Аз муҳимтарин соҳаҳои иҷтимоӣ, ки дар бунёди ҷомеаи солим нақши асосӣ дорад, маориф аст. Маориф он вақт рушд мекунад, ки онро маорифпарварон, мактабшиносон ва соҳибназарон идора кунанд. Маорифи пойтахт ҳамеша аз ин ҷиҳат бартарии хоса дорад. Имрӯз, ки роҳбарии онро яке аз шахсони бомаърифат Баҳром Исмоилзода бар дӯш дорад, хостем донем, ки эшон доир ба масоилу мушкилоти соҳа чӣ назарҳое доранд. Суҳбати мо дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
– Аз муҳимтарин масоили соҳаи маориф таваҷҷуҳ ба мутахассисон ва касбияти онҳост. Баргузории аттестатсияи омӯзгорон, ки ҳамакнун аз 5 ба 3 сол наздик меояд, масъулиятро барои омӯзгор ва роҳбарони соҳа афзуд. Ин ҳолат моро водор менамояд, ки ба сифати кори омӯзгорон бештар назар кунем. Аз нигоҳи Шумо ба пешрафти кори таълиму тарбия кадом омилҳо бештар таъсир мерасонанд: ташкили курсу семинар, таъминоти методӣ ё шароити созгор барои фаъолият?
– Бале, дар ҳақиқат, масъалаи таъминоти мутахассисон ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо аз муҳимтарин паҳлуҳои кори соҳаи маориф маҳсуб меёбанд. Агарчи мутахассисон дар тамоми соҳаҳо омили пешрафти коранд, аммо фикр мекунам, дар соҳаи маориф ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса бояд зоҳир шавад. Зеро омӯзгор бо инсон сарукор дорад, ба ибораи дигар, омӯзгорӣ инсонсозист. Маълум аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ бо сабабҳои гуногун на ҳамеша аз сатҳи дониши мутахассисони ҷавон қаноатмандӣ дида мешавад. Аммо вазифаи мост, ки ин мутахассисонро марҳила ба марҳила тарбия намоем, донишҳои назариявияшонро бо роҳҳои гуногун такмил бахшем, то онҳо дар фаъолият касбияти хуб ҳосил намоянд ва дар пешрафти кори соҳа саҳмгузор шуда тавонанд.
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони касбӣ мунтазам чораҳои зарурӣ меандешад. Имрӯз дар пойтахт 182 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, новобаста аз шакли моликият (132 адад муассисаи буҷетии ноҳиявӣ, 9 адад муассисаи буҷетии мақоми шаҳрӣ ва 41 адади дигар мақоми ҷумҳуриявидошта, тобеи ташкилоту корхона ва хусусӣ) бо фарогирии 253205 нафар хонанда фаъолият мекунанд. Дар муассисаҳои зикргардида 11080 нафар омӯзгор, аз ин 8501 нафар бонуи соҳибмаълумоту соҳибкасб соҳаи маорифи пойтахтро пеш мебаранд.
Ду нуқтаро мехоҳам дар ин ҷо қайд кунам. Яке ин ки, бо наздик омадани фосилаи аз аттестатсия гузарондани омӯзгорон масъулияти мо бештар афзуд, дигаре ин ки, талабот ҳам дигаргунатар сурат мегирад. Масалан, минбаъд роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон дар муддати се сол (на панҷ сол) аз аттестатсия мегузаранд, ки ин онҳоро водор менамояд, бештар омӯзанд, фаъолияти худро пурбортар гардонанд ва барои оянда нақшаи дурнамо сохта тавонанд. Ин масъулият дар назди мо вазифа мегузорад, ки ҳар чи бештар ба сифати кори омӯзгорон таваҷҷуҳ зоҳир намоем, ба воситаи ташкили курсу семинарҳо, таъминоти методӣ ва шароити созгори фаъолият имкон диҳем, ки сифати кори омӯзгорон беҳтар ва боровартар гардад. Дар маҷмуъ, ҳамаи ин омилҳо ба рушди сифати кори омӯзгорон ва таҳсилоти хонандагон таъсири судманд мерасонанд.
– Ба назар мерасад, ки бунёди мактабҳо дар пойтахт торафт вусъат меёбад, аммо таъминоти ҷойи нишаст ҳамоно чун мушкил боқӣ мемонад, чаро? (урбанизатсия (шаҳришавӣ)-и мардум ё сатҳи таваллуд?)
– Дар ҳақиқат, бунёду сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар пойтахт сол то сол вусъати тоза пайдо мекунад. Айни замон, аз ҳисоби маблағҳои Дирексияи иншооти сохтмони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони гимназияи №4-и шаҳри Душанбе дар кӯчаи Соҳилӣ барои 2000 нафар, сохтмони мактаби махсуси зеҳнӣ дар ноҳияи Шоҳмансур барои 640 нафар, сохтмони муассисаи таҳсилоти умумӣ дар шаҳраки 65-ум барои 1200 нафар, сохтмони муассисаи нав дар минтақаи маҳаллаи «Ховарон» барои 1200 нафар, сохтмони муассисаи таълимӣ дар заминаи МТМУ №14 ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои 1100 нафар, аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои нави МТМУ №53 дар ноҳияи И.Сомонӣ барои 1200 нафар, сохтмони муассисаи нави таълимӣ (русӣ) дар кӯчаи Н.Махсуми ноҳияи Сино барои 1224 нафар, аз ҳисоби соҳибкорон ва ширкатҳои ватанӣ сохтмони литсейи №4-и шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансур барои 720 нафар, сохтмони бинои нави Литсей-интернати хусусии «Ҳотам ва ПВ» барои 800 нафар, сохтмони мактаби нав дар маҳаллаи «Меҳробод» барои 1280 нафар, сохтмони мактаби нав дар (ҷ/д Россия) барои 1280 нафар, сохтмони мактаби нав дар кӯчаи М. Турсунзода барои 1280 нафар, сохтмони муассисаи нави таълимӣ дар кӯчаи Р. Амакӣ-2 барои 1200 нафар, дар умум барои 13900 хонанда дар як баст ва 3 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ аз ҷумла, дар кӯчаи М. Турсунзода барои 250 ҷой ва дар кӯчаи Р. Амакӣ-2 2 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ (ҳар яке барои 300 ҷой) оғоз гардида, бо маром идома доранд. Инчунин, бояд қайд намуд, ки корҳои лоиҳакашӣ барои сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ дар маҳаллаҳои алоҳидаи шаҳр оғоз гардидаанд.
Ба ин тариқа, бунёдкорӣ дар пойтахт дар авҷ аст, аммо тавре гуфтед, боз ҳам норасоии ҷойи нишаст мушоҳида мегардад. Ин бесабаб нест. Дар тамоми дунё мардум бештар рӯ ба шаҳр меоранд. Дар кишвари мо ҳам вазъ ҳамин хел аст, ки гуфтем. Дуруст аст, ки бунёдкорӣ дар тамоми манотиқи кишвар ҷараён дорад, аммо талаботи насли наврас раванди шаҳришавии мардумро торафт метезонад. Як омили дигари ҷалби ҷомеа ба шаҳр дар муқоиса дастрас будани манзил ва даромади зиндагӣ дар муҳити васеъ аст. Бунёди биноҳои истиқоматӣ, ки шаҳрро рӯз то рӯз зебову дилкаштар менамоянд, инчунин, афзоиши аҳолӣ мушкили таъминоти ҷойи нишастро дар мактабҳо бештар мегардонанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт, бахусус, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи давлат ва Президенти кишвар ба маориф таваҷҷуҳи хоса дошта, ҳамеша пайи бартараф намудани монеаҳои мавҷуда дар ин самт талош меварзанд. Дар шумори вакилони шаҳрӣ аз соҳаи маорифи пойтахт 6 нафар интихоб шудаанд, ки ин нишони эътимоди мардум ва роҳбариятро ба аҳли соҳа нишон медиҳад. Таъминоти ҷойи нишаст мисли таъминоти мутахассисон пайваста дар тағйирёбӣ буда, моро водор менамояд, ки роҳҳои нав ба нави ҳалли ин мушкилиро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеа ва мақомоти шаҳру ноҳияҳо ҷустуҷӯ намоем.
– Фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, албатта, дар муқоиса ба дигар шаҳру навоҳӣ дар Душанбе бештар аст, аммо боз ҳам наметавон вазъро қонеъкунанда гуфт. Кадом тадбирҳо дар ин самт аз ҷониби Сарраёсат дар назар гирифта шудаанд?
– Дар шаҳри Душанбе 141 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 28063 нафар тарбиягиранда фаъолият менамояд, ки аз ин шумора 93 муассиса буҷетӣ, 11 адад тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 37 адад хусусӣ мебошанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе 1630 нафар мураббӣ ва омӯзгор фаъолият доранд, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли гузашта 27 нафар зиёд мебошад. Агар сатҳи фарогириро ба муассисаҳои томактабӣ дар муқоиса бо дигар шаҳру навоҳӣ гирем, бартарӣ дида мешавад. Масалан, агар дар дигар манотиқи кишвар фарогирӣ 17,2% -ро ташкил диҳад, дар пойтахт он ба 30,4% расидааст. Бо вуҷуди ин наметавон вазъро қонеъкунанда гуфт. Чунки дар шаҳр аксари модарон ба кори ҷамъиятиву давлатӣ банданд ва зарурати ҳар чи бештари фарогирии кӯдакон ҷой дорад. Аз дигар тараф, модароне ҳам, ки хонашинанд, орзуи пешрафти фаъолияти фарзандашонро доранд ва воситаҳо ҷустуҷӯ мекунанд, ки кӯдаконашон ба муассисаи томактабӣ фаро гирифта шаванд. Ин ҳам дар назди мо як навъ вазифагузорист. Яъне, мо бояд воситаҳои гуногуни фарогирии кӯдакони томактабиро ба таҳсил бо кумаки мутахассисон ёфта, аз пайи ҳалли ин масъала гардем. Масалан, ташкили гурӯҳҳои таълимӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ё ташкили кӯдакистонҳои хусусӣ ба нархи дастрастар. Ду мушкил дар мо ҷой дорад: яке, пардохти маблағи таҳсили кӯдакон дар муассисаҳои томактабии хусусӣ, дигаре, таваҷҷуҳи зиёди мардум ба гурӯҳҳои русӣ ва норасоии мутахассисон, ки хоси муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳам ҳаст. Сарраёсати маорифи шаҳр пайи ҳалли ин мушкилот як қатор тадбирҳо дар назар дорад ва умедворем, бо дарёфти имконот ҳама гуна монеаҳо аз роҳи рушди таҳсилоти томактабӣ бартараф мегарданд.
– Масъалаи ҳифзи иҷтимоии омӯзгор дар шароити имрӯза талаботи бештар пайдо кардааст. Шаҳри Душанбе дар ин самт ҳам нисбатан пешсаф аст. Мехостем фаҳмем, ки кадом намуди ҳавасмандиҳо ба омӯзгорони пойтахт пешбинӣ гардидааст?
– Бале, на фақат омӯзгорон, балки тамоми кормандони муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ба дастгирӣ ва таъмини имтиёзҳо эҳтиёҷ доранд. Дар ин росто, эҳтиёҷи омӯзгорон бештар эҳсос мешавад. Албатта, ин бесабаб нест, чунки омӯзгорӣ кори воқеан, вазнин буда, зарурати ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва умуман, кормандони соҳа ба миён меояд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба ин масъала на дар ҳама ҷо баҳои якхела дода мешавад. Вобаста ба имконоти молиявӣ ҳар шаҳру ноҳия кормандони соҳаи маорифро дастгирӣ мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳо ҳатто пардохти музди меҳнати омӯзгорон мушкил дорад, ки ин маънӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза дида мешавад. Хушбахтона, дар шаҳри Душанбе имкониятҳои нисбатан хубтар ва дастрастар ҷой доранд. Аз ҷумла, пардохти саривақтии музди меҳнати омӯзгорон, дастрас гардондани роҳхат ба осоишгоҳҳо, ки ин масъала аз кордониву нақшабандии дурусти кумитаи иттифоқи касаба вобастагии зиёд дорад. Омӯзгорони пойтахт ҳамеша имконияти истифода бурдан аз технологияи имрӯзаро доранд, барои онҳо иштирок дар дилхоҳ курсу семинару конфронс, дастрас намудани дастурҳои методӣ, суҳбат бо муаллифони китобҳои дарсӣ ва мутахассисони соҳа мушкиле надорад. Дар муассисаҳои таълимӣ кумитаҳои падару модарон фаъолият мекунанд. Имрӯз, ки мактабу кӯдакистонҳои мо ба низоми маблағгузории сарикасӣ гузаштаву суратҳисоби худро ҳам доранд, воситаҳои ҳавасмандагрдонии кормандон ҳам мушкили зиёд надорад. Аз беҳтарин воситаҳои ҳавасмандгардонӣ қадршиносии меҳнати омӯзгорони собиқадор, навовар, эҷодкор ва соҳибтаҷриба маҳсуб меёбад.
– Аҳли маорифи пойтахт аз бисёр ҷиҳат имконоти бештари дастрасӣ ба омӯзиш доранд. Чӣ нақшаҳоро интизор бояд шуд, то ба кори омӯзгорон каме сабукӣ ворид шавад?
– Дуруст аст, тавре ишора кардем, шаҳр аз ҳар ҷиҳат имконоти бештар дорад. Аз ҷумла, барои омӯзгорони пойтахт имкониятҳои омӯзишӣ ниҳоят зиёд ва дастрасанд. Омӯзгор, агар дастрас намудани дастури методиро хоҳад, бевосита бо муаллифон вохӯрда метавонад, агар мутолиа ва истифодаи муваққатӣ лозим шавад, беҳтарин китобхонаҳоро дар ихтиёр дорад. Агар хоҳиши дар курси такмили ихтисос ширкат намудан дошта бошад, бе монеа метавонад иштирок намояд. Ҳатто ташкили курсу семинарро дар баъзе мактабҳо ташкил карда метавонанд, ки ин аллакай барои қисме аз мактабҳои мо таҷриба ҳам ҳаст.
- Таманниёти шумо ба омӯзгорон ва кормандону хонандагони маҷалла
– Ба кулли омӯзгорони кишвар таманнои тансиҳатиро, ки дар замони имрӯза арзиши бештар пайдо кардааст, дорам. Бошад, ки ҳамеша бо сиҳативу сарбаландӣ номи маорифи кишварро боз ҳам баландтар бардорем ва аз дастовардҳои нав ба нави омӯзгорону хонандагони худ ифтихор карда тавонем. Ба кормандони маҷалла қалами бурро, сухани ҳақ ва эҷоди муваффақ орзумандам.
Мусоҳиб
Саидаи ФАЗЛ