
Маркази миллии тестӣ. Падидаи замони Истиқлол. Беҳтарин имконият барои шинохту рушди ҷавонон. Муътамадтарин омили пайвастани истеъдодҳо ба орзуҳо. Василаи мустаҳкам гардондани робитаи ҷомеа бо давлат. Имконияти боэътимод барои расидан ба мақсад. Ниҳоде, ки бовари мардумро ба сиёсати давлат, ба худ ва илмомӯзӣ афзуд. Дар робита ба ин масъалаҳо суҳбати мо бо директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣманзури шумо мегардад.
– Пӯшида нест, ки дар шароити имрӯза беҳтарин роҳи ҷалби алоқамандон ташкили корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ, аз ҷумла, нашри маводи иттилоотию методӣ маҳсуб меёбанд. Фикр мекунам, Маркази миллии тестӣ аз ин ҷиҳат имконоти фаровон дорад.
– Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Марказ), ки фаъолияти худро тибқи Оиннома (бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 138, аз 10-уми феврали соли 2014 тасдиқ гардидааст) роҳандозӣ мекунад, имсол 10-сола шуд. Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори марказ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари дахлдор, соли 2024-ум вобаста ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаву олии касбӣ (ИМД) ва дигар самтҳои фаъолияташ як қатор корҳоро анҷом дод. Аз аввалин ва муҳимтарин корҳо ҳамасола ташкили корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ ва нашри маводи иттилоотию методӣ ба ҳисоб меравад. Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои марказ, корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ дар шакли курсҳои шиносоӣ ҳамасола аз моҳи январ то охири моҳи март дар се сатҳ (давр) – дар миқёси ҷумҳурӣ, дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор мешавад: 1) даври 1-ум – курси шиносоӣ бо низоми ИМД ва интихоби таблиғгарони ИМД 2024 дар сатҳи ҷумҳурӣ; 2) даври 2-юм – баргузории курси шиносоӣ бо низоми ИМД барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ; 3) даври 3-юм – баргузории курси шиносоӣ бо низоми ИМД барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин падару модарон, омӯзгорон ва алоқамандони дигари ИМД.
Таассуфовар он аст, ки имсол низ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ширкати нокофии волидон ва парасторони довталабон ё тамоман ҳозир нашудани онҳо дар вохӯриҳо бо кормандону таблиғгарони Марказ мебошад. Бо мақсади дар сатҳи баланд роҳандозӣ кардани корҳои итти-лоотиву таблиғотӣ Марказ маводи иттилоотиву методии зеринро омода ва нашр кард: дастури ит-тилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ба за-бонҳои тоҷикӣ ва русӣ; маҷмуаҳои саволу масъ-алаҳои ҳар яке аз субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум); маҷмуаи саволу масъалаҳо аз субтестҳои қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум); барнома ва модули курси шиносоӣ бо низоми ИМД; дарси муаррифии компютерӣ (презентатсия) барои курси шиносоӣ бо низоми ИМД; барномаи муаррифии ягонаи компютерӣ барои баргузории вохӯриҳо бо хатмкунандагон, падару модарон ва омӯзгорон; дискҳо бо сабти маводди иттилоотию дастурӣ. (Маводи иттилоотию методии таҳиягардида ба муассисаҳои таълимӣ ройгон тақсим карда шуд.) Бо мақсади таъмини дастрасии довталабон ба иттилооти зарурӣ дар сомонаи Марказ эълону хабар ва маводду матлабҳо оид ба ҳама масъалаҳои алоқаманд ба Марказ ва ИМД мунтазам ва сари вақт нашр карда мешаванд. Бо мақсади омодагии довталабон ба ИМД кори низоми «Худро бисанҷ», ки дар ҳолати бархат (онлайн) барояшон дастрас аст, бидуни фосила таъмин карда шуд. Довталабон имкон доранд, ки аз хизматрасонии «Худро бисанҷ» истифода намоянд ва ба ин восита дараҷаи донишу малакаи худро санҷанд, бо намунаи саволу масъалаҳои барои ИМД пешбинишуда, бар замми ин, бо тарзи иҷрои тестҳо шинос шаванд. Хизматрасонии мазкур низ тибқи тарҳи ҷории маҷмуи фанҳои имтиҳонӣ, ки ИМД аз соли 2020-ум мувофиқи он ба роҳ монда шудааст, ба мазмуну мундариҷаи саволу масъалаҳои тест, шумора ва пайдарпайии ҷойгиршавии онҳо, вобаста аз навъашон дар саволномаи тест ва меъёри холгузорӣ, ба ҳолати воқеии ИМД мутобиқ кунонида шудааст. Пойгоҳи саволу масъалаҳои тест, ки дар хизматрасонии «Худро бисанҷ» ба кор бурда мешавад, пайваста аз ҳисоби саволномаҳои тести ИМД-и солҳои пеш навсозӣ ва пурра мегардад. Омори истифода аз ин хизматрасонӣ низ нишон медиҳад, ки на ҳамаи довталабон аз он истифода мекунанд. Ҳол он ки ба ҳар як довталаб донистани тарзи иҷрои тест хеле муҳим аст, зеро ин имкон медиҳад, ки ӯ дар вақти имтиҳони воқеӣ ба хато роҳ надиҳад, бахусус, варақаи ҷавобҳоро дуруст пур кунад.
- Яке аз омилҳои ҷалби довталабон ба имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ робита бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ҳамчунин, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзгорон ва падару модарон аст. Марказ дар ин самт кадом тадбирҳоро андешидаву ба кор бурдааст?
- Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавассути низоми ИМД қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум) ва ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) ва ҳам таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум) ба роҳ монда мешавад. Вобаста ба ин, Марказ бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қабули донишҷӯён ба онҳо тавассути ИМД ба роҳ монда шудааст, дар масъалаҳои марбут ба нақшаи қабули донишҷӯён (муайян кардани шакли таҳсил (гурӯҳҳои фосилавӣ ва ғоибона) аз рӯйи ихтисосҳои самти омӯзгорӣ, маблағи шартномаи таҳсил дар гурӯҳҳои пулакӣ, ихтисосҳое, ки супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро талаб мекунанд, гурӯҳи ихтисосҳо барои ихтисосҳои нав, тақсими ихтисосҳо вобаста ба фанҳои имтиҳонӣ дар гурӯҳҳои ихтисосҳо ва ғайра) ва корҳои иттилоърасонию таблиғот, истифодаи маълумоти оморӣ дар давраи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2024 ҳамкорӣ кард.
Чун солҳои пеш, тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи низоми ИМД довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ имкон дошт, ки ихтисосҳоро вобаста аз муассисаҳои таълимӣ чунин интихоб намояд: танҳо аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ; танҳо аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ; ҳам аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ҳам аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ.
Тавре ки маълум аст, аз соли 2019‑ум қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) низ тавассути низоми ИМД ба роҳ монда шудааст. Агар танҳо рамзҳои ихтисосҳоро ҳамчун меъёри асосӣ барои ҳисоби шумораи онҳо дар назар гирем, шумораи умумии ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули тасдиқгардида барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум) дар соли 2024‑ум дар давраи аввали бақайдгирии довталабон пешниҳод гардид, 776-торо ташкил дод, ки он нисбат ба соли 2023-юм 21-то кам аст. Аз ин шумора 152-тояш дар доираи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 624-тои дигараш дар доираи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аст. Шумораи умумии комбинатсияи ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули тасдиқгардида барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум) дар соли 2024‑ум дар давраи аввали бақайдгирии довталабон пешниҳод гардид, 4409-торо ташкил медиҳад, ки аз он 1206-тояш дар доираи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 3203-тои дигараш дар доираи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аст. Шумораи умумии комбинатсияи ихтисосҳои дар соли 2024‑ум пешниҳодшуда нисбат ба соли 2023-юм 77-то кам аст. Мафҳуми «комбинатсияи ихтисос» ихтисоси интихобшаванда (интихобшуда) аст бо дарназардошти яке аз: 1) муассисаҳои таълимие, ки ихтисоси мазкур дар он таълим дода мешавад, 2) шаклҳои таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ва 3) намудҳои таҳсил (ройгон ё пулакӣ), ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён пешбинӣ гардидаанд.
Соли 2024-ум барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ тавассути ИМД тибқи нақшаи қабули донишҷӯён 64219 ҷой ҷудо гардид, ки он нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2023‑юм 4615 ҷой (6,7 %) кам аст. Лозим ба зикр аст, ки аз ҷумлаи сабабҳои асосии дар соли 2024-ум нисбат ба соли 2023-юм кам гардидани нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум) бо дарназардошти теъдоди хатмкунандагони синфи 11-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (101 552 нафар, дар муқоиса ба соли гузашта 4282 нафар камтар) муқаррар кардани нақшаи қабул аст.
Барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) тавассути ИМД 2024 тибқи нақшаи қабули донишҷӯён дар давраи аввали бақайдгирии довталабон 13051 ҷой ҷудо гардида буд, ки он нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2023‑юм 2279-то (14,87 %) кам аст. Таҷрибаи солҳои пеш нишон дод, ки бо мақсади таъмини иҷрои хубтари нақшаи қабули донишҷӯён, бахусус, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) кори як қатор муассисаҳои таълимӣ дар самти таблиғоти ин ихтисосҳо бояд таҳким дода шавад. Лозим ба зикр аст, ки тавассути низоми ИМД қабули донишҷӯён аз рӯйи беш аз 800 ихтисос ба роҳ монда мешавад. Аз ин омор хулоса баровардан мумкин аст, ки маълумот вобаста ба ихтисосу комбинатсияҳои ихтисосҳо хеле зиёд аст, бинобар ин, барои таъмини интихоби дурусти ихтисосҳо аз тарафи довталабон ва иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён имкониятҳои тамоми воситаҳои ахбори омма бояд ба таври васеъ истифода карда шавад ва ҳамкориҳои муассисаҳои таълимӣ бо Марказ таҳким бахшида шаванд. Вобаста ба ин, барои таблиғи муассисаҳои таълимӣ ва ихтисосҳои онҳо аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбие, ки қабули донишҷӯён ба онҳо тавассути ИМД ба роҳ монда мешавад, дархост карда шуд, ки дар нуқтаҳои бақайдгирӣ гӯшаҳои иттилоотию тарғиботии худро ташкил намоянд.
Марказ бо мақсади барои муассисаҳои таълимӣ дастрас кардани маълумоти оморӣ оид ба рафти бақайдгирии довталабон дар заминаи сомонаи расмии худ бахши иттилоотии ҳар як муассисаи таълимиро фаъол кард. Дар ин бахш ҳамаи маълумоти барои муассисаҳо зарурӣ ҷой дода мешавад (маълумот дар бораи муассиса, нақшаи қабул, маълумоти оморӣ доир ба интихоби муассиса ва ихтисосҳои он ва ғайра). Мувофиқи мақсад аст, ки шахсони ваколатдори муассисаҳои таълимӣ мунтазам бо омори интихоби ихтисосҳо шинос шуда, барои таблиғи ихтисосҳое, ки довталабон онҳоро кам интихоб мекунанд, чораҳо андешанд. Истифодаи васеи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла, телевизиону радио, барои таблиғи ихтисосҳо, бахусус, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1‑ум (табиӣ ва техникӣ) хеле муҳим аст.
– Маъракаи муҳимми фаъолияти Марказ давраи бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2024 аст. Дар муқоиса ба солҳои қаблӣ маъракаи соли ҷорӣ чӣ гуна сурат гирифт?
– Мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД дар нуқтаҳои бақайдгирӣ дар чор давра, ки якуми он асосӣ аст, гузаронида мешавад. Барои ҳар яке аз давраҳои бақайдгирии довталабон даври алоҳидаи имтиҳон, ки якуми он низ асосӣ аст, пешбинӣ карда мешавад. Давра (давраҳо)-и сеюм ва (ё) чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД дар асоси таҳлили нишондиҳандаи иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён дар муассисаҳои таълимӣ бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад. Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД ҳамчун раванди технологӣ тавассути барномаи компютерии махсус бо истифодаи воситаю технологияҳои муосир амалӣ мегардад. Марказ барои шаффоф, дастрас ва озод баргузор кардани номнависии довталабон барои иштирок дар ИМД ҳамасола тадбирҳои амалӣ меандешад, ки ин барои осон ва дастрас гардондани раванди бақайдгирӣ барои довталабон ёрӣ хоҳад кард. Аз ҷумла, бо мақсади иттилоърасонӣ дар бораи раванди номнависии довталабон барои иштирок дар ИМД 2024 ва тарғиби он роликҳои видеоии омодакардаи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин, тавассути шабакаҳои телевизион пахш кард. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ – аз 1‑уми март то 2-юми май барои иштирок дар ИМД 2024 ҳамагӣ 78 231 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз қайд гузаштаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022-юм 2 109 нафар (2,63 %) кам ва нисбат ба соли 2023-юм 4 758 нафар (6,48 %) зиёд аст.
Гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) аз ҳама пуринтихоб буда, шумораи довталабони ин гурӯҳро интихобкарда 94,58 %-и ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳро ташкил медиҳад. Қаблан низ ин гурӯҳи ихтисосҳоро довталабон нисбат ба гурӯҳҳои дигар бештар интихоб мекарданд. Баръакс, гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) аз ҳама каминтихоб буда, шумораи довталабони ин гурӯҳро баргузида ҳамагӣ 53,23 %-и ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳро ташкил медиҳад. Солҳои пеш низ ин гурӯҳи ихтисосҳоро довталабон нисбат ба гурӯҳҳои дигар камтар интихоб мекарданд. Қисме аз шаҳру ноҳияҳо натавонистанд довталабонро мувофиқи шумораи умумии хатмкунандагонашон ба ИМД ҷалб намоянд. Аз ин рӯ, натиҷа дар ин шаҳру навоҳӣ аз 30 то 57,88 %-ро дар бар мегирад. Вазъ дар шаҳру навоҳии Тоҷикобод, Нуробод, Роғун, Лахш, Сангвор, Файзобод, Ваҳдат, Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ ва Ҳисор аз ин ҷиҳат нигаронкунанда аст.
Мавриди қайд аст, ки шумораи довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум)-и дар давраи асосии бақайдгирӣ ба 17 058 нафар баробар аст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023-юм 3 990 нафар (30,53 %) зиёд аст. Шумораи мазкур ҳамагӣ 130,70 %-и нақшаи қабули донишҷӯёнро дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ барои соли таҳсили 2024‑2025 ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар соли 2023-юм ба 85,24 % баробар буд.
– Имкониятҳо барои довталабон чигунаанд, масалан, фаъолсозии кабинетҳои инфиродии довталабон ва хизматрасонии »Пешномнависӣ» чӣ натиҷаҳо дода тавонистанд?
– Марказ бо мақсади осонии раванди бақайдгирӣ ва сарфаи вақти довталабон ва кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар заминаи сомонааш хизматрасонии «Пешномнависӣ»-ро (бақайдгирии пешакӣ тавассути шабакаи Интернет) фаъол кард. Он дар ҳолати бархат ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ маълумоти заруриро барои бақайдгирӣ (ному насаб, таърихи таваллуд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ҷойи истиқомат, рақам(ҳо)и телефон барои тамос, нишонии почтаи электронӣ, муассисаи таълимии дар он таҳсилкунанда (таҳсилкарда), комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкарда аз рӯйи бартарияшон, забон ва макони имтиҳонсупорӣ, макони фиристодани даъватнома ва ғайра) омода карда, баъдан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҷиҳати расман номнавис кардани худ ҳозир шавад. Аз ҷорӣ гардидани ин хизматрасонӣ чор сол гузашта бошад ҳам, таҳлили маълумоти оморӣ дар бораи истифода аз ин хизматрасонӣ нишон дод, шумораи шахсони аз он истифодакарда ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест. Бояд тазаккур дод, ки шакли электронии ҳама маводи иттилоотию методии таҳиякардаи худро дар сомонаи Марказ ҳам ҷой дода, дар бораи имкониятҳои ин хизматрасонӣ маълумоти муфассал дода шудааст. Вале, тавре ки аз маълумоти оморӣ бармеояд, шумораи ками довталабон аз он истифода кардаанд. Барои омодасозӣ ва ифтитоҳи нуқтаҳои бақайдгирӣ гурӯҳи кории Марказ таъсис дода шуд, ки аъзои он дар давраи асосии бақайдгирӣ ба ҳар яке аз нуқтаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста карда шуданд. Пас аз оғози бақайдгирӣ бо истифодаи шакли махсус мониторинги фаъолияти нуқтаҳои бақайдгирӣ гузаронда шуд, ки ҳадафи он муайян ва бартараф кардани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар ин нуқтаҳо буд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми сентябри соли 2018, № 475 «Номгӯйи бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи дар муассисаҳои таълимии тиббӣ таҳсил карданро надоранд» тасдиқ гардидааст, ки шакли чопиву электронии он пешниҳоди довталабон гашта буд. Ҳатто, дар дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» низ ин нукта таъкид карда шуд. Дар зимн довталабон бояд ҳангоми интихоби ихтисосҳои тиббӣ ба назар гиранд, ки шахси мубталои ин бемориҳо аз рӯйи баъзе ихтисосҳои тиббӣ ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ надоранд. Аммо мушоҳида мешавад, ки на ҳамеша ин талабот риоя мегардад.
Лозим ба зикр аст, ки тибқи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 29-уми апрели соли 2023, № 188, дар таҳрири нав тасдиқ шуд, бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур дар 4 давра ба роҳ монда мешавад, ки ин навгонӣ аз соли 2023-юм аз ҷониби Марказ бомуваффақият амалӣ гардида, барои баланд бардоштани нишондиҳандаи иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён мусоидат кард.
– Чун таъмини шаффофият дар имтиҳонҳо аз ҷониби Марказ зиёд мушоҳида гардид, бо дастури роҳбарияти давлат масъулият ҳам бештар гашт. Манзури мо баргузории олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳси-лоти миёнаи умумӣ, инчунин, озмун барои дарёфти стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва бурсияҳои таҳсилии давлатҳои хориҷӣ аст. Аз ин лиҳоз шумо чӣ андеша доред?
– Яке аз вазифаҳое, ки дар назди Марказ, дар баробари иҷрои мақсаду вазифаҳои оинномавияш, гузошта шудааст, тибқи банди 16-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханрониашон бахшида ба Рӯзи дониш 1-уми сентябри соли 2014 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баён намуданд, баргузор кардани олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ аст. Вобаста ба ин, Марказ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» мувофиқи низомномаҳои тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илм соли 2024‑ум ҳам олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявии хонандагони синфи 11-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро баргузор кард. Тибқи тартиби муқарраргардида дар олимпиадаҳо абзори санҷиши донишу маҳорат аз ҳамаи фанҳо, ба истиснои фанни технологияи иттилоотӣ, тест ва кори хаттӣ аст. Олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ дар намуди ҳалли масъалаҳо ба воситаи компютер сурат мегиранд. Натиҷаҳои олимпиадаҳо аз фанҳои ҳар ду равия (равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиатшиносӣ-риёзӣ) 31-уми марти соли 2024 эълон карда мешавад. Пас аз эълони натиҷаҳои олимпиадаҳо ба иштирокдорони олимпиадаҳо имкон дода мешавад, ки дар ҳолати норозӣ буданашон аз холҳои гузоштаи доварон, аризаи апеллятсионӣ пешниҳод кунанд. Олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ дар асоси принсипҳои воқеият (объективӣ) дар санҷишу баҳогузорӣ, шаффофияту мустақилияти равандҳои баргузории озмунҳо, таъмини дастёбии баробар ба олимпиада ва истифодаи васеи техникаю технологияи муосир дар сатҳи зарурӣ гузаронда мешавад.
Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳилаи аввали озмунро барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва бурсияҳои давлатҳои хориҷӣ барои дараҷаи бакалавр Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли тест баргузор мекунад. Вобаста ба ин, Марказ дар давраи ҳисоботӣ марҳалаи якуми озмунҳоро барои дарёфти бурсияҳои таҳсилии ҷумҳуриҳои Маҷористон, Туркия, Қазоқистон, Беларус, инчунин, Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва, Cтипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» баргузор кард. Дар раванди озмунҳои мазкур расмиёти баргузории имтиҳонҳо тибқи тартиби дар доираи ИМД муқарраргардида, аз ҷумла, таҳия, чоп, бастабандӣ ва интиқоли маводи имтиҳонӣ бо дарназардошти талаботи бехатарӣ ва махфият, истифодаи воситаҳои таъмини бехатарӣ ва махфияти маводи имтиҳонӣ, истифодаи штрихкодҳо барои рамзгузории варақаҳои ҷавобҳои довталабон, коркарди натиҷаҳо риоя гардид. Марказ дар давраи шашмоҳаи аввали соли 2024-ум барои 515 нафар довталаб марҳалаи якуми озмунҳоро барои дарёфти cтипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва бурсияҳои таҳсил дар хориҷи кишвар баргузор кард.
– Миёни ҷомеа баъзе нобовариҳо дар интихоби донишҷӯён аз тариқи квотаи Президентӣ зиёд садо медод. Таҳияи саволномаҳо барои озмуни қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба зиммаи Марказ афтид. Дар ин маврид чӣ гуфтан мумкин аст?
– Марказ тибқи тартиби муқарраркарда ва дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 барои баргузории озмуни қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аз ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо ва шаҳру ноҳияҳо саволномаҳоро таҳия кард. Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва махфияти маводи мазкур Марказ ҳангоми таҳия ва бастабандии он барои ҳар як шаҳру ноҳия дар доираи ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо таҷрибаи дар ИМД амалишударо истифода кард. Барои бастабандии маводи мазкур лифофаҳои эмин, қуттиҳои махсус ва воситаҳои огоҳониши бехатарӣ истифода карда шуд, ки махфият ва бехатарии ин маводро ҳангоми интиқол таъмин мекунад.
Лозим ба зикр аст, ки бо дарназардошти таҷрибаи солҳои пеш яке аз корҳои муҳим дар самти таҳияи саволномаҳо барои баргузории озмуни қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 омода кардани пойгоҳи додаҳои нави саволу масъалаҳои тест аст. Пойгоҳи додаҳои мазкур имкон дод, ки субтестҳои ҳар фан аз рӯйи матритсаи муайян, ки мавзуъҳои дахлдорро дар бар мегирад, бидуни хато тавлид гардида, дар асоси сетоӣ субтести тавлидшуда вобаста ба ҳар гурӯҳи ихтисосҳо саволномаҳо тартиб дода шаванд. Шахсони масъули Марказ бо аъзои гурӯҳҳои корӣ оид ба баргузории озмуни қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ карда, барои бартараф кардани нофаҳмиҳо дар робита ба саволу масъалаҳои тести дар саволномаҳо истифодашуда мусоидат карданд. Соли ҷорӣ дар саволу масъалаҳои истифодашуда ва ё ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и онҳо хатоҳои техникӣ мушоҳида нагардид. Вобаста ба ин, шумораи умумии вариантҳои чопшудаи саволномаҳо дар соли 2024-ум 610-торо ташкил дод, ки дар доираи ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо барои ҳар шаҳру ноҳияе, ки аз онҳо тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ қабул карда мешаванд, 2‑вариантӣ рост меояд. Инчунин, дар доираи ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо вобаста аз ҳар як минтақа 2‑вариантии дигар (барои 6 минтақа, дар маҷмуъ – 60 вариант) барои истифодаи эҳтиётӣ таҳия, чоп ва бастабандӣ карда шуд. Шумораи умумии вариантҳои чопшудаи саволномаҳо 670-торо ташкил дод. Маводи мазкур барои баргузории озмуни қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санад дар дохили қуттиҳо ба намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
– Омодагӣ барои баргузории имтиҳонҳо чӣ гуна сурат мегирад?
– Марказ дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагон ва довталабони азқайдгузашта вобаста аз шаҳру ноҳияҳо барои таъмини дастрасии осони довталабон дар 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 45 муассисаи таълимиеро интихоб кард, ки дар онҳо марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд. Ҳангоми муайян кардани шаҳру ноҳияҳои дар заминаи муассисаҳои таълимии онҳо марказҳои имтиҳонӣ ташкилшаванда мавҷудияти довталабон ба теъдоди зарурӣ барои фаъолияти самараноки ҳар яке аз марказҳои имтиҳонӣ дар давоми 5 рӯз вобаста аз ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо ба назар гирифта шуд. Марказ муассисаҳои таълимиро барои ташкили марказҳои имтиҳонӣ дар шаҳру ноҳияҳои интихобшуда бо дар назар доштани макони ҷойгиршавӣ, мавҷудияти шароити зарурӣ, миқдори кофии синфхонаҳо ва ғунҷоиши онҳо дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм интихоб кард. Бо мақсади омода кардани тренерон барои омӯзиш ва интихоби кормандони марказҳои имтиҳонӣ Марказ семинарҳои омӯзиширо барои тренерон баргузор кард. Марказ дар доираи корҳои омодагӣ барои ташкилу баргузории ИМД 2024 семинарҳои омӯзиширо барои шахсони хоҳишманди кор низ дар марказҳои имтиҳонӣ дар 34 муассисаи таълимии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз 10-ум то 16‑уми июн баргузор кард. Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марказ имтиҳонҳо – қисмҳои А (дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро дар марказҳои имтиҳонӣ бо ҷалби кормандони муваққатӣ аз рӯйи вазифаҳои роҳбар, ёвари роҳбар, маъмури калон, маъмури имтиҳон ва бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ баргузор мекунад. Барои кор дар марказҳои имтиҳонӣ бо 1957 нафар шартномаи меҳнатӣ баста шуд, ки онҳо ҳамчун корманди муваққатӣ барои ташкил ва идораи имтиҳонҳо дар марказҳои мазкур ҷалб карда мешаванд. Дар ҳар маркази имтиҳонӣ бо мақсади ҳифзи сиҳати иштирокдорони имтиҳонҳо ва пешгирӣ аз ҳолатҳои ногувори эҳтимолӣ, таъмин ва риояи талаботи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ дар ҳудуди маркази имтиҳонӣ 1-нафарӣ корманди тиб дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба кор ҷалб карда шуд. Инчунин, барои назорат ва ёрии амалӣ расондан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, барои қабули қарори дахлдор, дар сурати рух додани мушкилот, 113 нафар аз кормандони ҳайати асосӣ (70 нафар) ва кормандони муваққатӣ (43 нафар) ба ҳайси намояндаи ваколатдори Марказ дар маркази имтиҳонӣ равона карда шуданд. Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ низ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст.
Лозим ба зикр аст, ки тибқи банди 38-уми Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29‑уми апрели соли 2023, № 188 тасдиқ гардидааст, барои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи қоидаю талаботи зиддисӯхтор дар давраи бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо ба нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ кормандони мақомоту ташкилоти ваколатдори давлатӣ ҷалб карда мешаванд, ки реҷаи корӣ ва уҳдадориҳои онҳоро Марказ дар мувофиқа бо ин мақомоту ташкилоти ваколатдори давлатӣ муайян менамояд.
Тавре ки маълум аст, барои мушоҳида ва сабти раванди имтиҳонҳо дар марказҳои имтиҳонӣ зарур аст, ки муассисаҳои таълимии ҳамчун марказҳои имтиҳонӣ интихобгардида дар рӯзҳои имтиҳон доимо бо барқ таъмин бошад. Аз ин лиҳоз, барои дар рӯзҳои имтиҳон доимо бо барқ таъмин кардани ин муассисаҳои таълимӣ низ ба ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» мактуб ирсол карда шуд.
– Имрӯз арзёбии дониши довталабон талаботи хосаро интизор аст. Маркази миллии тестӣ дар арзёбии дониши хонандагону довталабон чӣ воситаҳоро ба кор мебарад?
– Яке аз самтҳои фаъолияти оинномавии Марказ гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот ва арзёбии дониши хонандагон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути пажуҳишҳои миллӣ ва байналмилалӣ аст. Вобаста ба ин, Марказ дар доираи Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA) ва лоиҳаи Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба рушди маориф (CICED)-и Федератсияи Россия низ фаъолияти худро ба роҳ монд. Тибқи банди 133-юми Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷумлаи афзалиятҳо дар самти беҳтар намудани сифат ва муҳиммияти таълим чораи афзалиятноки ислоҳот – ҷорӣ намудани низоми самаранок ва механизмҳои институтсионалии арзёбии сифати таҳсилот дар асоси муносибати босалоҳият аст, ки мутобиқи он масъалаи иштирок дар арзёбиҳои таҳсилотии байналмилалии таҳсилоти умумӣ (PISA, TIMSS, PIRLS ва ғайра) баррасӣ карда мешавад. Вобаста ба ин, байни Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома дар бораи иштирок дар Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (Programme for International Student Assessment – PISA) дар соли 2025 ба имзо расидааст. Яке аз вазифаҳои оинномавии Марказ ташкили мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот ва иштирок дар барномаҳои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон аст. Аз ин лиҳоз, фаъолияти Маркази миллии PISA бо ҷалби кормандони Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда, инчунин, корҳо барои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон 2025 аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ва Маркази миллии тестӣ ҷараён доранд. Вобаста ба ин аз ҷониби Марказ семинару тернингҳои гуногун пайваста баргузор мегарданд.
Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон яке аз муътабартарин барномаҳои ҷаҳонист, ки ҳар се сол баргузор гардида, барои озмудани ин аст, ки хонандагон омӯхтаҳои худро дар мавқеиятҳои нав, чи дар мактаб ва чи хориҷ аз он, чӣ тавр метавонанд ба кор баранд. Марказ дар доираи вазифаҳои оинномавии худ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба рушди маориф (CICED)-и Федератсияи Россия дар самти таҳия ва татбиқи ҳамкорӣ абзори мониторинги дастовардҳои таълимии хонандагон ва абзори андозагирии маҳорату салоҳиятҳои хонандагон ҳамкорӣ менамояд. Мақсади асосии он муайян кардани боэътимодии абзор дар ташхиси сатҳи донишҳои математикӣ ва забонии хатмкунандагони синфҳои ибтидоӣ, дараҷаи азхудкунии мазмуни фан, маҳорати кор бо маълумот, аз ҷумла, дарку фаҳмиш ва дурусту дақиқ кофтану ёфтани маълумот, арзёбии арзиши он, қобилияти мушаххас муайян кардани сабабу натиҷаҳои амалҳо ва омилҳои ба натиҷаҳои таҳсилот таъсиркунанда мебошад. Натиҷаҳои тест ҳам барои таҳиягарони абзори арзёбӣ ва ҳам барои омӯзгорону хонандагоне, ки дар озмоиши тестӣ ширкат намуданд, басо муҳиманд. Ҳамзамон, ҳадафи озмоиши абзори мазкур мусоидат барои ташаккули низоми миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд ворид шудан ба низоми байналмилалии арзёбии сифати таҳсилот ва иштирок дар пажуҳишҳои байналмилалӣ, ба монанди TIMSS, PIRLS, PISA ва ғ. аст. Барои озмоиш 4-вариантӣ китобчаи тест ба забони тоҷикӣ ва 4-вариантӣ китобчаи тест ба забони русӣ омода карда шуд. Инчунин, абзори дигар, ки бояд дар байни 60 нафар хонандаи синфҳои 8‑10-ум озмуда мешуд, барои муайян кардани дониши хонандагон аз технологияҳои иттилоотӣ буд.
– Албатта, бо чунин масъулияти баланд кор бе мушкилӣ намешавад. Мегуфтед, ки мушкилиҳо кадомҳоанд ва роҳҳои ҳалли онҳо чӣ тарз ба даст меоянд?
– Мушкилоти асосӣ дар соли 2024-ум низ чун солҳои пеш дер пешниҳод гардидани нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки боиси дертар ба чоп расондани дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» гардид. Ин ба корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ таъсири манфӣ расонид. Дар ҳоле ки нақшаи мазкур бояд то охири моҳи ноябри соли пеш аз баргузории ИМД ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардид, нақша барои соли таҳсили 2024-2025 то охири моҳи декабри соли 2023-юм пешниҳод нашуд. Вобаста ба ин, зарур аст, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола нақшаи қабули донишҷӯён на дертар аз моҳи ноябр дар шакли ниҳоӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад ва пас аз пешниҳод дигар ба он тағйирот ворид нагардад.
Дигар, мувофиқат накардани ном ва рамзи қисме аз ихтисосҳои дар нақшаи қабул овардашуда бо таснифоти давлатии тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Лозим ба таъкид аст, ки дар баробари таҳлилҳо, аз рӯйи шаҳру ноҳияҳо ва гурӯҳҳои ихтисосҳо, тибқи дархости баъзе аз ниҳодҳо, инчунин, қабули донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳо ва ё самтҳои муайяни ихтисосҳо (масалан, соҳаи тиб, ҳуқуқшиносӣ, омӯзгорӣ) низ анҷом дода мешаванд. Азбаски ном ва рамзи қисме аз ихтисосҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба таври гуногун дода шудааст, дар аксари ҳолатҳо гузарондани чунин таҳлилҳо мушкил ва ё ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, мақомоти ваколатдори давлатиро зарур аст, ки барои ба таснифоти тасдиқшуда мутобиқ гардондани ном ва рамзи ихтисосҳои дахлдор чораҳои зарурӣ андешад.
Сеюм, баъди ворид кардани маълумоти нақшаи қабули донишҷӯён ба низоми иттилоотии «Довталаб» ва насбу танзими истгоҳҳои кории бақайдгирӣ, ки вақти муайянро талаб мекунад, пешниҳод гардидани дархостҳо аз тарафи муассисаҳои таълимии алоҳида ба Марказ барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба нақшаи қабули донишҷӯён. Ин ҳолат боиси халалдор гардидани корҳои дигари нақшавии Марказ ва нофаҳмиҳо дар байни довталабон мегардад. Тавре ки солҳои пеш низ дида мешуд, ҳолати мазкур боиси норозигии довталабоне мегардад, ки пеш аз ворид кардани чунин тағйиру иловаҳо дар нақшаи қабули донишҷӯён худро номнавис кардаанд.
Хулоса, Маркази миллии тестӣ маҳз дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо ниҳодҳои дахлдор метавонад дар интихоби довталабони сазовор ва рушди ояндаи ҷомеа саҳми муносиб гузорад.
– Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво.
Мусоҳиб
Саида НАБИЗОДА