Аз муҳимтарин паҳлуҳои фаъолияти соҳаи маориф рӯ овардан ба илми равоншиносист, ки бо таассуф, аз ҳар паҳлу мушкили зиёд дорад. Мо тасмим гирифтем, ба хотири рушди ин илм, мусаллаҳ гардондани донишҳои равонии алоқамандони соҳа, рафъи мушкилоти мавҷуда дар таълимгоҳҳо, ҷалби мутахассисони равоншинос ба иҷрои рисолати касбӣ ва ҷалби ҷомеа ба дарки зарурати илми равоншиносӣ бо номзади илмҳои филологӣ, равоншиноси маъруфи кишвар Марям Давлатова суҳбат намоем.
– Аз муҳимтарин омилҳои таъмини ҷомеа бо равоншинос омода намудани мутахассисон дар макотиби олӣ, чопи дастурҳои таълимӣ, ташкили вохӯриву суҳбатҳо бо равоншиносон аст. Аз нигоҳи шумо, ин омилҳо дар мо то куҷо ба назар гирифта шудаанд?
– Албатта, дар ин самт баъзе корҳо анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, таъсиси факултаҳои равоншиносии умумӣ дар донишгоҳҳо, шуъбаи магистратура, нашри баъзе китобу дастурҳои алоҳида. Инчунин, ду –се маркази тиҷоративу ҷамъиятии равоншиносӣ ба майдон омада, телевизионҳо ҳам ба ин мавзӯъ рӯ овардаанд. Вале, ҷавоби савол дар дохили савол аст, яъне ин ҳама барои ҳалли масоили мазкур қариб ки ҳеч аст. Барои ташнагони биёбон як пиёла ҳаст ё на. Зеро ҷаҳони муосир ва замони муосир замони дарки арзишҳои инсонӣ, пайдо кардани донишу малакаи бунёди муносибатҳои саодатбахш аст. Ҳоло барои ҳар нафар, ҳар як оила, ҳар як муассисаву ташкилот равоншиносони касбии соҳавӣ лозиманд. Вале мо ин гуна мутахассисонро надорем. Ин ҷо ду ҷанбаест, ки ҳамдигарро истисно мекунанд. Аз як тараф, мо аз камбуди мутахассис шиква дорем, аз тарафи дигар, чанд мутахассиси ангуштшумор дар кишвар ҷойи кор ва музди арзанда надоранд. Ин ҳолат хатмкардагони факултаҳои номбурдаро водор мекунад, ки ба касбҳои дигар рӯ оранд. Мо ҳанӯз моҳият ва манфиати касби равоншиносиро дарк накардаем. Хатарҳову зарарҳои касбӣ, вижагиву нозукиҳои онро намедонем. Аз ин рӯ, гоҳ онро метарсем, гоҳ онро назарамон намегирад. Дар натиҷа дар бунбасте қарор дорем.
– Мо ба рушди мактаби равоншиносии худ эҳтиёҷ дорем, ин аз саволҳои ҳаводорони мо дар гурӯҳи “Маорифи Тоҷикистон” (дар Фейсбук) маълум мешавад. Фаразан, ҳастанд онҳое, ки дар донишгоҳу донишкада омӯзгор шуда кор мекунанд, аммо бо хонанда ё донишҷӯ чӣ гуна муносибат карданро намедонанд. Як нафар мегӯяд, ки “донишҷӯён азобам медиҳанд, ба суханҳоям гӯш намекунанд…”
– Барои чӣ ба ман мактаби равоншиносии Шарқ (бахусус, Эрон) бисёр писанд омад? Донишҳои психологии равоншиносони Ғарб, аз ҷумла, Фрейд, Юнг ва дигарон донишҳои базавианд, вале бояд иқрор шуд: усулҳои имрӯзаи Ғарб, ҳатто аз Россия дар Тоҷикистон ба кор намеоянд. Мо психологияи худамонро бояд ба вуҷуд орем. Бо ҳамзабонон, ҳатто, туркҳо бошад, чизҳои умумӣ бисёр дорем ва аз онҳо чизе барои худ гирифтан мумкин аст. Равоншиносони эронӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеъ пайдо кардаанд. Вақте аз онҳо пурсидам, ки “Шумо чанд сол кор кардед, ки ин ҳама равоншиноси бисёр ва мактаби ҷаҳонии равоншиносӣ доред?”, гуфтанд: “Ҳамагӣ даҳ сол. Роҳбарият моро дарк ва қабул карданд ва сафи мо зиёд шуд.”
Мутаассифона, бисёриҳо дар ҷомеаи тоҷик аз навгониҳо метарсанд. Ман ҳанӯз ҳам сабабашро намедонам: ё мо саҳлангорем, ё масъулини ташкили кор ба камолоти касбӣ нарасидаанд…
Ин ҳолате гуфтед, вақте ба вуҷуд меояд, ки одам дар ҷойи худаш кор намекунад. Вақте омӯзгор фанни худ ва махсусиятҳои фанни педагогикаро медонаду ба синфхона бо дили пур медарояд, хонандагон инро хуб эҳсос ва қабул мекунанд. Ман аслан муддати зиёд омӯзгорӣ накардаам, ҳамагӣ 3 ё 6 моҳ таҷрибаомӯз будам. Аз таҷрибаи ками худ мегӯям, ки вақте одам касби худро дӯст медорад, соҳиби қудрати аҷиб мешавад. Ман, духтараки хурдҷуссаи бистсола вақте ба синфхона медаромадам, медидам, ки хонандагони синфҳои болоӣ дар қаду боло ду баробари мананд. Барои онҳо масхара кардани донишҷӯёни таҷрибаомӯз бозӣ буд, чун давраи синнусолияшон ҳаминро тақозо мекунад. Хонандае боре қасдан ба дарси ман дер монд. Интизор дошт, ки ман ӯро сарзаниш мекунам. Аммо, гӯё ман чизе нашуда бошад, гуфтам: – Марҳамат, гузашта шин.
Ин барои ӯ ғайричашмдошт буд. Шояд ба худ андешид: “Чӣ хел? О бояд сарзаниш мешуд, омӯзгор асабӣ мешуд– ку?! Чаро ин тавр?!” Ҳайрон гузашта нишаст. Шояд байни бачаҳо шарт карда буданд, ки байни ӯ бо ман даъво мешавад… Намедонам. Ҳеҷ тоқат надошт, мехост сарзаниш шунавад, ба ҳар тараф тоб мехӯрд, бо ҳар нафар суҳбат мекард. Ман дарк кардам, ки ба ӯ чизе лозим аст, шояд мехост дар маркази диққат бошад. Ҷумлаамро тамом кардаму ба наздаш рафтам. Пурсидам: – Гуруснаӣ ё ташна?
Ҳайрон гуфт: — Не, на гуруснаам ва на ташна.
Гуфтам: — Пас, чаро беқарорӣ? Чӣ мушкил дорӣ?
Ба ҷои идомаи суҳбат оромона узрхоҳӣ кард. Бо ҳамин то охирин дарсҳои ман ором буд.
– Инро чӣ хел фаҳмидан мумкин? Баъзе одатҳо ирсиянд, шояд модари шумо равоншинос буд?! Равоншиноси касбӣ не, албатта… Масалан, ман арзиши мактаби педагогии модарамро аз арзиши чандин рисолаи илмӣ болотар медонам, чун бо як таъбиру мақол моро тарбия мекарданд.
– Модарони мо, аз рӯи интуитсия, аз рӯи эҳсоси модарона ва таҷрибаи худ ба баъзе корҳо қодир буданд. Масалан, шодравон модари ман, ки ҳамагӣ чор синф савод доштанд, пеш аз ҳама, неруи маро шояд дарк мекарданд, ки ҳаргиз озодиямро маҳдуд намекарданд. Ҳамаи хоҳишҳои ман, интихобҳоям дар зиндагӣ аз тарафи модарам дастгирӣ меёфтанд. Ва ин дар ҳоле ки зиндагӣ осон набуд. Оилааи мо оилаи сирф суннатӣ буд, ҳамаи арзишҳои анъанавӣ он ҷо мақом доштанд. Ҳангоме ки ман иродаи дар мактаби олӣ хондан кардам, мухолифати авлод ҷиддӣ буд, вале модарам пеши роҳи маро нагирифтанд. Буданд, албатта, ҳолатҳое, ки мушкилоти зиндагӣ модарамро дилтангу асабӣ мекарданду чун аксари модарон аламашонро ба сари мо мерехтанд. Ин ҳолати табиии занест, ки бори рӯзгор ба дӯшаш афтодааст ва онро ба танҳоӣ пеш мебарад. Вале барои фарзанд, пеш аз ҳама, амалҳои волидон таъсир доранд. Модари ман инсони соҳибирода, фарҳангдӯст, баномус ва ҷасур буданд. Чун аксари занҳои авлодашон. Ман ин неруро аз авлод тавассути модарам гирифтаам. Вале дар аксари ҳолатҳо мо модаронамонро идеализатсия мекунем. Дар асл онҳо на педагог буданду на равоншинос.
– Аҷиб он аст, ки модарон моро бо як мақол тарбия мекарданд, аммо ҳоло олимоне дорем, ки ҷилд–ҷилд китоб доранд, вале ҳарфашон бетаъсир аст, ҳатто ба фарзандонашон асар надорад.
– Наслҳо дигар шуданд. Ҳар як насл махсусиятҳои худро дорад. Асри 20 асри суръатҳои техникӣ буд. Асри 21 асри дарки талаботи равониву рӯҳии инсон аст. Майна қобилияти бардошти ин ҳама тағйиротро надорад. Дар ҷавонии мо, деҳотӣ агар ба шаҳр меомад, садои телефонро шунида чӣ кор карданашро намедонист, вале имрӯз кӯдаки хурдсол ба осонӣ ба воситаҳои алоқа сарфаҳм меравад. Ҷои тарс, гила ва ҳайроншавӣ нест. Ивазшавии наслҳо кори маъмулист. Фақат мо бояд ба он омода шавем.
– Омили дигаре, ки қаблан аз тарбия дур мондани кӯдакон ва даст ба дуздӣ задани наврасонро ҷилавгирӣ мекард, фаъолияти хуби университети падару модарон буд. Аммо имрӯзҳо он қариб ки фаъолият намекунад. Ассотсиятсияи волидон ва омӯзгорон ҳаст, вале… намедонам, шояд он замон иттилоот камтар буд?!
– Бале, он замон танҳо китоб ва муаллим сарчашмаҳои маълумот буданд. Ҳатто телевизион набуд. Вақте дар синфи 10 мехондам, ҳамагӣ як шабака буд, ки чор соат фаъол буду халос. Ин ҳам сабаб аст. Вазифаи муҳим дар ҳоли ҳозир интихоб аст. Чӣ гунае ки ҳоло дар бозор саргум мезанӣ. Солҳои пеш ба бозор рафта, аз ёфтани як либос атлас худро хушбахттарин одами дунё эҳсос мекардӣ, аммо ҳоло даҳҳо навъи атласу адрас пайдо шуда, интихобро мушкил месозанд. Вақте сухан дар бораи иттилоот меравад, ин ҳолат даҳшатовар аст. Чуноне Чингиз Айтматов мегӯяд: “Меъда аз майна боақлтар аст.” Воқеан, меъда ғизои зиёдтар ё ношоямро қай мекунад,
аммо майна ин корро карда наметавонад. Ҳар маълумоте омад, қабул мекунад, онро бозпас гардонда наметавонад.
Дар мавриди волидон ва кӯдакон. Ҳар кӯдак истеъдоде дорад. Падару модар онро бояд кашф кунанд ва рушд бидиҳанд. Низоми маориф дар ҷаҳони муосир ҳоли хуб надорад. Кӯдаки имрӯзаро дар ин сохтор ба воя расонидан ғайриимкон гаштааст. Инҳо ҳар кадом як олами алоҳидаи бисёр фаъоланд. Аз кӯдакони асри пешин чизе сохтан мумкин буд, чун фаъолон кам буданд. Кӯдакони ҳозира дигар пластилин нестанд. Суръати рушди кӯдакон аз суръати рушди сохтори маориф бамаротиб зиёд аст. На танҳо дар мо, балки дар тамоми дунё ин сохтор таҷдиди назар мехоҳад. Бояд тарбияи инфиродӣ дар дохили сохтор ҷой дошта бошад. Он вақт ҳар кӯдак ба қадри лозим таваҷҷуҳ ва дониши мехостаи худро мегирад. Масалан, на ҳамаи фанҳое, ки дар мактаб таълим дода мешаванд, ба бачаҳо лозиманд. Агар бача рассом шудан хоҳад, омӯзиши амиқи таърих шарт нест, ҳатто барои ҳувияти миллӣ доштан саропо донистани таърих шарти муҳим нест, кофист, ки деҳаи худро, шакароби модарашро дӯст дорад. Ман барои мисол, тарҷумаи ҳоли шоиронро кам азёд медонам, аммо шеърашонро медонам. Ҳамеша ошиқи шеър будаму мондам. Фикр мекунам, муҳим нест, ки кай ва дар куҷо таваллуд шудани шоир ё нависандаро азёд бидонем, муҳим муҳтавои шеърро донистан аст.
– Воқеан, ҳадафи Вазорати маориф ва илм ҳам ҳамин аст, ки ба ҷои омӯзиши илми забоншиносӣ забон ва ба ҷои назарияи адабиёт адабиётро омӯзонанд.
– Адабиёт худаш мактаб аст. Аз ҳама муҳимтарин вазифаи мактаб бедор кардани меҳру парвариши малакаи мутолиа ва омӯзиш дар дили бача аст. Вақте омӯзгор супориш медиҳад, ки чанд саҳифа хонда биё, зиёда аз он, азёд бикун, дили кӯдак аз китоб ҳам мемонад, аз мактабу муаллим ҳам.
– Бале, чанде пеш дар гурӯҳ чунин масъалагузорӣ шуд, ки баъзе волидон мехоҳанд аз кӯдакон вундеркинд созанд, вале хусусиятҳои инфиродиву синусолии онҳоро ба назар намегиранд.
– Ин ҷо гап сари дигар чиз меравад. Ҳар як падару модар орзуе дорад, ки амалӣ нашудааст ва мехоҳад ин орзуҳоро тавассути кӯдакаш бароварда созад. Барои мисол, кӯдакони ман синфи 1 мехонданд, омӯзгор тавсия дод, ки дар як сол ду синфро хонанд. Он вақт ин мумкин буд, чун мактабашон таҷрибавӣ буд. Баъдтар, омӯзгор гуфт, ки онҳо метавонанд синфи се ва чорро ҳам дар як сол гузаранд. Ман розӣ нашудам. Чун ба ман вундеркинд лозим нест. Кӯдак фурсат намеёбад, ки дӯсту рафиқ пайдо кунад ва дар ҷомеа ҷойи худро ёбад. Рисолати волидон ба фарзанд додани эҳсоси хушбахтӣ аст. Барои ҳамин, онҳоро ба мактабҳои муқаррарӣ бурдам, ҳарчанд он вақт норасоии омӯзгорон зиёд ҷой дошт. Боре писарам аз омӯзгоре шикоят кард. Новобаста аз ин ки писари ман аз хурдӣ китобдӯст буд ва бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ озодона гап мезад, омӯзгоре доимо ба ӯ баҳои паст мегузошт. Ба русидонии ӯ мутолиаи китобҳои русӣ ва гапзании ману падараш мусоидат кард. Аммо ин омӯзгори забони русӣ аз рӯи кадом як “принсип” фақат баҳои ду, се ва чор мегузоштааст. Писарам шикоят кард, ки баҳои паст мегирад, ҳарчанд ӯ ин барномаро хуб медонад. Ман пурсидам:
– Оё гирифтани баҳои баланд барои ту муҳим аст?
Гуфт: – Намедонам.
Гуфтам: – Ман ба ту чунин тавсия медиҳам: баҳо лозим нест, ту– ку барномаро медонӣ, забонро хуб медонӣ, чӣ лозим баҳо? Баҳои он омӯзгор ба ту лозим нест. Агар хоҳӣ, ба дарси он омӯзгор нарав. Агар шикоят кард, ман худам ҷавобашро медиҳам, аммо агар ба дарс равӣ, ба хотир гир, ки он омӯзгор зиндагии душвор дорад. Он бечора ба диққати атрофиён ниёз дорад ва ҳамеша асабӣ аст. Барои ҳамин, дар дарсаш оромакак нишин ва дар фикри баҳо нашав. Тамом.
Ин охирин суҳбат дар бораи баҳо буд. Чун медонистам, ки маҷбур кардан рӯҳияи писарамро мешиканад, ба ӯ ҳуқуқи интихоб додам. Бори дигар омадам, ки писарам ба дарс нарафтааст. Аз ӯ сабаб пурсидам, гуфт:
– Дарси таърих дорем.
Ҳайрон шуда пурсидам: – Таърих дарс нест?
Гуфт: – Омӯзгори мо на таърихдон аст ва на педагог. Дар дарсҳо дашном медиҳад, нос мекашад.
– Ман гуфтам: – Бошад, аммо чаро инро ба директори мактаб намегӯед? Агар хоҳед, ман рафта шикоят мекунам.
Писарам гуфт: – Не, ман худам ба назди директор медароям.
Чунин ҳам кард ва он муаллимро аз кор ҷавоб доданд. Бо ин амалам ман гуфтанӣ нестам, ки беҳтарин педагогам ва ҳамеша тасмими дуруст мегирам, гап дар дигар ҷост: ман иҷозат надодам, ки қобилияти писарам қурбони нофаҳмии нафаре шавад. Дар низоми таҳсилот ягона маҳак баҳо аст: бо баҳо ангеза мебахшанд, бо баҳо метарсонанд… Барои бе фишори баҳо диққати хонандаро ҷалб кардан, омӯзгор бояд бо дониш мусаллаҳ бошад. Омӯзгор бояд педагоги модарзод бошад, касбашро дӯст дорад ва эҳтиром кунад, чун педагогро бо усулҳои техникӣ сохта намешавад.
– Бале, дуруст аст. Педагог бояд касбияти баланд дошта бошад. Ба гуфти устод Муҳаммадулло Лутфуллоев, “аз пушти партаи мактабӣ омӯзгоронро бояд ҷуст”. Вале аксари омӯзгорони мо ба хотири фирор аз хизмат дар артиш ин роҳро интихоб карданд, ё фикр мекунанд, ки дар дигар донишгоҳҳо дохил шуда наметавонанд ва… мегӯянд: “ақаллан дар пединститут хонам…” Аз ин ҷо бармеояд, ки барои ин гурӯҳи ҷавонон муҳим кӣ шудан дар оянда не, айни замон донишҷӯ шудан аст.
– Бояд ба назар гирифт, ки айни замон мушкили маорифро гуфта мешавад, аммо ҳал карда не. Чун ин сохтор дар саросари дунё ба мушкил мувоҷеҳ гаштааст. Муаллимон мушкилоти зиёд доранд, ба онҳо кумак лозим аст. Ман боре пешниҳод доштам, ки дар назди Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон маркази равоншиносӣ таъсис дода шавад, то ҳангоми такмили ихтисоси омӯзгорон онҳо донишҳои навини психологияи синнусолиро аз худ карда тавонанд, мутаассифона ин пешниҳод дастгирӣ наёфт. Ҳол он ки омӯзгорон аз ҳамаи қишрҳои дигари ҷомеа дида, ба ин донишҳо ва кумаки равоншинос бештар ниёзманданд. Умедворам, муҳимияти ин масъаларо ҷиддӣ дарк менамоянд.
– Аз нигоҳи шумо, таҳсилоти фарогир дар ҷомеаи мо мувофиқ аст? Масалан, таҳсили маъюбон дар мактабҳои умумӣ, ба ин тафаккуру фарҳанге, ки бачаҳо доранд (манзур масхарабозиҳои ҳамсолонашон), то куҷо метавонад мусоид бошад?
– Бале, агар мо қоидаҳояшро бидонем ва омӯзгорону шогирдонро тайёр кунем, ин тадбир бад нест. Дар ин ҳолат кӯдакони солим меҳрубониву одамиятро ёд мегиранд, хосаҳо (кӯдакони маъюб) худро комилу хушбахт ҳис мекунанд. Албатта, бо кумаки равоншиноси касбӣ метавонем муваффақ шавем. Вале миқдори чунин кӯдакон бояд аз меъёри муайян зиёд набошад.
– Шумо дар як суҳбататон басе хуб гуфтед, ки мағзи ташна ҳама чизро фурӯ мебарад. Ин сухан ба гумроҳшавии ҷавонон рабти зиёд дорад. Чӣ кор кунем, то мағзҳо ташна намонанд?
– Ҷавоб сода аст. Илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ бояд ҷуст. Яъне пешакӣ иттилооти дурусту муфидро, ки ба дарди ҷавонон мехӯрад, мувофиқи талаботи рӯз ва синну солашон омода ва пешниҳод кардан мебояд. Барои ин боз ҳам кори равоншинос лозим аст, равоншиноси оила, равоншиноси синнусолӣ, равоншиноси омӯзгор. Ин ҷо ҳамаи низомҳо бояд аз нозукиҳои психологияи наврасону ҷавонон огаҳ бошанд, ниҳодҳои фарҳангӣ барои пешгирӣ кор кунанд. Як бахши кори мақомоти қудратӣ низ пешгирӣ аст, пешгирӣ дар ин маврид пеш аз ҳама, сари вақт додани иттилооти зарурист.
– Фикр мекунам, ба омӯзиши равоншиносӣ бояд дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ диққат дода шавад. Чун мушкилии ҷанҷол байни бачаҳо, нофаҳмиии падару модарон бо омӯзгорон солҳост идома дорад ва танҳо роҳи ҳалли ин масъала омӯзиши равоншиносӣ мебошад. Борҳо шоҳиди шикояти падару модарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шудаем. Бархе барои кучактарин амал мактаб ва омӯзгорро сиёҳ карданӣ мешаванд. Мо чандин маротиба пайгирӣ кардем, маълум шуд, ки робита байни мактаб ва волидайн суст аст.
– Бале, чун қасди ин гуна волидайн ҳалли мушкил не, гирифтани қасос аст. Омӯзгоре фарзанди онҳоро ранҷонд ё дуруст муомила накард, онҳо мехоҳанд бо роҳи навиштан дар интернет қасос гиранд.
Масъалаи робитаи волидайн бо мактаб, эҳтироми мутақобила хеле масъалаи муҳим аст. Бояд ташаббускор мактаб ва муаллим бошад. Зеро ин ниҳод аст, дониш ва имконоти азим дорад ва тарзи корро бояд бидонад. Волидайн, маъмулан, одамони касбу кори гуногун, аз педагогогика дур, побанди мушкилоти моддиву иҷтимоии оилаи худ мебошанд. Бо онҳо забон ёфтан, маслиҳат карда тавонистан лозим, на интизор шудан, ки ҳамаи волидон масъулиятшиносу мактабдӯст бошанду худашон ба кумаки мактаб бишитобанд. Онҳо ин низомро бо андозҳо ва пардохтпулиҳои худ таъмин мекунанд ва ҳаққи талаб кардан ҳам доранд. Волидон аксаран гиламанданд, ки омӯзгорон бо онҳо ғайр аз талаби пул барои ин ё он хароҷоти мактаб, дигар мавзӯи суҳбат надоранд. Ва ҳақ ҳам ҳастанд. Боз як мисол меорам. Дар мактабе, ки фарзандони ман мехонданд, роҳбари синфашон зани калонсоле буд. Ӯ ҳар ҳафта ба тамоми волидон аз телефони хонаи худ занг зада, ҳолу аҳвол мепурсид ва дар бораи рафтору амали фарзандашон дар давоми ҳафта ҳисоботи пурра медод. Ин кор аз ӯ ҳам хароҷот, ҳам вақту заҳмат талаб мекард, албатта. Ин амали мутахассис усули устувор кардани робитаи солим аст.
– Бо дарки мушкилоти мавҷуда Вазорати маориф ва илм воҳиди алоҳидаи корро таъсис дод: равоншинос. Аммо ба назар мерасад, ки ҳам равоншинос ва ҳам равоншиносӣ нофаҳмиҳои зиёд доранд. Ба фикрам, аз суҳбат дар гурӯҳи мо ҳам ин маънӣ бармеояд. Шумо чӣ маслиҳат дода метавонед?
– Шумо воҳиди равоншиносии мактабҳои миёнаро дар назар доред, ба фикрам. Ин ҳам аз қабили ҳамон амалҳои бепайгирист. Биёед, вазъиятро мушаххасан таҳлил мекунем. Дар кишвар зиёда аз 4 000 ҳазор мактаби миёнаи пурра ё нопурра ҳаст. Барои ҳамаи ин мактабҳо 4000 мутахассиси хуби варзида лозим аст. Ин гуна мутахассис хеле кам аст. Ин як. Дуюм, тарзи кори равоншинос дар мактаб то чӣ андоза мушаххас аст, намедонам. То ҷое медонам, ӯ бояд аз саҳар то бегоҳ дар утоқи корияш бошад, агар ҳодисае шуд, аз пайи ҳаллаш шавад. Хеле монанд аст ба ёрии таъҷилӣ. Ва барои ҳамаи ин танҳо дар мактабҳои хусусӣ тахминан 1000 сомонӣ маош дорад, дигар мактабҳоро намедонам. Ҳамаи ин наметавонад равоншиносро дар мактаб нигоҳ дорад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ тамоман усулҳои дигарро пешниҳод мекунад. Ва мо ҳамин воҳиди холиро ҳам бо ягон муаллиме, ки дар мактаб ба ӯ соат нарасидааст ва барои аз кор озод кардан ба ӯ диламон месӯзад, медиҳем ва бо ҳамин олам гӯё гулистон. Ин ҷо бояд тарзи корро комилан дигар кард.
– Чӣ бояд кард, то донишҳои равонии мутахассисони мо шурӯъ аз донишгоҳ мустаҳкам гарданд?
– Ҷавоби ин савол шояд як мақолаи алоҳидае шавад. Мухтасараш, шояд гирди миз мутахассисонро даъват кардан беҳтар бошад. Дар ин сурат мо андешаҳои худро рӯ ба рӯ нишаста мегӯем ва стратегияи кор бо равоншиносон, тарбияву нигаҳдории равоншиносон ақаллан дар соҳаи маорифро матраҳ мекунем ва ба ягон хулоса меоем. Ногуфта намонад, ки равоншиносон имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо заруранд, агарчи масъули тарбияашон Вазорати маориф ва илм аст.
– Ташаккур барои суҳбати шавқовар ва судманд. Умедворем, ҳар чи зудтар масъулини вобаста аз пайи ҳалли ин мушкил мегарданд. Муҳим ин ки равоншиносон ҳам бояд аз ҳар минбар зарурати баррасӣ ва ҳалли мусбати ин масъаларо дар ҳама сатҳ тавзеҳ дода тавонанд.
Суҳбаторо Саида НАБИЗОДА