Дастам МАҲКАМОВ –
мудири шуъбаи таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии
ПРМ ба номи А. Ҷомии АТТ
Педагогикаи миллӣ илми навест, ки баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зуҳур кардааст, аммо манбаъ ва сарчашмаҳояш бо давраҳои санг рабт доранд. То пайдо гардидани хат ва баъди он низ афкори педагогӣ дар расму ойин ва эҷодиёти бадеии шифоҳии мардум таҷассум меёфт. Ин сарчашмаи нахустини педагогикаи миллии халқи тоҷик мебошад.
Сарчашмаи дигари педагогикаи миллии халқи тоҷик китоби динию ахлоқии «Авесто», пайдоиши забон ва хатти авастоӣ мебошад. Ёдгориҳои хатти қадим, аз ҷумла, кандакориҳои болои санг дар кӯҳи Бесутун, девори қасру кӯшкҳо дар «Тахти Ҷамшед», кандакориҳои рӯи чӯб дар кӯҳи Муғ ва ғайраҳо нишон аз арзишҳои ниёгонамон мебошанд. Манбаъ ва сарчашмаи дигари педагогикаи миллии тоҷиконро афкори педагогии намояндагони барҷастаи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷику форс ташкил медиҳад. Панду ахлоқ дар эҷодиёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Қобуснома»-и Унсурулмаъолӣ Кайковус, «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ сарчашмаҳои беҳтарине дар тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ, ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва таҳаммулпазирии насли наврас дар тамоми зинаҳои таҳсилот маҳсуб меёбанд. Дар раванди татбиқи унсурҳои Консепсияи тарбияи миллӣ аз асарҳои «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфӣ, «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ, «Абумуслимнома»-и Абутоҳири Тарсусӣ, «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Сафарнома», «Рӯшноинома»-и Носири Хусрав, «Кимиёи саодат»-и Муҳаммад Ғаззолиро барои хонишҳои беруназсинфӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот ба таври васеъ истифода бурдан манфиатбахш аст. «Эҳё-ул-улум»-и Абунасри Форобӣ, «Донишнома», «Тадбири манзил»-и Абуалӣ ибни Сино асарҳое мебошанд, ки тавассути онҳо маънавиёт ва маърифати хонандагон ва донишҷӯёнро оид ба дарки асрори олам ва роҳҳои донистани асрори ҳастӣ васеъ намудан мумкин аст. Дар раванди дарсҳои тарбиявӣ, корҳои беруназаудиторӣ ва синфию хонишҳои мустақилона роҳбарони гурӯҳҳои академӣ ё роҳбари синф метавонанд, аз осори гузаштагон, ба мисли «Шариати исломия ва тараққиёти форсӣ»-и Сайид Аҳмади Васлӣ, «Маҷмаъ-ул-фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят, «Вис ва Ромин»-и Фахриддини Гургонӣ, «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ, «Офариннома»-и Абушакури Балхӣ, «Таҳзиб-ул-мантиқ»-и Саъдиддини Туфтазониро тавсия намоянд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва ахлоқи ҷавондухтарон дар корҳои тарбиявӣ, беруназаудиторӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ аз асарҳои «Таърихи ҷаҳонкушо»-и Ҷувайнӣ, «Мифтоҳ-ул-улум»-и Сироҷиддини Саккокии Хоразмӣ, «Нисоб-ус-сибён»-и Абунасри Форобӣ, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насриддини Тӯсӣ, «Таҳзиби ахлоқ»-и Ибни Маскуя, «Захоир-ул-мулук»-и Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ ба таври васеъ истифода намоянд. Истифодаи мероси педагогии халқи тоҷик ҳамчун «Аврод-ул-аҳбоб» ва «Фусус-ул-одоб»-и Сайфиддини Бахарзӣ, «Одоб-ул-муридайн»-и Шайх Наҷмиддини Кубро, «Анвор-ул-маориф»-и Шаҳобиддини Суҳравардӣ, «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас ҷойгаҳи хоссаро ишғол менамояд.
Дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии донишҷӯён омӯзгорони таҷрибадор метавонанд, аз ғазалиёти Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ самаранок истифода намоянд. Дар таълимоти педагогии Ҳофиз мавқеи асосиро илму адаб ишғол менамояд. Шоир фармудааст:
Ҳофизо, илму адаб варз, ки дар маҷлиси шоҳ
Ҳар киро нест адаб, лоиқи суҳбат набувад.
Дар ин мисраъҳо шоир диққати асосии хешро ба мавқеъ ва мартабаи илму адаб равона намуда, таъкид менамояд, ки касе дорои ин ду сифат набошад, бо ӯ суҳбат, нишаст ниҳоят вазнин мебошад. Ҳофиз, инчунин, дар ғазалҳои хеш насли наврасро дар руҳияи сабурию таҳамулпазирӣ тарбия менамояд, ки мисоли равшани он ин гуфтаҳоанд:
Соқӣ, биё, ки ҳотифи ғайбам ба мужда гуфт:
Бо дард сабр кун, ки даво мефиристамат.
Ин гуфтаҳо метавонанд дар ниҳоди насли наврас маърифати баландро бедор намуда, онҳоро дар руҳияи хушахлоқӣ, таҳаммулпазироӣ, сабру тоқат тарбия намоянд. Мехостам, таъкид намоям, ки ғазалиёти Ҳофиз дорои ҷавҳари маънии баланд мебошад ва арзандаи истифода дар тамоми чорабиниҳои муассисаҳои таълимӣ буда, қудрати маънавиёт ва ахлоқро такон бахшидан доранд. Мисоли равшани он ғазалҳои “Ин чӣ шӯрест”, “Шарбате аз лаби лаълаш начашидем”, “Бирав, эй зоҳиду даъват накунам” ва ғайраҳо мебошанд.
«Гули Наврӯз»-и Хоҷуи Кирмонӣ, «Ҷамшед ва Хуршед»-и Салмони Соваҷӣ, панду андарзҳои Ибни Ямин, «Минҷоҳ-ул-аброр»-и Ашраф дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавонон тавассути корҳои тарбиявӣ ва беруназаудиторӣ омили беҳтарин буда метавонанд. Шеъру достонҳои Абдулқодири Бедил, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Таҳзиб-ус-сибён», «Заруриёти динӣ»-и Садриддин Айнӣ, «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров, «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Рушди маориф — асоси таҳкими аркони давлат», «Ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ»-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашмаи беҳамтои педагогикаи миллии халқи мо буда, дар тарбияи маънавиро ахлоқии насли наврас дар тамоми зинаҳои таҳсилот шуда метавонанд.
Яке аз иқдомҳои наҷибе, ки Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш гирифтааст, баргузор намудани таҷлили бузургдошти намояндагони илму адаби халқи тоҷик мебошад (соли 1997 ҷашни – 670-солагии Камоли Хуҷандӣ, соли 2004 – ҷашни 1000-солагии Носири Хусрав, соли 2009 – ҷашни 1300-солагии Имоми Аъзам, соли 2011 – 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ).
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ фаъолияти ҷавонон миёни аҳли ҷомеа торафт бештар мегардад ва онҳо ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангии мамлакат хубтар ворид мешаванд.