
Хайринисо Темирова. Фикр мекунам, ин ном миёни аҳли маорифи ҷумҳурӣ шинос аст, агарчи соҳиби он дар як минтақаи диёр (шаҳри Хуҷанд) кор кардааст. Албатта, ин бесабаб нест, номро худи инсон баланд мебардорад, бо кори ҳалолаш, бо меҳнатдӯстӣ, муносибат ва садоқаташ ба кору диёр. Хайринисо ҳам дар шумори ин гуна афрод аст. Муаллима аз оилаи коргарони одӣ ва серфарзанд баромадааст. Фарзанди нахустини хонадон буд, аз паяш 8 хоҳару додараш ба зиндагӣ қадам ниҳоданд ва дар ҳар кор ӯро чун устод ва падару модар донистанд, ҳурмат карданд, аз ӯ маслиҳат пурсиданд, ба ӯ меҳрубон шуданд, чун худаш, ки тавонист бо ҷасорату ғайрати мардона ба майдони илму маориф, корзоре, ки на ҳар кас ғайрати то охир дар он буданро дорад, по ниҳад.
Шавқи зиёди таҳсил аз кӯдакӣ Хайринисоро фарогир буд. Аз ин рӯ, падару модар дар шашсолагӣ ӯро ба мактаб бурданд. Ҳеч аз хотираш намеравад, ки муаллимаи ниҳоят меҳрубон ва ширинсухан Талъатхон Бақоева ӯву дӯстонашро чӣ тавр самимона қабул кард. Баъдтар устодони дигараш, ба мисли Ш. Алиев, Х. Раҳимова, Ҳ.Насруллоева, Т.Н.Жемчугова, В.Н. Ткачёв ва дигарон ба Хайринисо дарс доданд, барояш дари мактаби одаму одамгариро кушоданд. Хайринисо духтараки бағайрате буд, ба ҳама меҳрубону ёрирасон, ин хислатҳояш ӯро миёни ҳамсинфон баобрӯ гардонда буданд.
Соли 1967 дар ҷумҳурӣ ду синфи хатмкунанда буд (10-11). Хайринисо мактабро хатм карда, хост ба факултаи филологияи тоҷик, ки он замон нуфузи зиёд дошт, ҳуҷҷат супорад. Аммо теъдоди зиёди дохилшавандагон ва холи баланди қабул ба ӯ ин имкониятро надоданд. Ноумед нашуда, ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи педагогӣ супорид ва бо сари баланд сазовори номи донишҷӯ гардид. Омӯзишгоҳро бо баҳои “аъло” хатм кард, комсомоли фаъоле буд. Касоне, ки ин ниҳодро дар ёд доранд, медонанд, ки чӣ қадар эътибори баланд дошт пайвастан ба сафи он, ба вижа, ба комитети комсомолии шаҳр ё ноҳия. Ин ифтихор насиби Хайринисо гашта буд.
Чеҳраи зебову дилкаш ва гарми ӯ диққати хостгоронро зиёд ҷалб мекард. Ин буд, ки дар даврони донишҷӯӣ (соли 1969) оиладор шуда, дар як вақт ҳам соҳиби диплом ва ҳам соҳиби фарзанд гашт. Фаъолияти омӯзгориро аз мактаби миёнаи №7-и ноҳияи Нов (Спитамен) сар кард, вале аз сатҳи таҳсилоти худ қонеъ нашуда, ҳуҷҷатҳояшро ба Институти педагогии шаҳри Хуҷанд супорид ва соли 1974 онро бомуваффақият ба итмом расонид.
Чанде дар мактабҳои ноҳияи Спитамен, баъдтар дар гимназияву мактабҳои шаҳри Хуҷанд чун омӯзгор, сарвожатий, муовини директор оид ба илм ва солҳои зиёд ҳамчун муовини директор оид ба тарбия фаъолият намуд. Замоне ки дар гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд аз забон ва адабиёти тоҷик дарс медод, шогирдонаш доимо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат меварзиданд. 7 нафар шогирдаш маҳз дар ҳамин давра соҳиби медалҳои тилло ва нуқраву биринҷӣ гаштаанд. (Баъдтар 8 шогирди дигараш ҳам соҳиби медал шуданд.)
Кишвари тозаистиқлол дастгирии навгониҳоро тақозо мекард, аммо шароити хубе набуд, ки омӯзгорон нияту тасмимҳои худро роҳандозӣ намоянд. Аз ҷумла, ташкил намудани мактабҳои типпи нав он солҳо кори сангине буд, аммо Хайринисо Темирова тавонист, боҷуръатона дар заминаи собиқ муассисаи томактабии фабрикаи пойафзолдӯзии шаҳри Хуҷанд аз аввалинҳо шуда, гимназия ташкил намояд. Ин замоне буд, ки баъзеҳо ҳатто фарқи гимназия ва литсейро намедонистанд.
Муаллима аз муаллифони беҳтарини матбуоти соҳавӣ, наттоқони маъруфи чорабиниҳои маърифатӣ буд. Соли 1986 дар хониши педагогии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дар мавзӯи “Омӯзиши анъанаҳои миллӣ берун аз дарси адабиёт” баромад кард ва бо гирифтани ҷои якум ва нишони ифтихории “Аълочии маорифи Тоҷикистон” сазовор гардид. Соли 1989 яке аз аввалинҳо шуда, дар гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд иди Наврӯзро дар миқёси вилоят бо ҳама суннатҳояш ташкил намуд, ки то ҳанӯз дар ёди иштирокдори он ҷашн мондааст.
Хайринисо дар фаъолияти педагогӣ бо кордонӣ ва меҳнатдӯстӣ, навоварӣ ва эҷодкорияш торафт нуфузи бештар пайдо мекард. Соли 1994 ӯро директори мактаби № 16-и ш.Хуҷанд таъйин намуданд. Аз он солҳои пурмашаққат дар таърихи халқи кишвар, бахусус, кор дар соҳаи маориф аслан хотироти хуб боқӣ намондааст. Бахусус, роҳбарӣ дар мактаб кори осон набуд, чунки аксарияти омӯзгорон, ҳатто унвондорҳо мактабро тарк мекарданд, солҳое, ки омӯзгорон маош намегирифтанд, хонандагон ҳамроҳи падару модар дар навбати нону равғану дигар хӯрданиҳо овора буданд. Ҳам муаллимон ва ҳам падару модарон дар пайи дарёфти қути лоямут буданд, ҳеч кас дар сар фикри хондан надошт. Бисёриҳо “хонда чӣ шудем, ки акнун фарзандонамон шаванд?”- гуфта ҷавононро дилхунук ҳам мекарданд. Таъмини мактабҳо бо шишаи тиреза ва мизу курсӣ, посбону фаррош ҳам мушкил гашт. Ана, дар ҳамин ҳолат Хайринисо собит намуд, ки ӯ кисту чикора. Ӯ фидоии соҳа, ватандори содиқ, инсондӯст ва маорифпарвари асилест, ки тавонист чунин як даргоҳи донишомӯзиро аз ҳоли фатарот ба яке аз мактабҳои пешқадами шаҳр табдил диҳад. Муаллима табиати аҷибе дорад: шавқманди кор. Бо чунин завқмандӣ пайваста дар озмунҳо ширкат меварзид (ва то имрӯз меварзад). Ин аст, ки соли 1996 муваффақ шуд, аз мактабаш ғолиби “Муаллими сол”- и ҷумҳурӣ барояд. Муваффақият ва дастовардҳои пайдарпай муаллимаи соҳибмактабро сазовори боварии роҳбарияти мақомоти соҳавӣ гардонданд. Соли 1997 ӯро директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маорифи вилояти Суғд таъйин карданд. Муддати ду сол фаъолияти назаррасаш мақоми ӯро боз ҳам баландтар бардошт. Соли 1999 Вазорати маориф ва илм ӯро сардори Идораи маорифи вилояти Суғд таъйин намуд. Соли 2001 бо амри тақдир кору фаъолияти худро дар Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сардори Идораи таҳияи сиёсат дар соҳаи маориф идома дод. Муаллима ҳаммуаллифи “Барномаи рушди соҳаи маориф”, ки он вақт барои рушди маорифи ҷумҳурӣ чун обу ҳаво зарур буд, ба ҳисоб меравад. Дар асоси ин Барнома барномаҳои дигар, аз ҷумла, компютеркунонии мактабҳо, ба ҷои кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, рушди муассисаҳои томактабӣ, Барномаи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ва чанде дигар таҳия шуданд. Соли 2005 муаллима ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи кишвар таъйин шуд. Дар ин давраи ниҳоят ҳассос ва вазнин чунин уҳдадорӣ ҳам кори саҳл набуд, чунки дар мактабҳо омӯзгорон намерасиданд, маош кам буд ва онро ҳам сари вақт намегирифтанд, ҷалби омӯзгорон на танҳо ба курсҳои такмили ихтисос, балки ба мактаб кори мушкиле буд. Вазъ дар минтақаҳо боз ҳам ташвишовар буд. Бо назардошти ин ва вазъи хонавода, муаллима ба зодгоҳ баргашт ва аз соли 2007 ба ҳайси директори Филиали донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф дар вилоят кор кард. Алҳол фаъолиятро дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо вазифаи мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ идома дода, дар рушди илм ва омода кардани мутахассисони соҳибзабон нақш мегузорад. Серғайратӣ ва ташаббускорияш муаллимаро тарк накардаанд. Дар тамоми корҳои ҷамъиятии донишкада фаъол аст, бар илова, вазифаи муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ-ро бар дӯш дорад.
Хайринисо Темирова ҳанӯз соли 2004 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Муаммоҳои педагогӣ-психологии омӯзиши адабиёти классикӣ дар синфҳои ибтидоӣ” ҳимоя кардаву унвони номзади илмҳои педагогиро соҳиб шудааст. Соли 2018 аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо медали ҷашнии “20-солагии ҲХДТ” сарфароз гардидааст. Ҳамчунин, меҳнаташ бо чандин ифтихорномаи соҳавиву давлатӣ қадрдонӣ шудааст. Яке аз аввалинҳо шуда, дар бораи навгониҳои соҳа мақолаву дастурҳо таҳия менамояд, муаллифи китоби алтернативии “Забони тоҷикӣ” барои синфи 6 зиёда аз 100 мақолаву дастури методист. Шукргузор аст, ки бо шарофати омӯзгорӣ тавонист ба кишварҳои мутамаддин сафарҳои корӣ намудаву донишу касбияташро баланд бардорад. Дар давоми кор сафарҳояш ба ИМА, Россия, Полша, Германия, Чехословакия, Покистон, собиқ ҷумҳуриҳои давлатҳои Шӯравӣ хотироти ӯро рангинтар гардондаанд. Соҳиби 3 фарзанд, 10 набера ва 6 абера мебошад.
– Аз ин зиёд ба зан-модар чӣ даркор?- мегӯяд ӯ. – Тамоми хостаҳоямро дидам, обрӯ, баракат ва шарофати зиндагиям аз касби омӯзгориянд. Устод Лутфуллоев гуфта буданд, ки агар Парвардигор дубора ҷавонам гардонад, боз ҳам ҳамин касбро интихоб мекунам. Ин гуфтаи устод садои дили ман ҳам аст.
Муаллима, воқеан, зан-модари хушбахт аст. Бояд ҳар зан бидонад, ки муҳити зебову созгорро ҳар кас барои худ сохта метавонад. Хайринисо Темирова чун бонуи масъулиятшинос, ҳаётдӯст, зебоиофар, эҷодкор ва навҷӯ барои худ чунин дунёро сохта тавонист. Ҳалолаш бод!
Саидаи ФАЗЛ –
Аълочии матбуоти Тоҷикистон