Устод Садриддин Айнӣ тавонист, ки ҷойгоҳи худро миёни пиру барнои халқи тоҷик ва хосу оми мамолики дунё пайдо кунад ва машҳур гардад. Дар сарзаминҳои дӯсту бародар, аз ҷумла, Ҷумҳурии исломии Эрон асарҳои устод Айниро солҳо боз мутолиа ва тадқиқ менамоянд ва осораш доираи васеи хонандаи худро дорад.
Донишманди бузург Саид Нафисӣ қисмате аз ҳаёти пурбаракати худро ба омӯзишу тадқиқи осори Садриддин Айнӣ бахшидааст. Дар бораи дӯстию ҳамкории ин ду адиб (С.Айнӣ ва С. Нафисӣ) маълумоти зиёде дарёфт кардан мумкин аст. С.Нафисӣ дар бораи устод мақолаҳои зиёде эҷод кардааст. Бояд гуфт, ки дар пайравии китоби С.Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” мақолае бо ин ном (яъне, “Намунаи адабиёти тоҷик”) иншо кардааст. Донишманди хушсалиқа дар бораи устод Айнӣ чунин мегӯяд: “Инак, дар назарам Садриддин Айнӣ ҳам ҳаст ва ҳам нест. Оре, он симои саршор аз завқу кареҳаву дониш, он баёни ширини дилангез, он чашмони пурфурӯғи оромибахшаш дар ин ҷаҳон нест. Аммо осори марде, ки саросар зиндагиро вақфи заҳмат бо одамизодагон кард ва партаве бар ҷаҳони маърифат тофт, ҳаргиз фурӯ нахоҳад нишаст, дар миён ҳаст ва хоҳад буд ва ҷовидонӣ хоҳад шуд.” (С. Нафисӣ. Зикри хайр.//Садои Шарқ .-1963.-№4.-С.137).
С. Нафисӣ дар як мақолааш, ки бо номи “Мусоҳабат бо марди бузург” маълум аст, муносиботу музокироти худро бо С.Айнӣ баён намудааст. Аз ҷумла, дар як ёддошти мухтасар, ки ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фиристода буд, таассуроти худро аз осор ва дидори С. Айнӣ баён намудааст. Аввалин китобе, ки С. Нафисӣ аз осори Садриддин Айнӣ мутолиа намудааст, ин “Намунаи адабиёти тоҷик” мебошад. Китоби мазкурро шарқшиноси Шуравӣ Умиянов, ки дӯсти С.Нафисӣ буд, аз Самарқанд барояш ҳамчун армуғон фиристодааст. Дар ин вақт устод Саид Нафисӣ мехост дар бораи устод Рӯдакӣ чизе бинависад ва аз дӯстоне, ки дар Самарқанд ва кишварҳои Осиёи Миёна буданд, дархост намуд, ки дар бораи Рӯдакӣ барояш маълумот ва мавод ҷамъоварӣ намоянд. Яке аз дӯстонаш китобчаеро бо забони лотинӣ, ки дар бораи Рудакӣ буд ва ба қалами Айнӣ тааллуқ дошт, дастрас мегардонад. Шиносоию дӯстӣ миёни ин ду адиб замоне, ки дар шаҳри Тошкенти Узбекистон 500-солагии зодрӯзи Алишери Навоӣ ҷашн гирифта мешуд, ба амал омад. Навиштаҳои устод Айнӣ дар Эрон шуҳрати зиёд доранд. Ҳанӯз аз солҳои 20-уму 30-юм хонандагони Эронзамин бо намунаҳои асарҳои ӯ, аз қабили “Намунаи адабиёти тоҷик”, повести “Одина” шиносоӣ пайдо карда буданд. “Намунаи адабиёти тоҷик” ва “Одина”дар Эронзамин рӯз то рӯз машҳур мегардид. Ин боис шуд, ки адибону муҳаққиқон ба осори Айнӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. С.Нафисӣ аз вохӯрию мусоҳибаҳояш бо С.Айнӣ қаноатманд буд ва мехост бори дигар аз суҳбати ин марди наҷиб бархӯрдор бошаду аз суханронияш лаззат бибарад. Саид Нафисӣ мегӯяд: “Баъди гузашти солҳо дар шаҳри Москва ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши шарқшиносон хабар ёфтам, ки устод Айнӣ аз олам гузаштааст, хеле ғамгин шудам. Вақте ба Душанбе омадам, ба оромгоҳи устод С.Айнӣ рафта зиёрат намудам ва ёде аз гузаштаи фаромӯшнашаванда намудам.” (Ҳамон ҷо: саҳ. 76). Саид Нафисӣ то нафаси охирин аз мутолиаю тадқиқи осори Айнӣ баҳраманд буд. Хотироти пур аз эҳсос ва саршор аз самимияти нависандаи номии Эронзамин, ки баъдтар ба унвони доктор ва профессори ифтихории ДМТ мушарраф гашт, дар шаклҳои гуногун ба тарзи пурра ва хулоса, ҳам дар Иттиҳоди Шуравӣ ва ҳам дар матбуоти Эрон чоп шудааст. Соли 1964 дар маҷаллаи “Солномаи дунё” як мақолаи С.Нафисӣ бо номи “Чанд тан аз мардони дидании ҷаҳон” ба табъ расид, ки андеша ва хотироти муаллифро дар бораи чанде аз шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон фаро мегирад. Дар бораи Айнӣ чунин сатрҳоро навиштааст: “Ду сафар аз роҳи Хуросон ба Тоҷикистон доштам. Бори аввал барои иштирок дар маросими 20-солагии ҷумҳурии сотсиалистӣ, бори дуюм барои ширкат дар 500-солагии зодрӯзи А.Навоӣ буд. Дар ҳарду маросим бо С.Айнӣ суҳбат оростам, ин мард аз бузургони дунёи худ буд. Дар роҳи озодӣ ва истиқлол ранҷ бурда ва зиндон кашида ва шиканҷа дида буд.” Хулоса, Садриддин Айнӣ бо осори пурғановаташ тавонист, ҷойгоҳи худро дар адабиёт ва замири ҳар шахс пайдо намояд ва маҳбуби ҳамагон гардад.
Алӣ Асғари Ҳикмат низ аз донишмандон ва шоирони машҳури Эрон мебошад. Ӯ бо устод Айнӣ соли 1948 дар таҷлили ҷашни 500-солагии Алишери Навоӣ, ки дар шаҳри Тошканди баргузор шуда буд, ошно шудааст. Пас аз баргаштан ба ватанаш Эрон дар анҷумани фарҳангистони Эрон ва Иттиҳоди Шуравӣ дар мавзуи “Ҷашни 500-солагии Алишери Навоӣ дар Тошканд” суханронӣ намуда, онро ба сурати мақола дар маҷаллаи “Паёми нав” чоп намуд. Алӣ Асғари Ҳикмат дар маърӯза ва мақолааш бардошти худро аз суҳбат бо Садриддин Айнӣ баён карда, чунин менигорад: “Ва ҳамчун нутқи фасеҳ ва пурмағзе оғои Садриддин Айнӣ донишманд ва нависандаи тоҷик эҷод кард, ки бисёр ҷолиб буд. Ин адиб ва фозил дар нутқи худ ишора бар савобиқи таърихии мамолики узбек ва Эрон намуда ва гуфт: “Дар замоне ки Мир Алишери Кабир дар қарни нуҳум ҳаёт дошт, тамоми мардуми ин кишварҳо бародарвор зиндагӣ мекарданд ва акнун ҳангоми он аст, ки дар соли бисти илму дониш занҷири робитаи ҳамсоягӣ барқарор гардад”. Алӣ Асғари Ҳикмат бо ин гуфтаҳо қонеъ нашуда, манзумае навишта, онро бо номи С.Айнӣ аз Теҳрон ба Самарқанд мефиристад. Ин қитъаи манзум дар маҷаллаи “Паёми нав” таҳти унвони “Ҳадия ба дӯсти донишманд Садриддин Айнӣ — шоири халқии тоҷик” чоп гардид. Қитъаи мазкур чунин ағоз мегардад:
Ҳамсоя зи ҳамсоя басе панд бигирад,
Ангур зи ангур ҳаме ранг бигирад.
Оре, масал аст ин ба бари мардуми тоҷик,
Аз ҳар масале аҳли адаб панд бигирад…
Садри адабу аҳли ҳунар Айнии доно,
К—аш даҳр наёрад, ки ҳамонанд бигирад.
Хурсанд шавад хотири ғамгин, агар устод
Аз он суханон хотири хурсанд бигирад…
Алӣ Асғари Ҳикмат гуфтааст, ки ин қитъа барои хушҳолию хурсандии устоди азиз Садриддин Айнӣ эҷод шудааст. Ӯ мегӯяд, ки ягон шахс дар олам ба Айнӣ баробар шуда наметавонад. Дар хотимаи нигошта шоир бо итминони комил мегӯяд, ки агар устод навиштаҳои маро бихонад, мавриди мутолиа қарор бидиҳад, хеле хурсанд мешавам.
Қитъаеро, ки ба С.Айнӣ навиштааст, адиб бо хатти заррини настаълиқи олӣ дар варақи зебою нақшине иншо кард ва он дар вақташ ба воситаи Анҷумани робитаҳои фарҳангии эронӣ ба Иттиҳоди Шуравӣ ба дасти С.Айнӣ омада расид. Хулоса, устод Садриддин Айнӣ бо Саид Нафисию Алӣ Асғари Ҳикмат тавонистанд анъанаи деринаву пурарзиши дӯстонаи ду адабиётро дар шароити нави таърихӣ идома дода, барои рушду нумуи минбаъдаи равобити адабии тоҷику форс заминаи устувору пойдор гузоранд.
Гулафшон НИЁЗОВА –
омӯзгори литсейи №2,
шаҳри Душанбе