Муҳаммад Ғойиб — шоире, ки фаъолияташ, таҳсилоташ, эҳтиромаш ба мактаб, илму дониш, омӯзгору олим пайванди ногусастанӣ дорад. Маълумоташ омӯзгорӣ, фаъолияташ эҷодкорист. Мактабу илм манбаи илҳомаш ва омӯзгору олим тарғибгари ашъораш мебошанд. Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғойиб аз ҷумлаи он соҳибқаламонест, ки дар баёни андеша фалсафаи ҳаётиро хуб медонад ва ҳунари суханвариву нависандагиву эҷодкорияш дар як вазн қарор доранд. Ҳангоме бо устод суҳбат оростем, ки дар як вақт ду китоби насриро таълифу омодаи чоп мекард. Ҳавлии шоир бо завқу малакаи хосаш бо фаввораҳои “осмонӣ”, токи баланди ангуру хурмо ҳавои тозаю салқинро ба вуҷуд оварда, илҳоми шоири маҳбуби мардумиро даҳчанд такон мебахшад. Суҳбати мо ифшогари асрори эъҷози ҳунари шоир, баръакси ихтисос, пешаи дигарро ихтиёр кардан, шинохту эътирофи омӯзгор ва манзалати ӯ дар ҷомеа, нақши маҷалла дар рушди соҳаи маориф гашта, тавсияву маслиҳатҳои беҳтарин ҳам ба даст овардем. Умедворем, рӯзҳои наздик осори тозаи насрии адиб дастраси хонандагон мегарданд.
- Бале. Тахассуси ман омӯзгорист ва ман чанд моҳе ҳам омӯзгорӣ кардам. Он вақт бо роҳхат ба кор мегирифтанд. Ҳарчанд дар ин ришта таҳсил мекардам, аммо ҳушу хаёлам ба адабиёт буд. Ҳанӯз баъд аз имтиҳони қабули донишгоҳ дар рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” (ҳоло “Анбоз”) ду шеърам ба нашр расид. Ҳафтае баъд, боз як шеъри дигарам чоп шуд. Хонандагон ба шеърҳоям баҳои хуб доданд. Кормандони нашрия барои заҳмати кашидаам ба ман аҳсан гуфтанд. Ҳарчанд ин кор бароям заҳмате пеш наоварда буд. Шояд тасодуф буд, ё… намедонам…, аммо баъд аз чоп шудани ду шеърам, як шаби маҳтобӣ, вақти даррави ғалла садои комбайн маро аз хоб бедор кард. Бедор шудам ва шеъри “Комбайнчӣ”-ро эҷод кардам. Ин шеърам низ ба хонандагон бисёр писанд омад. Шоира Гулрухсор, ки он замон сармуҳаррири ҳамин нашрия буд, дар бораи шеъри “Комбайнчӣ” ним саҳифа навишт. Дертар шеъри “Комбайнчӣ” бо забони ӯзбекӣ тарҷума шуда, дар рӯзномаи “Гулхан” ба чоп расид, шеъри устод Айнӣ, Миршакар ва аз ман. Хулоса, ман ба донишгоҳ дохил шудам ва бояд аз рӯи ихтисос риёзӣ мехондам. Мо дар мактаби миёна низ фанҳои дақиқро ба таври фарогир намеомӯхтем, чун норасоии омӯзгорон буд. Аз ин рӯ, барномаи донишгоҳ бароям душворӣ мекард ва маҷбур будам, ки аз ибтидо хонам ва бисёр талош кунам. Бо иродаву азм дар шаш моҳ ҳамаи барномаро аз худ кардам. Фақат қабл аз имтиҳони давлатӣ ба гӯшам расид, ки омӯзгоре қасд дорад ба ман баҳои паст гузорад. Ӯ то ҷое ҳақ буд, чун ман яке аз бахшҳои фанни физикаро хуб намедонистам. Аммо барои гирифтани баҳои паст дар имтиҳони давлатӣ розӣ шуда натавонистам ва ҳангоми таҷрибаомӯзӣ ду моҳ он қисмати физикаро омӯхта, омода шудам. Ҳамдарсонам низ дар донистани ин бахш мушкилӣ мекашиданд. Аз таҷрибаомӯзӣ омада, шабҳо ба ҳамкурсон дарс медодам. Хулоса, ҳар қадар ки талош кардам, боз ҳам аз ҳамин фан баҳои чор гирифтам. Аммо ҳамеша шеър эҷод мекардам. Инчунин, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷи зиндагӣ мақолаҳои гуногун низ навишта, ҳаққи қалам мегирифтам, пахта мечидам. Пули пахтачинӣ, ҳаққи қалам ва идрорпулиро якҷоя карда, рӯз мегузарондам.
– Касе нест, ки ба маориф пайванди надошта ва аз омӯзгор таълим нагирифта бошад. Ман барои устодонам, муаллими аввалинам борҳо шеър навиштаам. Одам ба кадом зинаҳои муваффақият расад, боз ҳам бояд қадри омӯзгорро донад, ӯро падарвор ҳурмат кунад. Омӯзгор ягона нафарест, ки барои муваффақияти шогирдон ҳамеша шод мешавад. Чӣ хел мумкин аст омӯзгорро дӯст надошт?! Чӣ хел метавон робитаатро аз ӯ канд?! Ҳангоми дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” сармуҳаррир буданам, китобе бо номи “Мусофирони роҳи илм” навишта, ба устодон бахшидам. Он лаҳза низ устодонам дар канорам буданд ва барои машҳур ва мадди таваҷҷуҳ қарор додани ин рӯзнома ба ман мадад расонданд. Барои ҳамин дар сари ҳар эҷод симои омӯзгор, устодонамро пеши рӯ меорам. Китоби тозае навиштаам, ки мунтазири чоп аст. Як бобаш дар бораи омӯзгорон аст, дар бораи касони одӣ, ки солҳо ба кӯдакон илм меомӯзонанд. Аз ҷумла, саргузаштеро он ҷо овардаам. Лаҳзаи мактабхон буданаш, пиёда ба ноҳия мерафтаст, ки раиси колхоз ӯро дида ва ба куҷо рафтанашро пурсид. Ӯ мегӯяд, ки барои харидани китоб меравад. Раис ҳайрон шуда мегӯяд, ки магар дар колхоз китобхона нест. Ӯ мегӯяд, ки ҳамаи китобҳои китобхонаи колхозро хондааст. Баъди санҷиш дурустии гуфтаҳояшро тасдиқ карда, ӯро ба мағозаи китоби ноҳия мебарад. Китобҳои хостаашро харида, роҳкирояшро низ медиҳад. Ин лаҳзаҳо ва симои чунин ашхосро ҳеҷ гоҳ наметавон аз хотир бурд.
– Ростӣ, шеър навиштан дар мавзуи ҳаёти бачагон бисёр душвор аст. Бояд равони бачаҳоро омӯхт. Китобҳои бачагона бисёр дорем, аммо қасри адабиёти кӯдаки мо хароб аст. Калонсолон талош мекунанд, ки маҷбуран бачаҳо китоб хонанд. Аммо китобҳои бачагона бояд шавқовар бошанд, то худи кӯдакон ҳаваси хондан кунанд. Ҷаҳони бачаҳо рангоранг аст ва хонаи адабиёти бачагона низ бояд рангоранг бошад. Адиб бояд дунёро бо чашмони кӯдакон бинад. Мо филмҳои тасвирӣ низ надорем ва ин фазоро бо тарҷумаи филмҳои тасвирии дигар кишварҳо пур мекунем. Набояд чунин бошад, чун мо кишвари сербачаем. Касе, ки дар кӯдакӣ намехонад, дар калонсолӣ низ бори маънии эҷодиётро бардошта наметавонад.
– Насли ҷавон аз донишҳои ҷаҳонӣ баҳраваранд. Чизе, ки онҳо медонанду мефаҳманд, мо ба зудӣ дарк намекунем. Дигаргуниҳои ҳаррӯзаи ҷаҳон онҳоро бедору ҳушёр кардааст. Аз ҷиҳати амалӣ онҳо хубанд, аммо аз ҷиҳати назариявӣ…. Онҳо китоб ва дастнависҳоро кам мехонанд. Аз ҷониби Пешвои миллат барои онҳо шароити хуб фароҳам оварда шудааст, ҳамеша рӯҳбаланд карда мешаванд. Бо ин ҳама, кам нестанд ҷавононе, ки китобро варақ ҳам намезананд. Бархе ба бозиҳои компютерӣ китобҳоро ҷойгузин кардаанд. Набояд фаромӯш кард, ки роҳи худомӯзӣ мактаб надорад, роҳи худафрӯзӣ шаб надорад, умед аз кавкаб надорад…
Мусоҳиб: Саидаи ФАЗЛ –
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
23.07.2021, ш. Душанбе