
Зарурати рӯ овардан ба омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ таваҷҷуҳро ба масоили мазкур бештар гардонд. Ин аст, ки дар сиёсати имрӯзаи давлат дар ин росто табдирҳои гуногун андешида мешаванд. Аз ниҳодҳои масъуле, ки рисолати дар амал татбиқ намудани донишу андӯхтаҳои назариявиро бар дӯш доранд, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Суҳбати мо бо президенти АМИТ (доктори илмҳои физика ва математика, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллифи 4 монографияи илмӣ, 9 китоби дарсӣ, 5 дастури методӣ ва зиёда аз 115 мақолаи илмӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, ордени “Шараф”, Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи «Илм ва технология») Фарҳод Раҳимӣ дар робита бо масъалаҳои ҳалталаби илм дар замони имрӯза пешниҳоди хонандагони маҷалла мегардад.
Эълон шудани Солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷониби Сарвари давлат тақозову зарурати замон мебошад. Мехостем, назари Шумо доир ба ин масъала бифаҳмем.
Дастури Сарвари давлат дар робита ба эълон шудани Солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ҷавобгӯи ниёзҳои таърихиест, ки дар оғози ҳазораи сеюми мелодӣ пеш омадаанд. Аз ин рӯ, онро ҳамчун барномаи умдаи рушду такомули минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати давлати дунявӣ мебояд пазируфт. Кӯшишу ғайрат ва азму талоши Президенти кишвар барои бунёди Тоҷикистони шукуфою сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмуъ, барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад. Рӯй овардан ба илм, илмомӯзӣ ва бахусус, илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қадами ҷиддиест барои рушди устувори иқтисоди мамлакат ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон… Дар ташаккули оламшиносӣ нақши бузург ва хосро муносибати инсон бо табиат мебозад. Равшан аст, ки ҳар як инсони фарҳангӣ бояд ақаллан ба таври умумӣ чӣ тавр сохта шудани оламеро, ки ӯро иҳота кардааст ва чӣ тавр дар он «кор кардан»-и қонунҳои табиатро тасаввур карда тавонад. Муҳаббат ба табиат ва эҳтиром ба раванду ҳодисаҳои дар он рӯйдиҳанда тақозо мекунад, ки инсон бидонад: чунин рӯйдодҳо дар кадом замон ва бо таъсири кадом қонунҳо ба вуҷуд меоянд. Донистани қонунҳои табиат ба фаҳмидани моҳияти фаъолияти инсон ва оқибатҳои ҳар амали дар олам анҷомдода воситаи самарабахши мубориза бо хурофот мебошад.
Дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI таъсири тамаддун ба экосфераи замин ба дараҷае расид, ки зиндагонии инсонро бе дарки ягонагии ӯ бо табиати атроф тасаввур кардан душвор аст. Буҳрони экологӣ, ки инсонро амалан дар маҳалли фалокат қарор додааст, пеш аз ҳама, ба сабаби дар ҷамъият ба таври кофӣ густариш наёфтани донишҳои илмӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд омад. Чунин халои илмию фарҳангӣ дар навбати худ барои қабули қарорҳои бемасъулиятона, истеҳсолоти беназорат барои таъмини эҳтиёҷоти инсоният ва зиён расондан ба муҳити атроф замина гузошт.
Сабаби асосии буҳрони экологӣ на ин ки илм, балки ноқисии тасаввуроти воқеӣ (илмӣ!) дар бораи одаму олам мебошад. Аксарияти одамон ҳоло ҳам дар олами геосентрӣ ва механикӣ зиндагӣ мекунанд ва наметавонанд, ё намехоҳанд, ба моҳияти падидаҳои ғайриодии заминию осмонӣ сарфаҳм раванд. Бинобар ин, ташаккули ҷаҳонбинии дуруст, ки бояд ба марҳилаи ҳозираи рушди тамаддун мувофиқат намояд, барои инсоният аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Зарурати ба илм ва техника рӯ овардан маҳз дар робита ба ҳамин омил ба назар гирифта шуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040”-ро пешниҳод намуданд, зеро танҳо ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафаккури техникӣ мусаллаҳ метавонад алайҳи ҳама гуна буҳронҳо рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошад.
Таъсири илм ба тамоми самтҳои ҳаёти инсон: технология ва саноат, иқтисодиёт, кишоварзӣ, сиёсат, фарҳанг ва ҷаҳонбинӣ торафт меафзояд. Кашфиёту дастовардҳои илмию техникии олимони муосир ба ҳаёти мо ва умуман, ба тақдири тамаддун нисбат ба корҳои анҷомдодаи донишмандону сиёсатмадорони гузашта таъсири хеле амиқ гузоштаанд. Яқин мегардад, ки танҳо инсони фарҳангӣ ва бомаърифат ба сатҳи муосири рушди тамаддун мувофиқ омада метавонад.
Аз ин ҷо зарурати таҳкиму густариши маърифати илмӣ пеш меояд; шаҳрвандони моро лозим аст, ки ақаллан бо консепсияҳои асосии табиатшиносии муосир шиносоӣ дошта бошанд, ки муҷассамаи ғояҳои асосӣ, принсипҳо ва усулҳои илмҳои табиатшиносӣ мебошанд ва донистани онҳо барои ҳар як фарде, ки худро инсони соҳибмаърифат ҳисоб мекунад, ҳам фарзу ҳам қарз аст!
Воқеан, шароити муосири ҳаёт ба мутахассисоне ниёз дорад, ки соҳиби на танҳо донишҳои касбӣ дар доираи ихтисоси интихобкардаашон, балки дорои ҷиҳатҳои арзишманд ва зеҳнии донишҳо бошанд. Ҷиҳатҳои арзишманд ва зеҳнии донишҳо ташаккули андешаҳои шахсиро талаб намуда, асос барои ҳалли муваффақиятомези масъалаҳои ҳаётан муҳим мебошанд.
Мо бояд омӯзиши муқаддимаи табиатшиносиро аз муассисаҳои томактабӣ шуруъ намуда, дар тамоми зинаҳои минбаъдаи таҳсилот омӯзиши асосҳои табиатшиносии муосирро барои тамоми соҳаҳо ва ихтисосҳо ба роҳ монем, стандарт ва нақшаву барномаҳои таълимиро бо дарназардошти дастури раҳнамо ва созандаи Пешвои миллат бо бартарӣ додан ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таҷдиди назар намоем, муассисаҳои таълимиро бо асбобу васоити аёнӣ, таҷҳизоти озмоишгоҳии муосир, муассисаҳои илмиро бо технологияи муосир таъмин намуда, мазмуну моҳияти омӯзиш, пажӯҳиш ва дарки ҳодисоти табиат дар асоси консепсияи ягонагии инсону табиат ва талаботи муосирро тақвият бахшем. Дар ин ҳолат супориши Пешвои миллат иҷро, рушди бемайлони кишвар таъмин, ҷаҳонбинии илмӣ фарогири оммаи мардум ва тафаккури техникӣ бар тафаккури хурофотӣ ғолиб меояд ва ин ҳама омили асосии пешрафти давлату миллат мегардад.
Агар ҷавонон имрӯз ба илм ва техника рӯ наоранд ва бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ нагарданд, мо ба асри дигар гузашта наметавонем. Танҳо кишварҳое дар ин аср боқӣ мемонанд, ки ба технология рӯ овардаанд.
– Дар замони имрӯза ҷанги иттилоотӣ моро ба хатарҳои азим рӯ ба рӯ кардааст. Барои дар ин ҷанг шикаст нахӯрдан барои мо донишҳои технологӣ, сиёсӣ ва илмӣ заруранд. Аммо дар ин масъала ду ҳолат ба назар мерасад: як гурӯҳи донишмандон аз технология дуранд, гурӯҳи дигар дар ин самт муваффақанд, аммо чандон донишманд нестанд.
– Дар ҳақиқат, ин мушкили бузург аст, бахусус, дар мавриди воқеоти Қирғизистон ин ҳолат мушоҳида гардид. Аммо, хушбахтона, насли наве, ки ба арсаи илм омадааст, бо технология ошноӣ доранд. Мушкили аксарият ҳоло камбуди донишҳои сиёсист, ки мавқеи кишварро дар ҷаҳон муайян мекунад. Ин мушкили аксар кишварҳост, чун айни замон ҷаҳон пешгӯинашаванда аст. Масалан, тамоми мутахассисони касбӣ оид ба масъалаи Афғонистон аз кишвар ва хориҷ, ҳатто аз Россия дар чандин мизи мудаввари мо иштирок доштанд. Касе пешгӯӣ карда наметавонист, ки Толибон дар муддати камтар аз як моҳ тамоми Афғонистонро забт мекунанд. Нақшаву дурнамоҳо низ буданд, ки моҳҳои сентябр, октябр, ноябр ҷанги шаҳрвандӣ ба амал меояд, аммо Толибон наметавонанд Кобулро ишғол кунанд. Ҳолате ба вуҷуд омад, ки давоми як моҳ чор пойлуч Кобулро забт карданд. Мақсади ман аз ин мисол чӣ аст? Пешгӯии равандҳои сиёсӣ дар ҷаҳони муосир ғайриимкон аст. Барои ин, ба мо донишҳои мукаммали сиёсии илман асосёфта, омода кардани мутахассисони забондон ва дар масъалаи ҷанги иттилоотӣ шикаст нахӯрдан лозиманд. Ин масъала ҳалталаб аст. Умедворем, ҳодисоти имсола ҷомеаи имрӯзаро барои аз худ кардани донишҳои технологӣ водор намуд.
– Ҷалби истеъдодҳои наврас дар ихтироъкорӣ ба ҳар шакл сурат мегирад, аммо ба назар мерасад, ки баъди донишҷӯӣ ва ҳатто дар ин айём таваҷҷуҳи онҳо кам мешавад. Шояд онҳо дастгирӣ намеёбанд, ё нафаре монеаи рушди онҳо мешавад, ки самти кори худро дигар мекунанд.
– Дар мо масъалаи ихтироъкорӣ, навоварӣ мушкилоти зиёд дорад. Аввал, ихтирооте, ки хонандагони мактаб мекунанд, бисёр содаанд, примитив ҳастанд. Мо ихтирооти ҷиддӣ надоштем. Ба андешаи ин ҷониб, озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» мусоидат намуд, ки ихтирооти навро мо шоҳид шавем. Бештар аз даҳ кори бисёр хуб ба мо пешниҳод шуд. Айни замон даври сеюм дар марказҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҷараён дорад, даври навбатӣ миёнаҳои моҳи ноябр баргузор хоҳад шуд. Фикр мекунам, қадами аввал аст, ки ихтироъкорро мардум шиносад ва ихтирои онро мо қабул карда тавонем. Мо ҳоло ба ихтирооте баҳо мегузорем, ки аз ҷустуҷӯи патентӣ мегузаранд. Дар ин марҳила санҷида мешавад, ки оё пеш аз ин чунин дастгоҳ ё ихтироот сохта шудааст ё на? Агар ин аввалин ихтироъ бошад, муаллиф соҳиби нахустпатент мешавад. Он гоҳ қонун ихтироотро ҳамчун моликияти зеҳнӣ ҳифз мекунад. Танҳо ҳаминро мо ихтироъ гуфта метавонем. Ҳоло ҳама таваҷҷуҳи мо дар самти ҳамин озмун аст. Чи хеле ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои китобхонии мардум як инқилобе ба вуҷуд овард, мехоҳем ин озмун ҳам барои рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ такони ҷиддӣ шавад. Барномаҳое, ки аз рафти баргузории озмун бардошта шуданд, давоми сол тариқи телевизионҳои «Илм ва табиат», «Сафина» ва дигар шабакаҳо бояд намоиш дода шаванд, то мардум ақаллан бо мафҳумҳои илмӣ шинос шаванд, зеро одитарин мафҳумҳои илмиро намедонанд. Бубинед, ҳама телевизион тамошо мекунанд, аммо 99% принсипи кори телевизионро фаҳмонда наметавонад, ҳама телефони мобилӣ истифода мебаранд, 99% принсипи кори онро намедонад, дар бораи антеннаҳои мавҷгир ва мавҷзо, ки яке садоро ба мавҷҳои электромагнитӣ мубаддал мекунад, дигараш баръакс, низ ҳамин. Ин принсипҳоро имрӯз ҳар кадоми мо бояд донем. Имрӯз мошин меронем, бояд аксари ронандаҳо ақаллан мошинро таъмир кунанд, ё донанд, ки кадом қисмат кадом вазифаро иҷро мекунад. Инчунин, бояд ба мардум дар бораи ҳодисаҳои гуногуни табиат гуфт. Баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба масоили табиат шарҳҳо менависанд, мушоҳида мегардад, ки радикализм зиёд ҷой дорад. Масалан, заминларза як ҳодисаи маъмулист ва аз ибтидо дар тамоми ҷирмҳо ҷой дошт, ин одатан ё ҳаракати тектоникии зери замин, ё ҷойивазкунии қабатҳои замин ва ё холӣ шудани ягон қисмати замин аст, ки фурӯ меравад, ё ба таври амудӣ ё уфуқӣ замин меларзад. Ин ҳама ҳодисаҳои сирф табиианд. Аммо, вақте заминларза мешавад, мардум онро бештар аз дидгоҳи эътиқодию хурофотии худ баҳо медиҳанд. Ҳол он ки таълимоти динист, ки мо бояд дунёро бо ақл шиносему илм омӯзем. Ба ҳамин монанд гуфтанӣ ҳастем, ки тафаккури техникии мардуми мо хеле поён рафтааст. Имрӯз дар шароити Тоҷикистон агар мо ҷомеи пешрафта сохтан хоҳем, бояд ҷомеаи техникӣ созем, дигар илоҷ нест. Ба наздикӣ Лукашенко аз Душанбе ба Минск баргашт ва гуфт, аз кишваре баргаштааст, ки ҳамагӣ 3 ё 4 дарсадаш замин аст, он ҷо зиндагӣ кардан мумкин, боқимонда ҳамааш кӯҳ аст. Мардум дар ҳамин қисми ками замин кор карда, маҳсулот мегирад ва рӯзгорро пеш мебарад. Дар шароити Тоҷикистон солҳои наздик ба истиснои техника ва технология таъмини мардум куллан ғайриимкон мешавад. Мо газ, нефт, захираҳои калони табиӣ надорем ё дорем, аммо дар минтақаҳои дурдаст коркарди душвор металабанд. Бубинед, флешкорт ҳамагӣ 30 грамм оҳан аст, аммо мо онро бо нархи гарон мехарем. Ё як кило оҳанро, ки як сомонӣ аст, дар шакли компютер то 50 ҳазор доллар мехарем. Ин илм аст, ақл аст. Мо бояд ба навоварон ва ихтироъкорон таваҷҷуҳ кунем, роҳ ёбем, онҳоро ҳавасманд гардонем. Ҳолатҳое ҳам ҳастанд, ки ихтироот нусхабардорӣ ва истеҳсол намешаванд, ҳамчун як кори илмӣ боқӣ мемонанд. Ин ҷо вазифа ва нақши Вазорати саноат ниҳоят зиёд аст. Истеҳсолот, ки нест, ихтироот ҳам ҳамчун кори илмӣ боқӣ мемонад ва ба истеҳсолот роҳ намеёбад, ҳол он ки ягона ҳадаф аз ихтироот роҳ ёфтани он ба истеҳсол мебошад. Агар як ихтирооти мардумӣ бо истеҳсол ва ба мардум пешниҳод карда шавад, ихтироъкор чӣ қадар дастгирии маънавӣ меёбад, дигар барои ӯ ҳаққи қалам ҳам муҳим нест. Асоси ихтироот сохтани чизест, ки зиндагии мардумро каме ҳам бошад, сабук мекунад.
Бо вуҷуди ин, як нукта хушҳолкунунда ва қобили таъкид аст, ки тайи чанд соли охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба корҳои илмию тадқиқотӣ хеле афзудааст. Фарзи мисол, сафи ҷавононе, ки мехоҳанд дар оянда корҳои илмию тадқиқотиро идома диҳанд ва ба корҳои навоварию инноватсионӣ даст бизананд, дар ҳама институту марказҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зиёд гардидааст. Анқариб ҳама рӯз ҷавонону наврасон бо ягон андешаи нав, тадқиқоти нав ва ғояи нав ба сохторҳои мухталифи АМИТ муроҷиат менамоянд. Ин худ шаҳодати он аст, ки ҷавонону наврасони мо ба корҳои илмию тадқиқотӣ мароқи бештар зоҳир менамоянд.
– Расидан ба ҳадафи чоруми кишвар аз иҷро гардидани ин барнома бастагӣ дорад. Мутаассифона, аз рӯи ҳисоботи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоби касбу корҳое, ки метавонанд омили саноатикунонии кишвар гарданд, нигаронкунанда аст. Назари шумо дар ин маврид чист?
– Вобаста ба масъулият, боре панҷсолаи дохил шудан тариқи Маркази миллии тестии ҶТ ба ихтисосҳоро таҳлил кардам. Шумо дуруст қайд кардед, ки ин масъала нигаронкунанда аст. 90 %-и интихобкунандагони ихтисосҳои техникӣ – физика, химия, математика, ба ғайр аз информатика, интихобҳои худро дар ҷойҳои 9, 10, 11 ва 12 қарор додаанд. Ё вақте ки ба ҳеҷ куҷо дохил нашуданд, дар тақсимоти такрорӣ ба ин ихтисосҳо роҳ меёбанд. Имрӯз ин мушкили аксар давлатҳои ҷаҳон аст, аз ҷумла, кишварҳои тараққикарда. Раванди майл накардани мардум ба ин фанҳо чанд омил дорад, аз ҷумла, бокортаъминкунии намояндагони ҳамин касбу ихтисосҳо. Ҷавонон мехоҳанд ҳарчӣ зудтар ва бе заҳмат соҳиби пул шаванд, аммо фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бисёр заҳматталабанд. Дар равияи фанҳои гуманитарӣ мехонӣ, мефаҳмӣ ва барои худат баҳра мебардорӣ, аммо омӯзиши ин фанҳо чунин нест, бояд бардавом хонд, формулаҳоро татбиқ кард, барои омӯхтани қонуниятҳо шояд то 2-3 ҳазор маротиба таҷриба гузаронид. Баъзан олимон то 40 сол қонуният ҷустанд, нашудааст. Аммо ин ҳам бенатиҷа нест. Натиҷааш ин аст, ки баъди ӯ дигар касе ба ин таҷриба даст намезанад, аз пайи пайдоиши ин қонуният намешавад, медонад, ки бенатиҷа аст. Ба хотири ҳамин заҳматталабӣ камтаваҷҷуҳӣ нисбат ба ин фанҳо бештар эҳсос мешавад. Корро мо бояд мисли ҷопониҳо аз кӯдакистон оғоз кунем. Ин марҳилаи аввал аст ва марҳилаи охир бокортаъминкунии кадрҳост. Ҳазорҳо нафар муҳандисанд, олим нестанд, аммо дар раванди кор ихтирооти аҷиб мекунанд, ки кори онҳоро осон мекунад. Ҳамаи ин бе дастгирии Ҳукумат намешавад. Мо бояд консепсияи мушаххасе қабул кунем, ки аз аввалин то охирин зинаи баланд бардоштани тафаккури техникиро муайян кунад. Соли 2010 Соли фарҳанги техникӣ эълон гардида буд ва баъзе чорабиниҳо ҳам амалӣ шуданд, аммо қабули консепсия ба таъхир афтод. Оғоз шудани кор аз кӯдакистонҳо шарти муҳим аст. Мо дар зинаи дигар – мактабҳо низ мушкил дорем. Он ҷо наврасон донишҳои мукаммалро аз худ карда наметавонанд, норасоии кадрҳо ва асбобу васоити аёнӣ зиёд ба чашм мерасад. Дар таълими фанҳои дақиқ, физика, масалан, хонанда бояд қонунҳоро дарк кунад, вале ин бе гузаронидани таҷриба ғайриимкон аст. Худи ман то таҷриба нагузаронидам, ҳеҷ ба моҳияти Қонуни Нютон, ки мегӯяд шитоб ба қувва мутаносиби роста ва бо масса мутаносиби чаппа мебошад, сарфаҳм нарафтам. Бе таҷҳизоти аёнӣ шеърро, рӯйдодҳои таърихиро аз худ кардан мумкин аст, аммо ин фанҳоро не. Бачаҳо шояд формулаҳоро қориазёд кунанд, аммо ба мазмуни онҳо сарфаҳм намераванд. Бовар дорам, аз бачаҳо пурсем, ки мазмуни “30км/соат”-ро шарҳ диҳанд, ҷавоб дода наметавонанд. Аз ин рӯ, шароити таълими фанҳои марбутаро дар ин самт бояд дуруст гардонд: таҷҳизонидани кабинетҳо, омода кардани муахассисони сазовор, такмили ихтисоси онҳо дар кишварҳои дигар, пешниҳоди дастурҳои методӣ. Дар ин сурат метавон гуфт, натиҷаи фаъолияти имтиҳонҳои марказонидашуда омили беҳтари саноатикунонии кишвар мегардад.
– Аксаран барномаҳо иҷро намешаванд ва шумо замони муовини якуми вазири маориф ва илми кишвар буданатон низ ҳамеша аз ин нигаронӣ изҳор мекардед. Чора чист?
– Бале, чун мушкилот занҷириянд. Агар то андозае дар паст будани сифати таҳсилот мактаби миёнаро гунаҳкор кунем, мегӯянд, ки мактабҳои олӣ мактаби миёнаро бо кадрҳои хуб таъмин накард. Дар мактаби олӣ мегӯянд, ки хонандагон саводи хуб надоранд, ба ҳамин сабаб дар донишгоҳ онҳо дуруст омода шуда наметавонанд. Мо омӯзгорони хуб ва хонандагони дорандаи донишҳои хуби фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бисёр дорем, аммо дар ихтисоси касбҳо ҳамаи онҳо равияҳои тиббӣ ва иқтисодиро интихоб мекунанд. Ба факултетҳои табиатшиносӣ одатан довталабони дорандаи донишҳои суст дохил мешаванд. Ғамхориҳои Пешвои миллат, аз ҷумла, эълон доштани 20-солаи рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ метавонанд омили хуб барои рафъи ин мушкилот бошад. Мушкилот ва сабабҳои паст шудани фарҳанги техникии мардуми мо ҳанӯз аз синфи як оғоз мешавад. Новобаста аз ин ки, ҳамагӣ 7%-и кӯдакони мо ба муассисаҳои томактабӣ мераванд, барномаи математикаи синфи якум барои бачаҳое пешбинӣ шудааст, ки барномаи томактабӣ ва малакаҳои аввалин, аз қабили фарқкунӣ, ҷудокуниро аз худ кардаанд. Аммо барои бачаҳои ба кӯдакистон нарафта аллакай дар рӯзи сеюми дарс кор бо рақамҳо душвор аст. Аз ҳамин ҷо зеҳни кӯдакро мекушем. Барномаҳо душворанд. Ин мушкил аз давраи шӯравӣ оғоз шудааст. Дар Маскав ва дигар шаҳрҳои бузург фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо сад дар сад буд ва китобҳои дарсӣ бо ҳамин назардошт барои ҳама кишварҳои Шӯравӣ таҳия мешуданд. Мутаассифона, то ҳол ин китоб ва барномаҳо то ҳадди зарурӣ бозбинӣ нашудаанд. Ман ҳамеша тарафдори ба таври ҳатмӣ ҷорӣ намудани як соли омодагӣ ба мактаб будам, ҳарчанд мардум ҷонибдор набуд. Албатта, на ҳама мардум педагоганд ва баъзан вақтҳо ба хотири салоҳи кори худашон бояд хоҳишҳои онҳоро нодида гирифт. Фаъолияти Марказҳои инкишофи кӯдак ба ин раванд бетаъсиранд. Кӯдаки тоҷикро бо равандҳои куҳна тарбия карда намешавад. Система бояд бознигарӣ шавад. Дар мавриди истифодаи баъзе истилоҳот мо бо Пажӯҳишгоҳи рушди маориф давоми як сол баҳс доштем. Онҳо то ҳол аз мафҳумҳои ба монанди “сифати таҳсилот” кор мегиранд ва мегӯянд, ин нишондод фалон миқдор кам ё зиёд шуд. Аммо чунин нишондод буда наметавонад, он дар маҷмуъ аст. Сатҳи донишро баҳо дода мешавад. Онҳо розӣ шуданд, аммо то ҳол… Мушкили дигар риояи меъёрҳои баҳогузорӣ аст. Омӯзгорон меъёрҳоро намедонанд ва аз муқоиса кор мегиранд: Алӣ аз Валӣ беҳтар аст, пас ӯ бояд як баҳо бештар гирад. Чор дар математика чӣ маъно дорад? Мисолро ё ҳал мекунанд, ё намекунанд! Баҳоҳои баланд худбовариро зиёд ва талаботи шахсиро кам мекунад. Педагогикаи тоҷикӣ набуд ва нест. Наметавон педагогикаи ин ё он кишварро нусхабардорӣ ва дар мо ҷорӣ кард. Соле буд, ки то 120 педагог ҳимояи кори илмӣ кард, аммо ку педагоги ҷавон, то маорифи миллӣ шакл гирад? Мо бо як қолабшикании ҷиддӣ ниёз дорем.
– Ташаккур. Воқеан, педагогҳои таҷрибадор ба ҷавонон таълим медоданд. Аммо қарор дар бораи ба нафақа баровардани онҳо ҷавонони бетаҷрибаро сари кор овард. Шумо чӣ гуфтаниед?
– Устодони соҳибандеша бисёр доштем. Ҳамид Розиқ, Хайрулло Саид, Отахонов, Заробиддинов, Алиев, Махкамов, Ҳабиб Искандаров ҳарчанд баъзе андешаҳояшон ба замон мувофиқ набуданд, таҷрибаи бой ва дониши қавӣ доштанд. Ҳоло даҳҳо донишгоҳу донишкадаҳо мутахассис омода мекунанд, аммо… натиҷа мусбат нест. Бояд аз донишу таҷрибаву неруи собиқадорон ба ҳар шакл истифода барем. Дар илм ин нукта муҳим аст.
– Аз физикони ҷавон фаъолияти Номвар Қурбонов ва Ризои Баҳромзод хуб ба чашм мерасанд. Аз ояндаи онҳо чӣ умед доред?
– Албатта, онҳо танҳо нестанд. Ҳоло Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъол аст. Дар гурӯҳи Номвар Қурбонов ва Ризои Баҳромзод беш аз 10 олими хуб, аз ҷумла, Меҳрдод Субҳонӣ, Зафари Умар, Хайём Раҳмонов, Мираҳмад Имом, Субҳон Одинаев, Масрур Ҳодиев, Аъзам Муқумов, Матин Ашӯров ва дигарон фаъолият мекунанд, онҳоро бо талошҳои зиёд ҷалб кардем, барои такмили савод ба марказҳои илмию тадқиқотии шаҳрҳои мухталифи Россия ва Беларус фиристодем. Хушбахтона, аксари ин олимони ҷавон мустақилона бо олимон ва марказҳои бонуфузи илмии ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ мебошанд. Масалан, чанде қабл гурӯҳе аз онҳо дар Донишгоҳи Васэдаи шаҳри Токио (Ҷопон) курси такмили ихтисосро хатм намуданд ва дар асоси ҳамкорӣ бо олимони ҷопонӣ чунин тадқиқотро дар Тоҷикистон ба роҳ мондаанд. Лозим ба таъкид аст, ки бо даъвати олимони хориҷӣ, имрӯзҳо Зафари Умар дар Лаҳистон, Меҳрдод Субҳонӣ дар Ҷумҳурии мардумии Чин пайи омӯзишу пажӯҳиш буда, дигарон дар ҳамкорӣ бо муассисаю марказҳои илмӣ-тадқиқотии кишварҳои гуногун ҳамкориҳои илмиро ба роҳ монда истодаанд.
Ҳамчунин, дар баробари ин нафарон, як гурӯҳ донишҷӯёни равияҳои гуногуни физика низ ба ин шоҳроҳ устуворона қадам мегузоранд, ки ин боиси хушҳолӣ ва умедворӣ низ мебошад. Аллакай бархе аз наворҳову навиштаҷоти онҳоро дар масири омӯзиши ҳодисаҳои табиӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам мебинем ва ҳам мутолиа менамоем, ки албатта, дар ташаккули ҷаҳонбинии мардум нақши муҳим доранд. Масалан, ин ҷавонон дар шабакаи Фейсбук гурӯҳи “Илми муосир” доранд, ки беш аз панҷуним ҳазор аъзо дорад ва инчунин, сомонаи “Равшанфикр” низ хеле фаъол аст. Дар баробари ин, Википедияи тоҷикиро бо маълумот таъмин карда истодаем. То имрӯз дар бораи бисёре аз олимони маъруфи табиатшиноси тоҷику хориҷ маълумотномаи энсиклопедӣ омода ва дар интернет ҷой дода шудаанд.
– Меъёрҳои ҳуқуқӣ талаб мекунанд, ки дар мазмуну муҳтавои барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ тағйироте ба назар гирифта шавад. Оё иҷрои ин кор дар давраҳои наздик имкон дорад? Агар ҳа, чӣ гуна ва агар не, чаро?
– Ман пешниҳодҳои худро ҳанӯз соли гузашта иборат аз 30 банд ба унвони вазири маориф ва илм ҳам ирсол намудам. Шӯрои коршиносони китобҳои дарсӣ бояд барқарор карда шавад. Пештар дар ин шӯро 14 гурӯҳи корӣ фаъолияти босамар доштанд. Инчунин, чопи китобҳои алтернативии дарсӣ ба мақсад мувофиқ аст. Масалан, мо китоби алтернавтивии физикаро 4 ҳазор нусха чоп кардаву ба ҳамаи мактабҳо фиристодем. Хостем, андеша ва интихоби мардумро донем. Ҳамин хел ҳам шуд, ки китоби алтернативӣ нисбат ба китоби тавсияшуда бештар мавриди таваҷҷуҳ ва корбарӣ қарор гирифт. Рақобат байни муаллифони китобҳои дарсӣ бояд бошад.
– Минбари маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” чӣ интизорӣ дошта метавонад аз аҳли илму маорифи имрӯза? Шумо ба хонандагон ва алоқамандони маҷалла чӣ таманниёт дорад?
- Мо бояд якҷо баҳри пешбурди илми тоҷик камар бубандем. Матбуоти соҳавӣ, аз ҷумла, маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” минбари беҳтарини муаррифии дастовардҳои илм дар замони муосир аст. Ҳамзамон, маҷалла бо саҳифаҳои электронии худ дар рушди илми тоҷик, муаррифии дастовардҳо, муайян кардани монеаҳои пешорӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо нақши муассир гузошта метавонад. Мо ба фаъолияти маҷалла дар ин самт айни замон баҳои сазовор дода метавонем. Шуморо бовар мекунонем, ки илми тоҷик дар ояндаи наздик номи миллату давлатро миёни кишварҳои дунё баланд бардошта метавонад.
- Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво.
Мусоҳиб: Саида НАБИЗОДА –
махсус барои маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон”