ДУШАНБЕ, 09.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамоиш оид ба тақсим ва ба кор ҷалб намудани хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгорӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки дар соли таҳсили 2024 теъдоди хатмкунандагони донишгоҳ аз рӯйи равияи омӯзгорӣ ба 649 нафар мерасад. Аз шумораи умумии хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ 385 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 264 нафар дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоянд. Инчунин донишгоҳро 78 донишҷӯи шуъбаи рӯзона тариқи буҷавӣ, 44 нафар тибқи квотаи президентӣ ва 142 нафар тариқи шартномавӣ хатм мекунанд.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар ин донишгоҳ аз 50 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ донишҷӯён таҳсил доранд.
Дар идома роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хатмкардагон мулоқоти судманд анҷом доданд.
Иброз гардид, ки бо ташаббусу иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои донишомӯзону омӯзгорон беҳтарин шароит ва имконият фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, ҷавонони саодатманди тоҷик ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориҳо бояд ба донишандӯзиву забономӯзӣ машғул шуда, ҳамчун омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози миллат саҳм гузоранд.
Таъкид гардид, ки ҳангоми таъмин шудан бо ҷой кор омӯзгорони ҷавон бояд бомасъулият фаъолият намуда, насли ояндасози миллатро дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва ҳимояи марзу буми давлатӣ таълим диҳанд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон