Маориф аз калонтарину асоситарин соҳаҳои иҷтимоии давлат буда, ба таъкиди Пешвои миллат, ба он афзалияти бештар додан тақозои замон аст. Вазъи соҳа дар кишвар ва манотиқи гуногуни он чӣ гуна аст? Мақомоти маҳал то куҷо аз иқдомҳои маорифпарваронаи Сарвари давлат пайравӣ мекунанд? Чаро мушкилот дар соҳа кам намешавад: бетаваҷҷуҳӣ ё набудани имконият? Ин ва дигар паҳлуҳои соҳа мавриди суҳбати мо бо сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода қарор гирифт, ки муҳтавои онро манзури шумо мегардонем.
- Маориф аз ҷониби Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи афзалиятнок ва ҳамзамон, омили муҳимми амнияти миллӣ эълон шудааст. Ин аст, ки барои пешрафти соҳа тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Дар вилояти Хатлон дар ин самт чӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд?
Бале, беҳтарин баҳо ба маориф аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода шудааст. Агар маориф пешрафт кунад, ҷомеа солим ва амнияти миллату давлат ҳам таъмин аст.
Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва Вазорати маориф ва илм саъй мекунад, бо ҳар роҳу восита дар баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва мустаҳкам намудани пояи моддӣ — техникии муассисаҳои таълимӣ нақши бориз дошта бошад. Дар ин роҳ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рушди соҳаи маориф, як қатор барномаҳоро роҳандозӣ намудааст. Чунончи, дар заминаи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» (ҳамчунин, берун аз он) танҳо дар соли 2023 сохтмони 1280 синфхона барои 30738 ҷойи нишаст дар 198 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ идома дорад. Ғайр аз ин, дар давоми соли хониши сипаришуда тибқи “Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” 10 иншооти соҳаи маориф иборат аз 99 синфхона барои 2376 ҷойи нишаст, тибқи “Барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027 ва нақшаи амалии он дар марҳилаи якуми солҳои 2022-2024 нуҳ иншоот — 45 синфхона 1080 ҷойи нишаст ва берун аз барнома шаст иншоот иборат аз 388 синфхона барои 9336 ва дар маҷмуъ, 79 иншооти соҳаи маориф иборат аз 541 синфхона барои 12984 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуданд. Таҳсили хонандагон дар вагонхонаҳо ва хонаҳои шахсӣ аз ҷумлаи мушкиле буд, ки то ин вақт дар деҳот ҷой дошт ва хушбахтона, пурра бартараф гардид.
Барои рушди соҳа таваҷҷуҳ ба зинаи томактабӣ омили муҳимест. Айни замон миқдори муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба 164 адад расида, дар онҳо 17789 нафар ва 1320 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 52909 нафар кӯдак ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 17,2 %-ро ташкил медиҳад. Тибқи “Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2022 — 2027» дар соли 2023 нуҳ муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Восеъ, Кушониён, Шаҳритус, Данғара, Фархор ва Темурмалик (ҳар кадом барои барои 240 ҷой) бояд сохта ба истифода дода шавад. Боиси нигаронист, ки то имрӯз аз ин миқдор танҳо дар ноҳияи Данғара тибқи барнома сохтмони кӯдакистон оғоз шудаасту халос.
Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №484 “Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027”, инчунин, “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027” қарори махсуси раиси вилоят ва Нақшаи амали он ба тасвиб расид. Дар ин асос ҳам сохтмон ва бунёди як қатор муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Замон тақозо мекунад, ки насли имрӯз забондон ба камол расанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тҷоикистон ба ин масъала таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта, дар ин самт ҳам тадбирҳои гуногун андешидааст. Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2019, № 438 “Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар вилоят корҳои назаррас ба иҷро расонида шудаанд. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят айни замон 6717 нафар омӯзгори забони русӣ ва англисӣ фаъолият мекунанд. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ давра ба давра аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида мешаванд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки сол то сол шумораи омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ меафзояд. Ба зергурӯҳҳо ҷудо шудани синфҳо зимни таълими ин фанҳо, албатта, мувофиқи имконоти мавҷуда сурат мегирад.
Ҷиҳати рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010, № 499 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи раҳнамои касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 27 Маркази таҳсилоти иловагӣ 332, дар назди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо бошад, 25433 маҳфил бо ҷалби хонандагони зиёд фаъолият доранд.
Мусаллам аст, ки пешрафти соҳаи маориф дар асоси робитаи устувори ҷомеа бо мактаб ба мо муяссар мегардад. Ҳамзамон, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдор низ дар вилоят вусъати тоза дорад. Чунончи, бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Нақшаи амалиёти муштарак дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон тасдиқ гардида, дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо дар охири ҳар моҳ мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида “Соати сиёсӣ” гузаронида мешавад. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии Мададгори мудофиа, Кумитаи иттифоқи касаба, Комиссариати ҳарбӣ, Раёсати корҳои дохилӣ, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷкистон, бахши ҳуқуқи кӯдак, Раёсати ҷавонон ва варзиш, Раёсати кор бо занон ва оила пайваста озмуну чорабиниҳо баргузор мегарданд.
- Мутахассис неруи асосӣ дар рушди соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Дар вилоят ба ин масъала чӣ баҳо дода метавонед? Норасоӣ чӣ тавр рафъ мегардад?
- Дар ҳақиқат, дар соҳаи маориф мутахассиси варзида масъалаи меҳварӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷиҳат, норасоии кадрӣ аз масъалаҳои ҳалталаби ҳар давру замон дар соҳа маҳсуб меёбад. Соли таҳсили анҷомёфта шумораи омӯзгорон 46 ҳазору 987 нафар, аз ҷумла, занон 27 ҳазору 865 нафар (нисбат ба соли қаблӣ 773 нафар зиёд)-ро ташкил менамуд. Зикр кардан бамаврид аст, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 1636 нафар мутахассиси ҷавон ба муассисаҳои таълимӣ фиристода шуданд. Аз инҳо 230 нафар тибқи квотаи Президентӣ, 398 нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ, 139 нафар барои хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб шуда, 103 нафар дар муҳоҷират қарор дошта, боқӣ 72% ҳозир шуданд. Дар ҳамин ҳол норасоии мутахассисон дар вилоят ҷой дорад. Айни ҳол муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба 406 нафар омӯзгор эҳтиёҷ доранд. Ин норасоиро мо аз ҳисоби омӯзгороне, ки донишу собиқаи кофӣ доранд, аммо ба сабабҳои гуногун аз фаъолияти касбӣ дур монда буданд, пурра мегардонем.
Масъалаҳое дар соҳа ба мушоҳида мерасанд, ки барои пурмаҳсул гардондани фаъолияти омӯзгорон таъсир мерасонанд. Аз ҷумла, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳа ва омӯзгорон, ки ба рушди таҳсилоти касбӣ, табодули донишҳои касбӣ ва таҷрибаи таълимӣ мусоидат мекунад, дар вилоят хуб ба роҳ монда шудааст. Омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ барои фарогирии курсҳои тамкили ихтисос ба филиали ДҶТИБКСМ дар шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар ҷалб мегарданд. Яке аз иқдомҳое, ки дар ин самт ба роҳ монда шудаанд, ташкили «Рӯзи шуъбаи маориф дар муассисаи таълимӣ” мебошад. Дар ин рӯз бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ёрӣ расондан дар таҳияи ҳуҷҷатҳои кории маъмурияти муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ чорабиниҳо баргузор мегарданд. Ҳамзамон, кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф вазифадор шудаанд, ки дар давоми соли таҳсил ба ҳар як муассисаи таълимии ҳудуди шаҳр/ноҳия вобаста ба ниёзи омӯзгорон ёрии методӣ расонанд. Дар ин давра семинарҳои омӯзишӣ доир ба татбиқи таълими салоҳиятнокӣ барои омӯзгорони забонҳои русӣ, англисӣ ва лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” дар мавзуи “Роҳбаладӣ — модели самараноки такмили маҳорати касбии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ” низ барои шахсоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ нав роҳбари иттиҳодияи методӣ ва муовини директор оид ба синфҳои ибтидоӣ таъйин гардидаанд, гузаронида шуд.
Маълум аст, ки яке аз муҳимтарин омилҳои ҷалби мутахассисон ба мактаб, дастрасӣ ба имтиёзҳои мавҷуда аст. Дар ин самт Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон” пайваста зери назар қарор дорад. Аммо иҷрои ин қарор на дар ҳама ҷо якхела ва ба таври мусбат ба назар мерасад. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмуъ, 64 нафар мутахассиси ҷавон ба миқдори 6000 (шаш ҳазор сомонӣ ҳар кадом) аз қарзҳои имтиёзнок бархӯрдор шуда, 48 нафар мутахассиси ҷавон бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд. Дар маҷмуъ, аз соли 2007 инҷониб, 2212 нафар бо замини наздиҳавлигӣ, 187 нафар бо замини полезӣ, 729 нафар аз қарзҳои имтиёзнок бархӯрдор гардиданд. Албатта, ин қонеъкунанда нест. Чунки бо вуҷуди зиёд набудани имтиёзҳо, ба сабаби беэътиноии мақомоти маҳал бисёриҳо аз имкониятҳои худ истифода бурда наметавонанд.
- Мусаллам аст, ки барои фаъолияти босамари омӯзгорону хонандагон мавҷудияти шароити муносиб, аз ҷумла, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳо ва компютеркунонӣ омили муҳим аст. Дар муассисаҳои таълимии вилоят дар ин самт вазъ чӣ гуна аст?
- Оид ба амалишавии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №114 «Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» корҳои муайянеро раёсати маорифи вилоят ба анҷом расонида, ба раисон ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят мактуб ирсол намудааст. Айни ҳол аз 875 адад 547 адад кабинети фаннӣ (аз ин 78 адад озмоишгоҳи таълимӣ) муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки 62,5%-и иҷрои Барномаро ташкил медиҳад.
Дар масъалаи компютеркунонӣ муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумии вилоят бо 28892 компютер, 4456 принтер, 670 тахтаи электронӣ, 1297 проектор таъмин гардонда шудаанд. Дар самти таъмин набудан бо бино ва мустақилияти молиявии Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо мушкилиҳо то ҳанӯз қисман ҷой доранд. Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсати маорифи вилояти Хатлон компютерҳои корношояму таъмирталаби муассисаҳои таълимиро пайваста аз таъмир мебарорад.
- Иқдомҳои Раёсати маорифи вилоят барои мо аз саҳифаҳои иҷтимоӣ аён аст, мехостем, мухтасар аз онҳо ёдовар шавед.
– Ташаббускорӣ мароми мост. Аввалин кори мо қабули Муроҷиатномаи аҳли маорифи вилоят ба фаъолони ҷомеа буд. Хушбахтона, муроҷиатномаи мо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа дастгирӣ ёфт. Аз ҷумла, раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода ба қавли рӯзноманигорон, Восеъро ноҳияи маорифпарварон кард. Ин аст, ки ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли 2022” маҳз аз ҳамин ноҳия эълон шуд: Озодамоҳ Қодирзода. Инчунин, Омина Худойқулова, хонандаи синфи 9-и Гимназияи давлатии ноҳия дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони англисӣ медали тилло ба даст овард. Ин ғолибон аз ҷониби раиси ноҳия ба миқдори 20 ҳазор сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гаштанд. Чунин қадрдониҳо ба ғолибони ҳамаи озмунҳо сурат гирифтанд. Раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон Назаралӣ ба 12 нафар (қаблан ба 38 нафар) замини наздиҳавлигӣ ва қисман манзили истиқомати муваққатӣ дод, ки ин амал ҳам шоистаи таҳсин аст. Раиси шаҳри Бохтар Файзулло Баротзода тамоми ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, падару модарон ва омӯзгорони онҳоро ба туҳфаҳои махсуси пуливу молӣ сарфароз гардонид. Ногуфта намонад, ки дар ин муваффақиятҳо саҳми мудирони шуъбаву раёсатҳои маориф ҳам кам нест. Ноҳияи Кушониён таҳти сарпарастии Вазорати маориф ва илм бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рӯз то рӯз обод шуда, бунёдкорӣ дар соҳаи маориф меафзояд. Суҳбату вохӯриҳои вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро бо мақомоти маҳал ва фаъолони ҷомеа дар мустаҳкам гардондани ин робита ва ба даст овардани самараҳои дилхоҳ нақши созгор доранд.
Хуллас, маорифпарварӣ маҳз бо иқдомҳои ватандӯстона ҷомеаро фаро мегирад. Дар маориф ҳар қадам аз мо ташаббускорӣ талаб мекунад. Зеро маориф соҳаи серпаҳлуст ва қаноат кардан ба иҷрои дастуру супоришҳо наметавонад моро дар кори худ муваффақ гардонад. Аҳли маорифи вилояти Хатлон ба дарки ин маънӣ пайваста иқдомҳои нав ба навро ба роҳ мемонанд. Ҳадаф баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии хонандагон, тарбияи онҳо дар руҳи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, устувор гардондани робитаи оила-мактаб-ҷомеа, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мақоми маориф, умуман, дастгирии сиёсати маорифпарварони Пешвои миллат аст. Ташаббусҳои аҳли маорифи вилоят гуногунанд. Масалан, дар робита ба қадрдонии собиқадорони соҳаи маориф «Рӯзи аёдати собиқадорон дар соҳаи маориф» баргузор мегардад. Аз ҷумла, дар асоси дастури раиси вилояти Хатлон, дар ин рӯз роҳбарони соҳа ба аёдати собиқадорони соҳаи маориф рафта, аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид туҳфаи пулӣ ва Шаҳодатномаи «Омӯзгори собиқадори Хатлон»-ро ба омӯзгорони пуртаҷрибаву соҳибмақом тақдим намуданд. Бо дастгирии раиси вилоят «Як моҳи ҳаёти кӯдакон» эълон шуда, дар доираи он тадбирандешиҳои гуногун дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят баргузор гаштанд. Инчунин, озмуни вилоятии «Оилаи масъулиятшинос» сурат гирифт, ки бовар дорам, ин тадбир омили беҳтарини ҷалби падару модарон ба таҳсили фарзандон гардид. Дар соли таҳсили сипаришуда падару модари хонандагони пешсаф ва муваффақ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва мусобиқаҳо мавриди қадрдонӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳо медал ба даст овардаанд, бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд, ки ин ҳама робитаи мактабро бо ҷомеа зичтар мегардонад.
Мавриди зикр аст, ки Раёсати маорифи вилоят барои ҳавасмандии омӯзгорону хонандагон медали махсус таъсис додааст, барои омӯзгорон – “Омӯзгори ифтихории Хатлон”, барои хонандагон “Соҳибватан”. Ташкилу баргузории аввалин Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд дар соҳаи маориф барои аҳли маорифи вилоят басе умедбахш аст. Дар доираи лоиҳаи “Мактабҳои 2030” чорабиниҳои гуногун таҳти унвони «Омӯзгори навовар» сурат гирифтанд. Хушбахтона, Назокат Маҳмадиева, омӯзгори фанни химияи мактаби № 2-и ноҳияи Данғара рӯзҳои 5-7 июн дар доираи барномаи «Мактабҳои 2030» дар шаҳри Портои Португалия, дар Форуми глобалӣ оид ба таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар доираи 10 кишвар бо иштироки наврасон, омӯзгорон, мутахассисони соҳаи маориф, шарикони рушд ва намояндагони Вазорати маориф аз кишварҳои барномавӣ ширкат намуда, пирӯзӣ ба даст овард. Дар муассисаҳои таълимӣ Рӯзи раёсати маорифи вилояти Хатлон ва таҳлилу кумак, Рӯзи мудофиаи гражданӣ, Рӯзи падару модарон гузаронда мешаванд, ки дар замина ба омӯзгорону роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон тавсияҳои хуб пешниҳод мегарданд. Солҳо буд, ки духтарон аз таълими санитарии тиббӣ дур гашта буданд. Бо тавсияи раёсати маориф, зимни баргузории машғулиятҳои сарҷамъии ҳарбӣ писарон ба қисмҳои низомӣ сафарбар гардида, бо аслиҳа, қонуну қоидаҳои хизмати ҳарбӣ аз наздик шинос шуда, духтарон дар марказҳои саломатӣ бо расондани кумаки аввалияи тиббӣ ба таври амалӣ омӯзиш гузаронданд. Дар шаҳру навоҳӣ баргузории аксияи «Мактаби ман» ва «Соати сиёсӣ” тавонист, дастпарварони мактабҳоро барои ободонии муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони Ҳизби халқии демократиро барои баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии омӯзгорону хонандагон ҷалб намоянд. Баргузории озмуни вилоятии «Омӯзгор — роҳнамои рӯзгор» бо мақсади такмили маҳорати роҳбарӣ ва педагогии кормандони соҳа ва омӯзгорон низ самараи хуб овард. Дар муассисаҳои таълимӣ Шурои писарон ва духтарон ташкил карда шуд, ки дар он тамоми рафтору гуфтор, таълиму тарбияи хонандагон мавриди таҳлилу баррасӣ ва вазифагузорӣ қарор дода мешавад.
Яке аз самтҳои фаъолияти мо, робита бо ниҳодҳои дигар буда, дар ҳар шакл сурат мегирад. Масалан, озмуни “Ифтихори ватандорӣ” дар ҳамкории муштарак бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, озмуни “Беҳтарин донандаи Кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ” дар ҳамкории муштарак бо Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Олимпиадаи «Ворисони Пешво» бо ҷалби 7250 нафар хонандаи синфҳои 3-4 ташкил ва гузаронида шуд. Баргузории Сесияи 44 — уми баҳории Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар Хатлон ва тантанаҳои гуногуни маърифатӣ низ аз ҷумлаи чорабиниҳоеанд, ки беҳтаринҳоро барои мо муайян карданд. Аз беҳтарин омилҳои рушди соҳа ба ташкили сабқат дар фазои рақобати солим аст. Раёсат ба муайян кардани шаҳр ё ноҳияи пешқадам, ки дар асоси 33 меъёр муайян мегардад, ҳар сол “Парчами сайёри ғолиб”-ро месупорад. Робитаи аҳли маорифи вилоят бо илм ва матбуот низ ба таври доимӣ мебошад. Аз миёни омӯзгорони вилоят муаллифони беҳтарин мақолаҳои илмиву методӣ, дастуру роҳнамо, ҳатто китоби дарсиро шинохтан мумкин аст. Раёсат барои пешрафти ҷанбаи методии кори омӯзгорон бар илова, чопи китобу дастурҳои таълимиро ҳам роҳандозӣ кардааст. Аз ҷумла, барои рушди ҳунаромӯзӣ ва интихоби касби хонандагон ду китобро ба табъ расонид: “Роҳнамои касб” ва “Хусусиятҳои шифобахши таомҳои миллӣ ва гиёҳҳои Тоҷикистон”, ки фикр мекунам, дархӯри кори омӯзгорони касбу ҳунар ва роҳбарони синфҳо шуда метавонанд. Аҳли маорифи вилояти Хатлон ташаббускориро ҳамеша идома медиҳанд, албатта, ташаббусҳои созанда, ташаббусҳое, ки аз сиёсати маорифпарваронаи давлат ва роҳбарият бармеоянд.
- Албатта, кор бе камбудӣ ва мушкилӣ намешавад. Аз ин ҷиҳат чӣ гуфтан мумкин аст?
- Новобаста аз ҳамаи корҳои ба сомон расонидашуда, ҳоло ҳам дар соҳаи маорифи вилоят мушкилиҳо ҷой доранд, аз ҷумла, фарогирии кӯдакон ба зинаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак, ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, иҷрои барномаҳои давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати ҶТ, мавҷудияти таълими себаста, таъмирталаб ва қисман дар ҳолати садамавӣ будани биноҳои таълимӣ ва он чи ки дар боло ишораҳо кардем. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо дар ҳалли ин мушкилиҳо бетарафу бепарвоем. Мо бовар дорем, Раёсати маорифи вилоят бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти ҷойдоштаро давра ба давра ҳал намуда, ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад.
- Ба хонандагони маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” чӣ таманниёт доред?
- Маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” минбари ҳар як корманди соҳа аст. Аз саҳифаҳои он ҳар омӯзгор ва алоқаманди соҳа барои худ чизе мегирад: таълим, тарбия, худшиносӣ, ватандорӣ, илму фарҳанг, адабиёт, варзиш, мусиқӣ, асноди меъёрӣ, мактабшиносӣ, ахлоқ, мутобиқати шаклу мазмун, хуллас, ҳар чи ки дар фаъолияти мо зарур аст. Фаъолияти чандрасонаии маҷалла намунаи беҳтарини кор бо алоқамандон буда, маҷалла аз ин ҷиҳат воқеан, дастболост. Ба кормандони маҷалла, ки бо иқдомҳои нав ба навашон дар пешниҳоди як дастури хуби рӯйимизӣ заҳмат мекашанд, инчунин, ба кулли алоқамандон ва хонандагони он аз номи аҳли маорифи вилояти Хатлон дар иҷрои корҳои минбаъдаашон муваффақиятҳои беназир орзумандам.
- Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво.
Саидаи ФАЗЛ – Аълочии матбуоти Тоҷикистон,
махсус барои маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон”