Яке аз падидаҳои навини ислоҳот дар соҳаи маориф гузаштан ба низоми маблағгузории сарикасист. Ин низом тавонист ба рушди маорифи Тоҷикистон, бахусус, мактабдорӣ ва паҳлуҳои он мусоидат намояд. Айни замон баъзе ҳолатҳое низ дар ин ҷараён ҷой доранд, ки таваҷҷуҳ ба онҳо дар ояндаи наздик бар суди кор аст. Атрофи ин мавзӯъ суҳбате доштем бо Шодибег ҚОДИРОВ, номзади илмҳои иқтисодӣ.
— Мехостем донем, ки зарурати рӯ овардан ба маблағгузории сарикасӣ аз куҷо пайдо шуд? Дар Тоҷикистон барои татбиқи принсипҳои маблағгузории сарикасии (меъёрии) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чӣ гуна иқдомҳо сурат гирифтаанд?
— Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон роҷеъ ба татбиқи маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) бори аввал соли 2004 иқдом намуд. Чунончи, 30 июни соли 2004 Нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маорифро барои солҳои 20042009 ба тасвиб расонид, ки он аз муҳимтарин санадҳои ислоҳоти соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Дар ин асос Қарори Ҳукумати ҶТ оид ба маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Ёвон ва Хоруғ таҷриба карда шуд. Баъд аз анҷоми таҷриба ва хулосабарориҳои вазоратҳои молия ва маориф 30 июни соли 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори №350 “Дар бораи марҳилаҳои гузариши муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шаклҳои нави идоракунӣ ва маблағгузорӣ”-ро ба тасвиб расонд. Тибқи ин нақша то соли 2011 механизми маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ҷорӣ гардид. Он механизми ташаккул ва тақсими маблағҳои буҷетӣ ба муассисаи таълимӣ ва муайян намудани хароҷоти муассисаҳои таълимӣ вобаста ба шумораи хонандагон (таълимгирандагон, донишҷӯён) мебошад. Ин механизмро бори аввал солҳои 60-уми асри гузашта яке аз иқтисодчиёни маъруф, барандаи ҷоизаи Нобелӣ Милтон Фридман пешниҳод карда буд ва он дар илмҳои иқтисодӣ бо номи назарияи Ваучерҳои маърифатӣ маъруф мебошад. Татбиқи ин назария дар ИМА, Австралия, Фаронса солҳои 70-уми асри гузашта ва дар кишварҳои пасошӯравию Булғория баъд аз соли 2000 сурат гирифтааст. Гузариш ба низоми маблағгузории сарикасии муассисаҳои таълимӣ ҳадафҳои зеринро дар назар дорад: афзоиши самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ; таъмини мустақилияти муассисаҳои таълимӣ дар масъалаҳои банақшагирии хароҷоту даромадҳо; ҳавасмандии рақобати байни муассисаҳои таълимӣ барои баланд бардоштани сифати таълим; фароҳам овардани заминаҳо барои таъмини адолати иҷтимоӣ, сарфакории маблағҳо ва тақсимоти мақсадноки онҳо.
— Аз нигоҳи Шумо, татбиқи ин механизм чӣ гуна сурат мегирад ва фаъолият дар он ба чи ранг аст?
— Дар механизми маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чанд қоидаи хос мавҷуд аст, ки донистан ва риояи онҳо шарти зарурии татбиқи ҳамин гуна усули маблағгузорӣ мебошад. Масалан:
1. Маблағҳо ба муассисаи таълимӣ ба тариқи пакети ягона, аз рӯйи формулаи муайян, бе назардошти тақсимоти он ба моддаҳои таснифи буҷетӣ ворид мешаванд. Пеш аз пешниҳоди рақамҳои контролӣ ба муассисаҳои таълимӣ, шуъбаҳои маориф уҳдадоранд, ки таҳлили компютерии буҷети ҳар як мактабро анҷом диҳанд. Ҳар муассисаи таълимӣ мустақилона пакети худро (маблағи умумӣ) мутобиқи гурӯҳбандии буҷетӣ, дар асоси меъёр ва коэффисиентҳои махсус, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, тақсим менамояд.
2. Дар сурати нарасидани буҷети баъзе муассисаҳои таълимӣ барои пӯшонидани Фонди музди меҳнат, мақомоти молияи шаҳр/ноҳия ҳуқуқ дорад, ки то 5 фоизи маблағҳои барои мактабҳо пешбинишударо аз нав тақсим намояд, ин миқдор наметавонад дар сатҳи ноҳия ҳамчун захира нигоҳ дошта шавад. Пас аз азнавтақсимкунии маблағҳо аз тарафи мақомоти молияи шаҳр/ноҳия муассисаҳои таълимӣ бояд на камтар аз 95 фоизи маблағи дар сметаашон нишондодашударо дар давоми сол гиранд ва истифода намоянд.
3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду навъи меъёр мавҷуд аст: меъёр ба сари ҳар як хонанда ва меъёр барои навъи муассисаҳои таълимӣ. Ин меъёрҳо тамоми хароҷоти ҷориро, ғайр аз хароҷоти сохтмони асосӣ ва хароҷоти маблағҳо барои гузаштани курсҳои бозомӯзии омӯзгорон, дар бар мегиранд. Ин дар ҳақиқат муносибати чандир ва дуруст ба шумор меравад, зеро ҳаҷми хароҷот барои ҳар хонанда дар Тоҷикистон дар бисёр мавридҳо ба ҳаҷми муассисаи таълимӣ ва таъмини хароҷоти тадриси барномаи таълими миллӣ вобаста аст.
4. Ғайр аз ин, дар ҳар мактаб хароҷотҳое мавҷуданд, ки доимӣ (тағйирнаёбанда) мебошанд ва ё ҳамзамон, бо тағйир ёфтани шумораи хонандагон зуд тағйир намеёбанд, зеро муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи андозаи худ тафовути ҷиддӣ доранд. Ғайр аз меъёрҳои мазкур, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарибҳо (коэффитсиентҳо)-и ноҳиявӣ истифода мешаванд, ки барои баҳисобгирии баъзе омилҳои таъсиррасон татбиқ мешаванд. Ба чунин омилҳо хусусиятҳои нақшаи таълим, иловапулиҳо ба маош, ки тибқи қонунгузории ҷорӣ муайян шудаанд, зичии аҳолӣ ва ҳамчунин, шароити иқлимии ноҳия (аксаран бардавомии мавсими гармкунӣ ва ҳарорати миёнаи ин мавсим) дохил мешаванд, ки барои ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия (шаҳр) қобили қабуланд.
5. Буҷети муассисаи таълимӣ тибқи маблағгузории сарикасӣ аз ҷониби роҳбарият (директор ва муҳосиб) мустақилона таҳия гардида, бо мақоми худидоракунии мактаб (Ассотсиатсияи волидон ва муаллимон ё Кумитаи падару модарон) баррасӣ карда мешавад. Пас аз таҳия ва мувофиқаи буҷет директори муассисаи таълимӣ онро барои тасдиқ ба шуъбаи маориф ва сипас барои мувофиқа ба раёсати молияи ноҳия (шаҳр) мефиристад. Раёсати молияи ноҳия (шаҳр) сметаи мувофиқашуда ва тасдиқшударо ба хазинадории ноҳия (шаҳр) барои маблағгузории минбаъда ирсол мекунад.
— Оё татбиқи маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар Тоҷикистон ислоҳоти самаранок гуфта метавонем?
— Бале, ман фикр мекунам, татбиқи маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз унсурҳои хело муҳим ва мувафаққи ислоҳоти соҳаи маориф дар солҳои истиқлолият ба ҳисоб меравад. Азбаски айни ҳол мушкилот дар маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хело зиёд ба назар мерасад, шояд бисёриҳо ба ин фикр розӣ шуда натавонанд. Барои тақвияти фикр метавонам якчанд далел аз натиҷаҳои таҳлили худ биёрам. Масалан, то соли 2005 директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ намедонист, ки буҷаи муассиса чӣ миқдорро ташкил медиҳад ва барои харидории лавозимоти таъмини гигенӣ бояд бо дархост ба раиси ҷамоат ва шуъбаи маориф муроҷиат кард. Айни ҳол ин гуна муносибатҳо ҷой надоранд ва буҷаи муассиса ва маблағҳои молиявии он пурра дар ихтиёри директори муассиса буда, бо дарназардошти талаботи муассиса метавон онҳоро истифода бурд. То татбиқ шудани маблағгузории сарикасӣ хароҷот барои як хонанда дар минтақаҳои ҷумҳурӣ гуногун буд, асосан аз буҷаи маҳал вобастагӣ дошт. Масалан, барои таҳсили як хонанда давлат дар Бадахшон 200 сомонӣ ва 17 «Маорифи Тоҷикистон» – №10, октябри соли 2020 дар Суғд 176 сомонӣ сарф менамуд. Ин гуна муносибат нодуруст буд, зеро барномаи таълим ва стандартҳо барои ҳама хонандагон ягона мебошанд. Айни ҳол ҳар як хонанда, новобаста аз минтақаи зист, аз давлат дар асоси меъёри ягона, шафоф ва пешакӣ маълумшуда маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳамчунин, то татбиқи маблағгузории сарикасӣ сарфаи нодурусти маблағҳои соҳаи маориф хело ривоҷ ёфта буд ва миқдори синфҳо дар муассисаҳои таълимӣ беасос ва бар зарари буҷаи давлат ташкил карда мешуданд. Мувофиқи маълумотҳои Вазорати маориф ва илм пеш дар давраи пурра ба маблағгузории сарикасӣ гузаштан (соли 2010) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 1423 синф ихтисор карда шуд. Бинобар ҳамин, 1118,3 сарбории омӯзгорон барҳам хӯрд ва аз ин ҳисоб дар соҳаи маориф 5 692 000 сомонӣ сарфа шуд. Дар соли 2010 ин миқдор маблағ на барои пардохти музди меҳнати кормандони мактабҳо, балки барои баланд бардоштани пояи моддию техникии мактабҳо равона карда карда шуда буд. Ҳиссаи хароҷоти ғайри музди меҳнат дар буҷети маориф аз 4 то 26% афзоиш ёфту муассисаҳо имконияти молиявии беҳтар намудани базаи моддию техникиашонро пайдо намуданд. Усули маблағгузории сарикасии муассисаҳои таълимӣ доруи ҳама мушкилоти соҳаи маориф набошад ҳам, дар айни замон як усули пешқадами маблағгузории муассисаҳои таълимӣ дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин ҷиҳат мувофиқи ҳуҷҷатҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020 бояд маблағгузории сарикасӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ҷорӣ карда шавад.
— Тибқи Дастурамал ин низом масъулияти директори мактабро аз ҳама бештар гардонд. Директор ғайр аз ҷараёни таълиму тарбия ба масъалаҳои буҷа низ бояд дахолат кунад. Яъне, ӯ дар ин маврид бояд менеҷер бошад. Бо директорон семинару тренингҳои зиёд ҳам гузарондаанд, аммо… оё метавон бовар кард, ки ҳамаи директорони муассисаҳои таълимӣ менеҷер шуданд?
— Вазифа ва ҳуқуқҳои директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Дастурамал оид ба маблағгузории сарикасӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оварда шудаанд ва онро такрор намекунем. Асли воқеа низ чунин аст, ки бояд директори нав соҳаи хоҷагидорию қонунгузории ҷориро хело хуб донад. Мутаассифона, мо директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро дар ҳеҷ ҷой тайёр намекунем. Танҳо дар доираи курсҳои такмили ихтисос мо ба директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ донишҳои иқтисодӣ ва идоракунӣ медиҳем. Бинобар ҳамин, бояд низоми таъйиноти директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро тағйир диҳем. Директори муассисаи таълимӣ бояд нафаре бошад, ки ҳатман ҷонишин кор карда бошад, ё аз курси такмили ихтисос барои директорон гузашта бошад. Агар чунин нафарро пайдо карда натавонем, касе ки ба вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таъйин мешавад, ҳарчи зудтар бояд курси менеҷменти молиявиро гузарад. Умуман таҷрибаи таъйин намудани муаллими беҳтаринро ба сифати директори муассиса бояд хотима диҳем, зеро таҷриба нишон медиҳад, ки муаллими беҳтарин ҳангоми ба ин вазифа таъйин шуданаш наметавонад ба қисмати зиёди талабаҳо дарс диҳад. Ӯ танҳо ба масъалаҳои ҷории маъмурӣ ҷалб карда мешавад ва чунин ҳолат дар маҷмӯъ ба паст шудани сифати таҳсилот дар муассисаи таълимӣ боис мегардад.
— Ба ҳар сурат, имрӯз дар ҷомеа мухолифон ва мунаққидони низоми маблағгузории сарикасии таҳсилоти миёнаи умумӣ хело зиёданд ва аксари онҳо тамоми мушкилотро марбут ба ҷорӣ намудани ҳамин низом медонанд. Шумо дар ин маврид чӣ нуқтаи назар доред?
— Нуқтаи назари мунаққидони ин низоми маблағгузориро наметавон нодида гирифт, зеро воқеан баъзе мушкилот хело нигаронкунанда ба назар мерасанд. Маблағгузории сарикасӣ низомест чандир ва дар асоси таҳлилҳои мушаххас бояд такмил дода шавад. Мутассифона, дар 7-8 соли охир ягон таҳлили дуруст дар мавриди татбиқи ин низом надорем ва аксари коршиносон намедонанд маркази мушкилэҷодкунӣ дар кадом қутб ҷойгир аст. Бори дигар мехостам таъкид кунам, ки низоми маблағгузории сарикасӣ чандир аст ва дар доираи он роҳи ҳалли дилхоҳ мушкилотро пайдо намудан мумкин аст. Ман фикр мекунам, ки айни ҳол низоми маблағгузории сарикасӣ танҳо бо дарназардошти манфиатҳои мақомоти молия таҳия карда шудааст ва дар аксари мавридҳо хусусият ва манфиатҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро инъикос намекунад. Аз ҳамин ҷиҳат, ин низом он вазифаҳоеро, ки аз нигоҳи назариявӣ бояд иҷро менамуд, иҷро «Маорифи Тоҷикистон» – №10, октябри соли 2020 18 карда натавониста истодааст. Масалан, рақобатро барои сифати беҳтари таҳсилот ва шароити хубтари таҳсил байни муассисаҳои таълимӣ ба вуҷуд наовард, маблағ аз паси хонанда “рафта” наметавонад, мустақилияти молиявии муассисаҳои таълимӣ дар бештари мавридҳо поймол карда мешаванд ва ғайра. Дар баъзе маврид ва дар баъзе ноҳияҳо ба директори муассисаи таълимӣ ҳатто ба таври мустақилона ҳуқуқи харидории ангиштро намедиҳанд, ё ҳатто директори муассиса наметавонад ба таври нақдӣ аз соҳибкори инфиродӣ барои муассисаи таълимӣ маҳлули хлорро харидорӣ намояд. Мустақилияти молиявие, ки дар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ навишта шудааст, дар амал хело кам ба мушоҳида мерасад. Чунин менамояд, ки мо ба қавле, низоми маблағгузории сарикасиро ба қавле, “тоҷикӣ” намудаем. Сарчашмаи асосии мушкилоти маблағгузории муассисаҳои таълимӣ маҳз ҳамин гуна муносибат нисбат ба муассисаҳои таълимӣ мебошад. Масалан, агар хонанда моҳи сентябри соли 2020 аз муассисаи таълимии №5 ба муассисаи таълимии рақами 12 гузарад, маблағ аз паси хонанда намеравад. Муассисаи таълимии рақами 12 барои ин хонанда танҳо баъд аз 1 январи соли 2022 маблағ мегирад. Агар шумораи хонандагони муассисаи таълимии рақами 14 дар соли нави хониш ба миқдори 150 нафар зиёд шавад, ин муассиса яку якбора барои таҳсили онҳо ягон маблағ аз давлат намегирад, яъне дағал карда гӯем, онҳо аз ҳисоби дигарон таҳсил мекунанд. Дар Гурҷистон ва кишварҳои аврупоӣ ваучерҳои махсус ҷорӣ карда шудаанд. Агар хонанда аз як муассиса ба дигар муассиса гузарад, ваучерро низ дар қатори ҳуҷҷатҳояш мебарад. Ваучер қоғази қиматнокест, ки дар асоси он муассисаи таълимӣ аз буҷет барои ин хонанда маблағ мегирад. Муассисаи таълимӣ чӣ қадар ваучери зиёд ҷамъ оварад, ҳамон қадар маблағи бештар аз ҳисоби буҷети давлат мегирад. Мисоли дигаре, ки таваҷҷуҳи Шуморо ба он ҷалб карданиам, он аст, ки дар Тоҷикистон маблағҳои сарфашуда ба буҷети соли оянда зам карда намешаванд, аз ҳамин ҷиҳат муассисаҳо барои сарфаи маблағҳо ҳавасманд нестанд. Масалан, агар дар соли молиявӣ 15000 сомонӣ аз фонди музди меҳнат сарфа шуда бошад, мақомоти молия ба муассисаи таълимӣ иҷозат намедиҳанд, ки онро дар буҷети соли оянда зам кунад. Ҳол он ки дар муассисаи таълимӣ директор метавонад аз ҳисоби таҷдиди назар намудани шартнома бо корхонаҳои таъминкунандаи об, барқ, хизматҳои коммуналӣ ва ғайра маблағҳоро сарфа намояд ва онҳоро андӯхт намуда, барои таъминоти моддии муассиса ё ҳавасмандкунии кормандону муаллимон истифода намояд. Норасоии маблағ, сари вақт пардохт нашудани музди меҳнат ва дигар мушкилот низ аз механизми маблағгузории муассисаҳои таълимӣ вобаста нестанд. Ҳангоми тасдиқи буҷети муассисаи таълимӣ фонди музди меҳнат бе назардошти зиёдшавии музди меҳнат ҳисоб карда мешавад, чунки меъёри минималӣ баландшавии маошро ба инобат намегирад. Мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳо дар ҳолати зиёдшавии навбатии музди меҳнат бо мақсади пардохт намудани норасоии фонди музди меҳнат ҳуқуқ доранд аз ҳисоби маблағҳои буҷетии шаҳр/ноҳия, ки ба ин мақсад пешбинӣ шудаанд, ба буҷети тасдиқшудаи мактабҳо тағйироту иловаҳо ворид намоянд. Дар Арманистон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бевосита аз буҷети ҷумҳуривӣ маблағгузорӣ мешаванд ва ин гуна сиёсат дахолати мақомоти молиявиро камтар намуда, норасоии маблағгузорӣ ва сари вақт маблағгузорӣ шудани муассисаҳои таълимиро таъмин менамояд. Дар Тоҷикистон агар буҷети маҳаллӣ сари вақт андозҳоро ҷамъоварӣ карда натавонад, мақомоти молия наметавонанд дар вақташ ҳама хароҷоти муассисаҳои таълимиро маблағгузорӣ намоянд. Онҳо интизор мешаванд, ки кай аз буҷети ҷумҳуриявӣ субсидия мегиранд. Барои ҳамин муассисаҳои таълимӣ баъзан вақт ҳатто 95 фоизи маблағҳои тасдиқкардаашонро низ намегиранд. Ин гуна мушкилот бениҳоят зиёданд ва ҳалли онҳо аз он вобаста мебошад, ки Вазорати молия ва Вазорати маориф ва илм то кадом дараҷа дар ҳалли онҳо иродаи сиёсӣ ва якдигарфаҳмӣ нишон дода, вазъиятро пурра таҳлил намуда, сиёсати маблағгузории сарикасиро тағйир медиҳанд.
Мусоҳиб Саида НАБИЗОДА,
махсус барои маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон”