Дастам МАҲКАМОВ – номзади илмҳои
педагогӣ, мудири шуъбаи таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии ПРМ
ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ
Файласуф ва энсиклопедисти бузурги форсу тоҷик Абубакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ, ки дар ҷаҳон бо номҳои Разес (Razes) ва Абубатер (Abu Bater) шинохта шуда буд, ҳанӯз дар асрҳои миёна сазовори эҳтирому эътирофи табибону файласуфон ва кимиёдонон гардида буд. Абубакри Розӣ дар рушди илмҳои замонааш саҳми босазо гузошта, на танҳо дар миёни олимони олами ислом, балки дар байни донишмандони маъруфи ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро ишғол менамуд.
Ӯ аз овони ҷавонӣ истеъдоди баланди модарзодӣ дошта, ба тамоми соҳаҳои илму дониш шавқу завқи хоса зоҳир менамуд. Ба навохтани асбобҳои мусиқӣ, хондани шеър, сурудан завқи зиёд дошт, вале ба шуғли аҷдодӣ (падараш заргар буд) бештар мароқ зоҳир менамуд. Бо ин заҳмату талошҳои пайваста Абубакри Розӣ тавонист, то 30-солагӣ тамоми илмҳои замонашро аз бар намуда, ба зинаи устодӣ расад. Ӯ, асосан, ба омӯзиш ва таҳқиқоти илми тиб пас аз сисолагӣ ҷиддӣ машғул шуда, то охири умри хеш дар пажӯҳиш ба ин соҳаи илм содиқ монд. Дар яке аз мақолаҳо, ки зери сарлавҳаи «Масъалаҳои тарбияи ахлоқию башардӯстӣ дар осори Абубакри Розӣ» ба табъ расида буд, гуфта мешавад: «Пизишкӣ набуд, онро Буқрот (Гиппократ) ба вуҷуд овард, пизишкӣ мурда буд, онро Ҷолинус (Гален) зинда кард, пизишкӣ пароканда буд, онро Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ фароҳам овард ва пизишкӣ ноқис буд, онро Буалии Сино комил кард».
Бояд гуфт, ки чунин баҳогузорӣ нисбат ба шахсияти Абубакри Розӣ худ шаҳодат аз бузургии ӯ мебошад, ки ҳамчун саромади илми тиббу кимиё, фалсафа ва табиатшиносӣ баромад намудааст. Аммо на ҳама паҳлуҳои фаъолияти илмии Абубакри Розӣ ба таври бояду шояд мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.
Абубакр Муҳаммад Ибни Закариё ибни Яҳё Розӣ пайрави мактаби асҳоби ҳаюло буда, шаклҳои ҳастии ҳаюло: макон, замон ва ҳаракатро азалию абадӣ мешуморид. Дар дарки назарияи маърифат Розӣ ва Сино ба иштибоҳ роҳ дода, ба назарияи инъикос ворид гардидаанд. Ӯ дониши ҳиссиро натиҷаи таъсири ашё ва ҳодисаҳо ба узвҳои ҳисси инсон медонист. Розӣ муътақид буд, ки инсон ба донистани ҳама чиз қобил аст ва дар олам чизе нест, ки ақли инсон онро дониста натавонад, ки ин нишонаи майл ба материализм мебошад. Закариёи Розӣ дар илми фалсафаи асримиёнагӣ мавқеи хосаеро ишғол намуда, андешаҳои фалсафии ӯ бештар дар асарҳои «Китоб-ул асрор», «Ал-ҳавӣ», «Сирати гносеология», «Тибби рӯҳонӣ», «Исбот ул-маод», «Китоб –ул-лаззат» баён гардидаанд, ки дар асри XII аксари онҳо бо забони лотинӣ тарҷума ва дастраси ҷаҳониён гардида буданд. Ҳарчанд ӯ дар таърихи кимиёву тиб бо лақаби «падари кимиё», «табиби бемористон» ва «табиби ҳозиқ» шинохта шуда бошад, дар фалсафа яке аз барҷастатарин намояндагони асҳоби ҳаюло эътироф гаштааст. Бояд қайд намуд, ки ҳар як шахс баъди омӯзиши ҳамаҷонибаи ду асари Муҳаммад Закариёи Розӣ зери унвонҳои «Тибби рӯҳонӣ» ва «Сирати фалсафӣ» ба хулоса меояд, ки Закариёи Розиро «муаллими ахлоқ» номидан ҷойи шубҳае надорад. Ӯ дар асарҳои номбаршуда бештар диққати хешро ба масъалаҳои ахлоқиву равоншиносӣ равона намудааст. Дар таълимоти фалсафии ӯ тамоми хислатҳои хуб (некӣ, росткорӣ, ростгӯӣ, инсондӯстӣ, адолат, ҳаё, шарм, раҳм, саховат, покизагӣ) ва бади инсонӣ (бахилӣ, ҳасудӣ, такаббурӣ, худписандӣ, ғурур, кибр, мумсикӣ, майпарастӣ, дурӯғгуйӣ) ба пуррагӣ ифодаи хешро ёфтаанд. Аз маълумотҳои Забеҳулло Сафо бармеояд: «Розӣ дар ахлоқ муътақид ба зуҳду тарки дунё ва инзиво нест ва мутаваҷҷеҳ ба ширкат дар умури иҷтимоӣ бо покдоманиву иффат аст. Ӯ лаззатро амри вуҷудӣ намедонад, балки онро бозгашти ҷисм ба ҳолати табиӣ ва алам хурӯҷи ҷисм аз ҳолати табиии худ мешуморад. Таълимоти фалсафию ахлоқии Закариёи Розӣ ба таълимоти ахлоқии Конфутсий, ки муаллими ахлоқ шинохта шудааст, монанд мебошад. Усули таълимоти ахлоқии Конфутсий бар пояи қоидаи умумии “Лӣ” марбут аст. Истилоҳи «Лӣ»- ро ба маънои гуногун истифода кардаанд. Аз ҷумла, ба маънои покӣ, одобу инсоният, ташрифот ва расму ибодати динӣ. Вай бештар дар таълимоташ ба баробарии мавқеи одамон диққати хоса медод ва қайд мекард, ки ҳама одамон табиатан аз давраи таваллуд баробаранд. «Ҳама одамон ба ҳамдигар наздиканд, вале дар рафти тарбия аз ҳамдигар ҷудо мешаванд ва аз ҳам фарқ мекардагӣ мегарданд».
Меарзад, ки рисолаи «Тибби рӯҳонӣ»-и Муҳаммад Закариёи Розиро «Доират-ул-маорифи ахлоқи башар» номем. Ӯ дар ин рисолаи машҳури хеш ақлро беҳтарин туҳфаи Парвардигор дар бунёди шинохти ҳастӣ дониста, бар он андеша мебошад, ки инсон маҳз тавассути ақл аз ҳайвон фарқ карда, зиндагии худро беҳ месозад ва инчунин, марому мартабаи хешро нисбат ба ҳар чизи олам муайян ва баланд мебардорад. Ӯ дар фасли аввали «Тибби рӯҳонӣ», ки «Ситоиши фазилати ақл ном дорад» мегӯяд: «…ақл чизест, ки агар он намебуд, аҳволи мо тибқи аҳволи ҳайвон мешуд, ё мисли кӯдакону девонаҳо дар вартаи парешонӣ мемондем».
Бузургии Закариёи Розӣ дар он аст, ки дар ҳамин фасли асараш диққати махсусро ба омӯзиши нафс равона менамояд. Ӯ нафсро фармонбардори ақл номида, таъкид менамояд, ки инсон бояд ҳамеша аз пайи тарбияи нафси худ бошад ва кӯшиш намояд, ки нафси саркашаш ҳамеша тобеи ақл бошад ва маҳз тавассути ақл инсон ба муроду мақсади худ мерасад. Чунин суханони ҳикматборро дар илми педагогика дар ашъори тамоми шоирони классикӣ ва муосир пайдо намуда, мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор додан мумкин аст.
Муҳаммад Закариёи Розӣ дар андешаҳои фалсафӣ-педагогии хеш дӯстию рафоқат, ҳурмату эҳтиром ва некию накукориро аз аломатҳои асосии давлату иқболи инсон медонад. Сарчашмаи соҳиб шудан ба ин сифатҳоро ӯ аз як қуввае вобаста медонад, ки бо нафси шахс алоқаманд аст: «Аломати дигари иқболу давлат вобаста ба майл кардани шахс ба рафиқон, ҳамроҳон ва ёрони мувофиқ буда, онҳо ҳамеша толиби салоҳияти корҳои ҳамдигар ва дар ҳар гуна вазъият тақозои дӯстии якдигарро дошта бошанд. Fайр аз ин, онҳо ба якдигар ихлосманд бошанд. Барои амалӣ шудани ин амрҳо қувваеро дошта бошанд, ки он давомдиҳандаи сифатҳои нек ва касро ҳамеша ба ҷониби хайр биравонад. Ин гуна қувва бо нафси шахс алоқаманд буда, аз вай ҳаргиз ҷудоӣ напазирад. Ва он қувва ҳеҷ гуна бадие ба шахсияти ӯ раво набинад. Онҳо бе якдигар зиндагиро ҳам тасаввур карда наметавонанд. Амалӣ шудани ин амрҳо, пеш аз ҳама, вобаста ба натиҷаи дурусти муборизаи онҳо бо қувваҳои рақибангез аст».
Дар таълимоти фалсафӣ – педагогӣ ва ахлоқии Муҳаммад Закариёи Розӣ устод — мураббӣ мавқеи хосаро ишғол менамояд. Ӯ шахсияти ғамхорест, ки дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ барои шогирдон хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, ба монанди поксириштӣ, накукорӣ, садоқат, инсондӯстӣ, худшиносӣ, ифтихор ва ғурури миллиро тарғиб менамояд. Устод ба тарбияи ахлоқию маънавии шогирдон диққати махсус дода, барои бартарафсозии душвориҳои ҳаёти онҳо панду андарзҳои муфид медиҳад. Муҳаммад Закариёи Розӣ дар ҷараёни таълиму тарбия дар ҷои аввал ақли солимро мегузорад ва тамоми рафтори инсониро дар асоси ақлу хиради ӯ баҳогузорӣ мекунад. Ӯ ба омӯзгорону мураббиён тавсия медиҳад, ки дар роҳи таълиму тарбия аз шогирдон ба ҳеҷ ваҷҳ набояд малол ва озурда гарданд. Таълиму тарбияи насли наврас ба андешаи ӯ, яке аз муҳимтарин вазифаи мураббиёну омӯзгорон буда, омӯзгор дар таълим ва тарбияи шогирдон бояд тамоми дониш ва маҳорати хешро сарф намояд. Устод бо шогирдон суҳбати содиқона намуда, камбудӣ ва рафтори ношоистаи онҳоро ошкор ва роҳи ҳалли онро пешниҳод намояд ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз шогирд наранҷаду қасос нагирад. Мутобиқи андешаи мутафаккир, устод бояд дорои донишу маърифати баланд буда, дар раванди таълиму тарбияи шогирдон ба саҳлангорӣ роҳ надиҳад, балки хамеша ба онҳо муомилаи хуш намояд, то шогирдон ба ӯ розӣ дили худро бовар карда гӯянд. Ӯ тавсия медиҳад, ки мардум нисбат ба ҳамдигар бояд меҳрубон, дилсӯз ва ғамхор бошанд, ба қадри ҳамдигар расанд, зеро ҷойгоҳи инсон дар фалсафа ниҳоят баланд аст. Муҳаммад Закариёи Розӣ дар масъалаи ба мартабаҳои баланд расидани инсон, ақлу хиради солим ва рафтори хубу муомилаи некро асос медонист. Дар ин росто, панд медод, ки соҳибмартаба бояд чунон рафтор кунад, ки аз нафрати халқ эмин бимонад.
Маълум аст, ки инсон обрӯву эътибори баландро танҳо тавассути одобу ахлоқи шоистаи таҳсин сазовор гардида метавонад. Ранҷидан, дар дил кина гирифтани омӯзгор ё мураббӣ аз шогирдон аз доираи ақлу маърифат берун буда, обрӯи омӯзгорро дар ҷамъият паст менамояд. Омӯзгор, пеш аз ҳама, бояд кӯшиш намояд, ки бо рафтору амали худ ва донишу маърифаташ барои шогирдон ва атрофиён намунаи ибрат бошад.
Дар яке аз фаслҳои «Тибби рӯҳонӣ» Закариёи Розӣ рафтори донишмандону файласуфонро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, мегӯяд: «онҳо набояд аз чаҳорчӯбаи адлу инсоф пой берун ниҳанд ва қайд кардааст, ки: «мардумро ёд медоданд, ки бо якдигарашон лутфу марҳамат дошта бошанд. Онҳо ба ҳамаи мардум насиҳат мекарданд, ки барои нафъи умум кӯшиш намоянд. Аммо он касонеро, ки ҷабру зулм ва сиёсати фосидро пешаи худ менамуданд, ба хараҷу мараҷ ва сиёсати абаскорӣ роҳ медоданд, аз гунаи одамон намеҳисобиданд. Одамони зиёде ҳастанд, ки шариату қонун онҳоро водор мекунад, ки бе ҳукми зулм рафтор кунанд. Ва ҳам намояндагони диние, ки ба зулмат мегаравиданд, ба ин гуна муҳиммот риоя намекарданд. Онҳо мухолифи худро бо дурӯғ фиреб медоданд… Инсон агар сират дуруст кунад ва рафторашро нек созад, аз зарари мардум наҷот меёбад ва соҳиби ҳурмат мегардад. Инсон ба шарофати покӣ аз шарру ногуворӣ эмин мемонад. Агар кас ба мардум насиҳат кунад, ба онҳо раҳму лутф намояд, обрӯяш баланд мешавад».
Қайд кардан зарур аст, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ, чи дар кашфиёти тиббӣ, чи дар кашфиёти табиатшиносӣ, ҳамеша аз риояи ақл, одоб, андоза ва хушмуомилагӣ суҳбат менамуд. Ин олими варзида дар давраҳои пиронсолӣ аз таъсири дуди гудозиши металлу маъданҳо, ки машғулияти доимиаш буд, нобино гардид. Ҳасудону бахилон вақти дар пирӣ нобино шуданаш ӯро таъна мезаданд, ки ин нобиноии ӯ гуё ҷазои нодурустии ақидаҳои илмиаш будааст. Ӯ бошад, дар ҷавоб ба онҳо ба таври файласуфона ҷавоб медод, ки чашмони ӯ кӯр нашудаанд, балки аз дидани муқарризони камсавод хаста шудаанд ва намехоҳанд дидори ин гуна нодононро бори дигар бубинанд.
Чуноне ки маълум аст, Муҳаммад Закариёи Розӣ дар баробари файласуфи бузург будан, табиби ҳозиқ ва кимиёшиноси овозадору физикдони барҷастаи замони худ ба шумор мерафт. Ғайр аз ин, ӯ бисёр масъалаҳои педагогӣ, аз қабили тарбияи ақлию ахлоқӣ, роҳу воситаҳои таъмини хайрияи умум ва саодати одамӣ, адлу инсоф, мақсаду мароми инсонро мавриди тадқиқу омӯзиш карор дода, муаллими тарбияю ахлоқи замонааш низ ба шумор мерафт.
Фикр мекунам, ки дар ҷараёни таълими фанни таърихи педагогика дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон дар баробари омӯзиши осору афкори шоирони классикии форсу тоҷик, аз ақидаҳои педагогии табиатшиносону риёзидонон ва табибони ниёгонамон истифода бурдан низ ба манфиати кор мебошад.