«Маорифи Тоҷикистон» – нашрияи илмӣ, маърифатӣ ва таълимию методии Вазорати маориф ва илми кишвар ҳамсоли Истиқлоли давлатӣ буда, шумораи нахустини он бо номи “Адаб” моҳи июли соли 1991, ду моҳ пештар аз қабули Эъломияи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи талоши рӯшанфикрони тоҷики солҳои 80-90-уми қарни ХХ, дар замоне ки бедории миллӣ дар кишвар барои ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ додан таъсир гузошт, таъсис ёфт. Ба таври мухтасар ба қадамҳои маҷалла дар даврони Истиқлол назар мекунем.
- 1. Маҷалла чун муждарасони Истиқлол ва соҳибмақом гаштани забони давлатӣ ду моҳ пеш аз тавлиди Истиқлол таъсис ёфт;
- 2. Дар соли дуюми таъсисёбияш, ки дар кишвар нобасомониҳо сар зада буданд, маҷалла ба теъдоди 6 000 нусха чоп шуд;
- 3. Чопи маҷалла ҳеч гоҳ боздошта нашуд;
- 4. Маҷалла тайи солҳои 1997-1999 замимаеро таҳти унвони «Ганҷи адаб» бо ҳуруфи арабиасоси тоҷикӣ нашр менамуд.
- 5. Ба ифтихори ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1994), 120-солагии зодрӯзи Аллома Муҳаммад Иқбол (1997), 960-солагии Умари Хайём, 1000-солагии Носири Хусрав, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 80-солагии шаҳри Душанбе ва Вазорати маорифи Тоҷикистон, 20 ва 30-солагии маҷалла шумораҳои алоҳидаи ҷашнӣ таҳия ва нашр гардиданд;
- 6. Ҳаҷми маҷалла, ки қаблан хурд буд (А-4), калонтар шуд (А-3), саҳифаҳои маҷалла бештар гаштанд;
- 7.Ороиши техникӣ беҳтар гардид;
- 8. Ташкили озмуни “Мактаби миллӣ: маориф, мушкилот ва дурнамо” дар пешниҳоди мулоҳизоти беҳтарини коршиносон ва роҳҳои дарёфти рушди ислоҳоти соҳа таъсири бештар расонид;
- 9. Теъдоди рубрикаҳо афзудаву муаллифон бештар ҷалб шуданд;
- 10. Чопи ҳармоҳаи маҷалла ҷорӣ гашт (аз соли 2016);
- 11. Теъдод баъди чанд сол аз 6000 гузашт (аз соли 2018);
- 12. Маҷалла бо ороиши тамоман нав, замонавӣ, пурмазмун ва бо сифати баланд ба табъ расид (аз соли 2019);
- 13. Соҳиби сомона ва саҳифаи иҷтимоӣ дар Фейсбук гардид, ки теъдоди истифодабарандагони он то имрӯз 29 000-ро гузашт;
- 14. Шакли электронии беҳтарин мақолаҳои муаллифон ва шакли PDF-и маҷаллаҳо дар сомона ҷой дода шуд;
- 15. Саҳифаи маҷалла минбари арзу ниёз, баҳсу маслиҳат, эътимод ва муаррифии таҷрибаву чеҳраҳои соҳа гардид;
- 16. Бахши “Пурсишу посух” дар саҳифаи иҷтимоӣ фаъол гардид;
- 17. Сафари кормандон аз пайи шикояти омӯзгорон ба мактабҳо ташкил карда шуд;
- 18. Дар саҳифаи иҷтимоӣ ҳайати маъмурии идора бо алоқамандони соҳа ҳампаҳлу буданро бо рубрикаҳои “Шодбошӣ” ва “Ҳамдардӣ” нишон медиҳанд, ки ин амал барои ҳавасмандгардонии ҷавонон, қадршиносии собиқадорон ва рӯҳбаланд гардондани ҷомеа таъсири мусбат мерасонад;
- 19. Дар саҳифаҳои маҷалла кроссворд бештар ба табъ расид;
- 20. Ташкили озмуни “Маориф ва Истиқлол” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон боиси ҷалби бештари алоқамандон гардид;
- 21. Ташкили сафари хидматӣ ба минтақаҳо ба афзоиши теъдоди обуна таъсир расонд;
- 22. Суҳбат бо донишмандони соҳа ва аҳли илму адаб дар инъикоси мақоми шахсияту муассисаҳои таълимӣ нақш гузошт;
- 23. Ҳайати таҳририяи маҷалла аз ҳисоби донишмандони соҳа пурра гардид;
- 24. Маҷалла аз ҳисоби ҷавонон чеҳраҳои нави фаъолро муаррифӣ намуд;
- 25. Маҷалла дар ин давра 200 шумора ба табъ расид;
- 26. Маҷалла бо чопи мақолаҳои методӣ ва намунаи нақшаҳои корӣ барои муштариён чун дастури методӣ хидмат мекунад;
- 27. Дастовардҳои маҷалла ва кормандони он, аз ҷумла, чопи китобҳои гуногун, иштирок дар барномаҳои гуногуни радиоиву телевизионӣ, фаъолмандӣ дар шабакаҳои иҷтимоии ҳар кадом мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзиши ҳамешагии алоқамандони соҳа қарор дорад;
- 28. Дар саҳифаҳои маҷалла ва сомона чопи мақолаҳои муаллифон бо андешаву пешниҳодҳои судманд бо назарҳои интиқодӣ бештар гардид;
- 29. Ҳавасмандии кормандон рӯ ба афзоиш ниҳод;
- 30. Мақолаҳои беҳтарини озмунӣ дар шакли китоб ва шодбошиҳо дар шакли ранга ва нашри махсуси маҷалла ба табъ расиданд.
Умедворем, ин дастовардҳо идома ёфта, фаъолияти бавусъати кормандон ва дастгирии муассису алоқамандон имкон медиҳанд, ки бо мазмуну муҳтавои баланд ва аҳамиятноки таҳлиливу таълимӣ номи маҷалла дар таърихи маорифи кишвар бо хатти заррин навишта шавад.
Мусаллам аст, ки муҳимтарин воситаи рушд барои ҳар як маҷалла ташкили обуна мебошад. Бояд гуфт, ки чопи маҷалла, агарчи ба сабаби ҷараёни тендер ва чопхона каме ба таъхир афтод, бо шаклу мазмуни дилхоҳ ба табъ расид. Бо вуҷуди ин, агар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта гирем, вазъият умедворкунанда ба назар мерасад. Масалан, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 400 адад бештар обуна шудаанд.
№ | Шаҳру ноҳияҳо | 2021 | 2022 |
1. | Душанбе | 760 | 834 |
2. | В.Суғд | 1847 | 1955 |
3. | В.Хатлон | 1529 | 1588 |
4. | н.ВМБК | 279 | 269 |
5. | ШНТМ | 996 | 899 |
| ҶАМЪ | 5411 | 5545 |
Дар ҳамин ҳол то 18.01.22 чор ноҳия (Леваканд, Шаҳритус, Носири Хусрав, Сангвор) умуман обуна нашуда, Кушониён 8 дона, Хуросон 15, Абдураҳмони Ҷомӣ 21, Қубодиён 20, Фархор 30, Муъминобод 22, Айнӣ 37, Панҷакент 74, Масчоҳ 48, Файзобод 51, Нуробод 31- нусхаӣ обуна шудаанду халос. Бовар дорем, агар муносибат ба маҷалла аз ин ҷиҳат аз ҷониби ин масъулин дар навоҳии номбурда ҷиддӣ гардад, маҷалла дар роҳи рушди соҳа қадамҳои устувортар мегузорад.
Бартарӣ аз ин ҷиҳат ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Бохтар, Кӯлоб, ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Балҷувон, Вахш, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки нақшаро пурра иҷро карданд ва ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳристон, Спитамен, Рӯдакӣ, Ванҷ, Ҷаббор Расулов, Ховалинг аст, ки иҷрои нақшаи обунаро наздик оварда тавонистанд.
Ду монеа вуҷуд дорад, ки барои ташкили обуна ба мо халал ворид месозанд: аввалан, нигаронии омӯзгорон аз сарбории барзиёд ба обунаи ғайрисоҳавӣ, дигар, интиқоли номуназзами маблағи обунаи муштариён ба суратҳисоби маҷалла. То ҳанӯз маблағҳои обуна аз солҳои қаблӣ дар почтаҳо ҷой доранд. Хуб мешуд, роҳбарони шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти касбӣ барои ба суратҳисоб гузарондани маблағи обуначиён назоратро аз даст надиҳанд. Соли ҷорӣ баъди нимсолаи якум якбора теъдоди обуна 785 нусха кам гардид. Ин мушкил моро ҳар сол ба мушкилоти пуливу молӣ мувоҷеҳ мегардонад. Дар масъалаи ҷараёни обуна дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, ба ғайр аз он муассисаҳое, ки бевосита обуна мешаванд (ба суратҳисоб), мо дар даст иттилои аниқ надорем. Аз ин рӯ, хуб мешуд, сардорони раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо интиқоли бевоситаи маблағ ба суратҳисоб ба мо имкон диҳанд, ки иттилои асосиро муайян карда тавонем. Дар акси ҳол на нашрияҳо маблағро ба даст меоранд ва на омӯзгорон нашрияҳоро. Хулосаи ин маънӣ аз баҳсҳои беандозаи омӯзгорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам бармеояд. Умедворем, имсол бо раҳнамоии садорати муассис ҳамдастии раёсатҳои дастгоҳи Вазорати маориф ва илм, зерсохторҳо ҳамкории муштариёну алоқамандон вусъати нав пайдо менамояд. Дар ин сурат нақшаҳои дигареро, ба мисли зиёд гардондани теъдоди саҳифа, ҷалби бештари муаллифони соҳибқаламу соҳибназар амалӣ гардондан мумкин аст.
“Маорифи Тоҷикистон” аз шумо ва барои шумост.
Саида НАБИЗОДА