Баъзе устодон дар ёду хотири шогирдон чун узви хонавода шинохта мешаванд. Устод Аламхон Кӯчаров аз ҳамин гуна устодонеанд, ки дар хонаи ҳар шогирд дар бораашон боэҳтирому ифтихор ҳарф мезананд, ба самимияту одамияташон қоийланд. Ин бесабаб нест. Зеро чунин устодон тимсоли меҳранд, ба шогирдон баробар ба фарзандон пурмуҳаббатанду ғамхор, хурдтарин ташвиши шогирдон барояшон кӯҳи ғам аст. Бартарии дигарашон ин аст, ки ба ҳар ҳарфу дарди шогирдон гӯш меандозанд, барои ҳалли мушкилашон маслиҳатҳо медиҳанд. Магар падар ҳамин гуна нест ва ё бародар? Комилан ҳамин тавранд! Маҳз ҳамин хисол устоди азизи мо — Аламхон Кӯчаровро азизи хонадони ҳар шогирд кардаанд. Гумонам, дар хонадони мо маҳбубияташон аз ин ҷиҳат бештар аст. Бале, Аламхон Кӯчаров (устоди ману бародарам – Сироҷиддин) дар хонадони мо мақоми хоса доранд.
Боре дар ҳафтаномаи “Омӯзгор” (соли 2007) дар бораи устод бо чунин ном хотирае навишта будам: “Назди устод гунаҳгорам”. Пораеро меорам: “Дар имтиҳони дохилшавӣ аз адабиёт иншо месупоридем. Мавзӯи озодро интихоб карда будам: “Мо толиби сулҳем”. Пеш аз ҳама иншоро навиштаму дилпурона онро ба устод супоридам. Устод як аз назар гузаронида, дар истифодаи ғалати ду калима ишорат карданд. Балки гаштаю баргашта ҳушдорам сохтанд, ки саросема нашуда, бори дигар навиштаамро бодиққат аз назар гузаронам. Вале мани навакак аз паси мизи талабагӣ хеста бо ҳамон “эътимод”-и хоси синнусолӣ аз “дурустӣ”-и ақидаи худ даст накашидам. Устод исрори маро пай бурда, лоилоҷ корро қабул карданд ва маро ҷавоб доданд…
Баъдтар ба хато, балки ба гуноҳи худ сарфаҳм рафтам. Охир, ман он вақт бо нодонӣ ва содагии бачагӣ гӯё дониши устодро густохона инкор кардам. Он амал якумр тамғаи пушаймонӣ ва ҳасратро ба рӯям гузошт. Бале, вақте ба хатои худ сарфаҳм рафтам, ки соате аз суҳбати устод баҳравар гаштам; вақте ки бе истодагарӣ, бе мунозира, бе он ки андешаи худро ба касе таҳмил созанд, тавонистанд бо содагии баён ману ҳамсабақонамро ба худ ҳамфикр гардонанд. Ҳар фикре, ки баён мекарданд, онро бо гуфтаҳои адабиётшиносони варзида тасдиқ мекарданд. Воқеан, устод сабақи бештарро аз мактаби айнишиносӣ меомӯхтанд ва то ҳол аз ин мактаб ба дигарон меомӯзонанд.
Боре айёми донишҷӯӣ ҳангоми рисолаи дипломӣ аз эшон маслиҳат пурсидам. Корамро омӯхта, ба як ҷумла маро панд доданд: “Истинодҳо бисёранд…”
Ин ҷумлаи бас кӯтоҳ ва сода маро ҳушдор сохт, то минбаъд дар таълифи асари илмӣ танҳо ба гуфтаҳои дигарон такя карданро кам карда, андешаҳои худро низ дошта бошам…”
Густохии дуюмам соли 2004, вақти ба пойтахт омаданам буд. Устод мехостанд дар донишгоҳ ба кор дароям, вале ман имкон надоштам. Дар ҳар сурат хоҳиш буд, ё талаб, инкори он гуноҳи маро назди устод сангинтар гардонд. Устод дар таълифи китоби дарсӣ назари омӯзгори мактаби миёнаро муҳим таъкид карданд. Дар зимн мехостанд наздашон ба кори илмӣ машғул шавам. Боз ҳам нашуд.
Бо вуҷуди ин… набахшидан ба устод бегона буд. Ширкати устодро дар рӯзҳои ғаму шодӣ ҳеч гоҳе фаромӯш намекунам. Хусусан, ба хона омадану дар паҳлуямон ғамшарик шуданашон дар рӯзҳои аз даст додани падару модарам фаромӯшношуданист. Табиист, ки аз кучактарин дастоварди шогирд ҳар устод меболаду ба ваҷд меояд. Шояд, не, воқеан, эҳсоси устоди мо дигаргуна аст, чун аз сидқ аст, бо муҳаббат, бе тамаъ. Бале, бале, бе тамаъ! Дар шароити имрӯз ин маънӣ арзиши баланд дорад, зеро дар ҳар қадам аз ҳар кас, новобаста аз мақом, метавон инро интизор шуд. Вале ин ва чанд хислати дигар барои устоди мо тамоман бегона аст: кина, ҳирс, такаббур… Вуҷуди устод комилан аз меҳр бунёд ёфтааст, на чизи дигар.
Вақте китобаке аз мо ба чоп тавсия шуд, устод беҳтарин тақриз пешниҳод карданд ва дар рӯнамоии китоб баромад ҳам карданд. Дарвоқеъ, рӯзе, ки дар Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон рӯнамоии китоби банда баргузор гашт, чашмони устод аз ифтихор медурахшиданд. Ин дурахш илҳомбахши кору фаъолияти ҳар шогирд аст, барои ман ҳам… аз дурахши нигоҳи устод ранг-ранг мешукуфтам, қабат-қабат гӯшт мегирифтам…
Устоди мо бо ин ҳама хоксорӣ рӯҳи тавоно доранд, талафоти фарзанд барои устод зарбаи мудҳише буд, аммо устод ба хотири зиндаҳо худро идора карда тавонистанд, ба илм бештар пайвастанд. Меҳнати софдилона, қалби поку беолоиш, донишу хиради воло устодро сазовори унвони академикӣ гардонданд. Устоди мо муаллифи китоби дарсӣ, даҳҳо мақолаву рисолаҳои таълимиву илмӣ, устоди садҳо шогирдони соҳибном, падари фарзандони соҳибмақом, шавҳари бонуи хушқалбу нуронӣ, дӯсти безаволи ҳар хонадон ва муаллифи сатрҳои пурмуҳтавое дар адабиётшиносианд.
Имрӯзҳо бо баҳонаи набераҳо бо духтари устод, бонуи зебочеҳраву меҳнатӣ Ҳусниябону, ки аз фаъолони ҷомеаи имрӯза ва мудири кӯдакистони №17 ҳаст, бештар вомехӯрем ва аз устоду меҳрубониҳояшон мегӯем. Воқеан, фарзандони устод тавонистанд аз номи падар ҳифз кунанд. Агарчи дарди аҳли оила барои бародарони ҷавонмаргашон беҳисоб аст, тавонистанд падару модарро бо кору аъмолашон ба зиндагӣ дилгарм созанд. Тоҳир варзишгар, Наргису Ҳусния мудири кӯдакистон, Насиба устоди ДМТ, ҳар кадом ба қадре пайрави падар, соҳибмақом.
Устод гоҳо, ба қавле, майда-майда ба идораи мо қадам мениҳанд. Кас аз чунин таҳаммул, тамкин ва оромиши пурҳосил ба ҳайрат меафтад, ба ғайрату ҳиммати чунин фарди худогоҳ сано мехонад. Устод аслан адабиётшиносанд, аммо мисли баъзеҳо танҳо бо як хат раҳ намепаймоянд, чун медонанд, ки омӯзиши забону адабиёт тавъам сурат мегирад. Ҳар соҳибзабон вазифадор аст, ки баҳри рушду такомули он саҳмгузор бошад. Ифтихормандам, ки навиштае аз мо дар масоили забон таваҷҷуҳи устодро ба худ кашида тавонист (“Боз дар бораи имло”, соли 2013, ҳафтаномаи “Омӯзгор”). Дар иртибот бо масъалагузориҳои мо устод ба тарҷумаи таҳтуллафз, ки сари ҳар қадам дилозоркунанда ба чашм мерасад, истифодаи истилоҳҳои номақбули муроҷиатӣ, имлои “ӯ”, “ъ” ва чанде дигар дар мақолаашон “Ҳифзи забон вазифаи ҷомеа аст” андешаҳои судманд иброз намуданд. Чунончи, дар ин мақола таъкид кардаанд: “Вақтҳои охир муассисаҳои навбунёд бо овезаи русии «Мы открылись» ва тарҷумаи таҳтуллафзии он – «Мо кушода шудем» ҷомеаро аз худ дарак медиҳанд ва дар сурати қатъ кардани фаъолият овезаҳои «Мы закрылись» ва «Мо пӯшида шудем»-ро мечаспонанд. Бояд гуфт, ки таркибҳои «Мо кушода шудем» ва «Мо пӯшида шудем» бо маънои аслӣ ва маҷозии худ муродифи русиашонро комилан ифода карда наметавонанд ва як андоза хандаовар ҳам ба назар мерасанд. Ба андешаи мо, таркибҳои мазкури русиро чун «Мо ба кор (ё фаъолият) шурӯъ кардем» («Мо ба фаъолият пардохтем», «Мо фаъол шудем») ва «Мо фаъолиятро қатъ кардем» («Хайр, муштарӣ!») тарҷума кардан ба мақсад мувофиқ аст.”
(Афсӯс, ки то ҳанӯз ин нуқсон ислоҳи худро наёфтааст.)
Устод завқи хуби шеърнависӣ ҳам доранд, аз шунидани дубайтиву рубоӣ ва ҳатто шеърҳои бачагонаашон хуши кас меояд, устод дар бораи шинохту мақоми устодон Садриддин Айнӣ, Соҳиб Табаров, устодони алоҳидаашон мақолаҳои арзишманде ба табъ расондаанд, ки беҳтарин кор дарёфт ва мутолиаи онҳост. Устоди равшанзамир Аламхон Кӯчаров дар ҳақиқат, мактаби адабии худро доранд. Метавон гуфт, ба ин мактаб сар задан, аз муҳтавои барномаҳои таълими он баҳравар шудан дар рушду ташаккули шахсияти ҳар ҷавону донишомӯз асари нек дорад, асаре, ки ифодагари осор ва шахсияти худи устод аст.
Саидаи ФАЗЛ