Посухҳои адиб ва рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ ба суолҳои
сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» Саида Набизода
Аз камтарин адибоне, ки тақрибан дар ҳамаи жанрҳои адабӣ қувва озмудааст, Абдурауф Муродист. Соли 2005, соле, ки корро бо ӯ дар як идора сар кардем, бароям фаромӯшношуданист. Ҳамкорӣ бо ӯ чанд нуктаро бароям ошкор кард: якум, Абдурауф Муродӣ, пеш аз ҳама, инсон аст, як инсони фарҳангдӯсти маорифпарвар, ҳамсуҳбату ҳамдил. Дуюм, Абдурауф дар кор воқеан, масъулиятшинос аст, ҳар супорише аз идора гирифта бошад ё иқдоме, сари вақт ва бенуқсон онро иҷро кардааст, инро аз дигарон ҳам интизор аст. Сеюм, дар кор ниҳоят ҷиддист, ба хотири кор хотири касеро намебинад, аммо одамияташ бо адабиёт омехта аст. Агар сухан ё амалаш боиси малоли касе гардад, мекӯшад онро аз дилаш берун кунад. Чорум, агарчи ба ҳама паҳлуҳои адабӣ даст задаву аз уҳдааш баромадааст, худ иқрор аст, ки масалан, шеърнависияш “бо думи шер бозӣ кардан аст”. Дигар, агар ба кори касе эрод дошта бошад, асоснок ҳарф мезанад, ончунон ки тарафи муқобил бе малолӣ иштибоҳи худро дарк мекунад. Давом додан мумкин, аммо ин маврид мехоҳем дар арафаи рӯзҳое, ки шасти кораш ба шасти умр дакка мехӯрад, суҳбатеро пешниҳоди хонандагон гардонем.
— Адабиёт ва журналистика. Ду майдоне, ки солҳо боз фаъолият доред. Аз нигоҳи шумо, бори кадоме вазнинтар, кори кадоме хушояндтар ва самари кадоме бештар аст?
— Адабиёт ва журналистика, ҳарчанд вижагиҳои худро доранд, ба ҳам хеле наздиканд ва гоҳе ҳамдигарро комилтар месозанд. Ҳам адиб ва ҳам рӯзноманигор як силоҳ доранд — қалам. Ва ҳар ду ба кори эҷодӣ машғуланд, танҳо сабку услубу шеваи нигоришашон тафовут дорад. Маъмулан қисмати зиёди адибон аз ҷодаи журналистика ба паҳнои адабиёт қадам ниҳодаанд. Чунин ба назар мерасад, ки журналистика барои қалам рост бинмудану таҷрибаи нигорандагӣ пайдо кардани адибани оянда мадад мерасонад. Ҳатто бузургтарин нависандагони ҷаҳон нахуст дар арсаи журналистика қалам тез кардаву суханро сайқал дода, батадриҷ дар дунёи адаб мавқеъ пайдо намудаанд. Ман ба адибони маъруфи олам Эрнест Хеменгуэй ва Габриэл Гарсиа Маркес хеле эътиқодмандам. Онҳо чун намояндагони адабиёти бузурги ҷаҳон асарҳои барҷаставу безавол офаридаанд ва ҳар ду ҳам парвардаи мактаби журналистикаанду инро худ эътироф кардаанд. Хеменгуэй дар як асари ёддоштиаш овардааст: рӯзнома ба мо, навқаламон, талқин кард, ки кӯтоҳу саҳеҳ нависем. Ба вижа, сархати аввали ҳар навишта бояд мухтасару таваҷҷуҳбарангез бошад. Забони навиштаҳо бояд неруманду ҳадафгир бошад. Барои тасдиқ бояд кӯшид, на барои инкор.
Маркес низ дар чандин асари бадеияш аз овони рӯзноманигориаш бо маҳаббат ёд кардааст.
Теъдоди зиёди адибони тоҷик низ ба соҳати адабиёт аз идораи рӯзномаву маҷаллаҳо ворид гаштаанд ва зумрае дар тамоми давраи фаъолияти адабиашон як по аз ҷодаи журналистика накандаанд. Ин анъана идома дорад. Ҳама гап дар маҳорату тавонмандӣ ва қобилияти идораву сарфи имконоти худ аст. Нахустустоди ман дар мактаб, равоншод Фахриддини Низом дар баробари омӯзгори варзида будан ҳамчун устои чӯбтарош, сабадбофи моҳир ва сайёди муваффақ шуҳрат доштанд. Дар ҳама кор вақт меёфтанд. Мақоли «ба як ҷавон сад ҳунар кам»-ро батакрор ба забон меоварданд. Ба фикрам, нисбат ба омӯзгорию чӯбтарошӣ ё сабадбофию сайёдӣ байни адибу журналист тафовут камтар аст.
Чун азм кардӣ, ки ҳам рӯзноманигор бошию ҳам нависанда, пас, фаъолиятатро ҳамбаста ба ин ба танзим ор, варна аз ин мондаю аз он ронда хоҳӣ шуд.
Воқеан, устоди арҷманди мо, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзод, ки замоне дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» кор мекарданд, то ба имрӯз гоҳ-гоҳ мақолаҳо барои нашрияҳои даврӣ менависанд ва ба қавли худашон, хумори журналистиашонро мешикананд. Ҷомии волосухан гуфтааст:
Ҳаст ҳиммат чу мағзу кор чу пӯст,
Кори ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст.
Ҳиммати мард чун баланд бувад,
Дар ҳама кор арҷманд бувад.
— Бисёр мешунавем, ки ҳаҷв дар адабиёту санъати театрии мо дар муқоиса ба солҳои пеш шираашро аз даст додааст. Чаро? Хоҳишмандон дар ин самт каманд ё истеъдодҳои соҳибқалам? Ба фикри шумо, дар ҳаҷви имрӯза костагӣ дар чист?
— Ҳаҷв сухани баланду дилписанд аст ва ҳаҷвнигорӣ саҳлу андак коре нест. Пири ҳаҷвгӯёни олам Убайди Зоконӣ ҳушдор додааст, ки ҳаҷвро хор мадоред ва ба ҳуззол ба чашми кам мангаред. Дар асарҳои ба истилоҳ, «ҷиддитарин»-и адабиёти ҷаҳон низ ҳаҷв мавқеъ дорад, адибони барҷаста ҷо-ҷо бо истифодаи ҳаҷв, лутфу танз суханашонро бонамак кардаанд. Барои ҳаҷв гуфтану ҳаҷвия навиштан истеъдоди баланд мебояд.
Имрӯз дар адабиёту санъати мо аксар ҳамон таъкиди Убайди Зокониро аз ёд бурдаанд ва ба ҳаҷв муносибати саҳлангоронаву булҳавасона доранд. Дар ҳикоя як-ду ифодаю ибораи булъаҷабро истифода кардан ё дар саҳна лабу лунҷ каҷ кардаву садо аз меъёр баланд бинмудан ва гузашта аз ин, вожаю ибораҳои зиёди лаҳҷаву шеваҳоро мавриди истифода қарор додан ҳаргиз иртиботе ба ҳаҷв надорад. Майдони ҳаҷви моро чанд булҳавасу масхарабоз ишғол кардаанд. Ҳаҷви баланду обдор ва ҳадафрасу бозарофат ақлҳоро ба таҳрик меоварад, касро бедору ҳушёр мекунад, дилҳоро фараҳ мебахшад, костагиҳои ҳаётро нишон медиҳад…
Майдони ҳаҷви тоҷик (ҳам дар адабиёти бадеӣ ва ҳам дар санъат) истеъдодҳоро интизор аст. Нахуст бояд асарҳои ҳаҷвии хуб офарид ва пасон дар ин замина саҳнаи санъатро тамошобоб кард. Агар мушоҳида карда бошед, ҳатто, саҳнаҳои ҳаҷвии ҳунарпешаи мумтоз Аловиддин Абдуллоев на ҳама матни ҷолибу шоиста доранд, танҳо маҳорати ин ҳунарпеша костагии матнҳоро, умумию муқаррарӣ будани онҳоро рӯпӯшу ҷуброн мекунад. Бояд ҳамкории адибони ҳаҷвнигор ва ҳунарпешаҳои ҷабҳаи ҳаҷвро тақвият бахшид. Истеъдодҳои ҷавонро ба навиштани осори ҳаҷвӣ ҳавасманду ҳидоят бояд кард.
— Ба назар мерасад, ки шумо батадриҷ бештар майл ба жанрҳои хурди адабиёт зоҳир мекунед. Маълум, ки талаботи хонандаи имрӯза ҳам ҳамин аст, аммо ҳар қаламкаш маъмулан орзуи навиштани асари калонтарро дорад. Шумо чӣ? Дар ҳоле ки ёддоштнависӣ, ба қавле, мӯд ҳам шудааст, лоақал нияти навиштани ёддоштҳои худро надоред?
— Нимшӯхию нимҷиддӣ мегӯям, ки аз жанрҳои калон (қаблан силсилаи ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва як қиссаи ҳаҷвӣ навиштаам) батадриҷ ба жанрҳои хурдтар майл кардани ман худ шояд як навъ қолабшиканӣ ё анъанашиканӣ бошад, чун маъмулан нависандагон бо мурури замон аз жанрҳои хурд даст кашида, ба жанрҳои нисбатан бузург мегараванд. Вале асли гап дар он аст, ки мо дар айёми рушди босуръати илму техника, дар муҳити иттилооти фаровон зиндагӣ дорем. Вақт вобаста ба ин ҳар чӣ бештар аҳамият пайдо мекунад, арзишмандтар мешавад. Як лаҳза ғофил ё бепарво монӣ, аз маълумоту ахбори зиёде нобархурдор мешавӣ. Агар ҳамқадами замон, шахси огаҳу бомаърифат будан хоҳӣ, ҳамарӯза бояд китобу рӯзномаву маҷаллаҳои зиёдеро варақ занӣ, радио гӯш кунию ба телевизор назар афканӣ ва як чашм дар компютер (интернет) дошта бошӣ. Барои ин вақти фаровон бояд дар ихтиёр дошт. Илова бар ин ҳама, ҳар касеро ҳамарӯза ҳазору як кору ташвиш дар пеш аст. Замоне мову шумо романҳоеро мехондем, ки аз 400-500 саҳифа иборат буданд. Мутолиаи ҳар роман се-чор рӯз давом мекард. Имрӯз магар чунин имкон дорем?! Аз ин рӯ, эҳтиёҷ ба жанрҳои хурди адабӣ байни хонандагон афзудааст. Дигар бояд асарҳое навишт, ки лафзи андаку маънии зиёд дошта бошанд, то хонанда бо сарфи вақти камтар дониши бештар пайдо кунад. Мушоҳида карда бошед, имрӯз ҳам дар адабиёти мо, ҳам дар адабиёти ҷаҳон роману қиссаҳо хеле кӯтоҳу ихчам шудаанд. Романҳои адибони имрӯзии Ҷопон аксар аз 80-100 саҳифа беш нестанд. Қиссаи хеле муассиру тозамавзӯи устод Абдулҳамид Самад — «Дастовез» ҳамагӣ 12 саҳифаи маҷаллаи «Садои Шарқ»-ро фаро гирифтааст ва ман онро бо сарфи ҳамагӣ як соат вақт мутолиа кардам. Бо ин ҳама, жанрҳои калони адабӣ боқӣ хоҳанд монд ва мо интихобан онҳоро дар вақти мувофиқ мутолиа хоҳем кард.
Жанрҳои хурд заҳмату ҳунари бештаре тақозо доранд, чун ба қавли маъруф, кӯтоҳбаёнӣ модари истеъдод аст. Барои ман эҷоди нуктаҳои ҳаҷвӣ (нуктаву пораҳои ҳикматрез низ) писанд аст, зеро як нукта гоҳе метавонад бори як ҳикояи томро бикашад, ончунон ки мӯрчае донаи бамаротиб бузургтар аз худро ба манзил мебарад.
Чӣ хуб, ки аз ёддоштнависӣ ёд кардед. Ман хондани ёддоштҳои адибонро дӯст медорам. Шоҳкории устод Айнӣ — «Ёддоштҳо»-ро се маротиба пурра хондаву лаззати маънавӣ бардоштаам. Замоне мафтуни ёддоштҳои нависандаи бузурги рус Максим Горкий шуда будам. Романи ёддоштии Маркес «Зистан ва аз ин боб навиштан»-ро бо шавқи том мутолиа кардам. Асарҳои ёддоштии устодон Сотим Улуғзода («Субҳи ҷавонии мо»), Ҷалол Икромӣ («Он чӣ аз сар гузашт»), Раҳим Ҷалил («Маъвои дил»), Раҷаб Амонов («Навбаҳори Чашмасор») … барои хонандагон хеле мақбуланд. Ёддошт (саргузашт) асари воқеист ва муҳимтар аз ҳама, ҷанбаи қавии тарбиявӣ дорад. Нависанда нигоҳи аниқбин, мулоҳизоти ҷолибу ҳикматрез, бардошту баррасии хирадмандонаю маърифатбор дорад ва ин ҳама ёддоштҳояшро хонданиву пурсуд месозанд, ба хонандагон дарси ҳаёт меандӯзанд. Ёддошт ҳар чизи дидаву шунида нест, балки гулчину баргузидаи воқеоти зиндагист.
Аз ин рӯ, ба ёддоштнависӣ бояд бо камоли масъулият, бо омодагии ҷиддӣ шурӯъ кард… Ба гумонам, замоне ман низ пора-пора ёддоштҳоямро рӯи саҳфа хоҳам рехт.
— Имрӯз аз суст будани фаъолияти нақди адабӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Пештар ҳар қадар танқид зиёдтар мешуд, асарҳо комилтар мегаштанд ва нуфузи адибон ҳам болотар мерафт. Оё ба асарҳои таълифкардаи шумо тақризе ворид шудааст, ки назари интиқодӣ дошта бошад ё тавсияеву маслиҳате?
– Танқид муҳаррики адабиёт аст, омӯзгореро мемонад, ки ба хонанда (адиб) баҳои воқеӣ медиҳад, мегӯяд, ки кадом амалаш хуб асту кадом корҳояшро такмил бояд бахшад. Нақди адабӣ оинаест, ки дар он адиб чеҳраи воқеии худро мебинад. Бидуни нақд адабиёт ба сони нахлест, ки самар медиҳад, вале аз ҳусну қубҳу рангу маззаи мевааш ноогаҳ аст. Мутафаккир ва мунаққиди бузурги рус В.Г. Белинский гуфтааст: “Бадбахт аст нависандае, ки мунаққиди зӯр надорад”. Саъдии Шерозиро аз ин боб қитъаест хеле писандида:
Аз суҳбати дӯсте биранҷам,
К-ахлоқи бадам ҳасан намояд…
Ку душмани шӯхчашми бебок?
То айби маро ба ман намояд?!
Алғараз, танқид омили меҳварии рушди адабиёт, кафили комёбиҳои адибон аст. Дар нимаи дуюми садаи ХХ нақди адабӣ дар ҷумҳурии мо равнақ дошт, эътибору мавқеъ дошт, муҳимтар аз ҳама, ҷасорату ҳақиқат дошт. Адибон аз он намеҳаросиданд, намеранҷиданд, балки дар заминаи нигоштаҳои мунаққидон асарҳои худро бознигарӣ мекарданд, такмил мебахшиданд. Нақди адабӣ ҳусну комёбиҳои осори адибонро низ баррасӣ мекард, таҳният мегуфт. Аксаран ба асарҳои тозаэҷод, китобҳои тозанашр сари вақт тақризҳо навишта мешуданд. Ин тақризҳоро доираи васеи хонандагон бо шавқу завқ мутолиа мекарданд…
Ҳоло ҳолу ҳаво ва фазои адабӣ тағйир ёфта. Як панҷа борон борад, ҳама (аҳли эҷод) чатр ба сар мекашанд (ба ҳимояи худ мехезанд), ҷома чаппа мепӯшанд (ба ғазаб меоянд). Табъи ҳама нозук шуда, “биринҷҳо дигар оббардор” нестанд. Мегӯянд, ки ҳаводиси солҳои 90-уми охири асри гузашта ба рӯҳияи мардум, ба хулқу атвори ҳамагон (аз ҷумла, адибон) таъсир расондааст. Шояд ин қазия то ҷое воқеият ҳам дошта бошад? Ба ҳар ҳол, нақди адабии тоҷик ҳоло дар бистари беморист, бемадору камҷуръат аст. Бозори тақризу мақолаҳои ситоишӣ ва мадеҳагунаву бебунёд тафсидааст…
Ба навиштаҳои ман, ба китобҳоям як силсила тақризгунаҳо ва мақолаҳо навишта шудаанд. Аксаран таърифам кардаанд. Албатта, сухани таҳниятбор ва пуртаъриф хушоянду гӯшнавоз ва илҳомбахш аст, вале худ медонам, ки асарҳои адабиям ҳаргиз орӣ аз камбудию нуқсонҳо нестанд. Агар адабиётшиносону мунаққидон аз ин хусус нависанд, «то айби маро ба ман намоянд», ваъда медиҳам, ки намеранҷам, силоҳам (ҳаҷв)-ро барои қасос истифода намебарам…
Дер боз орзуи онро дорам, ки дар арсаи адабиёти имрӯзини мо китобҳои танқидию адабиётшиносие чун «Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ», «Мактаби одамият» (Муҳаммадҷон Шакурӣ), «Ҳаёт, адабиёт, реализм» (Соҳиб Табаров), «Нуқтаи пайванд» (Абдунабӣ Саторзода), «Қисмати инсон ва қисмати адабиёт» (Юсуф Акбарзода) «Дар қаламрави сухан» (Аскар Ҳаким),.. ки солҳои 70-уму 80-уми садаи ХХ бо теъдоди зиёд (ҳар кадоме беш аз 5 ҳазору 10 ҳазор нусха) чоп шудаву даст ба дасти хонандагон мегаштанд, ба пайдо оянд.
— Баробари ба забон овардани истилоҳҳое ба мисли забон, китоб, Наврӯзу баҳор, симои Абдурауф Муродӣ пеши рӯи ҳамкорону наздикон мерасад. Ин ҳолатро чӣ тавзеҳе мебахшед?
– Агар, воқеан ҳам, чунин бошад, бастагӣ ба эҷодиёти ман дорад. Ва ман аз ин мушоҳидаи шумо басо мамнунам. Ба он чанд вожаи дилпазир, ки номбар кардед, мехоҳам боз як вожаро зам намоям: модар. Бароям дар мавзӯъҳои модар, забон, китоб, Ватан, Наврӯз, баҳор навиштан хушоянду гуворост. Вақте ки дар ин мавзӯъҳо менависам ё андеша мекунам, тамоми ҳастиям фараҳрез мегардад, худро масруру мамнун дармеёбам, навиштан бароям гуворо мешавад, хома заррае саркашӣ намекунад, мурғи илҳом ба баландиҳо бол мекушояд, алқисса, ба як олами рӯъё ворид мешавам. Китобам «Атри гулбарг» саросар ба мавзӯъҳои мазкур бахшида шудааст ва истиқболи гарми хонандагонро дарёфт. Устод Муҳаммад Лутфуллозода, ки табиатан маърифатгустару ватанпарваранд ва ҳисси ифтихори миллиашон бағоят баланд аст, ба ин китоб тақризе самимӣ навиштанду он дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба чоп расид.
Дар мавзӯъҳои модар, забон, Ватан, китоб… адибони мо асарҳои барҷаставу меҳрбунёд навиштаанд ва ин мавзӯъҳо ҳаргиз куҳнашавӣ надоранд. Умедворем, ки дар оянда ҳамбаста ба мавзӯъҳои мазкур дар адабиёти тоҷик, адабиёте, ки ҷавҳари ғояҳояш башарпарварию накуманишист, боз ҳам асарҳои барҷаста арзи ҳастӣ мекунанд…
Ман суҳбати тӯлониро намеписандам, вале аз поён ёфтани суҳбате, ки мавзӯи он вобаста ба китобу модару Ватану забону Наврӯз бошад, афсӯс мехӯрам…
Мехоҳам ин қитъа аз китоби «Атри гулбарг» суҳбатамонро анҷоми муваққатӣ бубахшад:
Имрӯз ҳама ёру бародар бошем,
Ихлосбари китобу дафтар бошем.
Олам зи матои меҳр обод кунем,
Дилбохтаи забони модар бошем.