Шоймардон СОДИҚОВ –
муаллими калони кафедраи методикаи таълими
география ва туризми ДДОТ ба номи С. Айнӣ
Дар айни замон, ки тараққиёти илму техника бо суръат идома дошта, торафт бештар кашфиёти нави илмӣ ба вуҷуд омадаанд, соҳаҳои нави илм рӯи кор омада, проблемаи омода кардани хонандагон ҷиҳати мустақилона аз худ намудани донишҳои нав ба миён омадааст. [5. С.102].
Дар ҷараёни таълим дарс як воситаи муассирест, ки инсонро ҳамчун фарди ҳаматарафа инкишофёфта ташаккул медиҳад. Ба он хотир ки дарс, мактаб, асоси корҳои таълим ва тарбия буда, дар он азбаркунии донишу малака ва ташаккулёбии ахлоқ сурат мегирад. Ин ба он вобаста аст, ки он чӣ тавр ташкил карда мешавад ва омӯзгорон дар рафти дарс ба талаботи он то чӣ андоза эътибор медиҳанд, зеро асоси ташкили дурусти дарс ва самаранокии онро маҳз ҳамон талабот ташкил менамоянд. Талабот нисбат ба дарс хеле гуногунанд. И. В. Душина онҳоро ба даҳ гурӯҳ ҷудо кардааст [4, С 155]:
- риоя намудани вазифаи таълиму тарбиявии дарс;
- илмӣ будани мазмуни дарс;
- алоқаи дарс ба ҳаёт;
- равиши политехникӣ;
- тартиб;
- интихоби методи таълим;
- барқарорнамоии алоқаи байни фанҳо;
- риоя намудани қоидаҳои кишваршиносӣ;
- тамоили экологӣ;
- тамоили иқтисодӣ.
Ба ғайр аз ин, боз талаботи дигар низ вуҷуд доранд. Аз ҷумла, он «лаҳзаҳои дидактикӣ, мантиқӣ, руҳӣ ва ягонагии онҳоро муҳимтарин талаботи дарси география мешуморад».
Бояд қайд намуд, ки ғайр аз ин талабот, боз дигар талабот мавҷуд аст, ки ҳамаи онҳоро муттаҳид менамояд, ки онро банақшагирии дарс мегӯянд. Ҳамаи ин талаботро ба назар гирифта, дар бораи риояи онҳо то чӣ андоза сифат ва самаранокии дарсро баланд мебардоранд, сухан меронем.
Ҳар навъи дарс аз нигоҳи таълиму тарбия хуб ташкил карда шуда, бо мазмуни баланди илмӣ гузаронида шавад, сифати дониши хонандагон ҳамон қадар беҳтар мешавад. Ана ба ҳамин мақсад дар ҷараёни таълим ба талаботи дарс диққати ҷиддӣ дода мешавад, зеро дар шароити пешравии илму техника ва «таркиши иттилоотӣ» баланд бардоштани дониши хонандагон ва ташак-кул додани ахлоқи ҳамидаи онҳо дар мадди назар меистад.
Амалӣ гардондани ин мақсади душвор, вале пуршараф бо он вобаста аст, ки омӯзгор то кадом андоза фанни худ, талабот ба дарс, методи таълими он, педагогика, дидактика ва равоншиносиро амиқ медонад, чӣ тавр усули кишваршиносӣ, алоқаи байнифаннӣ, маълумотҳои ҷориро истифода менамояд, корҳои синфӣ ва беруназдарсиро алоқамандона мегузаронад. Ин ба омӯзгор имконият медиҳад, ки сифати дарсро мувофиқи талаботи имрӯзаи ҷараёни таълим ва тарбия баланд бардорад. Аммо ин чандон ба осонӣ ба даст намеояд. Вай ба маҳорати педагогӣ ва таҷрибаи шахсии омӯзгор, ба хелҳои гуногун ташкил намудани дарс ва дурусту бамавқеъ истифода кардани методу унсурҳои таълим ва воситаҳои таълим вобаста мебошад. Маҳз бо ҳамин сабаб ҳар як дарс, ҳангоми таълими ин ва ё он мавзуъ бо як тарзу усул сурат намегирад. Омӯзгор онро вобаста ба донишу таҷрибаи педагогӣ ба тайёрии хонандагон бо усулҳои ба худ хос мегузаронад.
Дар методикаи таълими география ва дастурҳои методии оид ба ташкил ва гузаронидани дарс талаботи мушаххас муқаррар карда шудааст, ки бидуни ба ҳисоб гирифтани машғулиятҳо баланд бардоштани самаранокии он ғайриимкон аст. Ҳол он ки баланд бардоштани самаранокии дарс, масъалаи асосии ташкили таълими фанҳои мактабӣ, аз ҷумла, география ба ҳисоб меравад. Он на фақат аз нуқтаи назари аз худ шудани сифати маводи таълим, инчунин, аз ҷиҳати ҷанбаҳои ғоянокию тарбиявии дарс муайян карда мешавад. Ин омӯзгоронро водор менамояд, ки тамоми кӯшишу дониш, маҳорат ва таҷрибаи худро барои баланд бардоштани самаранокии дарс ба харҷ диҳанд. Ҳалли ин масъала аз ба нақша гирифтани дарс оғоз мегардад. Шакл ва мазмуни нақша вобаста ба шароити мактаб, мавҷудияти воситаҳои таълимӣ ва методӣ ва аёнӣ муайян карда мешавад. Соатҳоро вобаста ба содагӣ, мураккабӣ, васеъгии маводи таълим тақсим менамоянд. Вале ба мураттабсозии системаи дарсҳо, ки яке аз омилҳои баланд бардоштани самаранокии дарс мебошад, на ҳама вақт омӯзгорон ҷиддӣ машғул мешаванд. Ҳол он ки мураттаб сохтани системаи дарсҳо ҳамчун намунаи ҷараёни таълим ба омӯзгор имконият медиҳад, ки ҳамаи самтҳои дарсро ба ҳисоб гирад.
Чунин нақша барои фаслҳои алоҳида ва тамоми курсҳои география тартиб дода мешаванд. Дар он ташаккул додани системаи дониш, алоқамандии байни фаслҳо, мавзуъҳо ва дарсҳо, роҳҳои ташаккули мафҳумҳо, малака, алоқаи байни курсҳои география ва байнифаннӣ, корҳои амалӣ, муқаррар намудани дониш ва малакаи хонандагон, таҷҳизоти дарс ба ҳисоб гирифта мешавад. Аз ин ҷиҳат мураттабсозии системаи дарсҳо аз он иборат аст, ки омӯзгор дар он равиши тамоми самтҳои ҷараёни таълими ин ва ё он курсро пурра мушоҳида менамояд. Дар заминаи нақшаи пешакӣ мураттабсохтаи системаи дарсҳои ҷорӣ, ки мувофики он омӯзгор дарс мегузарад, тартиб додани нақшаи мураттабсозии системаи дарсҳоро фарқ менамоянд.
Дар вазифаҳои нисбатан мушаххаси дарс, қисмҳои таркибии он, алоқамандии байни мазмун ва ташкили фаъолияти дониш дарккунандагии хонандагон ва марҳилаҳои он, ҷиҳатҳои хоси муносибати байни омӯзгору хонанда муайян карда мешавад.
Дар рафти тайёрии ба нақша даровардани дарси ҷорӣ намуди дарс низ муайян карда мешавад. Ба ин мақсад мазмун ва мундариҷаи ҳар як мавзуи дарсро омӯхта, алоқаи мантиқии онро ба мавзуи гузашта ва оянда муайян намуда, мувофиқи мақсади дидактикӣ вобаста ба он намуди дарс муқаррар карда мешавад. Дуруст муайян кардани намуди дарс ба омӯзгорон имконият медиҳад, ки дар баробари намуди анъанавии дарс (дарси омехта) дигар намудҳои он (дарси омӯхтани маводи нав, такрору ҷамъбастӣ)-ро истифода баранд. Барои самаранок гузаронидани дарс на фақат ба нақша гирифтан ва муайян кардани намуди он, инчунин, асоснок намудани методи таълимӣ аҳаммияти калон дорад. Он дар асоси дарки мазмуни мавзуи таълимӣ, мақсади таълиму тарбиявии дараҷаи тайёрии хонандагон ва интихоб намудани дарс муайян карда мешавад. Чунин амал, бешубҳа, дуруст аст. Вай имконият медиҳад, ки мақсади охирини дарсро ба осонӣ, бо натичаи хуб амалӣ гардонем. Мисол, ҳангоми такрори мавзуи «Африқо» омӯзгор бо методи суҳбат дониши хонандагонро ба система дароварда, сабаби гуногунии шароити табиии қисмҳои алоҳидаи Африқо ва омилҳоеро тағйирёбии қисмҳои таркибии комплекси табиии он, хусусияти таъсири мутақобилаи табиати инсонро муайян ва муқаррар менамояд, тавзеҳ медиҳанд. Дониши хонандагонро оид ба табиат, фаъолияти аҳолии Африқо дар хотири хонандагон барқарор ва мустаҳкам менамояд.
Ҳамин тавр, мувофиқи намуди дарс интихоб кардани методи таълим ба омӯзгор имконият медиҳад, ки якчанд масъалаи муҳимми таълимиро ба таври бояду шояд ҳал кунад, барои аз худ шудани маводи таълим ва мустаҳкам намудани он шароит фароҳам оварад, ҷараёни таълимро мураттаб сохта, ба ин восита вақтро сарфа намояд. Баланд бардоштани самаранокии дарс ба ғайр аз дуруст муайян кардани намуд ва методи таълим, инчунин, вобаста аз мазмуни мавзуъ интихоб ва самарабахш истифода бурдани воситаҳои аёниро низ дар назар дорад. Аммо аз сабаби қисман набудани воситаҳои аёнӣ дар қисме аз дарсҳо ба талабот риоя карда намешавад. Бинобар ин, омӯзгорон вазифадоранд, ки дар ҳолати норасоии аёният мувофиқи нишондоди дастурҳои методӣ, воситаҳои аёнии набударо якҷо бо хонандагон созанд. Ин яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи омӯзгор мебошад.
Ҳар як дарс, қатъи назар аз намуди он, таркиби амиқ дорад. Дар он гузориши мақсад мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Он дар асоси мазмуну таркиби мавзуъ ва намуди дарс муайян карда мешавад. Дар он натиҷаи таълиму тарбиявии дарс ҳаматарафа инъикос ёфта, он масъалаҳо ва амалҳои зеринро дар бар мегирад:
а) кадом ғоя, конуниятҳо ва мафҳумҳоро хонандагон дар дарс аз худ менамоянд;
б) кадом дониш, маҳорат ва малакаи қаблан азбарнамудаи хонандагонро бояд такмил дод, кадоми онҳо аввал баррасӣ карда мешаванд?
в) ҳангоми таълим бо хонандагон кадом корҳои тарбиявӣ бояд гузаронида шаванд?
Ҳамаи ин талаботро ба эътибор гирифтани омӯзгорон ҳангоми тартиб додани нақшаи дарс вобаста ба мавзуъ ва намуди дарс мақсади онро муайян мекунад. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки на ҳамаи омӯзгорон дарсро аз асоснок намудани мақсади он оғоз менамоянд. Омӯзгор вазифадор аст, ки бо мақсади ба фанни худ ва маводи таълим бедор намудани таваҷҷуҳ ва шавқу ҳаваси хонандагон моҳияти омӯзиши ҳар як мавзуи таълимиро ба онҳо бо мисолҳои мушаххас фаҳмонад. Танҳо бо чунин роҳ хонандагон дарсро ба диққат гӯш карда, супоришҳои омӯзгорро аниқ иҷро менамоянд.
Қисми асосии дарсро мазмуни он ташкил менамояд. Мазмуни дарс се қисми асосии таркиби маълумоти географӣ (дониш, малака, ҷаҳонбинӣ)-ро инъикос менамояд. Асоси онро донишҳои географӣ ташкил менамоянд. Он қисмати экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар бар мегирад, ки зарурати онро сохти имрӯзаи ҷамъият ба мадди назар гузоштааст. Ин талабот омӯзгоронро водор менамояд, ки дар баробари ба хонандагон додани дониши назариявӣ (мафҳумҳо, қонуниятҳо, қоидаҳо) дар ҳар як дарс ба донишҳои экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ диққат диҳанд.
Дар ҷараёни таълим дониши географии хонандагон на фақат инкишоф меёбад, балки дар шуури онҳо тасаввуроту мафҳумҳои нав ҳосил мешавад. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста ва зина ба зина ҷамъбастнамоию ба системадарории мафҳумҳо ба амал меояд. Он аз ташаккулёбии мафумҳои нав ибтидо меёбад ва бо тартиби мунтазам дар натиҷаи аз мафҳуми калонмиқёс ба мафҳуми тобеъшаванда гузаштан ташаккул меёбад. Мисол, ҳангоми таълими географияи табиии Тоҷикистон хонандагон аввал дар бораи табиати Тоҷикистон ва сипас дар бораи ноҳияҳои табиӣ ва қисмҳои онҳо тасаввурот пайдо мекунанд. Ташаккул ёфтани тасаввурот ва мафҳумҳо кори мушкил мебошад. Бинобар ин, дар кори мазкур барои таҳлили он мавзуи алоҳида-«Ташаккул додани тасаввурот ва мафумҳои географӣ» пешниҳод шудааст. Хотирнишон карданӣ ҳастем, ки дар ҷараёни ташаккул ёфтани тасаввурот ва мафҳумҳо, тасаввуроту мафҳумҳои тоқа ба тасаввурот ва мафҳумҳои умумӣ табдил меёбанд. Дар натиҷаи ягонагӣ ва гуногунӣ объекту ҳодисаҳои табиат ошкор карда мешаванд, зарурати ҷамъбаст ва ба система даровардани тасаввуроту мафҳумҳо ба миён меояд. Зимни аз худ намудани системаи мафҳумҳо дар шуури хонандагон қонун ва қонуниятҳои географӣ ташаккул меёбад. Мисол, ҳангоми омӯхтани зонаҳои амудӣ хонандагон дар асоси мафҳумҳои қаблан азхуднамудаашон такя намуда, зимни муқоиса намудани ба таври амудӣ нобаробар тақсим шудани фишор, ҳарорат, боришот қонунияти ба тавре амудӣ ҷойгир шудани зонаҳоро ошкор менамоянд. Ба хулоса меоянд, ки тақсимоти нобарори амудии унсурҳои иқлимӣ ва ғайра сабаби пайдоиши зонаҳои амудии гуногун гардиданд, ки онҳо бо табиати худ ва унсурҳои табиӣ аз якдигар фарқ мекунанд.
Дигар ҷиҳати муҳимми дарс, фарқ кардани маводи асосӣ ва ёрирасон мебошад. Ин ба омӯзгор имконият медиҳад, ки мувофиқи талаботи барнома ба маводи асосии таълимӣ диққати ҷиддӣ дода, маводи ёрирасонро фақат барои шарҳи он истифода намояд. Мутаассифона, дар дарс на ҳама омӯзгорон чунин рафтор менамоянд. Қисми онҳо дар дарс ба масъалаҳои дуюмдараҷа вақтро аз будаш зиёд сарф менамоянд. Хуллас, дар дарс маводи асосӣ ва ёрирасон як хел омӯхта мешаванд. Ин сабаби суст аз худ шудани маводи асосӣ мегардад. Аз тарафи дигар, нафаҳмидани тафовути маводи асосӣ ва ёрирасон ба он оварда мерасонад, ки хонандагон ҳангоми тайёр намудани вазифаи хонагӣ вақти зиёд сарф менамоянд. Барои фаъол гардонидани ҷараёни таълим ва мустаҳкам намудани алоқаи таълим бо ҳаёт ҳамчун восита аз маводи матбуоти даврӣ ва байнифаннӣ мунтазам истифода бояд барем. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки омӯзгорон ба ин ҷиҳати масъала кам аҳаммият медиҳанд.
Қисми дигари муҳимми таркибии дарс, санҷиши дониш мебошад, ки вобаста ба намудҳои дарс тобиши гуногун мегирад. Аз ҷумла, дар дарси омӯзиши маводи нав санҷиши маводи мавзуи гузашта ҳамчун қисми таркибии дарс вуҷуд надорад. Он ҳангоми нақли мавзуи нав ва мустаҳкамкунии дарс пайваста гузаронида шуда, вақтро сарфа ва самаранокии дарсро таъмин менамояд. Дигар қисми таркибии дарс супориши вазифаи хонагӣ мебошад. Омӯзгор метавонад, онро дар аввал ва ё дар охири дарс супорад. Қатъи назар аз он ки ин амал дар кадом лаҳзаи дарс гузаронида нашавад, шарти асосии он ба хонандагон фаҳмонидани маводи асосӣ ва ёрирасон, тарзи иҷрои вазифаи хонагӣ ва кор кардан бо манбаъҳои гуногуни дониш мебошад. Аммо ба ин талаботҳо на ҳама омӯзгорон риоя менамоянд. Аксари онҳо ба хонандагон вазифаро бе шарҳу тавсия дар охири дарс месупоранд. Чунин амал иҷрои вазифаи хонагиро душвор ва сифати аз худ намудани маводи таълимиро паст менамояд.
Мактаби муосир на фақат хонандагонро бо системаи дониш, малака ва маҳорат мусаллаҳ менамояд, инчунин, ба ҷаҳонбинии илмӣ, хусусиятҳои фардӣ, ахлоқи ҳамида, худшиносии миллӣ, шавқу ҳаваси даркнамоӣ, қобилияти эҷодкорӣ, меҳнатдӯстӣ ва интихоби касб заминаи боэътимод мегузорад. Дар ҳалли ин масъалаҳо дар қатори дигар дарсҳо дарси география аҳаммияти калон дорад. Мавқеи онро дар тарбияи хонандагон мазмуни он муайян менамояд. Мазмуни дарси география, ки тарафҳои мухталифи объекту ҳодисаҳои воқеии табиат ва ҷамъиятро дар бар мегирад, дар тарбияи ҳаматарафаи хонандагон имконияти васеъ дорад. Омӯзиши он дар мактаб, пеш аз ҳама, хонандагонро аз нигоҳи илмӣ ба дарк ва таҳлил намудани объектҳои табиию ҷамъиятӣ ҳидоят менамояд. Ба он хотир, ки бе фаҳмиш ва дониши илмӣ ҳодисаю объектҳои географӣ хонандагон қонуниятҳои умумӣ, ки ба ҳама ҳодиса ва объектҳои табиию ҷамъиятӣ хос аст, аз худ намуданашон душвор аст.
Хусусиятҳои фарқкунандаи дарси муосир аз фанни география инҳоянд:
1. Гузоштани мақсадҳои дарс ва ҳавасмандии машғулиятҳо дар асоси муқаррароти дидактикаи муосир. Ҳангоми муайян кардани ҳадафҳои дарс ва ҳавасмандгардонии онҳо на танҳо вазифаҳои азхудкунии дониш ва ташаккули маҳорат, инкишоф додани қобилиятҳои равонӣ (тафаккур, даркият, диққат, хотира, нутқ ва тасаввурот), балки вазифаҳои ташаккули таҷрибаи фаъолияти эҷодӣ ва муносибати хонандагонро ба олам таъкид кардан лозим аст.
2. Тағйирёбии нақш ва вазифаҳои омӯзгор дар дарс. Ин ба он вобастааст, ки хонандагон ҳамчун субъектҳои худинкишофёфтаи таълим баррасӣ мешаванд. Аз ин рӯ, омӯзгор дар дарс ҳамчун ташкилкунандаи фаъолияти таълимии хонандагон баромад карда, мақсадҳои дарсро муайян ва ҳавасманд менамояд, супоришҳо ва машварат медиҳад ва барои аз худ намудани усулҳои кори таълимӣ ёрӣ мерасонад.
Омили аз ҳама асосӣ дар дарси муосири география фаъолияти мустақилонаи хонандагон, ҳал намудани супориш ва масъалаҳои таълимӣ мебошад. Вобаста ба ин, ҳиссаи кори мустақилона дар дарс ҳарчи бештар зиёд карда мешавад. Дар дарси анъанавӣ, одатан дар ҷараёни таълим байни хонандагон муошират вуҷуд надорад. Дар дарси муосири география шаклҳои коллективии кор, кори дунафара, ки муошират, мубодилаи афкор ва тафтиши ҳамдигарии донишу малакаро таъмин менамоянд, истифода мешаванд.
3. Тағйирёбии муносибати омӯзгору хонандагон. Бар хилофи дарси анъанавӣ, ки дар он шеваи муоширати авторитарӣ ҳукмфармост, дар дарси муосир бояд фазои ҳамкорӣ ҳукмфармо бошад. Ҳамкории омӯзгор ва хонанда метавонад дар интихоби шаклҳои гуногуни фаъолияти таълимӣ, инчунин, ба ихтиёри хонандагон вогузоштани баъзе вазифаҳои омӯзгор ифода ёбад. Омӯзгор метавонад аз донишҷӯён хоҳиш кунад, ки дар ҷуфтҳо ё гурӯҳҳои хурд кор кунанд ва сипас кори якдигарро тафтиш кунанд. Барои санҷидани дониш ва маҳорат хонандагони пурқувватро ҷалб кардам мумкин аст.
4. Тағйирёбии мантиқии сохтори раванди таълим. Муҳимтарин тафовут аз ҷониби хонандагон барои аз худ намудани донишу малакаҳои нав, истифодаи донишу малакаҳои мавҷуда мебошад. Вобаста ба ин, сохтори дарс хеле тағйир меёбад. Татбиқи дониш аз марҳалаи ҷамъбастии дарс ба марҳалае табдил меёбад, ки аз он омӯхтани маводи нав оғоз мегардад ва дар ҳама марҳалаҳои дарс кори мустақилонаи хонандагон ташкил карда мешавад.
Ҳангоми муайян кардани мақсадҳои дарс на танҳо кадом дониш аз худ карда мешавад, балки дар кадом сатҳ, (дарккунӣ ва азёд кардан, татбиқи дониш дар вазъияти ба ин монанд ё дар дараҷаи эҷодкорона татбиқ намудани дониш ба назар гирифта мешавад.
Банақшагирии дақиқи дарси география ва гузоштани ҳадафҳои омӯзишӣ тавассути тақсим кардани мавод ба блокҳо ё қисмҳои пурмазмун ва таҳияи ҳадафҳои омӯзиши онҳо ба даст оварда мешавад. Масалан, дар курси географияи материкҳо ва укёнусҳо, ҳангоми баёни мавзуи «Анбуҳи ҳаво ва типҳои асосии он» блокҳои мантиқиро муайян кардан мумкин аст: анбуҳи ҳаво ва навъҳои онҳо, бодҳои доимӣ (пассатҳо ва бодҳои ғарбии арзҳои муътадил), ҳаракати минтақаҳои фишори атмосфера дар тамоми фаслҳо.
Таҷрибаи омӯзгорони пешқадам нишон медиҳанд, ки барои хубтар аз худ намудани мафҳумҳои географӣ, дар ҳама зинаҳои таълим аниқ муайян намудани мазмуни мафҳумҳое, ки аз худ карда мешаванд, аҳамияти калони таълимӣ доранд. Ин, пеш аз ҳама, аз омӯзгор талаб менамояд, ки дар заминаи тасаввурот ва мафҳумҳои аз бар намудаи хонандагон аломатҳои асосии мафҳумҳоеро, ки ташаккул дода мешаванд, бояд муайян намуд. Мисол, мафҳуми вулқонро гирем: барои ҳаматарафа аз худ намудани он муаллим нақшаи онро дар тахтаи синф кашида, қисмҳои таркибии онро (ё ки аломатҳои асосӣ) ҷудо карда мефаҳмонад. Дар нақшаи вулқон он аломатҳоро ба таври зерин ифода менамояд:
- манбаи тафта (магма);
- даҳана (жирло);
- танӯра (кратер);
- қабати гузариши шахшуда;
- гудозаи сардшаванда (лава);
- танӯраи паҳлугӣ.
Хонандагон пас аз шиносоӣ пайдо намудан ба ин аломатҳо мафҳуми вулқонро пурра аз худ менамоянд.
Дарси муосири география метавонад хусусияти ҳамгироӣ дошта бошад. Дар як қатор мактабҳо ба таври ҳамгиро омӯхтани география ва биология, география ва экология, география ва забони хориҷӣ ва ғайра ҷорӣ карда мешавад. Моҳияти ҳамгиро будани дарси география метавонад бо кори амалӣ дар маҳал ё экскурсия алоқаманд бошад. Вобаста ба гуфтаҳои боло талаботи зеринро нисбат ба дарси географияи муосир мураттаб кардан мумкин аст:
— возеҳ гузоштан ва ҳавасмандгардонии мақсадҳои ҷараёни таълим;
— муайян намудани мақсадҳои таълимӣ, инкишофдиҳӣ ва тарбиявии дарс.
Вазифаи таълимӣ сатҳи илмии мундариҷаи дарсро муайян мекунад. Ин талаботи муҳимтарин дар барнома бо номгӯи мафҳумҳое ифода шудааст, ки хонандагон бояд аз худ кунанд. Ҳадафи инкишофдиҳӣ асосан тавассути ташаккули малакаҳои дар барнома мавҷудбуда амалӣ карда мешавад. Муайян намудани максади сегонаи дарс бояд ба ташаккули ангезаи хонандагон нигаронида шавад. Дар охир бояд гуфт, ки дар шароити муосир ҳар як омӯзгор метавонад, ки озодона дарсро ба нақша гирад, намуду мақсади дидактикии он, методи таълим, воситаҳои аёниро мавофиқи мавзӯъ муайян менамояд, таркиб ва рафти онро муқаррар созад.
Аммо ин маънои онро надорад, ки дарс бидуни баҳисобгирии шарту шароитҳое, ки дидактика ва методикаи таълими география тавсия менамоянд, гузаронида шавад.
АДАБИЁТ
- Барномаи таълими фанни география барои синфҳои 6-11-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ. – Душанбе, 2021. – 88 с.
- Душина, И. В. Методика и технология обучения географии: пособие для учителей и студентов педагогических институтов и университетов. – М.: АСТ, 2004. – 203 с.
- Душина, И. В. Методика обучения географии в общеобразовательных учреждениях. — М.: Просвещение, 2007. – 509 с.
- Раҳимов, М., Самиев, А., Содиқов, Ш. Методикаи таълими география (китоби дарсӣ). — Душанбе: ЭР-Граф, 2021. – 304 с.
- Содиқов, Ш. А. Хусусиятҳои методии ташкили корҳои мустақилона дар таълими географияи мактабӣ. Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. Бахши илмҳои педагогӣ ва психологӣ. – №3(21). – 2024. – С. 102-106.
- Петрова, Ю. Теория и методика обучение географи. Учебно-методический комплекс для студентов географических специальностей педагогических университетов, – Томск, 2010. — 205 с.
