
Амиршоњ ЁРМУЊАММАДОВ —
дотсенти Донишгоњи миллии Тољикистон,
Аълочии маориф ва илми Тољикистон
аввалин намунаи матбуоти муосири тољик
(Ба чопи шумораи нахустини «Шуълаи инќилоб»10 апрели соли равон 100 сол пур шуд.)
Бо забт ва ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия дар кишвари мо матбаа ва нашрияҳои расмӣ пайдо шуданд. Намунаи чунин нашрияҳо «Туркестанские ведомости» ва «Туркестанская туземная газета». («Туркистон вилоятининг газетаси») ба забонҳои ӯзбекию қирғизӣ) буд. Дар ташкили ин нашрияҳо саҳми нахустин генерал-губернатори Туркистон Фон Кауфман, ки шахси бомаърифат буд, хело калон аст. Бо хусусияти расмияшон нигоҳ накарда, онҳо дар омӯзиши илмии кишвари мо хизмати калон кардаанд. Зеро бо фаъолияти ин газетаҳо нахустин бор табиат, канданиҳои фоиданок, таърих, забон, адабиёт, этнография, археология, фолклор ва дигар паҳлуҳои ҳаёти мадании моро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Бо ин газетаҳо шарқшиносони маъруф ва табиатшиносони машҳури рус Н. Северсов, В.В. Бартолд, И. Мушкетов, А. Федченко, А. Бутаков, Н. Ликошин, В. Наливкин, Н.Остроумов ва дигарон хеле сермаҳсул ҳамкорӣ кардаанд. Аксар мақолаҳои илмии онҳо дар ҳамин нашрияҳо бо табъ расида буданд. Ин нашрияҳо дар назди худ мақсад гузошта буданд, ки мардуми моро бо намунаи адабиёти рус ва мардуми русро бо намунаи адабиёти халқҳои Осиёи Миёна шинос кунанд. Нахустин тарҷумони асарҳои адибони мо ба забони русӣ шарқшиносони рус буданд. Шарқшиноси маъруф Н. Остроумов дар қатори онҳо ҷой дошт. Вай солҳои дуру дароз муҳаррири газетаи ӯзбекии «Туркистон вилоятининг газетаси» буд. Дар ин газета осори адибони маъруфи рус, аз ҷумла А.С. Пушкин, Н. Крилов ва дигарон чоп шуда, дастраси мардуми маҳаллӣ мегашт. Як марҳилаи муҳим дар инкишофи матбуоти кишвари мо Инқилоби аввали Россия (солҳои 1905-1907) буд. Дар зери таъсири ин инқилоб бо гуфти В.И. Ленин, «Осиё бедор шуд». Аз ин рӯ, газетаҳои дорои равияҳои сиёсии мухталиф пайдо гаштанд, аз ҷумла, бо забони аҳолии маҳаллӣ. Ташкилкунандаи ин газетаҳо ҷадидони Осиёи Миёна буданд. Аксари ин газетаҳо бо забони ӯзбекӣ чоп мешуданд. Дар саҳифаҳои баъзеашон шеърҳо, эълонҳо, супоришу фармонҳо бо забони тоҷикӣ низ дида мешуд. Минбаъд бо таъсири ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии кишвар дар Бухоро низ нашрия пайдо мешавад. Намунаи он «Бухорои Шариф» буда, аз 11 марти соли 1912 то 2-январи соли 1913 дар ҳаҷми чаҳор саҳифа ҳамагӣ 153 шумора чоп шуд. «Бухорои Шариф» дар атрофи худ беҳтарин равшанфикрони тоҷик, аз қабили Мирзо Сироҷи Ҳаким, Мирзо Муҳиддин Мансуров, Абдурауфи Фитрат, Садриддин Айнӣ ва дигаронро гирд оварда буд. Ноширони «Бухорои Шариф» аҳолии ӯзбакзабони гирду атрофи шаҳрро ба назар гирифта, чун замима чопи рӯзномаи «Тӯрон»-ро ташкил карданд. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи нашри «Бухорои Шариф» ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик пазируфта шуд, ки он ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.
Ҳамин тавр, «Бухорои шариф» ва «Тӯрон» дар бедории сиёсии мардуми мо хизмати калон кардаанд. Мутаассифона, фаъолияти ин ду газета дер давом накард. 2 январи соли 1913 бо хоҳиши амири Бухоро сафоратхонаи рус ҳардуи ин рӯзномаро баст. Минбаъд то соли 1919 рӯзномае бо забони тоҷикӣ нашр нашуд. Ҳарчанд баъзе нашрияҳои дузабона низ дар кишвари мо дида мешуданд.
Эҳёи нашрияҳои тоҷикӣ бо ғалабаи Инқилоби Октябр ва барқароршавии Ҳукумати Советӣ дар кишвари мо зич алоқаманд аст. Намунаи аввалини он маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» аст. Доир ба фаъолияти ин нашрия байни муҳаққиқони тоҷик фикрҳои мухталиф мавҷуданд. Аз ҷумла, академик З.Раҷабов онро дар тадқиқоти хеш («К характеристике первого советского журнала на таджикском языке» — «Пламя революции». Сталинабад, 1959) ҳамчун журнал ном бурдааст. Муҳаққиқи машҳури таърихи матбуоти тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор И.Усмонов дар мақолаи илмияш исбот кардааст, ки аз рӯи мазмун ва мундариҷа «Шуълаи инқилоб» газета аст. Ба ақидаи мо низ, он ҳамчун як ҳафтанома аст. Зеро дар фаъолияташ нақши газетаро иҷро мекард. Фақат ноширони «Шуълаи инқилоб», ки онро маҷалла номбар карда буданд, ба фикри мо олими маъруф З.Раҷабовро ба иштибоҳ оварда буд. Дар тадқиқоти пурарзишаш калимаи маҷалларо бо забони русӣ ҳамчун журнал тарҷума кардааст. Ҳатто номи «Шуълаи инқилоб» дар тадқиқоти академики маъруф ҳамчун «Пламя революции» омадааст. «Шуълаи инқилоб» 10-уми апрели соли 1919 ба нашр оғоз кард. Маҷалла дар марҳилаи хеле ҳассос ва тақдирсози миллати тоҷик ба фаъолият шӯруъ карда, дар ҳаёти минбаъдаи мардуми мо нақши калон гузошт. Зеро масъалаи будан ва ё набудани миллати тоҷик ба миён омада буд, туркгароён ба ҳамлаи рӯирост гузашта буданд. Ин дуюмин нашрияи тоҷикӣ ва аввалин нашрияи советӣ ба забони тоҷикӣ буд. «Шуълаи инқилоб» ҳафтаномаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва оммавӣ ба шумор мерафт. Он ҳамчун органи Комитети партиявии вилояти Самарқанд, аз 10-уми апрели соли 1919 то 8-уми декабри соли 1921 ҳафтае як бор мунтазам 91 шумора нашр шуд. Адади нашри он то ба 4 ҳазор нусха мерасид. Фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва адабии «Шуълаи инқилоб» дар давраи вазнинтарини кишвари мо оғоз ёфт. Ҷанги гражданӣ дар авҷ буд. Ба муқобили Ҳукумати Советӣ ва ҳизби болшевикон фаъолияти ҳар гуна ҷараёнҳои сиёсӣ ва аксулинқилобӣ аз тарафи душманон ва руҳониёни мутаассиб торафт авҷ меёфт. Дар чунин вазъият «Шуълаи инқилоб» ба омма фаҳмондани моҳияти Инқилоби Сотсиалистии Октябр ва давлати Советиро вазифаи аввалини худ қарор дода буд. Аз ғалабаи Инқилоби Октябр якуним сол гузошта бошад ҳам, аз сабаби ба забони тоҷикӣ набудани ягон нашрия мардум аз чорабиниҳои Ҳукумати Советӣ воқиф набуданд. Бинобар ин, «Шуълаи инқилоб» фаъолияти сиёсии худро барои мунтазам ташвиқ кардани Ҳокимияти Советӣ сарф мекард. Ба ин сармақолаи шумораи нахустин ҳафтанома равшан гувоҳӣ медиҳад. «Ягона мақсади мо хизмат кардан дар роҳи мустаҳкам кардани инқилоб ва Ҳукумати Шӯравӣ мебошад. Барои пойдории салтанати одилона, барои озодӣ ва осоиши ранҷборон мубориза мебарем» («Шуълаи инқилоб», 1919, 10-уми апрел). Бо ҳафтанома С. Ализода, С. Айнӣ, Ғ. Қозизода, Мухторӣ, Ф. Роҷӣ ва дигарон ҳамкорӣ мекарданд. Муҳаррири «Шуълаи инқилоб» публитсисти маъруф, ходими намоёни ҷамъиятӣ Саидризо Ализода буд. Қариб ҳамаи сармақолаҳо, шеър, ҳаҷвия, инчунин, тарҷумаи материалҳои марказӣ ва хориҷӣ ба қалами шахсони зикршуда тааллуқ доштанд. Ҳафтанома дар байни меҳнаткашони тоҷик кори зиёди фаҳмондадиҳиро анҷом дода, оммаи мардумро ба мубориза бар зидди контрреволютсионерон равона мекард. «Шуълаи инқилоб» ба оммаи мазлум хитоб карда мегӯяд: «Дар замоне, ки алангаи револютсия ҷаҳонро фурӯзон кардааст, асиру бандаи давлатмандон будан нашояд. Занҷири зулму ситамро пора кунед, ба ҳаракати револютсионӣ ҳамроҳ шавед. Биёед, ба муқобили душманони ранҷборон якҷоя мубориза барем». («Шуълаи инқилоб», 1919, 10-уми апрел). Чунин даъватҳои револютсионӣ, ки аввалин бор дар саҳифаи матбуоти коммунистӣ ба забони тоҷикӣ садо медоданд, аҳамияти калони сиёсӣ доштанд. Ҳафтанома ба саҳми ҳизби коммунистӣ дар ҳаракати револютсионӣ диққати махсус медод. Аз ин рӯ, дар саҳифаҳои худ оид ба фаъолияти партия ва мақоми коргару деҳқон мақолаҳои зиёде чоп менамуд. Ба ақидаи нашрия, ҳизби коммунистӣ ягона ҳизбе мебошад, ки манфиатҳои оммаи мазлумро ифода карда, онҳоро аз ҳама гуна занҷири ғуломӣ озод мегардонад. Дар шумораи дуюми ҳафтанома оид ба моҳияти Инқилоби Октябр мақолае чоп карда шуд. Дар мақола гуфта мешуд, ки ба шарофати инқилоб зимоми идоракунии мамлакатро соҳибони ҳақиқии он – ранҷбарон ба даст гирифтанд. Дар яке аз шумораҳои «Шуълаи инқилоб» «Англиспарастон» ном мақолае дарҷ карда шуда буд. Дар он ҳилаю найранги империалистони англис фош карда мешуд. Империализми англис барои ноил шудан ба мақсадҳои ғоратгаронаю нангини худ аз ҳеҷ чиз рӯй намегардонад. Инчунин нашрия аз ғоратгариҳои англисҳо, ки аҳолии Ҳиндустонро асрҳои аср истисмор мекарданд, мисолҳо меорад. Бо ҳамин тарғиботи аксулинқилобии муллоҳо ва ҷадидонро, ки империализми англисро таърифу тавсиф мекарданду вайро пушту паноҳи мамлакатҳои мусулмон мепиндоштанд, дар пеши назари омма фош карда, ба онҳо ҳақиқати ҳолро мефаҳмонд. «Шуълаи инқилоб» дар мақолаи «Туркистон ватани мост» таъкид мекунад, ки пеш ватани азизи мо дар дасти ҳукумати мустабидаи рус буд. Хоки поки ватани моро мустамликадорон поймол карда, моро аз ҳама неъматҳои гаронбаҳои ватан маҳрум сохта буданд. Бисёр ватандӯстон ватанро тарк мекарданд. Акнун ки бо шарофати Ҳокимияти Советӣ соҳиби ҳақиқии ватани худ шудем аз ҳар гуна ҳуҷуму баркирдориҳои бегонагон мудофиа кардани он вазифаи мост ва номуси мост («Шуълаи инқилоб», 1919, 22-уми май).
Ҳамин тавр, ҳафтанома оммаро ба мудофиаи Туркистони Советӣ сафарбар мекард.«Шуълаи инқилоб» аввалин тарҷумон ва паҳнкунандаи асарҳои роҳбари Ҳукумати Шӯравӣ В.И. Ленин ба забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Мардуми тоҷик ба туфайли он аввалин маротиба бо асарҳои В.И. Ленин шинос шуданд. Ҳафтанома мактуби машҳури В.И. Ленин «Ба рафиқони коммунисти Туркистон»-ро чоп кард. Аксари мақолаҳои ба ҳаёти Бухоро бахшидашудаи нашрия ба қалами устод С.Айнӣ тааллуқ доштанд. Зеро С.Айнӣ ҳаёти сиёсӣ ва талаботи меҳнаткашони Бухороро хуб медонист. Устод дар вазнинтарин лаҳзаҳо нашрияро дастгирӣ мекард, барои идомаи нашраш ёрии амалӣ мерасонд. Ин аст, ки ҳафтанома навишта буд: «Ин ҳаммаслакони гиромӣ маҷаллаи «Шуълаи инқилоб»-ро на танҳо аз ҷиҳати моддӣ таъмин намуданд, балки аз ҷиҳати маънавӣ низ ба таъмини он кӯшиданд. Чунончи, рафиқонамон Айнӣ, Мухторӣ ва Муҳаммадӣ ваъда доданд, ки саҳифаҳои маҷалларо бо мақолаҳои судманд ороиш бидиҳанд. Умед аст, ки бо ёрӣ ва ҳамроҳии ин рафиқони матбуотпарвар дурахшандагии «Шуълаи инқилоб» фузунтар гардида, боиси хушнудии муштариёнаш бишавад. Мо дар муқобили ин хизмати шоистаи эшон аз таҳти дил изҳори ташаккур намуда, мегӯем: «Зинда бод ходимони матбуот!» («Шуълаи инқилоб», 1919, 7-уми декабр). Фаъолияти пурҷӯшу хурӯши «Шуълаи инқилоб»-ро ба назар гирифта, С.Айнӣ ин шеъри худро ба он бахшида буд.
Инқилоб офтобро монад,
Ё ки тӯфони обро монад.
Нашри анвор мекунад ба ҷаҳон,
Инқилоб офтобро монад …
Шуълаи инқилоб дар тасвир,
Партави офтобро монад.
Шараравшонии наи килкам,
«Шуълаи инқилоб»-ро монад.
«Шуълаи инқилоб» дар арафаи инқилоби Бухоро барои рӯҳбаланд ва сафарбар кардани мардум «Марши ҳуррият»-и С.Айниро бори аввал чоп мекунад, ки он бо оҳанги «Марселёза» — суруди инқилоби бузурги Франсия эҷод шуда буд:
Эй ситамдидагон, эй асирон!
Вақти озодии мо расид,
Муждагонӣ диҳед, эй фақирон!
Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид …
«Марши ҳуррият» гимни инқилобии мардуми Бухоро мегардад. Ҳамин тавр, нашрия моҳияти револютсияи халқии советии Бухороро ҳамаҷониба ташфиқу тарғиб карда, бо ин восита ба мустаҳкам кардани он ёрии калон расонд.
«Шуълаи инқилоб» дар бораи аз тахт афтидани амири Бухоро дар шумораи №-49 худ аз 13-уми октябри соли 1920 чунин навишта буд: «Ҳайкали истибдоди Бухоро сарнагун шуд! Бухоро гулхани зишт ва чиркин буд, дар миёни гулшани инсоният. Бухоро торикистони ҷаҳолат буд, даруни партави дурахшандаи маориф».
«Баъди револютсияи Бухоро, — навишта буд ҳафтанома, — аҳолии Туркистон аз неъматҳои инқилоб баҳравар мегардад, бозори риёкорӣ касод ва қадами мурдори англисҳо аз Туркистон дур хоҳад шуд. Зинда бод инқилоби Бухоро!» («Шуълаи инқилоб», 1920 — 13-уми сентябр).
«Шуълаи инқилоб» барои баланд бардоштани рӯҳияи оммаи деҳқонон аз шумораи 50 -ми худ асари таърихии С.Айниро бо номи «Таърихи силсилаи манғитӣ, ки дар Бухоро ҳукм рондаанд» мунтазам чоп мекунад. Асар аз шумораи 53-юм бо номи «Таърихи амирони манғитии Бухоро» нашр мешавад. С.Айнӣ таърихи сулолаи амирони манғитияро, ки асосгузораш Раҳимхон буд, то амири охирин Олимхон нақл мекунад. Дар асар таърихи нангин ва пур аз фисқу фуҷури сулола тасвир ёфтааст. «Таърихи амирони манғитии Бухоро» аввалин асари таърихист, ки ба забони тоҷикӣ дар давраи советӣ навишта шудааст. Баъди ғалабаи револютсияи Бухоро идораи «Шуълаи инқилоб» оид ба ҳаёти ин сарзамин материалҳои мукаммал чоп мекард.
Бояд қайд кард, ки «Шуълаи инқилоб» ба адабиёти советии тоҷик ва илми таърихи он ибтидо гузоштааст. Дар он аввалин бор шеърҳои револютсионӣ, мақолаҳои публитсистӣ ва тарҷумаҳои сардафтари адабиёти советии тоҷик ва дигар адибони маъруфи он давраи мо чоп шуда буданд. С.Айнӣ дар саҳифаҳои «Шуълаи инқилоб» дар тамоми жанрҳои адабии дар он замон маъмул асарҳо эҷод карда буд. Хизмати дигари «Шуълаи инқилоб» дар он аст, ки оммаи меҳнаткашони тоҷикро аз воқеаҳои муҳимми шаҳрҳои марказии Россия ва ҷаҳон огоҳ мекард. Аз саҳифаҳои нашрияҳои мухталиф материалҳо дарҷ мекард. «Шуълаи инқилоб» моҳи декабри соли 1921 баста шуд. Ин, албатта, якчанд сабаби объективӣ ва субъективӣ дошт. Агар яке аз ин сабабҳо нарасидани коғаз, таҷҳизоти полиграфӣ, мутахассисон бошад, сабаби дигар ба органҳои роҳбарикунандаи Республикаи Туркистон сар даровардани баъзе миллатчиёни буржуазӣ буд. Онҳо ба нашрияҳои тоҷикӣ муқобил буданд. Дар арафаи тақсимоти миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёна дар Самарқанд газетаи «Овози тоҷик» ва дар Душанбе газетаи «Овози Шарқ» чоп мешавад. Ношири «Овози тоҷик» Комитети Марказии Партияи Коммунистии Туркистон ва ношири «Овози Шарқ» КМПК Бухоро буд. Матбуоти миллии тоҷик, махсусан, баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёна ва таъсис ёфтани Ҷумҳурии Автономии Тоҷикистон хеле инкишоф ёфт, ки ин мавзӯи дигар аст. Дар бораи аҳамияти рӯзнома дар ҳаёти халқ, Қаҳрамони Тоҷикистон С. Айнӣ чунин гуфтааст: «Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад; Яъне қавми берӯзнома мисли одами безабон аст» (Айнӣ С. Осори баргузида, Ҷ.1. — Душанбе: Ирфон, 1977. — 270 с.).
Бо Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани Тоҷикистон матбуоти мо ба марҳилаи сифатан нави худ ворид шуд. Вазифаи асосии он мустаҳкам кардан ва афзун намудани дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ин вазифаи муҳимро матбуоти тоҷик сарбаландона иҷро карда истодааст, ки яке аз сарчашмаҳояш фаъолияти «Шуълаи инқилоб» аст.