
Маориф аз муҳимтарин самтҳои сиёсати давлат буда, аз ҷониби Президенти кишвар пайваста ба он таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Вазорати маориф ва илм ниҳодест, ки сиёсати давлатро дар ин самт пеш мебарад, аз он дифоъ мекунад, баҳри рушди соҳа талош меварзад. Дар шарҳи масоили соҳа назарҳо гуногунанд, яке дониста, дигаре надониста мегӯянду менависанд. Роҳбарияти имрӯзаи Вазорат тамоми кормандону мутахассисони соҳаро водор месозад, ки аз танқид наҳаросида, роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаро муайян кунанд, ҳамзамон, аз таҳқири омӯзгор, ки чеҳраи асосии соҳаи маориф аст, ҷилавгирӣ намоянд, робитаи ҷомеа-мактаб-оиларо мустаҳкам гардонанд. Чунин масъалаҳо мавриди суҳбати мо бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Саидзода Раҳим Ҳамроҳ қарор гирифтанд.
– Маориф аз муҳимтарин самтҳои сиёсати давлат дар замони Истиқлол буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Президенти кишвар ба он таваҷҷуҳӣ ҳамешагӣ зоҳир менамоянд. Тибқи таҳлилҳо фаъолияти маориф дар даврони Истиқлол то имрӯз чор давраро дар бар мегирад. Лутфан мегуфтед, ки соҳаи мазкур чӣ бурду бохтеро дар ин давра паси сар намуд.
– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар мулоқоти аввалинашон бо фаъолони соҳаи маориф (28-уми августи соли 1995) таъкид карда буданд: “То замоне ки мо барои аҳли илму маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавият, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистаро муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро ба дараҷае, ки мебояд баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст.”
Мавриди зикр аст, ки ин вохӯрии таърихӣ аҳамияти баланди сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ дошт. Зеро маҳз баъди он диққати аҳли ҷомеа ва давлат ба мактабу маориф бештар гардид. Масалан, нуфузи омӯзгор дар ҷомеа баланд ва меҳнаташ қадрдонӣ гашт, маоши омӯзгорон бештар ва имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон муқаррар гаштанд, мазмуни таҳсилот ранги нав гирифт. Мақомоти маҳаллӣ низ супориш гирифтанд, ки муассисаҳои таълимиро таъмир намоянд, омӯзгорон, ба хусус, мутахассисони ҷавонро бо имтиёзҳо таъмин намоянд. Дар таърихи маорифи кишвар Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таъсис ёфт, ки он барои дарёфти омӯзгорони сазовор ва боистеъдод имкони хубе гашт. Робита бо мактаб барқарор гардида, ба мақсади мустаҳкам намудани ин робита Шурои ҷамъиятӣ таъсис дода шуд. Қабули қарорҳои Ҳукумати ҶТ “Дар бораи чораҳои беҳтар намудани шароити манзилӣ ва коммуналию маишии кормандони маориф” ва “Дар бораи баъзе чораҳои пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони маориф” беҳтарин роҳи ҷалби омӯзгорон ба мактаб гаштанд.
Тадриҷан имкониятҳои дигар низ дар ин муддат ба омӯзгорон пешниҳод гардиданд, ки наметавон онҳоро нодида гирифт. Масалан, беҳтарин имконияте, ки ба муассисаҳои таълимӣ насиб гардид, ба низоми маблағгузории сарикасӣ иртибот дорад. Шароити муассисаҳои таълимӣ бо дарназардошти ҷорӣ гардидани ин низом воқеан, тағйир ёфт. Дар ин миён Ассотсиатсияи падару модарон ба фаъолият пардохт, ки ин ҳам як роҳи хуби дастгирии омӯзгорон ба шароити беҳтари фаъолият ва ҷорӣ гаштани таҳсилоти иловагӣ роҳи дигари пур шудани сабади истеъмолии омӯзгорон гардид.
Ҷаноби Олӣ бартарии ин соҳаро миёни соҳаҳои дигар пайваста таъкид намуда, аз ҷумла, мегӯянд: “Маориф дар фаҳмиши васеъ ва имрӯзӣ яке аз проблемаҳои ҳаётӣ ва глобалии асри XXI мебошад ва ҳар яки моро водор месозад, ки ба он бо таваҷҷуҳи хоса ва масъулияти баланд муносибат намоем. Чунки инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти милливу давлатӣ ва умуман, ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, техника, технология ва илму фарҳанг, пеш аз ҳама, ба рушди босуботи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон вобаста мебошад.”
Баргузории вохӯриҳо бо аҳли маориф, омӯзгорону хонандагон, олимону донишҷӯён як паҳлуи мавқеи маорифпарварии Ҷаноби Олиро нишон диҳанд, баҳои баланд додан, масалан, маорифро соҳаи афзалиятнок, бунёди давлати миллӣ, омили амнияти миллӣ номидан, паҳлуи дигари ин фаъолияташонро собит месозанд.
Муҳимтарин вазифаи Вазорат, бунёди маорифи миллӣ дар заминаи таҷрибаи гузаштагон ва имрӯзиён ва вобаста ба меъёрҳои замон мебошад. Дар робита санадҳои зиёди зерқонунӣ таҳия ва бо қарорҳои мушовараи вазорат тасдиқ карда шуданд, ки онҳо барои танзими самаранокии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд. Таҷдиди мазмуну мундариҷаи таҳсилот, ки ҳам ба милликунонии таҳсилот ва ҳам барои воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот замина гузошт, аз дастовардҳои муҳимми замони Истиқлол дар соҳаи маориф ба шумор меравад. Вобаста ба ин, стандарт, нақша ва барномаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҷдиди назар ва ба арзишҳои миллӣ мутобиқ гардонида шуданд. Тавре Пешвои миллат 22 декабри соли 2005 дар машварати умумиҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои маориф қайд карданд: “муносибати ҷиддӣ ба соҳаи маориф, дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба миён гузоштан ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта аҳамияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангӣ дорад.”
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии давлатамон, ҳангоми таҳияи Конститутсияи мамлакат ба масъалаҳои маориф ва таълим таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд. Беҳтарин меъёре, ки дар қонун нишон дода шуд, ба моддаи 41-уми Конститутсия рабт дорад: ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад ва таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таълими умумии асосии ҳатмии ройгон, яъне, бепулро кафолат медиҳад. Қонунҳои дигар комилан дар заминаи Конститутсия ба тасвиб расиданд, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ», «Дар бораи ҷавонон», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, консепсияҳои маълумот ва тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ, стандартҳои давлатии таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва баъдидипломӣ, низомномаҳои намунавии ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳия гардида, инчунин, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба самтҳои гуногуни соҳа, қабули духтарон ва писарон тибқи квотаи Президентӣ, стандартҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ, ки тадриҷан таҳия ва қабул гардиданд.
Ба ин тариқ, фаъолияти маориф дар даврони Истиқлол давра ба давра рушд кард. Дар давраи аввал (солҳои 1991-2000), ки вазъияти мактабу маорифи омӯзгору хонанда воқеан, сангин буд, маорифи миллӣ шакл мегирифт. Ин чунин маъно дорад, ки кишвар дар тамоми соҳаҳо истиқлолият пайдо кард ва маориф ҳам минбаъд дар роҳи арзишҳои миллӣ ва талаботи замони муосир гом бардошт. Дар давраи дуюм (солҳои 2000-2005), дар соҳа таҳияи заминаҳои ҳуқуқӣ ва афзоиши маблағгузорӣ сурат гирифт, ки ин иқдом ба такмили мазмуну мундариҷаи таълим, ҷорӣ намудани стандартҳои давлатӣ, усули бисёрзинагии таълим нигаронида шуда буд. Дар давраи сеюм (солҳои 2005-2010) рушд ва ислоҳоти ҷиддии соҳаи маориф оғоз ёфт ва диққати асосӣ бештар ба сифати таҳсилот, дигаргунсозии сохтор ва тартиби тайёр намудани омӯзгорон равона гардид. Дар давраи чорум (солҳои 2010 то имрӯз), ки воридшавӣ ба таҳсилоти ҷаҳонӣ вусъат ёфт, маблағгузорӣ афзуд, сармоягузорӣ ба инфрасохтори соҳа рушд ёфт, мазмун ва сифати таҳсилот, фарогирии хонандагону донишҷӯён ба таҳсил ва ҷалби омӯзгорон ба мактаб, нашри китобҳои дарсӣ, таҳияи стандарту барномаҳои таълимӣ аз рӯйи миқдору сифат хубтар гашт, таҳсилоти иловагӣ, технология, рушди истеъдод, такмили ихтисоси омӯзгорон ба низоми муайян даромад, робита бо ҷомеа тавассути нашрияҳои соҳавӣ, саҳифаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳо зичтар гашт.
Агар ба таърих таваҷҷуҳ кунем, дар замони Шӯравӣ ягон мактаби типи нав, хусусӣ ва ғайридавлатӣ амал намекард, имрӯз бошад, дар ҷумҳурӣ 150 литсейю гимназия ва зиёда аз 60 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ фаъолият менамояд. Ҳамчунин, дар ин давра 9 Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар онҳо беҳтарин шароити таълимандӯзӣ муҳайё шудааст. Таъсиси ин намуди муассисаҳо ҷойи нишасти иловагӣ фароҳам оварда, сарбории муассисаҳои давлатиро кам намуда, таълими босифат ва рақобатпазириро таъмин ва ба миён оварданд.
Дар даҳсолаи аввал миллату давлат бо нобасомонии замон пешорӯ гашт, ки метавон гуфт, яке аз сабабҳои асосии мушкилоти сифатӣ дар соҳа, аз ҷумла, масоили марбут ба шароиту фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ба он рабт дорад. Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар ҷумҳурӣ беш аз 450 санади меъёрии ҳуқуқии соҳа таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардида, барои рушди бемайлони соҳаи маориф ва илм заминаи мусоид фароҳам оварданд. Айни ҳол Лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Токистон таҳия шуда, дар баррасии вазорату кумитаҳо қарор дорад. Вазорати маориф ва илм талош дорад, роҳҳоеро пайдо намояд, ки омӯзгорон аз имтиёзҳо баҳравар шуда тавонанд. Муҳим он аст, ки талаботи мавҷуда бояд аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор риоя гардад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, дар моддаи 52 таъкид гардидааст: “Шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад”. Тамоми ҷомеа ва мақомоти маҳалро мебояд ба шахсияти омӯзгорон эҳтиром гузоранд, зеро аз неруи онҳо, ки рӯшангари роҳи моянд, дар тамоми корҳои ҷамъиятӣ истифода бурда мешавад. Дар сурати риояи қонун, нобасомонӣ, норизоӣ, эътирози мардум ва тарки касб намудани омӯзгорон аз байн меравад.
– Муҳимтарин масъалае, ки атрофи он метавонем аз омилҳои рушди соҳа ва рафъи мушкилоти мавҷуда ҳарф занем, ба кадр – мутахассис дахл дорад. Яъне, дар меҳвари асосии фаъолияти маориф мутахассис қарор дорад. Воқеан, чаро омӯзгор дар ҷомеаи имрӯза ҳанӯз он мақомеро, ки бояд дошта бошад, соҳиб нест?
– Аз рӯйи мушоҳидаву таҳлилҳои коршиносон дар матбуоти ҷамъиятӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд, ки мушкилиҳо атрофи ин меҳвар танҳо ба худи омӯзгор вобастагӣ надоранд. Дар ҳоле ки захираи ихтисосмандон дар соҳа ҷойи нигаронӣ надорад, дар муассисаҳои таълимӣ норасоии онҳо мушоҳида мешавад. То ҷое ки тарки кор намудан ва роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтани бисёре аз онҳо изтироби зиёди ҷомеаро ба миён овард. Чаро? Сабабҳо гуногунанд.
Норозигиҳо аз ҷониби падару модарон ва донишомӯзон аз заъфи дониши қисме омӯзгорон ва номукаммал будани донишҳои педагогиву психологӣ дар ҷомеа зиёд ба мушоҳида мерасад. Барои ислоҳи ин нуқсон мебояд интихоби касбро аз синни хурдсолии наврасон ба нақша гирифт. Дар интихоби касби омӯзгорӣ бояд аз довталабони тасодуфӣ эҳтиёт кард. Зеро дар мактаб бояд онҳое ба таълиму тарбияи инсон сарукор гиранд, ки ба гуфти Муҳаммад Риҷоӣ, ин пешаро аз рӯйи муҳаббату ҳавас бояд интихоб намоянд, на ба хотири касеву чизе. Пас, аввалин омиле, ки аз пайдо шудани монеаҳои дигар ҷилавгирӣ мекунад, ба интихоби касби омӯзгорӣ иртибот дорад. Ҷойи таассуф аст, ки дар мо довталабони ин касби муқаддас аксаран донишу истеъдоди кофӣ надоранд, ҳавасашон ба донишҷӯист, на ба омӯзгорӣ. Дигар, касбияти баланд, яъне бояд мутахассиси ҷавон бо донишҳои мусаллаҳи педагогиву психологӣ ба мактаб қадам монад. Азбаски ин қисмати довталабон ғайри хоҳиши худ донишҷӯ мешаванд, аз онҳо чизеро наметавон интизор шуд. Агар донишҷӯ бо назардошти истеъдод ва шавқмандӣ касбашро интихоб намояд, устодони имрӯза ҳам, мисле ки Мавлоно Муҳаммади Ҷоҷармӣ ба маҳорату дониши шогирдонаш – Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳамсафонаш тан дода, пинҳонӣ меомӯхт, бештар меомӯзанд.
Дигар, барои тайёр кардани мутахассисон бояд устодони беҳтарин интихоб карда шаванд, то ба шогирдон – омӯзгорони оянда донишҳои назариву амалиро дар сатҳи баланд дода тавонанд. Тавре Сарвари давлат таъкид мекунанд: “Дар коллеҷу донишгоҳҳо бояд донишмандони соҳа ва мутахассисони эътирофшуда дарс гӯянд, бахусус, назорати давраи таҷрибаомӯзии донишҷӯён бояд амалан сурат гирад.”
Як сабаби камтаваҷҷуҳии шогирдон ба донишомӯзӣ суст будани робитаи падару модарон бо омӯзгорон аст. Ин масъала бояд ҷиддан пайгирӣ шавад.
Чаҳорум, талаби замон моро водор менамояд, роҳеро пеш гирем, ки ҷавонон аз таҷрибаи собиқадорон бебаҳра намонанд.
Масъалаи дигар, ба маоши омӯзгорон вобаста аст. Вазорати маориф ва илм барои бартараф кардани мушкилоти омӯзгорон дар заминаи маблағгузории сарикасӣ тадбирҳое дар назар дорад, ки иҷрои онҳо ба ниҳодҳои дигар вобастагӣ дорад. Бовар дорем, агар маблағгузории сарикасӣ низоми аслии худро дошта бошад, рақобатро барои сифати беҳтари таҳсилот ва шароити хубтари таҳсил байни муассисаҳои таълимӣ ба вуҷуд меоварад, сарфакорӣ ривоҷ ёфта, омӯзгорону хонандагон ҳавасманд ва дигар хароҷотҳои иловагӣ ҳам рӯпӯш мегардад. Ҳар мактаб бояд маблағи даркории нақшавӣ-молиявӣ (смета)-и нишондодаро дастрас карда тавонад. Мутаассифона, низоми беҳтарини маблағгузорӣ, ки чанд сол боз ҷорист, ба манфиати соҳа пурра амал намекунад. Дар баробари ин, мактаб бояд фонди алоҳидаи худро дошта бошад, ин фонд тавассути Ассотсиатсияи падару модарон ҳамчун мақоми худидоракунии мактаб, ки имрӯз тақрибан фаъолият надорад, сарфу харҷ шавад. Дар ин ҳолат робита миёни мактаб-оила-ҷомеа ва мақомот мустаҳкам гашта, ҳавасмандӣ ба кор ва эътимод ба давлат мефазояд. Матбуот як омили муҳимми пешрафти омӯзгор аст. Омӯзгор аз он меомӯзад, ҷаҳонбинӣ ва донишашро зиёд мекунад, фаъолияту заҳматаш муаррифӣ мегардад ва таҷрибаашро паҳн менамояд. Мушкили дастрасӣ ба он дар пардохти маблағи обуна аст. Барои дастрасӣ ба матбуот бояд аз ягон манбаъ, масалан, сарфаи маблағи муассисаҳои таълимӣ истифода бурд. Ин имконият дар сурати тибқи смета ҷудо шудани маблағ ба муассисаи таълимӣ муяссар мегардад.
Шароити имрӯза тақозо мекунад, ки ба Дастурамали “Тартиби пардохти музди маоши кормандони соҳаи маориф” баъзе тағйироти дигар ворид гарданд. Иттифоқи касаба дар қадрдонӣ ва матбуот дар муаррифии чеҳраҳои сазовор бояд хушбин ва ҳақбин бошанд. Ба назар мерасад, ки аксаран дар матбуот, чи давлативу чи ғайридавлатӣ, симоҳои омӯзгорони соҳибкасб, боистеъдод ва соҳибмактаб пушти парда мемонанд, ки ин ба дилмондагии омӯзгорони асил ва нобоварии ҷомеа оварда мерасонад. Ба назар мерасад, ки дар Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” ва Кодекси манзил баъзе имтиёзҳо ба омӯзгорон таъйин шудаанд, аммо механизми истифода аз он барои омӯзгорон мушаххасу муайян нест.
Президенти кишвар дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) таъкид намуданд: «…дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар». Вазорати маориф ва илм пайи ислоҳи нуқсонҳои мавҷуда тадбирҳои гуногунро пеш мегирад. Мо бояд ба интихоби дурусти мутахассисон дар мақоми роҳбарӣ низ диққати ҷиддӣ диҳем. Роҳбар бояд педагоги асил, равоншиноси хуб, мактабшинос, менеҷмент ва таҳлилгари соҳа бошад, таҷрибаи кофӣ, дониши хуби ихтисосиву касбияти комил дошта, соҳибэътибор бошад. Бовар дорам, дар ин сурат ҷомеа ва оила ба мактаб пурра ҷалб гашта, фаъолияти омӯзгорон ва таҳсили хонандагон низоми муайян мегирад, натиҷаҳо назаррас ва ҷомеаи солим рушд мекунад.
Ҷомеа ва мақомот. Мактаб даргоҳи таълиму тарбияи инсон аст, он бояд аз ҳар гуна фишор, тиҷорат ва тамасхури баъзе нафароне, ки аз номи Давлату Ҳукумат ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ ҳарф мезананд, раҳо карда шавад. Имрӯз шикоят аз он ки ба мактаб тамоми сохторҳо қадам мениҳанд ва ҳар кадом аз ин даргоҳ тамаъ ё манфиат меҷӯянд, хеле зиёд аст. Бояд аз ин кор ҷилавгирӣ шавад. Вақте омӯзгорон танҳо ба таълиму тарбия машғул шаванду хонандагон ба таҳсил, нуфузи мактабу маориф ва омӯзгор боло меравад.
Бахшҳои муҳимми рушди касбияти омӯзгорон ба фаъолияти донишкадаҳои такмили ихтисос рабт дорад. Дар ин самт ҳам бисёр корҳое ба анҷом расонда шуда, моро ба ояндаи хуби фаъолияти омӯзгорон умедвор мегардонанд.
– Яке аз муҳимтарин масъалаҳои ҳалталаби соҳаи маориф нашри китобҳои дарсии босифат барои тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шумор меравад.
– Мушкилоти китоби дарсӣ, тарзи иҷораи он, шинохтани муаллифони воқеӣ ва таҳияи китобҳои дархӯри замон аз баланд бардоштани ҳаққи муаллифӣ (муаллифон, муҳаррирон, муқарризон) вобастагии зиёд дорад. Бо шарофати ҳидоят ва дастгириҳои Пешвои миллат дар давраи Истиқлол таълиф ва чопи китобҳои дарсӣ бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монда шуд. Китоби дарсӣ воситаи муҳимми ҷараёни таълим аст, ки даҳсолаи охир таълиф, чоп ва дастраснамудани он беҳтар гардидааст. Дар даврони Истиқлол Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ робитаи муаллифону мураттибони китобҳои дарсиро бо вазорат пурқувват гардонда тавонист. Нақшаву барномаҳои таълим бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ пурра бознигарӣ шуда, барнома ва китобҳои дарсии насли нав рӯйи чоп омада истодаанд. Чунки асоси ҳама гуна ислоҳоту навгонӣ дар соҳаи маориф ва беҳтар шудани сифати таълим ба таҳияи китобҳои дарсии ба талаботи стандарти таҳсилот мутобиқ вобаста аст. Дар шароите, ки Давлату Ҳукумат ба илму маориф ва таълиму тарбия ҳамчун пояи муҳимми давлатдорӣ ва манбаи ташаккули захираҳои инсонӣ таваҷҷуҳи асосӣ дорад, таъмини муҳассилини ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо китобҳои дарсӣ ва омӯзгорон бо маводи методӣ муҳимтарин омили пешрафти ин соҳа маҳсуб мешавад. Як самти дигари фаъолияти Марказ дар ҳамкорӣ бо USAID, чопи китобҳои бадеӣ ва ғанӣ гардондани китобхонаҳои мактабист, ки хушбахтона, аз ин ҷиҳат воқеан, ба пешрафт ноил гаштем. Чунки китобхонаҳои мактабӣ солҳо ба анбори китобҳои фарсудаву нодаркор табдил ёфтаву рисолати худро қариб ки ба фаромӯшӣ медоданд.
Яке аз масъалаи ҳалталаб дар ин самт вобаста аст ба зиёдшавии шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Раванди ҳамасола зиёдшавии шумораи хонандагон моро водор мекунад, ки теъдоди нашри китобҳои дарсиро зиёдтар ба нақша гирем. Вале имконоти молиявии мавҷуда дар ин самт як қатор мушкилиҳоро ба миён меорад. Махсусан, хароҷот оид ба таҳия, нашр ва дастраси хонандагон намудани китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимӣ боиси ташвиши ҷиддӣ аст. Мушкили дигар, ки боиси камтаваҷҷуҳии муаллифон барои навиштани китобҳои дарсӣ мегардад, кам будани ҳаққи қалам аст. Зиёд намудани ҳаққи муаллифӣ барои ҷалби муаллифони беҳтарин, таълифи китоби дарсии босифату пурмазмун ва баланд бардоштани сифати таҳсилот нақши муҳим дорад. Вазорати маориф ва илм пайи рафъи ин мушкил кӯшиш мекунад, то тавонсита бошем, мактабро бо китоби босифат таъмин намоем.
– Қабул шудани Барномаҳои давлатӣ ба хотири рушди соҳа иқдоми беҳтаринест, ки аз ҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар чанд марҳила пешниҳод мегарданд, аммо бо таассуф, на ҳама шаҳру навоҳӣ ба иҷрои барномаҳои давлатӣ назари ҷиддӣ доранд. Чӣ бояд кард?
– Вазорати маориф ва илм тақрибан дар робита ба фаъолияти ҳар зина ва бахш барномаҳои давлатӣ қабул кардааст. Масалан, доир ба таҳсилоти томактабӣ, рушди истеъдодҳо, тарбияи насли наврас, такмили ихтисос, кабинетҳои фаннӣ, забономӯзӣ, сохтмон ва ғ… Аммо мо наметавонем гӯем, ки дар иҷрои ин барномаҳо сад дар сад муваффақ шудаем. Мушкил асосан сари маблағ аст, мутаассифона, дар аксари шаҳру навоҳӣ ин масъала монеи пешрафти кор мегардад. Бояд зикр кард, ки мушкил дар иҷрои ҳар барнома махсусияти худро дорад, масалан, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳо, шароити моддӣ, норасоии китобҳи дарсӣ бо забони ақаллиятҳо, норасоии кадр дар мактабҳои таълимашон бо забони русӣ…
– Аз беҳтарин иқдомҳое, ки Шумо пеш гирифтед, иқрор шудан ба мушкилоти мавҷуда ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳост. Бо ин мақсад ташкили вохӯриҳои сайёр дар минтақаҳо, ҳамзамон, таваҷҷуҳи хос ба нашрияҳои соҳавӣ, инъикоси бурду бохти тавассути саҳифаҳои электронӣ, аз ҷумла, таъсиси саҳифаи махсуси Вазорат бо номи “Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм”, таваҷҷуҳ ба саҳифаи “Маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, сомонаҳои расмии муассисаҳои зертобеи Вазорат як навъ ҷумбишро дар соҳа ворид карданд. Ҳадаф чист?
– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои фаъолияташон дар сиёсат ба маориф бартарии хоса доданд. Тавре таъкид кардаанд: “Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод, омӯзгор, зиёӣ, эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад.”
Модоме ки чунин аст, ҷомеаи имрӯзаро мебояд ба маориф ва аҳли он бе таваҷҷуҳ набошанд ва ба сиёсати давлат дар соҳаи маориф эҳтиром гузоранд.
Мо дар асри технология зиндагӣ дорем, асре, ки бо тамоми бурду бохташ ба мо таъсир мерасонад. Аз муҳимтарин паҳлуҳои ин аср фаъолияти шабакаҳои иҷтимоист, аз ин дастгоҳ минбар ҷустан, кумак пурсидан, роҳи ҳалли мушкилоти худро ҳал кардан кори рӯзмарраи ҷомеаи имрӯза гаштааст. Ба назар мерасад, ки шабакаҳои иҷтимоӣ бештар минбари баҳси мардум атрофи мактабу маориф ва мушкилоти атрофи он гаштааст. Бартарӣ дар он аст, ки ниҳоди масъули соҳа – Вазорати маориф ва илм пайваста дар пайи омӯзиши афкори ҷомеа фаъолият карда, чорандешӣ менамояд. Имрӯз таъсис додани сомона, саҳифа ва гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ минбари баҳсро барои аҳли ҷомеа фаротар гардондааст. Имрӯз танҳо дар Вазорати маориф ва илм сомонаи махсус барои инъикоси низоми фаъолият тавассути асноди меъёрӣ, саҳифаи махсус барои гирдоварӣ ва омӯзиши фикру мулоҳизаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо номи “Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм” амал мекунад, ки рӯзе даҳҳо пешниҳоду тавсияҳо гирифтаву ба арзу шикояти даҳҳои дигар мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, ҳар идораи тобеи Вазорат, муассисаҳои таълимӣ ва кормандони соҳа дорои саҳифаи махсуси худ буда, талош мекунанд, ки дар рушди соҳа ва расидагӣ ба мушкилоти соҳа кумаке расонда тавонанд. Пӯшида нест, ки миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасии масоили марбут ба соҳаи маориф ҳар гуна шарҳу тавзеҳ меёбад ва аксаран “гунаҳгор”-и тамоми мушкилоти соҳа Вазорати маориф ва илмро медонанд.
Яке аз гурӯҳҳои фаъоли соҳаи маориф бо номи “Маорифи Тоҷикистон”, ки айни ҳол теъдоди корбарони он аз 32 500 нафар гузаштааст, дар гирдоварии пешниҳоду тавсияҳои мардум нақши хоса дорад. Вазорати маориф ва илм ба назару андешаи ҳар узви ҷомеаи шаҳрвандӣ арҷ мегузорад ва сипосгузор будани роҳбарон ва масъулони соҳаро ба ҳар кадоми онҳо баён медорад.
Соҳаи маориф танҳо хоси як ниҳод, марбути як ва ё чанд роҳбари он не, балки марбути тамоми ҷомеа аст, он бе дастгирии ҷомеа ва давлат пеш рафта наметавонад. Агар ин тавр намебуд, давлат ва Роҳбари он ба соҳа ин қадар зиёд таваҷҷуҳ намекарданд. Ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки гуфтаанд: “Агар ҳадафи мо бунёд кардани ҷомеаи воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, бояд бо дастҷамъӣ руй ба ҷониби мактабу маориф оварем. Зеро ояндаи ҷумҳурӣ, тарбияи ватандустӣ ва ваҳдати миллӣ аз мактаб сарчашма мегирад”.
Рисолати матбуоти соҳавӣ ин аст, ки афкори ҷомеаро хуб баррасӣ карда тавонанд, матолиберо баҳри дастгирии сиёсати маорифпарварона таҳия ва чоп намоянд, ки маориф ва омӯзгор мақоми сазовор пайдо карда тавонанд. Дар ин кор, албатта, истифода бурдани соҳибназарон, мутахассисон, омӯзгорони собиқадору навовар, эҷодкор ва хештаншинос аз минбари худ бар салоҳи кор аст.
– Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво.
Мусоҳиб: Саида НАБИЗОДА
10.05.2022
“Маорифи Тоҷикистон” – №5, 2022