
СИТОРА ШОДИЕВА —
унвонҷӯи кафедраи назария ва таърихи
адабиёти ДДОТ ба номи С Айнӣ,
Насрулло ПАРТОВ —
доктори фалсафа (PhD)-и кафедраи забон
ва адабиёти тоҷики ДДОТ дар ноҳияи Рашт
Аз ин рӯ, мураттибони барнома [1] ва муаллифони китобҳои дарсӣ [2] кӯшидаанд, ки насли наврас аз гузаштаи худ хабардор бошад. Масалан, таълими рӯзгор ва осори устод Рӯдакӣ метавонад далели ин гуфтаҳо бошад, зеро толибилмон бояд донанд, ки омӯзиши ҳаёт ва фаолияти адабии устод Рӯдакӣ ба тамоми таърихи адабиёти мо вобастагӣ ва решапайвандӣ дорад; ӯ асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик мебошад; саҳмаш дар инкишофи минбаъдаи адабиёт бузург буда, назми классикии форсу тоҷик бо ин шаклу шаҳомати олии худ маҳз аз ӯ маншаъ мегирад. Жанру намудҳои асосии он низ аввалин маротиба дар осори адабии Рӯдакӣ ба қолиби муайяне дароварда шуд. Қасида, маснавӣ, рубоӣ, ғазал…, ки дар асрҳои минбаъда такомули наверо аз сар гузарониданд, пеш аз ҳама, дар эҷодиёти Рӯдакӣ арзи ҳастӣ карданд. Рӯдакӣ барои инкишофи забони адабӣ, барои суфтаву равон кардани забони форсии тоҷикӣ хизмати беназир кард. Вай санъату маҳорати бадеиро дар шеър ба авҷи аъло расонид. Яъне омӯхтани осори шоирон, аз ҷумла, устод Рӯдакӣ хонандагони наврасро на танҳо хабардор аз шеъру шоирӣмекунад, балки онҳоро ба таърихи гузаштаи ин миллат, ба сарзаминҳояш, ки аз тарафи аҷнабиён, аз ҷумла, муғултаборон таҷовуз карда шудаанд (ба қавли Абдуллои Раҳнамо «…аз ин заминҳо танҳо аз 100 3 фисадаш ҳоло ба мо расидааст»[3]), шинос мешаванд. Масалан, таълими яке аз қитъаҳои машҳури устод Рӯдакӣ, ки «Ҷӯйи мӯлиён» унвон дорад, аз ин лиҳоз хеле судманд аст. Агар омӯзгор ин мавзуъро бо роҳу равиши муассир, аз қабили воситаҳои техникию графикӣ 4] таълим диҳад, таҳлили қитъаро аз маълум кардани калимаҳои калидӣ, инчунин, вазну қофияаш оғоз намояду сипас, марбут ба макони Ҷӯи Мӯлиён, маълумот диҳад, албатта, шогирдон дар дарс бо иштиёқи зиёд ширкат хоҳанд кард.
ҶӮЙИ МӮЛИЁН
Боди ҷӯйи Мӯлиён1 ояд ҳаме,
Бӯйи ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву2 дуруштӣ3 роҳи ӯ
Зери поям парниён4 ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун5 аз нишоти6 рӯйи дӯст,
Хинги7 моро то миён ояд ҳаме.
Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,8
Мир наздат шодмон ояд ҳаме.
Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.
Мир сарв9 асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.
Офарину мадҳ10 суд11 ояд ҳаме,
Гар ба ганҷ андар зиён12 ояд ҳаме. [5]
Омӯзгор диққати ҳамагонро ба худ ҷалб карда, матни қитъаро чунон фораму дилнишин бояд қироат намояд, ки овозаш на пасти паст ва на баланди гӯшхарош бошад [6], тавре ки шогирдонаш кӯшиши ба ӯ тақлид карданро кунанд. Баъдан, хуб мебуд, агар омӯзгор аз усули нақл истифода бурда, ба самъи шогирдон расонад, ки ин қасидаи мавриди омӯзиши мо дар вазни баҳри рамали мусаддаси маҳзуф, яъне фоилотун фоилотун фоилун [7] офарида шуда, қофияҳояш мулиён, меҳрубон, парниён, миён ва радифҳояш ояд ҳаме, ояд ҳаме мебошанд. Пас аз баёни мазкур баманфиат аст, ки омӯзгор аз усули проблемавӣ, яъне ангезиши зеҳн истифода намуда, ба шогирдон чунин супориш диҳад: — Шумо бо гузоштани рақамҳо маълум кунед, ки дар шеър чӣ қадар калимаҳои калидӣ ё нофаҳмо дида мешаванд (ду дақиқа вақт).
Аз супориши додаи ӯ, албатта, шогирдон ба фикр кардан маҷбур мешаванд ва кӯшиш мекунанд, ки он калимаҳоро зудтар дарк кунанду ёбанд. Ҳамин тавр, ҳамаи хонандагон даст ба кор шуда, касе бекор намемонад ва пас аз вақт ба охир расидани вақт омӯзгор кӯшиши онҳоро қадрдонӣ ва аҳли синф бори дигар дар якҷоягӣ калимаҳои нофаҳморо (чунонки мо рақам гузоштем) рақамгузорӣ мекунад. Баъдан, омӯзгор салоҳиятро бар зиммаи худ гирифта, барои пурра ва мазмунан дарк кардани ин назм аз тарафи шогирдон ба шарҳи калимаҳои калидии он чунин оғоз мекунад:
— Бачаҳо, ибораи нофаҳмои аввал, ин Ҷӯйи Мӯлиён мебошад. “Ҷӯйи Мулиён” номи мавзеест дар наздикии Бухоро, ки боғҳои он аз сайргоҳҳои Бухоро будааст ва амир Исмоили Сомонӣ қисми зиёди ин мавзеъро харида, дар он ҷо саройҳо ва бӯстонҳо сохта, бар маволиёни худ вақф кардааст. Ҳанӯз ҳам ҷӯйе бо ин ном дар беруни шаҳри Бухоро, ки таърихан шаҳри аҷдодони мо буд, ҳаст. Мӯлиён талаффузи омиёнаи маволиён ва маволиён ҷамъи маволӣ аст. Маволӣ ҷамъи мавло, ба маънии 1.соҳиб, молик, сарвар; 2.чокар, ғулом, банда мебошад. 2-Ому: дарёи Ому, ки аз кӯҳҳои шимоли Афғонистон сарчашма мегирад ва ба баҳри Арал мерезад, реги Ому: биёбон ва регзори Ому. 3- Дурушт: ноҳамвор, сахт.4-Парниён: абрешим нигорину мунаққаш, дар ин ҷо манзури шоир латофати абрешим аст. 5 — Ҷайҳун: номи дигари дарёи Ому. 6- Нишот: шодӣ ва хуррамӣ. 7 — Хинг: сафед, манзур аспи сафед аст, «…агар ба сиёҳӣ ё сабзӣ моил бошад, сабзхинг гӯянд ва агар сафеди холис бошад, нуқрахинг номанд». Яъне, аз шодии дидори дӯст оби дарёи Ҷайҳун то камаргоҳи аспҳо расидааст ва касеро ғарқ намекунад. 8 — Зӣ: аз масдари «зистан», зиндагӣ кун, дер зӣ: зиёд зиндагӣ кун, умри дароз бубин. 9 — Сарв: дарахти махрутшакли сӯзанбарги ҳамешасабз, ки қадаш рост буда, то 25 метр мерасад, киноя аз қомати рост. 10 — Мадҳ: тавсиф, ситоиш. 11- Суд: фоида. 12 — Зиён: зарар.
Пас аз шарҳи мафҳуми калима ва ибораҳои боло барои хубтар дарк кардани ин қасида аз ҷониби шогирдон омӯзгор сабаби сурудани ин қасидаро шарҳ медиҳад. Наср бинни Аҳмади Сомонӣ сафари тӯлоние ба Ҳирот мекунад ва аз манзараҳои Бодғису атрофи Ҳирот мафтун гардида, чаҳор сол он ҷо мемонад. Сарлашкарон аз ин ҳол ба танг меоянд, вале ҷуръат намекунанд, ки барои баргаштан ба Бухоро ба шоҳ чизе бигӯянд. Назди Рӯдакӣ мераванд ва панҷ ҳазор динор ваъда медиҳанд, то коре кунад, ки шоҳ ба Бухоро баргардад. Рӯдакӣ бадоҳатан қасидаи болоро мегӯяд ва назди амир мераваду бо чанг дар пардаи ушшоқ онро месарояд. Дар ин хусус Низомии Арӯзии Самарқандӣ низ дар «Чаҳор мақола» (саҳ. 54) чунин гуфтааст: «Чун Рӯдакӣ бад-ин байт расид, амир чунон мунфаъил гашт, ки аз тахт фуруд омад ва бе мӯза пой дар рикоби хинги навбатӣ овард ва рӯй ба Бухоро ҳеҷ ҷой боз нагирифт ва Рӯдакӣ он панҷ ҳазор динор музоъаф (дучанд, ду баробар) аз лашкар биситад» [8] ва ғ. Дар ниҳоят, яъне баъди шарҳи маънои луғавии калимаҳо ва баёни ҳикояи мазкур барои боз ҳам хубтар фаҳмидану қонеъ шудани шогирдон бамаврид аст, ки маънои ҳар як байт дар алоҳидагӣ аз ҷониби омӯзгор шарҳ дода шавад:
Маънии байти 1: Боди хуше аз мавзеи ҷӯйи Мулиёни Бухоро сӯйи мо мевазад ва он бод аз он сабаб хушбӯй аст, ки атри гесувони ёри меҳрубон моро бо худ дорад ва моро ба ёди ёри меҳрубон, ки дар ин макон асту чашм ба роҳи мост, мебарад.
Маънии байти 2: Реги соҳили дарёи Ому, ки гузаргоҳи мост ба сӯйи Бухоро, бо ҳама ноҳамворию сахтияш ба зери поям чун абрешим мулоиму роҳатбахш менамояд, зеро шавқи дидори ёри меҳрубонро дар сар дорам.
Маънии байти 3: Оби дарёи Ҷайҳун бо ҳама амиқию паҳноияш аспи моро то миён мерасад ва касеро ғарқ намекунад, зеро шодии дидори дӯстону ёри меҳрубон ҳама гуна хавфу хатарро бартараф месозад.
Маънии байти 4: Эй Бухоро, эй Ватани маҳбуб, ту ҳамеша ҷовидон бошу мардумат шоду хурсанд бошанд, ки амир Наср бинни Аҳмади Сомонӣ шодмона сӯйи ту меояд.
Маънии байти 5: Амири мо монанди моҳ зебову равшангар асту Бухоро монанди осмон бузургу паҳновар. Чунин ба назар мерасад, ки моҳ сӯйи осмон меояд. Дар мисраи аввал амир ба моҳ ва Бухоро ба осмон ташбеҳ шудааст.
Маънии байти 6: Қомати амири мо монанди сарв баланду зебост ва Бухоро бӯстонро мемонад, гӯё ки сарв сӯйи бӯстон меояд. Дар мисраи аввал амир ба сарв ва Бухоро ба бӯстон ташбеҳ шудааст.
Маънии байти 7: Офарину ситоиш барои амир судманду муфид аст, ҳарчанд ки ба хазинаи ӯ зарар мерасонад, зеро бояд силаи мадҳро бидиҳад. [9]
Ҳамин тавр, бо шарҳи байтҳои мазкур дарсро омӯзгор ба охир расонида, барои мустаҳкам намудани машғулияти худ аз саволҳои зерин истифода мебарад: — Кӣ мегӯяд ҷӯйи Мӯлиён ҳоло дар куҷост ва чӣ маъно дорад?, Ҷайҳун номи чист?, Наср бинни Аҳмади Сомонӣ ба куҷо сафар кардааст?, Чӣ кореро Рӯдакӣ анҷом дод, ки Наср бинни Аҳмади Сомонӣ ба Бухоро баргашт?, Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар бораи Рӯдакӣ дар “Чаҳор мақола” чӣ гуфтааст? ва ғ. истифода мебарад.
Чунонки мушоҳида шуд, ҳар як омӯзгор бо ин навъ усулҳо, агар машғулияти худро роҳандозӣ намояд, албатта, шогирдоне ба воя хоҳанд расонд, ки худшиносу худогоҳ ва дорои ифтихори миллии баланд бошанд.
АДАБИЁТ
- Стандарт ва барномаи таълими забони тоҷикӣ барои синфҳои V – ХI.-Душанбе, 2018,- 152 с.
- Ш. Бобомуродов; С. Сабзаев; С. Набиева. Забони тоҷикӣ. Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи V.-Душанбе, 2013,- 254 с.
- Шабакаи иҷтимоии Facebook – htt: rahnamo.tj
- С. Шербоев. Методикаи таълими забони тоҷикӣ. Нашри II бо тағйиру иловаҳо (барои донишҷуёни факултетҳои филологии мактабҳои олии Тоҷикистон- Душанбе — 2006.- с. 74-76.
- Мунтахаби ашъори устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ. – Душанбе: «Пайванд», 2016, 94 саҳ.
- Низомии Арӯзии Самарқандӣ «Чаҳор мақола» соли 1969, саҳ., 54. (Х. Шарифов)
- Мунтахаби ашъори устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ. – Душанбе: «Пайванд», 2016, 94 саҳ.
- Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз ду ҷилд). – Душанбе – 2008.