
Бознашр аз сомонаи нашрияи Ҷумҳурият : http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=15126
Санаи нашр: 19.07.2014 №: 138
Таҷлили 100 — солагии яке аз аввалин аълочиёни маорифи ҷумҳурӣ Фазл Набӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ далели қадршиносии тамоми собиқадорони маориф ва ҷалби омӯзгорони ҷавон ба мактабҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шогирдон мебошад. Воқеан, ин марди шариф кист, ки ба чунин таваҷҷуҳ муваффақ гардидааст?
Фазл Набӣ дар деҳаи Анҷироб, собиқ ноҳияи Дашти Ҷум, дар оилаи зиёӣ (мударрис) таваллуд шудааст. Падараш Сайид Набӣ Саидвализода марди донишманду ботамкин ва бамулоҳиза, таҳсилдидаи мадрасаи Бухоро, соҳиби мадраса буд ва шогирдони зиёде дошт. Модарашро Бибиҷон мегуфтанд. Бибиҷон на номи асосӣ, балки дар он замон як навъи муроҷиат ба занони босавод будааст. Ӯ ба духтарони деҳа таълим медод. Фазл аз падар дар 10 — солагӣ ва аз модар дар 20 — солагӣ ҷудо мешавад. Мактабхонии ӯ қиссаи аҷибе дорад, ки он дар китобаш -«Фазилатномаи Фазл» оварда шудааст. Қисса кӯтоҳ, ӯ дар 15 — солагӣ ба мактаби шӯравӣ меравад, вале бо сабаби «муллобача» буданаш муаллим қабул намекунад. Соли дигар муаллими нав ӯро ба мактаб мебарад. Ин муаллим медонад, ки маҳз чунин бачаҳоро тез саводнок кардан мумкин аст. Дар ҳақиқат, Фазл дар дуюним сол савод мебарорад ва ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб дохил шуда, касби падарро дар замону мактаби нав идома медиҳад, ончунон ки дар ин соҳа унвони «муаллими муаллимон»-ро миёни мардум соҳиб мешавад. Фазл Набӣ қариб 50 сол сарбози содиқи набарди маориф буд. Шуҳраташ рӯз то рӯз афзоиш меёфт. Устод, агарчи 11 фарзанд дошт, сағирапарвар ҳам буд. Аввалин шуда фарзандонашро хононд, соҳиби таҳсилоти миёна ва олии касбӣ гардонд. Бахусус, дар хонондани духтарон андешаҳои тоза дошт. Ростӣ, барои чунин андешаҳояш бисёриҳо норозӣ ҳам мешуданд, агарчи дар ҳузураш хомӯширо пеша мекарданд. Бибиҷон, Холисамоҳ ва Робиямоҳ соҳиби таҳсилоти миёнаи тиббӣ шуданд. Оимҷон, Илёсиддин, Сироҷиддин, Саида касби падарро интихоб карда, таҳсилоти олӣ гирифтанд. Набераю абераҳои устод ҳам таҳсилро идома додаанд ва дода истодаанд. Натиҷаашро мардум имрӯз дар фаъолияти фарзандонаш Илёсиддин, мудири шуъбаи маънавиёти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия, Сироҷиддин, директори мактаби № 33-и шаҳри Душанбе, Саида, сармуҳаррири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дидаанд.
Солҳои 50-уми асри гузашта дар Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб мехондам, ҳамсабақони дашти-ҷумӣ (Гавҳарбӣ, Ирамбӣ, Оламбӣ, Зиё, Мамадҷон…) дар суҳбатҳояшон гоҳ-гоҳ устод Фазл Набиро ёдоварӣ мекарданд. Таваҷҷуҳи ман ҳам боло гирифту аз устоди маънавии худ – Абдусамад Абдуқаюмов, устодон Муъмин Қурбонов ва Мирзо Султонов (рӯҳашон шод бод), ки кормандони маъруфи соҳа буданд, пурсидам, ки Набиев кист? Дар борааш бисёр нақл карда, баҳои баланд доданд. Муносибату муоширати Фазл Набӣ моломоли муҳаббату меҳрубонӣ, фаъолияти босамару таҷрибаи кораш саропо пандомӯз ва омӯхтанӣ буд. Нурмуҳаммад Гулови 91-сола мегӯяд, ки 63 сол омӯзгорӣ карда бошад ҳам, худро шогирди ин устод медонад. Шоирон Ашӯр Сафар (Шоири халқии Тоҷикистон), Назар Халил, Соҳибназар, Муҳаммадалӣ Шамсов, Нурмуҳаммад Сироҷӣ, Ислом Юсуфӣ ва чанде дигар шеърҳои худро аз рӯи муҳаббаташон ба ин устод бахшидаанд.
Ин марди бузург дар бораи таърихи Даштиҷум маълумотҳои зиёди боарзиш ҷамъоварӣ кардааст. «Даштиҷум, — мегӯяд устод, — таърихи басо рангин, табиати дилнишин ва мардони фозили зиёд дошт ва дорад. Бисёр мехоҳам, ки таърихшиносон ба таърихи ин водӣ таваҷҷуҳ кунанд. Дурустии далелҳоеро, ки ман аз калонсолони он ҷамъоварӣ кардаам, собит созанд…».
Устод маълумотро аз бузургсолони ноҳия, ки аз 90 то 120 сол умр дидаанд, ба даст овардааст. Худи устод 96 сол умр дид.
Китоби устодро варақ мезанам ва дар саҳифаҳои он борони меҳрро мебинам. Пиру ҷавон дар он ҳарфе гуфтан хостаанд. Ҳатто баъзеҳо ҳарфи зиёд ҳам нагуфтаанд, аммо самимияти хеле зиёдашон эҳсос мегардад.
Дар китоб бештар хотироти худи устод оварда шудааст. Ӯ дар тарбияи муаллимони ҷавон масъулияти зиёд ҳис мекард. Нақл мекунад, ки омӯзгори ҷавону фаъол Маҷид Саидов дар синфи 1 дарс мегуфтааст. Дар ҳамаи корҳо дастболо будааст. Бо пешниҳоди Фазл Набиев аҳли кормандони мактаб аз шуъбаи маориф, ки роҳбарии онро шодравон Самад Фаттоев бар уҳда дошт, ба директорӣ муносиб будани Маҷидро мепурсанд. М. Саид 30 сол бенуқсон кор кард… Чунин роҳбарони мактаб дар ноҳия кам набуданд… Шуъба рӯзнома («Минбари омӯзгор») дошта, бо номи «Гавҳари маърифат» китобе таълиф намудааст, ки дар он сухан дар бораи таърихи низоми маориф меравад. Аз он шиносон, ҳамсабақон, дӯстон, ҳамкорони худро пайдо кардам… Бисёр хушнуд шудам…
Аз рӯи адои хизмати давлатӣ ба бештари шаҳру ноҳияҳо рафта, ба фаъолияти кадрии шуъбаҳои маориф шинос мешудам. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳам будам. Бояд зикр кард, ки ин ноҳия солҳои 50-60-уми асри гузашта навбунёд буд. Аммо аз аввал дар соҳаи маориф кораш омад кард. Аз солҳои аввал мудирони шуъбаи маорифи босалоҳияту бомасъулият рӯи кор омаданд. Мирзо Абдулло, С. Фаттоев, М. Раҳматов, Д. Ғоибов ва боз дигарон, ки ҳар кадом 10-15- солӣ кор карданд. Дар интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои педагогӣ ва тарбия, ҳамчунин таъмину нигоҳдории онҳо, ташкили коллективҳои педагогии босуботи муназзам муваффақ буданд. Аз ин хотир, муаллимони ботаҷрибаи кордон, навҷӯю эҷодкор, монанди устод Фазл кам набуданд. Тамоми тадбирҳои идорӣ ва методии ин мақомот бо иштироку саҳми онҳо мегузашт. Соли 1987 дар хонишҳои педагогии ноҳиявӣ, ки шуъбаи маориф гузаронид, 600 нафар муаллимон бо маърӯзаҳо баромад карданд. Аз 86 нафар иштирокчии хонишҳои ҷумҳуриявӣ аз вилояти собиқ Кӯлоб 36 нафарашон аз ин ноҳия буданд ва аксарияташон соҳиби мукофотҳои арзанда гардиданд. Он солҳо фоизи ғолибони олимпиадаҳои фаннии хонандагон аз фоизи тамоми ноҳияву вилоят кам набуд… Дар ҳамаи ин хизмати омӯзгороне ба мисли Фазл Набӣ хеле зиёд буд. Имрӯз ҳам ин анъана идома дорад…
Шунидам, ки дар ноҳияи Фархор мудири шуъбаи маориф Ғазалшоҳ Сафаров ҷавони босалоҳияту бомасъулият, ҷӯяндаю эҷодкор буда, дар низоми маорифи ноҳия ба дастовардҳои муҳим, бахусус дар интихобу ҷобаҷогузорӣ, нигоҳдорӣ, тарбияи кадрҳои педагогӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо муваффақ шудааст. Хурсанд шудам. Маълум мешавад, ки анъанаи насли калонсол, чун Муъмин Қурбонов, Азиз Афзалов ва боз чанде дигар идома дорад. кормандони муваффақу кордида ва бомаърифате буданд. Азиз Афзалов яке аз сарвароне маҳсуб меёфт, ки бисёр боодоб, бомаърифат, донишманд ва шикастанафс буд ва ҳаст. Ӯ тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрию дастурии мақомоти олии давлатӣ ва мақомоти идории низоми маорифро бисёр хуб медонист ва омӯзишу тарғиб ва иҷрои онҳоро таъмин мекард.
Бовар дорам, ки дар ноҳияи Фархор ва дигар ноҳияҳо ҳам чунин қадршиносӣ анъана мегардад. Охир, 100 сол як аср аст. Ин санаи мубораки шахсиятҳои маъруфро бояд таҷлил кард ва он вазифаи ҳар яки мост.
Ҳабибулло ИСКАНДАРОВ,
собиқадори маорифи ҷумҳурӣ