Навиштан. Ин орзуест, ки аксари инсонҳо дар дил мепарваранд. Охир, кӣ намехоҳад нависанда ё мақоланавис бошад ва розҳои дилашро бинависаду нашр кунад? Ин орзуест, ки инсонро бо кӯшиш ва талоши мудавом ба мақсад мерасонад. Баъзеҳо истеъдодро дар навиштан шарти асосӣ медонанд. Вале дар ин маврид суханони зерини Маҳдии Фурӯғ умедбахш ва саҳеҳанд: “Иддаои касоне, ки бинои ҳар навиштаи адабӣ ва ҳунариро мансуб ба доштани ғаризае танҳо медонанд, мардуд аст. Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки бидуни иттилои комил аз рамуз ва усули нависандагӣ иҳотаи кофӣ ба масоили иҷтимоӣ ва равонӣ ҳеҷ фарди бозавқе нобиға нахоҳад шуд.” Яъне дар ин замина омӯхтан ва донистани ҳунари навиштан яке аз шартҳои муҳимми комёбӣ дар ин роҳ аст.
Дар навиштани мақолаи одӣ ҳатто онҳое, ки мактаби олиро хатм кардаанд, душворӣ мекашанд. Шояд ба ин ваҷҳ аст, ки дар ин самт сабақи кофӣ нагирифтаанд. Мутаассифона, мо дар ин замина ҳеҷ гуна дастури ёрирасон низ надорем. Дар ин мақола асосан сухан аз усули навиштани мақолаҳое меравад, ки хусусияти таҳқиқӣ ва омӯзишӣ доранд. Бошад, ки аз ягон ҷиҳат ба муаллимони мо ёрӣ кунанд. Касе, ки қалам ба даст гирифта, чизе навиштан мехоҳад, аввалин саволе, ки дар сараш пайдо мешавад, ин аст: аз чӣ ва чӣ гуна оғоз бояд кард?
Пеш аз ҳама, мақоланависро лозим меояд, ки марҳилаҳои муайянеро тай намояд. Агар ин марҳилаҳо зина ба зина дуруст паси сар шаванд, бешак, дар ин замина комёбӣ ба даст хоҳад омад. Барои даст ёфтан дар навиштани як мақола муаллиф бояд ҷамъоварии матлаб, арзёбӣ ва интихоб, тарҳи мақола, шурӯъ ба навиштан, мурур, покнависӣ барин марҳилаҳоро тай намояд. Зимнан бояд гуфт, ки навиштани ҳатто як номаи одӣ низ заҳматталаб аст, чӣ расад ба мақолаи таҳқиқӣ. Агар дар ин самт омодагии зеҳнӣ надошта бошед ва тадриҷан марҳилаҳои баъдиро аз сар нагузаронед, бо ҳама истеъдод кори ҷолибе аз даст намеояд.
Барои собиқаи зеҳнӣ пайдо кардан инсон бояд иттилооти пешакиро касб намояд, барои дарёфти иттилооти куллӣ ва ихтисосӣ сарчашмаҳоро фаро гирад, тарзи адои матлабро возеҳ тасаввур намояд. Илова ба ин, каси мақоланавис аз таҷриба ва иттилооте, ки дар зиндагиаш ба даст овардааст, бояд баҳра барад. Донишҳое, ки аз мактаб ва китобҳо ҳосил шудаанд, суҳбатҳои мардум, бозиву сафарҳо сарчашмаҳои бебаҳое ҳастанд, ки собиқаи зеҳниро такмил мебахшанд. Ин андӯхтаҳои зеҳнӣ тарзи тафаккури хосро шакл медиҳанд. Бидуни чунин тафаккур навишта берангу камарзиш мешавад. Ҳамаи ин омилҳо на фақат ба мазмун, балки ба тарзи калимаву ҷумлаҳо ҳусн мебахшанд. Мақоланавис бояд рӯи як мавзӯъ таваҷҷуҳ ва диққат кунад. Ин қадами аввалин барои таҳияи як мақола мебошад. Ин чунин маънӣ дорад, ки мақоланавис бояд аз дониш, таҷриба ва як мавзӯи мушаххас ҳадафҷӯӣ кунад. Масалан, вақте мехоҳед дар мавзӯи қасидаи “Шикоят аз пирӣ”-и Рӯдакӣ мақола нависед, мавзӯъ худ аз худ мушаххас мегардад. Дар ин замина омили дигаре ҳаст, ки бояд ба назар гирифт: агар муаллиф ба мавзӯъ алоқаи рӯҳӣ, маънавӣ ва виҷдонӣ надошта бошад, дар навиштани он комёб намешавад. Интихоби мавзӯъ ба таҷриба ва донишу иттилооти муаллиф вобаста аст. Дар вақти интихоби мавзӯъ бояд дар назар дошт, ки мавзӯи интихобшуда чӣ арзише дорад. Оё муаллиф бо навиштани он ба касе кумак карда метавонад ё не?
Мавзӯи мақолаи таҳқиқиро бояд тавре интихоб кард, ки он бар асоси таҳқиқ устувор бошад. Мавзӯъ на фақат имкони ҷустуҷӯ ва таҳқиқро фароҳам меоварад, балки натиҷаи судманди он ба муаллиф лаззат мебахшад. Интихоби мавзӯи як мақола маҳдудияте низ дорад. Масалан, мавзӯе таҳти унвони “Лоиқ Шералӣ” ҳатто барои як китоб васеъ аст. Агар дар ин мавзӯъ мақолае навиштанӣ бошем, метавонем мавзӯъҳоеро зери унвони “Лоиқ – шоири миллӣ”, “Сабки Лоиқ”, “Шеъри нав дар эҷодиёти Лоиқ”, “Лирикаи ишқии Лоиқ”, “Инсон дар шеъри Лоиқ” ва ғайра мушаххас созем. Ҳамин тариқ, меъёри интихоби мавзӯи мақола маҳдудияти онро ба миён мегузорад, ки риояти он воҷиб аст. Зинаи баъдии марҳилаи мақоланависӣ ҷамъоварии далел мебошад. Ин давраи муҳим ва тақдирсоз барои навиштани як мақола аст. Мақолоти дақиқи илмиро ба осонӣ наметавон навишт. Барои ҷамъоварии матлаби як мақола вақт лозим аст. Гоҳо мешавад, ки муҳаққиқ барои ин кор на фақат рӯзу моҳҳо, балки давраи муайяни умрашро сарф мекунад. Матлаби мақоларо метавон ба роҳи истифода аз ёддоштҳо, мушоҳидаҳо, мусоҳибаҳо, мутолиа, муқоисаву натиҷагирӣ ва ғайра гирдоварӣ намуд. Вале ин кор мушкилоти зиёде дорад. Зеро инсон на ҳама вақт қодир аст, ки аз ҳамаи хотироти гузашта ва захираи зеҳнияш истифода кунад. Гирдоварӣ ва андешидан сари манобее, ки хориҷ аз зеҳни муаллиф аст, осонтар мебошад. Муҳим он аст, ки муаллиф бо гирдоварии матолиб тавонад, ки барои хонанда иттилооти ҷузъӣ ё куллӣ омода намояд. Интихоб ва арзёбии матолиб аз зинаҳои дигари таҳқиқ аст, ки натиҷаи тадқиқот аз бисёр ҷиҳат ба он вобастагӣ дорад. Табиист, ки матолиби ҷамъоваришуда аз назари арзиш гуногун аст, бинобар ин, мурур, дастабандӣ ва арзишёбии онҳо зарур аст. Барои арзиши ҷустуҷӯ ва таҳқиқро муайян кардани ҷавоб ба саволҳои зер метавонанд то ҷое маҳак бошад: оё мавзӯи мақола муҳим аст? Китоб ва сарчашмаҳои дастрас чӣ арзише барои тадқиқот доранд? Матлаби ҷамъшуда оё барои мақола кофист? Оё ҳамаи сарчашмаҳоро ҷустуҷӯ кардаед? Ҳамаи масъалаҳоро оё санҷида тавонистед? Чӣ чизҳои муҳиме ҳастанд, ки бояд асоси мақола қарор гиранд ва ғайра.
Баъд аз он ки мавод ба қадри кофӣ ҷамъоварӣ гардид ва мавриди мутолиаю арзёбӣ қарор гирифт, мақсади асосиро зери номи мақола метавонем ифода кунем. Мавзӯи мақола бояд мушаххас бошад. Муаллиф бояд матолиби гуногунро таҳти унвон ва ҳадафи мушаххас ба низом дарорад. Чизҳои нолозимро фурӯ гузошта, муҳимтаринашро интихоб кунад. Ин ҷо сухан аз маводе меравад, ки бевосита ба мавзӯъ алоқаманданд.
Ниҳоят, дар натиҷаи инчунин арзишёбӣ матолиби зарур ва камаҳамият дараҷабандӣ мешаванд. То ин ҷо аллакай мақолаи мавриди назар дар зеҳни мо шакл мегирад. Акнун дар бораи матолиби аввалиндараҷа ва дуюмдараҷа ва назму тартиби он бояд андешид. Мақола дар зеҳн ё ба сурати ёддошт бояд тарҳ ёбад. Дар ин тарҳ мавқеи матолиб бояд нишон дода шавад. Ҳамин хел хонандаи худро пеши назар оварда, эҳтиёҷи ӯро бояд шинохт. Хуб дастабандӣ кардан ва ба ҳам пайвастани матолиб аз фазилатҳои муҳимми нигорандагист. Ин барои ҷалби диққати хонанда низ муҳим аст. Дар ин замина бояд зикр кард, ки ҷойгоҳи муқаддимаро низ мебоист шинохт. Муқаддима ҳамеша ду вазифаи муҳим дорад: яке ҷалби таваҷҷуҳи хонанда, дигаре ҳидояти ӯ. Хотимаи мақола тавре бошад, ки диққати хонандаро беихтиёр ба худ кашад ва сухани охирини муаллиф ӯро қонеъ созад. Агар тарҳи мақола ба ин тартиб бо озмоиш ва арзишёбии мавод рехта шавад, мақолаи муваффақе рӯи кор хоҳад омад.
Дар мақоланависӣ як марҳилаи муҳимми дигаре ҳаст, ки набояд аз он сарфи назар кард, яъне пешнависи мақола. Баъди ҷамъоварии матлаб ва тарҳи мақола ё ба шакли ёддоштҳои кӯтоҳ ё нуктаҳои асосӣ пешнавис бояд сохт. Ин кор аввалан заҳмати фикрро сабук карда, сониян, ба фаромӯш шудани матолиб монеъ мешавад. Пешнавис бояд марҳилаи равшани ёддошти матолиби мақола бошад. Пас аз анҷоми пешнавис онро бояд аз назар гузаронд. Дар ин марҳала бояд ба он даст ёфт, ки мақола назари муаллифро ифода карда тавонад ва тарзи ифодаи он ба фаҳму идроки хонанда мувофиқ бошад. Қазоват ба дурустии матолиб ва сиҳатии забони мақола ниҳояти кори марҳилаи дигар мебошад. Дар ин маврид муаллиф мешавад, ки ба сиҳати баъзе нукот бовар надошта бошад. Аз ин хотир метавонад калимаҳои “шояд”, “эҳтимолан” ва ғайраро истифода кунад. Ниҳоят, навбати баррасии тарҳи мақола фаро мерасад. Саволҳои зер метавонанд дар ин маврид тарозудор бошанд: оё муқаддима аз матолиби зарурӣ иборат буд? Оё аввалин сатрҳои мақола барои хонанда диққатангезанд? Оё мавзӯъ ба хонанда рӯшан аст? Оё ҳамаи чиз дар мақола равшан аст?
Зимнан бояд гуфт, ки дар мақоланависӣ чизҳои ба назар ҷузъие ҳастанд, ки агар таваҷҷуҳ нашаванд, мумкин аст, ки мақола бесифат ё хароб шавад. Суолҳои поён меъёри шинохти ин ҳолатанданд. Оё бандҳои мақола пайвандии комил доранд? Забони мақола саҳеҳ ва муассир аст? Маъниҳои калимаҳо расою бенуқсонанд? Мавод оё сабки ягона дорад?.. Покнависӣ охирин марҳилаи эҷоди мақола мебошад. Дар охир бояд феҳристи манобеи истифодашуда дақиқ навишта шавад. Ҳарфи навишта ва чопшуда дар гузашта ва имрӯз ҳам назди мардуми мо эътибори хос дошт ва сухан муқаддас шинохта мешуд. Мардум ба сухан эътиқод меоварданд. Яъне ин маънои онро дошт, ки касе қалам ба даст мегирад, ҳам дар назди худ ва ҳам дар назди ҷомеа масъул аст. Ба ифодаи дигар, навишта бояд дурусту рост бошад. Пас, суоле ҳамеша дар пеши нависандаи ҳар чизест: васоил ва масолеҳе, ки ба воситаи онҳо метавон дурусту рост навишт, кадомҳо ҳастанд? Инҳо, пеш аз ҳама ҳақиқатҳо, назарияҳо, ақидаҳо, тасаввурот, таҷрибаҳо ва эҳсосоте, ки муаллиф ба дурустӣ бояд ба кор гирад. Дигар, васоиле, ки иборат аз калимот, ҷумлаҳо ва дастурҳои забонӣ мебошанд.
Дар хотима пораеро иқтибос мекунем, ки ба матлабашон бевосита алоқаманд аст: “Барои як лаҳза ба масолеҳе, ки як насрнавис дар ихтиёр дорад, таваҷҷуҳ кунем. Масолеҳи вай зиндагии инсон ҳаст. Бояд ин инсонҳое, ки дар тахайюлоти ӯ парвариш меёбанд, ба андозаи инсонҳои воқеӣ ҳақиқат дошта бошанд. Ӯ набояд ононро бифурӯшад, ҳамон тавр, ки ҳозир ба фурӯши занон ва мардоне, ки дар зиндагиш ҳастанд ва ба онҳо алоқа дорад, нахоҳад шуд. Бозӣ кардан бо сарнавишти ин мардум ва хурд кардану печондани онон дар сурате, ки ҳадаф гумроҳ кардани хонанда бошад, ба ҳамон андоза ҷиноят ва пастӣ мехоҳад, ки ашхоси воқеии мавриди алоқаи худро ба ночиз бифурӯшем. Барои нависанда роҳи фирор вуҷуд надорад.”
Ин андешаи адиби бузург Шервуд Андерсон барои ҳар касе, ки қалам ба даст мегирад, бояд маҳаки зистан ва навиштан бошад. Роҳи дигар вуҷуд надорад.
Шаҳноза ЗАРИФОВА –
муаллимаи кафедраи
журналистика ва назрияи
тарҷумаи ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров