Манучеҳр ҲАБИБЗОДА – сардори
раёсати кадрҳо ва котиботи Донишкадаи
ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва
бозомӯзии кормандони соҳаи маориф
Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад.
Конститутсияи ҶТ, моддаи 35
Ҳақиқатан, дар кишвари мо шахс метавонад, касби дилхоҳашро интихоб кунад ва аз рӯйи он фаъолият намояд. Аксаран тарбияи меҳнатиро ба интихоби касб тавъам мебинем, вале чаро ин масъала ҷойи нигаронӣ дорад, баҳсбарангез аст. Банда аз зодагони даврони Истиқлолам. Ва албатта, шоҳиди он нестам, ки падару модарони мо дар ҷавонияшон касбро чӣ тавр интихоб мекарданд ва тарбияи меҳнатияшон дар кадом сатҳ қарор дошт. Аммо аз насли калонсол бисёр мешунавам: насле, ки имрӯз номбардори миллату давлат аст, аксаран дар руҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия ёфтааст ва дар интихоби касб хато накардааст.
Ба таъкиди мутахассисон, як омили беҳтарини тарбияи меҳнатии хонандагон ба мавҷудияти замини истеҳсолӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва кабинетҳои таълимӣ-истеҳсолӣ марбут буд. Хонандагон фориғ аз дарс дар он ҷо меҳнат мекарданд ва ҳосили заҳматашонро мечашиданд. Одатан дар деҳот ба пахтакорӣ машғул буданд, дар шаҳракҳо кабинетҳои таълимӣ-истеҳсолӣ фаъолият мекарданд ва дар замина ба корхонаҳои дӯзандагӣ ё қаннодӣ шартномаҳо мебастаанд.
Замони имрӯз талабот, албатта, дигар шуд, чун асри технология аст, тамоми ҷомеа рӯ ба технология овардааст. Дар бораи аҳаммияти ин падидаи даврон гуфтаниҳо хеле зиёданд ва ҳоҷат ба такрори онҳо нест. Аммо аз ҳама паҳлуи зараровараш гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротист. Он чи ки ба тозагӣ моро пеши бисёриҳо нигарон кард. Ба назари мо, як роҳи муҳимми ҷилавгирӣ аз ин ҳолатҳо ҷалби хонандагон ба интихоби бошууронаи касб ва баланд бардоштани тарбияи меҳнатии онҳо вобастагӣ дорад. Беҳтар он аст, ки дар деҳот ба муас-сисаҳои таълимӣ қадре замини истеҳсолӣ ҷудо карда шавад ва хонандагон аз сама-ри меҳнаташон баҳравар шуда тавонанд, ҳамзамон, бекориро ҳис накунанд. Дар порчаи замин омӯзгорони табиатшиносӣ метавонанд ҳатто, дарсҳои амалии худро гузаронанд. Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 -и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ду карат иштирокдори озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» Ҳайдар Зуҳуров ёдовар мешавад, ки чӣ тавр аз замини истеҳсолӣ ба мактаб фоида ба даст меоварданд ва чӣ тавр ба хонандагони ятиму эҳтиёҷманд ёрии молӣ мерасонданд.
Ё собиқадори маориф аз шаҳри Душанбе Ҷамила Турсунова ба ёд меорад, ки дар замонаш кабинетҳои таълимӣ-истеҳсолӣ фаъолият мекарданд, ки воситаи хуби баланд бардоштани тарбияи меҳнатии хонандагон буданд.
Яке аз омӯзгорони беҳтарини таълими меҳнат аз шаҳри Душанбе Садаф Усмонова барои натиҷаи хуб ба даст овардан дар ин самт ба мутахассисон вобаста кардани таълими ин фанро зарур мешуморад. Ба таъкиди ӯ, самара дар ин маврид бештар ба даст меояд: ҳам тарбияи меҳнатӣ хуб мешавад ва ҳам хонандагон дар интихоби касб ба хато роҳ намедиҳанд.
Воқеан, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ таълими фанни махсус дар ин самт ва ташкилу баргузории чорабиниҳои тарбиявӣ ба назар гирифта мешавад. Вале натиҷагирӣ аз ин тадбирҳо ба шароити феълӣ ва маҳорату дониши омӯзгорон вобастагӣ дорад.
Имрӯзҳо тавассути Маркази миллии тестӣ хонандагон имкони васеи интихоби касб доранд, ки инро наметавон рад кард. Ин имконият барои сарфаи вақти ҷавонон бисёр хуб аст. Дар як дастури тавсиявии ММТ барои довталабон басе хуб омадааст, ки:
- касб омӯзиши назариявӣ ва тайёрии махсусро талаб мекунад;
- мунтазам аз тарафи инсон кор фармуда мешавад;
- манбаи даромад барои таъмини рӯзгор ба кор меравад;
- ба кас лаззат ва қаноатмандӣ мебахшад;
- ному мартабаи инсонро баланд мебардорад.
Дуруст аст, касбу ҳунар доштан ба шахс ҳам ном меорад ва ҳам нон. Аммо ба шарте ки интихоби он дуруст сурат бигирад. Назари коршиносон ин аст, ки барои муваффақ шудан дониши равиявӣ, шавқу ҳавас ва кӯшишу талоши худи шахс таъсири хуб мерасонад. Мутаассифона, дар мо ин масъала ҳалталаб аст. Дар ҳоле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ҳаёт ва фаъолияти наврасону ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, набояд мо бетараф бошем. Нигаронии Сарвари давлат асоси воқеӣ дорад: «Вазъи интихоби касб аз ҷониби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нигаронкунанда мебошад… Таъкид бояд кард, ки то ҳанӯз на аз ҷониби омӯзгорон ва на аз тарафи падару модарон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба касбинтихобкунӣ дуруст ба роҳ монда нашудаанд.»
Дар ҳақиқат, агар фаҳмондадиҳӣ дуруст сурат гирад, ҳар нафар барои кӣ шудан талош мекунад, на барои ба даст овардани як диплом. Дар ин маврид омӯзгорон нақши муҳим доранд. Сайидои бузург беҳуда нагуфтааст:
Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Ҳамзамон, падару модар ҳам дар интихоби касби фарзандон мавқеи хоса доранд. Ташвишовар он аст, ки дар мо аксаран на худи бача, балки падару модар касбро барои ӯ интихоб мекунанд, ки ин аксаран оқибати хуб надорад. Бахусус, вақте ки бача ба касби муқарраркардаи падару модар ҳавас надошта бошад, ба ҷое намерасад. Ривояте ҳаст, ки падар фарзандашро ба назди чандин устоди соҳибҳунар мебарад, аммо истеъдодашро муайян карда наметавонанд. Дар ниҳоят устоди мусиқӣ лаёқати писарро дар ин самт дарк карда, ӯро ба шогирдӣ мепазирад.
Ҳар як падару модар бояд ҳамин тавр амал кунанд, бубинанд, ки фарзандашон лаёқати дар кадом самт фаъолият кардан дорад, оё ҳавасманд ҳаст ё не? Барои ин, албатта, бо мутахассисон бояд ҳамсуҳбат шаванд ва фарзандашонро дар суҳбати онҳо ҳозир кунанд. Дар ин кор мактабу омӯзгор роҳнамо ва маслиҳатгари хуб мебошанд. Мактабшиноси маъруф, устоди равоншод Ҳабиб Искандаров дар хотираҳояшон қайд кардаанд, ки Иззатулло Азимов аз шаҳри Ҳисор аз омӯзгорони муваффақи замонаш буд. Таҷрибаи ин устод ҳаматарафа мавриди омӯзиш қарор дошт. Ҳатто «Соли 1970 Вазорати маорифи СССР таҷрибаи кории мактаби ӯро бобати интихоби касб омӯхта, ба навор гирифт ва онро тавассути телевизиони Москав намоиш дод. Ҳамчунин, мактаби ӯ таҷрибаи пешқадами Донишкадаи такмили ихтисоси ҷумҳурӣ низ буд.»
Пас, маълум мешавад, ки интихоби касб масъалаи одӣ нест, ба он бояд ҷиддан назар кард. Ҳар муассисаи таълимӣ бояд таҷрибаи омӯзгорони худро дар ин самт омӯзад ва пешниҳоди дигарон гардонад. Беҳтарин тадбир робитаи зичи падару модар бо мактаб аст. Роҳбарони синфҳо метавонанд дар маҷлисҳои падару модарон машваратҳои хоса гузаронанд ва онҳоро водор намоянд, ки дар бораи кӣ шудани фарзандонашон дар оянда тасмими дуруст гирифта тавонанд. Дигар, ташкили дарсҳои меҳнат ва чорабиниҳои тарбиявӣ, аз қабили вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеа (аз ҳар касбу кор), дарс-саёҳат ба коргоҳҳои маҳал, тамошои барномаҳои беҳтарини тарбиявӣ, озмунҳои гуногун, таъсиси гӯшаҳои «Интихоби касб», мутолиаи дастурҳои методӣ, истифодаи саволномаҳои гуногун ва чанде дигар. Барои омӯзгорони собиқадор ҷалби хонандагон ба ин мавзуъ кори душвор нест. Онҳо метавонанд, бо воситаи бозиҳои гуногун ҳам ҳатто, диққати шогирдонро ҷалб намоянд. Бо воситаи бозиҳо аҳаммияти касбу ҳунарро дар зиндагӣ муайян кардан мумкин аст. Барои он ки омӯзгорон аз таҷрибаи пешқадам бохабар шаванд, собиқадоронро зарур аст, ки тавассути нашрияҳои соҳавӣ мақолаҳои хуб пешниҳод намоянд.
Хуллас, дар натиҷаи ҳамбастагии комили оила-мактаб-ҷомеа бояд наврасон донанд, ки маҳз бо интихоби бошууронаашон метавонанд, дар оянда соҳиби мақоми хоса гарданд.
Яке аз омӯзгорони пешқадами шаҳри Исфара Исматҷон Пӯлотов дар ин масъала ар саҳифаи иҷтимоии раёсати маорифи шаҳри Исфара пешниҳоди хубе кардааст. Ӯ менависад, ки барои муваффақ ва соҳибкасб шудан бояд чанд омилро ба назар гирифт. Ин омилҳо аз посухи ин саволҳо бармеоянд:
Ҳангоми интихоби касб чунин омилҳо ба назар гирифта мешаванд:
- Оё шароити меҳнати ин касб ё ихтисос маъқул аст?
- Оё даромад аз ин касб барои зиндагӣ кифоягӣ мекунад?
- Аз уҳдаи омӯзиши ин касб мебароед?
- Магар ин касб ояндаи нек дорад?
- Оё аз ин касб дар ҷамъият обрӯ метавон ёфт?
- Дар интихоб ин касб чӣ водор кард?
- Оё ин касб зарар ҳам дорад?
- Оё бо ин касб ҷойи кор ёфта мешавад?
- Барои омӯзиши ин касб оё шароити молиявӣ имконият медиҳад?
- Оё барои омӯзиши касби интихобшуда вақти кофӣ ҳаст?
- Барои омӯзиши касби интихобшуда саломатӣ имконият медиҳад?
- Оё касби интихобшуда ба ҷинси инсон мувофиқ аст?
- Ба миллат ва макони таваллуд-чӣ?
- Ба вазъи сиёсии кишвар-чӣ?
Маълум мешавад, ки ин устод барои интихоби касби шогирдон бетараф не, баръакс хеле ҷиддист. Агар дигарон ҳам ҳамин гуна масъулият ҳис карда, тадбирҳои гуногунро ба кор баранд, ба ҳадафҳои интихобшуда дар роҳи рушди саноату иқтисоди кишвар ба хубӣ расида метавонем.
Бояд гуфт, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат барномаҳои гуногун ба тасвиб расида, чун роҳнамои ҷавонон барои интихоби касб пешниҳод мегарданд. Ҳар ҷавонро мебояд мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат касб интихоб кунад ва албатта, ҳадафи худро дар ин самт пайгирӣ намояд. Эълон намудани Соли фарҳанги техникӣ, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, инчунин, Солҳои рушди саноат аз ҷониби Роҳбари давлат маҳз ба хотири он аст, ки бозори иқтисоди кишвар гарм шавад, мутахассисони болаёқат тарбия ёбанд ва зиндагии ҷомеа рушд кунад. Расидан ба ин ҳадафҳо аз дарки баланди масъулияти ҳар омӯзгор, хонандаву донишҷӯ, умуман, ҳар узви ҷомеа вобастагӣ дорад. Шоистаи зикр аст, ки дар ин самт Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестӣ пайваста талошҳо мекунанд. Консепсияи миллии тарбия беҳтарин раҳнамоест, ки омӯзгорон дар ҷараёни кор метавонанд ба он такя кунанд. «Мақсади асосии тарбияи меҳнатӣ ва интихоби касб дӯст доштани кор ва аҳли он, инчунин интихоби шууронаи касб мебошад», — гуфта шудааст дар он.
Ин мақсад бояд дар фаъолияти ҳар ниҳоди соҳа, аз ҷумла, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва филиалҳои он, марказҳои методӣ, таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, робита бо Кумитаи ҷавонон, Кумитаи занон ва оила, воситаҳои ахбори омма ба назар гирифта шавад. Зеро интихоби касб танҳо ба як ё ду нафар не, ба тамоми ҷомеа марбут аст. Таҳсил пул аст, хароҷот дорад, вақте донишҷӯ баъди хатм ҳуҷҷати мутахассисро мегирад, новобаста аз худ ё давлат, бояд дар фикри барқарор кардани маблағи сарфшуда гардад. Бо ин восита метавон, муносибати бошууронаро дар интихоби касбу ҳунар ташаккул дод. Ба ҳар тариқа, бояд ҳар ҷавон донад, ки бузургон беҳуда нагуфтаанд:
Қимати мард на аз симу зар аст,
Қимати мард ба қадри ҳунар аст.
Тарғиби интихоби касб тавассути телевизиону радио, матбуоти даврӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ амри зарурист. Дар ин самт чеҳраҳое бояд муаррифӣ шаванд, ки новобаста аз ихтисос, соҳиби мактаби худ гаштаанд, чеҳраҳое, ки ифтихори ҷомеа, миллат ва давлати худ ва арзандаи беҳтарину болотарин мукофотҳоянд.