Сухан қувваи бузург аст. Бахусус, агар он таъсирбахш бошад. Тавассути таъсири он инсон шоду масрур ва ё ғамгин мегардад. Сухан метавонад дили касро саршори муҳаббат ва ё ғарқи нафрат намояд, маҳкуми шиканҷаи рӯҳӣ созад ва ё ба орзу болу пар бахшида, касро сӯи қуллаҳои мурод парвоз кунонад, ба қалби инсон роҳ ёфта, ба торҳои нозуки он даст занад.
Ҳар қадар нозукиҳои забон, ҳусну таровати суханро шогирдони мо тезтар дарк намудаву аз бар намоянд, ҳамон қадар донишомӯзии онҳо осон мешавад. Барномаи таълимии синфҳои ибтидоӣ ба инкишофи нутқ, ифоданокии нақлу хониши бошууронаи хонандагон эътибори ҷиддӣ медиҳад ва дар ҷараёни таълим дар мадди назар доштани онро махсус таъкид менамояд.
Хониши бошуурона мақсади асосии хондан мебошад. Дар аксари сарчашмаҳои таълимию методӣ хониши бошуурона чунин таъриф мешавад: “Хониши бошуурона ҷараёни гирифтан ва сохтани маънӣ тавассути хондани нутқи хаттӣ мебошад”. Гирифтани маънӣ дарк кардани ақидаи муаллифи матн мебошад. Сохтани маънӣ таҳлили ақидаи муаллиф тавассути ба ҳам овардани “қобилият, малака, дониш ва таҷриба”-и шахс ва он матнест, ки мехонад. Малакаи хониши бошуурона унсурҳо ё зермалакаҳои дигари хонданро ба мақсади
Ташаккули малакаи хониши бошууронаи хонандагон яке аз вазифаҳои асосӣ ва муҳимми таълими фанни забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ мебошад. Аз ин рӯ, стандартҳои фанни мазкур салоҳиятҳои гуногуни хониши бошууронаро муайян кардааст. Низомҳои маорифи аксар мамолики дунё ба ташаккули малакаҳои хониши бошуурона диққати махсус медиҳанд. Инчунин, арзёбиҳои стандартии байналхалқии гуногуни малакаи хониши бошуурона (PISA, PIRLS, EGRA) мавриди истифода қарор ёфта, сатҳи саводнокии хонандагон санҷида, дар сатҳи ҷаҳонӣ раддабандӣ шудаанд.
Хонандае, ки малакаи хуби хониши бошуурона дорад:
-матнҳоро мустақилона бо истифодаи стратегияҳои гуногун хонда, маънии онҳоро дарк мекунад;
-ба хондан шавқ дорад ва ба таври ихтиёрӣ китоб, рӯзнома ва дигар воситаҳои хаттиро мехонад;
-аз фанҳои гуногун ба натиҷаҳои хуби таълимӣ ноил мегардад;
-малакаи хуби нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ дорад;
-матнро аз рӯйи сохтор фарқ карда метавонад;
-ба матн савол мегузорад ва ба саволҳои матн ҷавоб мегардонад.
Дар поён тавсияе, ки дар асоси таҳқиқоти фаннӣ таҳия шудааст, пешниҳод мегардад. Омӯзгорон ҳангоми банақшагирӣ, таълим ва арзёбии малакаи хониши бошуурона аз тавсияҳои зерин истифода бурда метавонанд:
— Тарзи истифодаи стратегияҳо (усулҳо)-и хониши бошууронаро ба хонандагон омӯзанд.
Тарзи муайян кардан ва истифодаи сохтори матнро ба мақсади дарк, омӯхтан ва дар хотир нигоҳ доштани муҳтаво ба хонандагон омӯзанд.
Хонандагонро ба муҳокимаи мушаххас ва босифати маънои матн роҳнамоӣ кунанд.
Матнро мақсаднок интихоб намоянд, то ки хониши бошууронаро тақвият диҳад.
-Хониши бошууронаро тавассути матнҳои жанрҳои гуногун омӯзанд.
-Матнҳоеро бояд интихоб намуд, ки сифати баланд, ақида ва ахбори бою рангин доранд.
-Матнҳоеро бояд интихоб намуд, ки дараҷаи мураккабии калимаҳо ва дарки маънӣ ба синну сол ва қобилияти хондани хонандагон ва ба мақсади таълим мувофиқ бошад.
Барои таълими хониши бошуурона бояд фазои водоркунанда ва ҳавасмандкунанда ташкил намуд.
Хонандагон бо истифода аз маълумот ва донише, ки ба даст овардаанд, аз рӯйи нишонаҳо маънои чизи хондаашонро дарк мекунанд ё оид ба идомаи ҳодисаҳои матн фарзия месозанд. Ин маънои онро дорад, ки талабагон хондани матнро идома медиҳанд ва дурустии пешгӯйии худро аниқ месозанд. Оид ба ақидаҳои асосии матн ҳангоми хондан савол гузошта, кӯшиш мекунанд, ки ба онҳо ҷавоб гардонанд. Ҳангоми таҳияи саволҳо аз ифодаҳои саволи дар куҷо? ва барои чӣ? истифода мебаранд. Онҳо чизи дар матн тасвиршударо хаёлан тасаввур мекунанд. Хонандагон диққат медиҳанд, ки оё матни хондаашонро мефаҳманд ё не, онҳо матнро бори дигар мехонанд ё стратегияҳоеро истифода мебаранд, ки ба онҳо барои дарки матн ёрӣ мерасонанд.
Бачагон ахбореро, ки барои дарки маънии матн ошкоро наомадааст, муайян карда, ба таври кӯтоҳ нуктаҳои асосии матни хондаашонро шифоҳӣ ё хаттӣ баён мекунанд. Омӯзгорон бояд ба хонандагон тарзи истифодаи стратегияҳои хониши бошууронаро таълим диҳанд, сохтори матнро ба онҳо ба мақсади ташкил намудани фикрронӣ ҳангоми хондан омӯзанд. Инчунин, ҳангоми иҷрои фаъолиятҳои мазкур хонандагон бояд бо матнҳои босифат, ки аз лиҳози муҳтаво ва сифат барои фикрронии амиқ мусоидат менамоянд, кор кунанд. Бояд қайд кард, ки хонандагон на танҳо стратегияҳои хонишро бояд дуруст истифода баранд, балки аз матни хондаашон дониши нав гиранд. Аз ин рӯ, истифодаи стратегияҳои хониши бошуурона бо муҳокимаронии фаъол оид ба муҳтавои матн бояд тақвият дода шавад ва хонандагон барои таҳқиқи матн ҳавасманд гардонида шаванд.
Хулоса, таълими нақл ва хониш кори дурудароз ва пешакӣ ба нақшагирифтаи муаллиму шогирдон буда, пойдевори он дар синфҳои ибтидоӣ гузошта мешавад ва таълими он дар синфҳои минбаъда давом меёбад. Ин пойдевор ҳар қадар устувору мустаҳкам гузошта шавад, талаба ҳанӯз дар синфҳои ибтидоӣ бойигарӣ ва ҳусну зебоии забонро дарк намуда, ба омӯзиши он бо ҳавас даст занад, муаллимони синфҳои ибтидоӣ метавонанд гӯянд, ки вазифаи дар пеш гузоштаи халқу ҷамъиятро бо муваффақият иҷро карда истодаанд.
Шаҳноз КАРИМОВА – мудири кафедраи методикаи
таълими муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии ФМДДҶТИБКСМ
дар вилояти Суғд