
Меҳринисо САТТОРОВА – омӯзгор,
ноҳияи Ёвон
Як соати дарсӣ, ки дар доираи 45 дақиқа барои омӯзондани як мавзуъ аз ин ё он фан мегузарад, албатта, вақти тӯлонӣ нест. Аммо мо, омӯзгорон, бояд онро ончунон самаранок истифода барем, ки ягон лаҳзааш бефоида нагузарад. Вагарна ҳамин 45 дақиқа баъзан ба назари хонанда хеле тӯлониву дилгиркунанда менамояд.
Сухани хубе аст: «Як соат дарси хуб маънои як асарро дорад». Хушбахт аст омӯзгоре, ки дарси ӯро дарси хуб мегӯянд. Ман дар давоми дарсҳои худ, ки ба хонандагони синфҳои 5 ва 11 аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик мегузаронам, кӯшиш менамоям, ки аз усулҳои фаъоли таълим зиёд истифода барам. Инчунин, аз воситаҳои гуногуни техникӣ ба монанди компютер, принтер, интернет, магнитофон, DVD – плеер, телевизор, проектор низ дар мавридҳои зарурӣ истифода мебарам. Махсусан, барои ман, ки шогирдон дар шароити имрӯза ба интернет дастрасии васеъ доранд, истифода аз чунин имконот бисёр муфид аст. Зеро онҳо метавонанд, иттилооти зиёдеро аз ин сарчашма пайдо намоянд. Ман вақте ки мавзуи наверо ба хонандагон баррасӣ намудам, ба онҳо дар хона на танҳо барои мустаҳкам намудани мавзуи имрӯза, балки барои ҷолибу рангин гузаштани мавзуи оянда низ супоришҳои мушаххас медиҳам. Масалан, зимни гузаштани мавзуи «Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Садриддин Айнӣ» пешакӣ ба хонандагон якчанд супориши инфиродӣ дода будам. Чунончи:
1. Иҷро намудани нақши Садрид-дин Айнӣ.
2. Тайёр намудани кроссвордҳо барои 3 гурӯҳ.
3. Тайёр намудани луғатномаҳо аз доираи мавзуъ.
4. Тайёр намудани саволномаҳои тестӣ. 5. Тайёр кардани шаклҳо (аз ҷумла, себ, нок, анор ё бар, гул, шабпарак ё барои се гурӯҳ нишони махсус).
6. Маърӯза ё реферат дар доираи мавзуъҳои гузашта, имрӯза, оянда.
Хонандагон бо шавқи хеле зиёд ин супоришҳоро дар дарси оянда иҷро карданд.
Хонандае, ки нақши Сад-риддинро иҷро мекард, бо либоси саҳнавӣ ба назди тахтаи синф баромада, аз забони Айнӣ суханҳои нек гуфту ҳамаро ба хондану донишомӯзӣ даъват кард. Се нафар хонандаи дигар бошанд, дар тахтаи синф кроссвордҳои тайёрнамудаашон-ро ба хонандагон пешниҳод намуданд. Хонанда-гони гурӯҳи 1-ум ба хонандагони гурӯҳи 2-юм, 2-юм ба гурӯҳи 3-юм ва 3-юм ба 1-ум саволномаҳои тестии худро пешниҳод намуданд. Пас аз ёфтани ҷавобҳо ба кроссворду саволномаҳои тестӣ худи хонандагон донишу ҷавобҳои якдигарро арзёбӣ карданд.
Ҳамин тавр, тавассути ин усулҳо вазифаи хонагӣ пурсида шуд.
Дар давоми баёни мавзуи нав -«Фаъолияти шоирии Айнӣ» низ дар доираи мавзуъ кроссворди сода пешниҳод намудам, ки чунин аст:
1. Духтаре, ки дар мактаби духтарона ба Айнӣ аз ашъори Ҳофиз шеъру ғазал мегуфт. 2. Ҷашне, ки сабаби тавлиди шеъри “Гули сурх”-и Садриддин Айнӣ гардид. 3. Тахаллуси Айнӣ. 4. Тахаллуси Айнӣ.
Мавзуи нав — «Фаъолияти шоирии Айнӣ»-ро бошад, пешакӣ дар проектор дар шакли электронӣ сабт намуда, бо намоиши суратҳо ва расмҳо аз лаҳзаҳои ҳаёти Садриддин Айнӣ ба бачаҳо намоиш додам. Бачаҳо хеле бо мароқи зиёд ба ҳаёти ибратбахш ва рангини ин фарзанди фарзонаи миллат ва чеҳраи намоёни адабиёти муосири миллати худ гӯш мекарданд.
Инчунин, дар қисмати мустаҳкамкунии дарс луғатнома ва саволномаҳои тестиеро, ки худи хонандагон тайёр намудаанд, дар тахтаи синф менависем ё тавассути варақаҳо ба хонандагон пешниҳод карда, ҷавобҳоро аз хонандагон шунида, баҳогузорӣ менамоем.
Чунин усулҳои самарабахшро қариб дар ҳамаи мавзуъҳо ва дар ҳамаи он гурӯҳҳое, ки дарс медиҳам, истифода мебарам. Ҳамчунин, дар баъзе аз дарсҳои худ аз усулҳои дигар, масалан, аз «Дарахти Дониш», ё нақшаҳои интерактивӣ низ истифода мебарам. Масалан, 3 дарахтро дар тахтаи синф тасвир мекунам, ё бо қоғаз пешакӣ тайёр мекунам.
Меваҳои онҳоро дар қоғазҳои ранга тайёр карда, дар пушти ҳар яке савол менависам ва ба гурӯҳҳо тақсим мекунам. Бояд аъзои гурӯҳҳо ба саволҳо зуд ҷавоб навишта, дар навдаҳои дарахти гурӯҳи худ часпонанд. Кадом гурӯҳе, ки зуд, бехато ва беғавғо навдаҳои дарахти худро аз ҷавобҳои дуруст пур аз мева кунад, ғолиб ҳисобида мешавад.
Ё худ тавассути ҷадвали интерактивӣ паҳлуҳои гуногуни рӯзгор ва осори ин ё он шоир ё нависандаро бо ёрии хонандагон дар ҷадвал менависем.
Саволномаҳои тестӣ:
Тести гурӯҳи 1
1. Шоире, ки ба дилбастагии Айнӣ ба шеър сабаб шуд:
А) Ҳофиз; Б) Ҳайрат; С) Соиб.
2. Кадоме аз ин асарҳо дар шуури Садриддин Айнӣ инқилоби фикриро ба вуҷуд овард:
А) «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ; Б) «Наводир-ул-вақоеъ»-и А. Дониш; С) Девони Ҳофиз.
Тести гурӯҳи 2
1. Дар кадоме аз ин шеърҳо андешаҳои сиёсиву иҷтимоии Айнӣ баён гардидааст?
А) «Саҳаргоҳон»; В) «Гули сурх»;
С) «Нидо ба ҷавонон».
2. Кадоме аз ин шеърҳо дар жанри достон навишта шудааст:
А) «Мактаб»; В) «Ҳасрат»;
С) «Парвона ва кирмак».
3. Шеъри «Марши ҳуррият» кадом сол эҷод гардидааст?
А) 1888; В) 1917; С) 1918.
Баъзе усулҳоро шартан «Ҷустуҷӯ ва водоркунӣ» номидаем. Зеро ин супоришот хонандаро ба ҷустуҷӯ, бедор намудани шавқи донишомӯзӣ водор месозанд.
Хулоса, усулҳои фаъоли таълим хеле зиёд буда, истифодаи онҳо дар шароити имрӯза баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва инкишофи маърифатнокии хонандагон басо муфид аст.