Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Марказ), ки фаъолияти худро дар доираи мақсаду вазифаҳои гузошташуда тибқи Оиннома (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 138 аз 10-уми феврали соли 2014 тасдиқ гардидааст), дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори Марказ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари дахлдор ба роҳ мондааст, дар нимсолаи аввали соли 2022-юм вобаста ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (минбаъд ИМД) ва дигар самтҳо як қатор корҳоро анҷом дод. Суҳбати имрӯзаи мо бо директори Маркази миллии тестӣ Савзалӣ Ҷаъфарзода атрофи ҳамин масоил манзури шумо мегардад.
- Аз омилҳои беҳтарине, ки дар шароити имрӯза метавонад моро ба ҳадаф расонад, истифода аз тадбирҳои иттилоърасонию таблиғотӣ ва нашри чунин мавод аст. Мехостем, фаҳмем, ки Маркази миллии тестӣ дар соли ҷорӣ аз ин имконот чӣ тавр ва то чӣ андоза истифода бурд?
- Бале, лозим ба зикр аст, ки корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ аз ҷумлаи муҳимтарин бахши фаъолияти Марказ вобаста ба ИМД буда, аз сифати иҷро ва доираи фарогирии онҳо марҳалаҳои минбаъдаи имтиҳонҳои мазкур вобастагии калон дошта, ҳамзамон, барои расидан ба ҳадафҳои интихобшуда моро наздиктар мегардонанд. Вобаста ба ин, бо мақсади шинос намудани хатмкунандагон, падару модарон, омӯзгорон ва дигар алоқамандони ИМД бо низоми имтиҳонҳои мазкур, аз ҷумла тартиби интихоби дурусту мувофиқи касбу ихтисосҳо, донишгоҳу донишкада, коллеҷҳо, коркарди тестҳо, талаботу қоидаҳои муқарраргардидаи имтиҳонсупорӣ ва ғайра Марказ дар давоми моҳҳои январ ва феврал корҳои иттилоотию таблиғотиро анҷом дода, бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ як силсила вохӯриҳо гузаронд. Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Марказ чунин корҳо дар шакли курсҳои шиносоӣ ҳамасола аз моҳи январ то охири моҳи март дар се сатҳ (давр) – миқёси ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳо ва дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор карда мешавад.
Бо мақсади ҷалби таблиғгарон ба кори муваққатӣ роҳбарияти Марказ дар мувофиқа бо раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рӯйхати таблиғгаронро омода намуд. Дар шаҳру ноҳияҳое, ки теъдоди муассисаҳои таълимиашон аз 100-то зиёд буд, 3‑нафарӣ таблиғгар, аз 50 то 100-то 2‑нафарӣ ва то 50-то 1-нафарӣ таблиғгар интихоб гардид. Дар баробари ин, бо мақсади назорат ва мониторинги раванди фаъолияти таблиғгарон аз сарраёсат ва раёсатҳои маорифи шаҳри Душанбе ва вилоятҳо 1-нафарӣ ба ҳайси таблиғгар даъват карда шуданд.
Мувофиқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2021, № 1660 барои таблиғгарони ИМД-2022 дар миқёси ҷумҳурӣ моҳи январ дар 6 минтақа – дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор; шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон; ноҳияҳои водии Рашт; шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд; шаҳру ноҳияҳои водии Вахш; шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб курсҳои омӯзишб баргузор карда шуданд.
Барнома ва модули курси шиносоӣ, ки дар соли 2022-юм такмил дода шуд, 7 дарсро дар бар гирифта, дар онҳо оид ба мавзуъҳои асосии ИМД – аз омодагию бақайдгирӣ то эълони натиҷаҳои озмуни тақсимот ва ҳозиршавии довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ маълумот дода мешуд. Пас аз гузаштани даври 1-уми курси шиносоӣ 109 иштирокдор бо тариқи санҷиши тестӣ ҳамчун корманди муваққатии Марказ (таблиғгарони ИМД-2022), ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои иттилоърасонию таблиғотиро анҷом медоданд, дар асоси қарордод ба кор ҷалб гардиданд. Мутобиқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2022 соли равон даври 2-юми курси шиносоӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 27-ум ва 28-уми январ бо дарназардошти теъдоди синф (гурӯҳ)-ҳои хатмкунанда дар 3883 муассисаи таълимӣ бо иштироки 4291 нафар аз намояндагони мақомоти маҳаллӣ, директорон, ҷонишинони директорон ва омӯзгорон баргузор гардид. Даври 3-юм дар ҳаҷми 7 соат баъд аз дарсҳои асосии муассисаҳои таълимӣ аввали моҳи феврали соли 2022-юм барои хатмкунандагони ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид. Курси шиносоии мазкур дар 3883 муассисаи таълимӣ барои хатмкунандагони синфҳои 9-ум ва 11-ум сурат гирифт. Таҳлили омории натиҷаҳои ин давр идома дорад.
Дар Марказ гурӯҳи 25-нафараи кормандон бо мақсади ташкили вохӯриҳо бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, падару модарон, омӯзгорон ва назорати даври 3-юми корҳои иттилоотиву таблиғотӣ дар муассисаҳои таълимии мазкур таъсис ёфт ва онҳо тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳо аз 1-ум то 9-уми феврал ба сафари хизматӣ равона гардиданд. Чунин таблиғот дар 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ сурат гирифт.
Бо мақсади дар сатҳи баланд роҳандозӣ кардани корҳои иттилоотиву таблиғотӣ Марказ маводи зеринро омода, нашр ва ба муассисаҳои таълимӣ ройгон тақсим кард кард: дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; маҷмуаҳои саволу масъалаҳои доир ба ҳар субтести қисмҳои А ва Б, 7 дарси муаррифии компютерӣ (презентатсия) барои курси шиносоӣ бо низоми ИМД; барномаи муаррифии ягонаи компютерӣ барои баргузории вохӯриҳо бо хатмкунандагон, падару модарон ва омӯзгорон; шакли (қолаби) ҳисоботи корманди муваққатӣ – таблиғгари ИМД барои даври 2-юм ва 3-юми курси шиносоӣ бо низоми ИМД; шакли ҳисобот барои мониторинги рафти корҳои иттилоотиву таблиғотӣ дар муассисаҳои таълимӣ; шакл (қолаб)-и пурсишнома барои хатмкунандагон дар бораи дастрасӣ ба маводи иттилоотиву таблиғотӣ ва мониторинги рафти курси шиносоӣ бо низоми ИМД; ҷадвал барои қайди иштироки хатмкунандагон дар курси шиносоӣ бо низоми ИМД; дискҳо бо сабти маводи иттилоотию методӣ.
Бо мақсади ташвиқу тарғиби илму донишандӯзӣ, бе дахолати омили инсонӣ, бо дониши худ сазовори номи донишҷӯй гардидан, бо таъмини усулҳои шаффофият ва баробарӣ дар низоми ИМД донишҷӯй шудани довталабони арзанда, оид ба масъалаҳои бартарии интихоби ихтисосҳо, зарурат ва манфиати истифодаи сомонаи Марказ дар ҳар марҳалаи ИМД ва кабинети инфиродӣ, дастрасӣ ба почтаи электронӣ, омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирӣ меъёрҳо ба довталабон таъкид карда шуданд. Инчунин, эълон карда шуд, ки имсол дар ҳар субтести имтиҳон то 40 %‑и саволу масъалаҳои тести имтиҳонҳо аз маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тести чопкардаи Марказ истифода мешавад. Дар ҳамин ҳол яке аз масъалаҳои нигаронкунанда, ширкати нокифояи волидон ва парасторони довталабон ё тамоман ҳозир нашудани онҳо дар вохӯриҳо бо кормандону таблиғгарони Марказ мебошад.
Бо мақсади таъмини дастрасии довталабон ба иттилооти зарурӣ дар сомонаи Марказ эълону хабар ва маводу матолиб оид ба ҳама масъалаҳои алоқаманд ба Марказ ва ИМД мунтазам ва сари вақт нашр карда мешаванд. Бо мақсади омодагии довталабон ба ИМД кори низоми “Худро бисанҷ”, ки дар ҳолати бархат (онлайн) барояшон дастрас аст, бидуни фосила таъмин карда шуд. Довталабон имкон доранд, ки аз ин хизматрасонӣ истифода намоянд ва ба ин восита дараҷаи донишу малакаи худро санҷанд, бо намунаи саволу масъалаҳои барои ИМД пешбинишуда, бар замми ин, бо тарзи иҷрои тестҳои имтиҳон шинос шаванд. Пойгоҳи саволу масъалаҳои тест, ки дар хизматрасонии “Худро бисанҷ” ба кор бурда мешавад, пайваста аз ҳисоби саволномаҳои тести ИМД-и солҳои пеш навсозӣ ва пурра мегардад. Бо истифода аз хизматрасонии мазкур довталабон ва дигар хоҳишмандон имкон доранд, ки худро дар доираи имтиҳони қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) бисанҷанд. Пас аз дохил шудан ба низом метавон имтиҳони қисми А ё қисми Б-ро пурра аз рӯйи ҳамаи субтестҳои ба гурӯҳи ихтисосҳои интихобгардида дахлдор ё субтести алоҳидаро аз ягон қисми имтиҳон интихоб карда супорид.
Ногуфта намонад, ки бо вуҷуди пешниҳоди чунин имконот омори истифода аз ин хизматрасонӣ нишон медиҳад, ки на ҳамаи довталабон аз он истифода мекунанд. Ҳол он ки ба ҳар як довталаб донистани тарзи иҷрои тест хеле муҳим аст, зеро ин имкон медиҳад, ки ӯ дар вақти имтиҳони воқеӣ ба хато роҳ надиҳад ва бахусус, варақаи ҷавобҳоро дуруст пур кунад.
- Масъалаи бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2022, омодагӣ ба имтиҳонҳо, омӯзиш ва интихоби тренерон ва кормандони муваққатии дигар барои ташкилу баргузории ИМД-2022 паҳлуи дигари фаъолияти Марказ буд, ки шумо дар ин муддат анҷом додед. Мегуфтед, ки чӣ тафовут ё бартарӣ дар соли ҷорӣ ба назар гирифта шуд дар ин самт?
- Бақайдгирии довталабон яке аз марҳалаҳои муҳимми ИМД буда, барои гузаронидани он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои махсус таъсис дода мешаванд. Мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ташкил карда мешаванд. Тартиби интихоби муассисаҳои таълимиро, ки дар заминаи онҳо нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳониро ташкил кардан мумкин аст, Марказ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тасдиқ менамояд. Марказ бо мақсади шаффоф, дастрас ва озод баргузор кардани бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2022, тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 7-уми феврали соли 2022, № 156, дар 60 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар 34 шаҳру ноҳия 40 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил кард. Нуқтаҳои мазкур барои фаъолият дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ, ки чун солҳои пеш аз 1-уми март оғоз карда шуд, пешбинӣ гардида буданд. Шумораи умумии шаҳру ноҳияҳое, ки соли 2022-юм дар онҳо нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шуд, нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2021‑ум 1-то зиёд аст. Марказ бо мақсади иттилоърасонӣ дар бораи раванди номнависии довталабон барои иштирок дар ИМД-2022 ва тарғиби он роликҳои видеоиро низ омода намуда, онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин тавассути шабакаҳои телевизионӣ пахш кард. Ҳамзамон, барои фаҳмонидани тартибу қоидаҳо ва бахусус, тарзи дурусти интихоби ихтисосҳо ҳангоми давраи аввали раванди бақайдгирӣ дар шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон” барномаи махсуси пахшаш мустақимро ташкил намуд. Дар ин барнома ба аҳли ҷомеа маълумоти зарурӣ дар бораи ИМД-2022 расонида, паҳлуҳои асосии низоми имтиҳонҳои мазкур тавзеҳ дода шуд. Таҷрибаи солҳои пеш нишон дод, ки бо мақсади таъмини иҷрои хубтари нақшаи қабули донишҷӯён, бахусус, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум – табиӣ ва техникӣ кори як қатор муассисаҳои таълимӣ дар самти таблиғоти ин ихтисосҳо бояд таҳким бахшида шавад. Лозим ба зикр аст, ки тавассути низоми ИМД қабули донишҷӯён аз рӯйи беш аз 800 ихтисос, ки бо дарназардошти муассисаҳои таълимӣ ва шаклу намуди таҳсил зиёда аз 4600 комбинатсияи ихтисосро ташкил медиҳанд, ба роҳ монда мешавад. Тавре ки аз ин омор хулоса баровардан мумкин аст, маълумот вобаста ба ихтисосу комбинатсияҳои ихтисосҳо хеле зиёд аст ва барои таъмини интихоби дурусти ихтисосҳо аз тарафи довталабон ва иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён тамоми воситаҳои ахбори омма бояд ба таври васеъ истифода бурда, ҳамкориҳои муассисаҳои таълимӣ бо Марказ таҳким бахшида шаванд. Вобаста ба ин, барои таблиғи муассисаҳои таълимӣ ва ихтисосҳои онҳо аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбие, ки қабули донишҷӯён ба онҳо тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба роҳ монда мешавад, дархост карда шуд, ки дар нуқтаҳои бақайдгирӣ гӯшаҳои иттилоотию тарғиботии худро ташкил намоянд. Маълумоти аз нуқтаҳои бақайдгирӣ дар аввали раванди номнависӣ ҷамъоваришуда нишон дод, ки аз 109 муассисаи таълимии дахлдор ҳамагӣ 28-тоашон дар ин нуқтаҳо гӯшаҳои иттилоотии худро ташкил намудаанд, ё ба онҳо маводи иттилоотии худро фиристодаанд, ки ин боиси камтар интихоб шудани ихтисосҳои пешниҳодкардаи ин муассисаҳои таълимӣ гардид. Марказ бо мақсади барои муассисаҳои таълимӣ дастрас кардани маълумоти оморӣ оид ба рафти бақайдгирии довталабон дар заминаи сомонаи расмии худ бахши иттилоотии ҳар як муассисаи таълимиро фаъол кард. Дар ин бахш ҳамаи маълумоти барои муассисаҳо зарурӣ ҷой дода мешавад (маълумот дар бораи муассиса, нақшаи қабул, маълумоти оморӣ доир ба интихоби муассиса ва ихтисосҳои он ва ғайра).
Мувофиқи мақсад аст, ки шахсони ваколатдори муассисаҳои таълимӣ мунтазам бо омори интихоби ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ шинос шуда, барои таблиғи ихтисосҳое, ки довталабон онҳоро кам интихоб мекунанд, чораҳо андешанд. Истифодаи васеи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла, телевизиону радио барои таблиғи ихтисосҳо, бахусус, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум – табиӣ ва техникӣ хеле муҳим аст. Марказ бо мақсади осонии раванди бақайдгирӣ ва сарфаи вақти довталабон ва кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар заминаи сомонааш хизматрасонии “Пешномнависӣ”-ро (бақайдгирии пешакӣ тавассути шабакаи Интернет) аз 20-уми феврал фаъол ва дар ин бора дар сомонаи худ эълонро нашр кард. Низоми мазкур дар ҳолати бархат ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ маълумоти заруриро барои бақайдгирӣ (ному насаб, таърихи таваллуд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ҷойи истиқомат, рақам(ҳо)и телефон барои тамос, нишонии почтаи электронӣ, муассисаи таълимии дар он таҳсилкунанда (таҳсилкарда), комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкарда аз рӯйи бартарияшон, забон ва макони имтиҳонсупорӣ, макони фиристодани даъватнома ва ғайра) омода карда, баъдан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҷиҳати расман номнавис карданаш ҳозир шавад. Ҳарчанд аз ҷорӣ гардидани ин хизматрасонӣ се сол гузашта бошад ҳам, то ҳанӯз шумораи шахсони аз он истифодакарда қонеъкунанда нест. Ҳол он ки Марказ дар ҳамаи маводу матлабҳои иттилоотию методии таҳиякардаи худ, ки онҳоро дар шакли чопӣ ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электрониашонро дар сомонаи худ ҷой додааст, дар бораи имкониятҳои ин хизматрасонӣ маълумоти муфассал додааст. Барои маълумот додан дар бораи раванду марҳалаҳои пас аз бақайдгирӣ ба довталабон дар ИМД-2022 “Ёддошт барои довталаб” таҳия ва ба ҳар довталаб пас аз номнавис шуданаш ройгон дода шуд. Инчунин, барои мусоидат дар интихоби комбинатсияҳои ихтисосҳо “Феҳристи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комбинатсияҳои ихтисос ва ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус”, “Номгӯйи бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи дар муассисаҳои таълимии тиббӣ таҳсил карданро надоранд” бо забонҳои тоҷикиву русӣ таҳия ва нашр карда шуда, ба ҳар як нуқтаи бақайдгирӣ дастрас гардонида, гунаи электронии онҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода шуданд.
Тавре ки маълум аст, солҳои пеш пардохти маблағи хизматрасонӣ тавассути филиалҳои бонки мазкур танҳо бо истифода аз шакли муқарраргардидаи расид сурат мегирифт. Имсол барои хоҳишмандони иштирок дар ИМД низ имкони пардохти маблағи дахлдор дар яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Амонатбонк ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” фароҳам оварда шуд. Довталабон маблағи дахлдорро пешакӣ пардохт карда, рақами расиди пардохтро бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод мекунанд. Мутобиқи тартиби муқарраршуда бақайдгирии довталабон дар ду марҳала – асосӣ ва иловагӣ ба нақша гирифта шудааст.
Марҳалаи 1-ум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон аз 1‑уми март оғоз гардида, дар ин давра (то 30-юми апрел) ҷиҳати дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамагӣ 80861 нафар довталаб аз қайд гузаштанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2020‑ум 16067 нафар (16,58 %) ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2021‑ум 9155 нафар (10,17 %) кам аст. Лозим ба зикр аст, ки ҳамасола пас аз анҷоми бақайдгирии довталабон ва гузаронидани озмуни қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти довталабони номнависшудае, ки ба гирифтани квотаи мазкур сазовор гардидаанд, дар низоми иттилоотии “Довталаб” ғайрифаъол карда мешаванд. Инчунин, ҳамасола довталабони дигари номнависшудае ҳастанд, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза навишта, бо сабабҳои гуногун (аз ҷумла, дохил шудан ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар, даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, идомаи таҳсил, беморӣ) аз иштирок дар ИМД даст мекашанд.
Шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2022 номнависшуда ҳамагӣ 84,40 %-ро аз шумораи ҷойҳои нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои 2020-2021-ум (фарқи ҳиссаҳо) мувофиқан 36,58 % ва 19,9 % кам аст. Лозим ба зикр аст, ки шумораи ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои соли 2022-юм ҷудогардида, ки 95808-торо ташкил медиҳад, нисбат ба ҳамин нишондиҳандаҳои солҳои 2020-2021 мувофиқан 15689-то (19,58 %) ва 9501-то (11,01 %) зиёд аст. Аз ин лиҳоз, бинобар ду омили зикргардида – кам будани шумораи довталабони номнависшуда ва, баръакс, зиёд будани шумораи ҷойҳои нақшавӣ нисбатан дар ин сол боз ҳам пасттар гардидааст.
Марказ барои онҳое, ки худро дар марҳалаи асосӣ номнавис карда натавониста буданд, марҳалаи иловагии бақайдгириро барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур аз 10-ум то 30-юми июн ба роҳ монд. Ин марҳила, ки тибқи нақшаи қаблӣ танҳо дар шаҳри Душанбе бояд гузаронида мешуд, дар шаҳру ноҳияҳои дигари интихобшуда, аз ҷумла, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғараю Рашт низ ба роҳ монда шуд. Дар ин марҳила ҳамагӣ 1857 нафар довталаб аз қайд гузаштанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2020‑ум 1613 нафар (46,48 %) кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2021‑ум 342 нафар (22,57 %) зиёд аст. Инчунин, дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2022 ҷиҳати дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамагӣ 583 нафар довталаб аз қайд гузаштанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2020‑ум 247 нафар ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2021‑ум 246 нафар зиёд аст. Дар муқоиса бо нақшаи қабули донишҷӯён имсол ҳам шумораи камтарини довталабони номнависшуда ба гурӯҳи ихтисосҳои 1‑ум (табиӣ ва техникӣ) рост меояд, ки он ҳамагӣ ба 50,00 %‑и ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ баробар аст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи солҳои 2020-2021-ум мувофиқан 30,51 % ва 15,69 % камтар аст. Тибқи ин нишондиҳанда, соли 2022-юм дар ҷойи дуюм гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) бо 64,76 %‑и шумораи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ қарор дорад, ки дар муқоиса ҳиссаи довталабон вобаста аз нақшаи қабули донишҷӯён дар доираи ин гурӯҳ камтар гардидааст. Муқоисаи ҳиссаи духтарони барои иштирок дар ИМД‑2022 аз рӯйи бартарӣ дар вилояти Суғд буда, чун ҳарсола, теъдоди духтарон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон камтар ва аз минтақаи ВМКБ қариб бетағйир мондааст.
Агар шумораи довталабони номнависшударо барои иштирок дар ИМД-2022 нисбат ба нақшаи қабули донишҷӯён дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо таҳлил намоем, чун пештар шумораи бештари довталабон нисбат ба нақшаи қабул ба гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) рост меояд, ки он ба 204,65 % баробар аст. Тибқи ин нишондиҳанда соли 2022-юм дар ҷойи дуюм гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) бо 76,75 %‑и шумораи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ қарор дорад. Дар заминаи умумии асосӣ (синфи 9-ум) низ дар муқоиса бо нақшаи қабули донишҷӯён дар соли 2022-юм шумораи камтарини довталабони номнависшуда ба гурӯҳи ихтисосҳои 1‑ум (табиӣ ва техникӣ) рост меояд, ки он ҳамагӣ ба 31,83 %‑и шумораи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ баробар аст. Дар ҷойи дуюм гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) бо 47,13 %‑и шумораи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ қарор дорад. Ҳиссаи довталабон вобаста аз нақшаи қабули донишҷӯён дар ин гурӯҳ ҳам нисбат солҳои қаблӣ камтар аст. Мавриди зикр аст, ки дар ду марҳалаи бақайдгирӣ (асосӣ ва иловагӣ) 1522 нафар довталаби имтиёздор барои иштирок дар ИМД-2022 ба қайд гирифта шуданд (ниг. ба ҷадвали 2.8).
Ҷадвали 2.8. Шумораи умумии довталабони дорои имтиёзи барои иштирок дар ИМД-2022 бақайдгирифта аз рӯйи ҷинс.
Р/т | Гурӯҳи довталабони имтиёздор | Ҳамагӣ | Аз ҷумла | |
духтар | писар | |||
1 | Ятими кулл | 223 | 112 | 111 |
2 | Бепарастор | 7 | 1 | 6 |
4 | Кӯдаки маъюб | 300 | 126 | 174 |
5 | Маъюби гурӯҳи 1 | 24 | 8 | 16 |
6 | Маъюби гурӯҳи 2 | 154 | 76 | 78 |
7 | Ғолиби олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ | 406 | 184 | 222 |
8 | Хизмати ҳарбиро адокарда | 293 | 293 | |
9 | Фарзанди хизматчии ҳарбии дар вақти хизмати ҳарбӣ ҳалокшуда | 9 | 3 | 6 |
10 | Шахси дар соҳаи варзиш дастоварддошта | 97 | 13 | 84 |
11 | Шахси дар соҳаи санъату фарҳанг дастоварддошта | 9 | 4 | 5 |
ҶАМЪ | 1522 | 527 | 995 |
Аз 406 довталаби ғолиби олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии дар ду марҳалаи бақайдгирӣ (асосӣ ва иловагӣ) барои иштирок дар ИМД-2022 номнависшуда, 52 нафарашон ғолиби ҷойи 1-ум, 119 нафарашон ғолиби ҷойи 2-юм ва 235 нафарашон ғолиби ҷойи 3-юм мебошанд. Шумораи довталабоне, ки дар ду марҳалаи бақайдгирӣ (асосӣ ва иловагӣ) барои иштирок дар ИМД-2022 ҳамчун нимятим номнавис шудаанд, 4718 нафар (2420 духтар ва 2298 писар)-ро ташкил дод.
- Як омиле, ки барои пешрафти фаъолияти марказ хуб мусоидат менамояд, ба интихоби тренерон ва кормандони муваққатӣ барои ташкилу баргузории ИМД-2022 рабт дорад. Дар ин маврид вазъият чӣ гуна аст?
- Бо мақсади омодагӣ барои гузаронидани ИМД-2022 Марказ аз 23-юм то 27-уми майи соли 2022 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб семинарҳои омӯзиширо барои тренерони кормандони муваққатӣ доир кард. Бо ин мақсад барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасон омода карда шуд. Пас аз ду рӯзи дарсӣ мавқеи шунавандагон тавассути саволномаҳо ва дар асоси талаботу принсипҳои муқарраршуда арзёбӣ карда шуданд. Дар натиҷа аз байни 52 нафар 34 нафар ба ҳайси тренер интихоб ва ба кори муваққатӣ ба Марказ ҷалб карда шуданд. Инчунин, барои омодагӣ ба баргузории ИМД-2022 Марказ аз 6-ум то 16-уми июни соли 2022 дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (25 нуқта) семинарҳои омӯзиширо барои кормандони муваққатӣ: роҳбари маркази имтиҳонӣ, ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, маъмур ва маъмури калони маркази имтиҳонӣ ва бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ баргузор кард. Ҳайати гурӯҳи корӣ пас аз ду рӯзи дарсӣ аз ҷумлаи шунавандагон дар асоси дарсҳои омӯхтаашон (бо такя ба барнома, модули омӯзишӣ ва маводди иловагии ёрирасон) бо пешниҳоди саволномаҳо, баъди арзёбии донишу маҳораташон дар асоси талаботу принсипҳои муқарраршуда 1885 нафарро тибқи вазифаҳои номбурда интихоб ва ба кори муваққатӣ дар Марказ ҷалб кард. Инчунин, барои ҷалб шудан ба ҳайси намояндаи ваколатдори Марказ дар марказҳои имтиҳонӣ 98 нафар аз шахсони хоҳишманд 54 нафар тибқи вазифаи номбурда интихоб ва ба кори муваққатӣ ба Марказ ҷалб карда шуд. Бо мақсади арзёбии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ барои интихоб ва ташкили марказҳои имтиҳонӣ ҷиҳати баргузории ИМД-2022 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳ аз 11-ум то 22-юми апрел 65 муассисаи таълимиро дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ арзёбӣ карда, лоиҳаи ҷойгиршавии синфхонаю дигар ҳуҷраҳо онҳоро, ки барои баргузории имтиҳон заруранд, пешниҳод намуданд. Бо дарназардошти шумораи довталабон ва тақсимоти онҳо ба синфхонаҳои имтиҳонӣ, соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар 46 маркази имтиҳонӣ 1269 синфхонаи имтиҳонӣ омода карда шуд. Барои шаффоф гузаронидани имтиҳонҳо дар ин марказҳо аз ҳисоби фаъолони шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ ташкил карда шуд, ки тибқи тартиби муқарраргардида онҳо раванди имтиҳонҳоро дар марказҳои имтиҳонӣ назорат мекунанд. 29-уми июни соли 2022 дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф вохӯрии роҳбарияти Маркази миллии тестӣ ва намояндагону роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ваколатдори Марказ ва роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ сурат гирифт. Ҳадаф аз ин вохӯрӣ фаҳмонидани аҳамияти риояи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти имтиҳонҳо ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани имтиҳонҳо буд. Ҷиҳати расонидани маълумоти зарурӣ ва саривақтӣ оид ба марҳалаю равандҳои гуногуни ИМД-2022 Марказ бо Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ карда, барои огоҳ гардидани тамоми алоқамандони имтиҳонҳои мазкур аз талаботу қоидаҳо ва тартиби баргузории имтиҳонҳо ва масъалаҳои муҳимми дахлдор чораҳои зарурӣ андешид.
- Яке аз вазифаҳое, ки дар назди Марказ, дар баробари иҷрои мақсаду вазифаҳои оинномавияш гузошта шудааст, баргузор кардани олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ аст. Марказ дар ин самт мавқеи худро чӣ тавр нишон дода тавонист?
- Тибқи банди 16-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханрониашон бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 1-уми сентябри соли 2014 баён намуданд, масъулияти баргузории олимпиадаҳо бар зиммаи Маркази миллии тестӣ вогузор шуд. Вобаста ба ин, Марказ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” мувофиқи низомномаҳои тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илм соли ҷорӣ олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе рӯзи 2-юми апрел аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва 15-уми апрел аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ гузаронида шуд. Инчунин, 15-уми апрел дар Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Тибқи тартиби муқарраргардида, дар олимпиада абзори санҷиши донишу маҳорат аз ҳамаи фанҳо, ба истиснои фанни технологияи иттилоотӣ, тест ва кори хаттӣ буд. Олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ дар намуди ҳалли масъалаҳо ба воситаи компютер сурат гирифт. Лозим ба зикр аст, ки пас аз эълони натиҷаҳои олимпиадаҳо ба иштирокдорони олимпиадаҳо имкон дода шуд, ки дар ҳолати норозӣ буданашон аз холҳои гузоштаи Марказ аризаи апеллятсионӣ пешниҳод кунанд. Вобаста ба ин, дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар рӯзҳои эълони натиҷаҳои олимпиадаҳо комиссияи апеллятсионӣ фаъолият кард. Олимпиадаҳо дар асоси принсипҳои воқеият (объективӣ) дар санҷишу баҳогузорӣ, шаффофияту мустақилияти равандҳои баргузории озмунҳо, таъмини дастёбии баробар ба олимпиада ва истифодаи васеи техникаю технологияи муосир дар сатҳи зарурӣ гузаронида шуд. Мушоҳида мешавад, ки соли ҷорӣ, баръакси солҳои пеш, иштирокдорон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар олимпиадаҳо нисбат ба довталабони литсей, гимназия ва мактаб-литсейҳои Президентӣ шумораи бештари ҷойҳои ифтихориро ишғол карда тавонистанд. Шумораи бештари ҷойҳои ифтихориро дар олимпиадаҳои соли ҷорӣ, чун дар солҳои 2018‑2021-ум, аз фанҳои ҳам равияи табиӣ-риёзӣ ва ҳам равияи ҷамъиятӣ‑гуманитарӣ иштирокдорон аз шаҳри Душанбе ишғол кардаанд.
- Ташкили озмун тариқи Маркази барномаҳои байналмилалӣ имкони дигаре барои довталабон аст. Назари Шумо ба ин самт чӣ гуна аст?
- Марказ тибқи дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 8-уми апрели соли 2022, № 20(100)02-65) бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар озмуни дохилшавӣ ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва аз 11-ум то 21-уми апрел дар дафтари асосӣ ва бахшҳои минтақавии худ (дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Данғара ва Рашт) ба роҳ монд. Дар ин давра барои иштирок дар озмуни мазкур ҳамагӣ 54 нафар довталаб номнавис карда шуданд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2021-ум 135 нафар кам аст. Барои қабули донишҷӯён аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва 5 бурсия (квота)-и таҳсилӣ ҷудо шуда буд. Аз 54 нафар довталаби номнависшуда дар озмун ҳамагӣ 40 нафарашон иштирок доштанд. Марказ тибқи супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2-юми марти соли 2022, № 4/26-08) бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар озмуни дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” аз 11-уми апрел то 20-уми июн дар дафтари асосӣ ва бахшҳои минтақавии худ (дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Данғара ва Рашт) низ ба роҳ монд. Барои иштирок дар озмуни мазкур 227 нафар довталаб номнавис карда шуд. Дар ин доира ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар аз рӯйи 26 ихтисос дар зинаи бакалавр ва мутахассис 1-ҷойӣ ҷудо шуда буд. Аз 227 нафар довталаби номнависшуда дар озмун 125 нафарашон иштирок доштанд. Тавре ки аз ин омор мушоҳида кардан мумкин аст, давомоти иштирок дар озмуни номбурда нисбат ба озмуни дохилшавӣ ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва хеле паст аст.
Тибқи дархости Маркази барномаҳои байналмилалӣ, Марказ барои озмуни дигар ҷиҳати дарёфти бурсияҳои таҳсилии ҷумҳуриҳои Беларус ва Қазоқистон маводи имтиҳониро дар шакли тест таҳия намуд. Варақаҳои ҷавобҳои пуркардаи иштирокдорони ин озмунро Марказ коркард ва маълумотро вобаста ба натиҷаҳои он барои интихоби довталабон ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ пешниҳод кард. Марказ тибқи тартиби муқарраркарда ва дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аз ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо ва шаҳру ноҳияҳо саволномаҳоро таҳия кард, ки ҳар кадом 3-субтестиро дар бар мегирифт. Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва махфияти маводи мазкур Марказ ҳангоми таҳия ва бастабандии он барои ҳар як шаҳру ноҳия дар доираи ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо таҷрибаи дар ИМД амалишударо истифода кард. Барои бастабандии маводи мазкур лифофаҳои эмин, қуттиҳои махсус ва воситаҳои огоҳониши бехатарӣ истифода карда шуд, ки махфият ва бехатарии ин маводро ҳангоми интиқол таъмин мекунад. Мувофиқи дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи имтиҳонӣ бояд барои 62 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, ки теъдоди ҷойҳо тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо 1285-то -ро ташкил медод, омода карда мешуд. 612 саволнома дар доираи ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо барои ҳар шаҳру ноҳияе, ки аз онҳо тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ қабул карда мешаванд, 2‑вариантӣ, инчунин, дар доираи ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо вобаста аз ҳар як минтақа 2‑вариантии дигар (барои 6 минтақа, дар маҷмуъ 60 вариант) барои истифодаи эҳтиётӣ таҳия, чоп ва бастабандӣ карда шуд.
– Албатта, ҳар кор дар баробари муваффақиятҳо, мушкилӣ ҳам дорад. Дар фаъолияти Маркази миллии тестӣ монеаҳо кадомҳоянд ва роҳҳои ҳалли онҳоро чӣ тавр метавон дарёфт?
- Чун ҳарсола мушкилоти асосӣ дер пешниҳод гардидани нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ин боиси дертар ба чоп расондани “Роҳнамои довталаб” ва аз даст додани таъҷилият дар иҷрои корҳои иттилоотиву таблиғотӣ гардид. Ҳол он ки тибқи банди 21‑уми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст, ҳамасола нақшаи қабули донишҷӯён на дертар аз 10-уми ноябр дар шакли ниҳоӣ ба Марказ бояд пешниҳод карда шавад ва пас аз пешниҳод дигар ба он тағйирот ворид нагардад. Мушкили дигар рабт дорад ба мувофиқат накардани ном ва рамзи қисме аз ихтисосҳои дар нақшаи қабул овардашуда бо таснифоти давлатии тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Азбаски ном ва рамзи қисме аз ихтисосҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба таври гуногун дода шудааст, дар аксари ҳолатҳо гузаронидани чунин таҳлилҳо мушкил ва ё ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, мақомоти ваколатдори давлатиро зарур аст, ки барои ба таснифоти тасдиқшуда мутобиқ гардонидани ном ва рамзи ихтисосҳои дахлдор чораҳои зарурӣ андешад. Баъди ворид кардани маълумоти нақшаи қабули донишҷӯён ба низоми иттилоотии “Довталаб” ва насбу танзими истгоҳҳои кории бақайдгирӣ, ки вақти муайянро талаб мекунад, пешниҳод гардидани дархостҳо аз тарафи муассисаҳои таълимии алоҳида ба Марказ барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба нақшаи қабули донишҷӯён мушкили дигарест, ки ба кори мо халал ворид месозад. Ворид кардани тағйиру иловаҳо ба низоми номбурда ва истгоҳҳои кории бақайдгирӣ боиси халалдор гардидани корҳои дигари нақшавии Марказ ва нофаҳмиҳо дар байни довталабон мегардад. Тавре ки солҳои пеш низ қайд гардида буд, ҳолати мазкур боиси норозигии довталабоне мегардад, ки пеш аз ворид кардани чунин тағйиру иловаҳо дар нақшаи қабули донишҷӯён худро номнавис кардаанд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки баъд аз ворид кардани маълумоти нақшаи қабули донишҷӯён ба низоми иттилоотии “Довталаб” ва истгоҳҳои кории бақайдгирӣ ба он тағйироту иловаҳо ворид карда нашавад.
Ташвишовар паст будани нишондиҳандаи интихоби гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ва 2-юм (иқтисод ва география) аст, ки барои ислоҳи ин кор муассисаҳои таълимии дахлдор тарғибу таблиғи ин ихтисосҳоро барои хатмкунандагон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
- Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво.
Саидаи ФАЗЛ –
махсус барои маҷаллаи
“Маорифи Тоҷикистон”