Педагоги маъруф Л. С. Виготский чунин меҳисобид, ки таълим ва ташаккули ҳамаҷонибаи хонанда бо ҳам алоқаманданд. Хонанда танҳо он вақт дуруст рушд менамояд, ки ба таҷрибаву малака ва маҳорату қобилияти доштааш дониш ва малакаву маҳоратҳои нав ба навро тавассути омӯзиш зам намояд ва ба таври васеъ сайқал диҳад.
Ҳар кору фаъолияте, ки хонанда аз рӯйи фаҳму идрок ва қобилияташ иҷро менамояд, ба инкишофи ӯ мувофиқат мекунад. Лекин инро фаромӯш кардан лозим нест, ки агар малакаҳои нав дар асоси малакаҳои аллакай азхудкарда ташаккул ёбанд, манфиати бештаре доранд. Дар таълиму тарбияи хонандагон хусусиятҳои фардии онҳоро ба инобат гирифтан лозим аст ва ҳеҷ гоҳ ба онҳо фишор овардан лозим нест.
Дар акси ҳол, яъне саросемакорӣ ва фишороварӣ ба хонанда ба вайроншавии кори асаб ва паст шудани майлу рағбати хонанда нисбат ба омӯзиш оварда мерасонад. Омӯзгори соҳибтаҷриба хусусиятҳои фардии шогирдонашро омӯхта, раванди таълиму тарбияро дуруст ба роҳ мемонад, ки ин фаъолияти зеҳнии хонандагонро ташаккул медиҳад. Муайян кардани хусусиятҳои инфиродии хонанда бе муоширати доимӣ ва ҳамкорӣ бо кӯдак ғайриимкон аст. Омӯзгор бояд мушоҳидакор бошад ва рафтори махсусиятҳои умумиии онҳоро муайян намояд.
Ҳар як хонанда дар алоҳидагӣ ба ин ё он фан майлу рағбати хос зоҳир менамояд, ки ин шояд ба гуногунии зеҳният алоқамандӣ дорад. Навъҳои зеҳн гуногунанд ва ин ё он навъи зеҳн метавонад дар хонандагони алоҳида бештар ё камтар инкишоф ёбад. Аслан чунин навъҳои зеҳн муайян шудаанд: шифоҳӣ – забонӣ; мантиқӣ – риёзӣ; биноӣ – фазоӣ; ҳаракат (моторӣ); мусиқӣ – мавзунӣ; байниинфиродӣ; ботинӣ; табиӣ –
натуралистӣ.
Хонанда дар як вақт дорои ҳамаи навъҳои зеҳн буда метавонад, аммо шояд баъзе навъҳои зеҳн сусттар, дигаре хубтар ташаккул ёфта бошанд. Мо чӣ тавр метавонем муайян намоем, ки дар хонанда кадом намуди зеҳн инкишоф ёфтааст?
1. Хонанда давидан, ҷаҳидан ва муҳорибаро дӯст медорад. Ба варзиш завқи беандоза зоҳир менамояд, яъне дар ин хонанда зеҳни ҳаракат (моторӣ) бештар ташаккул ёфтааст.
2. Хонанда эҷод кардан ва навиштанро дӯст
медорад. Хотираи хуб ва захираи бойи луғавӣ дорад. Маълум мешавад, ки дар ин гуна хонандагон зеҳни шифоҳӣ — забонӣ инкишоф ёфтааст.
3. Харита, ҳар гуна нақшаю диаграммаҳоро хуб мефаҳмад, тахайюлоти бой дорад, ба санъат зиёдтар мароқ зоҳир мекунад, аз расмҳои матн маълумоти дақиқ мегирад. Дар ин гуна хонандагон зеҳни биноӣ – фазоӣ ташаккул ёфтааст.
4. Худро идора менамояд. Агар касе ба вай халал нарасонад, вазифаҳоро дуруст ва хуб иҷро мекунад. Ҳиссиёташро дуруст ифода карда, аз хатояш меомӯзад. Дар танҳоӣ кор карданро дӯст медорад. Дар ин гурӯҳи хонандагон зеҳни ботинӣ хубтар сайқал ёфтааст.
5. Бо ҳамсолон муошират ва бозӣ карданро дӯст медорад. Дилсӯзу ғамхор аст. Супоришу вазифаҳоро якҷоя бо ҳамсинфон ва рафиқон иҷро кардан барояш қулайтар аст. Дар ин гуна хонанда ташаккул ёфтани зеҳни байниинфиродӣ бештар ба назар мерасад.
6. Мусиқиро хуб ба хотир мегирад. Сози мусиқӣ менавозад. Оҳангшинос ва сарояндаи хуб аст. Маълум аст, ки зеҳни мусиқӣ – мавзунӣ дар ниҳоди хонанда буруз менамояд.
7. Ҳисоб кардан, ҳал кардани ҳар гуна масъалаҳо, бозиҳои риёзиро дӯст медорад, ба чистону муаммоҳои математикӣ бештар мароқ зоҳир менамояд ва мафҳумҳои математикиро мефаҳмад.
Дар ин гуна хонандагон тафаккури абстрактӣ ташаккул ва бештар зеҳни мантиқӣ – риёзӣ
инкишоф ёфтааст.
8. Аломат ва хусусиятҳои муҳити атрофро тасниф менамояд, мушоҳидакор аст, ба табиат ва ҳодисаҳои табиӣ диққат дода, қобилияти фаҳмидан, дарк намудан ва шинохти табиатро дорад. Дар ин гурӯҳи хонандагон зеҳни табиӣ (натуралистӣ) рӯ ба инкишоф аст.
Назарияи гуногунии зеҳнро соли 1983 олими маъруф Ҳовард Гарднер, профессори донишгоҳи Гервард пешниҳод намудааст. Ӯ пас аз тахлилу таҳқиқ ва мушоҳидаҳои тӯлонӣ сабабҳои ба ин ё он фан майлу рағбат, шавқу завқ доштани хонандагонро ба гуногунии зеҳни онҳо алоқаманд донистааст. Барои дар амал татбиқ намудани назарияи гуногунии зеҳн омӯзгор ҳангоми тартиб додани нақшаи дарс, метавонад супоришу машқ, саволу масъалаҳои гуногунро бо назардошти гуногунии зеҳнияти хонандагон тартиб дода, ба онҳо пешниҳод намояд. Дар ин маврид хонандагон метавонанд мувофиқи қобилияти зеҳнӣ ва завқи худ супоришу масъалаҳои пешниҳодшударо иҷро намоянд. Агар омӯзгорон нисбат ба фикрронии амиқ ва мураккаби кӯдакон ҳассос бошанд, онро таҳлил намуда, ба низом дароварда тавонанд, на танҳо ташаккули навъҳои зеҳнро дар хонандагон муайян карда метавонанд, балки ба мақсадҳои асосии таълим ноил мегарданд. Омӯзгор ташаккули зеҳнияти хонандагонро ба инобат гирифта, тафаккури хонандагонро инкишоф медиҳад. Равоншинос ва педагог, профессори соҳаи педагогика Блум Бенҷамин Семюэл шаш зинаи ташаккули қобилиятҳои маърифатиро ҷудо менамояд: дар хотир гирифтан; фаҳмидан; истифода намудан; таҳлил намудан; арзёбӣ кардан; эҷод намудан.
Ба ақидаи Блум, зинаҳои қобилиятҳои маърифатӣ ба ҳамдигар зич алоқаманданд ва яке барои дигаре чун замина хидмат менамояд. Ҳар як зина мақсади хос дошта, тавассути амалҳои гуногуни таълим аз худ карда мешавад. Масалан, агар хонанда матн, мисол ё масъала, қоида ё монанди инҳоро ба хотир нагирад, намефаҳмад. Агар нафаҳмад, маълум аст, ки истифода бурда, таҳлил ва арзёбӣ карда наметавонад. Дар айни замон, дар раванди таълиму тарбия омӯзгорон мекӯшанд, ки салоҳиятнокии хонандагонро ташаккул диҳанд. Гуфтан лозим аст, ки салоҳият дар навбати худ ҳамаи зинаҳои қобилиятро фаро мегирад. Ҳар як зинаи қобилиятҳои маърифатӣ унсурҳои таркибӣ дорад. Зинаи «дар хотир гирифтан» дар навбати худ аз якчанд омил вобастагӣ дорад, аз қабили: барқарор кардани дониш аз хотираи дарозмуҳлат; истифодаи дониш аз хотираи дарозмуҳлат, ки бо маводи пешниҳодшуда мувофиқ аст; барқарор кардани дониши мувофиқ аз хотираи дарозмуҳлат.
Зинаи «дар хотир гирифтан» — ро бо якчанд фаъолияти таълимӣ ва супоришҳо амалӣ кардан мумкин аст: нақл кардани ҳикоя ё мазмуни матн; аз ёд гуфтани шеър; номбар кардани симоҳои матн; аз рӯйи мазмуни матн навиштани нақл ва монанди инҳо.
Бо воситаи саволҳои ёридиҳанда ин зинаро мустаҳкам кардан мумкин аст. Масалан, пас аз хондани матни «Пирамард ва фарзандонаш» чунин саволҳо пешниҳод кардан мумкин аст:
— Симоҳои асосии матн киҳоянд?
— Ин воқеа дар куҷо рӯй додаст?
— Барои чӣ пирамард фарзандонашро ба наздаш даъват кард?
— Мақсади ин кори пирамард чӣ буд?
— Фарзандон ба ин кори падар чӣ гуна муносибат зоҳир карданд? ва монанди инҳо.
Зинаи дуюми қобилиятҳои маърифатӣ «фаҳмидан» мебошад, ки равандҳои маърифатии зеринро дар бар мегирад: тафсир додан, намуна овардан, тасниф кардан, ҷамъбаст кардан, хулоса баровардан, муқоиса кардан ва шарҳ додан. Ин зина аз омилҳои зерин иборат аст: аз як қолаб ба қолаби дигар тағйир додан; намуна ё мисоли мушаххасро оид ба мавзӯъ ёфтан; ба кадом гурӯҳ ё навъ тааллуқ доштани ин ё он чизро муайян намудан; муайян намудани мавзӯъ ё мазмуни асосӣ; баровардани хулосаи мантиқӣ аз ахбори пешниҳодшуда; ошкор намудани мувофикат байни ду ақида, ашё ё монанди инҳо.
Ин зинаро бо фаъолиятҳои таълимии гуногун ташаккул додан имкон дорад: шарҳ додани мазмуни асосии матн; аз рӯйи мазмуни матн тартиб додани саҳнача ва намоиш додани он; доир ба ҳодисоту воқеоти матн навиштани хулоса ё ақидаи худ; тартиб додани нақша барои нишон додани тартиби пайдарҳамии вокеаҳои матни хондашуда; дар асоси мазмуни матн тартиб додани китобча.
Зинаи сеюм «истифода кардан» аз равандҳои маърифатии иҷро кардан ва татбиқ намудан иборат аст. Дар ин зинаи қобилиятҳои маърифатӣ бештар ба чунин фаъолиятҳои таълимӣ диққат додан лозим аст: барои шарҳ додани ҳодисаву воқеаҳои матн нақша ё диаграмма сохтан; аз рӯйи маҷмӯи расмҳо шарҳ додани ақидаи муайян; дар доираи мавзӯи таълимӣ тартиб додани муаммо ё бозӣ; доир ба мавзӯъ барои дигарон сохтани китобча; таҳия намудани рӯзнома, овеза ё газетаи деворӣ барои муаррифии мавзӯъ.
Барои мустаҳкам намудани ин зина чунин саволу супоришҳо бамаврид аст:
— Шумо симоҳои матнро мувофиқи хусусиятҳояшон ба гурӯҳҳо ҷудо карда метавонед?
— Агар шумо имконият медоштед, чиро тағйир медодед?
— Шумо ба муаллиф кадом саволҳоро пешниҳод кардан мехостед?
— Оид ба маълумоти бадастовардаатон кадом тавсияҳоро пешниҳод кардан мехостед? ва монанди инҳо.
Зинаи чоруми қобилиятҳои маърифатӣ «таҳлил кардан» мебошад, ки равандҳои маърифатии муайян намудани фарқият, таҳлил намудан, яъне муқоисаву мушоҳида кардан, нисбат доданро дар бар мегирад. Дар ин зина лаёқати малакаҳои маълумоти маводро ба қисмҳои таркибӣ ҷудо карда тавонистан, алоқамандии сохтор ва мақсадро муайян намудан, муайян кардани қисмҳои муҳим ва дуюмдараҷаи маводи пешниҳодшуда; муайян намудани ақидаҳо, арзишҳо, мақсадҳоеро, ки аз маводи пешниҳодшуда бармеоянд, сайқал додан лозим аст. Барои ноил гаштан ба ин мақсад чунин фаъолиятҳои таълимиро амалӣ намудан лозим аст: таҳияи саволнома барои ҷамъ овардани маълумот; тартиб додани нақша аз рӯйи мазмуни матн; кашидани нақша барои шарҳ додани маводи интихобкарда; таҳия намудани саҳнача доир ба мавзӯи таълимӣ; тадқиқот гузаронида, ҷамъ овардани ахбори зарурӣ барои тасдиқи ин ё он ақида.
Зинаи панҷуми қобилиятҳои маърифатӣ, яъне «арзёбӣ», равандҳои маърифатии санҷидан, эътироф ё интиқод карданро дар бар мегирад. Гузаронидани фаъолиятҳои таълимии зерин барои мукаммал гардидани ин зина кумак менамоянд: таҳия намудани нишондиҳандаҳои муваффақият дар таълим; ташкили муҳокима ё мубоҳиса оид ба масъалаҳои гуногун; тартиб додани қоидаҳои тиллоӣ ва даъват ба риояи он; дида баромадани ин ё он масъала дар гурӯҳ ва муаррифии он; навиштани тавсиянома доир ба тағйироти зарурӣ оид ба ин ё он масъала; навиштани гузориш аз рӯйи ақидаи худ.
Зинаи дигари қобилиятҳои маърифатӣ «эҷод кардан» мебошад. Ин зинаро қуллаи қобилиятҳои маърифатӣ ҳисобидан мумкин аст, яъне хонанда зина ба зина ҳар як марҳилаи қобилиятои маърифатиро тай намуда, ба қуллаи ташаккули қобилиятҳои маърифатӣ – эҷод кардан мерасад. Дар ин марҳила хонанда дорои малакаву маҳорат ва қобилиятҳои муайян аст, донишҳои доштаашро хуб ба хотир гирифтааст, дуруст фаҳмидааст, бамаврид истифода бурда, аз ҷиҳати илмӣ таҳлил карда ва бо далелҳои муайян исбот ва арзёбӣ карда метавонад.
Хонандае, ки ин марҳилаҳоро гузаштааст, фикру ақида ва мақсади муайян дорад. Ҳар гуна супоришу вазифаҳоро бо шавқу завқ иҷро менамояд, зеро сабаб, мақсади омӯхтани ин ё он маводро медонад, аз рӯйи нуқтаи назари худ шарҳ дода маънидод карда метавонад ва ба дигарон муаррифӣ менамояд. Омӯзгорони асилу заҳматпеша танҳо он гоҳ ба тарбия ва таълими чунин шогирд муваффақ мегарданд, ки ҳамаи нозукиҳои ташаккули қобилиятҳои маърифатиро ба инобат гиранд, худ мушоҳидакор бошанд, босабру таҳаммул бошанд, дили бузург ва пурмеҳр дошта бошанд, бофарҳангу маданӣ буда, ба худписандиву такаббур роҳ надиҳанд, балки фикру мулоҳизаҳои дигаронро низ ба эътибор гиранду аз он ки шогирдашон фикри наву ҷолиб ва шояд нисбат ба фикру ақидаи устодаш хубтару беҳтарро ироа менамояд, наҳаросад,
балки дастгирӣ намоянд, дарк намоянд, ки маънии додани таълиму тарбия роҳнамо будан ҳамин аст.
Назира ФАЙЗИЕВА – омӯзгори мактаби №50,
шаҳри Душанбе