Мақому манзалати зан дар ҷомеа, бахусус, дар самти илму маърифат аз масъалаҳои актуалии замони имрӯз ба ҳисоб меравад. Президенти кишвар иродаи қавӣ ва масъулиятшиносии занонро ба инобат гирифта, онҳоро ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътироф карда, барои дар ҳамаи соҳаҳо муваффақ гаштанашон пайваста талош меварзанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар заминаи сиёсати Сарвари кишвар доир ба баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа як қатор санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқӣ ба тасвиб расонида шудаанд.
Аз ҷумла, “Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017–2022”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақшаи амали “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” ва ғайраҳо, ки имрӯз барои таҳкиму самаранокии фаъолияти занони мо дар соҳаҳои гуногун равона гардидаанд.
Ҳамаи ин на фақат барои дар ҷомеа пайдо кардани мавқеи занон мусоидат намудааст, балки имконият додааст, то занҳо дар ҳамаи самтҳои кори илмӣ–таҳқиқотӣ низ қадамҳои устувор гузоранд. Дар Тоҷикистони азизи мо занҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа бо қобилияту тавоноии хеш ва таҳқиқотҳои илмии худ ба дастовардҳои зиёде ноил гардидаанд. Ҳанӯз аз даврони шӯравӣ занҳои соҳибистеъдод ва ба касби худ содиқ дар кишвар хеле зиёданд. Онҳо, новобаста аз мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ саҳми худро дар рушди илмҳои гуногун хеле назаррас нишон додаанд. Имрӯз гуфтан мумкин аст, ки дар кишвари мо ягон соҳае дар самти илму маърифат нест, ки ба занҳо иртибот надошта бошад. Занҳои кишвар дар рушди илмҳои гуногун, аз ҷумла, илмҳои гуманитарӣ, сиёсӣ, тиббӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, илмҳои дақиқ ва бисёр дигар соҳаҳо кору фаъолият менамоянд. Бо вуҷуди мушкилоти зиёд дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт рушди илм ва иштироки занҳо дар ин самт рӯз аз рӯз боло меравад.
Яке аз фаъолзанони кишвар Муҳиба Ёқубова дар ҷаҳон ҳамчун олими соҳаи биология шинохта шуда, аз ҳисоби занон ба унвони академикӣ сазовор гардидааст. Дар нимаи дуюми асри XX, баъди бо дипломи аъло хатм намудани донишгоҳ ӯ ба аспирантура дохил шуда, фаъолияти илмии худро дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ оғоз намудааст. Ин зани фидоӣ тамоми ҳаёти хешро дар самти биология барои омӯхтани физиология ва генетикаи растаниҳо бахшида, на танҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, балки дар кишварҳои ҷаҳон низ маъруфият ба даст овардааст. Натиҷаи таҳқиқотҳои илмие, ки бо роҳбарии ин зан гузаронида шудааст, дар чорабиниҳои сатҳи баланди байналмиллалии як қатор кишварҳои дуру наздик муаррифӣ гардидаанд. Бо талошу кӯшишҳои зиёдаш ин олима соли 2004 аз тарафи Пажӯҳишгоҳи биографии ИМА “Зани сол” эътироф гардид.
Олимаи дигар Гулчеҳра Қоҳирова буда, меҳнаташ дар соҳаи астрофизика хеле бузург аст. Аз ин рӯ, бо қарори Иттифоқи байналмилалии астрономӣ соли 2014 як сайёраи хурд бо номи ин зани муваффақ гузошта шудааст.
Яке аз аввалин занҳои тоҷик, ки дар 33 — солагӣ ба унвони доктори илмҳои тиб ноил гардидааст, Софя Ҳакимова мебошад. Бояд гуфт, ки бо кӯшишу талошҳо ва ташаббусҳои ин зани тоҷик дар қаламрави давлатҳои пасошӯравӣ аввалин лабораторияи генетикаи одам дар Душанбе сохта шуда буд. Ӯро дар ҷаҳон ҳамчун мутахассиси барҷастаи соҳаи акушерӣ ва гинекологияи замони худ мешиносанд.
Фаъолзани дигар Гулнора Пулотова аст, ки ӯ рисолаи номзадиашро дар самти нейрохирургия соли 1966 ҳимоя намудааст. Ин бонуи боғайрат аз аввалин занҳои тоҷик мебошад, ки соли 1985 вазифаи пурмасъулияти вазири тандурустиро ба ӯ вогузор карданд. Маҳз бо талошу кӯшишҳои зиёди ӯ Маркази ташхисии диагностика соли 1990 кушода ва бо дастгоҳҳои гаронбаҳо муҷаҳҳаз гардонида шуда буд.
Академики Академияи илмҳои тиббии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Мунаввара Додхоева низ дар соҳаи тиб саҳми арзанда дорад. Самтҳои асосии фаъолияти ин зани фидоӣ масъалаҳои саломатии репродуктивӣ ва модари солим буда, фаъолияти ӯ дар тарбия намудани зан – модари солим самараҳои дилхоҳ ба бор овардааст.
Чунин занҳои фаъолу кордони тоҷик дар соҳаҳои гуногун, бахусус, дар самти корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ кам нестанд. Тибқи маълумотҳои Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 дар сатҳи ҷумҳурӣ 789 нафар доктори илм ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 118 нафар занҳо ҳастанд. Аз шумораи умумии номзадони илм, ки 3373 нафарро ташкил медод, 1032 нафарашон зан буда, аксарияти онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар фаъолият менамоянд.
Хурсандиовар аст, ки имрӯз дар ҷомеа таъсири чунин занҳои фаъол дар самти корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ афзуда, аксари волидон новобаста аз мушкилоти зиндагӣ, мехоҳанд фарзандони худро ба таҳсил раҳнамоӣ намоянд. Бахусус, дар шароити деҳот, ки аксари духтарон бо сабабҳои гуногун хоҳишу имконияти идома додани таҳсилро надоранд, фарогирӣ ва ҷалби духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст хеле мушкил буд. Ҳоло бошад, баъди ба 18 расондани синни никоҳ (ғайр аз ҳолатҳои истисноии муқарраргардида) барои духтарон, падару модарон низ масъулият эҳсос менамоянд. Дар масъалаи ҷалби духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ мушкилиҳои зиёд ба назар мерасиданд, ки дар натиҷа боиси аз таҳсил дур мондани онҳо мегардид. Тибқи таҳлилҳои коршиносон дар даврони шӯравӣ аз шумораи умумии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ 49,7%-ро духтарон ташкил медоданд, вале дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ, ки кишвари мо мушкилиҳои сиёсию иқтисодиро аз сар гузаронид, фарогирии духтарон ба таҳсилоти олии касбӣ хеле коҳиш ёфта буд. Айни замон бо кӯшишу талошҳои давлату Ҳукумат таҳти ҳидоятҳои Пешвои миллат, сатҳи фарогирии духтарон ба таҳсил хеле боло рафта, ҳатто дар байни онҳо нафарони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд баъди хатми мактаб на фақат дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, балки берун аз он таҳсили худро идома дода, касби худро такмил диҳанд ва бо корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ машғул гарданд. Боиси таъкид аст, ки солҳои таҳсили 1996–1997 шумораи умумии донишҷӯён 76 ҳазор нафарро ташкил медод, ки аз он ҳамагӣ 19,6 ҳазор нафар ё 25,8%-ро духтарон ташкил медоданд. Ҳоло бошад, аз шумораи умумии донишҷӯён зиёда аз 37,7%–ро духтарон ташкил медиҳанд. Азбаски ба таҳсил фаро гирифтани наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, барои идома додани таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ квотаи президентӣ ташкил карда шудааст. Тайёр намудани мутахассисон тибқи ин имтиёз аз соли таҳсили 1997–1998 оғоз гардида, асосан духтарони ноҳияҳои дурдастро дар бар мегирифт. Баъдан ин имтиёз барои писарон низ муқаррар гардид, ки онҳо ба муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олии касбӣ, бидуни супоридани имтиҳон, танҳо тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.
Дар муддати ду даҳсола ҳазорҳо занону духтарон донишгоҳҳоро хатм намуда, барои пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳм гузошта истодаанд. Ҳамзамон, дар байни онҳо нафарони зиёд идомаи таҳсил намуда, бо корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ машғул мебошанд. Боиси хушнудист, ки имрӯз занону духтарони мо ба душвориҳои зиёде, ки дар зиндагӣ бар дӯш доранд, нигоҳ накарда, боз дар самтҳои гуногуни соҳаи илму маърифат фаъолият менамоянд. Ба ин васила дар тарбияи насли солиму бомаърифат, ки ояндаи кишвар аз онҳо вобаста мебошад, саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Марҳамат НАЗИРОВА – сармутахассиси
раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон