Набизода Саида Фазл 13 декабри соли 1966 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (собиқ Москва) дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Солҳои 1974-1984 дар мактаби миёнаи №16 – и ноҳияи Ҳамадонӣ таҳсил карда, факултаи забон ва адабиёти тоҷики ДДОК ба номи А.Рӯдакиро соли 1988 ба итмом расонид.
Фаъолияти меҳнатиаш асосан ба се қисм ҷудо мешавад: омӯзгорӣ, рӯзноманигорӣ ва илмӣ. Баъди хатми донишкада дар мактаби миёнаи №1-и ноҳия, аз соли 1996 то соли 2003 дар мактаби миёнаи рақами 16 чун омӯзгори ихтисосманд фаъолият кард. Соли 2002 дар озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» шарафи омӯзгорони вилояти Хатлонро ҳимоя намуд. Соли 2003 тибқи як лоиҳа дар ташкилоти башардӯстонаи «Миссияи Шарқ» фаъолият кард. Аз моҳи январи соли 2005 дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба ҳайси муҳаррири шуъбаи мактабҳо, аз соли 2011 то имрӯз дар маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» ба ҳайси сармуҳаррир фаъолият дорад.
Иштирокдори даври ҷумҳуриявии озмуни «Муаллими сол» (2002) буда, аз соли 2006 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳаст, солҳои 2005-2008 дар гурӯҳи коршиносони Вазорати маориф ва илм (таълифу таҳияи барномаву китобҳои дарсӣ), соли 2008 дар ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Мактаб ва ҷомеа» фаъолият кардааст; дар таълифи китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои синфи 5- се нашр, Дастури методӣ барои таълими фанни забони модарӣ (синфи 5), «Раҳнамои омӯзгор», «Замимаи китоби дарсӣ» (барои синфҳои 5,6,7,8,10), таҳия ва таҳрири китобчаи «Байтбарак», якчанд китоби дарсӣ, бадеӣ, илмӣ-методӣ, аз ҷумла, таҳриру тасҳеҳи китобҳои «Алифбо», «Асосҳои иқтисодиёт» (синфи 11), «Маърифати молиявӣ» ва чандин дастури методӣ саҳм дорад; соли 2016 маҷмӯаи мақолаҳояш бо номи «Пайкори афкор» дар ҳаҷми 320 саҳ. бо тамғаи нашриёти «Адиб» ба дасти хонандагон расид. Меҳнаташ бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон (с.2002, 2009, 2018), Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ (2016, 2017,2018), нишонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002), «Аълочии фарҳанги ҶТ» (2007), «Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ» (2018), «100-солагии матбуоти тоҷик» қадр ёфтааст.
Соҳиби ду фарзанд аст.