Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар омода ва пешниҳод кардани мутахассисон аз ибтидо мақоми хоса дорад. Баъди чанд соли мушкилиҳо имрӯз донишгоҳ таҳти роҳбарии доктори илми педагогика Абдусалом МИРАЛИЗОДА аз бисёр ҷиҳат муваффақ гаштааст. Дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон суҳбат бо устод, ректори донишгоҳи мазкур ба хотири муаррифии дастовардҳои аҳли илм ва донишҷӯёни ин даргоҳ аст. Ёдовар мешавем, ки солҳои охир таваҷҷуҳи довталабон ба ин донишгоҳ меафзояд.
– Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таърихи пурифтихор дорад, аз ин даргоҳ даҳҳову садҳо мутахассиси варзидае баромадаст, ки фаъолияташон намунаи ибрат аст. Чанд муддат “фирори мағзҳо” аз ин донишгоҳ вазъро нигаронкунанда гардонид. Имрӯз мебинем, ки вазъият хушҳолкунанда гаштааст. Аз нигоҳи шумо, ҷалби довталабон ба донишгоҳ аз кадом ҳисоб афзуд: сифати тайёр кардани мутахассисои, шароити мусоид нисбат ба баъзе муассисаҳои дигар ё дастрасии таълим аз ҳисоби пардохти маблағи таҳсил?
– Барҳақ, қайд кардед, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз аввалин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар буда, масири бисёр рангину пурпечутоб ва пурифтихори таърихиро тай кардааст. Ин махзани илму маърифат дар давраҳои гуногун бо номҳои Институти дусолаи муаллимии Кӯлоб (1945-1952), Институти давлатии педагогии Кӯлоб (1953-1959), филиали Институти давлатии педагогии Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) (1960-1962), Институти давлатии педагогии Кӯлоб (1962- 1992) фаъолият карда, бо талошу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи бисёр ҳассоси таърихи миллат — ҳаводиси солҳои 90-ум, ки бо баргузории Иҷлосияи такдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири ояндаи миллат ҳаллу фасл мегардид, Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб табдил додани Институти давлатии педагогии Кӯлоб» (24.07.1992, №235) қарор ба тасвиб расонд. Дар чунин вазъияти ҳассосу сангин ва ҳалокатбор Донишгоҳи давлатии Кӯлоб раванди таълимро ягон соат қатъ накард. Донишгоҳ аз 24 апрели соли 2009 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ номгузорӣ шуд.
Воқеан, дастпарварони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ то имрӯз дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои олии кишвар кору фаъолият доранд ва бо донишу касбияти хосаи худ дар пешбурди низоми давлатдорӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи истеҳсолии кишвар саҳим мебошанд.
Дар рушду нумӯи донишгоҳ шахсиятҳои таърихӣ, ходимони намоёни давлативу сиёсӣ, олимону донишмандони маъруф, ҳунармандону адибон ва журналистони варзида саҳми бориз гузошта, симои ҳақиқии донишгоҳро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он дар беҳтарин шакл муаррифӣ намудаанд. Дар ин росто метавон исми академик С.К.Каримов, узви вобастаи АИ ҶТ Маъруф Раҷабӣ, докторони илм, профессорон А.Раҳимов, И.Арабов, Каримҷон Қодиров, Қ.Б. Қодиров, Рустам Назаров, Абдураҳмон Қурбонов, Муҳаммад Абдураҳмон, Абдулло Ҳабибулло, А. Нозимов, Махфират Хидирзода, Н.Н. Солеҳов, Р. Салимов, Н. Назаров, А.Қурбонов, А.Кӯчаров, Г.Ҳоҷиматова, шоирону нависандагони машҳури кишвар Ашӯр Сафар, Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Муҳаммад Ғоиб, Саидҷон Ҳакимзода, Саид Раҳмон, Сафар Амирхон, Карим Давлат, Хосият Вализода, ҳунармандони маъруф Одина Ҳошим, Бобоҷон Азизов, Адолат Комилова, Ҷумъахон Сафаров, Одилҷон Умурзоқов, ходимони намоёни давлативу сиёсӣ Нусратулло Абдулҳақов, Султон Мирзошоев, Исмоил Қурбонов, генералҳо Абдураҳмон Азимов, Саймумин Ятимов, Нуралӣ Назаров, Давлат Бобоев, Шариф Салимов, Аҳтамшоҳ Саидшарифов, хизматчиёни давлатӣ Қиматгул Рустамова, Саид Салимов, Исроил Маҳмудов, Ҳабибулло Раҳимов, Латофат Насриддинова, Султон Валиев, ҳамзамон, олимону омӯзгорони соҳибтаҷриба ва кордонеро, ки то имрӯз умри хешро сарфи таълиму тарбияи насли наврас дар ин боргоҳи илму маърифат намуданд, зикр кард.
Солҳои 90-ум, ки вазъи зиндагии мардуми Кӯлоб вазнин гардида буд, дар ҳақиқат, аксари ҳайати кадрии баландпояи муассиса ба донишгоҳҳои дигари мамлакат ва дигар муассисаву корхонаҳо рафтанд, ки дар натиҷа пояи кадрии донишгоҳ то андозае заиф гардид. Хушбахтона, баъди беҳтар гардидани вазъи сиёсӣ, махсусан, чанд соли охир ҳайати кадрии муассиса, албатта, бо заҳмату талошҳои сангин ва дастгириҳои пайвастаи Хукумати мамлакат барқарор шудан гирифт. Дар ҳамин росто, қобили қайд аст, ки бо тадбирҳои Раёсати донишгоҳ, заҳматҳои омӯзгорон ва олимон нимсолаи аввали соли 2021 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад, нисбат ба солҳои гузашта 5 зина боло рафта, ҳамакнун аз мақоми 17-ум дар мақоми 12-ум қарор дорад.
Бо шукргузорӣ аз неъмати бебаҳои таърих — Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ ва суботу амнияти комил Донишгоҳ ҳамакнун дорои заминаи пуриқтидори моддӣ- техникӣ: китобхонаи муосир бо шароити зарурӣ, китобхонаи электронии пайваст ба шабакаи интернет, лагери истироҳатӣ-фароғатии “Истиқлол” воқеъ дар ноҳияи Муъминонбод, кӯдакистони “Ситора”, Маркази касбомӯзӣ дар ноҳияи Муъминонбод, Парки технологӣ, радиои “Суруши ҷавонӣ”, рӯзномаи “Анвори дониш”, озмоишгоҳҳои гуногун дастгоҳҳои радиошунавонӣ ва ТВ, маҷаллаҳои илмии “Паём”, “Муҳаққиқ”, марказҳои тестӣ, таҳсилоти фосилавӣ, иттилоотӣ, рушди касбият ва инноватсия, табъу нашр, маркази омӯзиши забонҳо, синфхонаҳои лингофонӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, ошхона ва амсоли инҳо мебошад.
Албатта, бо чунин заминаи моддӣ-техникӣ, ҳайати профессорону олимони соҳибтаҷриба ва инчунин, маблағи шартномаи нисбатан дастраси таҳсил метавон таваҷҷуҳи довталабонро на танҳо аз миёни сокинони минтақаи Кӯлобу вилояти Хатлон, балки аз тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба Донишгоҳ бештар ҷалб намуд.
– Мехостем, фаҳмем, ки барои рушди Бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дар донишгоҳ чӣ корҳо анҷом дода мешаванд?
– Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ оид ба татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2020, №1445 дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва тавсеаи тафаккури техникии донишҷӯён чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, аз рӯи нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида фаъолият карда истодааст. Ҳамчунин, дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, № АП-44, ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, рӯзҳои 13-14 июли соли 2021 даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо фарогирии зиёда аз 200 нафар довталаб, дар Донишгоҳ баргузор гардид. Дар натиҷаи ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ сазовори 6 ҷойи аввал, 6 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм гардида, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Боиси қайд аст, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар даври ҷумҳуриявии Озмуни илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ — «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар солаи 2021» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 сазовори 2 ҷойи аввал аз бахшҳои “физика” ва “математика”, 2 ҷойи дуюм аз бахшҳои “биология ва тиб” ва “география” ва сазовори ифтихорнома аз бахшҳои “математика” ва “биология ва тиб” гардиданд.
Дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» озмун эълон карда буд. Озмун аз моҳи марти соли 2020 то аввали моҳи июни соли 2021 идома ёфт. Хурсандиовар аст, ки Ислом Ғуломов, Корманди шоистаи ҶТ, доктори илмҳои педагогӣ, профессори донишгоҳ барои мақолаи «Риёзидон бояд ҳамадон бошад» дар озмуни мазкур ҷойи дуюмро соҳиб гардид.
Бо мақсади амалишавии ҳадафҳои Барномаи мазкур 10 лабораторияи факултети физика — математика азнавсозӣ гардида, 1 адад сервери пуриқтидор харидорӣ ва насб карда шуд, ки минбаъд раванди автоматикунонии таълим ва имтиҳонҳои ҷорӣ пурра тавассути сервери ягона сурат мегирад. Вобаста ба масъалаи мазкур қайд кардан лозим аст, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои амалигардонии «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» дар Донишгоҳ амалӣ гардонидани як қатор корҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, беҳтар гардонидани заминаи моддию техникии факултетҳои физика ва математика, химия ва биология; омӯзиши таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва институтҳои илмӣ-таҳқиқоти дохил ва хориҷи кишвар ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ин самт; андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати беҳтар намудани низоми таҳсилоти фосилавӣ; ба таври васеъ ба роҳ мондани видео-дарсҳо (видеолексия, озмоишгоҳҳои виртуалӣ ва амсоли онҳо); тақвият бахшидани корҳои пажӯҳишӣ ва ҷалби донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисоси PhD ва муҳаққиқони ҷавон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ; ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти ҷалб намудани ходимони соҳаи илм, маориф ва сохторҳои дигари давлатию ҷамъиятӣ барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ; ҳамасола зиёд намудани микдори китобҳои илмӣ оид ба илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар китобхонаи электронӣ, маблағгузории корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, харидории асбобу таҷҳизоти зарурӣ ва монанди инҳо.
– Назари Шумо ба таҳсилоти фосилавӣ чӣ гуна аст? Оё аз натиҷаҳои ба даст омада қаноатманд ҳастед ё не?
– Ҳамқадам будан бо ҷомеаи ҷаҳон нишонаи пешрафт ва рушди босубот аст. Гузаштан ба низоми кредитии таҳсилот низ дар ибтидо вокуниши бузургеро дар ҷомеа ба бор овард, лекин бо гузашти андак замон, ки вориди он гардиданд, афзалияти бештаре нисбат ба низоми таҳсили қаблӣ дар он дарёфтанд. Низоми таҳсилоти фосилавӣ низ айнан моҷарои солҳои аввали қабули низоми тестиро дар миён гузошт, зеро он низ як раванди тозаву нав аст. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ раванди таълимро аз рӯи таҳсилоти фосилавӣ тибқи нақшаҳои таълим ва Барномаи ягонаи идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ барои 18 ихтисоси курси якум аз оғози соли таҳсили 2017-2018 ташкил намуд, ки айни ҳол шумораи умумии ихтисосҳои амалкунанда дар таълими фосилавӣ ба 26 номгӯй мерасад. Яке аз бартариҳои низоми таҳсилоти фосилавӣ он аст, ки тамоми донишҷӯён ва омӯзгорон аз технологияи нави иттилоотию коммуникатсионӣ огоҳӣ пайдо намуда, аз онҳо пурра истифода мебаранд. Равобити донишҷӯён бо омӯзгорон, гарчанде маҷозан сурат мегирад, нисбат ба таълими ғоибона зиёдтар мебошад. Имсол донишгоҳро 510 нафар дар низоми таҳсилоти фосилавӣ хатм карда, ба бозори меҳнати кишвар фиристода шуданд. Донишгоҳ барои рушди низоми таҳсилоти фосилавӣ як синфхонаи муҷҷаҳаз бо технологияи замонавӣ ва интернети доимӣ сохта ба истифода дод.
– Таъмини робитаҳои байналмилалӣ яке аз дигар паҳлуҳои кори донишгоҳҳои имрӯза аст. Донишгоҳи шумо дар ин самт чӣ дастовардҳое дорад?
– Ҳамкориҳои донишгоҳ дар баробари муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон бо беш аз 120 муассисаи таълимии хориҷи кишвар ва марказҳои илмӣ- тадқиқотии кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Белорусия, Украина, Молдова, Озорбойҷон, Эстония, Қазоқистон, Қирғизистон, ИМА, Олмон, Англия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Туркия, Италия, Малайзия ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар доираи фаъолияти шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ дар донишгоҳ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ 2 лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” татбиқ гардид.
Лоиҳаи якум: “Баланд бардоштани малакаҳои ба кор таъминшавии донишҷӯдухтарони курсҳои болоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб” барои беҳдошти вазъи иҷтимоии духтарони курсҳои болоӣ, ки дар доираи он Маркази рушди касбият ва инноватсияи донишгоҳ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳазонида шуд. Лоиҳаи дуюм: “Такмили барномаҳои таълимии ихтисоси биология (биотехналогия) вобаста ба талаботи бозори меҳнат”. Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ба маблағи зиёда 1 миллион сомонӣ таҷҳизот ворид карда шуда, моҳи сентябри соли ҷорӣ озмоишгоҳ ифтитоҳ ёфт.
Давоми соли таҳсили 2020-2021 аз ҷониби шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷию сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо гузаронида шуданд. Аз ҷумла:
Вохӯрӣ бо намояндагони Федератсияи Россия бо мақсади таъсиси Маркази фарҳангии Россия “Русский центр” дар донишгоҳ ва таъмини марказ бо таҷҳизоти муосири техникӣ; Баргузории имтиҳони қабули довталабон дар МТОК-и Федератсияи Россия дар асоси квотаи ФР барои шаҳрвандони ҶТ; Вохӯрӣ бо намояндагони Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфа оид ба имзо расонидани Созишномаи ҳамкорӣ ва дар доираи он ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд; Баргузории вохӯрии маҷозӣ бо Донишгоҳи хусусии илмҳои компютерӣ ва муҳандисии Малайзия; Вохурӣ бо намояндагони тоҷикистонии лоиҳаи “Добрососедство”(Сооб neighborliness “Ҳамсоягии нек”)-и Кореяи Ҷанубӣ ва мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи “Ҷавонон ва технологияҳои нав”; Баргузор намудани имтиҳонҳои қабули довталабон ба Донишгоҳи давлатии Комсомолскийи лаби Амур.
– Дар назди донишгоҳҳо фаъолият кардани муассисаҳои томактабӣ ва литсейю гимназияҳо аслан замина гузоштан барои ҷалби довталабон- донишҷӯёни оянда аст. Оё ин тадбир бо ташкили кӯдакистои “Ситора” ва литсейе, ки чанд сол фаъолият мекард, ба ҷалби донишҷӯён ва сифати тайёр кардани мутахассисон таъсир расонда тавонист ё не?
– Дар сохтори донишгоҳ фаъолият намудани кӯдакистон дар таърихи маорифи кишвар ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ рост меояд. Ин посухест, ки то имрӯз гуфта нашудааст. Кӯдакистони “Ситора” соли 2018 дар назди донишгоҳ ташкил гардида, бо тамоми шароити муосир таъмин буда, дар шаҳри Кӯлоб ва шаҳру навоҳии он назир надорад. Дар кӯдакистон 150 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар ин даргоҳ гурӯҳҳои тоҷикиву русӣ фаъолият мекунанд.
Дар кӯдакистон фарзандони омӯзгорон, ҳамзамон, фарзандони шахсони ғайриидорӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд. Литсей, агарчи айни замон дар ихтиёри мо нест, донишҷӯёни мо имрӯз аз ҳисоби шогирдони он кам нестанд. Дар Кӯлоб муассисаҳои таҳсилоти умумии дигар ҳам ҳастанд, ки шогирдонашон бо мақсади дохил шудан дар Донишгоҳи мо омодагӣ мегиранд. Албатта, будани кӯдакистон ва литсей дар назди донишгоҳҳо бар суди кор аст.
– Асри 21 -ро асри технология мегӯянд. Истифодаи мақсадноки технологияи иттилоотӣ суръати пешрафти ҳар муассисаро метезонад. Мебинем, ки донишгоҳ дар баробари рӯзнома, соҳиби сомонаи бой низ ҳаст. Сомонаи донишгоҳ барои муаррифии фаъолияти устодону донишҷӯён ва ҷалби бештари довталабон минбари хубест. Лутфан мегуфтед, ки ҳамзамон, сомона ба донишгоҳ ғайр аз эътибор, боз чӣ дода метавонад: даромад, грант ё ягон бозёфти илмӣ?
– Дар сомонаи донишгоҳ дастовардҳо, тағйироту иловаҳо ва набзи донишгоҳ мунтазам дохил карда мешаванд. Инчунин, кормандони он дар ҳаёти сиёсӣ иштироки фаъолона дошта, дар муборизаҳои иттилоотӣ бар зидди гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ ҳиссаи муносиб мегузоранд. Ғайр аз ин, сомона дар таъмини дастрасӣ ба иттилооти саҳеҳ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои соҳавӣ, инчунин маълумот доир ба дастоварду муваффақиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсиятҳои фарҳангиву таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳиву мероси фарҳангӣ дар бахшҳои алоҳидаи сомона маводҳо гузошта мешаванд. Яъне, сомона баробари муаррифии дастовардҳои Донишгоҳ ҳамкороне меёбад, ки барои рушди фаъолияти омӯзгорону донишҷӯён манфиатовар аст ва ҳам дар такмили фаъолияти илмии олимони донишгоҳ такон мебахшад, ки чунин такон метавонад барои бозёфтҳои илмӣ таъсир расонад.
– Дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои қисм-қисм супоридани маблағи таҳсили донишҷӯён пешниҳодҳо зиёданд. Аз назари Шумо, ин масъала имконпазир аст ё не? Агар ҳа, чӣ гуна ва агар не, чаро?
– Масъалаи пардохти маблағи шартномаи таҳсил, махсусан ду соли охир, ки пандемияи ҳамагири Ковид-19 таъсири манфии худро ба иқтисодиёти ҷаҳон расонид, андаке мушкил гардидааст. Аз ин сабаб ба яке аз масъалаҳои доғ табдил ёфтааст. Албатта, мо сари ин масъала бетаваҷҷуҳ набудему нестем. Дар Донишоҳ масъалаи пардохти маблағи шартномаи таҳсилро ба қавле, мо бо усули “қисм-қисм” роҳандозӣ намудем. Нисфи маблағи шартномаи таҳсил дар нимсолаи аввал, қисми дигар дар нимсолаи дуюм, лекин ғайр аз курсҳои 1, яъне, танҳо барои курсҳои 2,3,4 ва 5-ум. Инҷониб аз пардохти қисм- қисми маблағи шартномаи таҳсил ҷонибдорӣ мекунам.
– Дар шароити имрӯза рушди муассисаҳои таҳсилоти касбӣ то андозае, ба фаъолияти паркҳои технологӣ тааллуқ дорад. Мутаассифона, на ҳамеша паркҳои технологӣ хуб истифода бурда мешаванд. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб парки технологӣ то куҷо омили ғанӣ гардондани буҷаи донишгоҳ, ҳавасмандии омӯзгорону донишҷӯён ва рафъи мушкилоти молии камбизоатону маъюбон ва ятимону фаъолон шуда тавонистааст?
– Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ бо мақсади татбиқ намудани корҳои илмӣ-инноватсионӣ, барои ба даст овардани натиҷаҳои самарабахши илмии донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин, ташкил намудани коргоҳҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, харидории таҷҳизот, коркарди маҳсулот, ба роҳ мондани фаъолияти инноватсионӣ, тиҷораткунонии дастовардҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва амсоли онҳо сол то сол ба Парки технологӣ диққати махсус медиҳад.
Айни замон дар Парки технологии донишгоҳ коргоҳи дӯзандагӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, кафшергарӣ, коркарди чӯбу метал, истироҳатгоҳи таълимӣ-таҷрибавии «Истиқлол», Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи С. Вализода ва гармхона фаъолият доранд. Дар соли таҳсили 2020-2021 аз факултетҳои донишгоҳ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ш. Кӯлоб зиёда аз 30 нафар духтарон ба таълими дӯзандагӣ фаро гирифта шуданд. Коргоҳи дӯзандагӣ дорои 12 адад мошинаи дарздӯзӣ буда, кормандону шогирдони он дар зарфи чанд моҳи охир, аз ҷумла барои тантанаҳои ҷашнӣ 243 адад парчами андозаи 30/60, 12 адад парчами андозаи 113/75, 8 адад парчами андозаи 6/3, 9 адад мусаввараи гулдӯзии чакан бо таври кундал, 20 адад парда барои синфхонаҳои компютерӣ ва барои 300 ҷойи нишасти толори фарҳангӣ аз матои нафис рӯкаш омода намуданд.
Ҳамчунин, кор дар коргоҳҳои кафшергарӣ, табъу нашр, коркарди чӯбу металл ҷараёни тоза касб кардааст. Коргоҳи коркарди чӯбу металл дар соли таҳсили 2020-2021 зиёда аз 310 адад курсӣ, 112 адад мизи хатнависӣ, 51 адад курсии ниммулоим, 27 адад курсии сахт, 62 адад ҷои нишасти ниммулоим, 11 адад либосовезакро таъмир намуда, барои хобгоҳи донишҷӯён 92 адад рахти дуқабатаи хоб омода намуданд. Инчунин, 62 адад дару тиреза ва як қисми фарши хобгоҳро таъмир намуданд. Илова бар ин, барои Маркази навташкили тестии назди донишгоҳ 20 адад мизи компютерӣ ва 1 адад минбар (трибуна) сохтанд. Қобили зикр аст, ки толори фарҳангии донишгоҳ дар арафаи ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ (15.06.2021) маҳз аз тарафи мутахассисони парки технологӣ ва кормандони хоҷагии донишгоҳ аз таъмири капиталӣ бароварда шуд.
Дар гармхонаи назди парки технологӣ ҳамасола намудҳои гуногуни гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ситрусӣ парвариш ёфта, тамоми ҳудуди донишгоҳ ва Боғи фарҳангӣ-фароғатиии ба номи С.Вализода аз ҳамин ҳисоб сабзкорӣ мешавад. Инчунин, имконоти техникии коргоҳи табъу нашр дар назди парки технологӣ таҷдид карда шуд, ки минбаъд омӯзгорону кормандон метавонанд китобҳои дарсӣ, дастури таълимӣ, васоити таълимӣ-методӣ ва амсоли онҳоро дар ин коргоҳ нашр намоянд. Тасмим дорем, ки минбаъд низ корро дар ин самт ҷоннок намуда, дар самти бой гардонидани буҷаи донишгоҳ ва ҳавасмандии омӯзгорону донишҷӯён ба воситаи Парки технологӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем.
– Мехостем, бифаҳмем, ки дар шароити имрӯза истироҳаггоҳи таҷрибавӣ — истеҳсолии “Истиқлол” дар кадом шароит қарор дорад?
– Истироҳатгоҳи таҷрибавӣ-истеҳсолии “Истиқлол” воқеъ дар ноҳияи Муъминобод аз соли 1973 бо номи «Бешаи сабз» мавриди истифода қарор гирифта, баъдан номи истироҳатгоҳи таҷрибавӣ-истеҳсолии “Истиқлол”-ро гирифт. Дар ибтидо он аз 9 хона иборат буд. Дар давоми фаъолият теъдоди хонаҳо ба 24 адад расидааст. Хонаҳои истироҳатгоҳи «Истиқлол» якошёна буда, бо назардошти 4-5 нафар сохта шудаанд. Истироҳатгоҳ имкон дорад, дар як вақт 150 нафар муштариро ба истироҳат фаро гирад. Истироҳатгоҳ дар ҳудуди 5 га ҷой гирифта, дорои ошхона, толори варзишии зимистона, варзишгоҳи тобистона ва бунгоҳи тиббӣ мебошад. Дар истироҳатгоҳ ҳамасола омӯзгорону фарзандони онҳо ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Имсол тамоми хонаҳо ва ҳудуди истироҳатгоҳ пурра таъмир гардида, ба рахти хоб ва дигар асбоби сукунат ҷиҳозонида шуданд.
– Агар хато накунем, осоишгоҳе, ки дар назди донишгоҳ фаъолият мекунад, аз навъҳои парки технологист. Ин осоишгоҳ ба устодону кормандон ва донишҷӯён чӣ хидмат дода метавонад?
– Осоишгоҳи табобатии донишгоҳ дорои шароити замонавӣ буда, вазифаи асосии кормандони он расондани хизмати аввалия ба устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ мебошад. Дар баробари ин, ба мизоҷони дигар низ хизмати тиббӣ мерасонад. Дар ин осоишгоҳ беморони остреахондроз, грижаи сутунмуҳра, касалиҳои пӯст, падагра, бемориҳои фишорбаландӣ табобат карда мешаванд. Осоишгоҳ дорои 16 ҳуҷра, 40 кати хоб буда, дар ду ҳуҷраи он дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ барои 4 нафар, ҳамзамон, шуъбаи физиотерапевта муҷаҳҳаз бо тамоми дастгоҳи техникӣ мебошад.
– Мусаллам аст, ки таъмини манзил ё хобгоҳ ҳамеша барои омӯзгорону донишҷӯён мушкил дорад. Дар донишгоҳ ин масъала дар кадом сатҳ қарор дорад?
– Асоси рушду пешрафт, албатта аз шароити хубу дастрас вобастагӣ дорад. Вақте имконияти хуб барои зиндагӣ кардан дастрас аст, бешак, майл ба пешравию рушд меафзояд. Хушбахтона, соли гузашта хобгоҳи Донишгоҳ аз таъмири пурраи капиталӣ бароварда шуд. Айни ҳол тамоми инфрасохтори хобгоҳ таъмир гардида, ҳар як ҳуҷраи он бо оби гарму хунук, рахтҳои болохонадори замонавӣ ва дигар асбобу сукунати зист ҷиҳозонида шудаанд. Имсол дар назар аст, ки бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин гардад. Хобгоҳ яке аз шаклҳои худтанзимкунии фаъолият дар донишгоҳ аст, ки бо инкишофу раванди фаъолияти он ба симои донишгоҳ ҳусн ва низом медарорад. Мусаллам аст, ки фаъолияти омӯзгорон-аспирантон, унвонҷӯён, докторантони PhD ва донишҷӯён дар хобгоҳ давроии тӯлониро дар бар гирифта, ҳамеша дар мадди назорати Раёсати донишгоҳ қарор дорад. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 ҷиҳати ҳавасмандгардонии олимони ҷавон ба Донишгоҳ 25 хонаи истиқоматӣ дар мактаби Президентӣ воқеъ дар шаҳри Кӯлоб туҳфа карда шуд, ки айни ҳол дар он олимони ҷавон истиқомат доранд. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 1 хобгоҳи истиқоматӣ барои донишҷӯдухтарон фаъолият менамояд, ки аз 3 ошёна, 67 ҳуҷраи истиқоматӣ, 1 толори китобхонӣ (бо теъдоди зиёда аз 2000 китоб, 11 адад компютер), 3 ошхона, 2 ҳуҷраи фароғатӣ, 18 адад ҳаммом иборат буда, ҳолати санитарию гигиении онҳо ба талабот ҷавобгӯй мебошанд.
Албатта, барои донишгоҳе, ки дар таълими рӯзона зиёда аз 7 000 нафар донишҷӯро ба таҳсил фаро гирифтааст, як хобгоҳ басанда нест. Умедвор ҳастем, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои оянда мушкили нарасидани хобгоҳ барои истиқомати донишҷӯён ва ҳам омӯзгорон ҳалли худро хоҳад ёфт.
Хушбахтона, бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари кории имсола дар давоми солҳои 2021-2023 дар шафати қисмати чапи бинои асосии донишгоҳ ба ҷойи бинои таълимии дуошёнаи факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг, сохтмони иморати нави таълимӣ ба нақша гирифта шуда, барои татбиқи он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ, вазоратҳои молия, маориф ва илм, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб вазифадор гардидаанд.
– Ба хонандагони маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” ва корбарони гурӯҳи ҳамноми он чӣ таманниёт ва маслиҳате доред?
– Ба хонандагони маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” ва аҳли эҷоди он ки ҳамеша набзи маорифи кишварро назора мекунанд, аввалан, сиҳатии комилу саломатии бардавом, рӯзгори осуда ва хушии рӯзгор таманно дорам, сипас, орзуи онро дорам, ки Тоҷикистони азизи мо, ки дар арафаи ҷашни тақдирсози миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ҳазорсолаҳои дигар арзи ҳастӣ намояд. Солисан, орзуи онро дорам, ки одамӣ аз ин пандемияи ҳамагир ҳар чи зудтар наҷот ёфта, дар зеҳни олимону муҳаққиқон асрори наҷот аз ин вабо ошкор гардад.
– Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво.
Мусоҳиб
Саида НАБИЗОДА – сармуҳаррири
маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон”
шаҳри Кӯлоб
10 август 2021