Педагогика, таълиму тарбия, омӯзгор ва касбияти ӯ, моҳияти куррикулум, таълифи китоби дарсӣ ва мушкилоти дигари соҳа муҳтавои суҳбати ихтисосии моро бо донишманди шинохтаи соҳаи маориф, муаллифи китобҳои дарсии “Забони тоҷикӣ” барои синфҳои 7,8,10 ва даҳҳо дастуру китобҳои методӣ, аз зумраи онҳое, ки дар гуфтани сухани ҳақ хотири миллату давлатро аз ҳама боло медонад, устод Саидамир Аминов фаро мегирад.
– Мусаллам аст, ки педагог бояд шахси аз ҳама бомаърифат, суханвар, бофарҳангу замонавӣ ва равоншинос бошад. Ба зоҳиру ботин фарқ кунад, ғайр аз ихтисос, аз донишҳои замонавӣ, забону адабиёту таърихи худ бохабар бошад. Ба фикри Шумо, киҳо ПЕДАГОГ шуда метавонанд?
– Аз нигоҳи ҳуқуқӣ агар муқаррар карданӣ шавем, масъалаи он ки киҳо педагог шуда метавонанд, дар асноди меъёри ҳуқуқии соҳаи маориф ба ин савол ҷавоб ҳаст. Масалан, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” (Душанбе, маориф ва фарҳанг, 2013), ки аз 22.07.2013, №-1004 тасдиқ шудааст, дар зербанди якуми моддаи 48 чунин омадааст:
- Ба фаъолияти омӯзгорӣ шахсоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва малакаи зарурии касбӣ доранд, машғул шуда метавонанд.
- Омӯзгорон давра ба давра аз аттестатсия мегузаранд. Дар асоси натиҷаи аттестатсия дараҷаи ихтисоси касбии онҳо муайян карда мешавад.
- Омӯзгороне, ки амали содиркардаашон барои минбаъд давом додани фаъолияти омӯзгорӣ мухолифат мекунад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи омӯзгорӣ озод карда мешаванд. (саҳ.64)
Ҳамчунин, дар банди 91 “Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз “1” июни соли 2016, №237) омадааст:
— Ба кори педагогӣ шахсоне, ки дорои таҳсилоти касбии омӯзгорӣ ва ҳуҷҷати дахлдор оид ба тасдиқи талаботи тахассусӣ барои иҷрои вазифаи ишғолнамуда мебошанд, қабул карда мешаванд.
Дар муассисаи таълимӣ барои фаъолияти педагогӣ ба шахсоне, ки бо ҳукми суд фаъолияташон дар муҳлати таъйиннамудаи суд манъ шуда ва ё аз рӯи хулосаи комиссияи тиббӣ манъ шуда бошад (саҳ.18), роҳ дода намешавад.
Агар вожаҳои “педагог”-ро шарҳ доданӣ шавем, мебинем, ки дар фарҳангномаҳо ин мафҳум чунин тафсир шудааст: “Педагог” аз калимаи юнонии padagogos, гирифта шудааст, аз pais – кӯдак ва адо – тарбия мекунам; муаллим, мураббӣ, мураббия, тарбиятгар.
Вожаи “Омӯзгор” – дар “Фарҳанги истилоҳоти маориф” (мураттибон: Атаханов Т., Муллоев А. Душанбе, 2011) чунин тафсир шудааст: Омӯзгор корманди педагогӣ, ки вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: — таълими хонандагон ва донишҷӯён дар сатҳи баланди илмӣ ва методӣ; — машғулияти инфиродӣ; ташкил ва назорат аз болои кори мустақилонаи хонандагон” (саҳ. 122).
Калимаи “Педагог”-ро дар фарҳанги дигар – “Вожаномаи тафсирии истилоҳоти психологӣ ва педагогӣ” (мураттибон: Қ.Б.Қодиров, М.Т. Давлатов, С.Х. Расулов: — Душанбе; 2008) ба тавру васеътар чунин тафсир кардаанд: “1. шахсе, ки кори омӯзгорӣ ва тарбиявиро пеш мебарад; муаллими мактаб, мураббии муассисаи томактабӣ, хонаи кӯдакон, мактаб – интернат, колонияи меҳнатӣ, муаллими муассисаи таҳсилоти миёнаи махсуси таълимӣ, мактаби олӣ ва ғайра; 2) кормандони илмӣ, ки масъалаҳои педагогика ва психологияи педагогиро таҳқиқ менамоянд. Педагог дар замони ҳозира бояд дорои салоҳияти дараҷааш баланди ихтисосӣ ва касбӣ бошад, тавонад, мустақилона барномаҳои гуногуни таълиму тарбияро ба нақша гирад ва амалӣ гардонад” (саҳ.111).
Дар “Луғати тафсирии педагогӣ” (Душанбе, маориф, 1988), ки зери таҳрири доктори илми филология, профессор Ш.Рустамов чоп шудааст, таъкид мегардад, ки омӯзгор бояд одоби педагогиро риоя кунад ва ин маъниро чунин тафсир кардаанд; “Риояи омӯзгор ба қоидаҳои муносибат бо хонандагон, падару модарон дар мавридҳои гуногуни фаъолият, интихоби роҳи дурусти муомила нисбат ба онҳо дар системаи таълиму тарбия. Одоби педагогии муаллим ба принсипҳои ахлоқи умумиинсонӣ асос ёфтааст. Яке аз хусусиятҳои одоби педагогӣ ба олами ботинии бача, падару модар таъсир расондан ва шахсияти ӯро эҳтиром кардан, ба замми ин, нисбат ба ӯ серталаб будан аст.”
Омӯзгоре, ки такти педагогиро риоя накунад, ӯро омӯзгор ҳисобидан, ба назари мо, чандон саҳеҳ нест. “Такти педагогӣ – риояи одоби муомила бо хонандагон, сарфаҳм рафта, таъсир расондан ҷиҳати асосии такти педагогӣ аст. Такти педагогӣ аз бисёр ҷиҳат ба маҳорати педагогӣ вобаста аст. Такти педагогӣ мазмунан бо техникаи педагогӣ наздик буда, онҳо ҷузъи таркибии маҳорати педагогӣ мебошанд.” (саҳ. 238).
Педагогҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ доир ба ин масъала доди суханро додаанд. Махсусан, дар асари педагоги машҳур В.А.Сухомлинский «Разговор с молодым директором школы» (М.Просвещение, 1973) роҷеъ ба вазифаи муаллим, одоби педагогии муаллим ва амсоли инҳо андешаҳои басо ҷолибу шавқовар баён шудаанд. Вале бояд иқрор шуд, ки дар шароити кунунӣ муаллими ҳақиқиро ба нудрат пайдо кардан мумкин аст. Маблағситонӣ бо ҳар роҳ аз хонанда ва падару модарону донишҷӯён кори омӯзгори асил нест. Дар асл чунин шахсон набояд дар вазифаи омӯзгорӣ кор кунанд. Ва ё омӯзгороне ҳастанд, ки чи дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва чи дар донишгоҳҳои олӣ, ба корҳои ғайрипедагогӣ ва ҳатто ғайриинсонӣ даст задаанд ва мезананд. Дар ҳар сурат, метавон гуфт ва таъкид кард, ки дар дунё кормандони ду соҳа: омӯзгорӣ ва тиб барои ба ҳадафҳо расидан бисёр кӯшиш ва талош мекунанд, яъне вазифаи башардӯстони худро анҷом медиҳанд. Ба андешаи мо, ҳар фарде, ки ба таълиму тадрис сарукор дораду умри гаронмояи хешро дар ин роҳ сарф кардааст, хуб медонад, ки ин амалҳо душвориҳо доранду сабру таҳаммули фаровонро тақозо мекунанд. Дар амалӣ сохтани аҳдофи таълиму тадрис ва таҳқиқ фақат дониш доштан басанда нест. Бар иловаи жарфно ва фарохнои дониш, дили гарму нарм ва каломи гирои дилнишин бояд дошт, то ки на танҳо шогирдони гурезпо, балки нохалафро низ ба дарсу баҳс кашид. Вазифаи муаллим он аст, ки дар қадами аввал олим бошад. Табиист, ки ҳар олим муаллим нест, аммо ҳеҷ як муаллим бидуни илм наметавонад, муаллими хуб шавад. Муаллиме, ки олим бошад ва олиме, ки муаллим бошад, ба нудрат пайдо мешавад. Олим ва муаллими асил онҳоеанд, ки дар баробари аҳли таҳқиқ будан, аз бухлу бахилӣ, шаририю мунофиқӣ, ҳасад ва амалу кирдорҳои зишт парҳез доранд. Аз ҳамаи фанҳои таълимӣ маълумоти умумӣ доранд ва ҳангоми пурсиши хонандагон, махсусан, хурдсолон посухҳои қонеъкунанда диҳанд. Ба дарс аз рӯйи китоби дарсӣ не, балки аз рӯи стандарту барномаи таълим омодагӣ гиранд ва дарсро пеш баранд. Муаллими ҳақиқӣ он аст, ки дар баробари фанни худро амиқ ва пурра донистан, оид ба асосҳои фанҳои таълимӣ тасаввуроти умумӣ дошта бошанд. Масалан, омӯзгоре, ки биологияро дарс медиҳад, бояд аз илми генетика дар самти таърихӣ ва ба вуҷуд омадани ҳаёт дар раванди биохимиявӣ, ки дар ҳуҷайраҳо сурат мегирад, тасаввуроти одӣ дошта бошад. Мутаассифона, дониши омӯзгорони мо бисёр маҳдуд аст. Аз ин рӯ, дарсҳои аксари омӯзгорон завқкуш ҳисоб меёбанд, зеро танҳо доштани дониш ба омӯзгор имкон намедиҳад, ки дар дарсҳо баҳси ҳақиқӣ доир намояд, зеро фақат бо доштани дониши фаннӣ (аксарият дар ҳаҷми барномаи таълим дониш надоранд) дарсро шавқовар гузаронидан амрест муҳол. Дар ин маврид овардани як гуфтаи В.А. Сухомлинский басо баҷост: Вақте ки муаллиме хонандагони хурдсолро барои мушоҳидаи табиат водор месозад, оид ба тамрини тафаккури онҳо дар мавриди фаъолияти занбӯри асал саволҳои “Чаро? Чаро?” – ро пешниҳод мекунад ва барои барҳам додану раҳондан аз карахтию беҳолӣ ва пакарӣ бо шогирдон машқ ё тамрин мегузаронад. “Чаро занбӯри асал ба гул намешинад? Чаро кӯршабпарак фақат шаб парвоз мекунад? Чаро кабӯтар ҳеҷ гоҳ дар дарахт намешинад? Чаро дар тирамоҳ баъзе дарахтон дубора гул мекунанд?” ва чароҳои дигар.
Яъне аз роҳу равишҳои гуногун барои таъмини рангорангии фаъолият оқилона истифода бурдан кори муаллими ҳақиқӣ аст. Дигар аз вазифаҳои нозуку душвор, ҳифз ва нигаҳдории қадру қимат ва ба ифодаи дигар, иззати нафси хонанда ҳамеша хонандаро руҳбаланд кардан ҳам як ҳикмати педагог – омӯзгори ҳақиқӣ мебошад.
– Мазмуни таҳсилот ба муҳтавои таълиму тарбия робитаи зич дорад. Барои рушди таълиму тарбия таваҷҷуҳ ба роҳу равишҳои кор — методика шарти муҳим аст. Методикаи таълим кадом вақт самаранок мегардад?
– Ин савол паҳлуҳои басо васеи таълиму тарбияро фаро мегирад, вале кӯшиш мекунем, ки нуктаҳои асосиро шарҳ диҳем. Мазмуни таҳсилотро муқаррар кардан кори осон нест ва яке аз нуқсонҳои стандарту барномаҳои фаннӣ ва маводи таълим, аз ҷумла, китобҳои дарсӣ ҳам аз надонистани талаботи дидактикӣ сар мезанад. Аксарияти таҳиягарони стандарту барнома ва муаллифони китобҳои дарсӣ аз дидактика огоҳӣ надоранд. Бинобар ин, на ҳамеша мазмуни таҳсилотро ба таври лозима муайян карда метавонанд, зеро талаботи педагогӣ, яъне мувофиқати онро ба ҳадафи таҳсилот ба назар нагирифтаанд. Махсусиятҳои синнусолии хонандагон ва қонунмандиҳои таҳсилро сарфи назар кардаанд ва мекунанд. Ҳол он ки танҳо бо назардошти ин шароитҳо метавонад фаъолияти дуҷонибаи омӯзгору хонанда ба ҳалли се вазифа: донишдиҳӣ (маърифатӣ), тарбиявӣ ва инкишоф равона карда шавад.
Барои ҳалли вазифаҳои педагогӣ танҳо аз фанни таълимӣ дониши хуб доштан кифоя нест. Яке аз сабабҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ набудани мазмуни таҳсилот дар ҳамин нукта нуҳуфта аст, ки ба ин кор, яъне муайян кардани мазмуни фанҳои таълим, асосан назариётчиёне ҷалб шудаанд, ки аз дидактикаю педагогика дуранд. Педагогҳо бошанд, “нотавонӣ”-и худро ба гардан гирифта, хомӯширо пеша кардаанд ва ба ин иллат дар муайян кардани мазмуни таҳсилот “бечораанд”. Хуллас, дар байни “артиши бузурги педагогҳо” олиме пайдо нашуд, ки ҳатто дар муайян кардани мазмуни таҳсилоти фанне саҳм бигирад. Ҳақ ба ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ аст, ки дар як мусоҳибааш мегӯяд: “Педагогикаи тоҷикӣ набуд ва нест. Наметавон педагогикаи ин ё он кишварро нусхабардорӣ ва дар мо ҷорӣ кард. Соле буд, ки то 120 педагог ҳимояи кори илмӣ кард, аммо ку педагоги ҷавон, то маорифи миллӣ шакл гирад? Мо ба як қолабшикании ҷиддӣ ниёз дорем”, (“Маорифи Тоҷикистон” №4, 2022, саҳ.21).
Агар таснифоти методҳоро ба назар бигирем, то ҳол ба таври дақиқ методҳои таълим муқаррар нашудаанд, яъне таснифот қатъан нест. Масалан, Д.О.Лоркипанидзе, Е.И.Голант, Н.М.Верзилин ва дигарон методҳои таълимро ба се гурӯҳ ҷудо кардаанд: шифоҳӣ (нақли муаллим, суҳбат, шарҳдиҳӣ, лексия, кор бо китоб); аёнӣ (намоиши объектҳои воқеӣ ва тасвирот, ҳодисаҳо ва мушоҳидаи онҳо); амалӣ (машқҳои шифоҳӣ ва хаттӣ, фаъолиятҳои репродуктивӣ ва эҷодӣ, корҳои лабораторӣ, практикумҳо). Чунин таснифот дар педагогикаи замони Шуравӣ муддати зиёд роиҷ буд.
Агар методҳои таълимро ҳамчун низоми ҳадафманди фаъолияти педагог дониста, ҳисоб кунем, ки фаъолияти донишандӯзӣ ва амалии хонандагонро таъмин месозад, пас таснифи методҳо “аз педагог”, аз вазифаҳои мушаххаси дидактикӣ бармеояд, ки Б.П.Есипов, М.А.Данилов ва дигарон тарафдори ин таснифотанд. Дар дидактикаи ватанӣ методи таълим чун роҳҳои муносибати тарафайни фаъолияти педагог ва хонандагон, ки ба татбиқи вазифаҳои мушаххаси таҳсил, тарбия ва рушди хонандагон, ки Ю.К.Бабанский, М.М.Поташкин ва дигарон онро дастгирӣ мекунанд, равона шудааст. Ин таснифот се гурӯҳи калони методҳои таълимро фаро мегирад, ҳар кадом ба зергурӯҳҳо таҷзия мегарданд:1. Методҳои ташкил ва татбиқи фаъолиятҳои таълимӣ – маърифатӣ; 2. Методҳои таҳрик бахшидан ва ҳавасмандгардонии фаъолиятҳои таълимӣ – маърифатӣ; 3. Методҳои назорат ва худназоратии муассири фаъолиятҳои таълимӣ – маърифатӣ.
Ва, ниҳоят, дар дидактикаи муосир бештар қобили қабул таснифоти методҳо аз рӯи характери фаъолияти маърифатии хонандагон, ки М.Н.Скаткин, М.И.Махмутов В.В.Краевский тарафдорони онанд, мебошад. Ин таснифот панҷ гурӯҳ методро фаро мегирад: 1. Методи шаҳрдиҳию намоишдиҳӣ. 2. Методи репродуктивӣ. 3. Баён ё шарҳи проблемавӣ. 4. Методи ҷузъӣ – ҷустуҷӯӣ ва 5. Методи таҳқиқотӣ.
Усулҳо ё методҳо интихоби бошууронаи усулҳои таълим ва дар ҷараёни дарс чунон ба ҳам алоқаманд кардани таълимро талаб мекунанд, ки имкон диҳанд, то тӯли муддати муайяншуда самараи беҳтарини таълиму тарбия ба даст ояд. Дар сурати татбиқи усул ё методҳое, ки ба амалӣ кардани вазифаҳои муайяни дидактикӣ нигаронида шудаанд, дар айни замон иҷрои вазифаҳои дигар ҳам имконпазир мегарданд. Вале на ба андозае, ки методҳои дигар дар иҷрои ин вазифаҳо мусоидат менамоянд. Бинобар ин, имкониятҳои ҳар як усул ё методро ба ҳисоб гирифтан, ҷиҳатҳои хубу бади онро донистан ва бар ҳамин асос интихоб кардан лозим аст. Гоҳо баъзе усулҳо дар як шароит самараноканду дар шароити дигар не. Педагог таснифоти усулҳо – методҳои таълимро, ки дар педагогика маъмул аст, бояд донад, то аз байни онҳо зарурашро вобаста ба шароит интихоб намояд. Ҳангоми интихоб ба ҳисоб гирифтани омилҳои зерин зарур аст: вазифаҳои дарс (ба даст овардани донишҳо, тарбия, инкишоф); мазмуну мундариҷаи дарс; дараҷаи душвории мавод; сатҳи дониши хонандагони синф; сифатҳои хубу мусбат ва манфии таълим; мавҷудияти вақт дар дарс; муҳити маънавию психологии мактаб.
Саволе пеш меояд, ки кадом метод ё усул беҳтар? Чунин масъалагузорӣ чандон саҳеҳ нест, зеро ягон методи муштараки самарбахши дарсдиҳӣ вуҷуд надорад ва буда ҳам наметавонад. Бинобар ин, ҳар як методи дарс диалектист, агар як вазифаро иҷро кунад, дар иҷрои вазифаи дигар чандон самара намедиҳад. Агар як мақсад ҳосил шавад, ба даст омадани мақсади дигар номумкин мегардад. Масалан, методи шифоҳӣ имкон медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳ миқдори зиёди ахбор баён ва дар назди хонандагон вазифаҳо гузошта шаванд ва роҳҳои иҷрои он, ки ба инкишофи тафаккури абстрактии хонандагон мусоидат менамоянд, шарҳ дода шаванд. Аммо истифодаи фақат усулҳои шифоҳӣ аз худ кардани маводро, махсусан, аз ҷониби хонандагони хотираашон аёнӣ ва тафаккурашон аёнӣ душвор мегардонад. Ин усулҳо барои лаёқату малака пайдо кардани талабагон ҳам басанда нестанд.
Усулҳои аёнии дарс самараи таълим, хусусан, таълими хонандагони тафаккурашон аёниро зиёд карда, шавқу завқи онҳоро ба таҳсил меафзоянд. Агар аз ин усул аз ҳад зиёд истифода шавад, рушди тафаккури абстрактӣ, инчунин, нутқ ва фикри худро мураттаб баён карда тавонистани хонандагонро бозмедорад. Методҳои амалӣ қобилияту малакаҳои амалии хонандагонро мустаҳкам карда, робитаи алоқаи назариявӣ ва амалиро таъмин месозад. Вале ин методҳо ҳам ҳамаи вазифаҳои таълимиро иҷро карда наметавонанд. Тарзҳои гуногуни ба ҳам алоқаманд, яъне методҳое, ки бо назардошти вазифаҳои дарс, хусусиятҳои синф, ҳолату шароит ва ғайраҳо интихоб шудаанд, самараи бештар мебахшанд. Ҷустуҷӯи усул ва методҳои нав методҳои мавҷударо пурра рад намекунад, балки ба ҳамонҳо такя карда, ҷиҳатҳои хубу беҳтарашро ба худ мегирад. Ғайр аз ин, методи репродуктивиро куҳна гуфтан, ба назари мо, саҳеҳ нест. Воқеан, дар натиҷаи аз ҳад зиёд истифода бурдани он дониш сатҳӣ, яъне рӯякӣ аз худ мешавад, зеро хонандагон ба кори мустақилона камтар машғул мегарданд. Методи репродуктивӣ дар мавридҳое самарабахш мегардад, ки ба гуфтаи Ю.Н.Бабанский ва М.М.Поташкин, агар мазмуни таълим: а) бештар хусусияти ахборӣ дошта бошад; б) дар он усулҳои фаъолияти амаливу меҳнатӣ инъикос гардад; в) барои донишро мустақилона ҷустуҷӯ ва аз худ кардани талаба басо душвор бошад; г) мавзую муҳтаво тамоман нав буда, барои фаро гирифтан дониши доштаашон нокифоя бошад. Яъне агар хонанда ҳанӯз ҳалли мустақилонаи масъалагузорӣ ва ё бо ифодаи дигар, масъалаҳои проблемавиро ёд нагирифта бошад, усули репродуктивӣ имкон медиҳад, ки дарсро хонанда зуд аз худ намояд ва маҳорату малакаи амалӣ ба даст орад. Усули мазкур имкон медиҳад, ки хонанда ғалатҳояшро худ ошкор намояд ва таваҷҷуҳ ба ислоҳи он равона мегардад. Бинобар ин, баробари методҳои дигар, методи репродуктивӣ низ зарур аст. Методи проблемавию ҷустуҷӯиро тавсиф мекунанд. Тавре ки дар боло зикр гардид, ҳар метод моҳиятан диалектикӣ аст. Ин қоида ба ҳамаи методҳо, аз ҷумла, ба методи проблемавӣ тааллуқ дорад.
Ҳамин тариқ, бо ҳам алоқаманд кардани методҳои таълим дар ҳолатҳои мушаххас низ самаранок мебошад.
– Стандарту барномаҳои таълимӣ тибқи талаби замон солҳои охир зуд-зуд такмил металабанд. Ҷаҳонишавӣ метавонад, дар баробари пешравӣ моро дучори талафоти фарҳангӣ ҳам гардонад. Дар ин ҳол чӣ бояд кард, ки аз замон қафо намонем ва арзишҳои худро дар мазмуну муҳтавои барномаҳо аз даст надиҳем?
– Воқеан, шароити нав ва таҳаввулоте, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ба мазмуни таҳсилот бевосита таъсир мерасонад. Махсусан, дигаргуниҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ талаботеро пешорӯи макотиб мегузоранд, ки ҳатман ба он эътибори ҷиддӣ додан лозим меояд. Дар акси он соҳа ҳамқадами замон буда наметавонад. Махсус таъкид кардан зарур аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабу маориф аз рӯзҳои аввалини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, дар сиёсати худ соҳаи маорифро самти афзалиятнок ҳисобидааст.
Стандарти давлатии таҳсилоти умумиро давлат муқаррар сохта, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “1” августи соли 2015, 494 тасдиқ шудааст. Стандарт ҳуҷҷати давлатӣ буда, сиёсати ягонаи давлатро дар соҳаи маориф таъмин менамояд. Дар зерсатри дуюми Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки “Маҳфумҳои асосӣ” ном дорад, омадааст: “Стандартҳои фанҳои таълимӣ ҳуҷҷатест, ки мақсад, вазифа, сохтор, мазмуни асосии таҳсилоти фанни алоҳидаи таълимӣ, ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмии барои омӯзиши он ҷудошуда, ҳамчунин маҷмуи талаботро ба ҳадди ҳатмии (ақалли) сатҳи омодагии хонандагон дар ҳар як зинаи таҳсилоти умумӣ муайян менамояд.” (Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе; — 2015, саҳ.3)
Азбаски дар Стандарти мазкур зарурати таҳия, саҳми татбиқ, принсипҳои таҳияи Стандарт, мақсади Стандарт ва амсоли инҳо батафсил шарҳ дода шудаанд, мо доир ба моҳияти Стандарт чизи дигаре нагуфта, оид ба вазъи стандартҳо мулоҳизаҳои худро баён карданием. Аз соли 2004 Лоиҳаҳо ё ба ифодаи дигар, шарикони рушди соҳаи маориф бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд. Қариб пас аз ҳар ду – се сол Лоиҳаҳои нав ба фаъолият шуруъ мекунанду оид ба беҳтар гардонидани вазъи таълими синфҳои ибтидоӣ, фанҳои забону математика ва баъдан ҳамаи фанҳои таълим омӯзишҳо мегузаронанд, семинарҳо доир мекунанд. Вале ин Лоиҳаҳо пас аз ба охир расидани муҳлат ва тамом шудани маблағ чунон “нопадид” мегарданд, ки аз онҳо ному нишоне боқӣ намемонад. Чандест, ки салоҳият ё муносибати босалоҳият сари забонҳост. Курсҳо доир шуданду омӯзгорон аз омӯзишҳо гузаштанд, вале то ҳол аксар омӯзгорон ба муҳтавои он сарфаҳм нарафтанд. Агар аз омӯзгорону мушовирони маҳаллӣ пурсед, ки салоҳият ё муносибати босалоҳият чист ва он чӣ тавр амалӣ мегардад, нимғурмаю норавшан ва ба таври умумӣ ҷавоб мегӯянд. Аз ҷавобҳои онҳо чизеро фаҳмида намешавад. Зеро, аввалан, ин ҳамон маҳорату малакаҳоест, ки дар барномаҳои фаннии ҳар синф зикр мегашт. Масалан, хонанда баъди хатми синфи 5 аз забони тоҷикӣ маҳорату малакаҳои зеринро аз фонетика ва дигар мавзуъҳо бояд донад ва тавонад. Магар ин фаҳмотару дастрастар набуд? Сониян, инҳо фаъолиятҳоеанд, натиҷаи матлуб медиҳанд ё не, маълум нест, чунки мушовирон назарияҳои дар амал озмуда ва татбиқнашударо пешниҳод мекунанд. Масалан, аз яке пурсидем, ки оё дар кишварашон ҳамаи мактабҳо бар асоси муносибати босалоҳият фаъолият доранд, ҷавоб дод, ки ҳамагӣ дар як мактаб чунин таълим ба роҳ монда шудаасту бас, ки он ҳам озмоишист. Ва касе аз натиҷаи бардоштааш чизе гуфта наметавонад. Магар маҳорату малакаҳое, ки дар барномаҳои фаннии ҳар синф (дар охир бояд баъди хатми ин синф донад ва тавонад) беҳтару фаҳмотар набуд?
Дар ин миён омӯзгорон сарсону ҳайронанд. Махсусан, бо дастурҳои хому суханбозӣ ва пешниҳодҳои нодурусту умумӣ бар бунёди таълим зарба заданд. Онҳо водор сохтанд, ки омӯзгорон зимни тадрис танҳо ин маводро истифода баранд. Ба мазмуни таҳсилот аз нодонию бесалоҳиятии ҳамкорону ёварони маҳаллӣ истифода бурда, ба мазмуни таҳсилот дахолат кардаанд ва мекунанд. Вазифаи мушовирони байналмилалӣ асосан он аст, ки усулу равиш ва методҳои самаранокро, ки дар ин ё он кишвар татбиқ шудаю натиҷаҳои матлуб ба бор овардааст, чун намуна пешниҳод намоянд. Омӯзгорони мо бияндешанду усули ба манфиати хонандаю таълим зарурро (ва бо назардошти манофеи миллӣ ва шароиту савияи хонандагон) бипазиранд ва дар фаъолияти омӯзгориашон корбаст кунанд. Мо борҳо гуфтаему такроран зикр менамоем, ки нусхабардории айнии таҷриба (ҳатто соҳаи маорифаш пешрафта бошад ҳам) – и як кишвар ҳеҷ гоҳ натиҷаи матлуб надодааст ва нахоҳад дод. Ин аксиома мебошад. Ин аст, ки бисёр уламои тоҷик ин нуктаро басо ба тариқи содаю фаҳмо зикр кардаанду мекунанд. Мо чандин сол аст, ки муаллимонро, махсусан, муаллимони синфҳои ибтидоиро ба роҳгумӣ ҳидоят кардем ва карда истодаем. Бо машварату маслиҳати мушовирони байналмилалӣ ҳамкорони ватанӣ бо маводи пурнуқсони пешниҳодкарда ва машваратҳои бефурӯғи худ дасту пойи муаллимонро бересмон бастаанд. Тамоми омӯзгоронро пойбанди маводи таълиме, ки аз решаҳои амиқи миллӣ сарчашма намегиранд, гардондем. Омӯзгоронро аз эҷодкорӣ ва таҳияи маводи дидактикӣ ва аёниятҳо боздоштем. Танҳо шабу рӯз аз такрор ба такрор ва овардану гуфтани назарияҳои номукаммалу авомфиребонаи баъзе олимони хориҷӣ, ки дар ҷаҳони мутамаддин чун педагогони забардаст шинохта нашудаанд, майнаи хонандаю омӯзгорро заҳрогин сохтем. Чаро дар баробари андешаи педагогҳои хориҷи дур, Ушинский, Сухомлинский, Скаткин, Данилов, Леднев, Краевский ва дигарон барин педагогу дидактикҳои воқеиро ном набарему андешаҳои муфиди ононро пешниҳод накунем? Ба таваҷҷуҳи онҳо мерасонем, ки методҳои таълим ё ба ифодаи дигар, усулу равишҳои таълим басо зиёданд, ки дар адабиёти педагогӣ ба таври қатъӣ дар таснифи онҳо нуқта гузошта нашудааст. Ба назари мо, як усулро аз дигарӣ бартар ё афалиятнок донистану ҳисобидан ҳеч гоҳ саҳеҳ нест. Ҳар кадом усулу равиш вобаста ба шароиту вазъият, савияи донишу дарки хонандагон ва ғайраҳо паҳлуҳои мусбату манфӣ доранд. Самаранокии онҳоро ба назар гирифта, усулҳои таълимро бояд интихоб карда тавонист. Агар интихоб дуруст ба роҳ монда шавад, самаранокии дарс бештар хоҳад шуд. Агар ба солҳои гузаштаи низоми маорифи даврони Шуравӣ назар андозем, хубиву бартарии таълими онро эҳсос мекунем. Масалан, соли 1961 Ю.Гагарин ба Кайҳон парвоз кард. Сарварони Амрико ба таҳлука афтоданд ва пешрафти низоми Шуравиро ба таълим ва барномаҳои фаннӣ марбут ҳисобиданд. Байни олимони соҳаи педагогӣ баҳсҳо оғоз гардид. Яке аз педагогҳои намоёни Амрико М.Клайн изҳор медорад, ки ин гуноҳи профессорони математика мебошад. Онҳо барномаҳои математикаи фанниро нодуруст таҳия кардаанд, ки ба талабот ҷавоб намедиҳад. Ва ӯ нуктаеро пеш гузошт, ки дигар олимони назариётчиро ба таълифи барномаю китобҳои дарсии мактабӣ ҷалб нанамоянд. Вале он олимонеро, ки ҳам назария ва ҳам дидактикаро дар сатҳи лозима медонанд, аз ин гуфта бояд истисно ҳисобид. Вале чунин олимон, ки ҳам назария – илми математика ва ҳам педагогикаю дидактикаро дар сатҳи зарурӣ медонистагиҳо ба нудрат пайдо мешаванд. Олимони назариётдонро ба сифати мушовирони илмӣ метавон ҷалб кард, то дар барномаю китобҳои дарсӣ ҳангоми аз нигоҳи дидактика коркард кардани маводи назариявӣ ғалати илмӣ роҳ наёбад. Мутаассифона, дар байни педагогони кишварамон дидактикони ҳақиқӣ, ба назари мо, ҳанӯз вуҷуд надоранд ва ба воя ҳам нарасидаанд. Ин аст, ки дар муқаррар сохтани мазмуни таҳсилот дар ҳамаи стандарту барномаҳои фаннӣ нуқсонҳои ҷиддӣ роҳ ёфтаанд. Аввалан, дониши пурқуввати педагогӣ ва психологӣ надоранд, сониян, аз вазъи кунунии таълим ба таври комил огаҳ нестанд, севум, дар пешгӯии ниёзҳои ҷомеаи қонунӣ ва оянда, ки мазмуни таҳсилот бар асоси дархосту ниёзҳои ҷомеа бармеояд, кундӣ зоҳир мекунанд. Чаҳорум омиле, ки бисёр муҳим аст, дар ҷомеаи мо олимони соҳаи педагогика бо донишу фаҳмиши худ илми педагогикаро беқадр карданд. Ин аст, ки ягон соҳибвазифаи кишвар, ҳатто кормандони масъули соҳаи маориф илми педагогикаро ба эътибор намегиранд. Мазмуни таҳсилот бояд дар хонандагон ташаккули манзараи ҷаҳони муосирро таъмин намояд. Чунин манзараро метавон, танҳо дар асоси ягонагии таҳлил ва баррасии хулосаҳои воқеӣ ба вуҷуд овард. Ягонагии манзараи ҷаҳон таҳлили мунтазами шаклҳои ҷудогонаи ҳаракати маводи ғайризинда ва зинда, табиат, ҷомеаи инсонӣ, тафаккурро дар назар дорад. Масалан, курси биология ба зергурӯҳҳои ботаника, зоология, анатомия, физиология ва гигиенаи инсон ва биологияи умумӣ тақсим мешавад.
Чандест, ки интихобу муқаррар сохтани мазмуни таҳсилотро лоиҳаҳо муқаррар мекунанд. Масалан, қариб ҳар сол стандарту барномаҳои фаннии синфҳои ибтидоӣ дигар мешаванд. Агар сад бор эрод гиред ҳам, мушовирони маҳаллӣ танҳо ба гуфтаи мушовирони хориҷӣ кор мекунанд ва аз гуфтаю дастури онҳо берун баромада наметавонанд. Масалан, нигаред ба лоиҳаи барномаи забони тоҷикӣ ва хониши адабии нашри соли 2022. Табиист, ки маводи таҳиякардаи онҳо баъзан ба анъанаю расму оинҳои мардуми мо чандон мувофиқат надоранд. Масъалаҳои тарбияи шаҳрвандӣ, ҳифзу нигаҳдории анъанаҳои миллӣ ва истифода аз матнҳои бадеӣ, ки тавассути он матнҳо шавқи китобдӯстии онҳо таъмин карда мешавад, яктарафа баррасӣ мешаванд. Аз ҳама бадаш ҳамин аст, ки бо силсилаи модулҳои пурғалат ва тавсияҳои носаҳеҳи таҳиякардаи хеш муаллифон ва масъулини муаллимонро нодуруст аз курсҳои такмили ихтисос гузарондаанд. Агар модули 5 (“Омӯзиши якҷоя дар таълим”) –ро варақ занед, ба навиштаю тавсияҳои онҳо ҳайрон мешавед. Аввалан, чунин омӯзиши якҷоя дар макотиби Тоҷикистон собиқа надорад. Сониян, дастур чунон дарҳам- барҳам саҳифабандӣ шудааст, ки дасту дил хунук шуда, кас онро хондан намехоҳад. Масалан, баъди саҳифаи 6, саҳифаи 9, баъди саҳифаи 8 саҳифаҳои 11, 10, 13, 12, 15, 14, 17… 64,… саҳифаи 67, саҳифаи 66, 69, 68, 71… 72, 75 то охир ҳамин тавр саҳифабандӣ шудаанд. Севум, дарсҳо беҳадафу бемақсад ва суханҳо дарҳам-барҳам пешниҳод шудаанд. Масалан, дарси забони тоҷикӣ, мавзуъ: Зарф ҳамчун ҳиссаи нутқ. Дар ин дарс дар бораи Саидризо Ализода сухан меравад. 5. Ба қисми 5, ки “Хулосабарорӣ ва ҷамъбаст” унвон дорад, таваҷҷуҳ кунед ва хонед! Ба мавзуи “Зарф” ягон хел иртибот надорад. (саҳ.38). Дигар дарси “Адабиёти тоҷик” дар синфи 8. Мавзуъ: Абуабдулло Рӯдакӣ. Ҳаёт ва фаъолият.
Варақаи 1. Матн: Аз таърихи омӯзиши зиндагӣ ва фаъолияти адабии Рӯдакӣ. Ин матн ба ҳаёт ва фаъолияти Рӯдакӣ чӣ нисбат дорад? (саҳ. 43) Вой бар ҳоли омӯзгор, стандарту барномаи таълим. Ин маълумотро худи омӯзгор шояд надонад. Асноди меъёрии ҳуқуқии соҳа дар куҷо ба ҳисоб гирифта шудааст? Чунин ашхосро ҳар чи зудтар аз лоиҳаҳо берун кардан зарур аст, зеро зарари бештаре раванди кори таълиму тарбия ба донишазхудкунӣ ва ташаккули маҳорату малакаи хонандагон мерасонанд. Барои аз даст надодани арзишҳои худ дар таҳсилот бояд мутахассисони асилро, ки ҳисси баланди хештаншиносӣ доранд, ҷалб намуд.
– Аз муҳимтарин воситаҳои пешрафти таълим таълифи китоби дарсии ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад. Аз нигоҳи Шумо, дар таълифи китоби дарсӣ киҳо ва чӣ тавр муваффақ шуда метавонанд?
– Дар ҳақиқат, дар пешрафти кори таълиму тарбия китоби дарсӣ нақши муҳим дорад. Бале, агар китобҳои дарсӣ тибқи талаботу дархости ҷомеаи кунунӣ ва бо пурра ба ҳисоб гирифтани тамоми нуктаҳои стандарти фаннӣ ва барномаи таълим таҳия шуда бошанду ҳамзамон, дастовардҳои илмии соҳаро бидуни нуқсонҳои назариявию дидактикӣ инъикос кунанд ва аз сарчашмаю махсусиятҳои миллӣ об хӯранд, дар пешрафти таълим ҳисса мегузоранд. Вале бояд донист ва мушаххас сохт, ки дар кишвари мо китобнависи воқеӣ (мо забон ва адабиёти тоҷикро дар назар дорем) ба нудрат ёфт мешавад. Замоне расидааст, ки Марказ бояд муаллифони китобҳои дарсиро тарбия намояд. Азиз Карим, А.Маъсумӣ, Абдулғанӣ Эшонҷонов, Ш.Ҳусейнзода, М.Лутфуллоев, Ҳ.Каримов, Х.Мирзозода, Д.Тоҷиев, Ш.Рустамав ва монанди онҳо барин олимон ва муаллифони шинохта доштем. Онҳо ҳам масъалаҳои назариявии забону адабиёт, ҳам педагогикаю психология, яъне ҳам принсипҳои умумидидактикӣ ва ҳам принсипҳои дидактикаи хусусиро медонистанд. Ҳоло бубинед, ки китобҳоро кӣ менависад. Имрӯз асосан олимон ва кормандони донишгоҳу муассисаҳое ба навиштани китоб машғуланд, ки назарияи фанро хуб намедонанд (ҳатто калимаҳои ҳамрешаро дақиқ муайян ва фарқ карда наметавонанд, ибораю калимаро аз лиҳози вазифа фарқ намекунанд ва шарҳ дода наметавонанд) ва адабиёти методӣ ва психологӣ нахондаанд ва хондану фаҳмидан ҳам намехоҳанд. Ва ё ҳодисаҳое мушоҳида мешаванд, ки муаллифи китоб бо муҳтавои стандарту барномаи таълим умуман ошно нест.
Тартиби китобнависиро дигар кардан лозим аст. То замоне ки муаллифии китобҳои дарсӣ бо фармоиш муқаррар карда мешавад, китоби хуби дархӯри талаботи ҷомеа ва бо назардошти принсипҳои умумипедагогӣ ва дидактикӣ ба миён омаданаш амри муҳол аст. Бояд озмун ташкил кард ва касе дилпур аст, ки китоб навишта метавонад, ширкат намояд ва тибқи шартҳои озмун чун муаллиф интихоб гардад. Як нуқсони фаъолияти муассисаҳои масъулу мутасаддиёни китобҳои дарсӣ дар он аст, ки вақтҳои охир таҳияи стандартҳои фаннӣ, барномаи таълим ва барномаҳои такмили ихтисос ва дар ниҳоят, таълифи китобҳои дарсиро ба ихтиёри лоиҳаҳо вогузор кардаанд, ки чандон саҳеҳ нест. Ин ҳолат оқибати ногувор дорад ва барои кишварамон хавфнок аст, зеро муҳтавои онро супориши мушовирони хориҷӣ ташкил медиҳад. Агар барномаҳои курсҳои такмили омӯзгоронро, ки таҳти унвони “Модулҳо” соли 2009 нашр шудаю аз рӯи он курсҳо доир гаштаанд, хонед, ҳайрон мешавед, наход, ки усули таълиму сохту мазмуни дарс чунин бошад!!!
Дар таҷрибаи баъзе кишварҳо дида мешавад, ки китоби дарсӣ вуҷуд надорад. Омӯзгор бар асоси стандарти давлатӣ (фаннӣ) ин ё он фанро таълим медиҳад. Ҳатто барномаи фаннӣ бо стандарти давлатӣ ворид мегардад, яъне барномаи фаннии алоҳида нест. Маводи таълимро аз рӯйи талаботи стандарт (ё ба ибораи дигар, куррикулум) омӯзгор аз маҷаллаҳою сарчашмаҳои гуногун интихоб менамояд.
Таъкид кардан лозим меояд, ки агар беҳтарин китоб навишта шаваду муаллим кор накунад, ягон муваффақият ба даст намеояд. Муаллиме, ки имрӯз танҳо дар доираи маълумоти китоби дарсӣ дарс медиҳаду бо он маҳдуд мегардад, дар таълим комёб шуданаш номумкин аст. Вай бояд аз сарчашмаҳои фаровони дигар бояд истифода намояд, то ки дарсаш шавқовару самаранок гардад.
– Ба омӯзгорони кишвар чӣ тавсия медиҳед, то дар рушди соҳаи маориф ва инъикоси чеҳраи омӯзгор нақши муассир гузошта тавонанд?
– Ба омӯзгорони кишвар тавсия медиҳам, ки хонандагонро дӯст доранд, онҳоро ба хубу бад, босаводу бесавод ҷудо накунанд. Ба сари хонандагон дод назананд, дод зада гап заданҳои омӯзгор нишонаи нотавонии ӯст. Дар муомилаву суҳбат ва зимни дарс ҳам бо меҳрубонӣ, муаддабона хайрхоҳии омӯзгор бояд эҳсос гардад. Бисёр вақтҳо барои ба дарс омода набудан ё андаке дар мондан ва ё амали дигаре талабаро сарзаниш карда, “Ту мисли фалонӣ, ҳеҷ чиз намешавӣ” гуфта сарзанишҳои беҷо накунанд. Баъзан бо ин ҳарфҳои ноҷои худ (Ҳеҷ чиз намешавӣ, туро падарат ҳамин тавр ва м. инҳо) ва муҳимтар аз ҳама, ҳангоми муомилаю суҳбат ба хонанда дар назди волидайн ё ҳамсинф талабаро зинда ба зинда “накушанд”.
Нуктаи дигар, ки дар айни замон роиҷ шудааст, тамаъкории баъзе омӯзгорон аст. Агар омӯзгор аз хонанда чизе тамаъ кунад, ин кор обрӯйи ӯро ба хок яксон мекунад. Чунин муаллим пас аз ин кор ба ин ё он хонанда ҳуқуқи дарс доданро надорад. Барои таълиму тарбияи фарзандони миллатамон содиқона бояд фаъолият намуд. Муаллиме, ки аз таҳти дил кор мекунаду дарсҳоро бо омодагии зарурӣ мегузаронаду дар таълиму тарбияи хонандагон ва соҳиби донишу маҳорат ва малака камёбиҳо ба даст меорад, дар ҷомеа ҳамеша обрӯманд хоҳад буд. Муаллимеро қадру манзалаташ меафзояд, ки тақлидкор набуда, методикаи таълими худро коркард кардааст, танҳо ба маълумоти китоби дарсӣ маҳдуд нагашта, зимни омодагӣ ба дарсҳо адабиёти иловагӣ ва маводи дидактикиро мутолиа карда, шавқи донишандӯзии хонандагонро бештару бештар мегардонанд. Устодону омӯзгорон дар хотир бояд доранд, ки танҳо фанни худро донистан кам аст, онҳо аз ҳамаи фанҳои мактабӣ бояд маълумоти умумӣ дошта бошанд. Ҳамчунин, ба осонӣ аз интернету компютер истифода бурда тавонанд. Дар замони муосир агар муаллим фанни таълим медодаашро дар сатҳи олӣ донад, адабиёти иловагиро, ки марбути фан, педагогикаю психология мебошанд, мутолиа кунад, метавонад, ки дарсро шавқовар ба роҳ монад. Методу усулҳо ва принсипҳои гуногуни педагогию дидактикаи хусусиро истифода намояд. Омӯзгори асил бояд эҷодкор бошад, маслиҳату машварати мушовиронро бишнавад, вале муҳимтаринашонро, ки самаранокии таълимро таъмин мекунанд, бипазирад ва дар фаъолияти худ татбиқ намояд. Муаллими ҳақиқӣ усули иҷборан пешниҳодкардаи касеро айнан намепазирад, усули хосаи худашро дорад.
Ниҳоят, муаллим хонандагонеро ба ҷомеа бояд тақдим намояд, ки дӯстдори Ватан ва ботаҳаммулу эҷодкор бошанд, бо донишу маҳорат ва малакаҳое мусаллаҳ гарданд, ки дар ҳама гуна вазъияту шароит зиндагию фаъолият карда тавонанд.
Мусоҳиб: Саидаи ФАЗЛ –
“Маорифи Тоҷикистон”