
Math equations written on a blackboard - mathematics and science concepts
Наргиза КЕНҶАЕВА – омӯзгори
Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба
номи академик Бобоҷон Ғафуров, унвонҷӯ
Барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси фанҳои дақиқ моро зарур аст, ки таваҷҷуҳи бештар ба муҳассилини муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои миёнаву олӣ равона намоем. Дар раванди ҷаҳонишавӣ бо амиқ гардидани донишҳо дар шохаҳои гуногуни илм ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ташаккул меёбад. Ҷомеа, бахусус, ҷавонон аз ниёгони худ, ба монанди Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Насриддини Тӯсӣ, Марвазӣ, Абдулҷаббори Хуҷандӣ ва амсоли инҳо, ки аввалин кашшофи баъзе масоили муҳими илмҳои табиию дақиқ ва риёзӣ, то зуҳури илм дар ғарб буданд, огаҳӣ пайдо мекунанд. Oмӯзиши фанҳои дақиқ, махсусан, математика, барои инкишоф додани майнаи сар заминаи боэътимод мегузорад. Аз худ намудан ва дар ҳаёти ҳамарӯза истифода бурдани малакаю маҳорати математикӣ барои омӯзандагони фанҳои дақиқ маҳорат ва истеъдоди баландро талаб менамояд. Математика ҳамчун илм дорои таърихи қадимӣ буда, дар асоси фаъолияти зеҳнии одамон ба вуҷуд омада, имрӯз рӯ ба инкишоф ниҳодааст. Нақши илми математика дар инкишофи ҷамъияту омӯзиши табиат басо муҳим буда, дар ҳама соҳаҳои илми риёзӣ нақши пешбарандаро доро мебошад. Инкишоф додани истеъдоди математикӣ на танҳо ба нафароне зарур аст, ки дар оянда мутахассиси хуби фанҳои дақиқ бошанд, балки барои кори ташкилотчигӣ, истеҳсолот, иқтисоддон ва коргари соҳибмаълумот зарур аст. Тарзи муҳокимаронии мантиқӣ — математикӣ, малакаи фикрронии аниқ ва боваринок барои ҳуқуқшинос, таърихшиноси оянда, инчунин, барои биолог ва духтур низ ба нафъи кор аст. Маҳз дастовард ва кашфиёти илмии олимони соҳаи математика барномасозӣ буд, ки бо дониш ва маҳорати бузурги хеш ба инкишофи яке аз саҳифаҳои муҳиму умумибашарӣ, технологияи компютерӣ асос гузошт. Сабаби ихтирои компютер ҳам дар он буд, ки барои ҳисоб намудани амалҳои душвори математикӣ истифода бурда шавад. Дар тӯли асрҳо роҳи дарози инкишофро аз сар гузаронида, имрӯз бе истифодаи он фаъолияти кории пурсамарро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Миллати тоҷик дар гузашта, ба хусус, дар асрҳои миёна барои омӯзиши илмҳои дақиқ пешсаф буд, ки дар натиҷа олимони машҳури илмҳои дақиқ ба монанди Абуалӣ ибни Сино, Хоразмӣ, Берунӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ ва даҳҳо нафари дигар ба камол расида буданд. Дастоварду кашфиёти илмии олимони тоҷику форс дар қарнҳои VIII — XV яке аз саҳифаҳои муҳимтарини илму фарҳанги умумибашариро дар бар мегирад. Дар асрҳои 10-15 китобҳои таълимии зиёд доир ба илми ҳисоб, нуҷум, риёзиёт, ҳандаса ва амсоли инҳо таълиф гаштанд, ки онҳо асоси китобҳои дарсии мактабҳо ва мадрасаҳоро ташкил медоданд. Дар таърихи тамаддуни тоҷику форс бисёр асарҳои таълимӣ ва дарсӣ таълиф гаштаанд, ки ба насли наврас доир ба ин ё он илм маълумот додаанд. Доир ба асарҳои таълимии асримиёнагии тоҷик дар илми педагогикаи ватанӣ таҳқиқоти доманадор сурат нагирифтааст.
Яке аз математикони машҳур Алоуддин Абулқосим Алӣ ибни Муҳаммад ал-Қушчӣ аст. Ӯ дар Самарқанд таваллуд шуда, ба воя расидааст. Фаъолияти илмиаш асосан математика ва астрономияро фаро гирифтааст. Падари Ал-Қушчӣ Муҳаммад дар дарбори Мирзо Улуғбек фаъолият кардааст, ки ба ӯ лақаби ал-Қушчӣ («Парандабон») дода шудааст. Ҳамин тахаллус ба олими оянда гузашт. Аммо падараш дере нагузашта вафот кард ва Алии хурдсол зери сарпарастии Улуғбек мемонад. Ӯ дар риёзиёт ва астрономия аз равшанфикрони илмҳои замони худ Қозизоди Румӣ ва Мирзо Улуғбек дониш омӯхтааст. Мирзо Улуғбек дар соли 1424 ба сохтмони расадхонаи машҳури худ шуруъ намуда, дар он ҷо Алӣ ал — Қӯшчиро низ барои идора кардани корҳои сохтмон ва гузаронидани мушоҳидаҳои астрономӣ ҷалб намуд. Аммо соли 1449, баъди кушта шудани Мирзо Улуғбек расадхонаи ӯ нобуд шуда, тамоми олимоне, ки дар ин ҷо фаъолият мебурданд, пароканда шуданд. Хазинаи китоб, ки дар давоми солҳо ташкил карда шуда буд, талаву тороҷ гардид. Ин ҳолат Алӣ ал-Қӯшчиро водор кард, ки кори илмиашро қатъ намуда, ба Табрез фирор кунад. Хусусан, Алӣ ал-Қушчӣ шогирди содиқи Улуғбек буда, асари пурарзиши худ «Зичӣ Гурагон» ё «Зич Улуғбек»-ро («Феҳристи осмони ситорагони Улуғбек») нигоҳ дошта, онро дар нусхаҳои зиёд нашр намуда, ба забони туркӣ ва дар бораи он фикру мулоҳизаҳо навишт. Ҳамин тавр, баъдтар ин асар моли олимони Аврупо ва Осиё гардид. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки Алӣ ал-Қӯшчӣ дар риёзиёт, астрономия ва забоншиносӣ қариб 30 рисола таълиф намудааст. Дастнависҳои ин асарҳо ҳоло дар китобхонаҳои институтҳои тадқиқоти илмии ҷаҳон махфузанд. Рисолаҳои дар боло зикршуда на танҳо дар Мовароуннаҳр, балки дар Аврупо, Шарқи Наздик ва Миёна низ дар доираҳои илмӣ машҳур буданд ва барои рушди минбаъдаи самтҳои тадқиқотии Алӣ ал-Қушчӣ замина гузоштанд. Олим тамоми ҳаёт ва фаъолияти бошууронаи худро ба илм бахшидааст. Аммо барои ӯ аз ҳама солҳои пурсамартарин солҳое буданд, ки ҳамроҳи Мирзо Улуғбек дар расадхонаи Самарқанд гузаронд ва ба шарофати он номи ӯ дар солномаи таърихи илм бо ҳарфҳои заррин сабт шуд. Алии Қушчӣ «Рисола дар бораи илми арифметика» ва «Рисолаи илми астрономия»-ро таълиф кардааст, ки дар таълими риёзиёт дар мамлакатҳои Шарқи Миёна ва Наздик, дар асрҳои 16 — 17 нақши калон бозидаанд. Ӯ дар бораи асари Улуғбек (ҷадвалҳои астрономӣ) ва «Нардбони биҳишт»-и Ал-Қошӣ тафсирҳо навиштааст. Алӣ Қӯшчӣ дар асарҳои астрономии худ дар бораи имконияти дар атрофи меҳвари худ дар як шабонарӯз гардиши Замин муҳокима карда, чунин мешуморад, ки ин ба маълумотҳои таҷрибавӣ мухолиф нест. Гумон меравад, ки ҳаракати ҳаррӯзаи рӯшноӣ ба ғарб бо ҳаракати воқеии худи Замин аз ғарб ба шарқ ба вуҷуд меояд.
Барои омӯзонидани риёзӣ ба ҷавонон ва наврасон аз ҷониби ӯ чанд китоб вобаста ба илми риёзӣ таълиф гашта буд, ки асарҳои «Рисола дар бораи илми арифметика» ва «Рисолаи илми астрономия» аз зумраи беҳтарин китобҳои таълимии Қӯшчӣ ба шумор мераванд. Маъмулан, дар байни кӯдакону наврасон як андоза таҳлука дар бораи душвор будани риёзиёт ва аз ҷумла арфиметика ҷой дорад. Ин ҳолро ба назар гирифта, муаллифони китобҳои риёзиёт, ки барои мубтадиён – навомӯзон асар эҷод кардаанд, усули дидактикии ҳавасмандгардонӣ барои ҳисоб карданро истифода кардаанд, ки ин ҳолатро дар асарҳои дар боло зикршуда низ ба назар гирифта метавонем. Мардуми тоҷик аз давраҳои бостонӣ ба илмҳои дақиқ, ба монанди ҳисоб, астрономия, ҳандаса ва амсоли инҳо таваҷуҳи беандоза доштанд. Саҳми донишмандони тоҷик дар густаришу тараққӣ ёфтани илмҳои дақиқ дар асрҳои миёна назаррас аст. Дар саҳифаҳои таърих яке аз масъалаҳои муҳим ба кӯдакону наврасон омӯзонидани илми ҳисоб ба шумор мерафт. Барои ба насли наврас ёд додани ҳисоб дар асрҳои миёна ва ба хусус, дар замони Сомониён ва давраҳои баъдина асарҳои хусусияти таълимидошта таълиф гардидаанд, ки имрӯз омӯзгорон метавонанд аз он фаровон истифода баранд.