҷаи рушди шахсияти хонандагон ва чорумин шумораи хатмкунандагони ба муассисаҳои олии касбӣ дохилшударо маънидод мекунанд. Баъзан зери ин мафҳум омодагии хонанда ба ҳаёт, тайёр будан ба меҳнат, муҳофизати ватан, ҳаёти оилавӣ, оқилона истифода бурдани вақти холӣ, идомаи таҳсил, ғамхорӣ барои саломатии худро дар назар доранд. Алҳол мафҳуми «сифати таҳсилот»-ро аз нуқтаи назари сиёсати давлатии соҳаи маориф, стандартҳои байналмилалӣ ва ватанӣ дида мебароем.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омадааст: «Сифати таҳсилот – маҷмуи нишондиҳандаҳои стандартҳои давлатии таҳсилот ва талаботи давлатӣ» ё «мутобиқати таҳсилот ба талабот ва меъёрҳо (стандартҳо)-и дар соҳаи маориф қабулшуда аст». Сифати таҳсилот қобилияти амалӣ намудани хизматрасониҳои таълимӣ ва бадастории сатҳи маърифатнокии таълимгирандагон маҳсуб ёфта, дар асоси ин хизматрасониҳои ба даст омада, ба талаботи истифодабарандагони натиҷаи таълим ҷавобгӯ аст.
Сифати таълим – ташкили ҷараёни таълим, ки дар натиҷаи он шахсият ва сифатҳои марбут ба таълиму тарбия ташаккул меёбанд.
Сифати таҳсилот – дараҷаи муайяни дониш, маҳорат, малака, рушди ақлонӣ, ахлоқӣ ва ҷисмонӣ, ки толибилмон дар марҳалаҳои муайяни мутобиқ ба ҳадафҳои банақшгирифташуда; дараҷаи қаноатмандии иштирокчиёни ҷараёни таҳсилот аз хизматрасониҳои таълимии муассиса ба даст меоранд. Пеш аз ҳама, дар мувофиқа бо стандарти таҳсилот чен карда мешавад.
Дар «Фарҳанги истилоҳот ва мафҳумҳои мутобиқгардонидашуда дар соҳаи маорифи кишварҳои узви ИДМ» мафҳуми сифати таҳсилот чунин шарҳ ёфтааст: «Сифати таҳсилот мутобиқати таҳси-лот (ҳамчун натиҷа, ҷараён ва низоми ҷамъиятӣ) ба талаботи гуногунҷабҳа, манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат аст. Сифат як навъ маҷмуи муназзами хусусиятҳои моҳиятан муҳимми иҷти-моии таҳсилот аст». Ё худ, дар Қарори Шурои байнидавлатии ЕврАзЭС (Созмони хамкориҳои иқтисодии Авру-Осиё, 2010) сифати таҳсилот мухта-сар чунин дода шудааст: «Мутобиқати таҳсилот (бадастомада ва бадаст-оянда) ба талабот ва манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат». Ниҳоят, вобаста ба ҷорӣ шудани муносибатҳои босалоҳият ба таълим ба тавсифи сифати таҳсилот низ калимаи «сало-ҳият» илова гардид. Яке аз тавсифҳои муосири сифати таҳсилот чунин аст: «Сифати таҳсилот – категорияи педагогӣ, ки ҳолат ва самарабахшии сифати ҷараёни таҳсилотро дар ҷомеа, мутобиқати онро ба талабот ва интизориҳо дар рушди салоҳиятҳои шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ ва касбии шахсият муайян мекунад».
Натиҷаи таҳсилот дар шакли салоҳият дар Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарор Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон аз «1» августи соли 2015, №494) чунин омадааст: «Мазмуни таҳсилоти умумӣ, пеш аз ҳама, ба тарбия ва ташаккули салоҳиятнокии ҳар як хонанда нигаронида шуда, он дар самтҳои зерин ифода меёбад: салоҳияти ҳалли масъалаҳо ва худидоракунӣ; салоҳиятҳои иттилоотӣ; салоҳияти иртиботӣ».
Ба Стандарти таҳсилоти умумӣ мазмуни умумифаннии таҳсилот ворид шудааст, ки мавқеи донишҳои умумифаннӣ, маҳорат, малакаҳо ва роҳҳои фаъолиятро дар бар мегирад. Мувофиқи Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилот аз рӯи фанҳои таълимӣ (соҳаҳои таҳсилот) сатҳи омодагии хонандагон аз рӯи се самт арзёбӣ мегардад: натиҷаҳои шахсӣ; натиҷаҳои фаъолияти муназзам; натиҷаҳои фаннӣ.
Хулоса, сифати таҳсилот на танҳо ба воситаи дараҷа ва сифати дониш, балки сифатҳои инкишофи шахсият, маънавиёт ва шаҳрвандии фаъоли насли наврас муайян карда мешавад. Барои идораи сифати таҳсилот «Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовараи Агентии назорат дар соҳаи илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04. 12. 2020 №1/2) қабул гардидааст, ки мутобиқи он зинаҳои асосии идоракунии сифати таҳсилот аз инҳо иборатанд:
- Таҳқиқи вазъи таҳсилот.
- Ташкили робитаҳои мутақобила байни муассисаи таълимӣ ва истифодабарандагони маҳсули он.
- Банақшагирии муҳтавои таълим, таъмини заминаи методӣ ва моддию техникии раванди таълим.
- Таъмини раванди таълим бо кадрҳо.
- Ташкили усулҳои нави таълим, ҳавасманд кардани таълимгирандагон барои гирифтани таҳсилоти босифат.
- Назорати сифати таҳсилот.
- Таҳия ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба бартараф кардани камбудиҳо ва минбаъд баланд бардоштани сифати таҳсилот.
Мутаассифона, аз мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки дар муассисаҳои таълимӣ гурӯҳи сифати таҳсилот ташкил шуда, ба ҷуз аз гирифтани тест ва корҳои хаттӣ фаъолиятҳои дигарро анҷом намедиҳад. Дар сатҳи маъмурият идораи сифати таҳсилот нофаҳмо мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, намунаи идораи омилҳои таъминкунандаи сифати таҳсилотро ба таври маҷмуӣ (комплексӣ) мисол меорем.
Нишондиҳандаҳои таҳқиқи «Таъминоти моддӣ-техникӣ»:
- дараҷаи таъмини ифрасохтори варзишӣ; дараҷаи таъмини таҷҳизоти кабинетҳои фаннӣ; дараҷаи таъмин бо компютер; дараҷаи таъмин бо таҷҳизоти намоишдиҳӣ; дараҷаи таъмин будан бо адабиёти бадеӣ; дараҷаи таъмин будани китобхона бо захираҳои иттилоотӣ; дараҷаи таъминоти маводои илмӣ-методӣ; вазъи санитарӣ-гигиенӣ ва эстетикии муассиса; таъминоти тиббӣ; таъмини ғизои мактабӣ.
Таҳлили «Таъмини кадрӣ»:
- пешравиҳои омӯзгорон; дараҷаи тахассусии омӯзгорон; такмили ихисоси омӯзгорон; қадршиносии омӯзгорон; такмили ихтисоси роҳбарони муассиса;
- мукофоти роҳбарони муассиса; таъмин бо кадрҳои омӯзгорӣ; таъмини методии омӯзгорон; роҳбаладӣ (менторинг).
- Таҳқиқи «Қаноатманд будан»:
- қаноатмандии хонандагон аз раванди таълим; қаноатмандии падару модарон аз таълиму тарбияи муассиса; қаноатмандии омӯзгорон аз фаъолияти педагогии худ ва пешрафти хонандагон.
Таҳқиқи «Натиҷаҳои фаъолияти назоратӣ»:
- мавҷуд набудани шикоят, муҷозот дар соли таҳсили ҷорӣ; натиҷаҳои санҷиши сифати таҳсилот аз тарафи Хадамоти давлатии назорати таҳсилоти миллӣ, минтақавӣ ва ноҳиявӣ.
Нақшаи намунавии тартиби арзёбии сифати таҳсилот ва омилҳои муайянкунандаи он:
р. т | Объекти арзёбӣ | Қисматҳои объекти арзёбӣ |
1 |
Фарогирии хонандагон ба раванди таълим |
1. Шумораи хонандагон |
2. Ҳаракати хонандагон | ||
3. Шумораи синф-комплект | ||
4. Шиносномаи иҷтимоии муассиса (шумораи хонандагони дар таҳсил мушкилдошта) | ||
5. Шумораи хонандагон аз оилаҳои камбизоат | ||
6. Кӯдакони аз лиҳози саломатӣ осебпазир | ||
7. Шумораи хонандагоне, ки таълими фардӣ (дар хона) мегиранд. | ||
8. Шумораи хонандагоне, ки ба таълими тафриқа фаро гирифта шудаанд. | ||
9. Шумораи хонандагоне, ки ба таълими иловагии пулакӣ фаро гирифта шудаанд. | ||
2 |
Рушди коллективи педагогӣ. Дараҷаи таъминоти кадрӣ |
1. Шумораи омӯзгорон |
2. Тавсифномаи тахассусӣ | ||
3. Такмили ихисоси омӯзгорон | ||
4. Истифодаи технологияҳои педагогии муосир | ||
5. Фаъолияти методӣ | ||
6. Иштирок дар озмуни «Омӯзгори сол», конфронсҳо ва дигар озмунҳо | ||
7. Истифодаи самараноки захираҳои кабинети фаннӣ | ||
8. Дараҷаи қонеъ будани коллективи педагогӣ аз фаъолияти муассисаи таълимӣ | ||
3 |
Сифати фаъолияти инноватсионӣ оид ба такмили раванди таълим | 1. Қисми омӯзгороне, ки аз курсҳои такмили ихтисос оид ба аз худ намудани технологияҳои инноватсионӣ гузаштаанд. |
2. Қисми омӯзгороне, ки технологияҳои инноватсиониро дар амал татбиқ мекунанад. | ||
3. Қисми омӯзгороне, ки ба корҳои эҷодӣ машғуланд. | ||
4. Таъмини фаъолияти инноватсинӣ | ||
4 |
Сифати таълими тафриқа |
1. Хоҳиши волидон, хонандагон оид ба фаро гирифтан ба таълими тафриқа |
2. Муайян кардани майлу рағбати касбии хонандагон | ||
3. Натиҷаи аттестатсияи ҷамъбастӣ аз рӯи фанҳои тафриқавӣ | ||
4. Қаноатмандии хонандагон ва падару модарон аз омодагии тотафриқавӣ ва тафриқавии муассиса | ||
5 |
Сифати раванди тарбия |
1. Арзёбии дараҷаи ташаккули шахсияти хонандагон |
2. Арзёбии дарҷаи маърифатҷӯии хонандагон | ||
3. Иштирок дар озмунҳо | ||
5. Омӯзиши дараҷаи қаноатмандии хонандагон аз ҳаёти муассиса | ||
6. Омӯзиши дараҷаи қаноатмандии падару модарон аз муассисаҳои таълимӣ | ||
6 |
Сифати амалӣ намудани барномаи таълими иловагӣ | 1. Шумораи маҳфилҳои гуногун |
2. Иштироки хонандагон дар чорабиниҳои ноҳия/шаҳр, вилоят ва ҷумҳуриявӣ | ||
3. Ғолибон ва дорандагони мукофот | ||
4. Омӯзиши самтҳои эҷодии хонандагон | ||
7 |
Таъминоти моддӣ -техникии муассисаи таълимӣ | 1. Фонди китобхона |
2. Асбобҳои аёнӣ | ||
3. Воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ | ||
4. Воситаҳои техникии таълим | ||
5. Таҷҳизоти лабораторияҳои таълимӣ | ||
8 |
Сифати идораи муассисаи таълимӣ | 1. Амалӣ намудани барномаҳои соҳаи маориф |
2. Таҳия ва таҷдиди асноди дохилии муассиса | ||
3. Худтаҳлилкунии фаъолияти муассисаи таълимӣ |
Адабиёт
- Атахонов Т. , Муллоев А. Фарҳанги истилоҳоти маориф. –Душанбе-2011, 184 с.
- Байзоев А. Масъалаҳои назариявӣ ва амалии муносибати босалоҳият ба таълим// рӯзнома «Омӯзгор», №52, 28 декабри соли 2017.
- Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи Агентии назорат дар соҳаи илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04. 12. 2020 №1/2).
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф». Душанбе. : 2014.
- Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «1» августи соли 2015, №49.
- Фарҳанги нави истилоҳот ва мафҳумҳои методӣ, 2009.
- Фарҳанги истилоҳоти педагогикаи умумӣ ва иҷтимоӣ, 2006.
- Фарҳанги истилоҳот ва мафҳумҳои мутобиқгардонидашуда дар соҳаи маорифи кишварҳои узви ИДМ. – М.: 2004.