Лутфия АБДУЛХОЛИҚЗОДА —
муовини вазири маориф ва
илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фарогирии ҷавонон ба таҳсилоти касбӣ, аз ҷумла, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои расидан ба ҳадафи чоруми кишвар — саноатикунонӣ талаби замон аст. Маҳз ба ин хотир сиёсати давлат дар ин самт таҳти ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол ҷиддитар мегардад. Зарурати ин масъала ва ояндабинӣ боис гашт, ки Сарвари давлат масъалаи таъсис додани ниҳоди алоҳида -Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро дар ин самт ба миён гузорад.
Зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар раванди омода намудани кадрҳои баландихтисос фаъолияти густурдае дошта, пас аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ бо мутахассисон рисолати муҳиме бар дӯш гирифт. Фаъолияти пурсамари мутахассисони ин зинаи таҳсилот дар пешрафти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданию фарҳангии мамлакат нақши муассир дошта, таваҷҷуҳи корхонаю муассисаҳо ба мутахассисон дар ин самт рӯз то рӯз бештар мегардад. Махсусан, дар риштаҳои техникӣ, омӯзгорӣ ва тиббӣ имрӯз ба мутахассисон ниёзи бештар эҳсос мегардад. Бо дарназардошти ин ҳолат, ҳар сол сохта ва ба истифода додани муассисаҳои таълимии равияи техникӣ ва тиббидошта аз ҳисоби сектори давлатӣ ва хусусӣ дар кишвар меафзояд.
Дар доираи қонунгузории кишвар ва иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 раванди омода намудани кадрҳо дар ин зинаи таҳсилот ҷараёни тоза гирифта, шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ ва иҷтимоӣ дар онҳо фароҳам оварда шудааст. Таъкид кардан барҷост, ки дар бештари кишварҳои пешрафтаи олам шаҳрванд пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ имкон дорад, ҳамчун мутахассиси техникӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ ва ё фарҳангу варзиш тамоми умр фаъолият намояд. Яъне, ба истеҳсолот рафтани мутахассисе, ки ин ё он риштаро дар литсейи касбӣ ё коллеҷ хатм кардааст, ба давлат ва худи ӯ манфиати бештар дорад.
Яке аз масъалаҳое, ки дар ин самт бознигарӣ мехоҳад, бо дастгирии Вазорати маориф ва илм дар заминаи коллеҷҳое, ки шароити дурусти таълимӣ, заминаи моддию техникии хуб доранд, таъсис додани шуъбаи бакалавр ва маълумоти олии касбии бакалавр додан дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад. Ин иқдомест, ки дар бештари кишварҳои пешрафта ва кишварҳои рӯ ба рушд амалӣ шуда, натиҷаҳои дилхоҳ додааст. Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» қабул ва пешниҳод гардид, ки дар рушди ояндаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ беҳтарин замина шуда метавонад.
Айни замон, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар кишвар 84 ададро ташкил дода, нисбат ба давраи Шуравӣ теъдоди онҳо 41 адад афзудааст (43 адад то Истиқлолият). Ин муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи 8 равияю самт кадрҳо омода месозанд, ки лоиқи дастгирӣ ва қадрдонӣ мебошанд. Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бошанд, айни замон 63 ададро ташкил дода, дар раванди тайёр намудани кадрҳои коргарӣ нақши хуберо дар ҷомеа доранд. Дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Душанбе ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳое, ки шароити мувофиқ доранд, паркҳои технологӣ ташкил карда шуда, ҷиҳати гузарондани корҳои амалӣ ва саҳм гирифтан дар истеҳсолот шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Таъмиру тармим, сохтмони биноҳои иловагӣ, сохта ва ба истифода додани толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишӣ, ташкили хоҷагиҳои ёрирасон ва сабзу хуррамгардонии онҳо дар муассисаҳои таълимӣ нисбат ба солҳои 2019-2023 бештар аз 40% афзоиш ёфта, вазъи иҷтимоии хонандагону донишҷӯён ба маротиб беҳтару хубтар гардидааст. Тайёр кардани мутахассисони касбу ҳунарҳои гуногун вобаста ба талаботи бозори меҳнат дар сиёсати давлати имрӯза яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта, давлату Ҳукумати мамлакат барои ноил шудан ба ин ҳадафи олӣ бо афзоиш додани маблағгузории ҳамаи зинаҳои таҳсилот чораҳои ҳатмӣ ва саривақтӣ меандешад. Махсусан, дар тайёр кардани мутахас-сисоне, ки на танҳо дар бозори дохили кишвар, балки хориҷ аз он ҳам, ҷавобгӯ бошанд, ҳадафи асосии соҳаи маорифи кишвар бояд қарор гирад. Омода кардани мутахассисоне, ки дорои тафаккури баланди эҷодӣ буда, забонҳои хориҷиро хуб донанд ва бо технологияи ҳозиразамон аз наздик шинос бошанд, ҳадафи асосии соҳаи маорифи кишвар гаштааст. Дар шароите, ки Тоҷикистон аз як кишвари аграрӣ ба кишвари саноатӣ табдил меёбад, омода кардани кадрҳои коргарӣ, мутахассисони соҳибкасби соҳаҳои техникӣ воқеан, аз вазифаҳои асосии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба шумор рафта, дар ин замина кушодани ихтисосҳои нави коргарию техникӣ дар ин муассисаҳои таҳсилотӣ айни муддаост. Бо мақсади таъмини болоравии сифати таълим, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори дохилӣ ва берунии кишвар ҷавобгӯ, сафарбар намудани донишҷӯён барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд.
Барои баланд бардоштани сатҳи дониши таълимгирандагони зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, ба роҳ мондани таълим аз рӯйи системаи дуалӣ солҳои 2018-2020 дар ҳамкорӣ бо созмони байналмилалии Олмон — «Ҷайзет», тибқи барномаҳои пилотӣ ихтисосҳои саноати хӯрокворӣ амалӣ гардиданд. Бо қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парки технологӣ” дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, хусусан, соҳаи тиб Маркази таълимӣ — табобатии “Ҷарроҳия”, Дорухонаи таълимӣ-истеҳсолӣ, Маркази таълимӣ-истеҳсолии таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ, Кабинети озоншифоӣ, Маркази ҷамъоварии гиёҳҳои шифоӣ ва коркарди онҳо, Маркази таълимӣ-истеҳсолии “Дорусозӣ”, Маркази таълимӣ-истеҳсолии “Дандонсозӣ” ва дар назди коллеҷҳои равияи техникӣ — технологӣ бошад, ихтисосҳои мебелсозӣ, таъмири мошинҳо, кандакорӣ, ҳунарҳои мардумӣ, қаннодӣ ва чанде дигар роҳандозӣ шудаанд. Зарурати кушодани паркҳои технологӣ дар ҳамаи коллеҷҳо талаботи замон буда, дар коллеҷҳои техникӣ, технологӣ, кишоварзӣ ва тиббӣ назорати қатъии кушодани ин паркҳо ва фаъолияти густурдаи амалӣ ва илмию техникии онҳо бояд роҳандозӣ гардад. Ҷиҳати рушди паркҳои технологии муассисаҳои таълимӣ пешниҳод карда мешавад, ки нисбат ба фаъолияти онҳо ва назорату санҷишҳои барзиёд аз ҷониби мақомоти назоратӣ моратория эълон карда шавад. Аз теъдоди умумии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар баробари муассисаҳои техникӣ ва технологӣ 2 муассисаи кишоварзӣ: Коллеҷи махсусгардондашудаи шаҳри Бохтар ва Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ мутахассисони соҳаи кишоварзиро аз рӯйи 10 ихтисос (тибби байторӣ, агрономӣ, таъмини истифодабарии техникаи кишоварзӣ, ташкили кори хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат, агрохимия, тухмипарварӣ ва ҳифзи растанӣ, заминсозӣ, фаъолияти тиҷоратӣ дар саноати комплекси аграрӣ, таъмини барқии соҳаи кишоварзӣ ва ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ) вобаста ба талаботи бозори дохил ва хориҷи кишвар омода менамоянд. Дар шароити кунунии Тоҷикистон баланд бардоштани мавқеи ин муассисаҳои таълимӣ ва дар онҳо кушодани ихтисосҳои нави кишоварзӣ бо назардошти ворид гардидани бемориҳои гуногун дар соҳаи чорводорӣ ва кишоварзӣ ниҳоят зарур ба ҳисоб меравад… Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ басе бамаврид таъкид намуда, Ҳукумати мамлакатро масъул донистанд, ки доир ба такмили низоми омода кардани мутахас-сисон барои бахши воқеии иқтисодиёт, бо дарназардошти афзалиятҳои соҳавӣ, таъсиси маҷмааҳои саноатӣ, агросаноатӣ ва хизматрасонӣ, тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд. Таъмини муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо адабиёти таълимӣ бо вуҷуди талошҳои зиёд, ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ нест. Дар шаш моҳи соли 2023 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 4 ҳазору 658 нусха адабиёти умумитаълимӣ ва тахассусӣ аз рӯйи 28 номгӯй муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нашр шудаанд, ки нисбат ба соли 2022 як ҳазору 500 нусха зиёд, вале ба талаботи имрӯзи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ нест. Раванди таҳия, нашр ва дастрас намудани китобҳо дар ин ду зинаи таҳсилот навгонӣ ва азнавсозиро тақозо намуда, барои таҳияи пурра ва нашри китобҳои дарсӣ чораҳои саривақтӣ ва зарурӣ андешидани Вазорати маориф ва илм ва дигар вазоратҳои дахлдор зарур аст.
Тибқи маълумотҳои омории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 248 ҳазору 305 нафар довталаб ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро интихоб кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта (соли 2022 261 ҳазору 811 интихоб) 13 ҳазору 506 нафар интихоб кам буда, 5,2 фоизро ташкил медиҳад. Илова ба ин, интихоби як қатор ихтисосҳои муассисаҳои ин зинаи таҳсилот то 70 фоизро ташкил медиҳад, ки ҳолати мазкур дар ин муассисаҳо дар самти интихоби ихтисосҳо нигаронкунанда мебошад.
Масъалаи аз курси такмили ихтисос гузаштани омӯзгорони зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар назди ҳар донишгоҳ ва ё донишкадаю марказҳои таълимӣ ташкил карда мешаванд, имрӯз қонеъкунанда набуда, барои пурра аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон ва ҳайати роҳбарикунандаи онҳо ташкили маркази такмили ихтисос ва ё Донишкадаи алоҳидаи такмили ихтисоси ин зинаҳои таҳсилот ба миён омадааст.
Дар масъалаи ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ ва грантҳо барои таҳкими пояи моддию техникии муассисаи таълимӣ, ҳамкории илмӣ ва таҷрибаомӯзии дониш-ҷӯён бо як қатор шарикони рушд табодули таҷриба, истифодабарии усулҳои муосир ва байналмилалии фаъоли таълим ва омодасозии мутахассисони ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ, ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, амалӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони соҳа дар ин самт ҳамкории самаранок ба роҳ монда шудааст…
Фикр мекунам, зарурати ҷорӣ намудани имтиҳонҳо тариқи экстернӣ, бад-ин васила дарёфти истеъдодҳо, донишҷӯёни болаёқат ва таҳрик додани онҳо ба донишандӯзӣ дар дигар зинаҳои таҳсилот тибқи талаби замон ба миён омадааст. Муҳлати таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, махсусан, дар соҳаҳои техникию технологӣ ва иқтисодию варзишӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнат бояд кам карда шуда, ҷиҳати ба истеҳсолот фиристодани хатмкунандагон шароити мусоид фароҳам овардан ва дар ин зина, махсусан, коллеҷҳое, ки базаи одию техникии ба талаботи стандартҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ҷавобгӯ доранд, омода кардани мутахассисон аз рӯйи дараҷаи бакалавр ҳам айни муддаост.