Мақому манзалати устод дар ҳар давру замон пеши назари волидайн қарор дошту дорад. Эътибори омӯзгор на танҳо дар адабиёти китобӣ, инчунин, дар адабиёти шифоҳӣ ва навъҳои мухталифи санъату ҳунар низ аз шахсиятҳои дигар боло буду мебошад. Дар фолклори тоҷик тасвиру тавсифи образҳои устод (устоз, усто), пир (роҳбалад), муаллим ва омӯзгор суннатҳои қадима доранд.
Чунончи, мақоли зерин гувоҳ аз даврони бостон ибтидо гирифтани тавсифи образи устод ва пиру роҳбалад мебошад:
Бе пир марав, ки дарбимонӣ,
Ҳарчанд Сикандари замонӣ.
Дар фарҳанги мардуми тоҷик анъанае роиҷ буд, ки қабл идҳои Наврӯз, Рамазон ва Қурбон волидайн ба устодон туҳфаҳои идона фиристода, хидмати онҳоро арҷгузорӣ менамуданд. Туҳфаҳои идона ё наврӯзиҳоро баъзан шогирдон аз падарашон дар шакли таронаҳои идӣ талаб мекарданд. Ин гиромидошти устодон дар чандин рубоиву дубайтиҳо ва таронаҳои мардумӣ бозтоб шудаанд:
Наврӯз шуду шодам,
Аз қайди ғам озодам.
Бобо, бидеҳ чанд танга,
Наврӯзии устодам.
Наврӯз расиду шуд ҷаҳон тозаву тар,
Аз равнақи гул фитод шабнам ба гуҳар.
Наврӯзӣ диҳед, падар, ба устод барам,
То баҳра баред зи оби ҳавзи Кавсар.
Оби Раҳмату Наврӯз, фасли навбаҳорон шуд,
Гул ба шох савор омад, андалебе хандон шуд.
Ҳар кас ба фарзандаш хизмати устод кард,
Ҷою манзили он кас дар биҳишту ризвон шуд.
Гиромӣ доштани устод боиси баланд гаштани мақоми иҷтимоии омӯзгор дар ҷомеа гашта, ба толибилмон ангезаи мусбате дар илмомӯзӣ мешуд. Тавре ки фолклоршиноси тоҷик Б. Шермуҳаммадов ёдовар шудааст: «Бештарини идиҳо аз ду ё чаҳор мисраъ иборат буда, ба қалами аҳли савод тааллуқ доштанд. Чанд рӯз пеш аз ид мактаббачаҳо идиҳоро аз ёд мекарданд ва рӯзи Наврӯз ба падар, модар ва дигарон гӯшрас карда, ба ивазаш идона меситониданд»[1].
Дар Наврӯз коғази идиҳо чун ранги фасли баҳору табиат сабз буданд. Дар иди Рамазон ранги коғазҳо зард ва дар иди Қурбон коғази идиҳо сурх буд.[2]
Дар даврони Ҳокимияти Шӯравӣ дар фолклори тоҷик як силсила рубоиҳо бо образи муаллими давраи нав эҷод мешаванд, ки муаллим шахсияти нисбатан донишманду тавоно ва воломартабаи ҷомеа мегардад. Ҷавондухтарон дар ҳавою ҳаваси муаллимони ҷавон меафтоданд ва дарди дили худро дар рубоиҳо нақш мекунанд. Чунончи:
Санҷитбутара нукакуш хам задагӣ[3],
Маълимбачара домануш барзадагӣ.
Маълимбачара соати дастуш мешам,
Сесад гули ошиқира дар сар задагӣ.
Шероз мебофум, чормехаву ҷонона,
Хат мекунум, муаллимҷон бухона.
Бухонаву нахона, ҷавоб гардона,
Мора нагирифт, дидаву руш мемона.
Ин беди баланду дари маълимхона,
Маълимбача шиштай, китоб мехона.
Ду қоши сиёҳуш ба қалам мемона,
У мераваду ба мо алам мемона.
Гӯяндаи дигаре аз муҳаббати муаллим дил канда натавониста, ба модараш расонидааст, ки ӯро ба дӯстдоштааш диҳанд.
Очама бигу, маълима думод бигира,
Як даста гули сафеда савғот бигира.
Як даста гули сафед дар навдаи бед,
Омадани маълимҷон ларзидани бед.
Дар оғози Ҳукумати Шӯравӣ, ки муаллимон тибқи барномаи маҳви бесаводӣ ба деҳоти дурдаст барои тадриси мардуми кӯҳистон мерафтанд, ба ҳар гуна зиддияту монеаҳо рӯбарӯ мегаштанд. Ба ҷони баъзе муаллимон ҳатто сӯиқасдҳо ташкил мешуданд. Чунин мазмун дар чанде аз рубоиҳо зикр шудаанд:
Чайлови баланд, ягон-ягон бод ояд,
Муаллим—акаҷон намозаки шом ояд.
Муаллим-акаҷон, тахти китоб дар дастат,
Танҳо наравӣ, ҷӯраҳот дар қасдат.
Зарбулмасалу мақолҳо инъикосгари воқеоти зиндагӣ, муносиботи мардум, арзишҳои ахлоқию меъёрҳои рафтор ва дигар суннатҳои халқӣ мебошанд. Дар зарбулмасалу мақолҳо дар қатори дигар мавзуъҳо масъалаҳои муносибати устоду шогирд, эҳтироми устод ва манзалати иҷтимоии ӯ хеле возеҳ бозтоб шудаанд. Масалан:
Ҷое, ки устод аст, ба такаллум ҳоҷат нест.
* * *
Ҷаври устод беҳ аз меҳри падар.
Мақоли баъдӣ пӯшида нест, ки моли шоири маъруф Шайх Саъдӣ мебошад, аммо аз сабаби мазмуни олӣ доштанаш дар гуфтори мардум хеле гардиш хӯрда, ба масобаи мақолу зарбулмасал расидааст. Чунин мисраъу байтҳои соҳибмуаллиф дар мардум кам нестанд, ки аз адабиёти китобӣ ба адабиёти шифоҳӣ роҳ ёфтаанд. Дар баъзе мақолҳо муносибати устоду шогирд тасвир шудааст, ки воқеан, бардошти ҳаётӣ дорад. Шогирдон низ давомдиҳандаи кори устодонанд. Ба ин мазмун мардум хулоса кардааст: «Шогирди дирӯза – устоди имрӯза». Ё худ: «Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро».
Дар фарҳанги суннатии мардуми тоҷик истилоҳи «пир» ба маънои устоду роҳнамо ва шахси кордон низ мушоҳида мешавад. Дар мақоли «Пир нест, тадбир нест» гуфта мешавад, ки пирону устодон гиреҳкушову мушкилосони ҷавононанд. Дар зиндагӣ бо вуҷуди тавоно будан ниёз ба пирон аст, аз ин рӯ эҳтироми пирон, ҳамчун омӯзгорони ҳаёт, ҳамчун устодони оилавӣ аз даврони қадим дар ҷомеаи анъанавии тоҷикон вуҷуд дошту дорад.
Ҳамин тариқ, асарҳои фолклорӣ инъикоскунандаи падидаву ҳодисаҳои ҷамъиятӣ, муносиботу меъёрҳои рафтор, арзишҳои маънавӣ ва ғайра буда, дар таҳқиқи мавзуъҳои мушаххас маводи муътамад ба шумор мераванд. Чи тавре ки дар намунаҳои мазкур дидем, дар ҳар як матни бадеии шифоҳӣ як рӯйдоди муҳим ё муносибати иҷтимоӣ дақиқан хулоса мешавад.
Дилшод РАҲИМӢ –
номзади илмҳои филологӣ,
фолклоршинос
[1] Шермуҳаммадов Б. Назми халқии тоҷик. -Душанбе: Дониш, 1973. -С.35.
[2] Аҳмад Р. Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ. – Душанбе: Дониш, 2007. -С. 129-135.
[3] Рубоиҳои мазкур аз китоби «Баёзи фольклори тоҷик» (Душанбе: Ирфон, 1985.) гирифта шудаанд.