Сафия САИДИБРОҲИМОВА –
омӯзгори ДДФСТ ба номи М. Турсунзода
Яке аз фазилатҳои неки инсонӣ, ки шаъну шараф ва манзалати ӯро баланд мебардорад, ахлоқи нек ва намунавии ӯ мебошад. Ниёгон ахлоқи неки инсонӣ, хусни одобро дар ниҳоди фарзандон парвариш намуда, аз хурдӣ таълим медоданд ва хурду бузург онро риоя мекарданд. Адибону олимони машҳур низ дар осори худ ба тарзи одоб ва фазилатҳои инсонӣ диққати асосӣ дода, дар риояи ахлоқи воло барои фарзандон намуна буданд ва фарзандонро низ дар ин руҳия тарбият менамуданд. Фарзандонро панд медоданд, насиҳат мекарданд ва аз ин тариқ дар баланд бардоштани сатҳи тарбиявии онҳо саҳми муносиб мегузоштанд.
Насиҳатгарӣ ва пандомӯзӣ яке аз анъанаҳои хеле қадими мардуми ориёитабор буда, дар умқи таърихи миллӣ реша дорад. Минбаъд суннату анъанаҳои ахлоқӣ ва тарбиятӣ аз насл ба насл гузашта, дар эҷодиёти бузургони илму адабиёти миллӣ тадовум пайдо мекунанд. Зиёда аз ин, тавассути ойини тарбиятӣ бузургони мо халқу миллат ва дар умум, мардумро ба роҳи рост ҳидоят намуда, арзишҳои ахлоқиро дар ҷомеа ташвиқу тарғиб кардаанд. Яке аз бузургони илму адабиёт ва фарҳанги миллӣ, ки дар побарҷо нигоҳ доштани суннатҳои ахлоқӣ ва фарҳангӣ нақши калидӣ доштааст, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мебошад. Тазаккур бояд дод, ки таълимоти ахлоқии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бар асоси андешаҳои гуманистӣ созмон ёфта, дар он мавзуи заҳматҳои инсон дар роҳи такомули руҳии ӯ мақоми хос дорад. Мавлоно кӯшиш ба харҷ додааст, ки дар доираи асарҳояш беҳтарин намунаҳои ахлоқи инсониро таблиғ намуда, вобаста ба тақозои мавзуъ аз мушаххасоти тарбиятӣ ёдовар мешавад ва мақому мартабаи инсонро дар хушахлоқ будани ӯ арзёбӣ мекунад. Дур будан аз разоили ахлоқӣ ва пайвастан ба маҳосини тарбиятӣ инсонро мартаба ва мақом мебахшад. Ин адиби донишманд ва машҳур ба ғояҳои тарбиявӣ диққати асосӣ дода, насиҳатро як роҳи беҳтарин дар тарбияи инсон медонад ва дар ин росто мефармояд:
Аз насиҳат ноқисон комил шаванд
В-аз насиҳат мудбирон муқбил шаванд.
В-аз насиҳат тоза гардад ҳар диле
В-аз насиҳат ҳал шавад ҳар мушкиле.
Бале, агар насиҳат дуруст ва тибқи барномаи мушаххас роҳандозӣ гардад ва ба зеҳни кӯдак ё наврас ҳамин гуна ҷой дода шавад, умеди комил метавон дошт, ки хурдсол рафтору кирдори худро дигар менамояд ва номбардори падару модар мегардад. Ин ақидаро Муҳаммади Ғаззолӣ низ дар китоби «Эҳё-ул-улум-ад-дин» ва «Кимиёи саодат» чунин баён кардааст: «Дили кӯдакон мисли замини навкорам аст ва он чи ки мо дар он кишт мекунем, ҳамон месабзад».
Мавлонои Румӣ тарбияро асоси зиндагии инсон мешуморад, зеро ба қавли ӯ, мартаба ва мақому манзалати инсон аз ҳамаи махлуқоти олам боло мебошад ва пайгирии ин масъала аз аввал то ба охири осори мутафаккирро ташкил медиҳад. Мавлоно дар замоне зиндагӣ мекард, ки ҳассосияти даврӣ, аз қабили риёкорӣ, хурофапарастӣ, таассубгаройӣ, бадандешӣ, нафратпароканӣ ва амсоли инҳо аз ҳар тараф буруз мекарданд ва ҷомеаро ба гирдоби мушкилот мепечонданд. Махсусан, риёкории динию мазҳабӣ миёни руҳониёни замон дар авҷ буд ва Мавлоно ин вазъи ноҷӯри равонию ахлоқиро дида, чунин иддао мекунад:
Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусулмонӣ,
Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.
Мавлоно дуруст пай бурдааст, ки набояд ба мусулмон будани худ мағрур шуд ва ё ифтихор намуд, балки бо пиндору гуфтору рафтори нек миёни афроди ҷомеа намуна бояд буд, то ин ки дигарон аз сатҳи ахлоқу маънавиёти баланд ибрат бигиранд ва ҳамин тавр, тағйироти тарбиятӣ дар муҳитҳои иҷтимоӣ ба вуқуъ пайвандад. Мавзуи дигари эҷодиёти шоир ҳурмату эҳтиром ва мақому манзалати устод-омӯзгор мебошад. Румӣ барои ба қуллаи умеду орзуҳо расидан, ранҷу заҳматҳои устод ва заҳмату донишандӯзиҳову роҳнамоии ӯро зарур дониста, дар партави он панд медиҳад, ки ба қадру қимати устод расидан мебояд, зеро устод-омӯзгор машъалафрӯзи ҳаёти ҳар фард аст:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Дар таълиму тарбия мавқеи маслиҳат бағоят баланд аст. Дар урфият мегӯянд: «Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ наояд». Оре, файзу баракати кор дар машварат ва маслиҳат аст. Дар ин масъала Мавлоно чунин андеша дорад, ки инсонҳо бояд дар ҳаллу фасли масоили ҳаётӣ бо ҳамдигар машварат намоянд, зеро кори бомаслиҳат судманду манфиатбахш аст:
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.
Шоири машҳур некӣ ва некукориро ситоиш намуда, мардумро ба саховатмандӣ, ёрӣ расондан ба дармондагону ниёзмандон даъват менамояд. Ӯ панд медиҳад, ки набояд дармондагон аз назари дороён дур монанд ва беҳтарин шахс он аст, ки пайваста аз ҳоли ниёзмандон хабар мегирад. Ин нуктаро аз мазмуни ҳикояи “Марди некукор ва аҳли Заврон” хуб дарёфтан мумкин аст. Дар Заврон ном деҳа дар кишвари Яман марди накукоре зиндагӣ мекард, ки пайваста роҳе барои кумак ба дардмандону ниёзмандон пайдо мекард. Мекӯшид, ки дили онҳоро хуш кунад ва онҳоро аз ниёзмандӣ барорад. Ба ин муваффақ ҳам шуда буд ва дардмандону мустамандон ва аҳли ниёз ҳамеша ба кулбаю кӯи ӯ меомаданду аз парасторию саховатмандиаш баҳраҳо мебурданд. Ба ин маънӣ Мавлоно хуб ишорате мекунад:
Кулбаи дарвеш будӣ кӯи ӯ,
Омадандӣ мустамандон сӯи ӯ.
Шинохти қадри падару модар аз мадди назар ва мавзуи эҷодиёти Ҷалолуддини Балхӣ дар канор набуда, ӯ моро ба эҳтиром намудани падару модар даъват менамояд. Ҳастии падару модарро дар ҳаёти инсон аз ҳама муҳим шуморида, панд медиҳад, ки ҳар касро муҳим аст, то ба қадри падару модар бирасад. Шоир дар аксари байту ҳикояҳои асар меҳру муҳаббати беандозаи фарзанд ба падарро ташвиқ карда, насли наврасро ба қадрдонӣ аз волидон даъват мекунад. Алалхусус, дар ҳикояте нолаву шевани кӯдаке, ки аз падар маҳрум мондааст, хеле риққатовар баён ёфтааст:
Кӯдаке дар пеши тобути падар,
Зор менолиду бармекӯфт сар,
К-«Эй падар, охир куҷоят мебаранд,
То туро дар зери хоке биспаранд.
Мебарандат хонаи тангу заҳир,
Не дар ӯ қоливу на дар вай ҳасир.»
Мавлоно гаштаву баргашта насли наврасро ба риояи одоби нек ташвиқ мекунад. Ӯ қайд мекунад, ки беадаб на танҳо ба худ зарар мерасонад, балки тамоми оламро ноосудаву ноором мекунад. Шоир хоксориву фурӯтаниро ситоиш карда, таъкид мекунад, ки инсони донишманд ба камоли пухтагӣ мерасаду боз ҳам мулоим мегардад, вале ноаҳл-нодон ба ин маъно намерасад:
Дарнаёбад ҳоли пухта ҳеҷ хом,
Пас сухан кӯтоҳ бояд вассалом.
Дар тарбияи фарзанд таълим мавқеи назаррас дорад, зеро ба ин васила фарзанд дониш мегирад ва нақши дониш дар ҳаёти инсон бориз аст ва он омили тарбияи неки инсонҳост. Мавлоно андӯхтани дониш ва ба таълим фаро гирифтани насли наврасро барномаи муҳимми зиндагӣ талаққӣ карда, бар он аст, ки неъмати рӯи олам аз дониш вобаста буда, ҳеҷ як пешравии зиндагии инсонӣ бидуни андӯхтани илму хирад имконпазир нест:
Чанд хуршеди карам афрӯхта,
То ки абру баҳр ҷуд омӯхта.
Партави дониш зада бар хоку тин,
То ки шуд донапазиранда замин.
Хулоса метавон кард, ки тарбия натиҷа ва фазилати зиёд дорад. Тарбия, пеш аз хама, ба покии ҷисмонии инсон таъсир мерасонад. Он алфози кабеҳро аз забони инсон дур месозад ва шахсро фозилу хирадманд мегардонад. Аз ин рӯ, тарбияи нек омили бахту саодати инсон мебошад. Муҳим он аст, ки тарбия адоват, хусумат, бухл, кина, ҳасад барин хабоиси ахлоқиро рафъ месозад. Тавассути тарбия шахс дорои хислатҳои ҳамида: ростқавлу ростгӯ, дилсофу раҳмдил, мушфиқу меҳрубон, дилсӯзу ғамхор, халқдӯсту мардумнавоз, раиятпарвару меҳнатқарин, содиқу вафодор, хушзабону хушмуомила, ҳалиму дилҷӯ, дидадарову маҳбуб, ғамхору ғамгусор мегардад.
АДАБИЁТ
- Атахонов, Т. Баъзе пандҳои ахлоқию тарбиявии Ҷалолиддини Балхӣ (Матн). // Маорифи Тоҷикистон. -2007, -июл.
- Атахонов, Т. Масъалаҳои панду ахлоқӣ ва тарбия дар эҷодиёти Ҷалолиддини Балхӣ. // Нобиғаи давр (Матн): Маҷмуаи мақолот бахшида ба 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. -Душанбе, 2007. -С.38-46.
- Зиёев, Х.М. Мавлавия ва таърихи таҳаввули он. -Душанбе, 2004.
- Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ): Феҳристи осор ва адабиёт дар бораи ӯ (Матн). / Мурат.Ҷ. Раҷабов, А. Юнусов. -Душанбе: Эҷод, 2007. -112 с.
- Паҳлавонов, А. Андешаҳои педагогии Ҷалолиддини Балхӣ (Матн). //Маорифи Тоҷикистон.-2007.-июл-август. -с.28-38.
- Сафарзода, Г. Хуршеди олами ирфон (Матн): Таълими осори Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) дар мактаб. -Душанбе, 2007. -320 с.